Перейти к основному содержанию

Паёми Пешво – барномаи нав,

Сароғози саодатномаи нав.

Паёми Пешво – пайки рисолат,

Ба ҷисми бахти миллат ҷомаи нав!

Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми Тоҷикистон сирфан натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи соҳаҳои гуногуни мамлакат ва хулосабарорӣ аз бурду бохтҳои яксолаи кишвар дар арсаи сиёсат, иқтисод, кишоварзӣ, саноат, энергетика, мактабу маориф ва илму фарҳанг набуда, балки он дурнамои рушди кишвар ва ояндабинию оянданигарӣ барои даҳсолаҳои минбаъдаро низ фаро мегирад. Аз ин ҷиҳат, ба қавли мутахассисон Паём як санади муҳиму сарнавиштсози миллӣ ба ҳисоб рафта, аз матни он метавон чандин барномаи мушаххас барои равнақи соҳаҳои гуногуни сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ таҳия ва пешниҳод кард.

Хушбахтона, тибқи омору арқоме, ки аз рушди соҳаҳои бунёдии мамлакат дар Паёми имсола ироа гардид метавон хулоса кард, ки вазъияти иҷтимоию иқтисодӣ кишвар дар ҳолати хуб қарор дошта, кишвар бо ҳидояту тавсеаҳои Пешвои миллат дар масири рушду шукуфоӣ қарор гирифтааст. Оморҳои пешниҳодшуда дар бораи рушди иқтисодии кишвар, содироту воридон, қурби пули миллӣ, даромадҳои молӣ ва андоз, шароити иҷтимоии мардум, паст шудани сатҳи камбизоатӣ, раванди саноатикунонии мамлакат гувоҳи гуфтаҳои боло аст. Аммо таҳлилу арзёбии ҳамаи соҳаҳо дар як матлаб ғайримумкин аст. Бино бар ин, барои зиёиёни кишвар нуктаҳои муҳим таваҷҷуҳотест, ки дар Паём ба соҳаи илму маориф ва фарҳанг дода шудааст. Нуктаҳое, ки дар ин бахш ироа гардид фаротар аз як гузориши оморӣ буда, дар он ба масъалаҳое дахл карда шуд, ки барои даҳсолаҳо метавон аз онҳо дар шакли барнома ва тавсеа истифода кард. Масъалаҳои илму маориф ва фарҳанги миллӣ, мавзуҳои рӯзмарра набуда, балки саргузашту сарнавишти як миллатро фарогир мешаванд. Аз ин рӯ, аз Паёми имсола метавон даҳҳо мавзуъ ва масъалаи нав кашфу дарёфт кард:

Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба бахши илму маориф ва фарҳанги миллӣ собиқаи дерина дошта, дар авлавияти сиёсати давлатии ӯ қарор гирифтааст. Чунон чи раҳбари давлат дар Паёми ҷадиди хеш ба дурустӣ ишора карду гуфт: “Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям.

Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад.

Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам”.

Бидуни шак, ду пешниҳоди муҳимму таърихӣ: таъсиси Конуни тамаддуни Ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе бо ҳадафи таъмини ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлати миллӣ дар назар гирифта шудааст. Ин раванд аз солҳои аввали ба сари қудрат омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида, бо мурури замон ба як механизми мураттабу муназзам дар ҳоли табдил шудан аст. Гиромидошти ниёкони бузурги миллати тоҷик ва сипас чопу тақсими ройгони китоби “Тоҷикон”-Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ низ дар ҳамин росто сурат гирифтааст.

Пешвои миллат ҳангоми ироаи Паём ҳадаф ва мафҳуми ин иқдомоти созандаи хешро ба таври равшан чунин тавзеҳ доданд: “Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд.

Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем.

Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд”.

Тамоми иқдомоти Пешвои миллат ба хотири эҳёи арзишҳои аздастрафта, тақвияти ҳувияти миллӣ ва таҳкими худшиносию худогоҳии ҷамъӣ равона шудааст, зеро бақои давлатдории миллии мо дар оянда ба ҳамин унсурҳо вобастагӣ дорад. Дар ҷаҳони имрӯза, ки ҷаҳонишавӣ марзҳоро аз байн мебарад ва фазои иттилоотию фарҳангии ягона эҷод мекунад, масъалаи ҳифзи ҳувияти миллӣ рӯз аз рӯз бештар матраҳ мегардад. Густариши равобит байни мардум, пешравии фанноварӣ, дастрасии бозорҳои ҷаҳонӣ, инчунин афзоиши ҷараёни муҳоҷират, дарки мутақобил ва мубодилаи идеяҳоро тақвият ва дар баробари ин хатари аз даст додани асолат, ҳувият, решаҳои фарҳангӣ ва сарчашмаҳои маънавиро низ ба миён меорад. Маҳз аз ин сабаб ҳувияти миллӣ ба унвони унсури асосии рушди иҷтимоӣ ва омили муайянкунандаи пойдории давлату муттаҳидии миллат шинохта мешавад. Ҳақ ба ҷониби адабиётшинос ва шоҳномапжуҳи афғонистонӣ доктор Яъқуби Ясно аст, ки дар мавриди хадамоти Пешвои миллати тоҷик дар асри навин менависад: “Пас аз расидани Тоҷикистон ба истиқлолу шаклгирии давлати миллии тоҷикон, дар ҳақиқат, арзишҳои миллию фарҳангӣ ва забони замони Сомониён аз нав эҳё шуд. Пайкараи бошукуҳи Исмоили Сомонӣ дили Душанберо шукуфо намуд ва ба номи Сомонӣ пул сикка зада шуд.

Хушбахтона, дар поёни асри ХХ роҳбарии давлати миллии тоҷиконро шахсияти бузурге бар уҳда гирифт. Ин марди наҷибзода тадбири фавқулода олӣ дораду фарҳангу ҳамосаи тоҷикону ориёиҳоро монанди шоҳони сомонӣ дӯст ва пос медорад. Ин шахсияти миллӣ Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд. Тавре Сомониён ҳувияти фарҳангӣ, забонӣ, миллию ҳамосии ориёиро пос дошта, шукуҳ бахшиданд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ пас аз ҳазор сол ному осори онҳоро эҳё намуданд”.

Имрӯза чунин иқдомоти созандаи раҳбари тоҷикон на танҳо дар дохили мамлакат, балки дар миёни равшанфикрони кишварҳои форсизабон ва куллан форсизабонон дар саросари ҷаҳон ҳамовозӣ пайдо карда, тадбирҳои андешидаи Пешвои тоҷикон мавриди ситоиш ва истиқболи гарми ҳамагон қарор гирифтааст. Чунончи, меъмор ва ҳайкалтароши маъруфи муқими Олмон Бараҳна Маъсум эҳсос ва бардоштҳои худро дар мавриди Пешвои тоҷикон ин гуна баён кардааст: “Ман ҳар рӯз шоҳиди роҳбарии ин марди бузург барои наҷоти миллат аз парокандагӣ, наҷоти давлат аз эҳтимоли фурӯпошӣ, наҷоти кишвар аз фақр ва пирӯзӣ бар нобаробарӣ будам ва ҳастам.

Бо ин талошҳои пурсамар дар солҳои душвори муқовимат бо душманони хориҷӣ, Пешвои миллат ва Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устуворӣ ва ватандӯстии худро ба ҷаҳон исбот кард, ки манбаи ифтихори ҳар яке аз мост!

Ҳамчун муйсафеди пур аз умед ва ҳамчун як шаҳрванд, талошҳо ва заҳматҳои хастанопазири муҳтарам Ҷаноби Олиро эътироф карда, ба ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистони азизам бо овози баланд мегӯям:

Эй мардуми бо фарҳанг ва шеъру адаб!

Агар чунин шахсияти некӯкор дар санаи 16 ноябр интихоб намешуд, агар чунин конститутсияе, ки имрӯз доред ва ё беҳтар баён намоям, агар чунин ҳокимияти қонун дар кишвар вуҷуд намедошт, ҳаргиз ҷунин сулҳу субот ба монанди имрӯз, ваҳдати миллӣ, рушди устувори иқтисодӣ, барқарор кардани сулҳи иҷтимоӣ ва фазои орому амн дар кишвар ба даст намеомад!”

Яъне, иқдомоти созандаи раҳбари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо сабаби наҷоти Тоҷикистони азизи шудааст, балки равзанаи умед ва манбаи илҳомбахш барои тамоми форсизабонони ҷаҳон гардидааст. Дастгирӣ ва тасвиби ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон аз тарафи ниҳодҳои бонуфузи байналмилалӣ, ба монанди СММ, Маҷмаъи умумӣ, созмони фарҳангии ЮНЕСКО нишондиҳандаи тақвияти нуфузи давлати мо дар арсаи байналмилалӣ буда, заминаро барои густариши ҳамкориҳои ҳамаҷониба ҳамвор кардааст. Зиёиёни мамлакат бояд аз ин фурсати муносиб истифода намуда, фаъолона ҷомеаро барои расидан ба ормонҳои бузурги миллӣ ҳидояту раҳнамоӣ кунанд.

Аз ин рӯ, ҳамаи ходимони илмии Академияи милли илмҳои Тоҷикистон вазифадоранд, ки дар амри таъсиси Конуни тамаддуни Ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе тамоми имконият ва малакаи зеҳнии худро сарф намуда, барои расидан ба ин ормонҳои бузургу таърихӣ, ки ояндаи дурахшони моро таъмин хоҳанд кард, саъю талош намоянд.

Бахти мо аз офтоби давлат аст,

Худшиносӣ инқилоби миллат аст.

Эй амиру сарвари Озодагон,

Ҳар Паёмат як китоби ҳикмат аст!

Беҳрӯзи Забеҳулло, Мудири шуъбаи адабиёти муосири

Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ