31 майи соли равон бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон имрӯз бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар саҳни бинои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чорабинӣ фарҳангӣ – фароғатӣ барои болидагии хотири кӯдакон баргузор гардид.
Воқеан кӯдакон давомдиҳанда ва номбардори падару модар ба ҳисоб рафта, мо насли калонро мебояд фарзандонро дар фазои орому осоишта, дар шароити мусоид бо меҳру муҳаббати бепоёни инсонӣ парварида, мутобиқ ба рӯҳу равони онҳо амал намуда, онҳоро дар рӯҳияи дӯст доштани волидон, ватан, табиат, ҷамъият, арзишҳои миллӣ тарбия намоем, то ки кӯдак оянда дар ҷамъият мавқеи худро пайдо намуда тавонад.
Дар чорабинии мазкур фарзандони кормандони сохторҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷалб шуда буданд. Ҳамзамон озмуни Рассоми беҳтарин миёни кӯдакон бо номи расми дӯстдоштаи ман баргузор карда шуд, ки кӯдакони бо шавқу ҳаваси бепоён дар рӯи замин дар саҳни бинои Раёсати АМИТ рассомӣ намуда, аз ҳунару истеъдоди худ волидон ва дигар иштирокдорони чорабиниро воқиф намуданд. Дар ин озмун кудакон расмҳои ватандӯстонаи худро пешкаши ҳозирин намуданд.
Дар чорабинӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иштирок намуда, расмҳои тасвирнамудаи кӯдаконро баҳодиҳӣ намуда, ба онҳои туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, хотири онҳоро болида гардонд

ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Categories
Наворҳои видеоӣ
Навид
Имрӯз, 10 ноябр дар толори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар тақвияти суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ман аввал тоҷикам, баъдан мусалмон» ва бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳо аз мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар машварати корӣ баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, зимни машварати корӣ ба масъалаҳои ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ, таҳкими ваҳдату ҳувияти миллӣ, тоҷик ва тоҷикият, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги миллӣ ва тарғиби онҳо тавассути баромадҳои телевизионӣ, радио ва мақолаҳои илмӣ-оммавӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки ҳифзу инкишофи арзишҳои миллӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ аз муҳимтарин омилҳои пойдории давлатдорӣ ва ваҳдати ҷомеа ба шумор меравад. Воқеан ҳам арзишҳои миллӣ пояи устувории давлат ва миллат буда, нигоҳдорӣ ва рушди онҳо вазифаи ҳар фарди соҳибмаърифат ва ватандӯст аст. Албатта миллате, ки ба решаҳои таърихӣ ва фарҳанги худ арҷ мегузорад, дар баробари ҳама гуна таҳаввулоти ҷаҳонӣ ва ҷунбишҳои иҷтимоӣ пойдор мемонад.
Зикр гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо суханони хирадмандона ва сиёсати дурбинонаи худ ҳамеша таъкид менамоянд, ки шинохти арзишҳои миллӣ ва худшиносии миллӣ омили муҳимми рушди устувори ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, аҳли илм, олимону муҳаққиқон вазифадоранд, ки ин дастурҳоро ҳамчун барномаи амалии худ пазируфта, дар таҳкими тафаккури миллӣ ва боло бурдани сатҳи маърифати ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.
Зимни баррасии масъалаҳо инчунин зарурати ҷалби бештари олимон ба таҳқиқи илмии равандҳои иҷтимоӣ ва маънавӣ, таҳкими заминаҳои назариявии ҳувияти миллӣ ва таҳияи мақолаҳои таҳлилӣ дар самти арҷгузорӣ ба фарҳанг ва забони тоҷикӣ таъкид карда шуд.
Гуфта шуд, ки аҳли илм бояд дар паҳн намудани ғояҳои созандаи Пешвои миллат, махсусан дар самти таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ тавассути баромадҳо дар шабакаҳои телевизион ва радио, инчунин омодасозии мақолаҳои илмӣ-оммавӣ фаъолона саҳм гузоранд.
Имрӯз, 7 ноябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати 60-солагии Ташкилоти ҷамъиятии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Ҳамоиш бо ҳузури олимон, муҳаққиқон, намояндагони мақомот ва аъзои фаъоли ташкилот доир шуда, ҳамчун ҷаласаи муҳими баррасии масоили ҳифзи мероси таърихӣ ва фарҳангӣ ҳисобида шуд. Ба кори конфронс академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кароматулло Олимов, ҳусни оғоз бахшид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии худ ҳозиринро ба муносибати 60-солагии Ташкилоти ҷамъиятии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ самимона табрику таҳният гуфта, таъкид кард, ки дар тӯли 60 соли фаъолияти худ, Ташкилот бо дастовардҳои назаррас дар самтҳои ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, ҳамзамон бо ташкили корҳои омӯзишӣ ва таҳқиқоти илмӣ-назариявӣ барои таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди фарҳангии ҷомеа саҳми босазо гузоштааст. Гуфта шуд, ки нақши Ташкилот на танҳо дар ҳифзи мероси таърихӣ маҳдуд нест, балки ба таҳким ва тарғиби арзишҳои фарҳангӣ ва таърихӣ, омӯзиши мероси миллӣ ва муаррифии он дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ низ равона шудааст.
Дар идомаи конфронс директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хоҷазода Шералӣ Раҷаб, дар суханронии хеш зикр намуд, ки фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ дар давоми 60 сол на танҳо дар ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, балки дар рушди ташкили корҳои омӯзишӣ ва таҳқиқоти илмӣ-назариявӣ, ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ, ва муаррифии мероси миллӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ саҳми муассир гузоштааст. Зикр гардид, ки ин дастовардҳо бояд ҳамчун намунаи ҳамкории пойдор миёни ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти давлатӣ дар ҳифз ва рушд додани мероси фарҳангӣ ва таърихӣ истифода шаванд.
Дар идомаи конфронс олимон ва муҳаққиқон масоили муҳими ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, стратегияи муҳофизат ва барқарорсозии онҳо, ҳамчунин нақши ёдгориҳои таърихӣ дар тарбияи худшиносии миллӣ ва рушди фарҳангро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ҷараёни чорабинӣ баромадҳо ва пешниҳодҳои гуногун оид ба таҳкими фаъолияти ташкилот, ҳамкорӣ бо муассисаҳои фарҳангӣ ва рушди таҳқиқоти илмӣ-назариявӣ садо дод.
Бояд гуфт, ки фарҷоми конфронс ба қадршиносии хизматҳои шоистаи Ташкилоти ҷамъиятии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ бахшида шуд ва ба рушди минбаъдаи фаъолияти он дар ҳифзи мероси таърихӣ ва фарҳангӣ ишора гардид. Ҳозирин инчунин ба нақши муассир ва дастовардҳои 60 соли фаъолияти ташкилот эътироф ва арҷгузорӣ карданд.
ИШТИРОКИ НОИБИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ «МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМОҲОИ ҲИФЗИ ГУНОГУНИИ БИОЛОГИИ ОСИЁИ МИЁНА»
Санаи 6 ноябри соли 2025 дар Донишгоҳи миллӣ ба номи ал-Форобии Ҷумҳурии Қазоқистон Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ «Мушкилот ва дурнамоҳои ҳифзи гуногунии биологии Осиёи Миёна» баргузор гардид, ки дар кори он ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Ибодзода Саидмуқим Тиллохӯҷа иштирок ва суханронӣ намуданд.
СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БА МУНОСИБАТИ 1045- СОЛАГИИ ДОНИШМАНДИ БУЗУРГИ ТОҶИК АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР АМИТ
Имрӯз, 5 ноябр дар доираи баргузории Симпозиуми байналмилалӣ ба муносибати 1045- солагии Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино, профессори маъруф ва таҳқиқотчии соҳаи фалсафа Тауфиқ Ибрагим бо ҳаводорон ва муҳаққиқони соҳаи фалсафа мулоқот баргузор намуд.
Зимни баромади илмии худ, профессор Тауфиқ Ибрагим ба таври муфассал масъалаҳои калидии фалсафаи Ибни Сино, нақши ақидаҳои фалсафии ӯ дар ташаккули тафаккури ҷаҳоншумул, ҳамчунин саҳми вежаи ин шахсияти барҷаста дар рушди илми ирфонӣ ва мантиқро таҳлил намуд. Ҷанбаҳои методологӣ, ҷаҳонбинии фалсафӣ ва таъсири мероси Сино ба равандҳои фалсафаи ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар қисмати хотимавии чорабинӣ миёни файласуфони тоҷик ва профессор Тауфиқ Ибрагим бахши саволу ҷавоб доир гардид. Иштирокчиён саволҳои худро оид ба паҳлуҳои гуногуни таълимоти фалсафии Ибни Сино, масъалаҳои дунявият ва тафаккури илмӣ, инчунин нақши афкори Сино дар таҳаввули фалсафаи муосир матраҳ намуда, дар муҳити илмӣ табодули назар анҷом доданд.
Чорабинӣ дар фазои илмӣ ва мубоҳисавии созанда ҷараён гирифта, ба таҳкими равобити илмӣ ва густариши таҳқиқоти фалсафии вобаста ба мероси Ибни Сино такони нав бахшид.
СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БА МУНОСИБАТИ 1045- СОЛАГИИ ДОНИШМАНДИ БУЗУРГИ ТОҶИК АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР АМИТ
Имрӯз, 4 ноябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ба муносибати 1045- солагии донишманди бузурги тоҷик Абуалӣ Ибни Сино Симпозиуми байналмилалӣ баргузор гардид. Дар кори симпозиум ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён ва дигар олимону пажуҳишгарон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ба кори симпозиум президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ифтихор аз он дорад, ки дар партави сиёсати илму олимпарваронаи Асосгузори сулҳу вадати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз пажуҳишгарону донишмандони зиёдро аз кишварҳои гуногуни олам дар Тоҷикистони биҳиштосо, дар сарзамини миллате, ки чунин як нобиғаи нотакрорро ба мисли Абуалӣ ибни Сино ба дунё оварда, ба воя расонидааст ва осори безаволи ӯро дар хизмати кулли инсоният гузоштааст, истиқбол намуда, дар якҷоягӣ Симпозиуми байналмилалиро дар мавзуи “Саҳми Абуалӣ ибни Сино дар рушди илм, фалсафа ва тамаддуни ҷаҳонӣ” баргузор менамояд.
Таъкид гардид, ки Ибни Сино аз зумраи он мутафаккиронест, ки доир ба ҳаёт ва осораш муҳақиқони зиёде дар гузашта ва имрӯз сухан гуфтаанд. Аз ин рӯ, мехостем, ки танҳо бо зикри чанде аз комёбиҳои ин Пири ҳакимони Машриқзамин дар рушди илмҳои давронаш, хусусан дар илмҳои табиию риёзӣ, мақоми баланди ӯро дар илми ҷаҳонӣ муаррифӣ созем.
Мусалам аст, ки аз кулли осори Ибни Сино ёздаҳ асар ба соҳаи табиатшиносӣ ва илмҳои дақиқ бахшида шудаанд. Муҳимтарин асари Ибни Сино “Қонуни тиб”, ки иборат аз 5 ҷилд аст, аз серхонандатарин асарҳои ӯ дар гузашта ва даврони муосир ба ҳисоб рафта ба аксари забонҳои Аврупо тарҷума шудааст. Дар “Қонуни тиб” Ибни Сино назарияи умумии тиб, анатомия, физиология, ҷарроҳӣ, ташхис, тарзи табобат, маводи доруворӣ ва пешгирии бемориҳои гуногунро шарҳу тафсир дода, бемориҳои зуд паҳншаванда ва музмин, яъне хроникиро баррасӣ кардааст.
Гуфта шуд, ки саҳми Ибни Сино дар рушду такомули илми ботаника низ хеле бузург аст. Ба ин соҳаи илм ӯ “Китоби набот”-ро бахшида, дар “Қонуни тиб” низ бахшҳои зиёдеро дар ин самт таълиф кардааст. Дар “Китоби набот” бештар аз 500 номгӯйи растаниҳои шифобахшро меоварад, ки дар тибби қаблӣ ва муосираш мавриди истифода қарор дошта як иддаи онҳоро барои таҳқиқ дар оянда пешгӯи кардааст.
Зикр гардид, ки дар рушду нумуи соҳаи кимиё бошад, Ибни Сино хусусияти моддаҳои ғайриорганикиро, аз қабили оҳан, минералҳо ва пайвастагиҳои кимиёвӣ шарҳу тафсир дода, бо танқиди баъзе назарияҳову таълимот оид ба табдили металҳои беқиммат ба тилло фикру мулоҳизаҳои ҷолибе пешниҳод кардааст. Таснифоти моддаҳои кимиёвӣ, ки Ибни Сино пешниҳод намудааст, аз таснифоти Ҷобир ибни Ҳайён ва Муҳаммад Закариёи Розӣ бо соддагиву нодирӣ фарқ мекунад.
Қайд гардид, ки Ибни Сино дорои ақли фавқулода ва фарогир, дониши густурда дар бисёр бахшҳои илми асримиёнагӣ буд. Бузургтарин дастоварди мутафаккир дар он аст, ки ӯ бар хилофи алкимёгарон ё алхимикҳои замони худ, аввалин шуда усули дурусти гузаронидани реаксияҳои кимиёвӣ ва таҳқиқотро бо истифода аз доруҳои гуногуни кимиёвӣ дар Мовароуннаҳр ва Хуросон нишон дод.
Бояд гуфт, ки шайхурраис Ибни Сино дар таърихи адабиёти мо ба унвони бунёдгузори жанри рубоии фалсафӣ низ шинохта шудааст. Воқеан, дар чаҳорчўби рубоӣ баён намудани андешаҳои амиқи фалсафӣ зеҳни хос ва истеъдоди фавқулодаро тақозо дорад. Тавони андешаи нозуку фарогир, маҳорати хеле волои суханварӣ ва садоқат ба фарҳанги миллию забони модарӣ ба Ибни Сино имкон додаанд, ки нахустин шуда, андешаҳои фарогири фалсафию равоншиносӣ ва мантиқиро ба таври хеле муҷаз тавассути рубоӣ баён намояд.
Дар идома ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ дар суханронии хеш иброз дошт, ки Абуалӣ ибни Сино, ки дар кишварҳои ғарбӣ бо номи Авитсенна машҳур аст, на танҳо ҳамчун файласуфи ақлгаро, балки ба ҳайси табиби ҳозиқ, мутафаккири донандаи тамоми илмҳои иҷтимоию табиатшиносии давронаш, олими энсиклопедист ва ҳамчун нобиғаи кулли инсонияти мутамаддин ба ҳар яке аз илмҳои ба он машғулгардидааш навгониҳои зиёд ворид сохта, равиши рушду такомули ин илмҳоро барои чандин садсолаҳои минбаъда муайян намудааст.
Таъкид гардид, ки маҳз ҳамин хизматҳои беназири ӯро барои инсоният ба эътибор гирифта, дар назди бинои ЮНЕСКО дар қатори Абурайҳони Берунӣ, Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ ва Умари Хайём ҳайкали Ибни Синоро гузоштаанд. Илова бар ин, ЮНЕСКО ибтидо аз соли 2003 дар ду сол як маротиба ба олимон мукофоти ба номи Ибни Синоро дар соҳаи этикаи илм месупорад. Созмонҳои ҷаҳонии асторономӣ дар рӯйи Моҳ кратереро бо номи Ибни Сино гузоштаанд. Солҳои 2008-2015 каталоги Ибни Сино вуҷуд дошт, ки дар он бо дастгирии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ номгӯйи донишгоҳу мактабҳои олиии тиббии кулли кишварҳои оламро ворид месохтанд ва ҳоло он бо номи “Феҳристи ҷаҳонии мактабҳои тиббӣ” низ ёд мешавад. Ин каталог, чунонки таъсисдиҳандагони он иброз доштаанд, бо сабаби “синтези донишҳои Шарқ ва Ғарб, таъсири бузург ба рушди тиб ва тандурустӣ” аз ҷониби Ибни Сино ба чунин ном сазовор дониста шудааст.
Гуфта шуд, ки Ибни Сино соли 980 дар хонадони Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино, ки аз тоҷикони Балх буда, дар даврони Оли Сомон, дар замони ҳукмронии Нуҳ ибни Мансури Сомонӣ дар чоряки охири қарни даҳум ба Осиёи Миёна, ба пойтахти давлати Сомониён ҳиҷрат намуда буд, чашм ба олами ҳастӣ кушодаааст. Модараш низ аз тоҷикзанони гирду атрофи Бухоро, аз деҳаи Афшана буд. Ибни Сино аз хурдсолӣ ба омӯзиши илмҳои динӣ, сарфу наҳви забонҳои тоҷикию арабӣ, сабкшиносӣ ва шеър шуруъ карда, онҳоро то даҳсолагӣ ба пуррагӣ аз бар намуд. Баъд аз ин риёзиёт, мантиқ ва фиқҳро омӯхта, ба тадриси илмҳои фалсафӣ ва табиӣ, махсусан тиб оғоз кард.
Дар идома сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён ва дигар олимону пажуҳишгарон суханронӣ намуда, саҳми Ибни Синоро дар ташаккули тамаддуни ҷаҳон, рушду тақвияти илми тиб, фалсафа ва мантиқ беназиру нодир арзёбӣ карданд.
Инчунин, дар фарҷоми чорабинӣ байни Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Федератсияи Россия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
БОЗДИДИ ИШТИРОКЧИЁНИ СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БА МУНОСИБАТИ 1045-СОЛАГИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО АЗ НАМОИШИ ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМОНИ АМИТ
Имрӯз, 4 ноябр қабл аз оғози кори Симпозиуми байналмилалӣ ба муносибати 1045-солагии донишманди бузурги тоҷик Абуалӣ ибни Сино, иштирокчиёни симпозиум аз дохил ва хориҷи кишвар, аз ҷумла олимону муҳаққиқон, намояндагони муассисаҳои илмӣ ва меҳмонони хоса аз намоиши дастовардҳои илмии олимону пажуҳишгарони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид намуданд.
Дар рафти боздид меҳмонон бо навтарин таҳқиқоти илмӣ, дастовардҳои инноватсионӣ, рӯйдодҳои илмӣ, тарҷума ва таҳқиқоти суннатӣ ва муосири олимони тоҷик шинос гардиданд. Ба меҳмонон равандҳои таҳқиқотӣ дар бахшҳои тиб, фармакология, илмҳои табиатшиносӣ, фалсафа, кимиё, тибби мардумӣ ва соҳаҳои дигари марбут ба мактаби илмии Ибни Сино муаррифӣ карда шуд.
Ҷузъи муҳимми ин намоиш пешниҳоди намунаҳо аз осори нодири Ибни Сино буд, ки дар онҳо мероси илмии ӯ дар самтҳои тиб, фалсафа, мантиқ, астрономия ва риёзӣ инъикос ёфтааст. Олимон дастнависҳои нодир, нусхаҳои китобҳои таърихӣ ва таҳқиқоти арзишмандро оид ба «Қонуни тиб», «Донишнома», «Ишорат ва танбеҳот» ва дигар асарҳои маъруфи Ҳаким муаррифӣ карданд. Иштирокчиён аз шарҳу тавзеҳоти мутахассисон дар бораи арзиши илмии донишҳои ибнисиношиносӣ ва нақши он дар ташаккули илм ва фарҳанги ҷаҳонӣ баҳраманд шуданд.
Меҳмонон ба фаъолияти олимони тоҷик дар самти ҷамъоварӣ, таҳқиқ, таҳия ва нашри илмии осори Ибни Сино баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки чунин чорабиниҳо барои ҳифз ва таблиғи мероси гаронбаҳои илмӣ ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ миёни марказҳои илмии кишварҳои гуногун мусоидат менамояд.
ГУЗОШТАНИ ГУЛЧАНБАР ДАР НАЗДИ МУҶАССАМАИ ДОНИШМАНДИ БУЗУРГИ ТОҶИК АБУАЛӢ ИБНИ СИНО
Имрӯз, 4 ноябр дар ҳошияи Симпозиуми байналмилалӣ ба муносибати 1045-солагии донишманди барҷастаи тоҷик ва нобиғаи ҷаҳони илм Абуалӣ Ибни Сино маросими гузоштани гулчанбар дар назди муҷассамаи ӯ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ олимону муҳаққиқон аз дохил ва хориҷи кишвар, инчунин президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, ректори Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ иштирок намуданд.
Маросим бо ҳадафи гиромидошти мақому манзалат ва саҳми таърихии Абуалӣ Ибни Сино дар рушди илм, хусусан илми тиб, фалсафа ва дафтаршиносии ҷаҳонӣ доир гардид. Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки мероси илмии Ибни Сино ҳамчун яке аз манобеи муҳими дониш ва тафаккури инсоният то имрӯз аз аҳамияти вижа бархӯрдор мебошад.
Зикр гардид, ки осори ин мутафаккири нодир то имрӯз ба сифати такягоҳи муҳими илмӣ дар марказҳои бузурги илми ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор дорад.
Имрӯз, 3 ноябр, дар остонаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва олимону муҳаққиқон ганҷинаи мероси адабии Институт, баъди солҳо муҷаҳҳаз гардидан бо таҷҳизоти наву муосир, мавриди истифода қарор гирифт.
Иттилоъ дода шуд, ки “Ганҷинаи мероси адабӣ” 16 октябри соли 1971 бо ташаббуси устодон Носирҷон Маъсумӣ, Муҳаммад Осимӣ ва Хуршеда Отахонова таъсис ёфта буд. Дар Ганҷинаи мазкур 52 фонд аз адибону донишмандони барҷастаи муосири тоҷик гирд оварда шудааст. Аҳаммияти Ганҷина аз он иборат аст, ки дар он мероси адабию илмии шахсиятиҳои маъруфи тоҷик, ба монанди устодон Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, П. Сулаймонӣ, Улуғзода, Ҳ. Юсуфӣ, С. Ҷавҳаризода ва дигарон дар шакли дастнавис ва мусаввадаҳои худи адибон ҳифзу нигаҳдорӣ мешаванд.
Таъкид гардид, ки таҷҳизоти нави гуногунҷабҳа имконият фароҳам меорад, ки сарчашмаҳои нодири адабӣ ва ҳуҷҷатҳои таърихии милливу мероси фарҳангӣ бо стандарти байналмилалӣ нигоҳдорӣ ва муҳофизат карда шаванд. Ин иқдом барои таҳқиқоти илмӣ ва омӯзиши асарҳои классикони адабиёти тоҷик шароити беҳтар фароҳам меорад ва барои донишҷӯён ва муҳаққиқон манбаи дастрасии осон ва босифат ба мероси адабӣ хоҳад шуд.
Дар маросим таъкид гардид, ки эҳё ва таҷдиди ганҷинаҳои меросии адабӣ на танҳо барои рушди илм ва омӯзиш, балки барои нигоҳдории мероси фарҳангии миллӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ аҳамияти бузург дорад.