Перейти к основному содержанию

Таърихи рушди инсоният гувоҳи медиҳад, ки омили асосии истеҳсолоти ҷамъиятӣ таҳсилот буда, нақши меҳвариро дар он системаи таҳсилот; муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, колеҷҳо, техникумҳои касбӣ ва олӣ иҷро менамоянд. Аз ин лиҳоз, ба таври системанок омӯхтани фанҳои табиатшиносӣ ва ҷамъиятшиносӣ дар мактабҳои олӣ аз як тараф, боиси пешравии илмӣ-техникӣ, технологӣ, истеҳсоли маҳсулоти босифати рақобатпазир гардад, аз тарафи дигар боиси баланд рафтани сатҳи ҳаёти моддӣ, фарҳанг ва эҳёи маънавӣ мегардад.

Системаи таҳсилот дар шароити бозори иқтисодӣ ва бозори меҳнат, нисбати системаи идоракуни ва танзими захираҳои меҳнатӣ яке аз омилҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Дар ин самт тайёр намудани мутахассисони касбӣ бо назардошти талаботи бозори меҳнат ва ҳалли самараноки масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар кишвар, муҳим арзёби мешавад.

Дар шароити муосири кишвар муассисаҳои таҳсилоти олӣ бе назардошти бозори меҳнат ва талаботи бозори иқтисодӣ мутахассисонро тайёр менамояд, аз ин сабаб бархе аз ҷавонон пас аз хатми донишгоҳҳо бо шуғл фаро гирифта намешаванд ва маҷбуранд ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд. Ин масъала аз он гувоҳи медиҳад, ки баъзе ҷавонон ҳамчун “мутахассис” ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ нестанд ва ҷойҳои кории муносиб пайдо карда наметавонанд. Чунин вазъият дар байни ҷавонон омилҳои иҷтимоӣ-психологиро ба вуҷуд меорад ва муҳоҷирон дар шароити кишвари дигар аз ҷиҳати равонӣ, ҳуқуқӣ, донистани забон ва риояи урфу одатҳои бегона мутобиқ шуда наметавонанд ва барои онҳо мушкилотҳои зиёдро пеш меорад. Азбаски муҳоҷирони меҳнатӣ бештар ба Россия сафар мекунанд, бинобар ин, ташкил намудани курсҳои махсуси омӯзиши забони русӣ, азхуд намудан ва риоя кардани ҳуқуқҳои шаҳрвандии ин кишвар ба муҳоҷирони меҳнатӣ имконият медиҳад, ки фаъолияти меҳнатии онҳо беҳтар шавад. Бо дарназардошти мушкилоти мавҷуда, зарурияти таълими забонҳои хориҷиро дар муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар бештар кардан талаботи замони муосир мебошад. Бинобар ин, донистани забонҳои кишварҳое, ки ҷавонон ба муҳоҷирати меҳнати мераванд, воситаи асосии бо кор таъмин шудани онҳо ва зарурияти иҷтимоӣ-иқтисодӣ оила бошад, аз тарафи дигар, барои паст шудани сатҳи камбизоати дар ҷомеа мусоидат менамояд. Илова ба ин, бо таърихи тамаддуни фарҳангӣ мамлакатҳои гуногун шиносои пайдо намуда, ба малакаи техникию технологии ҷавонон таъсири мусбат мерасонад ва метавонад, ки дар ҷомеа саҳми муассир гузорад. Донистани забонҳо натанҳо муносибатҳои иқтисодиро густариш медиҳад, балки ҷаҳонбинии ҷавононро дар натиҷаи ба дастовардани иттилоот дар ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти воқеии ҷомеаи ҷаҳони муосир равнақ дода, ба ташаккули шахс ҳамчун шаҳрвандӣ масъулиятшинос нисбат ба ҳаёти сиёсӣ ва идеологии ҷомеа мутобиқат менамояд. Аз тарафи дигар, донистани забонҳо барои бо шуғл фаро гирифтани ҷавонон мусоидат намуда, ба малакаҳои касбии онҳо таъсири мусбат мерасонад. Дар шароити муосири ҷумҳурӣ, бо сабаби паст будани маош, аксарияти ҷавонон дар ҷумҳурӣ ба фаъолияти меҳнатӣ машғул намешаванд ва мехоҳанд ба намуди шуғли фоидаовар фаъолият намоянд.

Читавре ки натиҷаи таҳқиқот собит намуд, ба ақидаи ҷавонон се омили асоси барои ёфтани кори фоиданок кӯмак мерасонад; якум, донистани забонҳоро-18,2% ва “дониши хуби таҳсилоти умумиро”- 17,6% ҷавонон зикр кардаанд. Дар ҷойи сеюм “фаъолият кардан дар соҳаи технологияи иттилооти”-ро-14,2% бо назардошти фоиданок будан, нишон додаанд. Як қисми ҷавонон-11,3% ба “донишҳои олами тиҷорат”, “квалификатсия дар соҳаи илм ва техника”-10,1% ва “шогирди барои касбомӯзи ё гузаштани курси тайёрии мувофиқро”-8,7% афзалиятнок мешуморанд. Ин сифатҳо ба ҷавонон бо мақсади худмуайянкуни ва худшиносӣ зарур буда, соҳибкориро самти бартаридоштаи фаъолияти худ меҳисобанд. Аз натиҷаи нишондиҳандаҳои таҳқиқот маълум шуд, ки дар минтақаҳо доир ба масъалаи интихоби намуди фаъолияти кории ҷавонон фарқияти муҳим мушоҳида намешавад. Ин масъала бо маҳдудияти соҳаи фаъолияти касбӣ ва сатҳи маош алоқаманд мебошад. Аз байни пурсидашудагон доир ба интихоби фаъолияти корӣ дар вилояти Суғд-38,7% ҷавонон “соҳибкории шахсии худро сар кардан” мехоҳанд. Дар минтақаи Бохтар-30,3% дар он ақидаанд, ки ба “соҳибкории оилавӣ” машғул шаванд. Дар минтақаи Кӯлоб бошад, гурӯҳи ҷавонон -36,8% мехоҳанд “дар фирмаи ягон шахс” фаъолият кунанд. Дар шаҳри Душанбе ва ВАБК таносубан шумораи ҷавононе, ки мехоҳанд дар ташкилоти ғайритиҷоратӣ фаъолият кунанд-28,4%-ро ташкил медиҳад [1,4]. Ҷиҳати характерноки ҷавобҳои ҷавонони минтақаҳои номбурда, оид ба интихоби намуди фаъолияти корӣ, хусусияти манфиати шахсӣ ва фоидаовар доштани онҳоро вобаста аз сатҳи сифати кордони, таҳсилот ва даромад, ифода мекунад. Бинобар ин, дар шароити бозори меҳнат ҷавонон бештар ба он шуғлҳое мехоҳанд машғул шаванд, ки вобаста ба тахассуси худ даромади муносиб гиранд.

Қаҳоров Г.Г., д.и.ф. Сарходими илмии шуъбаи сосиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳовадинови АМИТ.