Skip to main content

Имрӯз, 24 сентябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон қабл аз баргузории Конференсияи байналмилалии “Ҷойгоҳи маънавӣ ва маърифатии осори Ҳофизи Шерозӣ дар фарҳангу забон ва адабиёти ҷаҳон» аз ҷониби Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон намоиши дастхатҳои девони Ҳофиз баргузор гардид.

Дар намоиш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён ҳайати олимону муҳаққиқон аз дохилу хориҷӣ кишвар иштирок намуданд.

Дар намоиш дасхатҳои нодири бузургтарин шоири ғазалсарои адабиёти тоҷику форс Ҳофизи Шерозӣ, ки дар ганҷинаи Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳифз мешаванд, муаррифӣ гардиданд. Зимни намоиш яке аз дастхатҳои нодире, ки дар ҷаҳон ягона мебошад, “Кулиёти мунтахаб”- и яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти тоҷику форс Убайди Зоконӣ муаррифӣ карда шуд. Ин асар соли 1405 мелодӣ таълиф гардида, дар он 41 ғазал ва 2 қитъа аз бузургтарин шоири ғазалсарои форсу тоҷик Ҳофизи Шерозӣ ҷой дорад.

Инчунин, ҳайати иштирокчиёни Конференсияи байналмилалии “Ҷойгоҳи маънавӣ ва маърифатии осори Ҳофизи Шерозӣ дар фарҳангу забон ва адабиёти ҷаҳон» аз Осорхонаи китоби Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки дар он нодиртарин дастхатҳои мутаффакирони варзидаи форсу тоҷик нигоҳдорӣ мешавад дидан намуданд.