Skip to main content

АСОСӢ

  • МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
    ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
    БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
    МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
    Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
    академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
    зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт.
  • МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
    ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
    “САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ”
  • ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
    АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
    САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ
  • БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
    ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
    МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
    ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
    ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
    ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
    МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
    ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
    НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
    ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
    15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
    ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
    КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ.
  • РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
    ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
    АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Садриддин Айнӣ

 

    Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

(1878 – 1954)
Бобоҷон Ғафуров

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

(1909 – 1977)
Мирзо Турсунзода

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

(1911-1977)
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

(1881 – 1937)
Шириншоҳ Шоҳтемур

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал

(1899 – 1937)
ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
                                                         (Ибн Сино)

Китобҳои тозанашр

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

123131Замине, ки барои боғҳои муосири саноатӣ интихоб шудааст, пеш аз ҳама аз ҷисмҳои нодаркор бояд тоза ва тахту ҳамвор карда шавад. Пас аз он дар асоси санҷиши хоки ин замин миқдори моддаҳои ғизогии таркиби онро муайян кардан лозим аст. Дар шароити Тоҷикистон пеш аз шудгор кардани боғ ба миқдори 30-40 т поруи маҳаллӣ, 500-700 кг нуриҳои фосфордор ва 100-150 кг нуриҳои калийдор (вазни физикӣ) ба ҳар як гектар андохта, баъд ба воситаи плуги плантажӣ дар чуқурии 50-60 см шудгор кардан лозим аст. Корҳои тайёр кардани замини боғи навбунёд на кам аз 2-3 моҳ пеш аз шинонидани ниҳолҳо анҷом дода мешаванд.

Дар шароити Тоҷикистон ниҳолҳои мевагиро дар фасли зимистон ҳам шинонидан мумкин, ба шарте, ки ҳарорати ҳаво манфӣ набошад ва замин барои шинонидан тайёр бошад. Дар боғҳои навбунёди муосир, ниҳолҳо бояд ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавоб диҳанд, яъне ғафсии танаи онҳо аз 1,5-2,0 см кам набояд бошаду баландии поя (штам) - 40-60 см ва дарозии навдаҳо 50-70 см-ро ташкил диҳанд. Ҳар як ниҳоли стандартии мевадиҳанда 3-4 навдаҳои паҳлӯ доштанаш зарур аст. Ба ғайр аз ин онҳо 3 реша дошта, дарозиашон бояд 30-35 см-ро ташкил диҳад. Босифат кандани чуқуриҳо ва шинонидани ниҳолҳо, сабзиш ва нашъунамои хуби онҳоро дар боғ таъмин менамояд.

Кофтани чуқуриҳо ва шинонидани ниҳолҳо ба даст иҷро карда мешаванд. Чуқурчаҳо вобаста аз таркиби хок бояд то 50-50 см бар ва 50-60 см чукурӣ дошта бошанд. Ҳангоми кофтани чуқурча хоки қабати болоии замин (ҳамчун ҳосилхез) ба як тарафи чуқурча ва қабати поёнаш ба тарафи дигари он гузошта шуда, дар вақти шинонидани ниҳол аввало бо хоки қабати боло решаи ниҳолро пӯшонида, пас бо хоки қабати поён чуқуриро пур кардан лозим. Пеш аз шинонидани ниҳол ба ҳар як чуқурӣ то 8-10 кг поруи сӯхта ва 150-200 г суперфосфат андохта, бо хок омехта мекунанд.

Решаҳои ниҳол дар шарбатхок нигоҳ дошта, баъд ба чуқурии тайёр кардашуда шинонида мешавад. Тайёр кардани шарбатхок чунин аст: як қисм поруи нав ва як қисм хок дар чуқурии алоҳида бо воситаи об омехта карда мешаванд.

Дар вақти шинонидани ниҳол диққат додан лозим аст, ки гарданаи реша бояд аз рӯйи хок 1-2 см баланд бошад. Пас аз шинонидани ниҳолҳо, онҳоро бо об таъмин кардан ҳатмист. Агар манбаи об ҳоло муҳайё набошад, пас ба ҳар як ниҳоли шинонидашуда 10-15 л об рехтан шарт аст. Вобаста ба он, ки дарахтон дар кадом тагпайванд сабзонида шудаанд, тартиби ҷойгиршавии онҳо дар боғи навбунёд гуногун мешавад. Тартиби шинонидани навъҳои ниҳолҳо дар тагпайванди тухмӣчунин аст:

- тартиби шинонидан барои навъҳои зардолу 6х5 м;

- барои навъҳои шафтолу, нектарин ва олу 5х4 м мебошад.

Агар тавсияҳои мазкур саривақт ва бо сифат иҷро карда шаванд, дар чунин боғҳои навбунёди замонавӣ дарахтон қариб 100% месабзанд ва нашъунамои хуби онҳо таъмин мегардад.

Гулов Саидалӣ Маъмурович - узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои биологӣ, профессор

Ҳамасола 23 феврал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз яке аз санаҳои муҳими таърихӣ ва рамзи ифтихори миллӣ ба шумор меравад. Қувваҳои мусаллаҳ ҳамчун ниҳоди муҳими давлатдорӣ, кафили амнияти миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ маҳсуб меёбанд. Ҷашни мазкур на танҳо барои низомиён, балки барои тамоми шаҳрвандони кишвар муҳим мебошад, зеро он ҳифзи марзу буми Ватан ва оромии ҷомеаро таҷассум мекунад.

Дар ин асно метавон чанд нуқтаи муҳимро қайд намуд:

Таърихи таъсис ва рушди Қувваҳои мусаллаҳ. Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ 9 сентябри соли1991, Тоҷикистон бо мушкилоти зиёде дар соҳаи мудофиа ва таъмини амнияти кишвар рӯ ба рӯ гардид. Дар чунин шароит зарурати ташкили нерӯҳои низомии миллӣ ба миён омад. 23 феврали соли 1993 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар расман таъсис дода шуданд. Аз он замон инҷониб, низоми мудофиавии мамлакат тадриҷан рушд карда, таҷҳизоти низомӣ, таълимоти касбӣ ва омодагии ҷангии артиши миллӣ беҳтар гардид.

Имрӯз Қувваҳои мусаллаҳ дорои сохторҳои гуногун, аз ҷумла қӯшунҳои хушкигард, қӯшунҳои сарҳадӣ, нерӯҳои ҳавоӣ ва дифои зиддиҳавоӣ мебошанд. Онҳо вазифадоранд, ки соҳибихтиёрии кишварро ҳифз намуда, бо ҳама гуна таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ мубориза баранд. Ҳамчунин, барои таъмини суботи дохилӣ ва ҳифзи марзҳои давлатӣ ҳамкорӣ бо сохторҳои қудратии дигар идома дорад.

Аҳамияти ҷашн ва нақши Қувваҳои мусаллаҳ.Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ имконият медиҳад, ки ҷомеа ба хизматҳои низомиён эҳтиром гузорад ва қаҳрамониҳои онҳоро қадр намояд. Ҳар сол дар ин рӯз дар саросари кишвар чорабиниҳои гуногуни идона, машқҳои ҳарбӣ ва намоишҳои қувваҳои низомӣ баргузор мегарданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон ба низомиён паёми табрикӣ ироа намуда, ба хизматчиёни беҳтарин мукофотҳои давлатӣ тақдим мекунад.

Қувваҳои мусаллаҳ дар таҳкими субот ва амнияти миллӣ нақши муҳим мебозад. Бо иштироки онҳо мубориза бар зидди терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷинояткориҳои фаромиллӣ бурда мешавад. Ҳамчунин, онҳо бо артишҳои дигар кишварҳо ҳамкорӣ намуда, дар тамринҳои муштарак ва барномаҳои сулҳҷӯёна иштирок мекунанд. Саҳми Қувваҳои мусаллаҳ дар ҳолатҳои фавқулода, ба мисли рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва кӯмак ба аҳолӣ дар шароити душвор низ арзанда мебошад.

Таҳкими Қувваҳои мусаллаҳ ва дастгирии давлат.Дар солҳои охир Ҳукумати кишвар барои рушд ва тақвияти артиши миллӣ диққати махсус медиҳад. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷангӣ, машқҳои низомӣ бо ҷалби мутахассисони байналмилалӣ гузаронида мешаванд. Ғайр аз ин, маблағгузорӣ ба соҳаи мудофиа афзоиш ёфта, низомиён бо техникаи муосири ҳарбӣ ва воситаҳои муҳофизат таъмин карда мешаванд.

Ҳамчунин, таваҷҷуҳи махсус ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон дода мешавад. Барномаҳои таълимии махсус барои баланд бардоштани рӯҳияи ҳарбӣ ва омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ роҳандозӣ шудаанд. Ин омилҳо боис мегарданд, ки артиши миллӣ ҳарчи бештар қавӣ ва муҷаҳҳаз гардад.

Хулоса. Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи қудрати миллӣ, ифтихор ва садоқат ба Ватан мебошад. Ин ҷашнна танҳо рӯзи низомиён, балки рӯзи ҳар як тоҷикистонӣ аст, ки барои сулҳу амнияти кишвар саҳм мегузорад. Қувваҳои мусаллаҳ ҳамчун сипари боэътимоди давлат, кафили субот ва ҳаёти осоиштаи мардум боқӣ мемонанд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд хизматҳои низомиёнро қадр намуда, барои рушди Артиши Миллӣ саҳми худро гузорад.

Бо рушди пайвастаи Қувваҳои мусаллаҳ, Тоҷикистон метавонад амнияти худро дар шароити ҷаҳони мураккаб таъмин намояд ва ба наслҳои оянда як давлати қавӣ ва мустақилро ба мерос гузорад.

Сафаров С.Н. - ходими илмии ШФКА Институти астрофизикаи АМИТ

Артиши миллии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба неруи қудратманд табдил ёфта, ҳифзи боэътимоди марзу буми давлат ва таъмини амнияти шаҳрвандонро таъмин менамояд” Эмомали Раҳмон

Артиши миллӣ нишон аз пойдории давлату миллат ба шумор рафта, он ҳамчун рукни муҳим дар сулҳу амнияту ҳифзи марзу бум ҳамчун сипари боэътимод фаъолият мебарад. Артиш дар таърихи давлатдорию кишваркушоиҳои бесобиқаи шоҳони таърихӣ ҳамчун омили ба даст даровардани сарзамину мояи васеъ намудани ҳудуди ҳукмронии салтантхоҳони замон ва ҳимоят аз таъсири қувваҳои харобиовари берунаву дохила эътироф гардидааст.

Артиши миллии Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди давлатдорӣ ва рамзи истиқлолият дар таърихи навини кишвар мавқеи хоса дорад. Ҳамасола 23-феврал мардуми шарифи Тоҷикистон ин рузро бо эҳтиром ва ифтихор ҷашн мегиранд, зеро неруҳои мусаллаҳи кишвар амният ва суботи давлатро таъмин менамоянд.

Дар тӯли 32-сол Артиши миллии Тоҷикистон ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва меҳнату мардонагӣ табдилёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавони обутоб ёфтаро ба камол расонидааст. Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рисолати муқаддаси худ ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осоиштаи мардуми Тоҷикистонро бо устувориву фидокорӣ иҷро карда истодааст.Бо шарофати кӯшишу заҳматҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон дар ҳоли рушду тараққиёт қарор гирифта, рӯз то рӯз биноҳои хуштарҳу замонави сохта ба истифода дода шуда, шароити хуб барои сарбозону афсарон фароҳам оварда шудааст.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд: “Адои хизмат дар сафи Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат, худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад”.

Бояд, қайд кард, ки ҳар як афсару сарбози шуҷои кишвар, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бо нангу номуси миллат бадаст омадааст. Илова бар ин, ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки мардуми Тоҷикистон бо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи худ ифтихор намуда, дар симои ҳар яки онҳо фарзандони далеру шуҷои Ватани азизамонро мебинанд ва бовар доранд, ки онҳо ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқу вафодор мемонанд.

Миллати тамаддунофару соҳибфарҳанги тоҷик ҳанӯз дар таърихи аввали давлатдории худ соҳиби артишу сипоҳи ҷангозмудаву бонизом будааст, ки он дар зафарёбиҳои бесобиқаи худ аз муҳимтарин восита маҳсуб мешавад. Чунки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ тамоми дороияшро аз даст дода, бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар эҳёи давлатдории навин бо сайъу кӯшиш ва ғайрату матонати фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон ба марҳилаи тозае қадам гузошт. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи ба сари қудрат омадан дар таҳким бахшидани сулҳу субот дар баробари дигар рукнҳои давлатдорӣ дар таъсиси Артиши миллӣ тадбирҳои муҳим андешида, 18-уми декабри соли 1992 Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расонид, ки он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Сипас, 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе, бори нахуст гузашти низомӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

Ин сана барои тоҷиконе, ки ҳуввияти баланди миллӣ доранд, монанди дигар санадҳои таърихии миллату давлат, воқеан, фараҳбахшу шодиовар маҳсуб гардида, шурӯъ аз ҳамон замон шоирону сарояндагон рӯ ба ин мавзуъ оварда, бо суруду эҷодиёти беназирашон дар таҷлили бошукуҳи ин рӯзи фархундафирӯз хотири пиру барноро шоду масрур мегардониданд.

Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар, хоса Пешвои миллат дар самти ҳифзи марзу буми Ватан қобили васфу ситоиш аст. Шукргузорӣ аз амнияти сартосарии кишвар намуда, содиқона пайи хизмат ба халқу Ватан гардидан вазифаи ҳар фарди ҷомеаи ватандор аст. Хушбахтона, имрӯз ҳамаи шароитҳо барои хизмат дар сафи неруҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат фароҳам оварда шуда, ҳолатҳои будубоши сарбозон ба маротиб беҳтар гардидааст. Аз ин рӯ, мебояд, ки ҳар фарди худшинос хизмат ба Ватанро бо масъулияти баланд дарк намуда, пайи иҷрои ин қарзи фарзандӣ камари ҳиммат бандад.

Қувваҳои Мусаллаҳи мо яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони Истиқлолияти давлатӣ буда, вазифаҳои муқаддасу пуршарафи дар назди онҳо гузошташударо вобаста ба ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеа, пойдории аркони давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардуми шарифи кишвар сарбаландона иҷро карда истодаанд. Артиши миллии Тоҷикистон 32 сол муқаддам дар шароити ниҳоят вазнину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ дар ҳаёти кишвари тозаистиқлоламон таъсис дода шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ, ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ба бунёд ва таҷдиду азнавсозии инфрасохтор, инчунин таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори ҷиддӣ дода, дар баробари омодасозии мутахассисони соҳа, ба ташкили воҳидҳои алоҳида ва таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир шурӯъ намуд.

Артиши миллӣ бо вуҷуди надоштани заминаи моддию техникии пуриқтидор дар солҳои душвори муқовиматҳои дохилӣ таҷриба андӯхта, дарси ҷангию муҳорибавиро ҳамаҷониба омӯхт. Баъд аз андешидани тадбирҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Артиши миллӣ марҳила ба марҳила устувору қавитар гардида, бо техникаву таҷҳизоти муосир таъмин шуд ва ба нерӯи пурқудрати дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем. Ва ин албатта амали воқеист. Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву созмонҳои террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардумони кишвари моро халалдор намояд. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати пайвастаи худ қарор додаанд. Чунки ҳеҷ як давлату халқият бе Қувваҳои Мусаллаҳи худ вуҷуд дошта наметавонад. Зеро ин қувва таъминкунандаи амнияти кишвар буда, оромию осоиштагии мардум ва суботи ҳар як давлат аст.

Бо шарофати кӯшишу заҳматҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон дар ҳоли рушду тараққиёт қарор дошта, хеле пурқувват низ гардидааст. Мувофиқи баҳогузории коршиносони ҷаҳониву минтақавии соҳа Артиши миллии Тоҷикистон, бинобар ҷанг дида ва кор озмуда будан, аз қудратмандтарин қувваҳои мусаллаҳи минтақа шуморида мешавад. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати пайвастаи худ қарор додаанд. Чунки ҳеҷ як давлату халқият бидуни Қувваҳои Мусаллаҳи худ вуҷуд дошта наметавонад. Зеро ин қувва таъминкунандаи сулҳу суботи кишвар буда, оромию осоиштагии мардум ва суботи ҳар як давлат аст.

Бигзор қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҳамеша қавӣ бошанд, осмони Тоҷикистон софу беғубор монад ва мардуми сарбаланди мо дар сулҳу оромӣ зиндаги кунанд. Ба ҳар як афсар ва сарбози ҷасури Ватан саломатӣ, иродаи қавӣ ва мувафақиятҳои беназир таманно дорем.

Убайдулло М.О. - ходими калони илмӣ Маркази инноватсионии биология ва тибби АМИТ

Назария ва таҷрибаи солҳои соҳибистиқлолӣ собит намуд, ки дар воқеъ Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосӣ ва муҳимтарини давлатдории миллати тоҷик ва сипари боэътимоди Ватани маҳбубамон - Тоҷикистони азиз маҳсуб меёбад. Боиси зикри хос аст, ки таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон дар шароити мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон омили устувори худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳувияти миллӣ ва бақои миллату давлат ба шумор меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 28-уми декабри соли 2023 ироа гардид, воқеъбинона таъкид намуданд, ки новобаста аз “вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир - терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем.

Бо беҳтарин шароити зиндагиву хизмат таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, омода кардани кадрҳои баландихтисос, такмил додани дониши тахассусӣ ва сатҳи касбияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳо, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон аз қабили ин тадбирҳо мебошанд. Ҳукумати мамлакат дар ин самт, аз ҷумла доир ба навсозии иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамаи чораҳои заруриро андешида истодааст ва ин равандро минбаъд низ идома хоҳад дод. Ҳадафи мо аз навсозии имкониятҳои Қувваҳои Мусаллаҳ боз ҳам беҳтар таъмин намудани амният ва суботи кишварамон мебошад.

Таъкид менамоям, ки роҳбарони Қувваҳои Мусаллаҳ, воҳидҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ба риояи ҳатмии ойинномаҳои ҳарбӣ, тартибу интизом ва таъмини волоияти қонун эътибори доимӣ ва қатъӣ диҳанд”[1]. Бо итминони комил таъкид бояд кард, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлоли Ватан аст. Сиддқан метавон иброз намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳ бо шарофати хизмати содиқонаи афсарону сарбозон ва риояи волоияти қонун аз рӯзи таъсис то имрӯз рушду такомул ёфта истодааст.

Боиси хушбахтии кулли мардуми шарифу сарбаланди тоҷик аст, ки имсол 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои амну ободӣ ҷашн гирифта мешавад. Сарвари давлат дар Паёми имсолаи хеш иброз намуданд, ки “тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда барои соли 2024, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд. Зеро Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад”[1].

Раванди азнавтақсимкунии дунё, махсусан дар шароити зудтағйирёбии (мувозинати) таносуби қувваҳо дар арсаи ҷаҳон фаъолона амалӣ гардида истодааст. Терроризму экстремизм бо шаклҳои нав зуҳур намуда, ба амнияти кишвар таҳдиду хатарҳои муосир эҷод менамояд. Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки ғояи “.... аз навсозии имкониятҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва боз ҳам беҳтар таъмин намудани амният ва суботи кишварамон”[1] пешниҳоди муҳимму саривақтӣ аз ҷониби сарвари мамлакат мебошад. Ҳамзамон дар даврони соҳибистиқлолӣ амнияти мудофиавии кишварро қавитар ва дар “баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон”[1] нақши муҳимму ҳалкунанда мебозад. Боиси тазаккур аст, ки бо беҳтарин шароити арзандаи зиндагиву хизмат таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар таҳкими раванди худшиносию худогоҳии миллӣ, ормонҳои миллӣ, садоқатмандӣ дар иҷрои уҳдадориҳои касбии афсарону сарбозон заминаи боэътимод арзёбӣ мегардад.

Қобили зикри хос аст, ки Артиши миллӣ рукни муҳимтарини давлатдории миллӣ, худшиносии миллати тоҷик ва сипари боэътимоди кишвар ба шумор меравад. Таърих гувоҳ аст, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳомиёни боэътимоди давлат ва ҷомеа аз бисёр имтиҳонҳову озмоишҳои сахту сангин, хусусан дар солҳои барои таърихи навини кишвари тозаистиқлоламон тақдирсоз бо баҳои ҷони хеш, бо матонату шуҷоат ва далериву мардонагӣ барои амну суботи кишвар сипар гардида, амнияту осудагии мамлакатро то имрӯз ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ медоранд.

Инчунин, ёдовар шудан ба маврид аст, ки “ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ва Ҳукумати мамалакат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳолии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи хеш иқдоми шоиста пешниҳод намуданд, ки аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот ба андозаи 40 фоиз зиёд карда шавад. Ҳамзамон, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати молия ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати амалӣ намудани ин иқдом тадбирҳои зарурӣ андешанд[1].

Ҳамин тариқ, метавон зикр намуд, ки баланд бардоштани сатҳи некуаҳолии сокинон, тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои боз ҳам баландтар бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ, тарбияи шаҳрвандӣ, нигоҳдории якпорчагии сарзамин, ватандӯстӣ, худшиносиву хештаншиносӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Инак, 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифта, барои ояндаи дурахшону созанда ва боз ҳам дар сатҳи байналмилалӣ омода кардани кадрҳои баландихтисос, такмил додани дониши тахассусии онҳо, баланд бардоштани сатҳи касбияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар замони пурошубу вазъи геосиёсиву низомӣ, таҳдидҳои амниятӣ, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ қарзи фарзандию номуси ватандории ҳар як афроди худшиносу худогоҳи ҷомеаи тоҷикистонӣ ва шахсони мутасаддии ин соҳа маҳсуб меёбад.

Умеди бузург дорем, ки минбаъд низ зери дастгириҳои ғамхоронаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти хеш дар роҳи ба эътидол овардани вазъи мамлакат, пуштибонии сулҳу субот, фурӯ нишондани ошӯбҳои исёнгарона ва зарбаи қатъи задан ба ҳамлаҳои берунӣ, несту нобуд сохтани гурӯҳ ва дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, пешгирии табаддулотҳои ҳарбӣ ва қочоқи маводи мухаддир хизмати беназири хешро барои суботу амнияти Ватани маҳбуб дареғ нахоҳанд дошт. Мардуми сулҳпарвари тоҷик дар симои Кувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёну муҳофизони содиқи Ватанро мебинад ва дилпурона дар роҳи бунёдкориву созандагӣ бо азму талош кору зиндагӣ мекунад. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст” [2].

Қобили зикр ва мояи ифтихори модари тоҷик аст, ки имрӯз бо шарофати соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар баробари мардон занону бонувон низ хизмати содиқона намуда истодаанд. Бешубҳа, саҳми занону бонувони тоҷик дар рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи шаҳрвандӣ назаррас аст.

Аз ин минбари муқаддас истифода намуда, тамоми хизматчиёни ҷузъу томҳои ҳарбиро ба ифтихори истиқболи ҷашни 31-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, осмони софу беғубор, зиндагии шоиста, хизмати сидқан бовафоро ба халқу миллати тоҷику тоҷикистониён орзу менамоям. Ҳамеша сарбаланду шоистаи таҳсин бимонед, зеро масъулиятшиносию ватандӯстию ватанпарастии Шумо афсарону сарбозони далери миллати тоҷбарсари тоҷик кафили амну суботи кишвар аст.

Кулли афсарону сарбозони шуҷоъи миллати тоҷик ва тоҷикистониёнро бо ин ҷашни фархунда муборак бод мегӯям!

Давлиёрова Сафаргул Тешаевна - номзади илмҳои фалсафа, дотсент, ходими пешбари илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Дар охири асри ХХ дар таърихи сиёсии ҷаҳон тағйироти кулли ба амал омад. Яке аз давлатҳои абадқудрати олам ИҶШС пароканда шуд. Моҳҳои август-сентябри соли 1991 ҳамаи 15 Ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба давлатҳои мустақил табдил ёфта, соҳибистиқлол гардидаанд. 9 сентябри соли 1991 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Аз ин сана дар ҳаёти сиёсии тоҷикон таърихи навтарин оғоз гардид.

Баъд аз пош хӯрдани ИҶШС (соли 1991) Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр бояд институтҳои давлатдориашро муқаррар мекард. Боиси қайд аст, ки ба вазъи ҳарби сиёси – Ҷанги шаҳрвандӣ нигоҳ накарда дар муддати кӯтоҳтарин дар мамлакат Интихоби Президент, Конститусия, Парлумон, ҳокимияти иҷроия, суду прокуратура, сохторҳои маҳалӣ, мақомоти давлатӣ, артиши миллӣ таъсис дода шуд.

Аксарияти давлатҳои навтаъсиси мустақили собиқ ИҶШС баъд аз ба даст овардани истиқлолияти комил дар заминаи биною иншооти аҳамияти ҳарби дошта, қувваҳои мусаллаҳи хешро бунёд намуданд. Бояд махсус таъкид намуд, ки ғайр аз Тоҷикистон давлатҳои навтаъсис Артиши Миллии худро аз ҳисоби ҷузъу томҳо, васоити техникии ҳарбӣ мухталифи ҷангӣ ва яроқу аслиҳаи гуногун ва муҳиммоти ҷангии дар Артиши собиқ Шӯравӣ бударо «мерос» гирифтанд.

Назар ба дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳод Тоҷикистон базаи мустаҳками ҳарбӣ қариб, ки надошт. Инро дар норасоии кадрҳои касбии ҳарбӣ, афсарони таҷрибадор, ва мутахассиони баландрутба- генералҳо мушоҳида кардан мумкин буд. Аммо ба ҳамаи ин мушкилиҳо нигоҳ накарда ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як Артиши касбии минтака ташаккул ёфта минбаъд давра ба давра бунёди Қувваҳои Мусаллаҳи замонавӣ амали карда шуд.

Хусусияти хоси ташаккули Артиши Миллии Тоҷикистон боз дар он буд, ки афсарон ва сарбозон таҷрибаи ҷангӣ ва санъати ҳарбиро дар давоми сангарҳо ҷангидан гирифта буданд ва ба танзими сохтори ташкилии ҳайъати шахсӣ машғул шуданд.

Таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба се марҳала ҷудо кардан мумкин аст. Давраи якум аз соли 1992 - Таъсиси Комитети Мудофиа – то моҳи июни соли 1997 ро бар гирифта мақсади асосии давраи аввал сохтмони Артиши миллӣ, ташкили қуввахои мусаллаҳе буд, ки қобилияти таъмини истиқлолият, як порчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад.

Дар давраи мазкур таҳкурсии қонунию ҳуқуқии мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳ гузошта шуда Қонунҳо «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ӯҳдадориҳои умумииҳарбӣ» ва дигар қонуну санадҳои муҳими ташкилӣ қабул карда шудаанд.

Давраи дуюм аз соли 1997 оѓоз гирифта то соли 2005ро фаро мегирад. Давраи мазкур аз азнавташкилдиҳии сохтории Артиши миллӣ баъди ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ мухолифини муттаҳидаи тоҷик (ОТО) оғоз гардид. Баъд аз гуфтушунидҳои бисёр ниҳоят 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва байни Ҳукумати Тоҷикистон ва намояндагони мухолифини муттаҳидаи тоҷик созишнома имзо шуд, ки он ба ҷанги бародаркуш дар Тоҷикистон хотима бахшид.

Вазифаи асоси ин давра такмили сохторҳои ташкилию штатии навъҳои асосии артиш ба ҳисоб мерафт. Дар ин давра навъҳои асосӣ—Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои ҳарбию ҳавоӣ, Қӯшунҳои мудофиаиз иддиҳавоӣ таъсис ёфтаанд.

Ва ниҳоят давраи сеюм аз соли 2005 то ин ҷониб барои азнавсозӣ , мустаҳкам намудани базаи моддиву техникии ҚМ шароит фароҳам овард. Ҳамин тариқ дар давоми зиёда аз соли 30 соли истиқлолият Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон давраҳои сохтмони ибтидои ҷузъу томҳо (1992-1997), ташаккули Артиши Миллӣ ва ташкили навъҳои қӯшунҳо (1997-2005)[1][1] ва давраи ислоҳот, ки аз 15 октябри соли 2005 оѓоз гирифта то ҳоло идома дорад, марҳилаи рушд, таҳкиму тақвият бахшидан ба сохторҳои навтаъсисро аз сар гузаронид.

Бояд зикр намуд, ки ислоҳот ба такмилу рущди минбаъдаи Қувваҳои Мусаллаҳ, ба иҷрои муваффақонаи супоришҳо баҳри таъминиҲифзи Ватан, хусусан ташкили Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддӣ ҳавоӣ назорати доимии марзи ҳавои кишвар мусоидат намуд.

Ҳануз 18-уми декабри соли 1992 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармонро «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо намуда буд.

Мувофиқи ин қарор Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ҳайати «Фронти халқӣ» ва гурӯҳҳои мусаллаҳи тарафдори Ҳукумати Конститусионӣ ташкил дода шуд. Ҳамин тариқ рӯзи 23 феврали соли 1993 бори аввал бо иштироки қисмҳои ҳарбй аз чузъу томҳои навтаъсиси ҳарбй дар майдони «Дустӣ»-и пойтахт паради ҳарбӣ баргузор шуд. Ин нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ буда айнан дар хамон майдон 23 феврал рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эълон карда шуд.

Бояд таъкид намуд, ки дар ташаккул ва рушди Қувваҳои Мусаллаҳ собиқ Вазирони Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори мустаъфӣ А.В.Шишлянников, генерал-полковник Хайруллоев Ш.Х., собиқ муовинони Вазири Мудофиа генерал Чубаров А.С., генерал-майори мустаъфӣ Шералиев Н.Ш., Хабибов А.Ҳ., Файзиев Л., Турдиев Т., генерал-майори авиатсия Грудина В., генерал лейтенант Адхамов Ғ., полковникҳо Раҷабов Р., Раҳимов Ф., Ҳаётов Н. саҳми арзанда гузоштанд. Дар кори ташкили Вазорати Мудофиа генерал-лейтенантҳо Р. Раҳмонали, Ш.Мирзо, генерал-майорҳо Т.Тошмухаммедов, А.Н. Қаюмов, Н.Тоҳиров,Ш. Саидамиров, Ю Муродов, Ҳ. Одинаев, А. Ҷалолов ва полковникҳо Б. А. Муминҷонов, М. Нозилов, М. Ризоев, Д. Дилдорбеков, В. Рахматов, М. Додобоев,С. Саидакрамов, Л.Г. Маъруфӣ, Б. Шукуров ва дигарон назаррас аст.

Соли 1993 дар асоси қисмҳо, ҷузъу томхои мавчуда, асоситарин ва сершумортарин навъи қушӯн-Қушӯнҳои хушкигард таъсис ёфт.

Давоми зиёда аз 30 соли мавҷудияти Артиши миллии Тоҷикистон дар натиҷаи ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳи доимии роҳбарияти мамлакат, махсусан Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон хеле пеш рафт, такмилу таҳким ёфт, заминаҳои моддию техникии он мустаҳкам гардид. Дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ се навъи қушӯн – Қушӯнҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қушӯнҳои зудамал созмон ёфтанд. Тадриҷан Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳаматарафа аз нав бунёд гардида дар сафи он сохторҳои наву замонавӣ таъсисдода шуд. Аз ҷумла қисму ҷузъу томҳои десанти ҳавоӣ, муҳандисию сапёрӣ, сохторҳои таъминоти ақибгоҳӣ, сохтмонӣ, тиббӣ, таълими ҳарбӣ ва монанди инҳо барпо карда шуд

Қӯшунҳои хушкигард ду бригадаи тирандозии моторикунонидашуда, бригадаи десантии забткунанда ва артиллериро дар бар мегирад. Ғайр аз он баталиёни Вазорати Мудофиаи Тоҷикистон дар ҳайати қувваҳои дастаҷамъии зудамали Осиёи Марказӣ, ки дар доираи Ташкилоти шартномаи дастаҷамъии бехатарӣ шомил аст.

10 апрели соли 1993 бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баталёни таъиноти махсус (қисми ҳарбии 3571) -и Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бригадаи махсуси Вазорати мудофиа табдил ёфт[2][2].Аз рӯзҳои аввали фаъолият сохтори мазкур аз санҷишҳои ҷиддии Ҷанги шаҳрвандӣ гузашт, бригадаи махсус боварии Сарвари давлат ва мардуми кишварро ба даст овард. Бо назардошти дастовардҳои ҳарбӣ ва ҷангӣ бо Фармони Президент аз 17 январи соли 1995 бригадаи махсус ба Гвардияи Президентӣ табдил дода шуд.

Ислоҳоти ҳарбӣ , таъсиси сохторҳои нави Артиши Милли марҳила ба марҳила идома дошт. 26 январи соли 2004 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гвардияи Президентӣ ба Гвардияи миллӣ табдил дода шуд.

Дар ибтидои ташаккули Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ таркиби ин сохтор аз чархболҳои МИ-8 ва МИГ-24 иборат буд. Нахустин парвози МИГ-24 дар фазои Тоҷикистон соли 1993 оғоз гардид . Баъдан қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ба иҷрои вазифаҳои ниҳоят вазмин, дар амалиётҳои ҷангӣ истифода шуданд. Ҳайати шахсии қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ дар солҳои 1993-1997 дар зиёда аз 60 амалиётҳои ҷангӣ иштирок намуданд. Бояд зикр намуд, ки мутахассисони соҳаи ҳавонаварди ҳарбӣ асосан дар мактабҳои олии ҳарбии берун аз кишвар ва дар Донишкадаи Ҳарбии Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда мешавад. Нахустин мутахассисони маҳаллии ҳавонаврдони ҳарбӣ баъд аз 4 соли таҳсил соли 2008 ба ҳайати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавои шомил гардиданд.

Дар ташкилдиҳии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ генерал-майорҳо Грудина В.М., Толебаев Қ.Н., полковникҳо Гадоев М.Г., Қурбонов Т.П.. Леветский Б.А., подполковникҳо Қобилов С.Т., Ойев З.Т., Назаров Д. саҳми арзанда гузоштанд[3][3].

Дар Точикистон Барномаи бунёди марҳила ба мархилаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тахҳия ва амали гардид, ки ин ду давра- солҳои 1995-1997 ва 1998-2000- умро дар бар гирифта, таъсиси Артиши миллиро ба пояи асосноки илмй гузошт[4][4]. Дар ин давра сохторҳои марказии Вазорати мудофиа, Кувваҳои харбй- ҳавой, Донишгоҳи ҳарбӣ, Коллеҷи олии харбй, шифохонаи марказии ҳарбӣ ва як қатор дигар қисмҳо, ҷузъу томҳо, корхонаю муассисаҳои ҳарбӣ таъсис ёфтанд.

Нахустин мактаби касбии ҳарбӣ дар Тоҷикистон Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 1992 №УП-198 ва Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 ноябри соли 1992 № 404 бо супориши Кумитаи дифоъ дар пойгоҳи техникуми геологӣ Коллеҷи Олии Ҳарбии Фармондеҳию Муҳандисӣ ташкил карда шуд.

Дар Тоҷикистон ду макотиби омӯзиши ҳарбӣ - Донишкадаи ҳарбии Вазорати Мудофиа ва Коллеҷи ҳарбии Вазорати мудофиа ба номи генерал-майор Тошмуҳамадов фаъолият менамояд. Муддати таҳсил дар донишкадаи ҳарбӣ 4 сол буда баъд аз хатм афсарон бо унвони лейтенант ба қисмҳои ҳарбии Вазорати Мудофиа ва қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи Амнияти Миллӣ равона карда мешаванд.

Дар тайёр намудани афсарони касбӣ нақши Донишкадаи ҳарбӣ беназир аст.
Минбаъд дар Тоҷикистон сафи афсарони касбии Артиши миллӣ, асосан аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва Академияву омӯзишгоҳҳои олии ҳарбии давлатҳои хориҷи дуру наздик, пурра гардонида мешавад. То ин дам, аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбӣ, ки ҳамасола наздики 200 нафар афсарони касбӣ онро хатм менамоянд, ҳудуди се ҳазор нафар ба ҳайати ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва дигар сохтору мақомоти қудратии кишвар шомил гардидаанд. Ҳамин тариқ, масъалаҳои таъмин намудани кадрҳои ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати Президенти малакат ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ қарор дошт. Дар ягона Мактаби Олӣ – Донишкадаи ҳарбӣ ҳазорҳо афсарон тайёр карда шуда ба ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ равона карда шудаанд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо давлатҳои Муштараки Манофеъ, дар доираи Ташкилоти Шартномаи Бехатарии Дастаҷамъи фаъолона ширкат намуда маҳорати ҳарбии афсарон ва сарбозонро такмил медиҳад. Гузаронидани 3-6 апрели соли 2007 машкҳои ҳарбии “Марз:—2007» дар худудй чумхурй мақоми Тоҷикистонро дар ин ташкилотҳои бонуфузи ҳарбӣ сиёсӣ нишон дод.

Дар тӯли фаъолияти худ ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар ҳамаи ҳолатҳои душвор мардонагӣ , таёрии хуби ҷанги нишон доданд. Аксарияти онҳо барои ҳифзи истиқлолияти давлат, ҳаёти осоиштаи мардум ҷоннисори намуданд. Воқеаҳои 19 сентябри соли 2010 дар минтақаи Рашт, моҳи сентябри соли 2012 дар Хоруѓ ва 4- сентябри соли 2015 дар ш. Душанбе ва дараи Ромит содиршуда нишон доданд, ки Артиши Миллии Тоҷикистон ба муқобили ҳама гуна амалиётҳои зиддидавлатӣ, террористӣ ва дигар кирдорхои ѓайриқонунӣ имконияти бартараф намуданро дорад. Зиёда аз ин афсарон ва сарбозони тоҷик вазифаи муҳими муборизаи беамонро бар зидди экстремизм ва қочоқи маводи муқадирро иҷро менасмоянд. Мутаассифона дар ҷараёни ин муборизаҳо Артиши Миллӣ афсарон ва сарбозони содиқи худ - полковник Маҳмудов Абдуҳаким, подполковник Сайвалиев Акрам, майор Солеҳов Алишер, капитан Саидов Саидҷамол, капитан Исоев Наврӯз, лейтенант Гиёев Давлатҷон, сарбозон Раҳимов Фирдавс ва Ёров Низомиддин баҳри ҳифзи Ватан ҷони худро нисор намуданд.

Ҳамин тариқ дар давоми 30 соли фаъолият ва бурду бохт дар Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҳисоби афсарону сарбозон ҳазорҳо нафар мутахассисони соҳаҳои мухталифи яроқу аслиҳа, аз қабили нишонгир снайперҳо, парашутистон, минаҷӯён, тирандозон, нишонгиру ронандагони техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, ҳавонавардони ҳарбӣ ва дигар ихтисосҳое, ки барои Артиши миллии Тоҷикистон заруранд, омода гашта, дар Комиссариатҳои ҳарбӣ ба ҳайси нерӯҳои эҳтиётӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Дар муносибатҳои ҳарбӣ техникӣ дар чорчубаи ташкилотҳои байналхалқӣ ва ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба Тоҷикистон фаъолона ширкат мекард. Танҳо дар соли 2001 Вазирони мудофиаи ИМА, Фаронса ва Ҳиндустон ба Точикистон сафархои расмй доштанд[5][5].

Вазъи ҳарбӣ-сиёсӣ ва геополитикии минтақа ва ҷаҳон барои пешгирӣ намудани ҳамагуна ҳаракатҳои вайрон намудан ва дахолат намудан, вазъи сиёсии минтақаро ноором сохтан ҳамбастагии Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъи (СААД)ро талаб мекард, ки як мақомоти доимоамалкунанда таъсис карда шавад. Аз ин рӯ Шӯрои Вазирони Мудофиаи аъзоёни СААД дар асоси қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъи 28 апрели соли 2003 “Дар бораи таъсиси Ситоди муттаҳидаи СААД” ро таъсис доданд. Аз рӯзи таъсиси ин Ситод то моҳи июни соли 2004 Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали Вазири мудофиа генерал-лейтенант Надиров Р.Х ин мақомотро сарвари намуд.

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҳамкориҳои самарабахшро бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумлаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), “Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид оид ба «Дастгирии кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи проблемаҳои минаҳо» ва дигар ташкилотҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ густариш додааст.

Илова бар ин, ҳамасола афсарон ва донишҷӯёни низомии тоҷик ба муассисаҳои таҳсилоти ҳарбии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Британияи Кабир, Канада, Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Фаронса ва Амрико баҳри таҳсил, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани малакаи касбӣ фиристода мешаванд.

Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Точикистон қаҳрамониҳо ва хизматҳои содиқонаи афсарон ва сарбозони Артиши Миллиро қадрдонӣ менамояд. Дар тӯли 20 соли мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳ, аз соли 1993 то соли 2013 зиёда аз ҳазор нафар хизматчиёни харбӣ аз ҷониби Президенти Тоҷикистон бо рутбаҳои ҳарбӣ ва мукофотҳои давлатӣ сарфароз карда шудаанд.

Танҳо бахшида ба 20 солгарди Артиши Миллӣ барои хизматхои намунавй ва Часорату фидокорй се нафар хизматчиёни харбй бо ордени Спитамен дарачаи 1 ва 2, бо ордени Шараф 3 нафар, бо медали Ҷасорат 7 нафар, бо медали Хизмати шоиста 3 нафар ва бо Ифтихорномаи Чумхурии Точикистон 4 нафар сарфароз гардонида шуданд[6].

Дар даврони истиқлолият аз ҷониби Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқии фаъолияти мунтазами Артиши Миллӣ, таъминоти моддиву техникӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҳайъати шахсӣ як қатор қонунҳои дахлдор қабул гардид. Барои ба танзим даровардани таъминоти мудофиавии кишвар, пеш бурдани сиёсати давлатӣ, амали гардонидани ваколатҳои мақомотҳои давлатӣ ва ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ дар давоми 15 соли охир зиёда аз 400 қонун, фармон ва амрҳои Президент интишор шудаанд. Хамаи ин аз он далолат медихад, ки Сарвари мамлакат, асосгузори сулху вахдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон Э. Рахмон барои рушди Қувваҳои Мусаллаҳ ахамияти аввалиндарача дода хамачониба ѓамхорӣ мекунад.

Абдурашитов Ф.М., - сарходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои табиатшиносии Федератсияи Русия

Душанбе шаҳри калонтарини Ҷумҳурӣ, маркази илму фарҳанг пойтахти Тоҷикистон мебошад. Ин шаҳри зебову дилоро таърихи худро дорад. Баъди Инкилоб, яъне соли 1924 дар Осиёи Миёна тақсимоти миллии марзӣ сурат гирифт. Халқҳои минтақа ба давлатҳои хурди миллӣ тақсим гаштанд. Аз ҷумла, Тоҷикон низ пойтахти давлати худро аз Бухоро ба Душанбе оварда, онро маркази Тоҷикистон эълон доштанд.

Аз сарчашмаҳои таърих маълум аст, ки дар охири асри XIX ва аввали асри XX дар Душанбе қалъаи мир, қозихона, дорухона, шифохона ва чойхонаҳо амал мекарданд. Мардум ба соҳаҳои кишоварзӣ, ҳунармандӣ, пахтакорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ, оҳангарӣ, кулолгарӣ, чармгарӣ ва ғайра машғул буданд.

Халқи тоҷик аз ин бохти таърихӣ руҳафтода нашуда, баҳри меъмори Душанбеи азизамон камари ҳиммат баст. Оҳиста- оҳиста деҳаи хурди Душанбе симои худро дигар карда, тадриҷан ба шаҳри бузург мубаддал гашт. Баъди ҷумҳурии иттифоқӣ ном гирифтани он эътибори Душанбе афзуда, соли 1929 номи Сталинободро гирифт. Соли 1961 аз нав номи кадимааш барқаpop карда шуд.

Марказҳои бузурги илмию фарҳангӣ, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Театри опера ва балети ба номи устод Айнӣ, Театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, мактабҳои нави замонавӣ бунёд гардиданд.

Донишгоҳу донишкадаҳои олӣ бунёд шуданд, ки ҳазорон мутахассисони баландихтисосро тайёр намуда ба хизмати халқ равона намуданд. Дар натиҷа Душанбе яке аз марказҳои бузурги илмию фарҳангии Тоҷикистон гардид.

Дар канори ин шаҳри зебоманзар намояндагони миллатҳои мухталиф дустона зиндагӣ доранд. Онҳо аллакай ба расму русуми тоҷикон мутобиқ, гашта, дар чорабиниҳои миллӣ, мисли Наврӯз, Сада, Меҳргон, фаъолона иштирок менамоянд. Душанбе маҳз бо заҳмату талош ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷикон ва дигар миллатҳои бародар мақоми шоиста касб карда, ба ҷаҳониён чун шаҳри дилоро муаррифӣгаштааст.

Сад шукри истиқлол, ки Тоҷикистонро дигар давлатҳо ҳамчун давлати соҳибистиқлолу хуқуқ-бунёду демократӣ шинохтанд, ва бо он робитаҳои дипломатӣ барқарор намуданд. Дар шаҳри Душанбе сафоратхонаҳо, марказҳои илмию фархангӣ ва мақомотҳои давлатию ғайридавлатии мамлакатҳои хориҷӣ фаъолият доранд.

Маҳс бо талошҳову заҳматҳои беназири Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шаҳри Душанбе сол ба сол рушд ёфта истодааст.

Вақте, ки мо ҳамарӯза дар кӯчаҳои он қадам мегузорем, гулгашту хиёбонҳои шукуфони он ба дили мо шодию фараҳ мебахшад. Мардуми шаҳр пайваста барои ободии шаҳр ва тозагии он кӯшиш мекунанд. Ҳар сол барои боз ҳам зеботару дилчасптар намудани кӯчаю хиёбонҳои шаҳр, дар фасли баҳорон ниҳолу дарахтони ороишӣ, гулҳои рангоранг мешинонанд.

Имрӯз пойтахти давлати тоҷикон шаҳри Душанбе яке аз марказҳои муттаҳидсозандаи тоҷикону форсизабонони ҷаҳон гардидааст.

Аҷаб шаҳри дилороӣ Душанбе,

Хаёлам зеби дунёӣ Душанбе.

Акрамзода Рустами Ҷурахон - ходими калони илмии МД Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии Академияи милии илмои Тоҷикистон

1231412Яке аз дастовардҳои бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлолияти давлатӣ ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Муҳимтарин падидаҳое, ки дар Конститутсия ҳамчун асосҳои бунёдии сохтори конститутсионӣ инъикос ёфтаанд, соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ будани давлат ба шумор меравад. Дар ҳамин ҳол, тибқи муқаррароти конститутсионӣ дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё бавоситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.

Тавре, ки натиҷаи омӯзиши сарчашмаҳои муътамади таърихӣ, таҳлили адабиёти махсуси таълимӣ ва рисолаҳои арзишманди илмӣ шаҳодат медиҳанд, интихобот яке аз қадимтарин падидаҳои ҷомеаи башарӣ ба ҳисоб меравад. Дар замони муосир низ интихобот яке аз унсурҳои ҷудонопазири ҳаёти сиёсию ҷамъиятии кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Вазифаи асосӣ ва муҳимтарини интихобот аз қонунӣ гардонидани ҳокимияти мавҷуда иборат мебошад. Бо роҳи гузаронидани интихобот мардум намояндагони худро барои иҷрои вазифа ва мансабҳои муайяни давлатӣ интихоб менамоянд. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст.

Мо, ки имрӯз дар арафаи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ қарор дорем, масъалаи таъмини масъулияти шаҳрвандии интихобкунандагонро бобати иштироки фаъолашон дар интихобот хеле мубрам мешуморем.

Мо бояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ифтихори миллӣ дар ин маъракаи сиёсӣ иштирок намоем ва дар самти муайян намудани дурнамои инкишофи давлатдориамон бетарафиро ихтиёр накарда, иродаи худро ба ҷонибдории номзади арзанда овози худро диҳем. Зеро бетарафӣ дар интихобот ба усули ширкати фаъоли интихобкунандагон дар интихобот мухолиф буда, баъзан оқибати ногувор низ дорад.

Масалан, тибқи муқаррароти моддаи 48 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» интихобот дар ҳавзаи якмандатии интихобот он гоҳ баргузорнашуда ҳисобида мешавад, ки дар он камтар аз нисфи интихобкунандагони ба рӯйхат дохилшуда иштирок карда бошанд. Ба ҳамин мазмун моддаи 43 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» меъёр пешбинӣ намудааст.

Зоҳир шудани чунин ҳолат боиси таъйини интихоботи такрорӣ мегардад. Бояд қайд намуд, ки баргузории маъракаҳои интихоботӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ шуда, хароҷоти зиёдеро тақозо менамоянд. Дар сурати таъйини интихоботи такрорӣ зарурати харҷи иловагии маблағҳои буҷетӣ рӯи кор меояд, ки чунин ҳолат ҳарчанд мувофиқ ба нишондодҳои ҷомеаҳои демократӣ бошад ҳам, чандон мувофиқи мақсад нест. Зеро, агар шаҳрвандони кишвар дар интихоботи асосӣ фаъолона ширкат намоянд, пас зарурати баргузории интихоботи такрорӣ истисно мешавад ва маблағҳои буҷетӣ захира шуда, метавонанд дар соҳаҳои дигари хоҷагии халқ, махсусан самти таъминоти иҷтимоии шаҳрвандон масраф шаванд.

Дар баъзе кишварҳои демократии ҷаҳон, ба монанди Австрия, Белгия, Нидерландия, Италия, Испания ва қисми зиёди давлатҳои Амрикои Лотинӣ ба хотири таъмини иштироки фаъоли интихобкунандагон дар маъракаҳои интихоботӣ ҷавобгарии ҳуқуқӣ дар намуди ситондани ҷарима пешбинӣ шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарчанд дар самти эъмори давлати демократӣ қадамҳои устувор гузошта бошад ҳам, роҷеъ ба масъалаи мазкур усули нисбатан пешқадамтарро интихоб намудааст. Яъне ширкат дар интихоботро иҷборӣ эълон надошта, онро ба ҳайси ҳуқуқи шаҳрвандон кафолат додааст.

Натиҷаи таҳлилҳои муқоисавӣ нишон медиҳад, ки иштироки фаъоли шаҳрвандон дар ин маъракаи сиёсӣ дар давлатҳое бештар ба назар мерасад, ки сокинони он аз сатҳи олии маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ бархурдоранд, яъне қонунгузории интихоботии кишвари худро хеле хуб медонанд, дар хусуси номзадҳо иттилои кофӣ ба даст меоранд, дарк менамоянд, ки ормонҳо ва ғояҳои сиёсиашон тавассути фаъолияти сиёсии кадом номзад ва ё ҳизби сиёсӣ татбиқ мегарданд ва дар ниҳоят раъйи худро ба ҷонибдории эшон изҳор медоранд.

Хулоса ҳар як ҷавони бонангу номуси ватан бояд дарк намояд, ки иштироки ӯ дар интихобот на танҳо нишонаи зиракии сиёсӣ аст, балки қадами аввалин ба сӯи ояндаи дурахшони миллат мебошад. Танҳо бо иттиҳоду ҳамбастагии ҷавонон ва иштироки фаъоли онҳо дар равандҳои сиёсӣ мо метавонем рушди устувори кишвари худро таъмин намоем ва Тоҷикистонро ба давлати боз ҳам шукуфон табдил диҳем.

Юсуфзода Шодоб Хӯҷамқул - Ходими илмии шӯъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИ

Дар таълимоти иҷтимоӣ-сиёсии мутафаккирони тоҷик масъалаи таъсис додани артиш дар ҳама ҳолат барои давлат муҳим арзёбӣ карда мешавад. Зеро артиш муҳофизи марзу бум, таъмингари амнияту субот ва зиндагии ороми мардум мебошад. Масалан, асосгузори равияи маорифпарварӣ дар Осиёи Миёна, файласуф ва мутафаккири шинохтаи тоҷик Аҳмади Дониш тартиби аскарро барои ҳар як кишвар муҳим ва ҳатмӣ мешуморад ва пешниҳод мекунад, ки сарвари кишвар бояд ҳайати артишро аз аҳли ду табақа: аҳли сайф (аҳли шамшер) ва аҳли қалам ороста дорад. Ҳайати аз аҳли қалам иборатбударо барои ҳалли низоъ, баррасии даъво, ҷамъи мол ва дигар корҳои дохилии мамлакат сафарбар намояд, аммо барои ҳимояи марзу бум, таъмини амнияту субот аҳли сайфро сафарбар ҷалб кунад. Дар баробари ин, назоратро аз болои фаъолияти онҳо қатъи намуда, тадбирҳои зерин андешад:

- аввалан, ҳайати ҳар ду табақаро ҷиҳати иҷрои вазифаю уҳдадориҳои ба дӯшашон гузошта сафарбар намуда, нагузорад, ки онҳо ба кори якдигар дахолат карда, барои суботи ҷомеа монеа эҷод кунанд;

- дуюм, вобаста ба андозаи дахли кишвар ва вусъати мамлакат артиш таҳия дорад. Инчунин, сарбозу саркардагони аскар бояд ҷасур, нотарс, соҳибмаърифат, корозмуда ва аз ҳунари сипоҳигарӣ: тирандозӣ, аспсаворӣ, найзакашӣ ва ғайра огоҳ бошанд;

- сеюм, музди моҳонаи аскарияро аз хазинаи давлатӣ муайян карда, сари вақт пардохт намояд то онҳо барои таъмини ниёзҳои хонаводагӣ ба амалҳои номатлуб даст назананд;

- чаҳорум, сарбозону саркардагони ҷасуру нотарс бояд аз ҷониби подшоҳ пайваста ҳавасманд карда шаванд. Аз он наандешад, ки ӯро дар атрофи мамлакат душмане маълум нест ва дар ин замина қатъи пардохти музди моҳонаи аскария карда, онҳоро аз додани рутбаю ҳавсмандиҳои моддӣ маҳрум гардонад. Ё аз осудаҳолии мардум ва амнияти кишвар истифода бурда, аз паси пароканда гардонидани лашкария шавад. Зеро душман аз будани худ ногаҳон огоҳӣ медиҳад, аз ҷойе сар боло мекунад, ки дар он ҳол барои тайёрӣ дидан имконият даст намедиҳад.

Дар баробари ин, Аҳмади Дониш таъкид менамояд, ки саркардагони аскар бояд се сифати шоистаро доро бошанд: аввал, шуҷоат, дуюм, исобати раъй ва сеюм, таҷрибат. Яъне, ҷасур, нотарс, корозумуда бошанд, аз тиру туфанг ва обу оташ наҳаросанд ва айёми ҷанг аз таҷрибаашон истифода баранд.

Инчунин, ба ақидаи Аҳмади Дониш подшоҳ пеш аз он ки ба сӯйи лашкаре азимати ҷанг карданро мекашад, бояд чунин тавсияҳоро ба эътибор гирад:

- аввал, овозаи шурӯъи ҷангро аз тарафи номаълуме карда, баъдан ҷангро аз сӯйи дигар оғоз намояд то душман ғофилгир шуда, бенизоми дар ҳайати он пайдо шавад;

- дуюм, пеш аз омодагии ҳаматарафа ва таҳияи асбобу лавозимоти ҷангӣ ба набард оғоз нанамояд, то ҳангоми задухӯрд шиква накунад, ки фалон лавозимот кам аст ва ё намерасад;

- аскарияро ҳар рӯз бо хилъату инъом ва ваъда машғуфу масрур дорад;

- чаҳорум, аз вазъи аскар ҳамеша огоҳ бошад ва кору амали онҳоро пайваста зери назорат гирад, то онҳо аз ӯ битарсанд ва ҳадди худ нигоҳ доранд;

- панҷум, он нафаронеро ҳавасманд гардонад ва бо рутбаҳои олӣ сарафроз намояд, ки корозмудаю кордида ва ҳалиму шуҷоъ мебошанд на он тиҳимағзонеро, ки ба андак ғавғое пушт диҳанд ва лашкар бигузоранд;

- шашум, аз аҳволи душман рӯз ба рӯз маълумот ба даст орад ва нагузорад, ки душман аз ҳоли ӯ хабардор шавад;

- ҳафтум, тавонад бо душман мадоро кунад ва ба сулҳ розӣ шавад, ки оқибати ҷанг харобӣ, қатлу куштор аст;

- ҳаштум, ба назму насақи артиш аҳамияти вижа диҳад, зеро пирӯзӣ аз назму тартиби аскария ба даст меояд;

- нуҳум, ҳангоми тирагун будани ҳаво, бориши барфу борон ҷангро шурӯъ накунад, зеро номусоидии боду ҳаво зиёни ҷиддӣ ба ҳайати лашкария мерасонад;

- даҳум, аз фатҳу зафари бадастомада дарҳол хушҳол гашта, аскарияро пароканда накунад, зеро душман метавонад аз нав ҷамъ шуда, зарбаи ногаҳонӣ занад.

Воқеан, ин нуктаҳои ҷолиб на танҳо барои роҳбарони сиёсии ҷомеаи феодалии аморати Бухоро муҳим арзёбӣ мешуданд, балки дар ҷомеаи муосири башарӣ низ истифода ва татбиқи онҳо барои ҳимояи марзу бум, таъмини амният ва суботи ҷомеа аз манфиат холӣ намебошанд. Барои тартиби аскардорӣ низ метавонанд ба сифати дастури тавсиявӣ мусоидат кунанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлол ва таъсис додани давлатдории миллӣ зарурат барои ташкил кардани артиши миллӣ пайдо шуд. То марзу буми кишвар, суботи ҷомеа, зиндагии осудаи ҳар як фарди бедордили миҳан - ватани азизу маҳбуб, обу хоку ҳаво, шиору ливо, ҳарфи поки садоямонро ҳимоят кунад. Зеро, бо таъкиди Пешвои миллат артиш - кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст ва хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ таъмингари амният ва зиндагии осудаи сокинони кишвар мебошанд. Аз ин рӯ, ҳар як афсару сарбози шуҷои кишвар, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бо нангу номуси миллат бадаст омадааст. Илова бар ин, ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки мардуми Тоҷикистон бо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи худ ифтихор намуда, дар симои ҳар яки онҳо фарзандони далеру шуҷои Ватани азизамонро мебинанд ва бовар доранд, ки онҳо ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқу вафодор мемонанд. Ҳар ҷавон бо хизмати содиқона бояд исбот намояд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошад.

Агар ба таърихи таъсисёбии Артиши миллӣ таваҷҷуҳ диҳем месазад зикр намуд, ки аввалин қароре, ки «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид ба рӯзи 18-уми декабри соли 1992 рост меояд. Мувофиқ ба он Артиши миллӣ дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсионии кишварро эътироф мекарданд, таъсис дода шуд. Рӯзи 23-юми феврали соли 1993 бошад, дар шаҳри Душанбе аввалин маротиба паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида, то ба имрӯз ҳамчун як саҳифаи дурахшон, рӯзи таърихӣ таҷлил карда мешавад.

Мувофиқ ба ин матлаб Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқен зодаи даврони истиқлол мебошад ва дар шароити ниҳоят вазнин, аввалан пошхӯрии артиши шӯравӣ ва баъдан шурӯъи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон нобуд гаштани Тоҷикистонро пешорӯ меовард, таъсис ёфтааст. Дар ибтидои таъсисёбӣ низ дар қиёс бо дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна аз Артиши шуравӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ягон кӯмаки моддӣ расонида нашуд ё аз мероси боқигузоштаи Артиши шӯравӣ артиши Тоҷикистон аз васоити техникии ҳарбию ҷангӣ бенасиб монд. Бо вуҷуди ин ҳама беадолатиҳо, нодидабиниҳо роҳбарияти ҷумҳурӣ ба такмили он, вусъат додани ҷузъу томҳояш ақлонӣ талош варзиданд, аз ҳикмати асилзодагони худ андар боби таъсиси аскардорӣ таҷриба андӯхтанд, шуҷоату мардонагиро марому мақсади ҳаёти худ ва зиндагии осудаи мардум шуморида, ба пеш барои ояндаи орому осудаи Тоҷикистон гомҳои устувор ниҳоданд.

Ҳамаи ин ҷаҳду талошҳо дар ниҳоят беасар намонд, балки самараи нек овард ва бо баробари ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ҷонфидоию ватандӯстии фарзандони миллат ва марҳилаҳои баъдии рушди давлатдории миллӣ ҷузъу томҳои Артиши миллӣ ба як неруи қудратманди низомии минтақа, муҳофизи сулҳу суббот ва фазои орому осоиштаи мамлакат табдил ёфт, ки имрӯз ба Ватан ва халқи шарифи худ содиқона хизмат мекунанд.

Барои рушд ва такмили ҷузъу томҳо, таъмини артиш бо воситаҳои навини технологии соҳаи ҳарбӣ, мустааҳкам кардани пойгоҳи моддию техникии он боз зарур аст, ки тадбирҳои зерин андешида шавад:

- вобаста ба бархурдҳои ҷомеаи муосир, таҳдиду фишорҳои давлатҳои абарқударт ҳар як афсару сарбози шуҷоъ, ки ҳақиқатан сипари боэътимоди Ватан мебошанд бояд дар иҷрои вазифаю уҳдадориҳои хизматиашон мудом ҳушёру зирак бошанд, барои устувории ваҳдати миллӣ, суботу зиндагии орому осудаи мардум ҷони худро дареғ надоранд;

- барои мардуми шарифи кишвар ҳар як хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ фарзанди далеру шуҷои Ватани маҳсуб меёбад, аз ин рӯ, онҳо кушиш кунанд, ки ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқу вафодор монанд ва аз боварии мардум набароянд;

- ҳар афсару сарбоз ва ҳар ҷавоне, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар даъват карда мешавад ва савганди ҳарбӣ ёд мекунад, ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки хизмати ҳарбӣ пеш аз ҳама аз ӯ иродаи қавӣ, донишу маърифати замонавӣ ва эҳсоси садоқату самимиятро ба халқу Ватан талаб менамояд. Дар робита бо ин, бояд онҳо то давраи даъват ба уҳдадории ҳарбӣ худро ҳам ҷисман ва ҳам маънаван ташаккул диҳанд. Маърифати заруриро аз бар намоянд, аз арзишҳои фарҳанги миллӣ воқиф бошанд, бо як ё ду забони хориҷӣ муошират карда тавонанд ва дониши возеҳи техникӣ дошта, аз истифодаи дурусти воситаҳои навини технологӣ бароянд;

- аз курсҳои кутоҳмуддати омӯзишии дар қисмҳои ҳарбӣ ташкилшуда самаранок исифода бурда, аз нозукиҳои истифодаи яроқу аслиҳаҳои замонавии ҳарбӣ баҳравар гарданд. То аз онҳо мутахассисони варзидаи соҳаи ҳарбӣ тарбия ёфта, баъди адои уҳдадори ҳарбӣ ба таври шартномавӣ ҳамкории худро бо сохторҳои чузъу томи артиш идома диҳанд;

- хизмат ба Ватан мантиқан маънои ба ҷой овардани хизмати волидайн ва ҳимоя намудани марзу буми кишвари аҷдодӣ ва тамомияти арзии Ватанро дорад. Аз ин рӯ, то давраи расидани синну соли навдаъватшавандагон ба уҳдадории ҳарбӣ волидайн ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ тафаккури ватандӯстии онҳоро ташаккул диҳанд. То зимни ба даст гирифтани даъватнома ихтиёран барои шомил шудан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар омода бошанд ва аз ҷонфидои кишвари худ будан дарак диҳанд ва ғайра.

Самиев Б.Ҷ. – мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020) 

Айнӣ Садриддин Саидмуродович

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли  1951  то 15 июли соли  1954.

Умаров Султон Умарович

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли  1957  то 6 майи соли  1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли  1965  то 6 майи соли  1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли  1988  то 16 июни соли  1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 16 июни соли  1995  то 3 феврали соли  2005.

Илолов Мамадшо Илолович

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 3 феврали соли  2005  то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ  (1968)  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли  2013  то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт

 

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт (1982) Президенти Академияи  миллии илмҳои   Тоҷикистон аз 16-уми январи соли  2024  то инҷониб. Муфассал...

 

 

Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм