Перейти к основному содержанию

Пиряхҳо ва дигар компонентҳои қабати криосфера унсурҳои муҳими системаи экологии ноҳияҳои баландкуҳи Тоҷикистон ба шумор мераванд ва ҳифзи онҳо аз таназзулёбӣ дар раванди тағйирёбии иқлим яке аз масъалаҳои мубрами рӯз аст. Обшавии босуръати пиряхҳо дар давоми даҳсолаи охир тамоми мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст. Аз ҷумла мардуми кишвари моро, зеро таи солҳои охир беш аз ҳазор пирях дар ҳудуди ҷумҳурии Тоҷикистон об шуда, аз байн рафтаанд.

Бо назардошти муҳимияти масъалаи ҳифзи пиряхҳо аз таназзулёбӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаласаи 77-уми худ, санаи 14 декабри соли 2022 қатънома оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро қабул намуд.

Дар заминаи қатъномаи зикргардида ва бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ҳифзи пиряхҳо ва омӯзиши дигар унсурҳои қабати криосфераи Замин, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаи дигарро таҳти рақами 78/321 бо номи “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025–2034” 13 августи соли 2024 қабул намуд, ки ин иқдоми беназир барои олимон боз як масъулияти пурарзишро ҷиҳати пешбурди корҳо дар солҳои минбаъда ба бор меорад.

Қабатҳои яхбастаи ҷинсҳои куҳӣ дар қатори пиряхҳо ва яхҳои зеризаминӣ яке аз компонентҳои асосии криосфера ба ҳисоб мераванд.

Омӯзиш ва гузаронидани тадқиқотҳо дар ин самт аҳамияти калон дорад, зеро майдони паҳншавӣ ва инкишофи ин қабатҳо бештар аз 40% масоҳати кишвари моро дар бар гирифтааст. Ҳолати воқеии ин қабатҳо аз гармшавии глобалии иқлим, ки ба таназзулёбии пиряхҳои аксари мавзеъҳои баландкуҳи кишварамон таъсири худро расонидааст, алоқамандии зич дорад. Яъне дар баробари обшавии пиряхҳо ба сақфи қабатҳои яхбаста ҳам, ки дорои ҳассосияти баланд ба тағйирёбии ҳарорати ҳаво мебошанд, таомюли обшавӣ таҳдид карда истодааст. Қабатҳои номбурда асосан дар табақаи криолитӣ ҷойгир мебошанд.

Табақаи криолитӣ (криолитозона), як қисми криосфера, қабати аз ҳама болоии қишри замин буда, барои пойдории он ҳарорати манфии ҷинсҳои куҳӣ ва хокҳо дар давоми сол хело хос мебошад. Минтақаҳои паҳншавии ҷинсҳои яхбастаи бисёрсола ба ҳаргуна таасуроти ҳарорат ва таъсиррасониҳои хусусияти дигар дошта, ҳассосияти баланд зоҳир менамоянд. Дар табақаи криолитӣ падидаҳои зиёдеро мушоҳида кардан мумкин аст, ки ба тағйирёбии шакли релйеф оварда мерасонанд. Аз ҷумла пайдошавии термокарстҳо танҳо ба чунин минтақаҳо хос мебошад. Дар натиҷаи андак баландшавии ҳарорати ҳаво умқи обшавии мавсимии ҷинсҳои яхбастаи бисёрсола зиёд шуда, ях ба об табдил мегардад. Об дар навбати худ аз таркиби ҷинсҳои куҳӣ хориҷ шуда ҷинсҳо зич мешаванд ва ба пастшавӣ ё фуруравӣ шуруъ мекунанд. Падидаи мазкур термокарст ном гирифтааст.

Ин табақа дорои шароитҳои мураккаби геологӣ, муҳандисӣ-геологӣ, гидрогеологӣ, геокриологӣ ва геоэкологии аз дигар минтақаҳо фарқкунанда буда, тадқиқотҳо дар он хело кам гузаронида шудаанд, ба истиснои баъзе корҳои дар давраи шуравӣ ба анҷом расонида шуда.

Омӯзиши минтақаҳои номбаршуда барои давлатҳои дар ин мавзеъҳо ба сохтмони нуқтаҳои аҳолинишин, объектҳои инфрасохтори иқтисодӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ ва хизматрасонӣ машғул буда, хело муҳим мебошад.

Дар кишвари мо бошад азхудкунии фаъоли чунин минтақаҳо бинобар дар баландкуҳҳо ҷойгир будани онҳо ҳанӯз кам ба назар мерасад.

Вале омӯзиш ва тадқиқот дар ин минтақаҳо аз лиҳози гирифтани маълумотҳо барои арзёбии хатар, андешидани чораҳои саривақтӣ ва пешгирии сар задани офатҳои табиӣ аз қабили селҳои рахнашикани пиряхӣ ва дигар равандҳои хатарноки экзогении геологӣ, ки сарчашмаи сар задани онҳо чунин минтақаҳо мебошанд, таъмини амнияти экологӣ дар ин минтақа ва атрофи онҳо, огаҳӣ пайдо намудан оид ба ҳолати воқеъии пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии чунин мавзеъҳо аҳамияти муҳим дорад.

Айни замон набудани маълумотҳои кофӣ оид ба омӯзиши чунин минтақаҳо, мавҷуд набудани мубодилаи иттилоот байни вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳои дар ин ҷода корҳоро пешбаранда ва дастрасӣ надоштани коршиносону олимони соҳа ба маълумотҳои ночизи маҳфузбуда бархе аз мушкилоти ин самт ба шумор мераванд. Проблемаи муҳими дигар ин набудани кадрҳои таҷрибадор дар ин бахш буда, омодасозии кадрҳои ҷавон барои кор дар минтақаҳои мазкур низ тибқи талаботи тахассусӣ ба роҳ монда нашудааст.

Ба ҳамаи ин мушкиливу норасоиҳо нигоҳ накарда, олимони соҳаро лозим аст, ки барои боз ҳам тақвият додани пажуҳиши амиқи криосфера ва компонентҳои асосии он: пиряхҳо, қабатҳои яхбастаи абадӣ ва яхҳои зеризаминӣ табодули таҷрибаро бо идораву ташкилотҳои истеҳсолӣ хубтар ба роҳ монда, тавассути пешбурди фаъолияти самараноки илмӣ нақши бориз доштани Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо собит намоянд.

Абдусалом Маҳмадалиев, номзади илмҳои геология ва минералогия,

сарходими илмии озмоишгоҳи МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ