Барои миллати тоҷик дар охирин даҳаи қарни бистум, солҳои 1990-ум, ки он вақт Тоҷикистон қадамҳои нахустинашро дар ҷодаи соҳибистиқлолӣ мегузошт ва бо хатари нобудшавии давлат ва миллат рӯ ба рӯ омад, ниёз ба шахсияти наҷотбахш ва тавоно ба миён омад. Ҳазорон шукр, ки аз миёни фарзандони миллати куҳанбунёди мо чунин шахс пайдо шуд. Ва ин шахс Эмомалӣ Раҳмон аст. Агар шуҷоату мардонагӣ ва ҷуръати сиёсии Эмомалӣ Раҳмон намебуд, аз даст додани истиқлоли давлатӣ як амри воқеӣ буд.
Насли калонсол ва миёнаи мамлакати мо ҳанӯз ба равшанӣ дар хотир доранд, ки оғози истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус нимаи дуввуми соли 1992, дар таърихи навини халқи тоҷик бо чи ошуфтагӣ, беқонунӣ, ҳараҷу мараҷ ҳамроҳ буд. Дар ин айёми мусибатбор Тоҷикистонро аз фано шудан, ба маънои воқеии ин калима, фосилае ба қадри як сари мӯй ҷудо мекард.
Дар мамлакат беҳокимиятӣ ва бесарусомонии сиёсӣ ҳукмрон буд. Минтақаҳои ҷанубӣ ва пойтахти мамлакат аслан дар дасти гурӯҳҳои ғоратгари мусаллаҳ қарор доштанд. Мардум ба сабаби даргириҳои байни гуруҳҳои мусаллаҳ дар тарсу ҳарос ва изтироб ба сар мебурданд. Ҳокимони давр – онҳое, ки то дирӯзи наздик худро «хизматгори халқ» меномиданд, аз вазъи ноором ва барояшон «мусоиди» кишвар истифода бурда, бо азхудкунии моликияти давлатӣ машғул буданд ва коре ба ҳоли ошуфтаи мардуми мусибатзада надоштанд.
Ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ ва вазъи ҷиноии кишвар, ки Тоҷикистонро ба як сарзамини доғ табдил дода буданд, аз обрӯи миллати тоҷик мекостанд ва мо бо номи нангини як миллати ҷангҷӯ вориди саҳнаи сиёсати байналмилалӣ мешудем.
Дар ин лаҳзаҳои ғамангез Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун наҷотдиҳандаи миллат ва давлат, ба майдони сиёсати ҷаҳонӣ ворид шуд. Мардуми тоҷик дар шахси намоядагони худ дар Парлумони кишвар ягона қадами дуруст ва бехато гузошт ва сарнавишти миллат ва давлати тоҷиконро ба дасти ҷавони ватандӯст, ҷасур ва хирадпеша Эмомалӣ Раҳмон супорид. Маҳз дар ҳамон рӯзҳои поёни тирамоҳи соли 1992, 19 ноябр, бо ба сари қудрат омадани фарзанди баномус ва сиёсатмадори ҷавон Эмомалӣ Раҳмон нуқтаи атфи наҷоти Тоҷикистон ба вуқуъ пайваст. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввал барои мардуми мамлакат аён гардид, ки дастгоҳи идораи киштии зиндагии миллат дар дасти қавии инсони боэътимод супорида шудааст ва Ватан, миллат ва тамоми мардуми кишвар яқинан ба вартаи нобудӣ, ки бадхоҳони миллат барояшон омода карда буданд, фурӯ нахоҳанд рафт.
Хидмати бузурги Эмомалӣ Раҳмон дар назди миллати шарифи Тоҷикистон ва таърихи миллат дар он аст, ки ин шахси нодир ва сиёсатмадори дурандеш дар шароити печида ва муракабби муноқишаҳои ҳамватанӣ ва ҷанги таҳмилӣ давлатдории тоҷикон ва бақои давлатро аз парешонӣ ва фано шудан ҳифз намуд. Аз ин рӯ бо итминони комил метавон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст. Маҳз шахсияти Эмомалӣ Раҳмон дар баробари фитнаи душманони миллати тоҷик, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ халқи моро борҳо ба гирдоби хун кашида буданд, қодир ба истодагарӣ гардид. Ва ин дафъа бо хости сарнавишт дар раъси давлати мо шахсияте қарор гирифт, ки ғайричашмдошти бисёриҳо тамоми ҳадафҳои бадхоҳони миллати моро барбод дод.
Бо хондани ин сатрҳо дар хонандаи гиромӣ суоли мантиқӣ ва барҷое метавонад пайдо шавад, ки чаро маҳз Эмомалӣ Раҳмон, ки дар он замон ҳеҷ таҷрибаи фаъолият дар зинаҳои баланду олии идораи давлат надошт, роҳбари Тоҷикистон интихоб гардид?
Бояд ин нуктаро таъкид кард, ки дар он рӯзҳои ошуфта ва пурфоҷеаи ҷанги шаҳрвандӣ, ки роҳбарияти ҷумҳурӣ яке аз паси дигар иваз мешуд, вале дар пешорӯи алангаи ҷанг бечора мемонд, касе аз сиёсатмадорон ҷуръат намекард, ки масъулияти душвори қатъ кардани ин фоҷеаи миллатро ба зиммаи хеш гирад.
Эмомалӣ Раҳмон бидуни дудилагӣ, бо мардонагӣ ва бо шуҷоати фавқулода бар дӯши худ масъулияти вазнини хотима додан ба ҷанги бародаркушӣ, бунёди появу асосҳои конститутсионӣ ва эҳёи давлатдориро гирифт. Эмомалӣ Раҳмон ба хубӣ дарк мекард, ки дар он шароите, ки Тоҷикистон қарор гирифта буд, яъне дар вазъияте, ки давлат фақат дар рӯи коғаз вуҷуд дошт ва, дар асл бошад, тамоми рукнҳои давлатдорӣ корношояму фалаҷ шуда буданд ва ё умуман вуҷуд надоштанд, таърих ва сарнавишт барояш рисолати бузург, вале ниҳоят душвори бунёд намудани давлати навинро гузоштааст.
Биёед, биандешем оё осон буд, ки як сиёсатматдори таҷрибаи кофӣ надошта чунин масъулиятро ба дӯши худ бигирад? Агар ҳам, ки он чиро Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли як давраи кӯтоҳе дар поягузории аркони давлат анҷом дод, сарфи назар кунем, фақат ҷуръати инсониаш ва тасмими қавиаш, ки бори гарони эъмори давлатро бар дӯш гирифт, худаш қаҳрамонӣ аст.
Хушбахтона, умеди мардум ба навмедӣ накашид. Ва Эмомалӣ Раҳмон бидуни таамул ва бо иродаи матин ба муқобили ҷангу хунрезӣ паёми сулҳу ризоияти миллиро ҳамчун зербинои давлатдорӣ ташхис дод ва алорағми қувваҳои адоватпешаи дохиливу хориҷӣ, ки ҷиддан мекӯшиданд, то оташи ҷанг дар Тоҷикистон хомӯш нагардад, ба иқдом пардохт. Кӯшишҳои пайгирона ва талошҳои шабонарӯзии Сарвари давлати Тоҷикистон, ки дар фазои ҷонибдории тамоми мардуми Тоҷикистон сурат мегирифт, марҳала ба марҳала кишвари моро ба сӯи мақсуд раҳнамун сохт.
Бо такя ба дониши амиқи вазъи мавҷуда дар мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон ба хулоса омад, ки нахуст якпорчагии мамлакатро бояд таъмин намуд ва баъдан роҳҳои пешбурди иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишварро пеш гирифт, ҷанбаҳои хоси рушди онро ҷустуҷӯ намуд. Вазифаи муҳимтарини хешро низ дар он медид, ки ҳувияти дар асари ҷангу хунрезӣ ва парешонии ақидавӣ дургаштаи мардумро бозгардонад, ваҳдату пайванди пойдори афроди ҷомеаро эҷод намояд ва бо баҳрагирӣ аз ин ягонагиву ваҳдат рушду тавсеаи иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро ба роҳ андозад ва дигар ҳеҷ гоҳ нагузорад, ки бадхоҳони миллати тоҷик саҳнагардони хоки муқаддаси Ватани мо шаванд.
Таъкиди ин нукта муҳим аст, ки дар он шароити буғранҷи буҳрони сиёсӣ ва парешонии ақидавӣ, ки дар мамлакат ҳукмрон буданд, ва дар вазъе, ки тамоми мақомоту сохторҳои ҳокимияти давлатӣ аз ҳам рехтаву корношоям буданд, он чи Эмомалӣ Раҳмон аз обод кардани мулк ва сарҷамъ намудани миллат ҳарф мезад, хаёлпардозие бештар дарёфт намешуд. Он рӯзҳо чи дар мамолики ҳамсоя ва чи дар кишварҳои дур, чун сухан аз Тоҷикистон мерафт, пуристеъмолтарин калимот «фано шудан», «дар оташи ҷанги ҳамватанӣ сӯхтан», «то охирин тоҷик ҷанг кардан»... буд.
Ва дар воқеъ ҳам ба ҳақиқат пайвастани ин «пешгӯиҳо» аз эҳтимол дур набуд. Аз эҳтимол дур набуд – дар он сурат, ки агар аз миёни миллати тоҷик шахсияте пайдо намешуд, ки масъулияти наҷоти Ватан ва хотима додан ба ҷанги бародаркуширо бар уҳда гирад. Ва низ муҳим ин ки тавонад, ҳамватанонро даъват кунад, то аҳамияту арзиши иқдомҳои ӯро дарк намуда, бо саҳмгирии мустақимашон сарнавишташонро ба дасти худ гиранд ва аз тасмимоту фаъолиятҳои Сарвари давлат, ки ба хотири онҳо анҷом медиҳад, огоҳ бошанд, ба моҳияти онҳо пай бибаранд ва манфиатҳои миллӣ ва ватанашонро аз ҳар чизе болотар гузоранд.
Инсонҳо, бавижа ҷавонон, дар ҳар замоне барои расидан ба муваффақият ва камоли инсонӣ ниёзманд ба намунаҳои ибрат ҳастанд. Дар кишвари мо шахсият ва корномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин сармашқҳо барои афроди ҷомеа дар тамоми арсаҳои зиндагӣ мебошанд. Ахлоқи неку, меҳрубонӣ ба ҳамватанон, устуворӣ, фазилат, бурдборӣ дар рафъи мушкилот, ки аз вижагиҳои шахсиятии Пешвои миллат ҳастанд, метавонанд барои такомули фард – ҳамчун шаҳрванд ва ҳамчун инсони дорои ахлоқу маънавиёти баланд – нақши бузург ифо намоянд.
*****
«Мегӯянд, ки корномаи як роҳбари сиёсии воқеиро метавон ба чаҳор марҳала тақсим кард: дар аввал ба ӯ таваҷҷуҳ намекунанд, баъд ба вай бо тамасхур менигаранд, сипас бо ӯ мубориза мебаранд. Ва саранҷом ӯ пирӯз мегардад». Ба дурустии ин суханҳои Маҳатма Гандӣ мо дар мисоли роҳбари сиёсии кишварамон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон – бовар пайдо кардаем.
Дар аввалҳо барои ин ба Эмомали Раҳмон таваҷҷуҳ намекарданд, ки мепиндоштанд зери бори вазнини мушкилоти зиёди тақрибан ҳалнопазири сиёсию ҳарбию иҷтимоӣ ё худаш ба зудӣ аз мансаби Сарвари давлат даст мекашад ва ё ӯро маҷбур мекунанд, ки ба истеъфо равад. Зеро шоҳиди он буданд, ки дар тӯли як давраи кӯтоҳе пас аз ба истиқлол расидани кишвар ду Президенти ҷумҳурӣ, чаҳор Раиси Шӯрои Олӣ ва панҷ Ҳукумат барканор шуданд. Илова бар ин, авзои кишвар аз вазъияти як сол пеш бамаротиб печидатар ва шароит сахттар гашта буд.
Баъдан ба Эмомалӣ Раҳмон ба ин сабаб бо тамасхур менигаристанд, ки медиданд ин сарвари ҷавон дар вазъияте, ки кишвар ҳанӯз дар гирдоби ҷангу хунрезӣ даступо мезад, даҳҳо ҳазор одамон бехонаю сарпаноҳ мондаву садҳо ҳазор ҷилои Ватан карда, дар мулкҳои бегона овора буданд, бо хушбоварии фавқулода аз сулҳу оштӣ, ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдати миллӣ, ояндаи дурахшони кишвар ва дигар ҳадафҳои бузург сухан мегуфт. Дар он рӯзҳо барои бисёриҳо тасаввури чунин ҳадафҳо воқеан ҳам душвор буд, зеро мепиндоштанд, ки ин ҳадафҳои бузург дастнаёфтанӣ мебошанд. Ҳатто баъзе аз онҳое, ки дар сохторҳои муҳими идораи давлат фаъолият мекарданд, ба фарҷоми муваффақиятомези иқдомҳои роҳбари давлат чандон бовар надоштанд.
Сипас барои он бо Эмомалӣ Раҳмон ба мубориза бархостанд, ки мехостанд ӯро аз саҳнаи сиёсат дур андозанд, то ба ин васила пеши ҷараёни солимсозии вазъи сиёсию ҷамъиятиро, ки бо тадбиру иқдомҳои ин сиёсатмадори матин беш аз пеш ба суръаташ афзуда мешуд, бигиранд, Тоҷикистонро дигарбора оғӯшта ба хоку хун кунанд, андешаҳои вопасгароёнаи худро ба миллати бофарҳанги тоҷик таҳмил намоянд ва кишварро ба фалокату бадбахтӣ бикашонанд.
Ва саранҷом Эмомалӣ Раҳмон ба пирӯзӣ расид! Барои он ба пирӯзӣ расид, ки дар ҳамаи кораш, ҳамаи иқдомаш ва азму талошаш ба ду омил – қудрати мардум ва тавоноиҳои фардии худ – такя кард.
Ҳамин такя ва бовар ба мардуми меҳан ва тавоноии дарунии хеш ба Эмомалӣ Раҳмон дар фаъолияти сахту душвораш дар роҳи расидан ба ҳадафҳову ормонҳои поку воло ба хотири саодату хушбахтии миллат шуҷоат, устуворӣ ва мардонагӣ бахшид.
Вақте Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардид, на таҷрибаи кофии сиёсӣ дошт, на бар маҳфилҳои бузурги сиёсатмадорони ҷаҳон ворид буд, ки бо шахсиятҳои варзида маслиҳату машварат кунад, ва на узви ҳизби қудратманде буд, ки бар хатти он такя намояд. Такягоҳи ӯ танҳо мардуми кишвар буд. Ҳимояту пуштибонии мардум, ҷалби эътимоди онҳо, корбасти тавонмандиҳо ва неруи лоязоли халқ барои ҳаллу фасли хостаҳою ниёзҳои ҳаётии ҷомеа ба Эмомалӣ Раҳмон кумак карданд, то ҳамаи тадбирҳо ва иқдомҳои сулҳсозона ва зиндагисозонаи худро бомуваффақият ба ҳадаф расонад.
Дар такя ба мардум Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун фарзанди падару модари заҳматкаш, парвардаи обу хок ва муҳити меҳнату машаққати кишоварзон, халқро, ба маънои комили ин вожа, мешинохт ва онро қудрати бузург медонист. Ӯ муддатҳо пеш аз ба сиёсат рӯй овардан ба чунин ақида расида буд, ки агар роҳбари сиёсии тавонманду доное ба саҳна ояд ва тавонад, ки дар партави роҳу равиши равшан мардуми кишварро дар атрофи худ муттаҳид созад, ин мардуми ватандӯст, заҳматкаш ва бономусу шараф қодир аст Тоҷикистонро ба кишвари пешрафтаю ободу шукуфо табдил диҳад.
Эмомалӣ Раҳмон, ки чаҳор даҳа умри худро дар миёни мардуми заҳматкаш гузарондаву худ низ аҳли талошу заҳмат буд, наметавонист ҳатто тасаввури онро дошта бошад, ки сарнавишти худро аз сарнавишти мардуме, ки бо онҳо зиста буд ва ҳамеша шарики шодиву сурур ва ғаму андуҳи онон буд, ҷудо кунад. Ҳамин андеша ӯро ба сиёсат овард, то барои беҳбудии зиндагии халқи заҳматкаш хидмат кунад.
Дар такя ба худ Эмомалӣ Раҳмон равшантарин намунаи худбовариро, ки танҳо хислати инсонҳои неруманду тавоност, нишон дод. Ӯ ҳанӯз дар нахустин ҳафтаҳо ва моҳҳои раёсати худ бо ҷасорату мардонагию қотеият дар иҷрои нақшу масъулиятҳои худ собит кард, ки қодир аст дар сахттарин ва мушкилтарин шароити сиёсию ҳарбӣ даст ба иқдомҳои ҷасурона занад ва бо камтарин имконияти идорию низомӣ дар кӯтоҳтарин муддат вазъро ба эътидол оварад.
Ҳамин худбоварӣ ва огоҳӣ аз тавонмандиҳои даруниаш буд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар марҳалаи барои сарнавишти давлату миллат хатарноки тирамоҳи соли 1992, дар мавқее, ки андаке монда буд Ватани мо ғарқ дар хуни фарзандони хеш гардидаву аз назарҳо нопадид шавад, рисолати наҷоти кишвар ва миллатро бар дӯш гирифт. Ин дар шароите буд, ки касе, ҳатто, онҳое, ки ба қавле устухонашон дар сиёсат сахт шуда буд, ҷуръати ба зимма гирифтани чунин масъулиятро надоштанд.
Ҳамин худбоварӣ ва эътиқоди устувор ба тавоноии шахсиятии хеш буд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар пеши мардуми кишвар савганди фарзандӣ ёд кард ва изҳор намуд, ки дар кишвар сулҳу оромиро ҳатман барқарор хоҳад кард. Ӯ ин суханҳоро дар шароите ба забон оварда буд, ки Тоҷикистон на сохторҳои нерууманди қудратӣ дошт, на артиш дошт ва на мақомоти роҳбарии коромад!
Ҳамин худбоварӣ ва эътимод ба ҷасорату ҷавонмардии хештан буд, ки Эмомалӣ Раҳмон – ба хотири ҳарчи зудтар хотима бахшидан ба мухолифатҳо – бидуни заррае тарс ба маҳалҳои хатарноки ҷанг ва ба гуфтушунид бо ифротитарин сардорони силоҳбадастон мерафт, аз ҳеҷ гуна сӯиқасде ба ҷонаш ва эҳтимоли ҳалок гардидан намеҳаросид.
Ҳамин худбоварӣ ва такя ба истеъдодҳояш буд, ки Эмомалӣ Раҳмон корҳои бузургеро, ки бисёриҳо имконнопазир мешумориданд, имконпазир кард, аз монеаҳое, ки мепиндоштанд рахнанопазиранд, гузашт, ба ҳадафҳое, ки барои аксар дастнорас менамуданд, расид.
Муҳимтарин нукта дар пирӯзиҳои Эмомалӣ Раҳмон ин аст, ки илова бар ин ки худаш саршор аз худбоварӣ ва тавонмандиҳои маънавӣ аст, рӯҳияи худбовариро дар мардум низ бедор кард, ҳушмандию ибтикору эҳсоси масъулияти онҳоро ба ҳаракат овард, ҳамватанонро ба ҷидду ҷаҳд ба хотири бозшиносии ҷойгоҳи иҷтимоиашон ташвиқ намуд, ба мардум роҳи саҳеҳи расидан ба ҳадафҳоро нишон дод.
Шахсияти бисёрҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон, ахлоқи писандида, шуҷоат, мардонагӣ ва ҳамоҳангии қавлу амалаш боис шуданд, ки мардум ба ӯ зуд эътимод пайдо карданд. Зеро медиданд, ки ин сарвари ҷавон бо шоистагии як роҳбари сиёсии хирадпеша ниёзҳои асосии ҷомеаро ташхис медиҳад ва ба ҳаллу фасли ин ниёзҳо дар ҳадди имкон талош мекунад. Медиданд, ки ӯ бо мардум пайваста дар иртибот аст ва мехоҳад дардҳою ранҷҳои халқро аз наздик эҳсос кунад, то бо огоҳӣ аз воқеият хостаҳои афроди ҷомеаро ба таври матлуб пайгирӣ намояд.
Эмомалӣ Раҳмон бо ин ҳама хусусиятҳо ва вижагиҳо дар баробари мардум ба сифати сармашқ ва намунаи ибрат қарор гирифт ва батадриҷ худтавонмандию иқтидори маънавии ӯ ба қишрҳои гуногуни ҷомеа интиқол ёфт ва ҳамагонӣ гардид. Ва, муҳимтар аз ҳама, миёни мардум ва Сарвари давлат пайванди рӯҳию маънавӣ ба вуҷуд омад Ин пайванди рӯҳию маънавӣ нуқтаи таҳаввулли миллати тоҷик гардид ва ҳамбастагӣ байни афроди миллату давлат бештар ва устувортар шуд. Бар асари ин таҳаввули равонию маънавӣ ва бо такя ба хосту иродаи мардум Эмомалӣ Раҳмон аз қитъаҳои азҳампошида Тоҷикистон сохт, ба кишвар азамату шукӯҳ бахшид ва ҷойгоҳи давлати тоҷиконро дар арсаи ҷаҳон устувор гардонд.
Имрӯзҳо 33 сол аз замони баргузории иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ мегузарад. Тоҷикистон, ки дар оғози истиқлоли худ ҳаммонанди ниҳоли навкошта пояаш суст ва дар пеши тундбодҳои ҳаводис ларзон буд, акнун мисли дарахти тануманду решадорест, ки устуворию иқтидорашро касе дар дунё наметавонад инкор кунад. Пешрафтҳои азиме, ки давлат ва миллати мо дар арзи солҳои гузашта дар тамоми арсаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию илмию фараҳангӣ ба даст овардаанд, нишон медиҳанд, ки кишвари мо роҳи саҳеҳу итминонбахшро ба сӯи рушду тараққӣ дар пеш гирифтааст.
САЙИДЗОДА Зафар Шералӣ, мудири шуъбаи кишварҳои ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои кишварҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мушовири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фиристодаи Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих

