Перейти к основному содержанию

(Ё худ дар маънии ин ки ҳамаи хатарҳову таҳдидҳои муосири глобалӣ дар заминаи таассуб ва хурофотпарастии мардум пайдо мешавад).

Бинобар ташаккули низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ ва таҳаввулот дар робитаҳои тиҷоративу фарҳангии мамлакатҳои ҷаҳон мутаассифона дар миёни қишрҳои мухталифи ҷаҳон падидаҳои номатлубу манфӣ паҳн гашта истодаанд, ки оромии давлатҳои ҷаҳонро халалдор месозанд. Дар замони муосир яке аз омилҳои асосие, ки ба суботу оромии умумиро дар бисёр кишварҳ халалдор месозад, ин хурофотпарастиву ҷаҳолат мебошад. Ин падида амну осоиштагиро дар дилхоҳ ҷомеаҳои муосир метавонад халалдор созад.

Вожаи “хурофот” сарчашмаи худро аз калимаи арабии “хурофа” гирифта, ақида ва фикрҳои беасосро мавриди ташреҳ қарор медиҳад. Заминаи хурофотро иттилооти бардурӯғ, бар пояи нафрату адоват асосёфта ва барқасд бофташуда, ки ҳаргиз ба воқеият наздикие надоранд, ташкил медиҳад. Чунин падида бештар дар кишварҳои мусулмоннишин имрӯз ба дараҷае реша паҳн кардааст. Ин ҳолат дар муҳити қишрҳои иҷтимоии камсавод мушкилие ба вуҷуд овардаст,ки онҳо миёни ҳақиқату дурӯғ фарқгузорӣ карда наметавонанд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз санаи 23 декабри 2022 чунин омадааст: “Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободии Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад”. Мо имрӯз бояд илм омӯзем, то дар оянда ба муваффақиятҳову музаффариятҳо расем ва насли ояндаро низ дар чунин рӯҳия таълиму тарбия намоем. Омӯхтан ва аз худ кардани илмҳои табиӣ - риёзӣ имрӯзҳо ба масъалаи меҳварии хукумати мамлакат қарор гирифтааст. Зеро барои ба як ҷомеаи комилан илмӣ табдил додани кишвар, бояд Ҳукумати мамлакат барои рушди илмҳои табиӣ-риёзӣ ҳамаҷониба мусоидат намояд. Бинобар ин бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор намудани озмунҳои ба мисли «Илм - фурӯғи маърифат» барои пайдо намудани кадрҳои аз нигоҳи илмӣ қобилиятнок, донишманд, ҳушёру зирак мусоидат мекунад. Бояд гуфт, ки ин икдоми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле заруриву саривақтӣ ба ҳисоб меравад. Чунки имрӯз ҷомеаи ҷаҳон танҳо бо роҳи илмомӯзӣ иқтисодиёти хешро вусъат мебахшанд.

Ҷомеаи муосири Тоҷикистон бинобар идомаи раванди ҷаҳонишавӣ ва татбиқи ҳадафҳои геосиёсии қудратҳои ҷаҳонӣ аз хатарҳое бояд эмин бошад, ки хориҷ аз кишвар таҳия гардида, тавассути баъзе ҳамватанони ҳувиятгумкардаи бурунмарзӣ паҳн карда мешаванд. Дар ин қарина боиси зикр аст,ки пеш ҷиҳати роҳандозӣ шудани ҳадафҳои геосиёсӣ абарқудратон, пеш аз ҳама нафароне мағзшӯйӣ мешаванд, ки ба хориҷа ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд Чунин инсон, аз ҳисоби камсаводии худ баъзан асири мафкураи хурофоти динӣ мешаванд.

Маълум аст, ки шаҳрвандон аз давлатҳои рӯ ба инкишоф ба кишварҳои мутараққӣ бобати дастрасӣ ёфтан ба маблағҳои муайян барои зиндагии шоиста ҳиҷрат намуда, аксар вақт бо ҷои кори доимӣ таъмин намегарданд. Гузашта аз ин, аксар муҳоҷирони тоҷик дар Федератсияи Русия бо таассуби динӣ ва афкори исломи сиёсӣ мусаллаҳ шуда, барои дигар муҳоҷирон бобати таблиғи ақидаҳои исломи сиёсӣ, аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатхоҳ суистифода бурда мешаванд. Оқибат мо мушоҳида мекунем, ки гурӯҳе аз ҳамватанони мо, ки дар Россия муҳоҷир буданд, дар задухӯрдҳои “Давлати исломӣ” дар Сурияву Ироқ ва пасон, дар Украина барои манфиатҳои бегонагон меҷанганд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, ки дар санаи 9 марти соли 2024 дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба ҳамин мавзуъ бештар таваҷҷуҳ намуда, таъкид доштанд: “Ҳар қавму миллате, ки дар рафтори он нишонаҳои ҷаҳолату хурофотпарастӣ густариш меёбанд, он миллат аз зиндагии босаодат маҳрум мегардад”.

Хурофот фақат имрӯз ба вуҷуд наомадааст, балки ақидаҳои пуку беасоси динзадагӣ дар гузашта низ гурӯҳи муайяни одамонро гумроҳ мекардааст. Бинобар ин, дар муҳити мусулмонон дар ҷаҳон новобаста аз макон, таҳким ёфтани ҳувияти миллӣ ва густариши афкори таҳмилии хурофотӣ вусъат ёфта, оқибат миллатҳоро аз ҳувияти миллиашон маҳрум сохтааст. Чунонки иброз намудем, сарчашмаи ақидаҳои хурофотиро ҷаҳлу нодонӣ ташкил медиҳад ва ин омилҳо дилхоҳ инсонро оқибат ба ифротгароӣ бурда мерасонад. Баъзе мушкилоти муосир дар ҷомеаи тоҷик аз таъсири мафкураи хурофотӣ бармеояд ва пасон ба қонуншиканӣ оварда мерасонад . Масалан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, ки бори дуввум бо таҳрири нав пас аз 10 соли таҳияи хеш пешниҳод гардид, аслан ҷиҳати рафъи ақоиди хурофотӣ тадвин гардида, расман дар соли 2007 қабул гардид, аммо агар аз тасвиби ин қонуни мутазаккир алҳол 18 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, риоя нагардидани меъёрҳои он аз ҷониби намояндагони қишрҳои мухталифи иҷтимоъ ба назар мерасад. Чаро бо дарназардошти таҳия ва тасвиби Қонун бобати танзими анъанаву ҷашну маросим то кунун риоя нагардидани меъёрҳои тасдиқшудаи он мушоҳида мешавад? Магар дар қонуни мазкур ё дар фаъолияти масъулини танзим ягон маҳдудияте ҳаст, ки шаҳрвандон ғолибан дар ин самт ба қонуншиканӣ даст мезананд? Не. Омили аслии риоя нагардидани меъёрҳое, ки Қонуни танзим дар бар кардааст, мафкураи хурофотии аксар ҳамватанони мост, боқӣ ҳеҷ мушкил ҷиҳати татбиқи ин қонун мушоҳида намегардад.

Дар ҷомеаи муосир мафкураи хурофотӣ бештар бар пояи ақидаҳои диниву мазҳабӣ ва урфу одатҳои гуногуни миллӣ доман паҳн намуда, боис ба баҳсҳои беасос ва амалҳои бенатиҷа гардида, вақтҳои охир хурофот ва ҷаҳолати динӣ ба талафотҳои бузург оварда мерасонад.

Бояд мутазаккир шуд, ки баъзе ақидаҳои ифротӣ ва хурофотие, ки айни ҳол дар миёни омма доман густурдаанд, ба ҳеҷ кадом меъёри шариат ва арзишҳои маънавии миллӣ ҷавобгӯ намебошад, аммо кадом роҳ аст, ки моро аз чунин ҷаҳолати ба марговар наҷот диҳад. Маълум аст, ки бояд пеши роҳи чунин ҷаҳолат боздошта шавад, вагарна ҷомеаи Тоҷикистон дар хатар хоҳад афтид. Ягона роҳи наҷот аз ривоҷи ақидаҳои хурофотӣ тақвият додани бахши дунявии таълимоти аҷдодӣ аст. Агар дилхоҳ ҷомеае, ки дар он ҷаҳонбинии дунявӣ ҳукумат накарда, дар ҷомеа ақидаҳои хурофотӣ ҳоким мебошанд, оқибат ин ҷомеа нобуд мегардад. Таҳрифоту таҳмилоте, ки қудратҳои ҷаҳонӣ бобати сиёсисозии ислом таҳия намудаанд, бе ҳадаф намебошад. Имрӯз онҳо таассуби динӣ ва мафкураи хурофотиро ҷиҳати роҳандозӣ намудани ҳадафҳои геосиёсии худ истифода мекунанд ва ҳодисаҳое, ки дар кишварҳои гуногуни сайёраамон ба вуқуъ пайвастаанд, далели ин гуфтаҳо ҳастанд. Алҳол, миллати бофарҳанги тоҷикро зарурат пеш омадааст, бо илҳом аз гузаштагони пуршарафи худ пеши роҳи ҳама гуна ҷаҳолату хурофотро бигиранд ва нисбат ба сарнавишти миллату давлати тоҷикон эҳтиёткор бошанд.

Ёдовар мешавем, ки кирдорҳои чанд нафари тоҷики шомилбуда ба гуррӯҳҳои террористии “Давлати исломӣ” бар пояи ҳастии мо таъсири манфӣ гузошту минбаъд дар сарнавишти ҳар тоҷике нақши номусоидро бозид. Дар ин росто бояд таъкид, ки ҷаҳони муосир ба дину эътиқоди ҳамватанони мо кор надорад, ҳама кирдорҳои башар дар замони муосир бо номи миллат муаррифӣ хоҳад шуд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти болозикр самимона сухан карда, мушкили ҷомеаро бо ҳарфҳои оммафаҳм изҳор намуданд ва дар ин мулоқот аз ҷумла, қайд карданд: “Мардуми мо бояд огоҳ бошанд ва фирефтаи тарғиботи душманони дину ойин ва миллату мазҳаби худ нашаванд”.

Мо дар муқовимат бо таассуб ва ҷаҳлу нодонӣ, ки ашхоси хурофотӣ онҳоро паҳн менамоянд, бояд маърифати ҳуқуқиро густариш додем, чунки надонистани қонун боис мегардад, ки шаҳрванд ба таассубу хурофот дода шуда, баъзе маросими серхарҷ аз ҷумла, маросими нав ба монанди ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, аз меъёр зиёд сафари ҳаҷ ва ё умра карданро доир намуда, ҳам талаботи динро риоя намекунад ва ҳам барои аҳли оила мушкилӣ эҷод мекунад. Дар ҳоле, ки имрӯзҳо бисёре аз шаҳрвандҳони мо масъалаи ҳаҷ ва умраро дарк намекунанд. Ин масъала бисёр нигаронкунанда буда, ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Аз ҳоҷие шунидам, ки аз одамони ба хонааш барои зиёрат омада шикоят мекард. Ӯ чунин гуфт: “охир камина ҳаҷ рафта омадам, зарур нест, ки маро зиёрат карда, буҷаи оилавиамро таллаву тороҷ кунанд”. Ҳоҷии дигариро дидам, ки аз гурӯҳи ҳамдеҳагонаш бо нафрат сухан карда, мегуфт, ки “маро маҷбур доранд барояшон зиёфат диҳам. Охир агар ман тибқи фармудаашон кор кунам, маро ҷарима мебанданд ва номам дар кишвар бадном мешавад. Дидам, ки намешавад, 200 сомонӣ барояшон барои зиёфат тақдим кардам то ки ба хонаам наомада, талаби дастурхонороӣ накунанд”. Ба ибораи дигар маъракаҳои ҳоҷиталбон ё ҳоҷизиёрат аз хотири шикамсеркунӣ аст ва ҳеҷ иртибот ба ислом надорад. Бояд шуроъҳои ҷамъиятӣ ва масъулини давлатӣ дар ҷои истиқомат бобати зиёрати хонаи Каъба фаъол карда шаванд, охир мардуми мо бештаринашон беҳадаф ва бе маълумоти динии муайян барои адо кардани маросими ҳаҷ ба сафар мебароянд ва аксарашон ҳангоми зиёрати Каъба фиреб мехӯранд ва чун ба Ватан бозгаштанд, моро низ дар ғафлат қарор медиҳанд. Масалан, оби Замзам, ки гӯё аз Макка овардаанд, маҳсули сафар нест ва дигар мавод, ки ҳоҷиён ба ашхоси наздаш омада тақдим медоранд аз қабили тасбеҳ, ҷойнамоз ва амсолашон, ғолибан, дар Чин истеҳсол шуда, сипас, тавассути тоҷирон ба кишвар ворид гардидаанд. Яъне, мо метавонем ҷиҳати воридгардии маҳсулоти ба хурофот мусоидаткунанда аз қабили ҳиҷоби сиёҳ ва ғайра монеа эҷод намуда, сатҳи мафкураи хурофотиро дар инсонҳо ба поён барем.

Яке аз роҳҳои пешгирии паҳншавии ақидаҳои хурофотӣ тақвият додани ҷаҳонбинии илмии кулли шаҳрвандон аст. Ба ибораи дигар, муосирият инро талаб мекунад ва ягона бархурд бо ҷаҳонбинии динӣ барои башар тарзи тафаккури дунявӣ мебошад. Пеши роҳи ҷаҳолатро танҳо маърифат гирифта метавонад. Мо, шаҳрвандони Тоҷикистонро имрӯз зарурат пеш омадааст, ки ба илм ва маърифат бештар рӯ оварда, мушкилиҳои иҷтимоиро тавассути рафтори ҳувиятсоз бартараф созем.

Дар ҳақиқат алъон ҷомеаи муттамаддини дунё бар зидди зуҳуроти номатлуб бо вижагиҳои иҷтимоӣ тадбирҳо меандешад. Масалан экстремизми динӣ-сиёсӣ аслан аз ғояи фаъолияти ашхоси алоҳида динзада ва хурофотпараст таркиб ёфтааст, ки одатан тавассути зӯроварӣ барои воқеӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешавад. Экстремизми динӣ-сиёсӣ бо тамоми зуҳуроташ чун ҷараёни иртиҷоӣ намоён шуда, доираи васеи минтақаҳо ва мамлакатҳоро иҳота намуда, ба хатари мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо аҳли ҷомеа бобати хатари зӯроварӣ таваққуф намуда, масъаларо аз нигоҳи таҳлилӣ мавриди таҳқиқ қарор доданд. Аз ҷумла, ин ҳарфҳо аз суханони номбурда иқтибос мегардад: “Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавӣ ба бор меорад”.

Агарчанде, ки мо худро тасаллӣ медиҳем, ки экстремист ва террорист дину миллат надорад, аммо омили аслии ба экстремизми динӣ- сиёсӣ рӯ овардани ҷавонони мусулмон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ин мансубияти динӣ ва таассуроти хурофотии онҳо маҳсуб мешавад. Алҳол, бо дарназардошти таҳлилҳои авзои сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ аксар нооромиҳое, ки дар манотиқи гуногуни сайёраамон ба вуқуъ мепайванданд, мо иззи мусулмонони хурофотзадаро мушоҳида мекунем. Ягон гурӯҳи террористӣ дар заминаи хушку холӣ арзи вуҷуд карда наметавонад. Барои он ки ин гурӯҳҳо ташаккул ёбанд, ё амалиёт кунанд, онҳоро ташкилоти махсус маблағгузорӣ менамоянд ва бо лавозимоти зарурӣ, яроқу аслиҳа таъмин мекунанд. Чунин амал дар шароити ҳозира яке аз роҳҳои татбиқшавии ҳадафҳои геополитикии қудратҳои ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад. Бинобар ин, бештар ин ҳадафҳои муғризро шарҳ дода, ҷиҳати соҳибмаълумот гардидани ҷавонон бо онҳо мусоидат кунем ва барои густариши ҷаҳонбинии дунявии қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ шароит фароҳам оварем.

Дар мавриди ба вазъи муосири геополитикӣ дар ҷаҳон таваққуф намудани узви вобастаи АМИТ Саймумин Ятимов дар китоби “Илм ва амният” гувоҳӣ аз он медиҳад, ки хатари асосӣ ба кишвари мо аз хориҷи мамлакат таҳия шуда, тавассути ашхоси зархарид таҳмил мегардад. Аз ҳамин хотир, омӯхтани таърихи сиёсии миллат ва баррасӣ кардани руйдодҳои таърихе, ки ғолибан, авомили динӣ доштанд, барои муосирин зарурат дошта, вокуниши ҳамватанонро нисбат ба хатарҳои навбатии эҷодгардида илқо менамояд. "Дар чаҳорчӯбаи нақшаҳои геополитикӣ, дин воситаи таъмини манфиатҳои сирф ғаразҷӯёна ба хотири даст доштан дар сиёсати глобалӣ ва минтақавӣ, дахолат кардан ба корҳои дохилии давлатҳои мавриди ҳадаф қароргирифта, азхудкунии манбаъҳои ашёи хоми стратегӣ, ноором сохтани вазъи дохилии мамлакатҳо барои тағйири масири роҳҳои транзитии нақлиёт, газ, нафт ба манфиати хеш, эҷоди мушкил бар рақибони худ ва монанди инҳо хизмат мекунад. Ба хун оғушта кардан, бехонумон, сарсону саргардон намудани миллионҳо одамони бегуноҳ барои бозигарон касб, кори ҳаррӯза, чизи одӣ, маъмулист. Бадбахтӣ он аст, ки дар ин масир, хадамоти махсуси кишварҳои мавриди назар аз имконоти худи мусулмонон истифода мекунанд».

Ҳақиқати таърихие, ки ҷиҳати таҳмили андешаҳои аҷнабиён мусоидат мекунад, бегонапарастист ва шояд барои нафароне, ки субъекти ақоиди таҳмилӣ қарор гирифтаанду хориҷ аз давлати тоҷикон ба сангпартоӣ машғуланд, ватангадоӣ хос асту ҳисси беватанӣ дар ниҳодашон ғолиб омааст. Сиёсатшинос Саймумин Ятимов бар ин ақидааст, ки «бозиҳои геополитики муосир ҷанбаҳои гуногун дорад. Мақсадҳои асосии раванди фарогири муносиботи субъектҳои байналмилалӣ, ки ҳам дар шакли глобалӣ ва ҳам дар шакли минтақавӣ амал мекунад, худро ба ҳайси қудрати ҷаҳонӣ ё минтақави муаррифӣ намудан ва дар қаламрави кишварҳои мавриди назар рӯҳияи бегонапарастиро талқин кардан мебошад. Онҳо кӯшиш менамоянд ки мардум, махсусан, ҷавонон ва наврасонро аз нангу номуси ватандорӣ, забони модарӣ, муҳаббат ба сарзамини аҷдодии худ дур созанд. Зери эҳсосоти дурӯғин, махсусан таҳти пӯшиш ва баҳонаи авомфиребонаи дину мазҳаб дар замири онҳо нисбат ба давлати худ, ки номи миллати ўро дорад ва макони зисти миллати ӯст, ҳисси бадбинӣ бедор кунанд. Дар воқеъ, миллат бе давлат вуҷуд дошта наметавонад. Ҳақиқати космополитиро (ҳисси беватанӣ, сарфи назар кардани сарзамини мушахас ҳамчун макони таваллуд ва зист, бегонапарастӣ, ватангадоӣ таҳти шиору баҳонаҳои гуногун) маъруфтарин донишмандони дунё маҳкум кардаанд ва чунин ҳолатро ҳатто ваҳшоният шумурдаанд".

Давлату ҷомеаи Тоҷикистон пайваста тарафдори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ буда, барои куллан барҳам задан ва решакан намудани терроризм ва ифратгароӣ мубориза мебарад ва чораҳои муфид ва саривақтӣ меандешад. Яъне ягона роҳи мубориза ва муқовимат бо ифротгароии динӣ низоми худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ аст, ки онро бояд мо таҳия карда, дар кишвари худ роҳандозӣ кунем. Ҷаҳлу нодонӣ ноумедиро ба бор меоварад, яъне шахси нодону камхираду бесавод ҳамеша эҳсоси нотавонӣ дорад ва аз ҳолату вазъияти худ руҳафтода мешавад, ба худ боварӣ накарда, ниёз ба маслиҳати дигарон дорад ва ҳамеша эҳтиёҷманд боқӣ хоҳад монд. Бинобар ин, ҳама гуна ташкилоту созмонҳои террористии ҷаҳон ба онҳо рӯ оварда, бо камтарин маблағ онҳоро ба кирдорҳои ифротгароёна ташвиқ менамоянд.

Ҷавонон бояд гурӯҳи иҷтимоии муташаккил омода дар ҳифзи арзишҳои миллӣ бошанд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ тамоми шароитҳои таҳсил фароҳам оварда шуда, ҳазорҳо мактабҳои замонавӣ бунёд ва барои ихтироъкорон ва олимони ҷавон фазои мусоиди кашфсозӣ бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳайё гардиданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид меноянд, ки “барои ҷавонон ҳамаи шароитҳо муҳайё гардида, онҳоро зарур аст, ки ҳар лаҳзаи умрро самаранок истифода бурда, забонҳои хориҷиро аз худ намоянд”.

Барои ин ҷавонро зарур аст, ки доимо пайи омӯзиш, азхудкунии илму дониш ва баланд бардоштани тафаккуру васеъ намудани ҷаҳонбинии худ бошанд. Ҳар як фарди ақли солиму расо дошта, бояд воқеоти ҷаҳонро таҳлил ва хулосабарорӣ карда тавонад. Дар ин сурат ҳеҷ гоҳ ягон нафар ҷавон шомили гурӯҳҳои ифротӣ намегардад, дигаронро низ барои баргаштан аз ин роҳи бад эмин нигоҳ медорад. Барои тарбияи насли наврас ва бунёди ҷомеаи солим ҳама аъзои ҷомеа бояд масъулиатнок бошанд ва ҷавобгариро эҳсос намоянд.

Ҷаҳонишавии замони муосир аз ҳар фарди ҷомеа, бахусус ҷавонон дар роҳи аз бар намудани донишҳои назариявӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва содиқу вафодори миллату давлат буданро тақозо дорад. Чунки то ба ҳол на ҳама имконияту нерӯи хешро ҷавонони мо ба пуррагӣ истифода намуда истодаанд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар санаи 23 майи 2022 бо ишора ба ҷавони Токикистон қайд намуданд, ки: «Ватанро сидқан ва самона дӯст доштан, бо он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва эҳтироми падару модарро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҳар кадоми шумо ҷавонон бояд ин арзишҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳед».

Дар шароити густариши босуръати раванди ҷаҳонишавӣ пешгирии бемории сирояткунандаи экстремизми динӣ-сиёсӣ ва терроризм дар ҷомеа яке аз ҳадафҳои стратегии ҳар як давлати соҳибистиқлоли миллӣ мебошад. Имрӯз ҳар як миллату давлат нисбат ба ҳифзи манфиатҳои миллии худ иқдом намуда, таваҷҷуҳро ба насли ҷавон дар дилхоҳ кишвар бояд тақвият ёбад. Бинобар ин, таваҷҷуҳ ба онҳо бояд дар заминаи такмил ёфтани ҷаҳонбинии дунявӣ сурат пазируфта, тадриси илмҳои дунявӣ аз қабили табиатшиносӣ ва амсолаш беш аз пеш роҳандозӣ гардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар зарурати муқовимат ва пешгирӣ намудани ифротгароии динӣ ҳанӯз соли 2016 “Стратегияи миллии муқовимат бо экстремизм ва терроризм” қабул шуда буд, ки он тӯли чанд сол бомуваффақият амалӣ карда мешавад. Тибқи ин санади муҳим яке аз роҳҳои муҳими мубориза бо экстремизм ва терроризми динӣ ва пешгирии густариши он дар ҷомеа такмили механизмҳо ва барномаҳои давлатии кори тарбиявӣ-ватандӯстӣ бо ҷавонон мебошад.

Чунонки қаблан гуфта шуд, зуҳуроти экстремизми динӣ-сиёсӣ ва терроризм барои фарҳанги милливу динии аҳолии муқими Тоҷикистон тамоман бегона ва ноошно мебошад. Моҳияти ғояи тундгароӣ ва экстремизми динӣ-сиёсӣ чунин аст, ки он мафҳумҳо ва арзишҳои диниро аз мафҳумҳо ва арзишҳои миллию умумибашарӣ ҷудо намуда, онҳоро бо ҳам муқобил мегузорад. Дар натиҷа ин зуҳурот боиси густариши терроризм ва радикализми динӣ дар байни пайравони дину мазҳабҳои гуногун гардида, зимнан, дар ҳар як кишвари соҳибистиқололу миллӣ монеаи таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ташаккули ваҳдату худшиносии миллӣ мегардад.

Мардуми сохибхираду соҳибтамаддуни тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо ба илму дониш таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намудаанд ва хоҳанд намуд. Муттафакирони бузурги мо Абуалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ, Абӯрайҳони Берунӣ ва Умари Хайём аз он далолат мекунад. Дар саҳни маҷмааи яке аз бонуфузтарин созмонҳои ҷаҳонӣ - Созмони Миллали Муттаҳид, муҷассамаи чаҳор донишманди бузурги тоҷик қомат афрохтааст, ки ин аз бузургии илми тоҷик шаҳодат медиҳад. Тоҷикон бо илму дониш, ҳикмату мантиқ ва фарханги худ аз қадим шуҳратманд гардидаанд. Дар замони ҳозир низ илми тоҷик дар ҳолати пешрафт қарор дорад.

Дар ин қарина ҳамчунин қайд менамоянд, яке аз паноҳандагони кишварҳои Аврупо ва сангаргирифта дар ин манотиқи ороми сайёра, ки тибқи дастурҳои таҳиякунандагони исломи сиёсӣ фаъол ҳастанд, Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзат маҳсуб мешавад, ки ғолибан, бо татбиқи кирдорҳои ифротгароёна машҳур шудаанд.

Аммо агар масъулини идории давлатӣ дар кишварҳои Ғарб терроризмро дар гуфтор накуҳиш кунад, вале дар амал аз онҳо пуштибонӣ карда, ҷиҳати фаъолшавии онҳо шароити мусоид фароҳам овардаанд. Ин далел бори дигар исбот мекунад, ки таҳиякунандагони ҳадафҳои геосиёсӣ аз созмонҳои террористии мухталиф истифода карда, онҳоро дар паногоҳи худ мепарваранд. Амиқан метавон бидуни дудилагӣ изҳор намуд, ки созмонҳои террористӣ ва ифротгароии динӣ айни замон дар бархурдҳои доимии қудратҳои ҷаҳонӣ истифода гардида, ҳамчун маводи ғайри саҳеҳ дар матни сиёсати хориҷии кишварҳои мутараққӣ пазируфта шудааст. Бинобар ин, ҳар гаҳ, ки қудратҳо зарур донанд, ин гурӯҳ фаъол гардида, низоми сиёсии дилхоҳ давлатро бо буҳтону туҳматҳо интиқод менамоянд, аммо чун қудрат дар онҳо нест, наметавонанд мустақиман ба фаъолияти доимӣ машғул бошанд. Фаъолияти муваққатӣ онҳоро дар назди хоҷаҳояшон лоғару муҳтоҷ мегардонад. Баъзе аз ин гуна ташкилотҳои экстремистӣ тавассути васоити интернетӣ муборизаи идеологии худро идома дода, зери ниқоби ислом баромад мекунанд ва баҳри амалӣ кардани ниятҳои нопоки худ, мафкураи қисме аз ҷавонони тоҷикро ба роҳи ифротгароиву хурофотпарастӣ, эксремизм ва терроризм талқин мекунанд.

Дар ин қарина қайд менамоем, ки тамаддуни Ғарб танҳо дар сурате рушди тасаввурнопазир кард, вақте ки уламои дин ҷудо намудани муассисаҳои диниро аз давлат талаб намуданд. Мо бошем, андешаеро таблиғ менамоем, ки тибқи меъёрҳойи он дину давлат якест ва ҳамоҳангии онҳо чудонопазир мебошад. Ҳеч зарурате намемонад, ки шаҳрванд парчами сафед бардошта дар инқлоби исломи ширкат намояд, чунки интиқолдиҳандагони инқилобҳо аз зумраи ашхоси зархарид маҳсуб мешаванд, ки бо дастури аҷнабӣ дар дохили кишвари хеш идеологии таҳмилии бегонагонро роҳандозӣ мекунад. Сиёсатшинос Саймумин Ятимов аз зумраи ашхоси бохабарест, ки найранги асосии мубаллиғини Ғарбро баррасӣ намудааст. Из ҷумла дар китобаш “Идеология ва манфиатҳои илмӣ” ин гуфтаҳоро вомехӯрем: «Нисбати халқиятҳое, ки пайрави ислом мебошанд, бозигарониполитикӣ маҳз аз ҳамин омили дин, истифода мекунанд. Аниқтараш на худи дин балки сиёсӣ намудани аҳкоми он. Бо тағйир додани додани хислатҳои транссенденти он ба олоти бозигарони гиополитикӣ мубаддал мегардад. Барои паҳнсозӣ ва амиқгардонии ин ақида ҳамасола миллиардҳо доллар аз сарф мешавад. Аҷоиботаш дар он аст, ки худи Ғарб аз н пушаймон нашуд”.

Бинобар ин, дар кишвари мо зарурати сайқал додани донишҳои техникии ҷавонон ва ташаккулу рушди маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба вуҷуд омад. На танҳо мактабу маориф, балки оила, васоити ахбор ва ҳамаи ниҳодҳои ҷамъиятиву давлатӣ низ дар пешигирии хатари густариши экстремизм ва терроризми динӣ дар байни ҷавонон нақши муайянро бояд роҳандозӣ кунанд, чунки бе муқовимати ҳаматарафа ғолиб омадан ба хатари ифротгароии динӣ дуруст нест. Хоҳем-нахоҳем, баъзан пайравони созмонҳову аҳзоби террористӣ дар миёни шаҳрвандони кишвар пайдо хоҳанд шуд.

Барои тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ аз роҳҳои асосии тарбияи ҷавонон ва эмин нигоҳ доштани онҳо аз макру фиреби ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ хоҳад буд. Ҷилавгирӣ ва мубориза бо экстремизми динӣ-сиёсӣ вазифаи танҳо ниҳодҳои дахлдор нест, балки тамоми аҳли ҷомеа бояд дар он фаъол бошанд. Самаранокии мубориза бо экстремизми динӣ дар бисёр ҳолатҳо ба риояи талаботи қонунҳо, ки тарғибу ташвиқи барангехтани кинаву адовати миллӣ, низои иҷтимоӣ, нажодӣ ва диниро манъ намудааст, вобастагӣ дорад. Ҳар як шаҳрванд бояд донад, ки пиндорҳои ӯ ба манфиати миллӣ чӣ алоқае доранд.

Дар воқеъ, ҷавонони соҳибхираду ояндасозро месазад аз Пешвои миллат сифатҳои ободкорӣ, ҳама вақт бо мардум будан, сулҳпарварӣ, суханварӣ, хушгуфторӣ, эҳёгарӣ, бунёдгузорӣ, хоксорӣ, таҳаммулпазирӣ, саховатмандӣ, ҷавонмардӣ, ростқавлӣ, эҳтиром ба падару модар, омӯзгорон ва пиронсолонро омӯзанд ва дар қалбу вуҷуди худ ҷой диҳанд.

ШИРИН ҚУРБОНОВА - сарходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои таърих.