Перейти к основному содержанию

«Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷаъмию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст»

Эмомалӣ Раҳмон

Таҳлилгарон ва таҳқиқгарони илми сиёсатшиносии ҷаҳон аксар бар он назаранд, ки дар олами роҳбарӣ танҳо ҳамон сиёсатмадоре комёбу муваффақ гашта метавонад, ки дар ин ҷода кашфиёт ё ихтирокории амиқе дошта бошад.

Махсусан, баҳри хомӯш намондани оташи ҷанги шаҳрвандӣ сиёсатмадори оқилу хирадманд нуктаеро бо хиради азалияш кашф менамояд, ки барои тарафҳои ба ҳам мухолиф ин нукта баробар азизу муқаддас асту онро баробар дӯст медоранд ва ояндаи худу фарзандон, хешу табор, суннату анъана, таъриху фарҳанг, арзишҳои милливу давлатдорӣ бе ин буданаш ҳеҷ имконият надорад.

Сарвари ҷавони мамлакати мо дар он солҳо бо истеъдоди худододи давлатмадорӣ дар ҷодаи сулҳофарӣ кашфиёти бузургу нодиреро анҷом дод.

Ин кашфиёт муроҷиати сарвари давлат ба миллати тоҷик ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон буд, ки аз гумроҳӣ бо дастгирии душманони миллат ба гурӯҳҳову маҳаллаҳо тақсим шуда, ҳамватану ҳамсоя, ҳамзабону ҳамхун, фарзанду бародари ҳамдигарро мекуштанд ва пеши назарашон ҷуз интиқом чизи дигаре падидор набуд.

Дар ана ҳамин ҳангоми фоҷеаи миллат Сарвари хирадманд нидо баланд намуда изҳор доштанд, ки эй ҳамватанону ҳамзабонони азиз, имрӯз мо дар дил нисбати якдигар кина дорем, мехоҳем аз якдигар қасос бигирем ва ба ин восита хашму дарду амали хешро фурӯ нишонем, хулоса, якдигарро дӯст намедорем ва шояд чашми диданҳам надорем, аммо ҳамватанони ба ҷон баробари ман, Шумо фаромӯш насозед, ки мо дар маҷмуъ як чизе дорем, ки онро баробар дӯст медорем ва муқаддасаш медонем ва ин ҳам Тоҷикистони азиз аст, ки агар ба сулҳу ваҳдат наоему оштӣ накунем, онро душманони миллат нобуд месозанд ва бадин васила миллатро ба нестӣ мебаранд.

Ба андешаи мо, ана ҳамин нуқта, яъне Ватан – Тоҷикистони азиз, ки бо тадбири хирадмандонаи сарвари оқил кашф шуда буд, мардуми парешонгаштаву фиребхӯрдаро ба ҳам оварад ва ба якдигар оғуши оштӣ кушоданд, ҳамдигарро дар канор кашида ашки шодӣ рехтанд ва дарвозаи сулҳу оштиро кушода вориди он гардиданду масъалаҳои камаҳмияту ҷузъиро канор гузоштанд.

Ваҳдати миллӣ, моҳият ва арзиши он барои мо – тоҷикон қутбнамое аст, ки дар заминаи он мо ба марҳилаҳои нави барқарорсозӣ, пешрафту тараққиёт ва ободонии Ватани азизамон рӯ меоварем. Мо, халқи тоҷик, ки ҳамасола рӯзи 27 июнро ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мекунем, нақши ин санаи фархундаи таърихӣ дар мустаҳкам шудани пояҳои Истиқлолияти кишварамон хеле барҷаста мебошад. Ин ҷашн рамзи ягонагии мардуми тоҷик, муттаҳидии миллати мо мебошад. Рӯзи Ваҳдати миллӣ сарчашмаи сулҳу ваҳдат, ҳамбастагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстии мардуми тоҷик маҳсуб меёбад.

Аз рӯзи қабули санади муҳими таърихӣ барои халқи тоҷик – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон 28 сол сипарӣ шуд, ки ба шарофати он дар Ватани азизамон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ ҳукмфармост. Зиёда аз ин, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сулҳу ваҳдати имрӯзи мо ниҳоят бузург ва беҳамто аст.

Таърих гувоҳ аст, ки Пешвои миллат аз лаҳзаҳои аввали ба саҳнаи сиёсат ворид шуданашон сокинони кишварро дар атрофи ғояҳои баланди сулҳу ваҳдат ҷамъ оварда, давлату миллатро аз эҳтимоли нобудӣ наҷот бахшиданд. Дар навбати аввал Сарвари давлат барои бунёди роҳу пул, нақбҳо талош намуданд, то миллати мо байни ҳамдигар дар рафту омад бошанду Тоҷикстони ба мамлакати воҳид табдил ёбад. Ва чунин ҳам шуд. Имрӯз мардуми Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар бурда, баҳри фардои дурахшони Ватан дар ҳамбастагӣ заҳмат мекашанд.

Дар анҷом мехоҳам зикр намоям, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон на танҳо хотираи ҷангҳо ва дастовардҳои гузашта, балки тасдиқи талошҳои дастаҷамъонаи сокинони кишвари азизамон барои бунёди миллати осоишта ва ягона мебошад. Он шаҳодати рӯҳияи тағйирнопазири ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ мебошад, ки роҳи Тоҷикистонро ба сӯи ояндаи дурахшон муайян мекунад. Мо ҳамеша аз сулҳу Ваҳдати миллӣ ифтихор карда, тамоми кӯшиши худро бар он равона мекунем, ки сулҳу Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ҳамеша поянда бошад! Дар охир аз забони шоир, устод Лоиқ Шерали гуфтанимям:

Худовандо, худои хеш гардон миллати моро!

Муяссар кун бақои ҷовидонӣ давлати моро!

Ниҳоди кохи Ваҳдат баски бар хуни шаҳидон аст,

Нигоҳ дор аз шабохунҳои ваҳшат ваҳдати моро!

Мудири шӯъбаи таҳрезии математикии

Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви АМИТ н.и.ф.м., Сафарзода Э.Ҳ.