«Артиши миллӣ – сипари боэътимоди давлат ва рамзи қудрату тавоноии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон
Артиши миллӣ барои ҳар давлати соҳибистиқлол яке аз рукнҳои асосии ҳифзи амният ва субот ба шумор меравад. Пас аз ба даст овардани Истиқлол давлатӣ, зарурати таъсиси неруҳои мусаллаҳи миллӣ ба миён омад. Бо иқдоми роҳбарияти олии кишвар ва таҳти роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 23 феврали соли 1993 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтанд. Ин сана оғози марҳилаи нав дар таърихи давлатдорӣ гардид, ки ҳадафи аслии он таҳкими амнияти миллӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар буд. Аз ҳамон рӯз инҷониб, 23 -феврал ҳамчун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ бо ифтихор ҷашн гирифта мешавад.
Артиши миллӣ натанҳо ниҳоди ҳарбӣ, балки мактаби шуҷоат, ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ мебошад. Сарбозони тоҷик бо садоқат ба Савганди ҳарбӣ, бо эҳсоси баланди масъулият ва муҳаббат ба Ватан дар шароитҳои гуногуни ҷуғрофӣ - аз дашту водиҳо то қуллаҳои сарбафалаккаши кӯҳистон — бо матонату шуҷоат адои вазифа мекунанд. Онҳо дар сардиҳои шадиди зимистон ва гармои тоқатфарсои тобистон, дар минтақаҳои душворгузари марзӣ шабонарӯзӣ посбонӣ менамоянд. Ҳар қадами устувори онҳо дар марз рамзи садоқат ба Савганди ҳарбӣ ва муҳаббати беандоза ба Ватан аст. Ҷонфидоии сарбозон дар ҳифзи марзҳои давлатӣ, намунаи мардонагӣ ва матонат мебошад. Ҳар қадами онҳо дар марз – қадаме дар роҳи таъмини оромӣ ва осоиштагии мардум аст.
Ҷонфидоии сарбозон танҳо дар амалҳои ҳарбӣ маҳдуд намешавад. Онҳо намунаи интизом, масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ барои насли ҷавонанд. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби тарбияест, ки иродаи қавӣ, эҳсоси ифтихори миллӣ ва рӯҳи худшиносиро тақвият мебахшад. Маҳз дар ҳамин мактаб ҷавонмардон сабақи мардонагӣ меомӯзанд ва дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои давлатӣ ба камол мерасанд.
Имрӯз Артиши миллӣ тадриҷан такмил ёфта, бо техникаи муосир ва сатҳи баланди омодагии касбӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Ислоҳоти пайваста дар соҳаи ҳарбӣ, беҳтар намудани шароити иҷтимоии хизматчиён ва боло бурдани сатҳи таълиму тарбия гувоҳи онанд, ки давлат ба таҳкими иқтидори мудофиавии худ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Зеро амнияти пойдор асоси рушди устувор ва зиндагии осоиштаи мардум мебошад.
Дар рушди Артиши миллӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург ва сарнавиштсоз арзёбӣ мегардад. Азҷумла:
-
Таъсис ва таҳкими Артиши миллӣ (1993)
-
Ислоҳоти низомӣ ва такмили сохтор
-
Тақвияти заминаи моддӣ-техникӣ
-
Омодасозии кадрҳои касбӣ
-
Баланд бардоштани нуфуз ва нақши артиш дар ҷомеа
Дар маҷмӯъ, саҳми Пешвои миллат дар он зоҳир мегардад, ки Артиши миллӣ аз як сохтори навтаъсис ба неруи муташаккил ва ҳомии боэътимоди истиқлолу амнияти давлатӣ табдил ёфт.
Артиши миллӣ имрӯз на танҳо ниҳоди ҳифзи амният, балки рамзи истиқлолият, ваҳдат ва ифтихори миллӣ ба ҳисоб меравад. Бо талошу заҳмати пайваста ва сиёсати хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сипари боэътимоди давлат табдил ёфта, амнияти марзу буми кишварро бо садоқат ҳифз менамоянд.
Ҳузури неруҳои мусаллаҳи қавӣ ва омодабош кафили оромиву субот, рушди устувор ва зиндагии осоиштаи мардум аст. Пас, эҳтиром ба Артиши миллӣ ва арҷгузорӣ ба ҷонфидоии сарбозон — эҳтиром ба давлатдорӣ, истиқлол ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Давлятова Адолат - Ходими илмии МДИ Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Имрӯз, 29 август президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо мутахассиси соҳаи бехатарии озуқаворӣ ва гуногунии биологии Созмони Милали Муттаҳид оид ба озуқаворӣ ва кишоварзӣ (ФАО) доктор Сара Занон Агапито мулоқот анҷом доданд.
Зимни мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ташрифи доктор Сара Занон Агапиторо ба академия хайру мақдам гуфта, дар робита ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти маркази илми ҷумҳурӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти мушаххас дод.
Дар мулоқот ҷонибҳо барои ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти ҳифзи гуногунии биологӣ, гузаронидани таҳқиқотҳои муштарак бо олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дастгирии лоиҳаҳо дар ин самт ба мувофиқа омаданд.
Ёдовар мешавем, ки доктор Сара Занон Агапито бо ҳамтоёни худ дар доираи лоиҳаҳои сершумореро, ки аз ҷониби Фонди глобалии экологӣ (GEF), пеш аз ҳама дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ маблағгузорӣ мешаванд ҳамкорӣ ба роҳ мемонад.
Бояд гуфт, ки аксари лоиҳаҳо ба гуногунии агробиологӣ, мутобиқшавӣ ва коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим бахши кишоварзиро фаро гирифта, таҳкими иқтидор, таҳқиқоти саҳроӣ ва дастгирии ҳуҷҷатнигории лоиҳаҳҳоро дар бар мегирад.
Дар ин замина таҷрибаи доктор Сара Занон Агапито барои баррасӣ ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, омода намудани посухҳо ба Котиботи Фонди глобалии экологӣ (GEF) ва таъмини ҳамоҳангӣ бо афзалиятҳои миллиро дар бар мегирад. Вай ба пешбурди дипломатияи илмӣ барои системаҳои устувори ғизо ва ҳифзи гуногунии биологӣ, инчунин барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо бо ҷонибҳои манфиатдори миллӣ ҳамкорӣ мекунад.
МУЛОҚОТ БО ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТИ МУБОДИЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ФАРҲАНГИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ ШИНҶОН
Имрӯз, 27 август президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо декани факултети мубодилаи байналмилалии фарҳангии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин Ден Син мулоқот намуданд.
Дар мулоқот ҳамчунин ёрдамчии директори Донишкадаи Конфутсии назди ДМТ Ван Хуэйҷуан, мудири шуъбаи Раёсати робитаҳои байналмилалии илмии АМИТ Мирвайсов Мамурҷон иштирок намуданд.
Зимни мулоқот роҳбари академия ташрифи меҳмононро ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, оид ба ҳамкориҳои самарбахши олимони тоҷик бо ҳамтоёни чинӣ мухтасар маълумот дода, доир ба нақши муҳими маркази омӯзишии забонии чинии Конфутсии назди ДМТ дар таҳкими ҳамкориҳои судманди дуҷониба байни ду кишвар, ки яке аз асосгузоронаш профессор Ден Син мебошад қайд намуд.
Дар идома профессор Ден Син оид ба кушодани маркази такмили ихтисоси омӯзгорони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар назди Донишгоҳи омӯзгории Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин ва самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо дар самт иттлоъ дода, қайд намуд, дар баробари омода намудани омӯзгорон, такмили ихтисоси олимону муҳаққиқон, таҳсил дар зинаҳои магистратура ва докторантура пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон дар рафти мулоқот оид ба татбиқи Ёддошти тафоҳум байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Идораи миллии матбуот ва интишороти Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба тарҷума ва нашри осори классикон, ки моҳи июли соли 2024 дар ҳошияи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуда буд, суханронӣ карда шуд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки аз ҳарду тараф 20 номгӯи китобҳои классикону, олимону сиёсатмадорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин интихоб карда шуда, гуруҳи корӣ, тарҷумонон ва мушовирон таъсис дода шуда, рузҳои наздик ҷаласаи кори онлайнӣ баргузор карда мешавад.
Дар арафаи 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён, директори Институти математикаи ба номи А.Ҷураев Алишер Раҳимзода, директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода, директори Институти астрофизика Бӯризода Анвар, директори МД Маркази пиряхшиносӣ Шерализода Назриало, ходими пешбари илмии Маркази мероси хаттӣ Ализода Саидхоҷа, Саидзода Фазилат корманди Институти фалсафа, сиёсатишиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ба устодони гиромӣ дар корҳои минбаъдаи илмию таҳқиқотӣ барору комёбиҳои беназирро таманно менамоем!
РӮНАМОИИ ТАҲҚИҚОТИ АКАДЕМИК МУҲАММАД ОСИМӢ: БУНЁД ВА ПЕШРАФТИ ДОНИШНОМАНАВИСИИ ИЛМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 22 август дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҳфили навбатӣ таҳқиқоти «Академик Муҳаммад Осимӣ: бунёд ва пешрафти донишноманависии илмӣ дар Тоҷикистон», ки ба солрӯзи академик бахшида шудааст рӯнамоӣ гардид.
Ба кори маҳфил ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшида, доир ба саҳми арзишманди академик Муҳаммад Осимӣ дар рушди соҳаи илм дар Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани муқаддимавии хеш иброз дошт, ки дар таҳқиқоти дастаҷамъии тоза ба нашр расида, гурӯҳи олимони саршиноси тоҷик, Амрико, Франсия, Испания, Ҳиндустон, Ӯзбекистон ва ғайра ширкат намуда, дар навиштаҳои асари мазкур масоили камомӯхташудаю мубрами назариявию консептуалии бунёд ва пешрафти донишномависии илмӣ дар Точикистон аз дирӯз то имрӯз, саҳми донишманди барҷаста, яке аз ташкилдиҳандагон, сарвари илми бунёдии тоҷик академик Муҳаммад Осимӣ, ки сарварии Академияи илмҳои Тоҷикистонро зиёда аз ду даҳсола ба зимма доштанд, ба риштаи таҳқиқ омадааст.
Таъкид гардид, ки муҳаққиқон дар навиштаҳояшон паҳлӯҳои муҳимми фаъолияти пурбори илмию давлатӣ, ҷамъиятии ин симои камназирро бар пояи санадҳои тоза ба қалам овардаанд. Аз ҷумла, саҳми устоди зиндаёд академик Муҳаммад Осимӣ дар бунёд ва пешрафти донишноманависии илмӣ дар Тоҷикистон пешрафт, ҳаллу фасли масоили ташкил, ҷалбу сафарбар намудани нерӯҳои илмӣ, таҳияи фонди илмӣ барои таҳия, ташкили сафарҳои омӯзишии кормандон ба кишварҳо, марказҳои илмӣ- энсиклопедии шӯравӣ барои андӯхтани дониш, тачрибаи энсиклопедиясозӣ, тартиб додани луғатномаҳои соҳавии энсиклопеди, гирдоварии адабиёти илмӣ, сарчашмаҳои хаттӣ доир ба масоили таърих, назарияи масоили таъриху фарҳанг, навиштани аввалин энсиклопедияи миллии тоыик, таҳияи энсиклопедияи ихтисосӣ доир ба ҷашнҳои 50-60 солагии таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нашри сифатан баланди он, заминаи устувори илмию ташкилии энсиклопедияҳои соҳавӣ корҳои камназири ташкилии илмии академӣ саҳми арзанда доранд.
Дар идомаи маҳфил Сафарзода Давлат Шариф муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар олимону муҳақиқон саҳми ин донишманди тоҷикро дар рушди соҳаи илми кишвар муҳим арзёбӣ намуда, доир ба фаъолияти самарабахши ӯ маъруза намуданд. Қайд гардид, ки дар навиштани ин асари дастаҷамъӣ, ки олимони ватанию хориҷӣ ширкат намудаанд, мавзуоти мубрами таърихию назарии фарҳанги донишноманависии илмии тоҷик хидмати шоистаи академик Муҳаммад Осимӣ дар омӯзишу густариши он аз дидгоҳи нав баррасӣ намудаанд.
КОРМАНДИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АКАДАМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН БО ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «BRICS AND SCO» САРФАРОЗ ГАРДИД.
Аз 17 то 19 августи соли 2025 дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон, Федератсияи Россия сеюмин маротиба Ҷоизаи роҳбарони ҷавони БРИКС ва СҲШ (Созмони ҳамкории Шанхай) баргузор гардид. Ин озмуни байналмилалӣ ба кашфи истеъдодҳои ҷавон ва эътирофи саҳми мутахассисони ҷавон дар рушди соҳаҳои иҷтимоӣ нигаронида шудааст.
Ташкилкунандаи чорабинӣ мазкур Академияи дипломатияи ҷавонон бо дастгирии Вазорати кор бо ҷавонони Ҷумҳурии Тотористон буда (Academy of youth diplomacy), он бо дастгирии шарикон аз байни ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ баргузор гардид. Озмун ҳамасола баргузор мешавад ва роҳбарони ҷавонро аз соҳаҳои гуногуни илм, маориф, фарҳанг ва рушди иҷтимоӣ муттаҳид месозад.
Дар марҳилаи ниҳоии соли 2025 намояндагони нӯҳ кишвар ширкат варзиданд: Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Россия. Натиҷаҳои озмун дар доираи Форуми сеюми байналмилалии «РОСТКИ: Россия ва Чин» ҷамъбаст гардида, ғолибон бо сертификат ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Кумитаи ташкилӣ ва шарикон қадрдонӣ шуданд.
Институти астрофизикаи Академияи милии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихор хабар медиҳад, ки Парвизи Орзукул, лаборанти калони шуъбаи физикаи кометаҳо ва астероидҳо, барандаи Ҷоизаи роҳбарони ҷавони БРИКС ва СҲШ дар номинатсияи «Тадқиқот ва инноватсияи сол» гардид.
Ин ҷоиза барои лоиҳаҳо ва таҳқиқоте тақдим шуд, ки ба густариши илми астрономия ва паҳн кардани донишҳои илмӣ равона шудаанд. Дар фаъолияти худ Парвизи Орзукул, баргузории экскурсияҳои астрономии ройгонро, ки дар онҳо ҳазорҳо сокинони кишвар аввалин бор имкони мушоҳидаи Маҳ, -ҳасафари табии Зумин, сайёраҳои Системаи офтобӣ – Миррих, Муштари ва Зуҳал тавассути телескоп пайдо намуданд, бо фаъолиятҳои густурда дар самти пешбурди илм ба забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ муттаҳид месозад.
Ёдрас мешавем, ки дар соли 2025 барои як ҷойи озмуни мазкур тақрибан 45 довталаб мубориза бурданд – ҳамагӣ беш аз 450 дархост пешниҳод гардид. Ба ҷоиза на танҳо кишварҳои узви БРИКС ва СҲШ, балки дигар давлатҳо низ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Институти астрофизикаи АМИТ Парвизи Орзукулро бо ин эътирофи шоиста дар сатҳи байналмилалӣ табрик намуда, итминон дорад, ки дастовардҳои ӯ ба рушди минбаъдаи маърифатнокии илмӣ ва тарғиби астрономия дар Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард
НАСБИ ТАҶҲИЗОТИ СЕЙСМИКӢ БО ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯ ДАР ПОЙГОҲИ СЕЙСМИКИИ НОҲИЯИ ЛАХШ
19 августи соли равон дар пойгоҳи сейсмикии ноҳияи Лахш бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таҷҳизоти сейсмикӣ насб карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки пойгоҳи мазкур аз замони ба вуқӯъ пайвастани ҷанги шаҳрвандӣ то ин ҷониб пурра аз фаъолият боз монда буд. Имрӯз бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила базаи моддиву техникии муассисаҳои илмӣ беҳтар гардида истодааст.
Бояд гуфт, ки дар партави ҳамин дастгириҳо бо иқдомҳои неки роҳбарияти академия пойгоҳи сейсмикии ноҳияи Лахш аз нав барқарор гардида, бо таҷҳизоти наву замонавии сейсмикӣ муҷаҳаз гардонида шуд. Шурӯъ аз санаи 19 августи соли 2025 соати 10:00 пойгоҳи мазкур пурра ба фаъолият оғоз намуд.
Ёдовар мешавем, ки минбаъд тавассути пойгоҳи мазкур ҳар як нишондодҳои заминҷунбие, ки дар ноҳияи Лахш ба вуқӯъ мепайвандад санҷида шуда, маълумоти он ба маркази ягона фиристонида мешавад.
Тақсими шоҳасари безаволи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ “Шоҳнома” ба аҳолии Тоҷикистон, ки бо иқдоми неки фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав ва бо сифати баланд ба нашр расид, оғоз ёфт.
Тақсим намудани ин шоҳасар, ки бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як хонаводаи аҳолии кишвар бояд дастрас карда шавад, аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва водии Рашт шурӯъ шуд.
Ин иқдоми наҷибу камназири Пешвои маърифатпарвари миллат ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон пеш гирифта шуда, ҳадаф аз он, ба таъкиди Сарвари давлат “пеш аз ҳама, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносию худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус, наврасону ҷавонон мебошад”.
Мардуми кишвар аз оғози татбиқи ин иқдоми ватандӯстона изҳори сипосу қадрдонӣ намуда, аз ҷумла таъкид менамоянд, ки он ба таҳкими ҳисси ифтихору сарфарозӣ ва масъулияти ватандории ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мусоидати фаъол хоҳад дошт.
Китоби мазкур дар Нашриёти “Шарқи озод”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми ду ҷилд бо теъдоди 1 700 000 нусха ба табъ расидааст.
Бояд ёдовар шуд, ки “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ бузургтарин ҳамосаи миллии мардуми ориёинажод ва ганҷинаи ҳикмату хирад ба ҳисоб меравад. Доир ба сифатҳои Шоҳнома Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар сарсухани нашри нави он, аз ҷумла мефармоянд: "Дар ҳақиқат, Фирдавсӣ дар "Шоҳнома", ки дар ҳеҷ миллати дунё ҳамсанги ин китоб асаре нест, таърихи пур аз шодию ифтихор, комёбию нокомӣ, дарду ормонҳои мардумашро бо хуни дил қаламӣ кард ва ба ин васила таърих, фарҳанг, фалсафа, ҳикмат, қисса, асотир ва урфу одатҳои ориёиҳоро зинда ва пойдор гардонид ва ба хизмати наслҳои оянда гузошт".
Президенти кишвар аз мавзӯъҳои меҳварии ин шоҳасар: ситоиши донишу хирад, тарғиби ватанхоҳию ватандӯстӣ, тараннуми истиқлолу озодӣ, ташвиқи баробарии инсонҳо, пирӯзии некӣ бар бадӣ ва адолату дод бар беадолативу бедодӣ ёдовар мешаванд, ки баъд аз ҳазор сол дар рӯзгори имрӯзаи мо низ аз аҳамияти бузург бархӯрдоранд.
Дар идома таъкид мегардад, ки фалсафаи волои Фирдавсӣ моро аз гузаштаамон огоҳ сохта, барои наслҳои имрӯзу фардо сабақи омӯзанда ва ибратбахш медиҳад. Бахусус, дар раванди ҷаҳонишавӣ, ки аз байн рафтани давлатҳо, миллатҳо, забон ва фарҳангҳои бумиро дар пай дорад, мо ба афкору андешаҳои ватандӯстона ва ҳувиятсози "Шоҳнома" ниёзи бештар дорем.
Мавриди зикр аст, ки ин иқдоми наҷиб ва фарҳангпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар ташаббусҳои созандаашон, аз ҷумла нашр ва тақдими асари барҷастаи аллома Бобоҷон Ғафуров "Тоҷикон" ба ҳар як хонавода метавонад барои боло рафтани ҳисси худогоҳиву хештаншиносии ҳар сокини кишвар хидмат карда, барои тарбияи насли бедору созанда ҳамаҷониба мусоидат намояд.
Агар аҳамияти “Шоҳнома” ва шоҳномахониро дар роҳи тарғиб ва таҳкими ватанхоҳию ватандӯстӣ ва ҳифзи марзу буми кишвари худ ба таври кӯтоҳу муъҷаз бигӯем, пас беҳ аз худи Фирдавсӣ касе ӯро васф накардааст, ки мегӯяд:
Ҳар он кас, ки шаҳномахонӣ кунад,
Агар зан бувад, паҳлавонӣ кунад.
Ва ё
Басе ранҷ бурдам дар сол сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.
Имрӯз (15.08.2025) аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон аксияи ҳизби бахшида ба “Рӯзи кормандони соҳаи тиб – 18 август”- таҳти унвони “Тандурустӣ беҳтарин неъмат бувад” баргузор карда шуд.
