Перейти к основному содержанию

(Дар ҳошияи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисион муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон барои анҷоми сафари расмӣ ва иштирок дар Ҳамоиши Муколамаи «Осиёи Марказӣ - Ҷопон»,19-20 декабри 2025)

Дар шароити муосири муносибатҳои байналмилалӣ муколамаҳо ва механизмҳои ҳамкории бисёрҷониба аҳамияти рӯзафзун касб менамоянд. Яке аз чунин механизмҳо муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон (C5+1)” мебошад, ки аз соли 2004 ҳамчун платформаи ҳамкории минтақавӣ байни Ҷопон ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ — ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон фаъолият мекунад. Ҷопон аввалин кишваре ба шумор меравад, ки ба давлатҳои Осиёи Марказӣ муколамаи “C5+”-ро пешниҳод намуд ва имрӯз чунин “муколамаҳо” дар миёни дигар шарикони минтақавиву байналмилалӣ хеле маъмул гардидааст. Ҳадафи асосии муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон (C5+1)” — таъсиси як майдони устувор барои баррасии масъалаҳои ҳамкории мутақобила ва таҳкими суботи минтақавӣ мебошад.

Дар солҳои қаблӣ муколамаи болозикр асосан дар шакли мулоқоту вохӯриҳои сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ баргузор гардид. Мулоқоти аввалин дар августи соли 2004 дар шаҳри Астана доир гардид. Дар солҳои минбаъда вохӯриҳо дар ин сатҳ ба таври мунтазам баргузор нагардида (то ба имрӯз ҳамагӣ 9 вохӯрӣ баргузор шудааст) асосан ба ҳамоҳангсозии нақшаҳои татбиқи ҳамкориҳо равона буданд. Ҳоло бошад, рӯзҳои 19–20 декабри соли равон бори аввал дар шаҳри Токио Ҳамоиши сарони давлатҳо дар доираи муколамаи “Осиёи Марказӣ – Ҷопон” дар сатҳи олӣ баргузор мегардад.

Муносибатҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон дар заминаи эҳтироми мутақобила ва манфиатҳои муштарак рушд меёбанд. Дар доираи ин муколама Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон муносибатҳои худро дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба густариш медиҳанд. Муколамаи C5+1 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад, ки дар муҳокимаи масъалаҳои муҳими минтақавӣ, аз ҷумла амният, рушди устувор ва ҳамгироии иқтисодӣ, фаъолона иштирок намояд. Мулоқотҳои мунтазами вазирони корҳои хориҷӣ ва коршиносон заминаи устувор барои муколамаи сиёсӣ фароҳам меоранд.

Яке аз самтҳои калидии ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон кӯмаки иқтисодӣ ва техникӣ мебошад. Ҷопон ба Тоҷикистон садҳо миллион доллари ИМА кӯмаки бебозгашт ва техникӣ расонидааст. Ин кӯмак пеш аз ҳама ба рушди инфрасохтор, аз ҷумла сохтмон ва таҷдиди роҳҳо, беҳтар намудани низоми таъминоти об, логистика ва идоракунии ҳолатҳои фавқулода равона гардидааст. Дар доираи формати C5+1, ин лоиҳаҳо хусусияти минтақавӣ касб намуда, ба таҳкими пайвастагии кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат мекунанд.

Ҷанбаи муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон рушди сармояи инсонӣ мебошад. Барномаи стипендиявии JDS (Japanese Development Scholarship) ба омода намудани мутахассисони баландихтисос барои мақомоти давлатӣ ва соҳаҳои калидии иқтисоди миллӣ равона шудааст. Хатмкардагони ин барнома дар раванди ислоҳоти давлатӣ ва ворид намудани таҷрибаҳои пешқадами идоракунӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Бо дарназардошти иқтидори бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, ҳамкории ду кишвар дар соҳаи энергетика, махсусан энергияи “сабз” аҳамияти стратегӣ дорад. Ҷопон таҷриба ва технологияҳои пешрафта дар самти истифодаи устувори захираҳои табиӣ, коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист пешниҳод менамояд. Чунин ҳамкорӣ ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувор дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ мусоидат мекунад.

Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” барои Тоҷикистон на танҳо платформаи муколама бо Ҷопон, балки абзори ҳамоҳангсозии сиёсати минтақавӣ мебошад. Ин формат ба ташаккули лоиҳаҳои муштарак, табодули таҷриба ва таҳкими эътимод байни кишварҳои минтақа мусоидат менамояд. Илова бар ин, C5+1 ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки манфиатҳои худро дар доираи як сиёсати мутавозини хориҷӣ пеш барад.

Дар оянда ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар доираи C5+1 метавонад дар чанд самти асосӣ густариш ёбад. Тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, рақамисозии иқтисод ва идоракунии давлатӣ, инчунин тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф ва илм аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ба шумор мераванд. Гузашта аз ин, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи энергияи барқароршаванда метавонад ба рушди устувори Тоҷикистон мусоидати назаррас намояд.

Ҳамин тариқ, ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар доираи муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон (C5+1)” дорои хусусияти пайваста рушдёбанда мебошад. Дар шароити тағйирёбандаи низоми муносибатҳои байналмилалӣ, муколамаи “C5+1” ҳамчун механизми муассири ҳамкории бисёрҷониба барои Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ хоҳад дошт.

Салимов Акбар - ходими калони илмии шуъбаи ИДМ-и

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Сарчашмаҳои истифодашуда:

1. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷопон. – Душанбе, сомонаи расмӣ.

2. Japan International Cooperation Agency (JICA). JICA Activities in Tajikistan. – Tokyo, Annual Reports.

3. https://www.gazeta.uz/ru/2025/12/17/ca-japan/ . Санаи муроҷиат: 18.12.2025.