ДУШАНБЕ, 02.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи ноябри соли 2025 зимни иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО 1050-солагии Робиаи Балхӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2026-2027 ворид карда шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли 2025 иброз доштанд, ки «аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди бузургдошти 1050-солагии Робиаи Балхӣ далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад».
Бахшида ба солгарди Робиаи Балхӣ ходими пешбари илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илми филология Анзурати Маликзод дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» чунин ибрози назар намуд:
— Он чи аз мероси адабии Робиаи Балхӣ имрӯз дастрас аст, аз 55 байт беш намебошад ва он аз 7 ғазал, 4 дубайтӣ ва ду фардбайт иборат аст. Аз ин миқдори хеле ками ашъори Робиа қариҳаи зотӣ ва истеъдоди баланди шоирии ӯ пайдост. Ашъораш мерасонад, ки хусусан дар сурудани жанри ғазал ва таҷассуми ишқи поки инсонӣ Робиаи Балхӣ воқеан суханвари камназир будааст.
Мазмун ва мавзуи асосии сурудаҳои Робиаро ишқу муҳаббати инсонӣ, тасвири табиат ва зебоиҳои он ташкил менамояд. Дар гуфтани ашъори ошиқона камтар шоиреро дар ин аср метавон бо Робиаи Балхӣ дар як сатҳу поя гузошт. Садоқату самимияти ашъори ошиқонаи ӯ воқеан хоси шеъри занон аст.
Шефтагиву шайдоии шахси ошиқро бо калимоти сода, вале рангину зебо ва самимӣ дар ғазал таҷассум карда тавонистани Робиаи Балхӣ боис бар он шудааст, ки бузургони олами ирфон, ба монанди Аттор ва Абӯсаиди Абулхайр ӯро шоири мутасаввиф хонда, навиштаҳояшро ба ашъори ирфонӣ мансуб донистаанд.
… Зи лафзи Бӯсаиди Миҳна дидам,
Ки ӯ гуфтаст: Ман он ҷо расидам.
Бипурсидам зи ҳоли духтари Каъб,
Ки ориф гашта буд ӯ, орифе саъб.
Чунин гуфт ӯ, ки маълумам чунон шуд,
Ки он шеъре, ки бар лафзаш равон шуд.
Зи сӯзи ишқи маъшуқи маҷозӣ
Бинакшояд чунон шеъре ба бозӣ.
Надошт он шеър бо махлуқ коре,
Ки ӯро буд бо Ҳақ рӯзгоре.
Камоле буд дар маънӣ тамомаш,
Баҳона буд дар роҳ он ғуломаш …
Ҳамонгуна ки аён аст, Аттор ишқи ҷонгудози Робиаро ишқи маънавӣ, ишқ ба Ҳақ медонаду ишқи Бактошро дар роҳи расидан ба олами ирфон баҳонае беш намедонад.
Дар воқеъ ишқияҳои Робиаро шӯру ҳаяҷон, ҷазабаву лаззат ва завқу ҳолати маънавии хосест, ки чунин шавқу шӯри руҳонии ошиқонаро танҳо дар ғазалиёти шоирони ориф мушоҳида кардан мумкин асту бас. Ба маънии дигар, бо хондани ғазалҳои ошиқонаи Робиаи Балхӣ хонандаро шавқу ҳаяҷони ботинии маънавӣ фаро мегирад, ки ин ҳолат хосси ғазалҳои ирфонист. Ба гунаи намуна ғазали зерини Робиаро ба таҳлил мегирем:
Ишқи ӯ боз андар овардам ба банд,
Кӯшиши бисёр н-омад судманд.
Тавсанӣ кардам, надонистам ҳаме,
К-аз кашидан сахттар гардад каманд.
Ишқ дарёи каронанопадид,
Кай тавон кардан шино, эй ҳушманд.
Ишқро хоҳӣ, ки то поён барӣ,
Баски бипсандид бояд нописанд.
Зишт бояд диду ангорид хуб
Заҳр бояд хӯрду пиндорид қанд.
Дар аксари маъхазҳо байти «Тавсанӣ кардам…»-ро дар охири ғазал иброз кардаанд. Вале ба назари мо пас аз байти матлаъ овардани ин байт аз назари мазмуну мантиқ ва таносуби маъноӣ мувофиқтар ва саҳеҳ менамояд.
Ҳамин тавр, дар ҳар вожаи ин шеър Робиаи Балхӣ эҳсоси пуршӯри ишқи ҳақиқӣ ва самимонаи инсонро бо тамоми воқеияташ дилангезу хотирмон таҷассум кардааст. Ва аз сабаби он ки дар ин шеър сухан аз вежагиҳои хосси як шахси муайян ва хислату хусусияти шахси ошиқ-қаҳрамони ғиноии шеър дар он ба таври хоссе таҷассум наёфтааст, бинобар он дар тасаввури хонанда дар воқеъ ишқи ирфонӣ ва маҳбуби ҳақиқӣ муҷассам мегардад. Бино ба эътибори ин вежагии барҷаста аст, ки муҳаққиқи осору рӯзгори Робиаи Балхӣ Матлубаи Мирзоюнус низ дар ин ғазал мазмуни тасаввуфиро ба мушоҳида гирифтааст: «Дар ин ғазал ҳарфе аз маъшуқ нест ва наметавон ба яқин ҳадс зад, ки сухан аз ишқи ҳақиқӣ меравад ё ишқи маҷозӣ. Ҳатто агар Робиаро аз аҳли тасаввуф бишносем ва ин ғазалро аз ашъори сӯфиёнаи ӯ бипазирем, шояд иштибоҳ набошад, зеро аз сифатҳои маъшуқи заминӣ чизе пеши назар нест».
Дар ҳақиқат дар ин ғазали Робиаи Балхӣ сухан аз ишқ аст, ишқе, ки инсонро аз фарш ба арши аъло мебарад, ишқе, ки растан аз банди он имкон надорад, зеро бузургии он ба андозаи дарёест каронанопадид, ки ба тамомӣ шино кардану паймудани паҳнои он корест, ки аз инсони ҳушманду оқил барнамеояд. Ба андешаи духтари Каъб, касе дар ин дарёи паҳновари ишқ шино карда метавонад, ки маҷзубу шайдо ва мушкилписанд бошаду ҳар гуна намеписандидаҳоро биписандад ва зиштро зебову заҳрро қанд ангорад. Воқеан чунин шинохт ва маънидоди фалсафии ишқ ба раҳравону соликони роҳи ҳақ хос аст.
Дар дубайтиҳои ошиқонаи Робиаи Балхӣ низ тақрибан сухани ӯ оҳанги ишқи ирфониро ба хотир меорад. Як вежагии барҷастаи ишқияҳои Робиаи Балхӣ, хосса дар дубайтиҳояш, ки сухани ӯро ба сухани шоирони ориф ҳамсангу мушобеҳ ҷилва медиҳад, лоқайдӣ ва озодманишии ошиқона дар тарзи ифода аст.
Дигар аз мавзуи асосии ашъори Робиа- духтари Каъбро тавсифу ситоиши табиат ва ҳодисаву воқеоти он ташкил медиҳад. Ашъори дар васфи табиат сурудаи Робиа низ самимиву гӯшнавоз ва зебост.
Ғазалҳои маъруфи Робиаи Балхӣ, ки бо радифҳои «гирифт» ва «бод» иншо шудаанд, бегумон яке аз ҳунаритарин ашъори дар васфи табиат гуфташуда на танҳо дар эҷодиёти ӯ ба шумор меоянд, балки яке аз нахустин намунаҳои зебою комили ғазали истилоҳӣ дар сабки маъмули содабаёни ин давр-сабки хуросонӣ мебошанд, ки шириниҳои нотакрори забони порсии дариро ба намоиш гузоштаанд. На танҳо ширинӣ ва фасоҳати забонро дар худ таҷассум кардааст, балки инчунин бо талмеҳ намудани асари наққошии Монӣ ва саргузашту қиссаи шахсиятҳои маъруфу таърихии мардуми тоҷик табор ва қиссаҳои мазҳабӣ дороиҳои маънавию фарҳангӣ ва таърихии ниёгони саодатманди хешро пешорӯи мо ҷилвагар сохтааст, ки намоёнгари донишу ҷаҳонбинӣ ва гузашта аз ин ҳунари баланди шоирии ӯст. Ба маънии дигар, бо хондани ғазали зерини Робиаи Балхӣ на танҳо манзараҳои зебои баҳор ба намоиш гузошта мешаванд, инчунин зебоӣ ва дороиҳои маънавию фарҳангӣ ва таърихию ҷуғрофӣ, дар мисоли «Аржанг»-и Монӣ, «Мушки Тиббат», қиссаи «Лайлӣ ва Маҷнун», Тоҷи сари Кисрои Анӯшервон ва либоси роҳибон, ки ҳар яке аз манзараи табиат ба онҳо шабоҳат пайдо кардааст, бо зеботарин калимот таҷассуми бадеӣ меёбад, ки чунин ғазали зеборо аз шоири дигари ин аср ба нудрат метавон хонд.
Аз назари радифу қофия низ ин ғазали Робиа ҷолибу хушоҳанг ва ҳам дар адабиёти ин аср камёб аст:
Зи бас гул, ки дар боғ маъво гирифт,
Чаман ранги «Аржанг»-и Моно гирифт.
Сабо нофаи мушки Тиббат надошт,
Ҷаҳон бӯйи мушк аз чӣ маъно гирифт?!
Магар чашми Маҷнун ба абр андар аст,
Ки гул ранги рухсори Лайло гирифт.
Ҳаме монад андар ақиқин қадаҳ
Сиришке, ки дар лола маъво гирифт…
Робиаи Балхӣ ҳангоми тасвири ҷилваю ҷамоли зебою нотакрори табиат ногаҳон ба баёни гузароии умр ва даргурез будани зебоиҳои ҷаҳон меафтад. Бинобар он ӯ ба хонанда паём медиҳад, ки ба қадри зебоиҳои ҳаёт бирасаду аз он баҳра бардораду шод зияд ва дар ғами дунёгирӣ набошад:
Қадаҳ гир чандею дунё магир,
Ки бадбахт шуд, он, ки дунё гирифт,
Ин ғазал низ дар яке аз вазнҳои хушоҳанги шеърӣ-вазни мутақориби мусаммани мақсур, ки оҳанги мутантан ва дилнишину гӯшнавоз дорад, гуфта шудааст.
Ба эътибори хушоҳангӣ ва тасвири зебо доштанаш адабиётшинос Матлубаи Мирзоюнус ин ғазалро низ «аз лиҳози интихоби мавзуъ ва ифодаи бадеии он як навъ гимни баҳор» номидааст.
Ғазали дигари Робиаи Балхӣ, ки бо матлаъи зерин оғоз мегардад:
Фишонд аз савсану гул симу зар бод,
Зиҳӣ боде, ки раҳмат бод бар бод!
яке аз зеботарин ва хушоҳангтарин ғазали ӯст, ки дар бораи табиат ва чунон ки аз мазмуни он бармеояд, дар бораи вежагиҳои фасли баҳор гуфта шудааст. Ба воситаи санъатҳои тавсифу талмеҳ аз ҳодисаву воқеаҳои табиати афсункор, хосса, аз вежагиҳои «бод» ёд мекунад, ки он сабаби тағйиру такомул ва дигаргунии ҷаҳони гирдгардон низ мегардад.
Маънии зоҳирии ин ғазал дар бораи ҳодисаҳо ва ашёи маъмули табиат, ба монанди боду обу абру борон ва хусусиятҳои дигаргунсозандаи онҳо, ки ороишгари фаслҳои соланд, ҳикоят намояд ҳам, аммо мазмуни аслии он ба назари мо як навъ андешаҳои фалсафии Робиаро дар мисоли муъҷизакориҳои табиат ва хосса эъҷози «бод», ки боиси шукуфтани савсану гул, ҷилвагарии зебоиҳои арӯси боғ ва шаҷар мегардад, ифода мекунад.
Ва ниҳоят ҳамин «бод» аст, ки сабабгори хазонӣ ва нобудии зебоиҳои олам мешавад ва табиати атроф, замину замонро дар ҳоли тағйиру такомул қарор медиҳад. Тамоми ин мазмунро пас аз тавсифи обу абру боду борон ва талмеҳи Озару Монӣ, Одаму Исо ва баёни вежагиҳо ва эъҷозу карами «бод» ба таври бадеӣ дар байти мақтаъ чунин ҷамьбаст кардааст:
Аҷаб чун субҳ хуштар мебарад хоб,
Чаро афганд гулро дар саҳар бод?
Маънии зоҳирии ин байт он аст, ки субҳ инсон банди хоби ширин буда, бехабар аз он аст, ки дасти яғмогари «бод» ба умри гул хотима мебахшад, онро аз по меафтонад.
Маънии аслию таҳтонии байт ба назари мо он аст, ки шоир дар мисоли боди саҳарию хоби ширини субҳгоҳӣ ва аз по афтидани гул ҷавонии инсон ва бодсон тезгузару даргузар будани умри ӯро тасвир кардааст. Дар таносуби маъноии ҷавонии инсону гул ва умру бод Робиаи Балхӣ воқеан камоли ҳунарӣ нишон додааст. Ин ғазали Робиаи Балхӣ чун ғазали қаблан мавриди баррасӣ қароргирифтаи ӯ ҳам аз назари орояҳои адабӣ-вазну қофияву радиф ва истифодаи саноеи бадеӣ ва ҳам аз назари таносуби лафзу маънӣ яке аз зеботарин шеъри замони ӯ буда, чун намунаи дилангези дороиҳо ва шириниҳои дурри дарӣ ё ба истилоҳ қанди порсист, ки аз ошӯбу газанди рӯзгорон чун мероси гаронбаҳо то рӯзгорони мо расидааст. Ва ин ғазалҳо шоири тасвирсози ҷилваҳои нотакрори табиат будани Робиаи Балхиро низ собит менамоянд.




