Skip to main content

Имрӯз, 14 ноябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент ва солгарди Иҷлосияи XVI- Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмию назариявӣ таҳти унвони “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон” баргузор гардид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш тамоми олимонро ба ин санаи таърихӣ табрику таҳният хонда, иброз доштанд, ки Рӯзи Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо иди давлатӣ, балки рамзи таҳкими ваҳдати миллӣ, субот ва талош барои шукуфоии кишвар мебошад, ки ҳамасола дар сатҳи баланд аз ҷониби тамоми сокинони ҷумҳурӣ самимона ва бо садоцати хосса таҷлил карда шуда, дастовардҳои муҳимми кишварро дар давраи сипаригашта инъикос мекунад ва ҳамчун воситаи таҷассуми ҳувияти миллӣ ва сарвати фарҳангии халқи мо хизмат мекунад.

Таъкид гардид, ки Рӯзи Президент аз ҷониби шаҳрвандон ҳамчун ифодаи самимии эҳтиром ба Пешвои муаззами миллат – Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки иродаи халқро барои таҳкими пояҳои истиқлол ва рушди давлатдории миллӣ ифода мекунад, самимона пазируфта шудааст. Дар маҷмуъ, Рӯзи Президент дар Тоҷикистон ҷашни гуногунҷабҳаест, ки ҳувияти миллӣ, ҳифзу муаррифии мероси фарҳангӣ ва кӯшиши мардумро барои пойдории ваҳдат ифода мекунад.

Гуфта шуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон садоқати худро ба арзишҳои миллӣ ва эътимоду боварии худро ба ояндаи дурахшони кишварамон изҳор мекунанд. Ин ҷашн дар руҳияи ваҳдат ва ҳамбастагӣ сурат мегирад, ки аҳаммияти нигаҳдорӣ ва пос доштани сулҳу субот дар кишварро, ки барои рушди пайваста ва таъмини некӯаҳволии шаҳрвандон зарур аст, таъкид месозад. Ин рӯз на танҳо нишонаи эҳтиром ба Президент, балки тантанаи ваҳдати миллӣ, хотираи таърихӣ ва назари нек ба ояндаи Тоҷикистони азиз мебошад.

Зикр гардид, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунонки маълум аст, ҳамчун рӯзи эътирофи нақши Сарвари давлат дар ташаккул ва рушди давлатдори миллии тоҷикон мебошад. Ин ҷашн соли 2010 ба ифтихори Пешвои муаззами миллат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, ки давраи нави таърихи кишварро оғоз кард, таъсис дода шудааст. Ҳамагон шоҳиди онем, ки Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон ба раванди бунёди давлатдории миллӣ сарчашма гузошт ва абармади сиёсӣ Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович чун вакили ҷавон ва дорои таҷрибаи баланди корӣ ба майдони сиёсат ворид гардида, Раиси Шурои Олӣ интихоб шуд. Ин абармарди таърих миллатро аз марг ва давлатро аз парокандагӣ наҷот дода, кохи боҳашамати сулҳи тоҷиконро бунёд кард, низоми давлатдории муосирро асос гузошт ва тоҷиконро чун миллати дорои забон, фарҳанг ва таърихи қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Аз ин ҷост, ки халқ ба ӯ унвони арзандатарин – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатро додааст.

Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд таҷрибаи хосаеро ба ҷаҳониён дар самти ҳалли осоиштаи низоъи шаҳрвандӣ ва муноқишаҳои сиёсӣ омӯзонанд. Ба ҷаҳониён собит намуданд, ки ақли солим, ҳадафи волои ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва бартарии манфиатҳои умумидавлатӣ нисбат ба манфиатҳои гурӯҳӣ метавонанд сулҳро дар мамлакат пойдор созанд. Хушбахтона, имрӯз Тоҷикистонро аксари давлатҳои дунё ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун маркази сулҳу адолат мешиносанд ва ташаббусу пешниҳодҳои онро дар масъалаҳои умумибашарӣ ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.

Боиси тазаккур аст, ки сарчашмаи пайдоиши институти президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки дар иҷлосияи мазкур маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Мақсад аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардани рӯзи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи Тоҷикистон марҳилаи нави муҳимми давлатӣ, яъне идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.

Қайд шуд, ки мо вазифадорем ҳар як дастоварди Иҷлосияи ХVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳифз намоем, манфиатҳои умумимиллӣ-Истиқлоли давлатӣ, якдилӣ ва ҳамбастагии сокинони кишварро аз манфиатҳои шахсӣ, маҳаллӣ, гурӯҳӣ ва ҳизбӣ боло гузорем, дар пешрафти Ватани азизамон саҳмгузор бошем.

Дар идома олимону муҳаққиқон дар маърӯзаҳои худ таъкид намуданд, ки давлати тоҷикон дар марҳилаи истиқлолият ба шарофати сиёсати давлатдорию таҳкимбахши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба низоми муосири идоракунӣ ворид гардид. Онҳо зикр карданд, ки таҷрибаи сиёсӣ, дипломатӣ ва идоракунии роҳбари давлат на танҳо барои рушди дохилии кишвар, балки барои таҳкими мавқеи байналмилалии Тоҷикистон низ нақши созгор гузоштааст.

Инчунин, дар ҷараёни чорабинии имрӯза лоиҳаи Атласи пиряхҳои Тоҷикистон, ки аз ҷониби олимону муҳаққиқони Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аввалин маротиба дар кишвар таҳия шудааст, муаррифӣ гардид.