Перейти к основному содержанию

123123Мавзуи таълиму тарбия яке аз муҳимтарин ва пурарзиштарин мавзуъҳо дар адабиёти тоҷик аст. Шоирону нависандагони тоҷик дар давраҳои гуногун ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намудаанд, зеро таълиму тарбия на танҳо омили асосии рушди шахсият ва ҷомеа, балки воситаи пойдории фарҳангу маънавият ба шумор меравад.

Таълиму тарбия дар ашъори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, падари адабиёти форсу тоҷик, ҷойгоҳи махсус дорад. Шоир дар асарҳои худ масъалаҳои ахлоқӣ, тарбияви, худшиносӣ ва ҳидояти инсонро ба сӯи некиву дониш мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Ашъори ӯ саршор аз панди ҳаётӣ, насиҳат ва даъват ба зиндагии маънавии дуруст аст. Ҷанбаҳои асосии таълиму тарбия дар ашъори Рӯдакӣ чунин баён шудаанд:[1]

Рӯдакӣ ба дониш ва илм аҳаммияти бузург медиҳад ва таъкид мекунад, ки инсон бояд тамоми умр ба омӯхтан машғул бошад. Ӯ донишро асоси тарбия ва комёбӣ мешуморад:

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,

Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.

Мардумони бохирад андар замон,

Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Гирд карданду гиромӣ доштанд,

То ба санг андар ҳаме бингоштанд.

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Ин байтҳо нишон медиҳанд, ки бе дониш зиндагӣ маънӣ надорад ва рушду камолоти инсон ба илм вобаста аст.

Ахлоқ ва инсонгароӣ яке аз мавзуъҳои марказӣ дар ашъори Рӯдакӣ мебошанд. Ӯ инсонро ба накукорӣ, адолат ва дӯстию ҳамдардӣ даъват мекунад:[2]

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,

Бартар аз дидори рӯи дӯстон.

Ҳеҷ талхӣ нест бар дил талхтар,

Аз фироқи дӯстони пурҳунар.

Рӯдакӣ таъкид мекунад, ки инсон бояд дар муносибат бо дигарон самимӣ ва одил бошад, зеро ахлоқи хуб пояи зиндагии солим аст.

Рӯдакӣ нақши вақтро дар тарбия ва тарзи зиндагии инсон муҳим мешуморад. Ӯ таъкид мекунад, ки инсон бояд вақти худро ғанимат донад ва онро барои корҳои пурарзиш сарф кунад:[3]

Ҳар кӣ н-омӯхт зи гузашти рӯзгор,

Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

Ин байт насиҳатест барои он ки инсон бояд ҳаёти худро ба қадри имкон пурмаънӣ ва пурсамар гузаронад, гузштаи асли худ ва аҷдоди худро фаромӯш накунад ва пайвандгари наслҳои гузаштаю ояндаи худ бошад.

Рӯдакӣ аксар вақт табиатро ҳамчун муаллими инсон тасвир мекунад ва даъват мекунад, ки инсон аз табиат дарс гирад. Ӯ таҷрибаи зиндагиро низ як ҷузъи муҳими тарбия медонад. Рӯдакӣ тарбияи ахлоқиро бо хоксорӣ ва худдорӣ мепайвандад. Ӯ таъкид мекунад, ки инсон бояд аз худписандӣ ва ғурур дурӣ ҷӯяд.[4]

Ӯ ба инсонҳо насиҳат мекунад, ки ҳаёти худро бо накукорӣ ва амали хуб зинда гардонанд. Рӯдакӣ инсонро ба қавӣ сохтани рӯҳу равон ташвиқ мекунад ва бар он аст, ки тарбия бояд ба таҳкими ирода ва таҳаммул ба мушкилот равона шавад.[5] Осори Рӯдакӣ нишонаи даъват ба сабру матонат мебошад, ки ҷузъи муҳими тарбияи равонӣ дониста мешавад.

Таълиму тарбия дар ашъори Рӯдакӣ ҳамчун роҳи расидан ба инсонгароӣ, хирадмандӣ ва маънавиёти баланд фаҳмонида мешавад. Ӯ таъкид мекунад, ки дониш, ахлоқи нек, истифодаи дурусти вақт ва таҷрибаҳои зиндагӣ дар тарбияи инсон нақши калидӣ доранд. Ашъори Рӯдакӣ сарчашмаи бузурги ҳидоят ва насиҳат барои тарбияи инсони комил боқӣ мемонад.

Таълиму тарбия дар «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ) яке аз паҳлуҳои муҳим ва асосии мероси ахлоқиву ирфонии ӯст. Дар «Маснавӣ маънавӣ», ки онро худи шоир «усули усул» ва «фиқҳи акбар» номидааст, масъалаи таълиму тарбия бо диди ирфонӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ баён шудааст.

Масъалаи таълиму тарбия ва маънавиётр дар «Маснавии маънавӣ» ҳамчун яке аз рукнҳои асосии инсонӣ ва роҳи расидан ба ҳақиқати илоҳӣ тафсир ёфтааст. Дар ин асари бузург, маънавиёт бо маърифат, ишқи илоҳӣ ва камолоти рӯҳонӣ пайваст аст.[6]

Яке аз мавзӯъҳои калидӣ дар «Маснавӣ маънавӣ», худшиносист. Балхӣ маънавиётро ҳамчун роҳи шинохти ботинии худ ва дарк кардани вуҷуди илоҳӣ дар дохили инсон таъбир мекунад. Вай таъкид мекунад, ки ҳар кас бояд аз пардаи нафси худ гузарад, то рӯҳи худро пок созад.

Балхӣ сабрро яке аз пояҳои муҳим дар рушди маънавиёт медонад. Дар достонҳои «Маснавӣ», сабр ҳамчун василаи таҳаммул ба мушкилот ва расидан ба ҳақиқат таъкид шудааст. Масалан, дар достони «Шакар ва қамиш» Балхӣ бо рамзҳо нишон медиҳад, ки чӣ гуна сабр инсонро ба зебоӣ ва ширинии маънавӣ мерасонад.

Дар «Маснавии маънавӣ», маънавиёт аксар вақт тавассути достонҳои рамзӣ ва мисолҳои гуногун тасвир мешавад. Масалан: достони шикояти най аз эҳсоси ҷудоии рӯҳ аз сарчашмаи илоҳӣ қисса мекунад. Най ҳамчун рамзи инсонест, ки маънавиётро тавассути ишқу ихлос меҷӯяд:

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,

Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.

Балхӣ таъкид мекунад, ки маънавиёт тавассути таълиму тарбия ва пайравӣ ба пирон ва роҳнамоён рушд меёбад. Вай дониш ва маърифатро василаҳои муҳим барои расидан ба камолоти маънавӣ мешуморад.

Балхӣ таълимро танҳо гирифтани донишҳои зоҳирӣ намедонад, балки онро василае барои шинохти ҳақиқат ва худшиносии инсонӣ мешуморад. Ӯ таълимро ба «равшансозии рӯҳ» ва «поксозии қалб» монанд мекунад. Ба андешаи ӯ, дониш бояд инсонро аз ҷаҳли ботинӣ ва дилбастагӣ ба моддӣ берун оварад.

Мавлавӣ бештар аз ҳар чиз ба таҳзиби нафс аҳаммият медиҳад. Ӯ таъкид мекунад, ки бе тарбияи ахлоқӣ ва рӯҳонӣ, дониш метавонад ба кибр ва фиреб оварда расонад. Барои ҳамин тарбия дар Маснавӣ ҳамеша бо сабр, тавозуъ, муҳаббат, ва иршод ҳамроҳ аст.

Ҷалолуддини Балхӣ устодро раҳнамо ва чароғи роҳи мурид мешуморад. Ба ақидаи ӯ, устод чун оина аст, ки айбҳои толибро нишон медиҳад ва роҳнамоӣ мекунад. Таълим бе устоди комилро ноқис мешуморад, зеро таҷриба ва таҷрибаи маънавӣ ба китоб танҳо маҳдуд намешавад.

Ба андешаи Ҷалолуддини Балхӣ, инсон танҳо дар якҷоягӣ бо дигарон, дар ҷомеа, такмил меёбад. Барои ҳамин тарбия бояд инсонро барои хизмати ҷомеа, адолат ва некӣ омода созад.

Таълим ва тарбия дар «Маснавӣ» танҳо дар доираи мактаб ё дониш омӯхтан маҳдуд намешавад, балки тамоми умрро фаро мегирад ва ҳадафи асосӣ — расидан ба камоли инсониву маънавӣ мебошад. Мавлавӣ таъкид мекунад, ки дониш бе тарбияи ахлоқӣ ва муҳаббат танҳо зоҳир аст, аммо дониш бо муҳаббат ва покии қалб – ҳақиқати комил.

Хулоса, дар «Маснавии маънавӣ», маънавиёт ҳамчун сафари маърифатӣ ба сӯи ҳақиқат ва илоҳият фаҳмонида шудааст. Ин асар инсонро ба худшиносӣ, ишқ, сабр ва пайравӣ ба роҳи ҳақ даъват мекунад. Ҷалолиддини Балхӣ нишон медиҳад, ки маънавиёт танҳо дар тасаввуроти ботинӣ нест, балки бояд дар амалҳои рӯзмарра ва муносибати инсон бо дигарон таҷассум ёбад.

Бобоҷонзода И.Ҳ. – мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа,

сиёсатшиносї ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор