Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" аз 22 майи соли 1998 ва мутобиқи моддаи 83 қонунгузории Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мутобиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи оштии миллӣ 27 июн расман рӯзи ид, ғайрикорӣ эълон карда шуд. Тибқи анъана, ба ифтихори ҷашн дар тамоми Ҷумҳурӣ чорабиниҳои тантанавӣ ва фароғатӣ, консертҳо ва сайру гаштҳои оммавӣ баргузор мешаванд, ки идеяи асосии онҳо таҳкими сулҳ дар кишвар мебошад. Ҳар сол дар он сафирони давлатҳои хориҷӣ ва роҳбарони созмонҳои байналмилалии дар кишвар аккредитатсияшуда, даҳҳо ҳазор мардуми Тоҷикистон иштирок мекунанд.
Ваҳдат —неъмати бебаҳо, ҳаёти инсон, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Моро ҳушёрӣ мебояд, ки ҳам аз ҷиҳати илмӣ ва ҳам амалӣ ин санади тақдирсозро ҳифз намуда, ба қадри он расем. Эҳёи Ваҳдати миллӣ ва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоиятии ҷомеа иборат аз он буда, пеш аз ҳама миллати тоҷикро аз парокандагӣ ва Тоҷикистони азизу муқаддасро аз пора- пора гардидан ва ба нестӣ расидан раҳоӣ бахшид.
Қаҳрамонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, наслҳои ҳозира ва ояндаи тамаддунофари мо ин дастовардҳоро донанд ва аз он сабақ гиранд. Халқи тоҷик ҳамеша бо қалби пок, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ, меҳрубонию самимият умр ба сар бурда, минбаъд баҳри шукуфоии мулки аҷдодӣ сидқан ҷаҳду талош варзанд.
Бо шарофати Ваҳдати миллӣ давлати соҳибистиқлоли мо ба дастовардҳо ноил гардида, ҳамасола барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бумбасти коммуникатсионӣ ва таъмини истиқлолияти озуқаворӣ, саноаткунонии давлат даҳҳо барномаҳо, стратегияҳо амалӣ мешаванд.
Бо кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии мардуми меҳнатдӯсти кишварамон тамоми мушкилоти иқтисодию иҷтимой бартараф шуда, зиндагии босаодати халқи азизамон таъмин мегардад, ки ин падида дар таърихи миллати тоҷик комёбии бузургтарин ва сарнавиштсоз аст ва бе он истиқлолияти давлатии имрӯзаи мо шояд имконнопазир буд.
Дарахте, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинонидаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину лазизи он самар оварда истодааст, ки бо он мо – тоҷикон ифтихор месозем.
Муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба вуҷуд овард.
Роҳи Автомобилгарди Қалаи Хумб то дарвозаи Рушон, сохтмони кӯпруки мошингузар аз болои дарёи Ғунд дар шаҳри Хоруғ, сохтмони дигар иншоотҳои бузург масофаро то ба мамлакатҳои Осиё, ба суйи уқёнуси ҷаҳон, роҳҳои калонтарини хушкигард наздик намуд. Ин дастовард боиси эҳёи арзишҳои миллии “Роҳи бузурги абрешим” гардид, ки Бохтару Суғду Бадахшонро бо калонтарин давлатҳои ҷаҳон мепайвандад.
Чунин Ватани зебо насибамон шудаву дар фазои сулҳу дӯстӣ ва ризоияту Ваҳдати миллӣ умр ба сар бурдан, шаҳрвандони ин диёри биҳиштиро аз он ифтихор мебояд кард.
Аз мо, фарзандони ин миллат ва шаҳрвандони ин давлат чизе талаб намегардад, ба ҷуз ин ки ба қадри ҷоннисориҳои бузургону аҷдодони миллати хеш расем. Даст ба дасти ҳам гирифта, мушти пурзӯре шавем, пароканда набошем ва ин миллату ин Ватанро, ки тоҷику Тоҷикистон ном доранд, ҳимоя карда, содиқона ба он хизмат кунем, баҳри пойдории он пайваста дар талош бошем.
Бахдавлатов А.Д. Мудири МОТМБЭ, д.и.т. Сафаров А.Ғ. Мудири лабораторияи спектроскопия молекулавӣ, н.и.т.