Skip to main content

Миллате, ки соҳиби истиқлолият аст, метавонад сарнавишташро худаш муайян кунад, забон, фарҳанг, таърих ва арзишҳои миллии худро рушд диҳад, аз сарвату имконияти табиӣ баҳра барад ва дар арсаи ҷаҳонӣ бо ватанаш ифтихор намояд.

Тоҷикистони азиз 9-уми сентябри соли 1991 истиқлолияти худро эълон кард ва ба қатори давлатҳои мустақил пайваст. Ин рӯз барои миллати тоҷик мисли субҳи тозае буд, ки баъди садсолаҳо ниҳоят офтоби озодӣ бар фалакаш тулӯъ намуд. Аммо қадамҳои нахустини давлатдорӣ дар шароити ниҳоят вазнин гузошта шуданд: буҳрони иқтисодӣ, парокандагии сиёсӣ, ҷанги шаҳрвандӣ ва нобоварии ҷомеа ба оянда тамоми орзуву умедҳои мардумро зери хатар гузоштанд.

Бо зуҳури Истиқлол чунин неъмати бебаҳо ва гаронмоя, миллати азиятдидаву ранҷкашидаи тоҷик соҳибистиқлол гардид. Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст омадан, нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагии абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард.

Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдории бузурги миллат аст, ки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ, вазъи иҷтимоию фарҳангии худро ривоҷу равнақ медиҳад. Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва давлатдории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кард ва набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад.

Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар интиҳои асри ХХ аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид, миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва ҳоло ба сӯи ояндаи нек бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Пешвои миллат — шахсияти таърихиест, ки ин истиқлолиятро на танҳо нигоҳ дошт, балки ба он мазмуну муҳтаво, рушд ва ояндасозӣ бахшид.

Бо шукргузориҳои беандоза имрӯзҳо мо ҷашни 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро дар фазои сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдати комил истиқбол мегирем. Ҳамаи ин аз заҳмату роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд, ки кибру ғурури носозгорро ба ваҳдату созандагиҳо мубаддал сохт. Ин буд, ки дар як давраи начандон тӯлонии таърих кишвари ба бӯҳрони сиёсию иқтисодӣ гирифторро ба давлати рӯ ба тараққӣ табдил сохта, ноумедиҳои зиндагиро бозпас гардонид ва ба рӯҳияи мардум неруи тозаи созгор бахшид.

Имрӯз миллати тоҷикро тамоми дунё чун қавми бузург эътироф мекунанд. Фарзандони ин миллати барӯманд дар тамоми кишварҳои ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун фаъолият мекунанд. Қариб ҳамаи кишварҳои дунё робитаи дӯстию тиҷоратиашонро бо Тоҷикистон пайвастаанд, ки ин ҳама нишонаҳои бузургии Истиқлол аст.

Ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ моро ба андеша водор месозад, ки вазифаи насли имрӯз танҳо истифода бурдан аз неъматҳои истиқлол нест. Мо бояд онро ҳифз кунем, бо меҳнати ҳалол, садоқат ва ваҳдат пояҳои онро таҳким бахшем ва ба наслҳои оянда мерос гузорем.

Истиқлолият барои мо танҳо як дастоварди сиёсӣ нест, балки шароити зиндагии озодона, кафолати рушду пешрафти миллат ва заминаи ифтихори миллӣ мебошад.

34 соли истиқлолият ба мо собит намуд, ки миллати тоҷик дорои иродаи қавӣ ва неруи созанда аст. Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат роҳи дурусти рушду суботро интихоб намуда, имрӯз ба сӯи ояндаи дурахшон қадам мегузорад.

Файзи Раҳмонист истиқлоли мо,

Раҳми Яздонист истиқлоли мо.

Иброҳимов Исроил Нуралиевич- Докторанти (Phd)-ии шуъбаи Аврупо,

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ.