
Дар Конфронси минтақавӣ дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Июнь 24, 2024 17:53
ДУШАНБЕ, 24.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар бахши сармоягузории соҳаи энергетика аз соли 2001 то инҷониб 36 лоиҳаи сармоягузорӣ бо ҷалби 2,7 миллиард доллари амрикоӣ вобаста ба бунёди иқтидори нави энергетикӣ, сохтмон ва барқарорсозии дигар иншооти барқӣ татбиқ гардида, имрӯзҳо боз амалишавии 18 лоиҳаи сармоягузорӣ бо ҷалби 1,5 миллиард доллари амрикоӣ идома дорад. Дар ин хусус Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар конфронси минтақавӣ, ки имрӯз таҳти унвони «Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе оғоз гардид, иттилоъ дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки тибқи «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», баланд бардоштани иқтидори тавлиди неруи барқ ба 10 ГВт, зиёд намудани ҳаҷми содироти неруи барқ ба 10 миллиард кВт соат, паст намудани талафоти неруи барқ то 10 фоиз, таъмини 10 фоизи иқтидорҳои мавҷуд буда, аз дигар сарчашмаҳо офтоб, шамол ва ғайра пешбинӣ гардидааст.
Таъкид гардид, ки бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафҳои калидии соҳа, то соли 2030 татбиқи як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки аҳамияти маҳаллию минтақавидошта, аз ҷумла, лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия офтоб ва шамол бо иқтидори на кам аз 1500 МВт дар назар гирифта шудааст.
Вазири энергетика ва захираҳои об таъкид кард, ки ҳамасола дар мамлакат тахминан 98 фоизи неруи барқи истеҳсол гардида, ба неругоҳҳои барқи обӣ рост меояд. Дар баробари паҳлӯҳои мусбии экологию молиявӣ доштани ин нишондиҳанда, ин вобастагиро аз ҳаҷми резиши об дар дарёҳои мамлакат ва вазъи обу ҳаво дар шароити тағйирёбии иқлим, ба таври назаррас зиёд менамояд.
Дар робита ба ин ва бо мақсади иҷрои яке аз нишондиҳандаҳои калидии бахши энергетикаи «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», яъне диверсификатсиякунонии иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ аз дигар манбаъҳо, имрӯзҳо ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати бунёд намудани неругоҳҳои барқи офтобӣ идома дорад.
Ҳадафи конфронс мусоидат ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, сарфаи энергия ва самаранокии энергия, инчунин муайян кардани механизми савдои фаромарзии барқ мебошад. Инчунин конфронс ба омӯзиши амиқи таҷрибаи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар арзёбии захираҳои офтобӣ ва шамолӣ мусоидат намуда, давлатҳоро барои рушди иқтидори худ дар истеҳсол ва истифодаи энергияи барқароршаванда ташвиқ хоҳад кард. Чорабинӣ имкон фароҳам меорад, ки мубодилаи таҷрибаи илмӣ ва тавсияҳо оид ба фаъолсозӣ ва таҳкими талошҳо барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва вазифаҳои энергетикӣ пешниҳод карда шавад.
Бояд гуфт, ки дар рӯзи якуми конфрон се ҷаласа – Вазъи кунунии рушди энергетикаи барқароршаванда дар Осиёи Марказӣ ва ташаббусҳои ҷорӣ дар самти иқтисоди сабз, Рушди энергетикаи барқароршаванда: вазъ ва мушкилот дар давлатҳои Осиёи Марказӣ; Лоиҳаи USAID «Энергетикаи Осиёи Марказӣ»: Таҳкими заминаи техникӣ ва меъёрӣ барои афзоиши сармоягузорӣ ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон доир гардид.
Конфронси минтақавии «Дурнамои рушди энергияи аз манбаъҳои барқароршаванда тавлидшаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» то 26 июн идома меёбад.
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Categories
Иштироки намояндагони Академияи миллии имлҳои Тоҷикистон дар Анҷумани II Шӯроҳои илмии Ассотсиатсияи байналмилалии академияҳои илм
Аз 3 то 7 июни соли 2025 дар шаҳри Ҷинан, Вилояти Шандунии Ҷумҳурии Мардумии Чин Анҷумани II Шӯроҳои илмии Ассотсиатсияи байналмилалии академияҳои илм (АБАИ) Конфронс оид ба мубодилаи байналмилалӣ ва ҳамкории академияи илмҳо баргузор гардид. Чорабинӣ бо ташаббуси Академияи илмҳои вилояти Шандун ва Академияи миллии илмҳои Беларус баргузор шуда, дар он намояндагони академияҳои илм, олимон ва мутахассисони сатҳи байналмилалӣ ширкат варзиданд.
Аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) дар чорабинӣ Курбонов Кобилчон Шарифбоевич, сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии илмии АМИТ ва директори Муассисаи давлатии илмии "Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ", Шерализода Назриало Шерали иштирок намуданд.
Дар чорабни мазкур Курбонов Кобилчон Шарифбоевич дар мавзуи «Ҳимояи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар партави Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда зикр намуданд, ки дар самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, нақши Академияи миллии илмҳои Точикистон назаррас буда дар ин раванд ба зарурати тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт ишора намуд.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон минбаъд низ ҷиҳати густариши робитаҳои илмии байналмилалӣ ва иштироки фаъол дар чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ талош хоҳад кард.
Имрӯз, 04 июн дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, аъзои пайваста ва вобаста, роҳбарони сохторҳои академия иштирок намуданд.
Дар ин маҷлиси умумӣ шаҳодатнома ва нишони сарисинагии нав, ки бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт роҳандозӣ гардидааст ба аъзои пайваста ва вобаста супорида шуданд.
Ҳамзамон 8 нафар аз олимони кишварҳои хориҷӣ узви хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гардиданд, ки саҳми олимони мазкур дар муаррифӣ, рушду пешрафт ва омода кардани кадрҳои илмӣ барои муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар назаррас арзёбӣ мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар маҷлиси имрӯза президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт узви пайваста (академик)- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интихоб гардид.
Имрӯз, 04 – июн дар пайравӣ аз сиёсати ятимпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба Мактаб – интернати низомаш махсуси шаҳри Ҳисор кумаки хайриявӣ барои муҳаё намудани шароити иҷтимоии тарбиятгирандагони мактаби зикршуда аз қабили 5 – адад таҷҳизоти обгармкунӣ (термекс) расонида шуд.
Бояд гуфт, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимону бепарасторон ва маъюбон диққати махсус зоҳир карда мешавад. Инчунин, зимни ҳар баромадашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт ятимону маъюбону бепарасторонро қишри ҷудонашавандаи ҷомеа ном бурда, барои кумак ба онҳо ба тамоми ниҳодҳои давлатӣ дастуру супоришҳо медиҳанд.
Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зери роҳбарии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар ин самт иқдомҳои муҳимро роҳандозӣ намуда, пайваста аз ҳоли ятимону бепарасторон ва маъюбон бохабар мегарданд.
Имрӯз, 03 июн президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо сардори Маркази байналхалкии идоракунии бренди «Сифати бузурги энергия» Ван Лиминг мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот ҳамзамон ноиби президенти АМИТ – Саидмуқим Ибодзода, мудири шуъбаи Раёсати робитаҳои байналмилалии АМИТ Мирвайсов М.С. ва ҳамраиси Маркази илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Чин дар Пекин Умаралиева Таҳмина иштирок намуданд.
Дар рафти мулоқот оид ба роҳандозии ҳамкориҳои муштарак вобаста ба тарҳрезӣ ва сохтани дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва ташкили семинару конфронсҳои илмии муштарак, табодули донишҷӯён ва коршиносони илмӣ суҳбатҳо анҷом дода шуд.
Имрӯз, 02 май дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи илм ҷалассаи навбатии васеи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни ҷаласа президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, ки дар Паёми имсоли хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои рушду пешрафти муассисаҳоии илмии ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои махсус доданд.
Гуфта шуд, ки дар ин замина Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои зертобеи он фаъолияти самарабахши худро дар асоси ин дастуру супоришҳо ба роҳ монда, барои дар амал татбиқсозии он чораҳои зарурӣ меандешанд.
Дар идомаи ҷаласа саркотиби илмӣ доир ба натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли 2025 ҳисоботи мухтассар ироа намуда. Инчунин, раисони Шуъбаҳои назди раёсат доир ба фаъолияти илмию ташкилии муассисаҳои илмӣ таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли 2025 ҳисоботи худро пешниҳод намуданд.
ИФТИТОҲИ ДУ ОЗМОИШГОҲ: ИНСТИТУТИ КИМИЁИ АМИТ ПУРРА БО БАЗАИ МОДИВУ ТЕХНИКӢ ТАЪМИН ГАРДИД
02 июни соли равон дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар заминаи Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 2 озмоишгоҳи замонавии “Усулҳои таҳкиқоти физикавӣ ва химиявии пайвастагиҳои табии ва синтетикӣ” ва озмоишгоҳи “Коркарди комплексии маъданҳо”-устувор бо асбобу технологияҳои муосир мавриди истифода қарор дода шуд.
Бояд гуфт, ки таъсиси озмошигоҳҳои наву замонавӣ ва муҷҷаҳазгардонии онҳо бо техника ва технологияҳои муосир дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки санаи 30-юми майи соли 2024 баргузор гардида буд амалӣ гардида истодаанд. Дар ин росто имрӯз бо ташаббуси роҳбарияти академия дар заминаи якчнд муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳҳои наву замонавӣ бо асбобу технологияҳои муосир ба истифода дода шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки пас аз ба истифода додани озмоишгоҳҳои мазкур Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пурра бо базаи моддиву техникӣ таъмин мегардад.
Таъкид гардид, ки озмоишгоҳи мазкур охирон маротиба соли 1987 ташкил ёфта, аз он замон то инҷониб бо базаи модиву техникӣ муҷҷаҳаз нагардида буд. Маврид ба зикр аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ маҳз нахустин маротиба бо ташаббусҳои роҳбарияти академия дар заминаи муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ озмоишгоҳҳо аз нав таҷдид гардида, бо асбобу технологияҳои наву замонавӣ муҷҷаҳаз гардонида мешаванд. Ин сеюмин озмоишгоҳ аст, ки дар заминаи Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо асбобу технологияҳои наву замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад.
Зимни ифтитоҳ иттилоъ дода шуд, ки самти асосии тадқиқоти илмии озмоишгоҳҳо таҳқиқоти ашёҳои табиию синтетикӣ таҳияи ва таҳқиқи маъданҳои захирагоҳҳои минералии ватанӣ маҳсуб меёбанд, ки имконияти асосҳои назариявӣ ва технологии таҳқиқи пайвастагиҳои табиию синтетикӣ ва коркарди технологии конҳои минералии кишварро фароҳам сохта, дар эътимоднок сохтани натиҷаҳои илмӣ баҳри рушди соҳаи саноати дорусозӣ ва саноати коркарди маъданҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми боризро хоханд гузошт.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт борҳо дар баромадҳои хеш оиди бунёди озмоишгоҳҳои замонавӣ дурнамои онҳо дар рушди соҳаи илм ва амалисозии ҳадафи чоруми Ҳукумати ҶТ – саноатикунониии кишвар ибрози ақида намуда, рушди соҳаҳои илми кишварро дар замони истиқлоли давлатӣ маҳз бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб дониста, дастовардҳои боэътимоди соҳаҳои илмро асоси рушди босуботи саноатии кишвари азизамон арзёби намудаанд.
Воқен дар дунёи муосир, ки рушди илм ва технология ҳар рӯз қадамҳои бузург мебардорад, захираҳои табиӣ дигар наметавонанд танҳо дар шакли ашёи хом истифода шаванд. Яке аз самтҳои муҳими рушди саноатӣ ва иқтисодӣ — **коркарди мукаммали маъданҳои мураккаб** мебошад. Дар Тоҷикистон низ як маркази илмӣ-тадқиқотие мавҷуд аст, ки даҳсолаҳо боз дар ин самт фаъолият мекунад ва дастовардҳои он қобили таҳсину таваҷҷуҳи хосаанд. Мо дар бораи Озмоишгохи коркарди комплексии ашёи минералӣ ва партовҳо сухан мегӯем — яке аз марказҳои пешсафи илмии кишвар.
Захираҳои бой, вале мураккаб
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои маъданҳои гуногуни табиӣ мебошад, ки дар таркиби онҳо моддаҳои бисёр пурарзиш, ба монанди бор, алюминий, кремний ва дигар унсурҳои муҳим мавҷуданд. Аз ҷумла, маъданҳои **боросиликатию алюмосиликатӣ** дар табиати кишвар фаровонанд ва захираи бузурге ташкил медиҳанд. Аммо мушкил дар он аст, ки ин маъданҳо дорои таркиби мураккаб мебошанд ва ҷудо кардани унсурҳои арзишманд аз онҳо бо роҳҳои оддӣ ғайриимкон аст.
Ҳамин сабаб шудааст, ки зарурати таҳияи **технологияҳои муосир, камхарҷ ва самараноки коркард** ба миён ояд. Маҳз ҳамин масъала ҳадафи асосии фаъолияти ин лаборатория мебошад.
Яке аз вазифаҳои муҳими лаборатория — таҳияи усулҳое мебошад, ки ба муҳити зист зарари камтар расонида, **иқтисодӣ ва бепартов** бошанд. Имрӯз тамоми ҷаҳон ба коркардҳои “сабз” рӯ овардааст. Лабораторияи мо низ дар ин самт фаъолона тадқиқот мебарад. Ҳадаф он аст, ки ҳатто **партовҳои пас аз коркард**, ки дар гузашта ба табиат партофта мешуданд, ба маҳсулоти фоиданок табдил ёбанд. Масалан, боқимондаҳои маъдан метавонанд дар сохтмон, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва ҳатто дар кишоварзӣ ҳамчун нуриҳои минералӣ истифода шаванд.
02 июни соли равон пеш аз кушодашавии озмоишгоҳ дар толори Институти кимиёи ба номи В.И.Никитини Академияи милии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, роҳбарони муассисаҳои илмӣ ва дигар зерсохторҳо машварати корӣ баргузор гардид.
Дар оғоз президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт қайд намуд, ки мо бояд дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, дар рушд ва пешрафти соҳаи илми кишвар талош намоем.
Таъкид гардид, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Солҳои 2020 – 2040 – Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардидааст. Вобаста ба ин Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода, дар ин самт як қатор корҳои муҳимро ба анҷом расонида истодаанд.
Инчунин барои дар амал татбиқ намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» корҳои муҳимро ба сомон расонида, барои омода намудани олимони ҷавон дар ин самт пеш аз ҳама шароити корӣ ва озмоишгоҳҳои наву замонавиро ташкил намоем.
Қайд гардид, ки таъсиси озмошигоҳҳои наву замонавӣ ва муҷҷаҳазгардонии онҳо бо техника ва технологияҳои муосир дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки санаи 30-юми майи соли 2024 баргузор гардида буд амалӣ гардида истодаанд. Дар ин росто имрӯз бо ташаббуси роҳбарияти академия дар заминаи якчнд муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳҳои наву замонавӣ бо асбобу технологияҳои муосир ба истифода дода шудаанд.
Гуфта шуд, ки пас аз ба истифода додани озмоишгоҳҳои мазкур Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пурра бо базаи моддиву техникӣ таъмин мегардад.
Все реакции:
3030
Имрӯз, 30 май дар ҳошияи баргузори Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо президенти Академяи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ҷонишини мудири бахши илмии Маркази пажуҳишӣ ва машваратии TRENDS ҷаноби Абдулазиз Аҳмад Ашеҳӣ мулоқот намуд.
Зимни мулоқот роҳбари академия меҳмононро бо хушнудӣ истиқбол намуда, ҳамзамон доир ба фаъоляти илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти муфассал дод. Дар мулоқот ҷонибҳо барои дар оянда ба роҳ мондани ҳамкориҳои бисёрҷониба ва барои ба имзо расонидани ёдошти тафоҳум ба мувоффиқа омаданд.
Гуфта шуд, ки пас аз ба имзо расидани ёдошти тафоҳум байни Маркази пажуҳишӣ ва машваратии TRENDS ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамкориҳо дар самти илмҳои гуманитарӣ, иқтисодӣ ва инноватсия тақвият дода мешаванд.
Таъкид гардид, ки дар доири ин ёдошти тафоҳум ҳамкориҳои ҷонибҳо дар самти омода намудани мутахассисони баландсоҳа аз ҳисоби муҳаққиқони ҷавон ва магистрантону докторантон ва ҷалби онҳо ба муассисаҳои тарафайн афзалият дода мешавад.
Зикр гардид, ки дар доираи ин ҳамкориҳо дар оянда мо метавонем олимони соҳаи тарафайнро барои чопи китобҳо, мақолаҳои илмӣ ва монографияҳо ва инчунин барои пеш бурдани пажуҳишҳои илмӣ ҷалб карда бошем.