Перейти к основному содержанию

Имрӯз, 9 апрел бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии идона бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.

Дар чорабинӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Каримзода Мирзоқосим, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Шоҳиён Абдураҳим, масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ва дигар кормандону собиқадорони ҳизб иштирок намуданд.

Зимни чорабинӣ меҳмонон аз хони наврӯзии Кумита ва ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дидан намуда, бо намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва расму ойинҳои аҷдодии тоҷикон шинос гардиданд.

Дар ин чорабинии идона масъулини Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ бо оростани хони наврӯзӣ фаъолона иштирок намуда, суннату анъанаҳои миллиро ба таври шоиста муаррифӣ карданд. Хони оросташуда бо таомҳои миллӣ, шириниҳо ва рамзҳои хоси Наврӯз зебу зинат дода шуда, таваҷҷуҳи меҳмононро ба худ ҷалб намуд.