Перейти к основному содержанию

Тоҷикон аз қадимулайём дорои тамаддуну русуме мебошанд, ки асоси онро меҳру муҳаббат, меҳмоннавозиву меҳмондорӣ ва ҷасороту фасоҳат ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, гузаштагону ояндагони ин қавм бо илму маърифат буда, то имрӯз бузургон аз ҷумла Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Айниву Турсунзода, Лоиқу Гулназар, Фарзонаву Гулрухсор дар байни халқҳои олам маъруфу машҳур мебошанд. Дар ин зимн, ин ҳама фазлу каромату шаҳомату ҷасорат дар даврони истиқлолият дубора эҳё гардида, заминаҳоро дар худшиносиву худогоҳӣ фароҳам оварда истодааст.

Зимнан мардуми сайёра чун мавҷҳои дарёии пурталотубе ба суи манзили худ равон-давонанд, ки аз зебоиву карашмаҳои ин дунёи рангоранг шаҳодат медиҳад.

Аммо бо вуҷуди ҳамаи он бештари мардумони олам аз як чизи бениҳоят гаронбаҳову пурганҷ маҳруму бенасибанд, ки номаш “Сулҳ ва Ваҳдат” мебошад.

Мо мардуми Тоҷикистон шукрона аз он менамоем, ки бо доштани фарҳангу тамаддуни башардӯстӣ ва меҳрубонӣ бо талошу бедорхобиҳо ва дарки эҳтирому эътирофи инсонгароӣ тавонистем ин ганҷро дарёфта, дар сояи он озоду ободу ором умр ба сар мебарем. Инак мо дар арафаи 27-умин солгарди таҷлили “Ваҳдати миллӣ” қарор дорем, ки мавҷҳои он монанди баҳор табиатро зебову хуррам намуда, сокинонашро шарафмандона ба суи манзил роҳнамоӣ мекунад.

Набояд фаромӯш кард, ки бо зиёд шудани масоили глобалӣ рафтору муносибатҳо байни аҳли сайёра шаклҳои дигар гирифта, қадру қимат ва арзиши инсон ва ҳимояту ҳифозати он коҳиш ёфта, ё қариб, ки аз байн рафта аст. Ин ҳама хушунату ошубҳо моро бори дигар огоҳ менамояд, ки мо бештар ба қадри Ваҳдат, арзишу аҳамияти сулҳ ва оромӣ расида, аз ин неъмати бебаҳо ҳеҷгоҳ ношукриву носипосӣ набояд кард.

Бояд зикр кард, ки Сулҳу Ваҳдат аз мафҳумҳои хело муҳатараманд, ки озодӣ, оромиву ободӣ, истиқлолу истиқрору созандагии давлату миллатро поягузорӣ мекунанд. Ҳамин тариқ, фазои сулҳу дӯстӣ пайки озодиву оромиву ободӣ ва таҷассумгари хуррамиву хушҳолӣ ва пояҳои асосии ватандӯстӣ ба ҳисоб мераванд, ки халқу миллати моро ба сӯи дарку шинохти ҳуввияти миллӣ роҳнамоӣ мекунанд.

Басо зебову бамаврид қаҳрамони миллат устод Мирзо Турсунзода мунодии сулҳ, вассофи дӯстӣ ва меҳрубонӣ моро аз сулҳофаринӣ огоҳ намуда, чунин ибрози андеша кардааст:

Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,

Бо тапиданҳои беоромӣ рӯзафзуни дил.

Дар ин зимн, бояд тасдиқу таъкид кард, ки сулҳу сулҳдӯстӣ ва Ваҳдаду ҳамбастагӣ аз неъматҳои бузурги илоҳӣ ва арзишҳои инсонӣ буда, кафили пешрафти зиндагии шоисаи мардум мебошанд.

Бояд зикр кард, ки ин неъматҳо худ аз худ ва ба осонӣ дасраси мо нагардида, балки барои ба даст овардани инҳо, мардуми мо дар солҳои мушкилтарин аз ақлу хиради солим коргирифта бо роҳнамоиҳову ҷонфидоиҳои роҳбари кишвар, ватану миллати худро дар роҳи сулҳу созандагии меҳан ҷонгусорӣ ва фидокорӣ намуда, шаъну шарафи хешро дар байни ҷаҳониён ҳифз карда, мактаби сулҳофарину созандагиро поягузорӣ карданд, ки то имрӯз он чун намунаи ибрат барои тамоми аҳли дунё ва хусусан чун намунаи нодирӣ сулҳофаринии дар хатмашйи СММ пазируфта шуда, боқӣ мондааст.

Мавриди зикр аст, ки ин ҳама натиҷаи талошу заҳматҳои шабонарӯзии роҳбари ҷасуру дилсӯз ва мардони баномусу нанги миллат мебошад, ки сокинони кишвар дар сояи амну суботу осоиштагӣ умр ба сар бурда, аз шомил шудан дар радифи амнтарин кишварҳои ҷаҳон ифтихор менамоянд. Бо чунин талошу муборизаҳо ва эҷоди мактабу сулҳу созандагӣ ва Ваҳати миллӣ Тоҷикистон равобити ҳасанаашро бо ҳамаи кишварҳои дунё ба ҳайси кишвари комил ҳуқуқи узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ба роҳ монда, онро таҳкиму тавсеа бахшида, чун яке аз ташаббусокорони муҳим нақши калидӣ мебозад. Мояи ифтихор аст, ки Тоҷикистони муосир аз кишварҳои бостонӣ, фаровон аз манобеи табиӣ ва зебоест, ки аз ҷониби муаррихон ва минтақашиносон ва давлатҳои Шарқи Миёна чун минтақаи «Мовароуннаҳр» ва ё “Трансоксиана” шинохта шуда, дорои фарҳангу маданияти олӣ маъруфиат дорад.

Дар Осиёи Марказӣ тамаддуни фарҳанг ва ҷойҳои таърихии гуногун дида мешавад, ки бинандаро ба худ ҷалб мекунад.

Ба муносибати 28-мин солгарди созишномаи Истиқрори сулҳ ва арҷгузории ба ин рӯзи тақдирсози миллат моро зарур аст, то бештар аз арзишҳову созандагиҳои он бигӯему бидонему бихонем.

Вожа ё калимаи Истиқрор аслан калимаи арабиасос буда, дар асоси решаҳои забон маънои хоссеро ифода мекунад ва дарки дурусти он муҳим мебошад. Нависандаи сатрҳо чун донандаи забонҳои шарқӣ раво медонад то ин истилоҳро ба хонанда шарҳу тавзеҳ намояд.

Мавриди зикр аст, ки забони арабӣ яке аз забонҳои муҳими олам ба шумор рафта, таснифоту таълифоти зиёде тавассути ин забон то имрӯз навишта шудааст, ки аз гӯзаштаи таърихии он шаҳодат медиҳад. Тибқи қонунҳои граматикии забони арабӣ ҳар калима ё вожае, ки бо ҳарфҳои «ист» оғоз мешавад, мафҳум ё маънои талаб карданро ифода мекунад. Дар забони арабӣ тамоми вожаҳое ки бо «ист» оғозшуда ба бобҳои даҳгонаи салосии мазид дар сарфи забони арабӣ, ки бо афзудани дар оғози феъли муҷаррад сохта шуда, маъни дархости чизе кардан ва хостори он чиз гардиданро ифода менамояд, чунонки вожаи истихроҷ ба маънии берун овардан омада, дар вазни Истифъол омадааст, ки арабҳо барои талаб кардани чизе ё шахсе кор мефармоянд.

Мувофиқ ба ҳамин дастуруламал калима ё вожаи Истиқрор дар вазни истифъол омада, аслан аз решаи калимаи истақарра ястақирру истиқроран маншаъ гирифта, дар китобҳои фарҳанги луғат маънои қарор гирифтан, қарор ва субот варзидан баҷое, по барҷо шудан, ҷо гирифтан, устувор шудан ва ором гирифтанро ифода мекунад.

Бо дарки дуруст ва фаҳми маънову маҳфуми вожаи истиқрор мо аз арзишу қимати сулҳу созандагӣ ва Ваҳдату ҳамбастагӣ хубтар огаҳӣ ёфта, онро чун васила дар шинохти ҳуввияти миллӣ меҳисобем. Зеро маънои асосии он ишора ба қавм, миллат ё давлатест, ки барои боқӣ мондани худ талаби устувор ва ором монданро мекунад.

Ҳамин тавр, ҳамасола санаи 27-ум июн мо мардуми Тоҷикистон бо як меҳри хос вожаи пурасрори Истиқрор ва арзишу маконати он бештар таваҷҷӯҳ менамоем. Дар даврони истиқлолият мо тавонистем тавассути ҳифзу ҳимояи Истиқрор ба пешрафтҳои зиёде ноил шуда, онро чун рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил намуда, қадрдонӣ мекунем. Зеро мову шумо баъди чандин солҳои бесарусомониву бесоҳибӣ, дарбадариву оворагӣ дар ин диёри пурфайзу пуроб мактаби сулҳу созандагиро сохта, поя гузошта, ба ҷаҳониён сулҳҷӯию фарҳангдӯстии худро исбот кардем. Имрӯз мову шумо дар зери сояи Ваҳдати миллӣ ва вожаи Истиқрор умр ба сар бурда, бо фарорасии он пайваста рӯҳу равон ва муждаи тоза гирифта, дар фазои ватандӯстӣ зиндагӣ мекунем.

Хулоса, санаи 27 июн соли 1997 – Имзои созишномаи Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон дар натиҷаи чандин гуфтушунидҳо дар кишвари Русия ба имзо расида, саҳифаи навинеро дар таърихи миллати мо эҳё кард. Ин саҳифаи тақдирсозу созандаи ноёби кишвар пайваста бо роҳнамоиву ташаббусҳои Президенти кишвар ва ҳамбастагии ҷомеа имконият фароҳам овард, ки мо дар роҳи бунёди давлати навини демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ қадамҳои устувор гузошта, ба натиҷаҳои назаррасро соҳиб гардидем, ки аз корҳои дуруст шаҳодат медиҳад.

Ташаббусҳои миллӣ ва фаромиллӣ бо барномаҳои созандагӣ ба мо роҳро ба суи фардои нек ва зиракиву худшиносӣ роҳнамоӣ намуд. Мову шумо ҳамарӯза бо чашму гӯш мешунавему мушоҳида мекунем, ки дар аксари манотиқи ҷаҳон аз надоштани Истисқрор ва озодиву оромиву ободӣ азияту ранҷ кашида, дар вартаи ҳалокат ва гирдоби печанда қарор доранд.

Ҳамаи ҳаводиси рӯз, чолишҳо геополитикӣ ва равандҳои ҷаҳонишавӣ, даҳшату ваҳшати мардуми сайёра моро водору огоҳ месозад, то қадри Истиқрор ва оромии Ватан ва Ваҳдати миллӣ бештар дониста, ҳамеша саъюу талош намоем, то мактаби сулҳу созандагиро ҳушёронаву зиракона ҳифз намуда, нагузорем чашми ҳасудону нохалафон ба он зарар расонад.

Баҳри Ваҳдату якпорчагӣ аз барномаҳои созандагии кишвар кор гирифта, шукрона аз он кард, ки чунин диёри пурфайзу пурамн дорем ва ё ба қавли олим ва ориф Мирзоюсуф Фозилзода онро чун гавҳари ноёб ҳамеша зери парчами Ваҳдат ҳифз намоем:

Бе иттиҳод меравад аз байн мулки мо,

Хоҳед агар давому бақо муттаҳид шавед...

Аз шеъри мавлавию зи осори Буалӣ,

Бар ҷисму ҷон намуда даво муттаҳид шавед...

Душман ҳамеша дар пайи тафриқи миллат аст,

Бар рағми душманони дағо муттаҳид шавед.

Дар ниҳоят бояд таъкид намуда, ки мо аз доштани мактаби сулҳу созандагӣ ифтихор намуда, Истиқрору Ваҳдати миллӣ ва сарватҳои маънавию моддии онро оқилона истифода карда, миллатдӯстиву хештаншиносиро таҳким бахшида, ҳаргиз нагӯзорем то дубора ба коми ваҳшату даҳшат афтад ва бо таъкиду ташвиқи Президенти кишвар "мардуми шарифу ватандӯст ва сулҳхоҳу сулҳпарвари Тоҷикистон бо шукронаи истиқлолияту озодӣ ба қадри сулҳу оромӣ ва суботу амнияти сарзамини аҷдодӣ расида, ҳаргиз нагузоранд, ки ин кохи пурҷалоли миллат, яъне истиқлолияту ваҳдат газанд ёбад" саҳми созанда гузошт.

Бояд таъкид кард, ки дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи 48-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи сентябри соли 1993 Тоҷикистон оғози яке аз давраҳои муҳим дар ҷодаи пешбурди сиёсати байналмилалии он маҳсуб меёбад. Дар партави суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъдан борҳо аз минбари баланди СММ ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ оид ба масоили муҳимтарини байналмилалӣ ва таҳдиду хатарҳо ва амнияти умумиҷаҳонӣ суханронӣ намуда, роҳи ҳалли онҳоро аз нигоҳи Тоҷикистон арзёбӣ намудаанд.

Ҳамин тариқ, баҳри мубориза ва пешгирӣ аз хатарот ва роҳ надодан ба фоҷиаҳои навбати пешниҳоди нави роҳбари Тоҷикистон «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» муҳим ва саривақтӣ ҳисобида мешавад. Роҳбарияти кишвари Тоҷикистон пайваста дар пайёму пешниҳод аз хираду ҳимояи инсоният зери шиори "Бани одам аъзои якдигаранд" кор гирифта, пайваста талош менамояд, то сулҳу созандагӣ ва дӯстиву ҳамсоягӣ ҳифз гардида, аҳоли ҷаҳонро аз хатару таҳдидҳо муштаракона наҷот дод, ки қарзи имонӣ ва рисолати башарӣ маҳсуб мебошад ва ё ба таъкиди Президенти кившар «Имрӯз мо шоҳиди афзоиши низоъҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон ҳастем, ки садҳо ҳазор талафоти ҷониро байни аҳолии осоишта дар пай доранд». Ҳамзамон таъкид намуданд, ки роҳбарони давлатҳоро зарур аст, ки атрофи ҳадафҳои умумӣ бо мақсади таъмини сулҳи пойдор дар тамоми кураи Замин ва хотима бахшидан ба ранҷу азоби одамон бар асари ҷангҳо ва пайомадҳои даҳшатбори онҳо муттаҳид шаванд. «Вақти он расидааст, ки мо аз иқдоми муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигирем».

Мирсаид Раҳмонов, ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ