Дар замони муосир, ки талабот ба энергия рӯз ба рӯз меафзояд, кишварҳо дар ҷустуҷӯи манбаъҳои устувор ва самараноки энергетикӣ ҳастанд. Яке аз роҳҳои муҳими таъмини энергия истифодаи технологияи ҳаста мебошад, ки ҳамчун манбаи тавоно ва камхарҷ дар ҷаҳон шинохта шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ аст, низ ба ин соҳа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҳамкориҳояшро бо Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) тақвият мебахшад.
Технологияи ҳаста имкон медиҳад, ки бо истифода аз реаксияҳои ҳастаӣ миқдори зиёди энергия истеҳсол карда шавад. Ин манбаъ нисбат ба сӯзишвории анъанавӣ, аз қабили ангишт ва нафт, камтар газҳои гулхонаӣ хориҷ мекунад ва аз ин рӯ барои муҳити зист камтар зараровар аст. Дар ҷаҳон кишварҳое чун Фаронса, Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аллакай аз ин технология ба таври васеъ истифода мебаранд ва онро яке аз сутунҳои асосии таъмини энергияи худ қарор додаанд.
Бо вуҷуди ин, истифодаи технологияи ҳаста мушкилоти худро низ дорад, аз ҷумла масъалаҳои бехатарӣ, идоракунии партовҳои радиоактивӣ ва хароҷоти баланди сохтмони нерӯгоҳҳои ҳастаӣ. Аммо бо пешрафти технология ва дастгирии созмонҳои байналмилалӣ, ин мушкилот қобили ҳал шуда истодаанд.
Тоҷикистон кишварест, ки бо захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ машҳур аст. Нерӯгоҳҳои барқи обии мо, ба мисли Норак ва Роғун, аллакай қисми зиёди ниёзҳои энергетикии мамлакатро таъмин мекунанд. Айни замон ба нерӯи барқи обӣ Тоҷикистон такя мекунад, ки тақрибан 98%-и энергияи истеҳсолшуда дар кишвар аз ин манбаъ ба даст меояд. Ин вобастагии якҷониба ба гидроэнергетика мушкилоти худро дорад, аз ҷумла камбуди барқ дар фасли зимистон, вақте ки сатҳи об дар дарёҳо коҳиш меёбад. Дар чунин шароит, ҷустуҷӯи манбаъҳои алтернативии энергия, аз ҷумла технологияи ҳаста, метавонад барои Тоҷикистон як имконияти муҳим бошад. Гарчанде ки Тоҷикистон ҳоло нерӯгоҳи ҳастаӣ надорад, аммо таваҷҷуҳ ба ин соҳа аз ҷониби ҳукумат ва мутахассисон афзоиш ёфтааст. Ин кишвар дорои захираҳои уран аст, ки яке аз ашёҳои асосии истеҳсоли энергияи ҳастаӣ ба шумор меравад. Истихроҷ ва коркарди ин захираҳо метавонад ҳамчун замина барои рушди энергетикаи ҳастаӣ дар оянда хизмат кунад. Бояд тазаккур дод, ки ҷаҳон бо суръат пеш меравад, ва имрӯз масъалаи истифодаи манбаъҳои гуногуни энергия барои таъмини рушди устувор беш аз пеш муҳим мешавад.
Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА), ки соли 1957 таъсис ёфтааст, созмони пешбари ҷаҳонӣ дар пешбурд ва назорати истифодаи осоиштаи технологияи ҳаста мебошад. Тоҷикистон ҳамчун узви ин созмон аз соли 2001 фаъолона дар барномаҳои он ширкат меварзад. Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо АБНА асосан ба самтҳои зерин нигаронида шудаанд:
АБНА ба Тоҷикистон дар омодасозии мутахассисон ва таҳияи барномаҳои таълимӣ дар соҳаи технологияи ҳаста кумак мекунад. Ин барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи кадрҳои маҳаллӣ муҳим аст.
Бо дастгирии АБНА, Тоҷикистон низомҳои назорат ва бехатарии марбут ба маводи радиоактивиро такмил дода шудааст, ки он барои пешгирӣ аз хатарҳои эҳтимолӣ ва идоракунии дурусти захираҳои уран аҳамияти калон дорад.
Дар ин ҷода, ҳафтаи сипаригардида дар шаҳри Душанбе – як чорабинии муҳими илмӣ дар доираи «Даҳаи илми академии тоҷик» ва бо ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) доир гардад. Семинари мазкур ба мавзуи ҳамгироии технологияҳои ҳастаӣ бо манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз қабили офтоб, шамол ва об, инчунин баррасии таҷрибаи ҷаҳонии истифодаи нерӯгоҳҳои ҳастаӣ бахшида шуд.
Чорабинии мазкур на танҳо як вохӯрии олимон, балки нишонаи ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон аст. Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ, ки дар ин самт таҷрибаи бой дорад, шарики асосии ин семинари илмии мазкур буд. Намояндагони АБНА ва мутахассисони байналмилалӣ ба Душанбе ташриф оварданд, то ки дониш ва таҷрибаи худро бо ҳамтоёни тоҷик мубодила кунанд. Ин як қадами муҳим барои ҷалби технологияҳои пешрафта ба кишвар гардид.
Энергия асоси рушди иқтисод, саноат ва зиндагии ҳаррӯзаи мардум аст. Бо афзоиши аҳолӣ ва талабот ба барқ, Тоҷикистон бояд роҳҳои нави таъмини энергияро пайдо кунад, ки ҳам иқтисодӣ бошанд ва ҳам ба муҳити зист зарар нарасонанд. Баргузор намудани чунин чорабиниҳо як имконияти нодир аст, ки олимон, муҳандисон ва сиёсатмадорон якҷо ҷамъ шуда, барои ояндаи беҳтар нақшаҳо тарҳрезӣ кунанд.
Хулоса, ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ як имконияти муҳим барои рушди энергетикаи муосир дар кишвар аст. Гарчанде ки айни замон Тоҷикистон ба истифодаи технологияи ҳаста дар истеҳсоли энергия оғоз накардааст, аммо захираҳои табиӣ ва дастгирии байналмилалӣ метавонанд дар оянда заминаи хубе барои ин кор фароҳам оранд. Бо пешрафти ин ҳамкориҳо, Тоҷикистон метавонад на танҳо истиқлолияти энергетикии худро таҳким бахшад, балки дар минтақа ҳамчун кишвари дорои системаи пешрафтаи энергетикӣ мавқеи мустаҳкам пайдо намояд.
Баротов Бахтиёр – муовини директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ
Азизов Олимҷон – мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита ба ҷомеаи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ