Skip to main content
Барои хулосабарории объективӣ дар бораи ягон падида, воқеа ва ё ашё, моҳияти онро дақиқ тасаввур намудан лозим аст. Бинобар ин мо бояд консепсияи равшани «экстремизм ва терроризми динӣ»: маънои ин истилоҳот, сабаби пайдоиш, хусусият, оқибат ва воситаҳои муқовимат бар зидди онро эҷод намоем. Айни замон экстремизм ва терроризми динӣ ба мушкили ҷаҳоние табдил ёфтааст, ки ягон давлат ба танҳоӣ наметавонад ба он муқобила кунад. Ин омилест, ки ҳам ба амнияти миллӣ ва ҳам ба якпорчагии кишвар таҳдид мекунад.

123123Маънои луғавии экстремизм дар нуқтаи дуртарин аз марказ қарор доштан аст. Дар дин ҳам ин истилоҳ маънои дар имон, андеша ва рафтор дур аз асосҳои диёнат буданро дорад. Аз дидгоҳи Қуръон экстремизм (ифротгароӣ) танҳо дар сурате руй медиҳад, ки агар инсон аз принсипҳо-сарчашмаҳои асосии дар Қуръон муқаррарнамудаи Худои таъоло дур мешавад (даст мекашад). Оқибати асосии экстремизм набудани мувозинату амният дар ҳаёти шахсияти алоҳида, оила, ҷомеа мебошад.

Экстремизми динӣ падидаи тасодуфӣ нест ва сабабҳои объективии пайдоиши худро дорад. Пеш аз ташхиси бемории экстремизм ва муолиҷаи он, сабабҳои объективии пайдоишашро бояд фаҳмид. Бо таваҷҷуҳ ба ин, мо мекӯшем сабабҳои ҳақиқии пайдоиши экстремизми диниро муайян намоем. Таърихи инсоният таърихи рӯ овардан ба ифрот ва кӯшиши баромадан аз он аст. Мисоли инро дар ҳаёти давлатҳои бузург ва ҳам дар тақдири шахсони алоҳида ёфтан он қадар душворӣ надорад. Чун қоида, расидан ба ифрот ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ кас некӣ наовардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар пӯсти худ натиҷаи фаъолияти эмиссарҳои созмонҳои экстремистӣ ва терроризми динии байналмилалиро дидааст. Мо гӯё аз он роҳи дурусте, ки Худои таъоло ба мо баҳри расидан ба саодати дунявию ухравӣ фармудааст, фаромӯш кардаем. Худои таъоло дар Қуръон чунин мефармояд: «Эй мӯъминон, аз гумони бисёр дурӣ ҷӯед, ҳароина баъзе аз гумонҳо гуноҳ аст ва ҷосусӣ макунед ва якдигарро ғайбат макунед! Мо шуморо танҳо барои он чун халқу қавмҳои гуногун офаридем, ки то ҳамдигарро дарк кунед ва дӯст доред….». Инро дар ёд дошта, мувофиқи имону виҷдон мо бояд тавре зиндагӣ кунем, ки ҳамдигарро дарк намоему дӯст дорем. Чунки қонуни худовандии: «Он чиро ки бар нафси худ намеписандӣ, бар нафси дигарон ҳам маписанд», - принсипу шарти Ислом аст, маҳз бинобар ҳамин инсони имон ба Худо дошта дар симои инсони дигар пеш аз ҳама бародар, хоҳари худ – махлуқи олитарини Халлоқро бинад! Вай масъулиятро пеш аз ҳама назди Худо дарк карда истода, бояд аз шарру зӯроварӣ худдорӣ намояд, инсони шоиста бошад, ба ҳар инсони дигар некӣ хоҳад ва некӣ кунад. Инсони ҳақиқатан имон ба Худо дошта экстремист ё террорист буда наметавонад! « Ва бар некукорӣ ва парҳезгорӣ бо якдигар мадад кунед ва бар гуноҳу ситам бо якдигар мадад макунед; ва аз худо битарсед», - мефармояд Парвардигор. Маҳз аз ин рӯ мо экстремизму терроризмро намепазирем, чунки онҳо бо зӯроварию душманӣ мардумону кишварҳо, махлуқоти худоро бар зидди ҳамдигар меангезанд. Чизе ки дар қадим аз сарамон нагузашта бошад, моро тақдир ба ҳам овардааст. «Боде намевазаду барге аз дарахт намеафтад, магар ба хости Худои таъоло!» - мегуфтанд гузаштагони мо ва дар китобҳои муқаддас ҳам чунин омадааст.

Бешубҳа, сабаби асосии эктремизми динӣ надоштани дониши мукаммал дар бораи ҳадафҳо ва моҳияти дин аст. Ва агар тамоман набудани донишу таҷрибаи динӣ боиси пайдоиши як шакли экстремизм – худхоҳию бадахлоқӣ гардад, пас дониши ноқису пароканда боиси натиҷаи мухолиф – радикализми ҳамлакорона мешавад. Агар одамон динро омӯзанд, хоҳанд фаҳмид, ки он ба сулҳ, муҳаббат ба атрофиён ва эътидол мехонад. Дар ҳоле ки инсон идроки сатҳию бенизом дорад, вай метавонад самимона бовар дошта бошад, ки дониши амиқ дорад. Чунин дониши дурӯғин тасвири аёну комили воқеиятро инъикос намекунад ва барои баровардани хулосаҳои муфид аз масоили пайдошуда имкон намедиҳад. Чунин «олим» ба чизҳои дуюмдараҷа таваҷҷуҳ карда, ба асос диққат намедиҳад. Набудани фаҳмиши дурусти ҳадафу низоми дохилии дин боиси норасоиҳои тарбияи динӣ ва ахлоқи бад мегардад, ба зоҳиршавии сифатҳои манфии хислат: тундӣ, ситезаҷӯӣ, бадгӯӣ, кибр, шубҳанокӣ ва бадбинӣ мусоидат мекунад. Итминони кӯр-кӯрона ба ҳаққонияти худ якҷоя бо кибру ғурур ба экстремизми динӣ оварда мерасонад. Чунин ҷоҳилӣ бо роҳҳои гуногун зоҳир мегардад ва маъмултарини инҳо пайравии бешуурона ба маънои таҳтуллафзи матн ва инкори моҳияти ботинӣ ва таъиноти стратегии дин мебошад. Аломати аввалини экстремизм таҳаммулнопазирию бераҳмии мутаассибона мебошад, ки инсонро водор ба пайравӣ аз афкору тахайюли худ мекунад ва ба экстремист имкон намедиҳад то манофеи атрофиён, ҳолатҳои объективӣ ва асосҳои динро ба назар гирад. Чунин муносибат ба муқаррар намудани муколамаи созанда ва муқоисаи холисонаи нуқтаҳои назар дар масоили баҳснок монеъ мешавад.

Набудани фаҳмиши моҳияту ҳадафҳои дин якҷоя бо нуқсонҳои ахлоқӣ (надоштани назорати худӣ, кибр, ситезакорӣ) экстремистро ба дасткашӣ аз муносибати муътадил дар ҳалли масъалаҳои пайдошуда оварда мерасонад. Агар экстремистон ҳуқуқи ҳарифони худро ба нуқтаи назари худ эътироф мекарданд, оқибатҳои чунин муносибати тундравона камтар мебуданд. Аммо чунин рӯй намедиҳад ва экстремистҳо одамонеро, ки дар дин муътадилиро ихтиёр кардаанд, ба ҳама гуноҳҳо, бидъат ва ҳатто ба куфр муттаҳам мекунанд.

Таассуб монеаи рафънопазир дар роҳи ҳамдигарфаҳмӣ мебошад, чунки ҳамдигарфаҳмӣ вақте ҳосил мешавад, ки ҳар ду тараф мавқеи таҳаммулро ишғол мекунанд. Ба ҷои ин экстремист, банорозигӣ бархӯрда мусоҳибашро ба иштибоҳ, бидъат, ҷурм ва куфр айбдор мекунад. Чунин терроризми динӣ оқибатҳои мудҳишро ба бор меорад ва пешомади терроризми ҷисмонӣ мебошад.

Аломати дуюми экстремизм зиёдаравии намоишкоронаю доимӣ дар рафтори динӣ ва тамоюли водоркунии дигарон ба чунин рафтор мебошад. Ин амали расмиятпарастон аст, ҳол он ки ислом рӯирост ба сабукӣ ва эътидол дар дин даъват мекунад. Дар Қуръони маҷид Худованд мефармояд: «Худо барои шумо осониро мехоҳад ва барои шумо душвориро намехоҳад» (2:185) ё: «Мо шуморо ҷамоаи муътадил намудем ……..» (2:143), яъне эҷоди мушкилот барои одамон дар ҳолатҳои маишияшон ва қасдан душвор намудани маросимҳои динӣ хилофи таълимоти ислом аст.

Экстремизм дараҷаи шиддати иҷтимоиро дар ҷамъият (дар байни намояндагони динҳои гуногун, дар дохили оин, байни ҷавонону насли куҳансол, волидону фарзандон) ба таври нораво баланд мекунад.

Аломати сеюми экстремизми динӣ дар шеваи дағалонаю тунди муошират бо одамон, дар муносибати дурушту қатъият ҷиҳати расонидани маълумот дар бораи ислом зоҳир мегардад. Чунин муносибат ба принсипҳои оддитарини қуръонӣ ва инсонӣ мувофиқат намекунад.

Диндорӣ бояд ҷомеаро дар ҳама зинаҳо солим гардонида, ба муносибати байни одамон унсури мусбатро ҳамроҳ намояд. Сифатҳои дағалӣ, дуруштӣ, қатъият, ки хоси экстремистони динӣ мебошанд, натиҷаи баръакс медиҳанд. Экстремист ба фавран айбдор намудани одамон дар иштибоҳу ҷиноятҳо майл дорад.

Экстремизми динӣ бо тамоми қувваташ замоне зоҳир мешавад, ки як гурӯҳи ҷудогонаи пайрави ақидаҳои дар боло номбаршуда ба амнияти аксарият таҳдид карда истода, истифодаи зӯроварии ҷисмониро раво мебинад.

Ин кор вақте имконпазир мегардад, ки гурӯҳи тундрави одамон тамоми инсонҳоро – ба ғайр аз пайравони худ – берун аз дини ислом дониста кофир эълон мекунад. Чунин иқдом робитаи байни ин гурӯҳ ва ҷамоати мусулмононро қатъиян бармеканад. Ва ин равандро мо дар низоъҳои мамлакатҳои Шарқи Наздик Сурия, Ироқ, Яман, Нигерия ва минтақаҳои дигари дунё дар рузҳои охир мушоҳида менамоем.

Имрӯз дар муборизаҳои сиёсӣ ҳизбу ҳаракатҳои зиёде, аз қабили «Ихвон-ал-муслимин, «ал-Қоида», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ансоруллоҳ», ба майдон омадаанд, ки ҳамарӯза аз ҳисоби ҷавонони минтақаҳои гуногуни дунё, аз ҷумла тоҷикон низ сафҳои худро пурра менамоянд.

Хуллас, тавре мебинем, сабаби асосии экстремизми динӣ нобиноии ақлонӣ ва ҷоҳилӣ мебошад. Бинобар ин алайҳи экстремизм, пеш аз ҳама, дар сатҳи зеҳнӣ муқовимат бояд кард. Ақоиди таассуб бояд дар сатҳи академӣ, бо ҷидду ҷаҳди тамоми олимони соҳаи улуми гуманитарию динӣ ба бадномӣ кашида шаванд. Тафаккури рӯякӣ ва набудани идроки динӣ, ки хориқаи (феномени) экстремизми диниро ташкил медиҳанд, назари худро дар бобати ислом пешниҳод мекунанд. Якчанд ҷузъиёти ташкилдиҳандаи хориқаи экстремизмро ҷудо намудан мумкин аст:

Якум, ҷалби диққат ба ҷабҳаҳои дуюмдараҷаи динӣ, ки боиси саргармии аз ҳад зиёд ба масъалаҳои вуҷуд надошта мегардад. Дар муҳити ҷавонони мусулмон ҳамеша дар мавзӯҳои ҳатмӣ будани риш, дарозии шалвор, ҳаракат додани ангушти ишорат дар намоз, манъи аксбардорӣ ва ҳоказо баҳсҳо сурат мегиранд. Эктремистон ҳеҷ гоҳ аз баррасии ин мавзӯъҳо хаста намешаванд, бештари вақташонро сарфи ҳамин мекунанд. Шуури экстремистон масъалаҳои ҳақиқатан муҳими ахлоқи нек, эҳтирому иззати волидон, зарурати азхудкунии дониши назарию амалӣ, ҳифзи саломатӣ, кӯмак ба муҳтоҷон, яъне масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи дини исломро тамоман намеписандад.

Дуюм, аз ҳад зиёд диққат доданба манъу маҳдудиятҳо. Манъу мушкилкунӣ ҳам яке аз зуҳуроти экстремизми зеҳнӣ (ақлонӣ) мебошад. Бар хилофи худи Паёмбару саҳобиёнаш, ки ҳамеша ба эътидол дар масоили динӣ мекӯшиданд, экстремистҳо қасдан кӯшиш мекунанд ягон чизро мамнуъу гуноҳи азим эълон намоянд, гӯё моҳияти дин аз ҳамин иборат бошад. Муҳаммади паёмбар (с.а.в.) дар ҳадисе фармудааст: «Ҳалок карданд худро касоне, ки ифрот намуданд».

Сеюм, норасоии дониши қонуниятҳои таърихию объективии воқеият, дасткашӣ аз омӯзиш ва пайравии онҳо. Бо ин сабаб дорандагони тафаккури экстремистӣ робита бо воқеиятро пурра аз даст дода, талаботу лоиҳаҳои мутлақо ғайривоқеӣ ва иҷронашавандаро пеш мегузоранд. Ин боиси инкори қонунҳои пайдарпайӣ ва саривақтӣ мегардад, ки тамоми падидаву ашёҳо тобеи онон ҳастанд.

Ҳалли муаммои мушкили экстремизми динӣ истифодаи усули мураккаб ва муназзамро талаб мекунад. Аз ҷумла зарурати ҷалби ҷомеаи ишаҳрвандӣ ба мубориза бо терроризми байналмилалӣ, раҳандозии барномаҳое, ки пеши роҳи ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва имкони тарғиби терроризмро бо истифода аз Интернетро бигиранд. Бинобар сабабҳои маълум тундравӣ ҳам падидаест, ки бештар дар байни ҷавонон паҳн гаштааст. Масъулияти пайдоиш, паҳншавӣ, муқовимат ва пешгирии экстремизми динӣ натанҳо ба зиммаи давлату ҳукумат, балки бар дӯши тамоми ҷомеа аст. Пешгирии экстремизм бояд дар сатҳи ақлонӣ дар оила, муассисаҳои таҳсилот (муассисаҳои таълимии динӣ, кафедраҳои донишгоҳ, донишкадаҳо ва мактабҳо) ба роҳ монда шавад.

Ҳамин тариқ, айни замон мавриди он расида, ки уламои баландпоя, ходимони дину мазҳаби ҳанафӣ, олимони маъруфи тоҷик гушаеро чун шахсони холис ихтиёр накарда, бингаранд ва биандешанд, ки онҳо ба ҷомеа чӣ дода метавонанд. Бояд дар амал нишон дод, ки дину ойини исломии мо дар ҳақиқат ойини сулҳу сафо, дӯстиву бародарӣ ва накӯкорист.

Мо бояд ҳамаҷониба ҳама навъи таҳамулнопазирии диниро аз ҷомеа ва тафаккури худ решакан созем. Дар сари масъалаҳои: эҳёи маънавӣ, тозагии аҳлоқ, бунёдкорӣ, ҳуқуқҳои асосии шахсияти инсонӣ мутаффиқу боҳам ва дар ин кори хайр дастгири якдигар бошем. Биёед дар ин хусус боз як бори дигар якҷо андеша намоем, зеро имрӯз вақти он расидааст, ки ҷавонони мо ба хотири дифоъ аз арзишҳои волои миллию динии хеш рӯ ба китоб биёранд ва дар лаҳзаҳои зарурӣ ба душманони ғоявиашон на бо зӯри силоҳ, балки бо сеҳри сухани асосноки илмӣ ҷавоби қотеъ гардонда тавонанд.

Зоир Ҷӯрахон Маҷидзода - мудири Шуъбаи Ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа,

сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.