Дар таърихи ҳар як миллат шахсиятҳое ҳастанд, ки бо фаъолияти созанда ва фидокоронаи худ роҳи инкишофи давлатро муайян мекунанд. Дар таърихи нави Тоҷикистон чунин шахсият Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои бузурги он кас дар роҳи сулҳ, ваҳдат ва давлатсозӣ, бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016, 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Рӯзи Президент, ҳамчун яке аз ҷашнҳои муҳими давлатӣ дар тақвими расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой гирифтааст. Ин рӯз на танҳо ҷашни арҷгузорӣ ба шахсият аст, балки рамзи сулҳу ваҳдат, ифтихори миллӣ, меҳри Ватан ва устувории пояҳои давлатдорӣ мебошад.
Рӯзи Президент яке аз ҷашнҳои муҳими давлатӣ ва миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳар сол 16 ноябр мардуми Тоҷикистон ин рӯзро бо эҳтирому ифтихор таҷлил менамоянд. Ин сана ба қадршиносӣ аз хизматҳои бузурги Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ, барқарорсозии сулҳу субот ва ваҳдати тоҷикон бахшида шудааст.
Пайдоиш ва таърихи Рӯзи Президент
Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, солҳои аввали истиқлол барои давлат ва миллат солҳои бисёр душвор буданд. Ҷанги шаҳрвандӣ кишварро ба буҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ гирифтор намуда буд. Дар чунин шароити вазнин 19 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданд. Ин рӯйдод оғози давраи нави сулҳҷӯӣ ва давлатсозӣ дар Тоҷикистон гардид.
Бо иқдоми созанда ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат сулҳу субот ба Тоҷикистон баргашт. Барои арҷгузорӣ ба ин хизматҳои таърихӣ, соли 2016 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи Рӯзи Президент»-ро қабул кард ва тибқи он, 16 ноябр — Рӯзи Президент эълон шуд.
Сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни муборак дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан Савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд, шакли идории Тоҷикистон ба шакли Ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд.
Рӯзи Президент танҳо як санаи тақвимӣ нест, балки рамзи эҳтиром ба давлати миллӣ, сулҳ, ваҳдат ва рушди устувори Тоҷикистон мебошад. Ин рӯз моро водор месозад, ки ба арзишҳои истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва худшиносии ватандорӣ эҳтиром гузорем.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати дурандешона тавонистанд Тоҷикистонро аз вартаи ҷанг наҷот дода, онро ба кишвари амну осуда ва рӯ ба тараққӣ табдил диҳанд. Бо роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат Тоҷикистон дар самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва байналмилалӣ пешравиҳои назаррас ба даст овард.
Ҷашни Рӯзи Президент дар кишвар
Ҳамасола дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон Рӯзи Президент бо тантана таҷлил мегардад. Дар ин рӯз дар муассисаҳои таълимӣ, идораҳо ва муассисаҳои фарҳангӣ чорабиниҳои тантанавӣ, конфронсҳо, маҳфилҳои илмию фарҳангӣ ва вохӯриҳо бо ҷавонон баргузор мешаванд.
Ҷавонон дар ин чорабиниҳо дар бораи зиндагӣ, фаъолияти сиёсӣ ва нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ маълумот мегиранд. Ин ҳама барои боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ мусоидат мекунад.
Нақши Рӯзи Президент дар тарбияи насли нав Барои ҷавонон Рӯзи Президент на танҳо як ид, балки мактаби ватандӯстӣ ва сабақи садоқат ба Ватан мебошад. Он ба насли нав мефаҳмонад, ки сулҳ ва оромӣ неъмати бузург аст ва бояд онро бо меҳнату дониш ҳифз кард.
Пешвои миллат ҳамеша ҷавононро ояндаи дурахшони кишвар мехонанд ва онҳоро ба донишандӯзӣ, заҳматкашӣ ва ифтихори миллӣ даъват мекунанд. Аҳамият ва мазмуни Рӯзи Президент Рӯзи Президент барои мардуми Тоҷикистон рамзи миннатдорӣ аз сулҳ, ваҳдат, оромӣ ва рушди давлат мебошад. Ин ҷашн мардумро ба қадр намудани арзишҳои истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва ватандӯстӣ даъват мекунад.
Дар муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ бахшида ба ин рӯз чорабиниҳои гуногун баргузор мегарданд:
• конференсияҳо ва семинарҳои илмӣ;
• барномаҳои фарҳангӣ ва намоишномаҳо;
• гузоштани гулчанбар ба муҷассамаҳои Пешвои
миллат;
• намоишгоҳҳои таърихӣ ва суҳбатҳо дар бораи сулҳу ваҳдат.
Ҷавонон, ки ояндаи миллатанд, дар чунин рӯзҳо аз зиндагӣ ва фаъолияти Пешвои миллат ибрат мегиранд ва масъулияти худро дар назди Ватан бештар эҳсос менамоянд.
Хулоса
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашне мебошад, ки боиси ифтихори миллӣ, эҳтиром ба давлатдорӣ ва арҷгузорӣ ба заҳматҳои Пешвои миллат мегардад. Ин рӯз моро ба ваҳдат, меҳнати созанда ва муҳаббат ба Ватан раҳнамун месозад.
Ҳамасола таҷлил шудани ин сана нишони эҳтиром ва шукргузории мардум аз сулҳу оромӣ ва истиқлолияти миллӣ мебошад.
Бешубҳа, Рӯзи Президент барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи ифтихор ва худшиносии миллӣ аст.
Собирова Мавзуна Буриевна- лаборанти калони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ

