Перейти к основному содержанию

“Барои халқ, ҳукумат ва давлати мо Иҷлосияи 16- уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Он ҷомеаро аз муқовимати сиёсии фоҷиабор, аз ҷанги таҳмилии бародаркуш, аз оворагиву дарбадарӣ наҷот дод. Асолати таърихии халқамон, яъне одамият, маърифатпарварӣ ва сӯлҳдӯстиро ба ӯ баргардонд. Дастархонашро пурфайз кард”

Эмомалӣ Раҳмон

Таърихи куҳандиёри Тоҷикистони соҳибистиқлол саршор аз воқеаҳои бузурги сиёсӣ ва саҳифаҳои рангине аст, ки инъикосгари як марҳалаи ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ мебошад.

Сарнавишти миллати тоҷик дар давоми асрҳо чун дигар қавмҳои ориёинажод бисёр ҳам печ дар печ буда, халқи тоҷик дар мубориза барои озодӣ ва эҳёи давлатдорӣ дар масири таърих ҷоннисориҳои зиёде кардааст.

Лозим ба ёдоварист, ки 16-уми ноябри соли 2025 аз гузашти Иҷлосияи XVI – уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 33- соли рассо пур мешавад. Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамасола ин санаи муҳими тақдирсозро дар фазои танинандози сулҳу ваҳдати миллӣ таҷлил менамоянд. Зеро маҳз 33 сол муқаддам бо иштироки вакилони халқ, баҳри ба як низоми муайян овардани авзои сиёсии ҷомеа дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI – уми Шурои Олӣ баргузор гардид. Вақте сухан аз Иҷлосияи XVI – уми Шурои Олӣ, даъвати XII меравад, ёдовар мешавем, ки то расидан ба ин айём чӣ мушкилотро аз сар гузаронидем ва ниҳоят ба ҳадаф расидем.

Дар ҳамон авзои мураккаби сиёсии ҷомеа, дар меҳвари “Маҷлиси машваратӣ” доир ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, қабули конститутсияи нав, барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ ва интихоби роҳбарияти нави сиёсӣ, ҳалли масъалаи фирориён, ҳолати вазнини иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ садо дод ва аз Шурои Олӣ талаб гардид, ки оид ба ин ва дигар масоили мубрам қарорҳои дахлдор ва созанда қабул намояд.

Масъалаи муҳим ва мубрами Иҷлосия интихоби роҳбари нави ҷумҳурӣ маҳсуб меёфт. Ҳамин тавр, баррасии масоили интихоби Раиси нави Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт. Намояндаи халқ Мирзоев А. аз ҳавзаи интихоботии № 47, аз номи намояндагони шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав сухан намуда, номзадии вакили халқ Эмомалӣ Шарифович Раҳмоновро аз ҳавзаи интихоботии Данғара ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ аз 193 нафар вакили халқ, ки дар Иҷлосия ширкат меварзиданд, 186 нафар ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмонов овоз доданд. Дар маҷмӯъ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва 2 муроҷиатнома қабул гардид. Тибқи Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 – уми ноябри соли 1992 Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон бо як ҷасорату мардонагӣ савганд ёд намуд, ки дар хидмати мардуми Тоҷикистон қарор хоҳад дошт ва ба Конститутсия, Парчаму Нишони давлатӣ ҳамеша содиқ мемонад ва суханони хешро бо чунин матлаб оғоз намуд, ки “Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…”

Маҳз бо туфайли амалӣ гардидани ҳамон қарору қонунҳои Иҷлосия XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки имрӯзҳо кишвари азизамон Тоҷикистони биҳиштосо тавонист, дар фазои сулҳу оромӣ, дустӣ, эҳтиром ва эътирофи якдигар рушду равнақ намояд.

Маҳз натиҷаи ҳамон Иҷлосия буд, ки заминаи муҳим барои истиқрори сулҳ, ризояти миллӣ ва ҳамбастагии мардуми кишвар гузошт, волоияти қонун барқарор шуд ва ҳалли масъалаҳои муҳими сиёсӣ бо роҳи конститутсионӣ шурӯъ гардид.

Иҷлосия исбот кард, ки миллати тоҷик дорои қувваи солим ва иродаи қавиест, ки кишварро аз буҳрони сиёсӣ берун бароварда метавонад. Аҳамияти таърихии Иҷлосия барои дарки худшиносӣ ва ҳуввияти миллии тоҷикон ва мардуми Тоҷикистон арзиши бузурги таърихие дорад, ки имрӯз мояи ифтихор аст. Иҷлосия истиқлоли воқеии миллати тоҷикро бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин карда, барои худшиносии миллӣ ва иқдоми муҳими сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Воқеан, имрӯз, таҳлили роҳи 31- солаи ҷумҳурии мустақил ва соҳибихтиёри Тоҷикистон нишон медиҳад, ки сарчашмаи дастовардҳои назарраси дар ин фосила ба даст омада, пеш аз ҳама, суботу ваҳдати ҷомеа, эъмори аркоми давлатдории навини миллӣ, раҳоӣ аз бӯҳрони иҷтимою иқтисодӣ ва фарҳангӣ маҳз ҳамин иҷлосияи таърихӣ мебошад.

Натиҷа ва самараи ҳамон Иҷлосияи тақдирсоз аст, ки солҳои охир гулгашту хиёбонҳои пойтахти азизамон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат ва ҷидду ҷаҳди бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ободтару зеботар гашта, маҳбуби дили сокинони пойтахту кишвари азизамон ва сайёҳони хориҷӣ гаштаанд. Пешрафти иқтисодиёт ва таъмини амнияти шаҳрвандон боис гашт, ки ҳамасола ба Тоҷикистон ҳазорон сайёҳони хориҷӣ ташриф меоранд.

ДОСТИЕВА Дилафруз, ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти

омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон