Перейти к основному содержанию

(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз таърихи 16 декабри соли 2025)

234Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ Паёмҳое ироа мегардад, ки ҳамаи ҷанбаҳои рушди давлатиро дар бар мегиранд. Дар шароити ҷаҳони муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ, рақобати шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва таҳдидҳои нави иҷтимоӣ ба сарнавишти давлатҳо таъсири амиқ мерасонанд, масъалаи ҷавонон ба яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатии аксари кшварҳо табдил ёфтааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо дарки амиқи аҳамияти стратегӣ доштани насли ҷавон сиёсати давлатии кор бо ҷавононро ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири сиёсати иҷтимоии худ муайян намуда, онро дар меҳвари барномаҳо, стратегияҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ қарор додааст. Ин мавқеъгирии сиёсӣ дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба таври равшан ифода гардида, бар нақши ҷавонон, ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа, ба таври мунтазам таъкид мешавад. Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатии кор бо ҷавонон на танҳо ҳамчун як самти иҷтимоӣ, балки ҳамчун омили муҳими таҳкими давлатдорӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва суботи ҷомеа арзёбӣ мегардад.

Дар паёми имсолаи Президенти кишвар таъкид гардид, ки ҷавонон бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии худ заминаи воқеии пойдории истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиро фароҳам меоранд. Аз ин ҷост, ки давлат барои самаранок амалӣ гардидани сиёсати ҷавонон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, муҳити мусоиди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодиро барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо фароҳам месозад.

Ҷавонон дар Паёми Президент ҳамчун қувваи созанда ва фаъоли ҷомеа муаррифӣ мешаванд, ки имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва илмӣ-маърифатии кишвар саҳми назаррас доранд.

Дар ҳақиқатан, таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳае нест, ки ҷавонон дар он бо ташаббус, масъулиятшиносӣ ва фаъолияти пурсамар иштирок надошта бошанд. Дар тамоми бахшҳои ҳаёти ҷомеа, аз идоракунии давлатӣ то соҳибкорӣ, аз илм ва маориф то фарҳанг ва варзиш, ҷавонон ҳамчун неруи эҷодкор ва пешбаранда ҳузури фаъол доранд.

Муҳтавои Паёми Президент бозгӯйи он аст, ки сиёсати давлатии кор бо ҷавонон танҳо ба ҳалли масъалаҳои ҷорӣ маҳдуд гардида, балки ба оянда нигаронида шудааст. Давлат ҷавононро ҳамчун наслҳои ояндасози миллат ва Ватан мешиносад ва маҳз бо ҳамин дидгоҳ масъалаҳои таълим, тарбия, шуғл, ҳифзи иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагии онҳоро дар авлавият қарор медиҳад. Ин сиёсати дурандешона ба он равона шудааст, ки ҷавонон на танҳо истеъмолкунанда балки инчунин ҳамчун офарандаи неъматҳои иҷтимоӣ, амал намуда иштирокчии фаъоли раванди рушди миллӣ бошанд.

Яке аз ҷанбаҳои муҳими сиёсати давлат роҷеъ ба ҷавонон, ки дар Паёми Президент инъикос ёфтааст, таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи ватандӯстӣ мебошад. Дар шароити таҳдидҳои идеологӣ ва фарҳангии ҷаҳони муосир, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, таърих, фарҳанг ва забони давлатӣ аҳаммияти махсус пайдо мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ишора ба ҳисси баланди миллӣ ва ватанпарастии ҷавонон ин нуктаро таъкид менамоянд, ки маҳз ҳамин сифатҳо метавонанд ҷавононро аз таъсири андешаҳои бегона эмин нигоҳ доранд ва онҳоро ба нерӯи устувори ҳифзи манфиатҳои миллӣ табдил диҳанд. Сиёсати давлатии кор бо ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ мебошад. Қабули қонунҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ дар самти ҷавонон, таъсиси ниҳодҳои махсуси кор бо ҷавонон ва ҷалби васеи онҳо ба идоракунии давлатӣ далели он аст, ки давлат ин қишри ҷомеаро ҳамчун шарики воқеии худ мешиносад. Паёми Президент ин равандро тақвият бахшида, самтҳои афзалиятноки рушди сиёсати ҷавононро барои солҳои минбаъда муайян месозад.

Аз дидгоҳи илмӣ, сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон намунаи сиёсати иҷтимоии фаъоле маҳсуб меёбад, ки ба рушди сармояи инсонӣ нигаронида шудааст. Ҷавонон ҳамчун сармояи стратегӣ баррасӣ гардида, сармоягузорӣ ба таҳсил, малака, саломатӣ ва фаъолиятҳои иҷтимоии онҳо ҳамчун омили асосии рушди устувори давлат арзёбӣ мешавад. Ин равиш бо назарияҳои муосири рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мутобиқ буда, нишон медиҳад, ки сиёсати давлатии Тоҷикистон дар самти ҷавонон дорои асоси илмӣ ва амалӣ мебошад.

Дар Паёми Президент ҳамчунин ба масъалаи фароҳам овардани шароити беҳтари таҳсил ва кору фаъолияти ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ин масъалаҳо на танҳо аҳаммияти иҷтимоӣ доранд, балки мустақиман ба рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва сатҳи рушди кишвар таъсир мерасонанд. Ҷавонони соҳибмаърифат, касбомӯз ва дорои тафаккури навоварона метавонанд иқтисоди миллиро ба сатҳи нав бароранд ва Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣба таври сазовор муаррифӣ намоянд.

Бо назардошти гуфтаҳои боло метавон хулоса кард, ки сиёсати давлатии кор бо ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавре ки дар Паёми Президенти кишвар инъикос ёфтааст, як сиёсати фарогир, илман асоснок ва ояндабин мебошад. Ин сиёсати давлатӣ ҷавононро ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа эътироф намуда, барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо шароити мусоид фароҳам меорад. Боварии Президент ба ҷавонони бонангу номуси даврони истиқлол нишонаи он аст, ки давлат ояндаи худро бо ин насл мепайвандад.

Дар натиҷа, сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари Паёми Президент на танҳо як бахши сиёсати иҷтимоӣ, балки стратегияи муҳими рушди миллӣ ба шумор меравад. Татбиқи самараноки ин сиёсат метавонад заминаи устувори пешрафти иқтисодӣ, таҳкими давлатдорӣ ва ободии Ватани соҳибистиқлоламонро таъмин намояд. Ҷавонони имрӯза, ки бо дастгирии давлат дорои имкониятҳои васе барои рушд мебошанд, метавонанд дар оянда масъулияти таърихии худро дар назди миллат ва давлат бо сарбаландӣ иҷро намоянд.

Юсуфзода Шодоб Хӯҷамқул - Ходими илмии шӯъбаи сиёсатшиносии

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ