Skip to main content

«ҶАВОНОН ВОРИСОНИ ОЯНДАИ МИЛЛАТ, СОҲИБОНИ ВАТАНИ АҶДОДӢ ВА ТАКЯГОҲИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТ МЕБОШАНД».

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷавонон дар ҳамаи давру замон қувваи пешбаранда, нерӯи фаъоли ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста мебошад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа ба шумор мераванд.

Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дастовардҳои ҷавонон хеле зиёд гардида, аз ҷониби давлату Ҳукумат ғамхориҳои зиёде нисбат ба ин қишри ҷомеа равона гардидаанд. Барои баланд бардоштани маърифати ҷавонон, ҷалби онҳо ба илмомӯзиву дониш андӯзӣ, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва барои таҳкими ҳисси ватанпарастии ҷавонон ҳамагуна барномаҳои мақсаднок таҳия ва амалӣ гардида истодаанд.

Яке аз ғамхориҳои Ҳукумати кишвар нисбати ҷавонон ин мебошад, ки соли 1997 бо дастгирии Ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки дар рушди солимии ҷавонони кишвар то ба имрӯз мақоми таъсирбахш дорад. Маҳз бо дастгирии ин Кумита, ҷавонон бо бисёр дастовардҳо ноил гардида, бо роҳбаладии он дар бисёри озмунҳои дохилӣ ва хориҷи кишвар иштирок намуда ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидаанд.

Бо мақсади мутобиқ ба талаботи замон ба роҳ мондани таълим имрӯзҳо дар мамлакат як қатор муассисаҳо бо шароиту имкониятҳои муосир бунёд гардидаанд, ки ин барои рушди зеҳни наврасону ҷавонон заминаҳои мусоид фароҳам меоранд.

Дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеъи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонанд ба хубӣ таъмин созанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо ба ҷойҳои нави корӣ дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ намуда, бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд.

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 қайд гардид, ки “Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт.

Бовар дорам, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд.

Мо ба хотири таъмини саломатии аҳолӣ, хусусан, наврасону ҷавонон, таблиғи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ соҳаи варзишро низ ҳамчун самти муҳимми фаъолияти давлатдорӣ дастгирӣ менамоем.

Бо ин мақсад дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 10 ҳазор иншооти соҳаи варзиш бунёд карда шуд, ки нисбат ба 70 соли сохти гузашта даҳҳо баробар зиёд мебошад.

Мо аз қабул гардидани пешниҳодамон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид тавассути қатъномаи махсус эълон доштани Рӯзи ҷаҳонии футбол ва дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024-ум ифтихор мекунем.

Инчунин, ҷаҳонӣ шудани гӯштини миллии тоҷикӣ низ боиси ифтихору шараф ва дар айни замон масъулияти мо дар самти муаррифии бештари он дар дохил ва хориҷи кишвар мебошад”.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонон таҷлил мегардад. Ин санаи муҳим ҳамчун рамзи эътирофи нақши созандаи ҷавонон дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар шинохта шудааст. Ин рӯз на танҳо як ҷашн, балки эъломи муҳими сиёсӣ ва ахлоқист: давлат ба ҷавонон бовар дорад, ба онҳо такя мекунад ва рушду шукуфоии кишварро дар дасти онҳо мебинад.

Мавлододова Ш.Х., мутахассиси пешбари шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ