Забони мо имкониятҳои фаровоне дорад, ки мафҳуму маъниҳо ва истилоҳоти нави илму фанро дар ҳар асру замон ҳазм карда, бо рангу бӯйи тоҷикона таҷассум намояд».
Эмомалӣ Раҳмон.
Забон ҳамчун омили муайянкунандаи ҳувияти миллӣ ва на танҳо воситаи муошират, балки таҷассумгари маърифати таърихӣ, фарҳангӣ ва фикрии миллат маҳсуб меёбад. Дар замони ҷаҳонишавӣ масъалаи ҳифз ва таҳкими забон, махсусан дар байни миллатҳои дорои таърихи куҳан дошта, аҳамияти хосса дорад.
Забони модарӣ воситаи интиқоли фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ зеҳнии аз насл ба насл мебошад. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи масъулияти хеш ба ҳайси роҳбари сиёсии кишвар ба мақоми забони давлатӣ таваҷҷуҳи беандоза дорад ва забони тоҷикӣ дар андешаи он кас яке аз рукнҳои асосии ҳувияти миллӣ тољикистониён буда, аз мавқеияти хосае бархурдор мебошад. Забони модарӣ, аз дидгоҳи илмҳои забоншиноси ва иљтимоӣ, яке аз рукнҳои асосии ташаккули ҳувияти шахсият ва миллат мебошад. Ҳувияти миллӣ маҷмӯи хислатҳо, арзишҳо, таърих ва ҷаҳонбинии халқи муаян аст, ки тавассути забон таърихан нигоҳ дошта мешавад. Маҳз забон аст, ки робитаи маънавии байни гузашта, имрӯза ва ояндаи миллатро таъмин менамояд.
Халқи тоҷик тули ҳазор соли бенасибӣ аз давлатдорӣ аз байн нарафт, зеро онҳое, ки болои он ҳукумат мекарданд ва онро дар панҷаи зулму асорат нигоҳ медоштанд, ҳамеша ниёз ба забон ва неруи эҷодкориву созандагии доштанд. Воқеан, ҳам арзишмандтарин муќаддасот барои миллат дар радифи соҳибистиқлолӣ, забон ба ҳисоб меравад ва Пешвои муаззами миллат, Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид мекунанд, ки забон сарчашмаи ҳастӣ ва ҷовидонаи миллат аст.
Чуноне, ки маълум аст ҳамасола 5-уми октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи забони давлатї бо ифтихору сарбаландӣ таҷлил мегардад. Забони тоҷикӣ забони модарии садҳо нобиғаҳо ба монанди Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Саъдии Шерозӣ, Умари Хайём, Садриддин Айнию Мирзо Турсунзода ба ҳисоб меравад, ки ҳама бо ин забон шеъру ғазал, маснавию рубоӣ, панду андарз, роману ҳикоя ва дигар ашъори оламшумулро эҷод намудаанд. Мавриди қайд аси, ки ғояи миллии ҳар як давлат ба василаи забони назм, адабиёт ва санъату ҳунар ифода ёфта, дар дилу ниҳоди ҳар як фард ҷойгузин мегардад. Дар шароити имрўзаи ҷаҳонишавӣ ба фаҳму дарки аҳли ҷомеа, махсусан насли ҷавон расонидани таъриху тақдири забони тоҷикӣ, ќудрату тавоноии он ҳамчун муқаддасоти миллӣ, ба ҳисоб меравад фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду нумӯи забони тоҷикӣ дар давраи Истиқлол ба тақвияти худшиносии миллӣ, тарбияи рӯҳияи ватанпарастӣ, ифтихори шаҳрвандӣ, бедор намудани ҳисси муҳаббату эҳтиром нисбат ба забон ва омӯзишу аз худ намудани забони тоҷикӣ ва забонҳои дигар ва инчунин ба боло рафтани сатҳи худшиносию маънавӣ ва мафкуравии сокинони мамлакат мусоидат мекунад.
Воқеан, ҳам забони давлатӣ яке аз муҳимтарин аркони давлати миллӣ маҳсуб меёбад. Метавон гуфт, ки дар баробари Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ забони давлатӣ низ ба қатори муқаддасоти миллӣ дохил мешавад. Дар ташаккул ва рушди давлатдории навин ва устувории он дар умури сиёсӣ иқтисодӣ, иҷтимои ва фарҳангӣ забони давлатӣ нақши муҳим дорад. Забон дар баробари рукнҳои асосии давлати соҳибистиқлол ба ҳисоб рафтан, инчунин омили муҳимми ягонагии давлат низ маҳсуб меёбад. Ҳар як давлат вазифадор аст, ки на танҳо рукни муҳими соњибистиклолии худро мустаҳкам нигоҳ дорад, балки ҷиҳати рушди он ғамхорӣ намуда, густариши онро дар қаламрави мамлакат ва берун аз он таъмин намояд. Забони миллӣ василаи ифодаи идеологияи давлатӣ мебошад ва дар татбиқи он саҳми назарас мегузорад.
Алфред Норт Уайтхед (1861–1947) математик ва файласуфи англис доир ба нақши забон дар ҳаёти инсоният чунин менависад: “Тамаддуни башарӣ маҳсули забон аст ва забон маҳсули тамаддуни рӯ ба инкишоф аст”. Яъне, инсон метавонад аз дастовардҳои тамаддуни даврони гузашта танҳо тавассути забон огоҳ шавад. Дар ин маврид– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари “Забони миллат ҳастии миллат”чунин ибрози андеша менамоянд:: “Хушбахтона, халқи мо аз ҷумлаи чунин мардумони фарҳангзову тамаддунсози дунёи қадим ба шумор меравад. Офаридаҳои моддиву маънавии дар як минтақаи васеи ҷаҳон паҳн гардида, на танҳо мардуми ҳамнажоду ба ҳам наздик, балки қавму қабилаҳои гуногунро дар домони хуб парваридааст.”
Забони мо дорои таърихи куҳан ва ганҷинаи бебаҳост. Бо қарори Созмони Милали Муттаҳид 21 феврали соли 2002 Рӯзи байналмилалии забони модарӣ эълон гардидааст. Аз 22 июли соли 1989 бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ - забони тоҷикӣ эълон гардид. 5 октябри соли 2009 тахти №553 Қонун дар бораи забон бори дигар қабул гардид, ки вазъи ҳуқуқии забонро муайян мекунад. Мувофиқи ин қарор коргузории тамоми корхонаву муассисаҳои таълимию илмӣ ва ѓайра бо забони давлатӣ сурат мегиранд. Табиист, имрӯз, ки яке аз марҳилаҳои муҳими инкишофи забони тоҷикӣ, яъне дар коргузории идораҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҷорӣ шудани забони давлатӣ анҷом ёфтааст, масъалаи истилоҳот, стандартсозӣ ва ҳамгунсозии он ба ҷои аввал мебарояд. Ҳамгунсозии риштаҳои илму фан ва технология ба далели ҷаҳонишавӣ ва бад ин ҷиҳат таъсири забонҳои гуногун ва анъанаҳои истилоҳсозии асрҳои охир дар замони мо фурсат ва заҳмати бештарро талаб мекунад.
Дар ҳамин росто Пешвои миллат дар Паёми телевизонии худ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ (5.10.2017) таъкид доштанд, ки “Зиёиён забони тоҷикиро аз сели вожаҳои иқтибосӣ ҳифз намоед.”
Хушбахтона, миллати мо ҳам тавонист, ки ин ёдгории бемисли худро дар қатори дигар ёдгориҳои маънавии ниёгони худ ҳифз намояд ва онро то ба имрӯзи оварда расонад. Бояд гуфт, ки забони давлатӣ воситаи муҳими ҳамгироӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар аст. Аз ин рӯ, ҳарқадаре ,мо мақому мартабаи забонамонро пос дошта тавонем,ҳамон қадар ба хувияту худогоҳии миллӣ арҷгузори карда метавонем. Забон нахустин ёдгорӣ аз Модар ва ширинтарин гуфторест ,ки хаёли моро ба дуриҳои дур барои ормонҳои миллӣ ва соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон ҳидоят мекунад.
Фарзона Маҳмадова корманди Иниститути фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи назди АМИТ