Дар марҳалаи муосир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи зан ва баланд бардоштани нақшу мақоми бонувон дар ҷомеа аҳамияти ҷиддӣ дода, барои ҷалби занон дар арсаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ – сиёсат, идоракунии давлатӣ, илм, истеҳсолот, фарҳанг, тандурустӣ ва ғайра стратегияҳоро ба роҳ мондааст. Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон аз аввали Истиқлоли давлатӣ таваҷҷуҳи хосса ба мавқеъ ва ҷойгоҳи занон тадбирҳои муҳимму сарвақтӣ меандешанд.
Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (16 декабри соли 2025) низ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин самти сиёсати давлатӣ таваҷҷуҳ намуда, чунин таъкид доштанд: «Мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем».
Дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон мақому манзалати зан ҳамчун тарбиятгари насли наврас мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Ҷиҳати баланд бардоштани ҳуқуқ ва озодиҳои занону модарон, ҷалби васеи онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихобу тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон Ҳукумати кишвар ва бевосита Пешвои миллат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Чуноне ки, дар Паём қайд гардид «Ҳукумати мамлакат дар сиёсати иҷтимоии худ масъалаҳои марбут ба занонро дар меҳвари фаъолияти рӯзмарра қарор дода, барои рушди ин самти муҳим мунтазам тадбирҳои судманд меандешад. Масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон ва тарбия кардану ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани бонувону духтарони лаёқатманд дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва мо ин сиёсатро дар оянда низ идома медиҳем».
Ин аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин бузургии Зан-Модарро барвақт эҳсос намудаву тамоми ҳуқуқҳои занонро дар пояи мардон қарор додааст ва зани тоҷик имрӯз гомҳои устувор дар пешрафту шукуфоии кишвари азиз гузошта, баробари мардон ҳамқадами ҳаётанд. Инчунин, дар таҳкиму густариши ҷомеаи имрӯза нақши занонро аз мардон кам намебинанд. Ҳатто баъзан аз баъзе мардҳо онҳоро боло мегузоранд, ки ба занону бонувони мо нерӯю тавони тозае мебахшад. Пешвои миллат ҳамеша ғамхори бонувону модарони тоҷик ҳастанд.
«Бовар дорам, ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд. Бо эътимоди комил иброз медорам, ки онҳо дар масъалаи муқовимат ба бегонапарастиву хурофот ва исрофкориву зиёдаравӣ дар сафи пеши ҷомеа қарор мегиранд».
Дар фарҳанги тоҷикӣ, зан пеш аз ҳама модар ва тарбиятгари наслҳо ба ҳисоб меравад. Нақши ӯ дар нигоҳдории арзишҳои миллӣ, ахлоқ ва суботи оила хеле муҳим аст.
Дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон мавқеи занон сол то сол таҳким меёбад. Зан имрӯз на танҳо модар ва тарбиятгари насл, балки иштирокчии фаъоли ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва маърифатии кишвар мебошад. Иштироки занон дар сиёсат ва маориф омили муҳими пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Ҳамин тариқ, мо занонро лозим аст, ки мутобиқи талабот ва меъёрҳои сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат дар бораи занон фаъолияти гуногуни худро ба маротиб тақвият бахшида, ба рушди сиёсати давлатии занон дар ҷомеа ва беҳтар намудани сатҳу сифати фаъолияти хеш саъю талоши аз ҳар вақта бештар ва поквиҷонона равона созем. Имрӯз фаъолияти занону бонувон дар соҳаҳои гуногун назаррас аст. Чуноне ки Пешвои миллат дар Паём зикр намуданд, бонувону занон дар ҳама соҳаҳои хаҷагии халқи мамлакат баробари мардон заҳмат мекашанд.
Дар масири дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани мақоми зан-модар дар тарбияи насли наврас, мо зарур мешуморем, ки корро дар ин самт ривоҷу равнақ диҳем, то ки тарбияи насли ояндаи кишварро дар сатҳи баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир ба роҳ монем.
Ибрагимова Мадина – лаборанти калони шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ




