Перейти к основному содержанию

Имрӯз, 28 ноябр дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии «Математика дар ҷаҳони муосир» бо иштироки зиёда аз 100 олими муҳаққиқ аз Тоҷикистон, Россия, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид. Конфронси мазкур ба 85-солагии донишманди барҷаста, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Собиров Темур Сафарович бахшида шуд.

Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Амонзода Илҳом Темур, ҳусни оғоз бахшида, иштирокдорони ҳамоишро аз номи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, хайрамақдам гуфт. Таъкид гардид, ки баргузор гардидани чунин чорабиниҳои илмӣ қадами муҳим дар тақвияти фазои илмию тадқиқотӣ, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муаррифии дастовардҳои олимони тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ арзёбӣ намуд.

Дар идома саҳми профессор Темур Собировро дар ташаккули мактаби математикӣ ва рушди илмҳои дақиқ махсус таъкид карданд. Зикр гардид, ки фаъолияти илмӣ, корҳои тадқиқотии арзишманд, дастгирии ҷавонони истеъдодманд ва саҳми ӯ дар муаррифии математикаи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи созандаи ин донишманди барҷастаро боз ҳам устувор гардонидааст.

Сипас, директори Институти математика, Рахимзода А. О., дар суханронии худ аҳамияти илмӣ ва байналмилалии ҳамоишро баланд арзёбӣ намуда, зикр кард, ки баргузории чунин конфронсҳо барои густариши робитаҳои илмӣ, табодули таҷрибаи арзанда ва таҳкими ҳамкориҳои мутақобилаи илмии миёни кишварҳои дӯсту ҳамкор аҳамияти хоса доранд. Таъкид гардид, ки конфронс на танҳо минбари муҳими муаррифии дастовардҳои нави илмии олимон мебошад, балки барои шиносоии мутахассисон бо равандҳои муосири рушди математика дар сатҳи ҷаҳонӣ, муҳокимаи масъалаҳои мубрами назариявию амалӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли онҳо заминаи арзишманд фароҳам меорад.

Дар қисмати асосии конфронс 11 маърӯзаи илмӣ пешниҳод гардид, ки ҳар яке ба масъалаҳои муҳими назариявӣ ва амалии математика бахшида шуда буд. Маърӯзаҳои пешниҳодшуда самтҳои гуногуни илми муосири математикаро дар бар гирифта, ба ширкаткунандагон имкони ошноӣ бо равандҳои нави рушди илм, натиҷаҳои пажӯҳишҳои охирин ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои мураккаби илмиро фароҳам оварданд.

Дар анҷоми рӯзи аввал меҳмонон ва намояндагони муассисаҳои илмии хориҷӣ аз сатҳи баланди ташкили ҳамоиш изҳори қаноатмандӣ намуда, саҳми назарраси Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дар рушди илмҳои дақиқ баланд арзёбӣ карданд. Онҳо таъкид намуданд, ки баргузории чунин конфронсҳои байналмилалӣ барои муаррифии дастовардҳои илмии муҳаққиқони тоҷик, тавсеаи ҳамкориҳои муштараки илмӣ ва таҳкими робитаҳои судманд миёни олимони кишварҳои гуногун аҳамияти хоса дорад.

Бояд гуфт, ки конфронси мазкур дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади таҳкими пояҳои илмӣ-технологӣ, густариши тадқиқоти муосир, такмили сифати таълим ва боло бурдани сатҳи омодагии кадрҳои илмӣ-педагогӣ роҳандозӣ шудааст, баргузор гардид.

Ин иқдоми муҳим имконият фароҳам меорад, то олимон, омӯзгорон, муҳаққиқон ва мутахассисони соҳа дастовардҳои илмӣ, таҷрибаҳои таълимӣ, равишҳои инноватсионӣ ва мушкилоти мавҷударо баррасӣ намуда, роҳҳои нави рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзиро дар муҳити илму маорифи кишвар муайян созанд.