Артиши миллии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба неруи қудратманд табдил ёфта, ҳифзи боэътимоди марзу буми давлат ва таъмини амнияти шаҳрвандонро таъмин менамояд”
Эмомали Раҳмон
Бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврали соли 1993 ташкил карда шуд. Худи ҳамон сол дар шаҳри Душанбе паради ҳарби баргузор гардид ва ин сана аз ҳамон руз шуруъ карда рузи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Мо дар арафаи як ҷашни бошукуҳи миллӣ қарор дорем, ки мавқеи Тоҷикистон ҳимояи марзу буми Ватани маҳбубамон, махсус аз он афсарону сарбозоне, ки хизматҳои арзанда ва шоиста кардаанд ифтихор дорем.
Қобили зикр аст, ки бедорхобию заҳмату талошҳои онҳо ҳомии марзу буми мо ҳастаанд. Хидматҳои онҳо барои ҳифзи Ватандорӣ беназир аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Мустаҳкам намудани сарҳадот ва таъмини амнияти миллӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои қудратӣ як қатор сохторҳо ташкил карда шудааст, аз ҷумла: Тарбиятгирандагони литсеӣ ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумуҳурии Тоҷикистон, Афсарону сарбозони гвардияи миллӣ, сарбоззанон (бонувон), Афсарону сарбозони қисмҳои низомии қушунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Афсарону сарбозони қувваҳои ҳарби ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилии ва донишҷуёни муассисаи давлатии таълими колеҷи милитсия, Вазорати корҳои дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохили ВКД, Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД, Ҳайати афсарону сарбозони бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ Вазорати адлия, Афсарони мақомоти махсуси назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва дигар таъиноти махсус ба роҳ монда шудааст.
Тавре, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд: “Адои хизмат дар сафи Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат, худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад”.
Артиши миллии кишвар таҳти роҳнамоиву ҳидоят ва дастгирии муҳтарам Пешвои муаззами миллат, дар татбиқи сиёсати сулҳҷӯёнаи Сарфармондеҳи олии худ, пос доштани рисолати ҳомии Ватан, таъмини сулҳу субот, ҳифзи мулки аҷдодӣ ва шарафу номуси миллати тоҷик, доимо омода хоҳад буд. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлоли давлатӣ буда, бо таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрузҳо артиши миллат ба як ниҳоди тавоно ва сипари бо эътимоди Ватан табдил ёфтааст. Ҳифзи сулҳу субот осоиштагии мардум истиқлоли давлатӣ, арҷгузори ба арзишҳои миллӣ ва ҷонфидо будан дар роҳи Ватан вазифаи муқаддаси ҳар яки мо ба ҳисоб рафта, ба хусус ҷавонони даврони соҳибистиқлол вазифаи пуршараф ва масъулияти бузургеро дар назди модар Ватан ба уҳда доранд. Имрузҳо бо дасгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қисмҳои низомиии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар шароити хуби будубоши афсарону сарбозон муҳаё мебошад.
Дар ҳақиқат ҳам ҳифзи Ватану амнияти халқ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахси солимфикр ба ҳисоб меравад. Барои ҳамин ҳар сол ҷавонони Тоҷикистон бо азму иродаи хеш барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ихтиёран ва содиқона дар сафҳои артиш хизмати Модар-Ватанро ба ҷо меоранд ва хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан барои ҳар як ҷавон вазифаи аввалиндараҷа мебошад. Орзумандам, ки бо қадами мубораки 35-солагии Истиқлолияти кишвар роҳи пуршарафи ватансозону меҳанпарастони Тоҷикистони азиз, ҳар як фарди бонангу номус ва худшиносу худогоҳ равшантар гашта, рӯзгори халқи шарафманди диёр ҳамеша сарсабзу гулафшон боқӣ бимонад. Артиши Миллӣ дар хар давру замон чун кафолати рӯзгори осоишта ва зиндагии пурфароғати ҳар шаҳрванд аст. Бигзор Артиши Миллии мо низ ҳамеша чун рамзи саодатмандӣ ва қудратнокии мардуми шарифи Ватани азизамон боқӣ монад!
Махмедов Муҳаммадҷон. Ходими хурди илмии шуъбаи Аврупои
Институти Омузиши масъалаҳои Давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ








