АЗ 136 ДАВЛАТИ ҶАҲОН СОМОНАИ РАСМИИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОНРО ПАЙГИРӢ МЕНАМОЯНД
Шурӯъ аз моҳи апрели соли 2024 сомонаи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо талаботи нав, тарҳи замонавӣ ва имкониятҳои васеи иттилоотӣ фаъолият намуда, рӯз то рӯз доираи хонандагону корбарони худро васеъ мегардонад. Бо такя ба таҳлили омории воридшавӣ, маълум гардид, ки то имрӯз сомонаи расмии Академия аз ҷониби корбарон ва муҳаққиқон аз 136 давлати ҷаҳон пайгирӣ мешавад, ки ин нишондиҳандаи баланд ва шаҳодати эътибору нуфузи илмии кишвар дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Ин иқдом натиҷаи татбиқи сиёсати иттилоотии Академияи миллии илмҳо дар самти баланд бардоштани шаффофият, таъмини дастрасӣ ба иттилооти илмӣ, нашри навгониҳо, эълонҳо, дастовардҳои олимон ва дигар маълумоти муҳими соҳа мебошад. Бо татбиқи стандарти нави сохт ва тарҳ, сомона имконият медиҳад, ки марказҳои илмӣ, институтҳо, барномаҳои тадқиқотӣ, маҷаллаҳои илмӣ ва бойгонии электронии Академия ба таври қулай, дақиқ ва дастрас пешниҳод шаванд.
Мутобиқсозии сомона ба меъёрҳои байналмилалӣ, пешниҳоди маълумот бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ), афзоиши маводи иттилоотӣ ва пайвастшавӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ аз омилҳои асосии зиёд гардидани таваҷҷуҳи ҷомеаи илмии ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Инчунин, нашри мунтазами хабарҳо дар бораи конференсияҳо, ҳамоишҳои илмӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва дастовардҳои олимони кишвар ба болоравии рейтинги сомона мусоидат кардааст.
“Сифатан беҳтар ва пурзӯр намудани кори ин институт дар таҳқиқи осори ниёгон ва муаррифии онҳо дар шароити ҳамгироии фарҳангҳо ва бархӯрди манфиатҳо тақозои вақт аст”.
Имрӯз (12.02.2024) вохӯрии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо олимону кормандони Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ фаъолияти институт баррасӣ гардида, камбудиву норасоиҳои мавҷуда ҷиҳати бартарафсозӣ мадди назар шуданд. Қайд гардид, ки Институти забон ва адабиёт яке аз ниҳодҳои асосии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба шумор рафта, дар пешрафт ва муаррифии илми тоҷик нақши барҷаста дорад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қ. Х. олимону кормандони Институтро барои иштироки фаъолонаи шогирдону унвонҷӯён дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” раҳнамоӣ намуд.
Зимни суханронӣ омӯзиш ва бардошти олимони ҷавон аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” таъкид карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикстон муҳимтарин маркази омӯзиш ва таҳқиқи забон ва адабиёти тоҷик ва дар маҷмуъ, пажӯҳиши мероси хаттиву шифоҳии миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. “Сифатан беҳтар ва пурзӯр намудани кори ин институт дар таҳқиқи осори ниёгон ва муаррифии онҳо дар шароити ҳамгироии фарҳангҳо ва бархӯрди манфиатҳо тақозои вақт аст”-таъкид кард дар фарҷоми вохӯрӣ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қ. Х.
Имрӯз дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар конференсия Мирзозода И. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Каримзода Н. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва ҳайати раёсат, олимону кормандони академия иштирок дошта, конференсия бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.
Дар оғози конференсия Президенти Академияи милллии илмҳои Тоҷикистон профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба ҳайси раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- и академия интихоб гардид. Нахуст пеш аз оғози конференсия Президенти АМИТ профессор Хушвахтзода Қ.Х. суханронӣ намуда, ташрифи меҳмононро ба академия, барои иштирок ва натиҷагирӣ аз фаъолияти кумитаи мазкур хайру мақдам гуфт. Ҳамзамон таъкид дошт, ки мо бояд дар меъмори давлатдории худ, бо шукургузорӣ аз сиёсати созанда ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат фаъолияти пурсамари худро ба роҳ монда, дар пешрафту ободонии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми басо бузург гузорем. Сипас конференсия дар ду бахш идома намуд, ки бахши аввал шарҳи Паёми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахши дуюм фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- и ҲХДТ дар академия дар соли 2023 ва вазифагузорӣ барои соли 2024- ро дар бар гирифт.
Дар бахши аввал директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ Раҳимзода Ш.М. доир ба нуқтаҳои гуногуни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки Паём роҳнамои зиндагии шоистаи сокинон буда, татбиқи самараноки он кафили таъмини пешрафт аст. Дар робита ба ин ҳар як аъзои Ҳизб, аз ҷумла Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” бояд дар тадбиқи нуқтаҳои он саҳми калон дошта бошанд.
Дар идомаи конференсия муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- и ҲХДТ дар АМИТ Қурбонова Ш. аз фаъолияти аъзоёни кумитаи мазкур дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 ҳисоботи муфассал ироа намуд. Зимнан таъкид шуд, ки мо бояд баҳри пиёда гардонидани сиёсати созандаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ва хусусан, тадбиқи бомароми ҳадафҳои оинномавию барномавии ҲХДТ пайваста миёни мардум талош варзида, дар ин замина сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулияти баланд ва бо дарки амиқи худшиносиву худогоҳӣ амалӣ гардонем.
Дар идома зикр гардид, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон яке аз муассисаҳои илмиву таҳқиқотии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар заминаи он Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- и ҲХДТ бо қарори Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур аз 8-уми феврали соли 2016, таҳти №1/1 таъсис ёфта, айни замон 478 аъзо дорад, ки аз он 200 нафараш (40%) занон мебошад. Дар даври ҳисоботӣ 35 нафар кормандони фаъол ба сафи ҲХДТ пазируфта шудаанд.
Бояд ёдовар шуд, ки Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ дар ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур яке аз кумитаҳои фаъол буда, имрӯз 21 ташкилоти ибтидоии ҳизбиро фаро мегирад. Ташкилотҳои ҳизбии кумита дар заминаи институтҳо ва зерсохторҳо таъсис ёфта, ҳамарӯза фаъолияти пурсамар доранд.
Дар воқеъ Мирзозода И. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе зимни суханронии хеш фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- ро назаррас арзёбӣ намуда, дар самти ҳамкориҳои минбаъда пешниҳодҳои судмандро ба саъми ҳозирин расонид. Дар ибтидо ба чанде аз фаъолони ҳизб Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе супорида шуд. Конференсияи имрӯза, ки ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон” бахшида шуда буд, да интиҳо бо сухани хотимавии раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- и ҲХДТ дар АМИТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт.
