Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадимӣ буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Вақте ки мо ба оинаи таърих назар меандозем пас аз расидан ба истиқлолият дар Тоҷикистон як қатор ҷашнҳои миллӣ эҳё гардиданд, ки онҳо сад солаҳо аз назари мардум дур гузошта буданд ва баъзеашон манъ гардида буд.
Сада ҷашни қабилаҳои мардумони оирённажод буда, шоҳони пешин ин давраи тиллоии мардуми тоҷикон, муборизаҳои фидокоронаи фарзандони давлати тоҷикон ба муқобили аҷнабиён маълумоти кофӣ вуҷуд надошт. Сада ин ҷашнҳои қадимии мардумони ориёитабор ба шумор меравад, ки аз 10-уми моҳи баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардад ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-ум ва оғози рӯзи 31-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд.
Бояд қайд кард, ки маҳз ҷашни Сада барои эҳтиром гузоштан ба Хуршед ва оташу рӯшноиро асос гузошт ва боиси он гардид, ки одамони қадим ба ин муқаддасот эътиқод пайдо намоянд ва онҳоро ситоиш намоянд. Дар оини Зардуштӣ оташ афрӯхтан ҷойгоҳи хос дошт ва бо усулҳои мухталиф парастиш мегардид.
Бояд тазаккур дод, ки ин ҷашн тибқи устураҳо дар замони шоҳони асотири пешдодиён, тахминан 3 - 5 ҳазорсола доранд баргузор шудааст.
Инчунин дар манобеи қадим, Абурайҳон Берунӣ дар «Ат-тафҳим» доир ба ин ҷашни Сада чунин ишора намудааст: «...обонрӯз аст аз баҳманмоҳ. Ва он даҳум рӯз бувад. Ва андар шабаш, ки миёни рӯзи даҳум аст ва миёни рӯзи ёздаҳум оташҳо зананд ба љавз (чормаѓз)-у бодом ва гирд бар гирди он шароб хӯранд ва лаъбу (бозӣ) шодӣ кунанд.. Аммо сабаби номаш чунон аст, ки аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ шаб..». Ҳамчунин ҷашни Сада рамзи нури осмонӣ ва ахурӣ мебошад. Ин масъалаҳо низ дар “Таърихи Байҳақӣ”, “Очеркҳои халқҳо”, “Таъризи ибни Асир” ва дигар манбаҳои таърихӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шудаанд.
Устураи Ҳушанг ва пайдоиши оини Сада баъдҳо хусусияти милливу маросимӣ гирифта, ба қатори дигар ҷашнҳои мардумӣ ворид шуд ва дар миёни мардуми эронитабор, аз ҷумла тоҷикон, мақому манзалати хос пайдо намуд, ки аксари шоирони пешин ва сарчашмаҳои таърихӣ аз тарзи баргузорӣ ва арҷ гузоштани он аз ҷониби шоҳон ва аҳолӣ ахбори зиёде ба ёдгор мондаанд.
Ҷашни Сада барои пояи эҳтиром ба офтоб, оташ ва рушноӣ асос ёфтааст ва барои он, ки омдамони қадимро ба эътиқод ва эҳтиром ба ин муқаддасот илҳом бахшад. Агар офтоб бо нур ва гармии худ ба одамон ҳаёт мебахшид, пас оташ ва рӯшноӣ дилҳои онҳоро равшан ва умро онҳоро дароз мекард. Аҷдоди қадимии мо чеҳраҳои худро ба оташ мегардонданд, дастҳояшонро ба офтоб мебардоштанд ва аз оташ ва офтоб барои беҳтарин кардани зиндагии худ кумак мепурсиданд. Ҳадафи ин ба дастовардани соли хуб барои кишт ва оромонҳои хеш мебошад. Таҷлили иди Сада бо тамоми тароват ва шукӯҳаш ба истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир гардид ва саҳми Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равшан ва намоён аст.
Принсипи Ҷашни Сада дар асоси принсипҳои инсонгароӣ, ҳаётӣ, инчунин ҷаҳонбинии илмӣ асос ёфтааст. Консепсияи Сада бошад дар масоили экологӣ дар ҳаёти инсон рамзҳо ва маъноҳои фарҳангиро таъкид мекунад.
Имрӯзҳо дар гӯшаву канори Ҷумҳурии Тоҷикистон иди Садаро бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд ва 6-уми декабри соли 2023 дар Касане, Ҷумҳурии Ботсвана дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дар номинаи муштарак Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҷашни Сада ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
Ҷашни Сада дар баробари ҷанбаҳои табиӣ, кишоварзӣ ва фалсафӣ инчунин аҳамияти бузурги тарбиявӣ, ахлоқӣ ва таърихию ҳуқуқӣ дорад. Ҷашни Сада дар қатори ҷашнҳои Наврӯзу Тиргон ва Меҳргон аз даврони қадим то имрӯзи мо бо як силсила одобу суннат, расму оин ва донишу таҷрибаҳои кишоварзӣ баргузор мегардад. Дар маросими Ҷашни Сада аз ҷониби кишоварзон дастархони ҷашнӣ ороста мешавад, бештар донагиҳо (гандум, лӯбиё, нахӯд, наск, мош, арзан ва ғайра), инчунин, хӯрокҳои хушлаззати миллӣ, аз қабили мошу кичирӣ, лӯбиё нахӯдшӯрак, кашк, далда, каллапоча, ширбиринҷ, ширкаду, ширрӯған, қурутоб, фатирмаска, дӯғҷӯшӣ, ӯмоч, шӯрбо ва ғайра пешниҳод мегарданд, мувофиқи табиати минтақа буда ба меҳмонони кишварҳои Аврупо ва сокинони ватани азизамон писанд меояд.
Бояд тазаккур дод, ки муаррихи Донишгоҳи Лаҳистон, ховаршинос Анна Красноволская дар “Чанд ҷанбаи калидии афсонаҳои эронӣ дар бораи замон” Ҷашни Садаро ҳамчун хабардиҳандаи Наврӯз ва муҳимтарин ҷашни зимистона тавсиф мекунад, ки аз замонҳои қадим ҳар сол пеш аз ҷашни соли нав ҷашн гирифта мешуд. Ховаршиноси бузурги Инглис Артур Кристенсен шабоҳати байни Ҷашни Сада ва ҷашнҳои маъмулии оташ дар Аврупоро муқоиса карда, оташи поки иди масеҳии пасхаро ҳамчун ёдраскунандаи Ҷашни Сада арзёбӣ мекунад.
Ногуфта намонад, ки дар чор ноҳияи шаҳрамон, Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур намоишҳои хурокҳои болаззат ва ҳунарҳои мардумӣ пешкаш карда мешавад, ки нишонгарӣ таҷлили Ҷашни Сада ва омад омади Наврӯзи оламафрӯз мебошад.
Оташи Ҷашни Сада оташи муҳаббат ба Ватан аст, ки дар ин кишвар шаби торикро намехоҳад. Ҳамин тариқ Сада ҷашни таваллуди офтоб ва Наврӯз ҷашни балоғати он аст.
Дар хулоса ба шарофати талошҳо ва сиёсати дипломатияи фарҳангии тоҷикон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳама ҷашнҳои милли миллати мо эҳё ва байналмилалӣ мешаванд ва эътирофи онҳо Ҷашни Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон ҳам байналхалқӣ шудаанд, ки дар тамаддуни башарӣ ҷойгоҳи махсусро касб намуданд.
Воҳидова Санавбарбону, доктори илмҳои таърих, профессор, мудири шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

