Skip to main content

Имрӯз, 24 сентябр дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Ҷойгоҳи маънавӣ ва маърифатии осори Ҳофизи Шерозӣ дар фарҳангу забон ва адабиёти ҷаҳон бо иштироки олимони дохиливу хориҷӣ баргузор гарид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш ҳозиринро ба Конференсияи байналмилалии “Ҷойгоҳи маънавӣ ва маърифатии осори Ҳофизи Шерозӣ дар фарҳангу забон ва адабиёти ҷаҳон», ки бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 2 январи соли 2025, №АП-713 ба ифтихори 700-солагии бузургтарин шоири ғазалсарои форсу тоҷик баргузор мегардад, самимона хайрамақдам хонд.

Таъкид дошт, ки арҷгузорӣ ва эҳтиром ба корнамоиҳои фарзандони баруманди тоҷик, ба осори инсонпарваронаи адибону олимони гузаштаи халқи тоҷик тавассути сиёсати илму фарҳанг ва шоирпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири тарбияи насли бунёдгузор ва ояндасози миллат баҳри фардои дурахшони кишвари азизамон – Тоҷикистон, дар замони тантанаи Истиқлоли давлатии кишвар вусъати тозае пайдо кардааст. Дар ин росто, дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил намудани 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ, ки аз бузургтарин шоирони ғазалсарои адабитёи тоҷику форс ба шумор меравад, барои муаррифии ин шоири ширинсухани дорои афкори баланди адабию эстетикӣ басо муҳим арзёбӣ мегардад.

Зикр гардид, ки моҳи июни соли ҷорӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии ЮНЕСКО дар Тоҷикистон ва бо ҷалби олимону пажуҳишгарон, ҳофизшиносон ва аҳли илму фарҳанги ҷаҳон 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ дар сатҳи баланди илмӣ аз ҷониби ЮНЕСКО дар шаҳри Париж бо иштироки муҳаққиқони зиёда аз 80 кишвари олам зери унвони “700 сол бо Ҳофиз” ҷашн гирифта шуд. Дар ин ҳамоиши бузурги илмии байналмилалӣ ҳофизшиносону муҳаққиони сухани ноби шоир аз Академияи миллии илмҳо иштироку суханронӣ намуда, нусхаҳои девони шоир, ки дар Маркази мероси хаттии АМИТ маҳфузанд, ба намоиш гузошта шуданд.

Баргузории ин ҳамоиши сатҳи баланд дар Фаронса бори дигар нишон дод, ки тамаддуни муосири ҷаҳонӣ ба аҳли илму адабу фарҳанги миллати тоҷик, ки дар раванди рушди таърихӣ инсониятро ба роҳи рост, ба дӯстдории табиат, арҷу эҳтиром гузоштан ба сухани воло, ҳифзи дастовардҳои илмию фарҳангӣ ба хотири беҳтар сохтани рӯзгори аҳли башар, сулҳу оромӣ, амнияту осоиштагӣ дар саросари ҷаҳон ҳидояту раҳнамоӣ кардаанд, таваҷҷуҳи хосае зоҳир менамояд.

Дар ин росто, таҷлили 700-солагии шоири тавоно ва суханвари оламшумул – Ҳофизи Шерозӣ, тасмим гирифта шуд, ки дар диёре, ки мардумаш ба шеъру сухани ӯ эҳтиром гузошта, китобашро дар радифи китобҳои осмонӣ муқаддас шуморида, рӯзу рӯзгори босаодати худро аз баракати қироати шеъри ӯ ҷустуҷӯ мекунанд, баргузор карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки кормандони илмии Институти забон ва адабиёти ба Рӯдакии АМИТ “Девон”-и шоирро вобаста ба таҷлили ҷашни 700-солагии Ҳофиз дар асоси нодиртарин ва қадимитарин нусхаи девони ӯ, ки дар Мовароуннаҳр хаттотӣ шудааст, баргардон ва пешкаши хонандагон гардониданд, ки ин беҳтарин армуғон дар гиромидошти шоир ба шумор меравад. Ҳамин нусха бо дастгирии Бунёди Рӯдакӣ ва донишманди муҳтарам Миршоҳӣ бо хатти форсӣ дар Эрон низ нашр шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки конфронси имрӯза маҳз бо ибтикори ҳидоятҳои эшон баргузор мегардад, Ҳофизи Шерозиро аз бузургтарин суханвари асри 14 ва аз маъруфтарин адибони тоҷик ва кулли форсизабонҳои олам номида, чунин ибрози назар намудаанд: «Дар баробари ифтихор доштан бо мероси пурғановати ниёгон ба ҳар яки мо зарур аст, ки онро амиқ омӯзем, ҳамаҷониба таҳқиқ кунем ва барои тарбияи ахлоқиву фарҳангии наврасону ҷавонон васеъ истифода намоем. Зеро омӯзишу таҳқиқ ва тарғиби эҷодиёти ниёгони некноми мо беҳтарин восита ва пули пайвандкунандаи гузашта бо имрӯз мебошад.»

Дар идома мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода дар суханронии хеш ҷиҳати баргузор намудани чунин як конфронси байналмилалӣ, ки бевосита ба таҷлили 700-солагии шоири тавоно ва суханвари оламшумул – Ҳофизи Шерозӣ бахшида шудааст, ба ҳайати олимону муҳаққиқон изҳори сипосмандиро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расониданд.

Зикр гардид, ки Ҳофизи Шерозӣ ба ҳайси яке аз суханварони варзидаи замони худ тавонистааст, ки осори адабии то рӯзгори худ таълифшударо биёмӯзад, аз моҳияти ҳунари суханварию ғоявии бадеии онҳо баҳравар гардад. Мутолиаи осори ин шоири шаҳир далели он аст, ки ӯ аз осори устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Низомии Ганҷавӣ, Хоқонии Шервонӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ ва даҳҳо суханварони дигар огаҳии комил доштааст. Маҳз чунин огаҳӣ аст, ки дар ғазалиёти ӯ басо нозуконаву шоирона ба ин осори пурмуҳтаво ишораҳо шудааст. Ба қавли адешамандон ва ҳофизшиносон, Ҳофизи Шерозӣ дар асри 14 раванди рушди шаклию маъноӣ ва забонии жанри ғазалро ба авҷи аъло расонида, онро як навъ ҷамъбаст кардааст.

Дар идома Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сафар, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд дар суханрониҳои хеш нақши ин донишманди бузург ва шоири ғазалсарои форсу тоҷик Ҳофизи Шерозиро дар рушду адабиёт ва фарҳанги замонаш муҳим арзёбӣ намуданд.