Перейти к основному содержанию
Истиқлоли давлатӣ яке аз арзишҳои олӣ ва муқаддас барои ҳар як миллат ба ҳисоб меравад. Он на танҳо рамзи соҳибихтиёрӣ ва озодӣ, балки шарти асосии ташаккули давлати муосир, рушди иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро эълон намуд, дар муддати кӯтоҳ тавонист мақоми худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба даст орад ва ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ эътироф гардад.

Бо вуҷуди мушкилоти солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва вазъи душвори сиёсиву иҷтимоӣ, Тоҷикистон роҳи мураккабро тай намуда, тавонист худро ҳамчун давлати комилан соҳибистиқлол муаррифӣ намояд. Эътирофи байналмилалӣ ва ҳамгироӣ бо созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ барои таҳкими пояҳои давлатдории навини тоҷикон нақши калидӣ бозид.

Набояд фаромӯш кард, ки истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди талошҳои пайваста ва роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Пешвои миллат бо сиёсат ва барномаҳои стратегӣ, ки ҳадафмандона барои ба даст овардани истиқлолият ва таҳкими мавқеи ҳуқуқии кишвар равона буданд, роҳи худро барои воридшавӣ ба ҷомеаи байналмилалӣ ҳамвор намуд.

Сиёсати дурандешона ва муваффақонаи Пешвои муаззами миллат на танҳо барои расидан ба истиқлолияти давлатӣ заминаи боэътимод фароҳам овард, балки роҳи ҳамкории созанда ва устувор бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва узвият дар созмонҳои байналмилалиро низ барои Тоҷикистон боз намуд. Нақши стратегӣ ва аҳамияти амалии роҳбарии Пешвои маҳбуби миллат имрӯз ҳамчун намунаи барҷастаи муваффақияти сиёсӣ, далерию ҳушёрӣ ва қобилияти дипломатии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ пазируфта мешавад, ки ҳам барои таҳкими мавқеи давлат дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳам барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Эътирофи байналмилалии истиқлол. Эътирофи истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ як рӯйдоди таърихӣ ва бисёр муҳим маҳсуб меёбад, ки мавқеи ҳуқуқии кишварро ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ таҳким бахшид. Дар охири соли 1991 ва оғози соли 1992, пас аз эълони истиқлолият, Тоҷикистон аз ҷониби як қатор давлатҳои ҷаҳон расман эътироф шуд. Дар ин миён метавон Федератсияи Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳидро ном бурд, ки эътирофи онҳо ба кишвар имконият дод дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати комилан соҳибихтиёр ва мустақил қарор гирад. Ин эътироф на танҳо барои таҳкими мавқеи дипломатии Тоҷикистон муҳим буд, балки заминаи ҳуқуқӣ ва сиёсиро барои ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пайвастан ба созмонҳои байналмилалӣ фароҳам овард.

Маҳз эътирофи расмии байналмилалӣ ба Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки санаи 2 марти соли 1992 ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шавад. Ин рӯйдод на танҳо нуқтаи аввали эътирофи байналмилалӣ буд, балки оғози фаъолият ва нақши фаъоли дипломатии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ низ муайян намуд.

Истиқлоли давлатии Тоҷикистон на танҳо дар доираи қоидаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ таҳким ёфт, балки ҳамчун дастоварди бузурги сиёсӣ ва рамзи соҳибихтиёрии миллӣ мавқеи устувор пайдо кард. Эътирофи расмии истиқлол аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ барои кишвар шароити мусоид фароҳам овард, ки он имконият дод робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо дигар давлатҳо ва созмонҳои байналмилалиро барқарор ва густариш диҳад. Ин раванд ба Тоҷикистон имконият дод, ки ҳамчун давлати мустақил ва бо нуфуз дар арсаи байналмилалӣ фаъолият намояд ва нақши худро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва минтақавӣ пайваста тақвият бахшад.

Ҳамгироии Тоҷикистон дар низоми байналмилалӣ. Ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои муҳим ва стратегӣ пас аз истиқлолият ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи 34 соли соҳибистиқлолӣ ба як қатор созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамроҳ шуд, аз ҷумла: Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Созмони байналмилалии меҳнат (СБМ), Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) ва дигарҳо.

Ҳамзамон, Тоҷикистон бо роҳандозии ташаббусҳои муҳими байналмилалӣ, бахусус дар соҳаи об, иқлим ва муҳити зист, мавқеи фаъол ва эътибори худро дар арсаи ҷаҳонӣ тақвият бахшид. Қатъномаҳои СММ, аз ҷумла Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005-2015), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018-2028) ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025, маҳз бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуданд, ки далели нақши фаъоли кишвар дар ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ ва саҳмгузории фаъолона дар ҳамгироии байналмилалӣ мебошад.

Ҳамгироии Тоҷикистон дар равандҳои байналмилалӣ на танҳо ба таҳкими нуфуз ва мавқеи сиёсӣ ва ҳуқуқии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат кардааст, балки ба рушди иқтисоди миллӣ, ҷалби сармоягузорӣ, густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва беҳбуди сатҳи зиндагии аҳолӣ низ саҳми назаррас дорад. Ин раванд имкон фароҳам меорад, ки Тоҷикистон бо истифодаи имкониятҳои байналмилалӣ ва дастгирии созмонҳои молиявӣ ва техникӣ стратегияи рушди устуворро амалӣ намояд ва дар баробари дигар давлатҳо нақши фаъоли худро дар ҳаллу фасли масъалаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ нишон диҳад.

Ҳамин тавр, истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тавассути ду марҳалаи асосӣ «эътироф ва ҳамгироӣ» мазмуну муҳтавои воқеӣ пайдо намуд. Эътирофи истиқлол аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ асоси ҳуқуқии мавҷудияти Тоҷикистонро таъмин кард, дар ҳоле ки ҳамгироӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ имконият дод, ки кишвар мақоми сазоворро дар муносибатҳои минтақавию ҷаҳонӣ соҳиб гардад.

Имрӯз, пас аз 34 соли соҳибистиқлолӣ, Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва бо нуфузи рӯзафзун дар арсаи байналмилалӣ шинохта мешавад. Дастовардҳои бадастомада шаҳодати онанд, ки истиқлолият барои миллати тоҷик на танҳо рамзи озодӣ, балки заминаи асосии пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад.

Назарзода Давлатхон - ходими калони илмии шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа,

сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳовадинови АМИТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент