Перейти к основному содержанию
Дар интиҳои асри ХХ, миллати куҳанбунёди мо ба дастоварди бузургтарини таърихӣ, яъне истиқлолияти давлатӣ ноил шуда, соҳиби давлати комилан мустақили миллӣ гардид. Истиқлолияти давлатӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 сол муқаддам ба он соҳиб гардид, дар таърихи халқи тоҷик нодиртарин падидаи сиёсӣ маҳсуб меёбад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хосса зикр намудаанд: “Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад”.

Истиқлолият беҳтарин неъмат ва гаронтарин арзиш барои ҳар давлату миллат буда, омили асосии рушду тараққиёт ва дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифгари манфиатҳои миллию давлатӣ ба шумор меравад. Тоҷикистони азизи мо давоми 34 - соли Истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти тавоно тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд.

Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Истиқлолият барои тоҷикон дарвозаҳои бузургеро ифтитоҳ бахшид, ки ин миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддун барои тамоми халқияту давлатҳои ҷаҳон расму оин ва фарҳанги волои хешро муаррифӣ карда тавонист.

Илму дониш дар назди халқи фарҳангӣ ва тамаддунсози тоҷик аз қадимулайём мақому манзалати хоса дошт. Имрӯз мо дар остонаи арафаи таҷлили ҷашни истиқлолияти кишварамон қарор дорем. Ва дар ин муддати 34 сол дар кишвар натиҷаҳои хуби илмӣ дар самти илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ба даст омадааст.

Дар давраи истиқлолият дар кишварамон фаъолияти олимон дар таҳқиқи проблемаҳои илмии қариб ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла, химия, биология, геология, ситорашиносӣ, риёзиёт, физикаи таҷрибавӣ ва назариявӣ, сохтмони ба зилзила тобовар, физиология ва биофизикаи растаниҳо хеле назаррас аст. Дар яке аз вохӯриҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиё гуфта буданд, ки дар нимаи дуюми асри гузашта ва солҳои истиқлолият бозёфту кашфиёти олимони тоҷик, алалхусус, дар соҳаҳои зилзиласанҷиву ситорашиносӣ, кимиёву биология ва риёзиёту тиб таваҷҷуҳи аҳли илми оламро ба худ кашида буданд ва таҷрибаи илмии онҳоро мавриди истифода қарор медоданд.

Мо дар остонаи арафаи таҷлили ҷашни 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвари биҳиштосоямон Тоҷикистон қарор дорем. Дар ин муддати 34 соли истиқлолият дар самти илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ба хусус дар соҳаи илми кимиё натиҷаҳои хуби илмӣ ба даст омадааст.

Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ маркази муҳими илмӣ буда, дар амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии кишварамон саҳми муассирро дорад. Чунончӣ, таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи замони муосир нишон медиҳанд, асоси пешрафти ин кишварҳо рушди соҳаи кимиё ва саноти кимиё маҳсуб меёбад, ки аз партави рушди соҳаи мазкур дигар соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва иқтисодии кишвар тағзия намуда, пешрафт менамоянд.

Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини Акдемияи миллии илмҳои Тоҷикистон баъди соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои афзалиятнок барои ҷумҳурӣ - омӯзиши кимиёвии боигариҳои табии ҷумҳурӣ ва коркарди илман асосноки ихтироъи пайвастагиҳои нави кимиёвӣ ва мавод барои эҳтиёҷоти саноат, тандурустӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо ва инчунин гирифтани маҳсулоти арзишнок аз партовҳои корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ тағйири самти фаъолият кард.

Олимони Институти кимиё дар тӯли солҳои истиқлолият дар соҳаҳои химия ба натиҷаҳои муҳим ноил шудаанд. Масалан, натиҷаҳои муҳимтарини илмии ба дастовардаи Институти химия дар солҳои охир марбутанд ба сохтани амсила (модел)-и геохимиявии таназзули Тоҷикистон чун сохтори махсуси таҳшини қишри Замин - фурӯхамидаҳои азими байни кӯҳ. Таҳқиқоти палеогеографӣ имкон дод, ки масоҳати ояндадори конҳои ангишти нав ошкор гардад. Ғаноиши (консентратсия) муҳими саноатии бор, нуқра, уран, лития ва дигар филизот дар намакоб ва таҳшини кӯли Помир муайян карда шуд; коркарди технологияи ҳосилкунии гилхок аз ашёҳои хоми маҳаллӣ барои Заводи Алюминийи Тоҷикистон; масоили аз нав коркарди маҷмӯи маъданҳои алюмосиликатӣ - сиенитҳои нефелинӣ, сафедгил, сеолитҳо, бентонитҳо, мусковит, аргелит, кислотаҳои сиаллитҳо ва бо тарзи хлоркунонӣ баррасӣ гардид.

Ин намуди ашё бо сабаби камшавии захираи ашёи анъанавӣ – боксити босифат (ҳамчун ашёи хом ҳоло барои ҳосил кардани алюминий дар ТАЛКО истифода бурда мешавад) аҳамияти калон пайдо мекунад; технологияи аз нав коркарди данбурит ва маъдани кони Ак-Архар, аргиллитҳои кони Чашма - Санг бо тарзи хлорӣ ва тезобӣ; коркарди технологияи тасфияи аз нав коркарди маъдани фосфордори кони Риват ва Қаратоғ бо ҳосилкунии ғанигардонӣ, коршоям барои ба даст овардани орди фосфоритӣ ва нуриҳои минералӣ.

Барои маъдани кони тиллодори сурмаю симоби уфуқии Поёни кони Ҷиҷикруд нақшаи технологии имкондиҳандаи ба таври маҷмӯъ ҳосил кардани ҳама таркиби фоиданок ихтироъ карда шудааст.

Дар шароити озмоишгоҳӣ таҳқиқот роҷеъ ба тарзи тиомочевинӣ, усули аз ҷиҳати экологӣ бехатар, ишқоронии тилло ва нуқра аз маъдани кони Чоре гузаронида шуд.

Асосҳои назариявӣ ва технологии синтези алюминийи нави зангназананда, хӯлаҳои рӯҳ барои эҳтиёҷоти техникаи нав ва инчунин назарияи алюминии ҷавҳардори зангназананда ва хӯлаҳои он коркард гардид. Олимони институт дар ин самт тақрибан 150 системаи сегонаро бо якҷоягии алюминий таҳқиқотро ба роҳ монданд. Муайян гардид, ки илова кардани яққатор филизоти камёб ба оксидшавии хӯлаҳои ибтидоии арзиз, суръати зангзании онро 2-3 маротиба кам мекунад. Хӯлаҳо ба сифати пӯшиши анодӣ барои муҳофизати иншооти пӯлодӣ ва маснуот аз зангзанӣ ва маводи техникаи барқ чун қабати қуввагии кабел ва ноқилҳои барқӣ таъйин гардидааст.

Туршобаи холат ҳамчун ашёи аввалия барои синтези маводҳои доругие, ки қобилияти литолитикӣ доранд, маводи Трионин, ки фаъолияти ҳалкунии сангҳои хелостеролӣ ва як қатор марҳамҳои растанигӣ омода ва пешниҳоди тадбиқ гардид. Айни замон хосиятҳои заҳраравонӣ, литолитикӣ (об кардани санги талхадон) ва гипохолестеринемии (паст кардани холестерини хун) омӯхта шуда истодааст.

Ба мақсади омӯзиши истифодашавандагии пектинҳо муштаракан бо Институти гастроэнтерологии АИТ ВТ ҲИА ҶТ ва Донишгоҳи тиббии ш. Деҳлӣ (Ҳиндустон) таъсири нахҳои пектинӣ дар табадулотҳои кимиёвии талха ва касалиҳои санги талхадон омӯхта шудааст. Муштаракан бо кафедраи амрози сироятии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳқиқи таъсири пектин дар муолиҷаи касалиҳои роҳи меъдаву рӯда идома дорад.

Бо як қатор олимони донишгоҳҳои ИМА ва Маркази илмии минтақавии Шарқии Департаменти давлатии ИМА оид ба кишоварзӣ таҳқиқот дар соҳаи таъсис ва истифодаи низоми таҳвили доруворӣ дар асоси пектин бо истифода аз асбобҳои замонавӣ гузаронида мешавад. Ихтирооти мазкур дар кишварҳои муштаракул манофеъ шабоҳате надорад ва дар вақти дарёфти маблағ маводи нав барои содирот сохта мешавад.

Як қатор таҳқиқот оид ба тавсифи химиявии равғани ангат дар Помир мерӯйида, радиола ва дигар набототи доруворӣ гузаронида шуд.

Таҳқиқот оид ба истифодаи оқилонаи ангишт ва азнав коркарди он шурӯъ шудааст. Пешниҳоди якҷоя истифодабарии партовҳои сахти полимерии ангиштдор, дар раванди газкашӣ метавонад проблемаи қобилияти пасти гармоофарии маҳсулоти ниҳоиро ҳал намояд. Технологияи мазкурро метавон дар муддати кӯтоҳ дар ҳар корхонаи дорои талабот ба ҳомилҳои энергия ҷорӣ намуд.

Пажӯҳиш оид ба синтез ва ҷустуҷӯи пайвастагиҳои нави фаъоли биологӣ дар асоси пайвастагиҳои сулфуру нитроген ва гетеросиклии кислороддор бурда мешавад. Раванди синтез ва омӯзиши хосиятҳои физикавию химиявии пайвастагии тиадиазоло-пиримидин ва таҳқиқи фаъолнокии зиддимикробии давом дорад.

Дар давраи солҳои 1991-2025 аз тарафи Институти кимиё рочеъ ба истифодаи ихтирооти илмӣ сенздаҳ пешниҳод карда шуд ва нӯҳ ихтироот дар истеҳсолот тадбиқ карда шуданд. Дар корхонаи алюминийбарории Тоҷикистон тарзи ҳосилкунии ферросилитсий ва чӯян аз партовҳои истеҳсолот бо самараи умумии иқтисодӣ тақрибан 1 млн. доллари ИМА ҷорӣ карда шуд. Инчунин дар корхонаи «Тамохуш»-и шаҳри Исфара масолеҳи ба коррозия тобовари дар асоси алюминий татбиқ карда шуд.

Истеҳсоли коагулянтҳо барои полоиши об ба роҳ монда шудааст. Технологияи ҳосилкунии маъдани криолит-гилхок аз партовҳои истеҳсолоти алюминий ва ашёи хоми минералии маҳаллӣ (сиенитҳои нефелинӣ, сиаллитҳо ва флюорит) дар Институт коркард гардид. Дар асоси технологияи мазкур дар корхонаи алюминийбарории Тоҷикистон сехи коркарди партовҳо сохта ба кор андохта шуд.

Дар корхонаи «Зарафшон» усули хлорбуғкунии коркарди консентрати тиллою миси кони Тарор ҷори карда шуд, ки ба ин корхона дар як сол бештар аз 4-5 миллион сомонӣ фоида меорад. Дар дастгоҳи нимсаноатии озмоишгоҳи «Ғанигардонии маъдан», ки иқтидораш 60 кг/соат мебошад, таҳқиқи флотатсионии маъдани фосфордори кони Риват гузаронида шуд. Дар натиҷа 5000 кг маъдани фосфордори кони Риват бо усули флотатсионӣ дар дастгоҳи нимсаноатӣ ғанӣгардонида шуд. Дар натиҷа орди фосфордор ба даст оварда щуд, ки дар таркибаш Р2О5 аз 22 то 24 % буд.

Маҳлулҳои пектини себ ҳамчун моддаи қавикунанда дар истеҳсоли кефир ва ёогурт (ҶСП «Комбинати шири Душанбе») ва унсури лиҳобкунанда (гелсоз) барои маҳсулотҳои қаннодӣ (мармалод) дар Фабрикаи қаннодии «Ширин»-и шаҳри Душанбе аз ташхис гузашт. Ҳамин тариқ ин ташхис ба корхонаи маҳсулоти ширӣ имконияти нигоҳдории дарозмуддати маҳсулоти истеҳсолиро фароҳам овард ва имконияти ивази ашёи воридотиро ба миён гузошт.

Ихтирооти Институти химия оид ба сохтани мембран дар Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷиктекстилмаш» барои истеҳсоли умумии ҳисоббарори газӣ ва тарзи полоиш ва шаффофияти доимии вино (шароб) бо бентонит ва маводи полимерии маҳаллӣ дар ҶСШП «Душанбе» бо самараи иқтисодии 65 ҳазор сомонӣ ҷорӣ карда шуд.

Истеҳсоли дурдабанд (коагулянт) барои полоиши об ба роҳ монда шудааст. Технологияи ҳосилкунии маъдани криолит-гилхок аз партовҳои саноати алюминӣ ва ашёи хоми минералии маҳаллӣ (сиенитҳои нефелинӣ, сиаллитҳо ва флюорит) дар Институти химия коркард гардид, ки дар КВД «Заводи Алюминийи Тоҷик» коргоҳ оид ба азнав коркарди партовҳои истеҳсолоти алюминий сохта ва ба истифода дода шуд.

Дар давоми солҳои 2003-2025 ходимону олимони Институти химия зиёда аз 3000 мақолаҳои илмӣ, 84 монографияро интишор намуда, 104 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дарёфт намуданд.

Ҳамкории институт бо марказҳои байналмилалии илмӣ- техникӣ (МБИТ) дар асоси озмун дар байни 7 кишвари минтақа ба гирифтани 11 лоиҳаи МБИТ ба маблағи беш аз 2.6 млн доллари ИМА мусоидат намуд. Имрӯз таҳқиқоти илмӣ бо олимони амрикоӣ ва олмонӣ якҷоя гузаронида мешавад, ки ноилшавӣ ба натиҷаҳои баланд расонд ва онҳо дар мақолаҳои муштарак дар маҷаллаҳои боэътимоди байналмилалӣ интишор шудаанд. Ҳамкории илмӣ дар доираи қарордодҳои қаблан баста байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор донишгоҳҳои Ҷумҳурии исломӣ Эрон ва Покистон, бо олимони Олмон, Итолиё, Фаронса, Австрия, Туркия ва Руминия дар доираи лоиҳаҳои МБИТ, Иттиҳоди Аврупо, НАТО (Созмони Атлантикаи Шимолӣ) ва меорандуми тарафайн идома дорад

Ба ғайр аз ин, ҳамкорӣ бо кишварҳои муштаракулманофеъ яке аз самтҳои афзалиятнок дар фаъолияти институт боқӣ мемонад. Таҳқиқотҳои муштарак бо марказҳо ва ширкатҳои илмии Қазоқистон, Институти химия ва технологияи кимиёвии Академияи миллии Ҷумҳурии Қирғизистон ва Маркази байналмилалии инноватсионии нанотехнологияи ИДМ дар назди Институти муттаҳидаи таҳқиқоти ядроӣ (шаҳри Дубнаи ФР) идома дорад. Илова бар ин Институт бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Узбекистон ва Белорусия низ робитаи илмиро низ ба роҳ мондааст, ки метавонад дар пешрафти илм заминаи хуберо фароҳам созад.

Дар Институтуи кимиё технологияи истеҳсоли пектин аз партовҳои мевагӣ (себ) дар сатҳи нимсаноатӣ бо патентҳои зерин ҳифз карда шуд: ЕАП 016871, Патенти Евразия (2018). Тарзи истеҳсоли пектинҳо аз маводи растанигӣ; UA 70046, Патенти Украина. Хати технологии коркарди моддаҳои пектинӣ бо усули флэш. Дар КВД “Коргоҳи мошинасозӣ” санҷиши намунаҳои хӯлаҳои алюминий бо бериллий ва галлий гузаронида шуд. Муайян карда шуд, ки аз истифодабарии ин хӯлаҳо суръати коррозияи қисмҳои таҷҳизотро 1.5-2 маротиб кам мешавад. Дар Ҷамияти саҳомии пушидаи “Джунтай Дангара Син Силу Текистил” хӯлаи ба коррозия тобовари алюминий бо магний (TJ № 972, 19.02.2019 с.) санҷишҳои таҷрибавиро гузашт. Фоидаи иқтисодӣ дар як сол 1000 сомониро ташкил медиҳад. Дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ноқили ТАлКо» ихтироотҳои TJ № 1058 (14.02.2020с.) ва TJ № 1059 (14.02.2020с.) “Хӯлаи алюминийи ноқилӣ” аз санҷиши техникӣ гузаронида шуданд. Ҳангоми 10% кам кардани сатҳи буриши ноқиклҳо барои истеҳсоли 1000 т ноқили электрикӣ бо инобати нархи 2000 доллари ИМА барои 1 т, 10% камшавии ҳаҷми металл, яъне 100 т фоидаи иқтисодӣ 100 · 2000 = 200 000 доллари ИМА баробар мешавад.

Дар тӯли даврони истиқлолияти давлатӣ Институти кимиё АМИТ тадқиқот оиди коркарди роҳҳои хосил намудани консентратҳои ҷузъи васеъи тобитумии маҳсулоти нафти, ҳосил намудани сулфонҳои нафти ва омӯзиши фаъолияти биологии онҳо дар соҳаи чорводорӣ роҳандози намуда, ки натиҷаҳои илмиро бо бо патентҳои зерин ҳифз намуд: Нахустпатенти ҶТ Усмонов Р. №TJ 803, «Таркиби дорои таъсири акритсидӣ нисбати канаи ҳайвонот» (2016с.) ва Усмонов Р. № TJ 1023 «Мавод барои табобати гелментози ҳайвонот» (2019с) Нахустпатенти ҶТ № TJ 1284 аз 7 январи 2022 с. “Тиосемикарбазиди 3α,7α,12α-тригидрокси-5β-кислотаи холинӣ, ки фаъолияти зиддимикробӣ дорад”, (муаллифон Абдуллозода С.И., Акилова М.М., Назарова З.Д., Султонмама-дова М.П., Рахмонов Р.О., Кобилов Н.К.), Нахустпатенти ҶТ Нахустпатенти ҶТ тибқи аризаи 2201747 аз 31.10.2022 “5((6-(4-бромфенил)-2-(фенилтио)имидазо[2,1-b]-[1,3,4]тиадиазол-5-ил)-тио)-1,3,4-тиадиазол-2-амин дорои хусусияти зиддими-кробӣ ва зидди бемории сил” (муаллифон Зоидова М.Т., Раҳмонов Р.О., ва дигарон).

Мувофиқи нақшаи кории КИТ-и озмоишгоҳи “Химияи пайвастагиҳои гетеросикли”-и аз санаи 26.06.2025 то 05.07.2025 барои гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотии эмулсияҳои обии фраксияи миёнаи нафтҳои баландсулфурдор бо консентратсияҳои 15, 20 ва 25% барои муайян кардани таъсироти зидди канаи ҳайвони шохдори калон дар хоҷагии чорводории қисми ҳарбии 4505-и ноҳияи Шаҳринав гузаронида шуданд.

Саравал 15 (понздаҳ) сар чорвои калони шохдорро ба се гурӯҳ тақсим намудем.

Гурӯҳи якум - 5 (панҷ) сар чорвои калони шохдор субҳ бо эмулсияи тайёркардашудаи 15%-а дар бадани чорво ба миқдори 35-40 мл дар масоҳати 1м2 зимни пошидан истифода намудем.

Гурӯҳи дуюм - 5 (панҷ) сар чорвои калони шохдор субҳ бо эмулсияи тайёркардашудаи 20 %-а дар бадани чорво ба миқдори 30-33 мл дар масоҳати 1м2 зимни пошидан истифода намудем.

Гурӯҳи сеюм - 5 (панҷ) сар чорвои калони шохдор шомгоҳон бо эмулсияи тайёркардашудаи 25 %-а дар бадани чорво ба миқдори 27-30 мл дар масоҳати 1м2 бо роҳи пошидан истифода намудем.

Пас аз истифодаи маводи зидди кана – эмулсияи обии фраксияи миёнаи нафтҳои баландсулфурдор дар консентратсияҳои 15, 20 ва 25%-а натиҷаи санҷишҳои экспедитсионӣ нишон дод, ки баъди 7-10 соати истифодаи маводи консентратсияаш 15% дар бадани чорво 65-67% канаҳоро несту нобуд кард. Маводи 20% -а дар бадани чорво то 85 % канаҳоро нест карда, маводи 25 % -а канаҳои бадани чорворо то 97-100% нест намуд.

Ҳангоми истифодаи эмулсияҳои обии фраксияи миёнаи нафтҳои баландсулфурдор бо консентратсияҳои 15, 20 ва 25% маълум карда шуд, ки дар бадани чорвоҳои истифодабурда ягон намуд тағйиротҳои куллӣ дар пусти чорво ба вуқуъ наомад ва баръакс ҷойҳои захми пусти чорво, ки аз ҳисоби канаҳо пайдо гашта буданд дар мудати кутоҳ пурра барқарор шуданд.

Натиҷаҳои пешгӯишаванда оиди заҳрнокии пайвастагиҳои сулфурдори таркиби нафт аз қабили сулфиди гидроген, меркаптанҳо (тиолҳо), сулфидҳо (тиоэфирҳо) ва дисульфидҳо (дитиоэфирҳо), пайвастагиҳои сиклӣ ва гомологҳои онҳо, ки бо истифода аз усули докинги молекулавӣ ба даст оварда шудаанд, имконияти бо мақсади сади хунӣ-мағзӣ, экозаҳрнокӣ ва ситохром CYP2C9 таъсир расониданро дошта, идомаи омӯзиши хосиятҳои заҳрнокӣ ва акариcидии онҳо дар шароити in vitro ва in vivo метавонанд имконияти васеъи истифодаи онҳоро дар соҳаи чорвопарварӣ ба сифати маводи антипаразитӣ фароҳам созанд.

Тавсияҳо оид ба истифодаи амалии натиҷаҳо. Дар асоси натиҷаҳои ба даст оварда шуда, имконияти аз фраксияи ҷудошуда тавасути эмулигаторҳо (собун) метавон эмулсияҳои обии устувори сулфидҳо ва сулфоксидҳоро дар консентратсияҳои гуногун (10, 15, ва 25%) дар асоси фраксияи миёнаи ҷудокардашуда, сулфоксидҳо, об ва эмулигатор (собун) тайёр намуда, таъсири акариcидии эмулсияҳои мазкурро дар шароити in vitro ва in vivo мавриди омӯзиш ва истифодабарӣ қарор дод.

Натиҷаҳои санҷиши зидди канаи чорвои калони шохдор, ки дар асоси эмулсияи обии фраксияи миёнаи нафтҳои баландсулфурдор бо консентратсияҳои 15, 20 ва 25% таҳия шудаанд нишон дод, ки барои нест кардани канаҳо таъсири марговар дошта, вале барои чорвои калони шохдор безарар мебошад ва барои истифода дар соҳаи чорвопарварӣ тавсия дода мешаванд.

Таҳқиқоти in silico-и пайвастагиҳои сулфурдори таркиби нафт ва идомаи омӯзиши хосиятҳои заҳрнокӣ ва акариcидии онҳо дар шароити in vitro ва in vivo метавонанд имконияти васеъи истифодаи онҳоро дар соҳаи чорвопарварӣ ба сифати маводи антипаразитӣ фароҳам созанд.

Мутобиқи шартномаи дутарафаи байни Институти химия ва фирмаи «Лазурит» техналогияи истеҳсоли хиштҳои ҳарораттобовари маркаи ШБ-5 аз ашёи маҳали ба даст оварда шуд. Бо ин техналогия дар базаи фирмаи «Лазурит» 500 тонна хишти оташтобовар пухта шуда дар корхонаи ШАТ «ТАЛКО» санҷиши истеҳсоли гузаронида шуд.

Барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи илм як қатор олимони Институт сазовори ҷоизаҳо гардиданд. Академики НАНТ У.М.Мирсаидов бо ордени «Дустӣ» сазовор гардид. Академикҳои АМИТ У.М. Мирсаидов, К.Ҳ. Ҳайдаров ва узви вобастаи АМИТ И.Ф. Раҳимов ба Ҷоизаи Давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника сарфароз карда шуданд. Академики АМИТ К.Ҳ. Ҳайдаров ва доктори илмҳои химия А.Ҳ Қодиров соҳиби ҷоизаи АМИТ шуданд. Ғайр аз ин, як зумра олимони Институт сазовори ҷоизаҳои байналмиллалӣ гардиданд: академик Далер Набиҷонович Почоҷонов дар с. 2013 сазоворӣ ҷоизаи байнидавлатии ИДМ, мукофоти «Звёзди Содружтства», н.и.к. Зиёдулло Обидов дорои дипломи «Лучший молодой ученый Евразии», д.и.к., профессор Қодиров А.Х. дорои медали тиллоии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳҳнӣ дар с. 2015. Дар соли 2017 академик Ғаниев Иззатулло Наврузович ба Ҷоизаи нашриёти «Springer Nature Awards ТОП»–и Ҷумҳҳурии Олмон «Ҳамчун пурмаҳсултарин муаллиф» аз Тоҷикистон мукофотонида шуданд. Тибқи пурсиши рӯзномаи Ҷумҳурият академик Ғаниев Иззатулло Наврузович “Олими сол” дар соли 2020 шинохта шуд. Унвонҷӯи озмоишгоҳи химияи пайвастагиҳои калонмолекула Исмоилов Икромҷон Бомуродович дар озмуни «Беҳтарин олими ҷавони ИДМ дар соли 2020» иштирок намуда, бо дипломи дараҷаи 1 ва нишони сарисинагии «Лучший молодой учёный 2020 года» мукофотонида шуд.

Илова бар ин зикр намудан бамаврид аст, ки академики АМИТ Ӯ. М. Мирсаидов барои фаъолияти пурсамар ва дастовардҳои илмӣ ба дар рушди илми кишвар ба мукофотҳои Мукофоти давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2005), Мукофоти байналмиллалии ICESCO (2010), Мукофоти байналмилалии Академияи илмҳои ҷаҳонии сеюм - TWAS (2017) ва Мукофоти байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Ситораҳои Иттиҳод» ва Мукофоти давлатии “Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро (с. 2024) сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин дар соли 2024 директори Институти кимиёи АМИТ д.и.т., профессор Сафаров А.М. низ сазовори мукофоти давлатии “Медали хизмати шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” гардид.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раёсати АМИТ бо ҷаҳду талошҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики АМИТ Қобилҷон Хушвахтзода дар соли равон дар Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ се озмоишгоҳи замонавӣ – “Озмоишгоҳи усулҳои физикавӣ химиявии таҳқиқот” дар заминаи озмоишгоҳ “Маводҳои ба коррозия устувор”, дар заминаи озмоишгоҳи “Химияи пайвастагиҳои гетеросиклӣ”-и озмоишгоҳи замонавии “Усулҳои таҳкиқоти физикавӣ ва химиявиипайвастагиҳои табии ва синтетикӣ” ва дар заминаи озмоишгоҳи “Коркарди комплексии ашё ва партовҳои саноатӣ”-и озмоишгоҳи “Коркарди комплексии маъданҳо”-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пурра аз таъмир бароварда шуда, бо асбобу технологияҳои муосир муҷаҳҳаз гардонида шуда, мавриди истифода қарор дода шуд.

Тавре аз номи озмоишгоҳҳо маълум аст, самти асосии тадқиқоти илмии озмоишгоҳҳо таҳқиқоти ашёҳои табиию синтетикӣтаҳияи ва таҳқиқи маъданҳои захирагоҳҳои минералии ватанӣ маҳсуб меёбанд, ки имконияти асосҳои назариявӣ ва технологии таҳқиқи пайвастагиҳои табиию синтетикӣ ва коркарди технологии конҳои минералии кишварро фароҳам сохта, дар эътимоднок сохтани натиҷаҳои илмӣ баҳри рушди соҳаи саноати дорусозӣ ва саноати коркарди маъданҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми боризро хоҳанд гузошт.

Дар ин замина Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки санаи 30-юми майи соли 2024 баргузор гардида буд, масоили мубрами пайванди илм бо истеҳсолотро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани илм ва расидан ба натиҷаҳои илмии рақобатпазири бозориро дар сатҳи ҷаҳонӣ ба муассисаҳои дахлдор аз ҷумла Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас ва вазифаҳои бузургро гузоштанд. “Дар ин замина Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар санаи 30-юми майи соли 2024 масоили мубрами пайванди илм бо истеҳсолотро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани илм ва расидан ба натиҷаҳои илмии бозоргир ба муассисаҳои дахлдор аз ҷумла Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас доданд”,- таъкид дошт номбурда.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики АМИТ Қобилҷон Хушвахтзода борҳо дар баромадҳои хеш оиди бунёди озмоишгоҳҳои замонавӣа дурнамои онҳо дар рушди соҳаи илм ва амалисозии ҳадафи чоруми Ҳукумати ҶТ – саноатикунониии кишвар ибрози ақида намуда, рушди соҳаҳои илми кишварро дар замони истиқлоли давлатӣ маҳз бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб дониста, дастовардҳои боэътимоди соҳаҳои илмро асоси рушди босуботи саноатии кишвари азизамон арзёби намудаанд.

Пас аз ба истифода додани озмоишгоҳи мазкур президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики АМИТ Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки соҳаи илми кишвар дар замони истиқлоли давлатӣ маҳз бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд намуда, ба дастовардҳои беназир ноил гардидааст.

Р.О. Раҳмонов, муовини директор оид ба илм ва таълими

Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ, доктори илмҳои химия.