Имрӯз, 15 июн дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати кушодашавии 46- умин сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ – назариявӣ баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии ифтитоҳии хеш иброз доштанд, ки бо дастгирӣ ва ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илм ба яке аз соҳаҳои калидӣ, афзалиятдошта ва авлавиятдошта мубаддал гардидааст. Тӯли даврони соҳибистиқлолӣ дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат мавқеи махсус ба наврасону ҷавонон дода мешавад. Дар ин росто, ҳадафи баргузории 46-умин сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон низ дар амал татбиқ намудани сиёсати илмии Ҳукумати мамлакат аз овони мактабхонӣ маҳсуб меёбад.
Дар баробари ин, Президенти маҳбуби кишварамон таъкид менамоянд, ки “дар шароити пешрафти босуръати илму технологияҳои муосир мо бояд тамоми имкониятҳоро барои таълиму тарбияи фарзандон ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи онҳо сафарбар созем, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят кунем ва ба ҳаёти мустақилона омода намоем, зеро кӯдакон ва наврасону ҷавонони имрӯза ояндаи мо, давомдиҳандагони кори мо ва умеду орзуи мову шумо мебошанд. Агар мо хоҳем, ки дар оянда Ватанамон ободу зебо ва ҳамқадами кишварҳои пешрафта гардад, бояд ҳеҷ гоҳ аз раванди таълиму тарбияи насли наврас дар канор набошем”. “... ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд”.
Гуфта шуд, ки имсол 54 сол аз фаъолияти Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон пур мешавад, яъне шуруъ аз 4 декабри соли 1971 ҳангоми таъсиси Академияи хурд натиҷаҳои назарру қонеъкунанда аз ҳисоби корҳои илмию таҳқиқотии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсею гимназияҳо аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат мушоҳида гардида истодаанд.
Таъкид гардид, ки асоси кор ва фаъолияти Академияи хурди илмҳои Тоҷикистонро бахшҳои ихтисосӣ, маҳфилҳои илмӣ, иттиҳодияҳои эҷодии хонандагон ва Сессияҳои илмии аъзоёни Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон ташкил медиҳад, ки дар пояи Институтҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд. Аз ин лиҳоз, миннатдории Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонем.
Дар идома мудири шуъбаи кор бо мактаббачагони АХИТ дар назди Раёсати АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ Манучеҳр Садриддинов ва дигар намояндагони вазорату идораҳо суханронӣ намуданд. Дар кушодашавии 46- умин сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон зиёда аз 500 нафар хонандагон аз тамоми шаҳру ноҳия ва вилоятҳо иштирок доштанд.
Дар фарҷом як зумра аз иштирокчиёни фаъоли Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон аз вилотятҳои ВМКБ, Суғд ва Хатлон бо диплом ва сипосномаҳои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.