Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.
(Эмомалӣ Раҳмон)
Яке аз зуҳуротҳои номатлуб, ки проблемаи глобалӣ буда, тамоми мамлакатҳои ҷаҳонро фаро мегирад, коррупсия мебошад. Вай асосҳои давлатдориро заиф намуда, ҳуқуқи инсонро поймол мекунад, иқтисодиёти мамлакатро ноустувор сохта, ба шиддатнокии иҷтимоӣ оварда мерасонад. Коррупсия ба тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ ва рушди иқтисодию фазои сармоягузорӣ таъсири манфӣ мерасонад. Коррупсия ба боло рафтани сатҳи ҷинояткорӣ, қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада мусоидат намуда, боварии аҳолиро ба сохторҳои давлатӣ кам мекунад. Коррупсия танҳо масъалаи дохилидавлатӣ нест ва мубориза бо он ҳамкориҳои байналмилалиро тақозо менамояд.
Хатарҳои аз коррупсия бамиёнмеомадаро дарк намуда, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ санади ҳуқуқии байналмилалии универсалие қабул гардидааст, ки маҳз дар бахши мубориза бо коррупсия қабул гардида, давлатҳои иштирокчӣ аз рӯи он уҳдадориҳои байналмилалӣ гирифтаанд. Ин санади ҳуқуқии байналмилалӣ Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо коррупсия (минбаъд, Конвенсияи соли 2003, Конвенсия) мебошад, ки дар ҷаласаи умумии иҷлосияи 58-уми Маҷмаи Умумии СММ 31 октябри соли 2003 қабул шуда, 14 декабри соли 2005 эътибор пайдо кардааст.
Конвенсияи мазкур ягона санади универсалии аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ҳатмӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия буда, давлатҳоро вазифадор мекунад, ки ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо он чораҳои ҳамаҷониба андешанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияро 25 сентябри соли 2006 ба тасвиб расонд, аз ин рӯ зарурати имплементатсияи (татбиқи) меъёрҳои он дар қонунгузории миллии мамлакат ба миён омад.
Имплементатсияи Конвенсияи соли 2003 ба қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди мутобиқгардонии қонунгузории дохилии кишварро ба талаботи Конвенсия пас аз тасвиб дар бар мегирад. Ин тавассути қабули қонунҳои нав ё тағйиру иловаҳо ба қонунҳои мавҷуда барои ҷиноят эътироф кардани амалҳои коррупсионие, ки Конвенсия муайян кардааст ва механизмҳои пешгирӣ ва таъқиби онҳо анҷом дода мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 сентябри соли 2005 ба Конвенсияи мазкур имзо гузошта, чӣ тавре ки дар боло қайд кардем, 25 сентябри соли 2006 онро ратификатсия намуд. Конвенсияи мазкур 25 октябри соли 2006 барои Тоҷикистон эътибори қонунӣ пайдо намуд.
Дар раванди имплементатсия мутобиқати қонунгузории амалкунанда ба Конвенсия таҳлил гардида, зарурати қабули қонуни нав ба миён омад. Аз оғози таъсисёбиаш Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол ба масъалаи мубориза бо коррупсия диққати аввалиндараҷа медиҳад. То шомил шудан ба Конвенсияи соли 2003 санадҳои қонунгузории миллӣ оид ба мубориза бо коррупсия Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999 №1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзур намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришватхурӣ)» (ҳоло ин санад аз эътибор соқит карда шудааст), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 10 декабри соли 1999 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ буданд. Барои шомил шудан ба Конвенсияи соли 2003 зарурияти мутобиқсозии қонунгузории миллии мамлакат ба миён омад, аз ин рӯ дар Тоҷикистон таҳлили қонунгузории зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, то ба имзо расонидани Конвенсияи мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” аз 25 июли соли 2005 дар таҳрири нав қабул карда шуд. Ҳоло ин қонун низ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” аз 07 августи соли 2020 аз эътибор соқит карда шудааст. Агар қонуни соли 1999 ва қонуни соли 2005-ро муқоиса намоем, мушоҳида мекунем, ки қонуни соли 1999 аввалин санади қонунгузорие буд, ки заминаи ҳуқуқии мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистонро фароҳам оварда, ба муқаррар намудани мафҳумҳо ва равишҳои асосии мубориза бо коррупсия, муайян кардани принсипҳои бунёдӣ ва муқаррар кардани ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳои коррупсионӣ нигаронида шуда буд, Қонуни соли 2005 бошад, ба танзими ҳамаҷонибаи масъалаҳои мубориза бо коррупсия нигаронида шуда буд. Он доираи татбиқро васеъ намуда, заминаи ҳуқуқии пешгирӣ ва мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсиониро мустаҳкам намуда буд.
Қонуни соли 1999 нақши мақомоти мубориза бо коррупсияро маҳдуд карда, назорати иљрои қонунро пеш аз ҳама ба зиммаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор карда буд. Қонуни соли 2005 бошад, механизмҳои муфассалтари фаъолияти мақомоти мубориза бо коррупсияро, аз қабили таъсиси воҳидҳои махсусгардонидашуда дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва зиёд намудани ваколатҳои онҳоро оид ба тафтиш ва мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ пешбинӣ карда буд.
Қонуни соли 1999 механизмҳои мушаххаси ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо коррупсияро пешбинӣ накарда буд. Қонуни соли 2005 бошад, нақши созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо дигар давлатҳоро дар мубориза бо коррупсия, аз љумла татбиқи меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалиро ба таври назаррас васеъ намуд.
Қонуни соли 1999 таърифи умумии коррупсияро ҳамчун сӯиистифода аз мақом аз ҷониби шахсони мансабдор барои ба даст овардани манфиатҳои моддӣ ва дигар манфиатҳо пешниҳод мекард. Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки чунин имтиёзҳо медиҳанд, таваљљӯҳи махсус дода мешуд. Қонуни соли 2005 мафҳумҳои навро дар масъалаи мубориза бо коррупсия ҷорӣ пешбинӣ намуда, баъдан низ ба ин қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, муқаррароти он мукаммалтар гардидиданд, ки минбаъд дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” аз 07 августи соли 2020 мустаҳкам карда шуданд.
Дар раванди имплементатсияи меъёрҳои Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо коррупсия ба соҳаҳои ҳуқуқи љиноятӣ, маданӣ, маъмурӣ ва дигар соҳаҳои ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Пас аз ба тавсиб расонидани Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо коррупсия рӯйхати ҷиноятҳои коррупсионӣ васеъ карда шуд. Ба қонунгузории ҷиноятӣ ҷиноятҳои нав ворид карда шуданд, ҷазо барои ҷиноятҳои коррупсионӣ сахттар шуданд, тартиби ҳимояи шоҳидон ва маълумотдиҳандаҳо (шахсоне, ки дар бораи ҳолатҳои коррупсионӣ хабар медиҳанд) муқаррар карда шудаанд, талабот оид ба эъломияи даромад ва дороиҳо ва назорати бархӯрди манфиатҳо ҷорӣ карда шуданд, барои пешгирии коррупсия дар соҳаи хариди давлатӣ ва идоракунии захираҳои давлатӣ чораҳо андешида шуданд.
Тибқи қисми 1 моддаи 6 Конвенсияи соли 2003 “Ҳар як давлати узв мутобиқи принсипҳои асосии низоми ҳуқуқии худ мавҷудияти мақомот ё дар мавридҳои зарурӣ мақомотҳоро барои пешгирии коррупсия таъмин мекунад...”.
Бо назардошти ин муқаррароти конвенсионӣ ва бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодии мамлакат бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Политсияи андоз, ки мақомотҳои ваколатдори мубориза бо коррупсия маҳсуб меёфтанд, барҳам дода шуда, ба ҷои онҳо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти махсуси муборизабаранда бо коррупсия таъсис дода шуд.
Тибқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 “Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Агентӣ) мақомоти ваколатдори назорати давлатии молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқ буда, назорати давлатии молиявиро оид ба истифодаи самарабахши маблағҳои давлатӣ ва молу мулки давлатӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат, бо роҳи огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд, инчунин дигар вазифаҳоеро, ки ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, иҷро менамояд”.
Яке аз талаботҳои Конвенсияи соли 2003 аз он иборат аст, ки давлати узв уҳдадор аст мустақилияти зарурии мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсияро таъмин намояд (моддаи 36 Конвенсия), то вазифаҳои худро самаранок ва бе ягон таъсири номатлуб иљро намояд. Бо назардошти талаботи мазкур Агентӣ дар фаъолияти худ танҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда буда, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соле як маротиба оид ба натиҷаҳои тафтишу санҷишҳои молиявӣ ҳисобот пешниҳод менамояд.
Агентӣ дар ошкор ва пешбурди тафтишоти ҷиноятҳои коррупсионӣ саҳми арзанда дорад. Тибқи маълумотҳои оморӣ дар солҳои 2013-2019 танҳо аз тарафи Агентӣ 12488 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки 9083 адади онро ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд ташкил медиҳанд.
Яке аз вазифаҳои Агентӣ, ки аз моддаи 6 Конвенсияи СММ аз соли 2003 бармеояд, паҳн намудани донишҳо оид ба масъалаҳои пешгирии коррупсия мебошад. Бо ин мақсад аз љониби Агентӣ дар доираи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 дар вазорату кумитаҳо, мақомоти иљроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, љамоатҳои шаҳраку деҳот, хусусан маҳалҳои дурдасти аҳолинишин ва дигар ташкилоту муассисаҳо бо қишрҳои гуногуни љомеа дар маљмӯъ 1053 сӯҳбату вохӯриҳо, 50 мизи мудаввар, 70 семинар ва 20 конфронс баргузор карда шуда, дар 216 чорабиниҳои доирнамудаи дигар ниҳодҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок ва бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Бо мақсади иттилоотонӣ аз оқибатҳои зараровари коррупсия ва љалби ҳарчи бештари шаҳрвандон дар раванди муқовимат ба ин зуҳурот 69 намуд шиору овеза, 31 намуд буклет бо теъдоди 10590 адад, 55 мақолаи зиддикоррупсионӣ, 22 видеоролики иљтимоӣ, 92 ахбороти кӯтоҳ, 366 хабару иттилоот дар сомонаи расмӣ ва 52 барномаи телевизионӣ таҳия гардида, ба таваҷҷуҳи љомеа расонида шуд. Чунин иқдомот дар соли 2025 низ амалӣ гардида истодааст.
Яке аз табдирҳои имплементатсияи меъёрҳои Конвенсияи соли 2003 дар қонунгузории миллӣ ин қабул ва амалишавии нақшаи чорабиниҳо оид ба муқовимат бо коррупсия мебошад, ки мақсадаш амалишавии меъёрҳои Конвенсия ва санадҳои ҳуқуқии дохилидавлатӣ дар самти мазкур мебошад. Бо ин мақсад бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008 таҳти №34 Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 қабул шуда буданд, ки нақшаҳои тадбирҳои иҷрои онҳоро низ дар бар мегирифтанд. Баъдан, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 августи соли 2021 таҳти №222 Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардид, ки ин санад низ амалишавии 70 номгӯи чорабиниҳоро пешбинӣ мекунад.
Яке аз мақсадҳои Конвенсияи соли 2003 ҳавасмандгардонӣ, мусоидат ва дастгирии ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ёрии техникӣ дар пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия, аз ҷумла чораҳои барқарорсозии активҳо (дороиҳо) мебошад (моддаи 1 Конвенсия). Аз ин хотир, боби 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” аз 07 августи соли 2020 маҳз ба ин масъала бахшида шудааст. Тибқи моддаи 33 қонуни мазкур “Ҳамкории байналмилалӣ дар самти муқовимат ба коррупсия дар асоси принсипҳои ҳамкорӣ мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон бо мақсадҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- муайян кардани шахсоне, ки дар содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ гумонбар (айбдоршаванда) дониста шудаанд, ҷойи будубоши онҳо, ҳамчунин ҷойи будубоши шахсони дигаре, ки бо чунин ҷиноятҳо алоқаманданд;
- пешниҳод намудани ашё ё намунаи онҳо барои гузаронидани тадқиқот ё экспертизаи судӣ дар ҳолатҳои зарурӣ;
- мубодилаи маълумот доир ба масъалаҳои муқовимат ба коррупсия;
- муайян намудани молу мулки дар натиҷаи ҷиноятҳои коррупсионӣ бадастовардашуда ва баргардонидани онҳо;
- ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба муқовимат ба коррупсия ва бартараф намудани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд”.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ Созишномаи ИДМ дар бораи ташкили Шӯрои байнидавлатӣ оид ба муқовимат ба коррупсия аз 25 октябри соли 2013-ро ба имзо расонидааст.
Аъзои Шӯрои байнидавлатӣ оид ба мубориза бо коррупсия роҳбарони ниҳодҳои мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мебошанд.
Айни замон раиси Шӯро Султонзода Сулаймон Саид, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Шӯро дар доираи салоҳияти худ барои ташкил ва ҳамоҳангсозии муборизаи зидди коррупсия, инчунин баррасии иҷрои уҳдадориҳои давлатҳои иштирокчии Созишнома дар соҳаи мубориза бо коррупсия ва ҳамкории созанда бо созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои онҳо таъсис дода шудааст.
Ҳамчунин ҳамкориҳои байналмилалии Агентӣ бо Котиботи Шабакаи зиддикоррупсионӣ барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд, Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатҳои хориҷӣ ба таври судманд ба роҳ монда шудааст.
Ҳамин тариқ, пас аз қабули Конвенсияи соли 2003 дар Тоҷикистон марҳилаи нави рушди қонунгузории зиддикоррупсионӣ оғоз гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзогӣ ба ин созишномаи муҳимми байналмилиро зарур шуморида, то ба тавсиб расонидани он қонуни соҳавиро дар таҳрири нав қабул намуд. Пас аз ратификатсияи ин санад мақомоти соҳавии ваколатдори ҳифзи ҳуқуқ – Агентӣ ташкил дода шуд, ҷавобгарии ҳуқуқӣ барои ҷиноятҳои коррупсионӣ пурзӯр карда шуд, кирдорҳои коррупсионӣ, ки дар Конвенсияи соли 2003 ҳамчун ҷиноят пешбинӣ шуда буданд, криминализатсия карда шуданд, ҳимояи шоҳидон ва шахсоне, ки аз ҳолатҳои коррупсионӣ хабар медиҳанд, пурзӯр карда шуд.
Нуктаи дигарро қайд кардан зарур аст, ки қонунҳои соҳавии солҳои 1999 ва 2005 “мубориза бо коррупсия” ном доштанд, аммо қонуни амалкунанда аз соли 2020 бошад, “муқовимат ба коррупсия” ном гирифтааст. Агар аз як тараф ҳар ду истилоҳ моҳиятан синоним буда, маҷмӯи тадбирҳо ва фаъолиятро баҳри пешгирӣ, ошкор кардан ва ҷазо додани кирдорҳои коррупсионӣ, ҳамчунин бартараф кардани сабабу шароитҳои онҳоро дар бар гиранд, аз тарафи дигар “мубориза” муқобилияти фаъол бо зуҳуроти номатлубро дар назар дораду, дар “муқовимат” бошад, бештар таваҷҷуҳ ба низоми тадбирҳо ва амалҳо дода мешавад, ки ба миён омадан ва паҳн гаштани коррупсияро пешгирӣ мекунанд. Муқовимат бо коррупсия маҷмӯи васеи амалҳо, аз ҷумла тадбирҳои қонунгузорӣ, экспертизаи зиддикоррупсионӣ, шаффофияти расмиёти давлатӣ, ҳамкории давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва истифодаи тадбирҳои пешгирикунандаро дар бар мегирад. Мақсади муқовимат на танҳо ҷазо додани гунаҳкорон, балки фароҳам овардани шароит барои рух надодани ҳолатҳои коррупсионӣ мебошад.
Ҷабборов Ф.Н. – ходими калони илмии шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва
ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ.