Перейти к основному содержанию

«Тоҷикистон дорои сарватҳои табиии нотакрор мебошад, ки бояд самаранок ва бо назардошти манфиатҳои наслҳои оянда истифода шаванд».

Эмомалӣ Раҳмон

212Тоҷикистон кишвари кӯҳист. Аз ин рӯ, дар қаъри кӯҳҳои хамӯши мо захираҳои зиёди сарватҳои табиӣ маҳфузанд. То ба имрӯз тавассути заҳматҳои геологони тоҷик захираҳои бештари ин сарватҳо ошкор карда шудаанд.

Соҳаи геология имрӯз яке аз соҳаҳои калидии иқтисоди кишвар маҳсуб меёбад. Ин нуктаро Пешвои муаззами миллат, Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама баромаду Паёмҳои солонаи худ махсус қайд мекунанд. Хоса, дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси афзун намудани истеҳоли як қатор маъданҳо нуктаи назари худро ба таври возеҳ арзёбӣ карданд. Аз ҷумла таъкид карданд, ки “...агар соли 1991 дар соҳаи маъдан танҳо 3 номгӯйи маҳсулот тилло, нуқра ва хокаи сурб) истеҳсол гардида бошад, пас соли 2025 ба 17 номгӯй расонда шудааст. Бояд гуфт, ки ҳоло истеҳсоли тилло назар ба соли 1991-ум 7 баробар, нуқра 6 баробар ва хокаи сурб 9 баробар зиёд гардидааст, - зикр карданд Сарвари давлат..

Воқеан, Стратегияи чаҳоруми давлатӣ - ин саноатикунонии босуръати мамлакат ҳисобида шудааст. Дар Паёми худ Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки “Дар самти саноатикунонии босуръати кишвар чораҳои андешидашуда имкон доданд, ки дар ҳафт соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа дуюним баробар афзоиш ёфта, соли 2025 ба 66 миллиард сомонӣ расонида шавад”.

Инчунин дар Паём омадааст, ки “Суръати рушди соҳаи саноат дар соли 2025-ум 22 фоизро ташкил дод. Дар идомаи ин раванд Вазорати саноат ва технологияҳои нав, бо истифода аз тамоми тавоноию имкониятҳо, рушди воқеии солонаи соҳаро дар давоми панҷ соли минбаъда бояд дар сатҳи на кам аз 25 фоиз таъмин намояд. Дар ин росто, бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ барои ҷиҳати таъсис додани корхонаҳои нав барои коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, хусусан маъдан, металлҳои ранга ва нодиру қиматбаҳо...зиёд карда шавад”.

Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ зикр карданд, ки “Ҳукумати мамлакат Барномаи нави саноатикунонии босуръати кишварро барои солҳои 2026-2030 ва Барномаи рушди истеҳсолу ғанигардонии металлҳои ранга, нодиру қиматбаҳо ва дигар ашёи хоми муҳимро қабул ва амалӣ гардонад. Дар баробари ин, барои таъмин намудани истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои зеризаминӣ, тақвияти назорати давлатӣ, мусоидат ба рушди устувори соҳаи истихроҷ ва геологияи кишвар чораҳои иловагиро татбиқ намояд”.

Дар партави гуфтаҳои Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ходимони илмии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (директораш н.и.г.-м. Сафарализода Н.С.) тамоми саъюу талошҳо ва тавони худро ба он равона мекунанд, ки дар омӯзишу ошкор кардани падидаҳои маъданӣ ва конҳои металлҳои нодир ва дигар сарватҳои сарзамини азизамон саҳми беандоза калон гузоранд. Кормандони озмоишгоҳи петрология ва геокимиёи Институт тайи чанд соли охир дар ҳамкори бо Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Экспедитсияи геологӣ-иктишофии сангҳои қиматбаҳо ва ороиши” -и Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (роҳбараш н.и.г.-м. Абдуллозода Ф.А.) дар омӯзиши падидаҳои маъданҳои металлҳои нодир дар мавзеҳои гуногуни кишвар (қаторкӯҳҳои Туркистону Олой ва Помири шарқӣ) корҳои саҳроӣ-экспедитсионӣ гузаронида истодаанд. Дар натиҷаи баргузории чунин экспедитсияҳо аз ҷониби ходимони илмии озмоишгоҳ чанд танаи пегматитиву карбонатитӣ ошкор карда шуд, ки дорои захираҳои бойи танталу ниобий, стронсийу барий, литийу бериллий, иттрийу скандий ва диг. ҳастанд. Дар майдони маъдании Назарайлоқ мавзеҳои Дараи Пиёзу Ёсуман бештар мавриди пажуҳишу омӯзиш қарор дода шуданд, ки аз лиҳози дороии чунин металлҳо ояндадоранд. Дар воқеъ, имрӯзҳо ходимони илмии озмоишгоҳи петрология ва геокимиёи Институт дар доираи лоиҳаи илмии озмоишгоҳ барои солҳои 2026-2030 “Таркиби моддӣ ва маъдандории комплексҳои ишқорӣ-магмавии Тиёншон ва Помир” фаъолияти илмии худро пеш бурда истодаанд. Дар назар аст, ки дар ҷамъбастии лоиҳаи мазкур боз чанд падиҳои карбонатитиву пегматитӣ омӯхта ва ошкор карда мешаванд.

Сарвари давлат Вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нав, Саридораи геология ва Кумитаи андоз якҷо бо дигар вазорату идораҳоро вазифадор карданд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзими фаъолият дар соҳаҳои ёдоваршударо таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод созанд. Дар санадҳои таҳияшаванда, - зикр карданд, Президенти кишвар, ки масъалаҳои вобаста ба фарогирии пурраи оморӣ, содагардонии расмиёти давлатӣ, аз ҷумла иҷозатномадиҳӣ, такмили тартиби андозбандии захираҳои табиӣ ва ҳалли мушкилоти дигар бояд равшан инъикос карда шаванд

Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам ба соҳаи геологияи кишвар таваҷҷуҳи беандоза зиёд зоҳир менамоянд. Ибтидо аз соли 2011 бо фармони махсуси худ Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди оне, ки геологон якшанбеи аввали моҳи апрел ҳамасола Иди касбии хешро ҷашн мекарданд, 9-уми декабрро ҳамчун Рӯзи геологони тоҷик эълон карданд. Ва дар ин мавсим низ ҷашн гирифтани Рӯзи геологон беҳуда нест. Зеро, маҳз ин мавсими сол хотимаёбии корҳои саҳроиву экспедитсионӣ барои геологон аст, ки эшон иҷроиши корҳои саҳроӣ, дастовардҳову комёбиҳо ва навгониҳои худро ҷамъбаст менамоянд. Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти фаъолияти пурсамари геологон таъкид низ карданд, ки бигзор геологон дар як сол ду рӯз Ид дошта бошанд.

Аз ин иқдому дастгирии бевоситаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон геологони тоҷик илҳому неруи нав гирифта, кӯшишу заҳмат мекашанд, ки дар ошкор ва дарёфти конҳои нав ба нави сарватҳои табиии сарзамин пурмаҳсул ва содиқона заҳмат кашанд.

Дар ин самт кормандони илмии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ дар партави иқдому дастгириҳои Сарвари давлатамон тамоми малакаву дониш ва кӯшишу ғайрати худро ба он равона мекунанд, ки дар пешбурди соҳаи геология ва ғанӣ сохтани иқтисоди кишвар саҳми беандозаи худро гузоранд. Ва ба ин васила, дар соҳибистиқлолии комили соҳаи геологияи тоҷик ва иқтисоди кишвар саҳмгузор гарданд.

Ғафуров Ф.Г.-мудири озмоишгоҳи петрология ва геокимиёи

ИГСЗТС АМИТ, доктори илмҳои геология ва минералогия