Skip to main content

Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори калони бинои наву пуршукӯҳи Парлумони кишвар зимни ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Яке аз самтҳои калидии Паёми Пешвои муаззами миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин саноатикунонии босуръати кишвар мебошад. Президенти кишвар қайд намуданд, ки саноат омили асосии рушди иқтисод, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ аст. Дар ин замина, сохтмони корхонаҳои нави саноатӣ, коркарди ашёи хоми ватанӣ, рушди саноати кӯҳӣ ва металлургӣ инчунин ворид намудани технологияҳои муосир вазифаҳои муҳим арзёбӣ шуданд.

Ба мақсади ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар дар давраи татбиқи он, яъне дар 7 соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст.Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи маъдан аз 7,7 миллиард сомонии соли 2020 ба 26 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расонида, афзоиши ин нишондиҳанда 3,4 баробар таъмин карда шуд.Агар дар соли 1991 дар соҳаи маъдан танҳо 3 номгӯйи маҳсулот (тилло, нуқра ва хокаи сурб) истеҳсол гардида бошад, пас дар соли 2025 ба 17 номгӯй расонида шудааст.Бояд гуфт, ки ҳоло истеҳсоли тилло назар ба соли 1991-ум 7 баробар, нуқра 6 баробар ва хокаи сурб 9 баробар зиёд гардидааст.Ба идомаи ин раванд Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо истифода аз тамоми иқтидору имкониятҳо рушди воқеии солонаи соҳаро дар давоми панҷ соли минбаъда бояд дар сатҳи на кам аз 25 фоиз таъмин намояд.Ҳукумати мамлакат Барномаи нави саноатикунонии босуръати кишварро барои солҳои 2026 – 2030 ва Барномаи рушди истеҳсолу ғанигардонии металлҳои ранга, нодиру қиматбаҳо ва дигар ашёи хоми муҳимро қабул ва амалӣ гардонад.

Тоҷикистон дорои захираҳои бойи маъданӣ буда, дар қаламрави он конҳои тилло, нуқра, сурб, руҳ, мис, сурма, симоб, висмут, волфрам, молибден, оҳан, арзиз, ангишт, нефт ва газ, инчунин сангҳои гаронбаҳо ва ороишӣ мавҷуданд. Дар Паёми имсола зарурати истифодаи пурраи ин захираҳо бо роҳи ҷалби сармоягузорӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва коркарди амиқи ашёи хом таъкид карда шуд.

Аз ҳамин лиҳоз дар ҷавоб ба ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти маҳбуби кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мо кормандони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсиони ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зарурият пеш меояд, ки гуфтаҳои Пешвои миллатро сармашқи кори хеш қарор диҳем. Нисбати тарбияи кадрҳои баландихтисос ва рақобатпазири ҷавобгӯи бозори меҳнат дар навбати аввал нисбат ба худ серталаб бошем, доимо ба мутоила ва омӯзиши фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ машғул шавем, рӯ ба омӯзиш ва таҳлили адабиётҳои бадеӣ оварем.

Холматзода Т.Б – ходими калони илми шуъбаи бехатарӣ ва амнияти химиявӣ,

Агентии аминияти ХБРЯ-и АМИТ

Бобоев К.О –Мудири шуъбаи бехатарӣ ва амнияти химиявӣ, Агентии аминияти ХБРЯ-и АМИТ