Рӯзи 23-юми феврал дар таърихи давлатдории навини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санаи бисёр муҳим ва сарнавиштсоз — Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз пояҳои артиши миллӣ гузошта шуда, як ниҳоди муҳими давлатӣ ба вуҷуд омад, ки имрӯз ҳамчун сипари боэътимоди истиқлолият, тамомияти арзӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти миллӣ хизмат менамояд.
Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ, дар солҳои аввали истиқлолият, вақте ки хатарҳои ҷиддӣ ба давлатдории миллӣ таҳдид мекарданд, бо ташаббус, ҷасорат ва иродаи қавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт ва маҳз роҳбарии хирадмандонаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ имкон фароҳам овард, ки артиши миллӣ аз як сохтори навтаъсис ба як неруи касбӣ, муназзам ва боэътимод табдил ёбад.
Нақши Президенти маҳбуби мо , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёд, таҳким ва рушди Қувваҳои Мусаллаҳ бениҳоят бузург ва таърихист, зеро Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ ба давлат масъалаи таъмини амнияти миллӣ ва ташкили артиши қавии миллиро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, барои таъсиси пояи ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва моддиву техникии он тамоми имкониятҳоро сафарбар намуданд.
Бо таваҷҷӯҳи доимии Пешвои муаззами миллат имрӯз артиши миллӣ ба марҳилаи сифатан нав ворид гардида, ҷузъу томҳои он бо техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ таъмин шуда, шароити хизмат барои афсарону сарбозон пайваста беҳтар мегардад, сатҳи омодагии ҷангӣ боло рафта, ҳамзамон тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ҳамчун омили муҳими таҳкими пояҳои давлатдорӣ тақвият меёбад.
Артиши миллӣ на танҳо қувваи ҳифзи марзу буми кишвар, балки мактаби бузурги ҷасорат, матонат, худшиносии миллӣ ва садоқат ба Ватан маҳсуб ёфта, хизмат дар сафи он мояи ифтихори ҳар як ҷавонмарди бонангу номус гардидааст, зеро ин хизмат рисолати муқаддас ҳифзи сулҳ, оромӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистонро ифода мекунад.
Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати сулҳҷӯёна ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат бо дигар ниҳодҳои қудратӣ ҳамкории судманд дошта, барои пешгирии таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои фаромиллӣ, омода ва ҳушёранд, ки ин худ далели болоравии иқтидори мудофиавии кишвар мебошад.
Ба ин тартиб, таҷлили Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо арҷгузорӣ ба далериву фидокории хизматчиёни ҳарбӣ, балки гиромидошти сиёсати оқилона ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки бо заҳмати пайгирона ва муҳаббати самимӣ ба Ватан артиши миллиро ба як ниҳоди пуриқтидор ва боэътимоди давлат табдил додаанд.
Артиши миллӣ имрӯз ва фардо ҳамеша ҳамчун кафили сулҳу субот, истиқлолияти давлатӣ ва рамзи давлатдории устувори Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд.
Дар фарҷоми ин суханони самимӣ, бо эҳтироми амиқ ва ифтихори бузурги ватандориву ватанпарастӣ ҳамаи хизматчиёни шуҷоъу далери Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, афсарону сарбозон, собиқадорони соҳаи ҳарбӣ ва муҳофизони марзу буми Ватанро ба муносибати 23-юми феврал — Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, барояшон саломатии бардавом, иродаи қавӣ, руҳи шикастнопазир, хизмати содиқона ба Ватан-Модар ва комёбиҳои нав ба навро таманно менамоям, зеро маҳз бо заҳмату ҷасорат ва садоқати онҳо сулҳу субот, оромию осоиштагӣ ва ояндаи дурахшони давлати соҳибистиқлоли мо таъмин мегардад.
Бигзор, Артиши миллии Тоҷикистон ҳамеша пуриқтидор, поянда ва боэътимод боқӣ монда, зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парчами сулҳ, ваҳдат ва амнияти миллиро баланд нигоҳ дорад.
СУЛТОНОВ ҶАСУРБЕК ДАВЛАТБОЕВИЧ - магистранти соли 2- юми ихтисоси идоракунии давлатии
Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








