Skip to main content
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2025 ҳамчун як санади муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар марҳалаи анҷомёбии Стратегияи миллии рушд то соли 2030 баромад менамояд. Ин Паём на танҳо натиҷаҳои рушди даҳсолаи кишварро ҷамъбаст мекунад, балки самтҳои калидии сиёсати дохилӣ ва хориҷиро барои марҳалаи минбаъдаи рушди устувор муайян месозад.

Хусусияти асосии Паём дар он ифода меёбад, ки он дар шароити мураккаби геосиёсӣ, тағйирёбии иқлим, рақобати иқтисодии ҷаҳонӣ ва гузариш ба иқтисоди рақамӣ ироа гардида, ба масъалаҳои амнияти миллӣ, рушди иқтисоди воқеӣ, сармояи инсонӣ ва нақши Тоҷикистон дар рӯзномаи байналмилалӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.

Дар ин замина, Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки «Таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошад.»

Яке аз нуқтаҳои калидии Паём таъкид ба суботи сиёсӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мебошад. Дар ин замина, баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси Олӣ ва мақомоти маҳаллӣ дар фазои шаффоф ва қонунӣ ҳамчун нишондиҳандаи камолоти низоми сиёсии кишвар арзёбӣ мегардад.

Ин мавқеъ бо таҷрибаи таърихии кишвар пайванди мустақим дорад, зеро, ба таъкиди Сарвари давлат: «Маҳз сулҳу субот, амнияту осоиш ва волоияти қонун имкон дод, ки мо рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии кишварро таъмин карда, сатҳи некуаҳволии халқро баланд бардорем.»

Бо ин таъкид, Паём на танҳо ба вазъи имрӯза, балки ба сабақи таърихӣ такя намуда, сулҳ ва суботро ҳамчун арзиши стратегӣ муаррифӣ мекунад.

Ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва ба имзо расидани шартномаҳои сеҷониба бо Қирғизистон ва Ӯзбекистон дорои аҳаммияти стратегии минтақавӣ мебошад. Ин рӯйдод Тоҷикистонро ҳамчун ҷонибдори сулҳ, ҳамкории созанда ва суботи минтақавӣ муаррифӣ намуда, заминаи устувори рушди иқтисодӣ ва амнияти фарогирро фароҳам месозад.

Пешвои миллат бо таъкиди хос масъалаи амният, сулҳу субот ва волоияти қонунро ҳамчун шарти калидии рушди устувори давлат баррасӣ менамоянд.

Дар Паём масъалаи амният дар шароити таҳдидҳои фаромиллӣ бо ҷиддият баррасӣ мегардад. Пешвои миллат бо равшанӣ таъкид мекунанд:

«Мубориза бар зидди терроризму экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ вазифаи ҷонии онҳо дар шароити ноорому буҳронии ҷаҳони муосир мебошад.»

Ин таъкид нишон медиҳад, ки амнияти миллӣ ҷузъи ҷудонопазири сиёсати давлатӣ ва рушди устувор ба ҳисоб меравад. Вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯзаро бо назари воқеъбинона таҳлил мекунад. Сарвари давлат таъкид менамоянд, ки «Вазъи мураккаб дар манотиқи гуногуни дунё, шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ ба хотири аз нав тақсим кардани ҷаҳон, мавҷи нави “ҷанги сард, яроқнокшавии бошитоб, заиф гардидани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва дигар равандҳои пуртазод дар арсаи байналмилалӣ ҳамоно мояи нигаронӣ боқӣ мемонад.»

Дар чунин шароит, Тоҷикистон роҳи ҳамкории байналмилалиро интихоб мекунад. Чунонки зикр мешавад: «Дар чунин шароит моро зарур аст, ки дар баробари иштироки фаъол дар равандҳои глобалӣ, дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба саъю талошҳоямон барои расидан ба ҳадафҳои созанда – пойдории сулҳу субот ва таъмини амнияти фарогир тақвият бахшем.»

Рушди иқтисодии кишварро ҳамчун натиҷаи сиёсати пайгирона ва барномарезишудаи давлат нишон медиҳад. Афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то 173 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии 8,4 фоиз далели устувории макроиқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

Дар Паём равшан таъкид мегардад, ки модели рушди ояндаи кишвар бояд ба саноатикунонии босуръат, иқтисоди рақамӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ ва иқтисоди «сабз» асос ёбад. Ин равиш Тоҷикистонро аз иқтисоди истеъмолӣ ба иқтисоди тавлидкунанда ва ба дониш асосёфта равона менамояд.

Қабули Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026–2030 ҳамчун марҳалаи ниҳоии татбиқи Стратегияи миллии рушд то соли 2030 аҳаммияти хос дорад. Дар ин барнома ҳадафҳои мушаххас, аз ҷумла коҳиши сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз ва афзоиши ҳиссаи табақаи миёна то 50 фоиз муайян гардидаанд.

Паёми ироагардида рушди иқтисодиро бо корҳои бузурги созандагӣ мепайвандад. Дар ин замина таъкид мешавад, ки соли 2026 барои Тоҷикистон соли таърихӣ – соли ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ мебошад.

Ба хотири истиқболи ин ҷашн, корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Аз 29 ҳазор иншооту биноҳои ба ифтихори ҷашни 35-солагӣ ба нақша гирифташуда то имрӯз 26 ҳазори онҳо ба истифода дода шудаанд, ки беш аз 70 фоизашон аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандон мебошад.

Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи Паёми имсола таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба рақамикунонии идоракунии давлатӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ мебошад. Дар Паём на танҳо зарурати ҳуқуқӣ ва техникӣ, балки манфиати иҷтимоиву иқтисодии ин раванд асоснок карда мешавад.

Таҷрибаи ҷорӣ намудани низоми рақамии биллинг дар соҳаи энергетика ҳамчун мисоли равшани коҳиши омили инсонӣ, баланд бардоштани шаффофият ва самаранокии идоракунӣ оварда мешавад. Кам гардидани талафоти неруи барқ ва афзоиши воридоти молиявӣ нишон медиҳад, ки рақамикунонӣ метавонад омили муҳими мубориза бо фасод ва беҳбуди идоракунӣ бошад.

Дар Паёми соли 2025 масъалаи энергетика ҳамчун пояи рушди иқтисодӣ ва амнияти миллӣ баррасӣ мегардад. Таҷдиди неругоҳҳои мавҷуда, бунёди неругоҳҳои офтобӣ ва идомаи сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун» Тоҷикистонро ба марҳалаи нави истиқлоли энергетикӣ мерасонад.

Таваҷҷуҳ ба энергияи «сабз» ва имкони истифодаи захираҳои гидроэнергетикӣ барои марказҳои коркарди маълумотҳо ва зеҳни сунъӣ кишварро ба бозингари муҳим дар иқтисоди рақамии минтақавӣ табдил медиҳад.

Пешвои миллат бо ифтихор аз неруи созандагии мардум таъкид намуда қайд карданд, ки :«Роҳи тайкардаи мо дар зарфи қариб 35 соли гузашта баръало нишон дод, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба анҷоми корҳои бузург қодиранд.»

Ин андеша бо даъвати умумимиллӣ ҷамъбаст меёбад. «Пас биёед, ҳама якҷову ҳадафмандона, бо рӯҳияи баланди миллӣ… барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон кӯшишу талош намоем.»

Ҳамчунин таъкид мегардад:, ки «Мардуми шарифи Тоҷикистон қудрату имкониятҳои азими созандагӣ доранд ва маҳз ҳамин неруи азими созандаву ободгар фардои дурахшони Ватани азизамонро таъмин месозад.»

Пайём рушди сармояи инсониро ҳамчун омили асосии пешрафти дарозмуддат муайян менамояд. Афзоиши маблағгузории соҳаҳои маориф, илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ далели он аст, ки сиёсати иҷтимоии давлат хусусияти стратегӣ дорад.

Таъкид ба омӯзиши фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ, забонҳои хориҷӣ ва ислоҳоти низоми таҳсилот Тоҷикистонро ба фазои рақобатпазири байналмилалии илм ва маориф ворид месозад. Ҳамзамон, пешниҳод оид ба тақвияти таҳқиқоти криосфера ва табдили Маркази омӯзиши пиряхҳо ба институти илмӣ аҳаммияти байналмилалии илмии кишварро тақвият мебахшад.

Паём фарҳангро пояи ҳувияти миллӣ муаррифӣ мекунад. Чӣ тавре, ки Пешвои миллат қайд мекунанд: «Воқеан, Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёии мо асоси ҳувият ва асолати мо – тоҷикон мебошанд.»

Дар ин радиф, дастовардҳои байналмилалӣ зикр мегарданд, аз ҷумла:

Ø эътирофи Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ»;

Ø бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027;

Ø ворид гардидани 11 ёдгории Хуттали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО;

Ø танзими ҳамоишҳо зери унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният).

Дар Паёми соли 2025 сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамчун сиёсати «дарҳои кушод», мутавозин ва сулҳҷӯёна муаррифӣ мегардад. Иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об, иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва зеҳни сунъӣ Тоҷикистонро ба кишвари ташаббускор дар рӯзномаи ҷаҳонӣ табдил додаанд.

Қабули қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Тоҷикистон далели эътирофи байналмилалии сиёсати созандаи кишвар мебошад.

Хулоса. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2025 ҳамчун санади ҷамъбастӣ ва ҳамзамон роҳнамо барои оянда баромад менамояд. Он нишон медиҳад, ки рушди устувор танҳо дар шароити суботи сиёсӣ, иқтисоди рақамӣ, энергетикаи «сабз» ва сармояи инсонӣ имконпазир аст.

Ин Паём Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, дорои дурнамои равшан ва сиёсати мутавозини дохиливу хориҷӣ муаррифӣ намуда, заминаи устувори рушди минбаъдаро барои даҳсолаи оянда фароҳам месозад.

Сафарзода Сангин Ниёз ходими илмии Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон