Истиқлолият барои ҳар як миллат на танҳо рамзи озодӣ, балки пояи худшиносӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва имконияти фароҳам сохтани фазои солими иҷтимоиву иқтисодӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ки соли 1991 роҳи озодии таърихиро пеш гирифт, дар давоми 34 соли охир тавонист бо заҳматҳои фарзандони худ, махсусан бо талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, давлатдории миллиро эҳё намояд, фарҳанги миллӣ ва суннатҳои давлатдории аҷдодиро зинда гардонад ва дар арсаи байналмилалӣ ба як кишвари фаъолу ташаббускор табдил ёбад.
Дар ҷаҳони муосир, ки равандҳои идеологӣ-сиёсӣ пуршиддат гардида, хатару чолишҳои нав ба вуҷуд меоянд, ки сулҳ ва раванди ҳаёти осиштаи аҳли башар монеаҳои зиёд фароҳам оварда, ҳар сокини саёраро беш аз пеш ба ҳушёрӣ даъватӣ менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки хатарҳои чунин равандҳо сиёсати хирадмандонаро пеш гирифта, барои ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа ва таҳкими фарҳанги миллӣ тадбирҳои ҳамаҷониба меандешад. Аз ҷумла, таваҷҷуҳ ба таҳқиқоти илмӣ-таҳлилӣ, баргузории ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ, нашри асарҳои илмӣ ва ташкили фазои солими тафаккури дунявӣ – аз ҷумлаи тадбирҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Бо чунин иқдомҳо давлат тавонистааст мероси моддӣ ва арзишҳои маънавиро ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ нигоҳ дорад ва онҳоро ба василаи тарбияи маънавию ахлоқӣ табдил диҳад.
Пас аз ба даст овардани Истиқлолият, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳёи фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи вижа зоҳир намуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои худ дар соҳаи фарҳанг, таърих ва маънавиёт саҳми бузург гузошта, як қатор ҷашнвораҳои таърихиву фарҳангиро ба сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ расонданд.
Бо ибтикори роҳбарияти кишвар ҷашнҳои бузурге чун 1100-солагии давлати Сомониён (1999), 2700-солагии «Авесто» (2001), 2500-солагии Истаравшан (2003), 3000-солагии Ҳисор (2015) ва 5500-солагии Саразм (2020), 2500 солагии Шаҳристони Тахти Сангин (2023), баргузор гардиданд. Инчунин дар соли 2023 9 ёдгориҳои таърихию фарҳангии кишвар дар доираи номинаи фаромиллии «Роҳи бузурги Абрешим: долони Зарафшон-Қароқум» ва соли 2025 бошад 11 ёдгориҳои таърихию фарҳангии кишвар дар доираи номинаи «Хуттали Қадим» ба Феҳрасти ёдгориҳои умумибашарии ЮНЕСКО ворид карда шудаанд, ки ин ҳам аз муҳимтарин дастовардҳои фарҳангии Тоҷикистон буда, мавқеи фарҳангии кишварро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувор намудаанд. Эҳдои асарҳои безавол, монанди «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»- и Абулқосим Фирдавсӣ ва бунёди садҳо муассисаҳои фарҳангиву осорхонаҳо аз таваҷҷӯҳи роҳбарияти олии кишвар дар роҳи баланд бардоштани сатҳи огоҳи таърихи аҷдодӣ ва худшиносии миллии насли наврас ва ҷавонон дарак медиҳад. Маҳз ба шарофати ҳамин тадбирҳо, мероси ғании таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик аз нав эҳё гардида, ҷаҳонро бо арзишҳои ниёгон шинос намуд.
Дар баробари ин, Пешвои миллат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ – аз ҷумла чакандӯзӣ, зардӯзӣ, кулолгарӣ, косатошӣ, созтарошӣ, фалаксароӣ ва дигар анъанаҳои миллӣ – таваҷҷуҳи хоса намуд. Ин ҳама на танҳо ба худшиносии миллӣ, балки ба болоравии маънавиёти насли ҷавон такон бахшид.
Истиқлолият ба Тоҷикистон имконият дод, ки дар арсаи байналмилалӣ низ мавқеи сазовор пайдо кунад. Ташаббусҳои ҷаҳонии кишвар, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардиданд, имрӯз ба ҳалли мушкилоти глобалӣ мусоидат менамоянд.
Аз ҷумла, ташаббуси ҷаҳонии ҳалли мушкили об яке аз дастовардҳои бузурги Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо ибтикори Тоҷикистон солҳои 2003, 2013 ва 2018 ҳамчун «Соли байналмилалии об» эълон гардиданд. Ҳоло низ барномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал: Об барои рушди устувор, 2018–2028» дар асоси пешниҳоди Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Инчунин, Тоҷикистон дар масъалаи мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳонӣ – аз ҷумла экстремизм, терроризм ва тағйирёбии иқлим – мавқеи фаъол дошта, ташаббусҳои созандаи худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ироа мекунад. Бо ҳамин роҳ, кишвари мо тавонист ҷойгоҳи худро ҳамчун як давлати хурд, вале дорои нуфузи бузурги дипломатӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳимтарини башарӣ мустаҳкам намояд.
Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон на танҳо рамзи озодии миллӣ, балки сарчашмаи эҳёи фарҳанг, рушди худшиносӣ ва пешрафти иҷтимоиву иқтисодӣ гардид. Бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз Тоҷикистон тавонистааст:
сулҳу суботро дар ҷомеа таъмин намояд;
мероси фарҳангӣ ва суннатҳои мардумиро эҳё кунад;
дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои худ мақоми шоиста пайдо намояд;
Истиқлолият барои миллати тоҷик на танҳо як воқеаи таърихӣ, балки роҳнамои ояндаи дурахшон аст. Ин арзиш моро водор месозад, ки бо иттиҳоду ҳамбастагӣ, ҳифзи сулҳу субот ва рушду пешрафт ба сӯи фардои боз ҳам беҳтар қадам гузорем.
34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи мардуми сарбаланду заҳматкаши кишвари азизамон муборак бошад ва бигзор дар Тоҷикистони азиз сулҳу суботи ҷовидона ва ҳамдили абадӣ пойдор бод!
Пӯлотов Абдураҳмон директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон