Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун рукни асосии низоми давлатдорӣ, кафили устувории истиқлолият, тамомияти арзӣ ва дар таъмини амнияти миллӣ нақши калидӣ дорад. Дар оғози давраи соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъсиси Артиши миллӣ заминаи ҳуқуқӣ ва сохтори ҳифзи давлатро таҳким бахшид, ки ин қадами стратегӣ ба таъмини амният, субот ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ аҳамияти таърихӣ гузошт.
Имсол бо таҷлили 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мо на танҳо дастовардҳои муҳимми даврони навини давлатдориро ҷашн мегирем, балки садоқат, шуҷоат ва масъулияти афсарону сарбозонро дар ҳифзи марзу буми Ватан ва таъмини амнияти миллӣ эътироф мекунем. Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ҷашни касбӣ, балки рамзи ирода, омодагӣ ва масъулияти муқаддас барои ҳифзи истиқлолият ва таъмини суботи дохилӣ ба шумор меравад. Истиқлолият арзиши волост, ки ҳифзи он бо ирода, омодагӣ ва бо неруи устувории Қувваҳои Мусаллаҳ таъмин мегардад.
Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоят ҳассоси таърих ворид гардид. Давлат нав ба по мехест, сохторҳои идоравӣ ташаккул меёфтанд, орзуву умедҳои миллӣ зинда мешуданд. Аммо ҳамзамон кишвари моро вазъи ногувори ҳарбӣ - сиёсӣ ва бархурди низои байнитоҷикон фаро гирифт. Нооромии сиёсӣ, бархӯрдҳои дохилӣ ва норасоии кадрҳои касбӣ вазъиятро мураккабтар месохтанд.
Дар чунин шароити сарнавиштсоз таъсиси Артиши миллӣ ба зарурати таърихӣ табдил ёфт. Давлати соҳибистиқлол наметавонад бе неруи мудофиавии худ пойдор бошад. Аз ин рӯ, қадами аввал дар самти ташаккули сохтори низомии мустақил Фармон аз 24 декабри соли 1991 «Дар бораи ташкил намудани Горди миллӣ» гузошта шуд.
Баъди баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ нақши ҳалкунанда бозид, раванди бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ суръати нав гирифт. Ҳанӯз 18 – уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дар бораи таъсиси “Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расид ва он дар заминаи “Фронти халқӣ” ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. 23 феврали соли 1993 бошад, дар шаҳри Душанбе нахустин паради ҳарбӣ баргузор шуд. Аз ҳамон рӯз 23 феврал ҳамчун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Артиши миллӣ дар шароити ниҳоят душвор бунёд гардид. Норасоии техника, таҷриба ва кадрҳои соҳибихтисос монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекарданд. Бо вуҷуди ин, иродаи сиёсӣ, рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳсоси масъулияти фарзандони миллат имкон дод, ки пояҳои устувори неруи мудофиавӣ гузошта шаванд.
Дар он айёми пурошӯб роҳбарияти давлат таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, барои ҳифзи тамомияти арзӣ ва суботи кишвар тадбирҳои муҳим андешиданд. Қарорҳои ҷасурона ва сиёсати дурандешона имкон доданд, ки пояҳои давлатдорӣ ҳифз гардида, хатари густариши ҷанг берун аз марзҳои кишвар пешгирӣ шавад.
Баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ марҳилаи нави таҳкими Артиши миллӣ оғоз гардид. Муттаҳидсозии неруҳо, такмили сохторҳои ҳарбӣ ва омода намудани кадрҳои касбӣ ба рушди босуботи Қувваҳои Мусаллаҳ замина гузоштанд. То соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳ аз се навъи асосӣ — Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ иборат буданд.
Имрӯз Артиши миллии Тоҷикистон ба як неруи муназзам, касбӣ, сохтори пурқудрат ва такягоҳи боэътимоди давлат табдил ёфтааст. Аммо қудрати воқеии Артиш на танҳо дар техника ва таҷҳизот аст, балки пеш аз ҳама дар рӯҳияи сарбоз ва хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ садоқату муҳаббати беандоза ба Ватан ифода меёбад.
Ҳар хизматчии ҳарбӣ, ки савганди садоқат ёд мекунад, масъулияти муқаддаси ҳифзи марзу буми кишварро ба зимма мегирад. Ӯ посбони сулҳ, кафили субот ва рамзи ифтихори миллӣ мебошад. Маҳз ба шарофати чунин фарзандони содиқ имрӯз ҷомеаи мо дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ мекунад, иқтисод рушд меёбад ва ояндаи ҷавонон боэътимодтар мегардад.
Баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба Артиши миллӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ба шумор меравад. Зеро сулҳ неъмати бебаҳост ва ҳифзи он масъулияти умумимиллӣ мебошад.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз неруи сулҳпарвар буда, ҳамеша дар сафи пеши ҳифзи истиқлолият ва амнияти кишвар қарор дорад. Дар интиҳо гуфтанием, ки мо, ҷавонон, бо донистани таърихи гузашта, арҷгузорӣ ба фидокории қаҳрамонон метавонем сарнавишти Ватанро ҳифз намуда, миллати худро соҳибватанву побарҷо нигоҳ дорем. Рӯзи Артиши миллӣ муборак ҳамватанони азиз!
Муаллифон: н.и.ф.-м., Ҷонмуҳаммади Абдулои Исмоилзода, ходими илмӣ Латипов
Манучеҳр Нураҳмадович Шуъбаи ҷирмҳои байнисайёравии Институти астрофизикаи АМИТ




