Skip to main content
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16 ноябр таҷлил мегардад, на танҳо як ҷашни расмӣ, балки таҷассумгари давраи сарнавиштсоз дар таърихи навини тоҷикон аст. Маҳз дар ин санаи таърихӣ, дар фазои мураккаби ҷанги дохилӣ, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо эҳсоси баланди масъулият роҳбарии кишварро ба ӯҳда гирифт ва Тоҷикистонро аз хатари парокандагӣ наҷот дод. 16 ноябр санаи оғози фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1992) ва сипас ба ҳайси Президент (соли 1994) мебошад, ки ин давраи наҷоти миллат ва барқарорсозии давлатдории тоҷикон аст.

Рӯзи Президент расман бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2016 “Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ” эълон гардид. Ин иқдом эътирофи расмии саҳми таърихӣ ва хизматҳои бузурги Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, ба даст овардани сулҳ ва ваҳдати миллӣ ва таъмини истиқлолияти воқеии кишвар мебошад. Аз ин лиҳоз, арҷгузорӣ ба ин рӯз, арҷгузорӣ ба Истиқлолият, Сулҳ ва Ваҳдати миллӣ мебошад.

Дар қатори дастовардҳои бунёдӣ, яке аз самтҳои калидии сиёсати Пешвои миллат таҳкими мақоми забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ буд ва мемонад. Президент Эмомалӣ Раҳмон, ки муаллифи асари пурарзиши “Забони миллат - ҳастии миллат” мебошанд, ин рукни давлатдориро шиносномаи миллати азизам арзёбӣ намудаанд. Забон, чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ҳастии миллат ва пулест, ки насли имрӯзаро бо гузаштаи пуршарафи таърихӣ мепайвандад. Ин таъкид нишон медиҳад, ки таҳкими забони тоҷикӣ на як тадбири сиёсӣ, балки рисолати миллию фарҳангӣ дар назди Пешвои миллат будааст. Аз ин рӯ, ҳадафи асосии ин мақола таҳлили мушаххас, қатъӣ ва пайвастаи тадбирҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тақвияти қонунӣ, расмӣ ва амалии забони тоҷикӣ дар даврони истиқлолият мебошад, то саҳми бузурги ӯ дар ҳастии забоншиносии миллат ба таври илмӣ ва ҷиддӣ равшан гардад.

Таҳкими мақоми забони тоҷикӣ дар давраи Истиқлолият, пеш аз ҳама, аз тариқи созмондиҳии қонунгузории комил ба амал омад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, на танҳо ташаббускори ин раванд буд, балки ба сифати кафили риояи Қонуни асосӣ ва волоияти забони давлатӣ нақши ҳалкунанда бозид.

Қабули Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 5 октябри соли 2009 яке аз дастовардҳои бузургтарини ин давраи давлатдорӣ мебошад. Қабули ин қонун, ки 20 сол пас аз қабули Қонуни қаблӣ сурат гирифт, талаботи замони Истиқлолият ва ҳувияти тозаи миллиро инъикос кард. Қонуни нав ба таври қатъӣ истифодаи забони тоҷикиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ - аз идоракунии давлатӣ ва қонунгузорӣ то илму фарҳанг, таҳсилот, таблиғ ва хизматрасонӣ ҳатмӣ намуд. Дар муқоиса бо қонуни соли 1989, ин қонун мақоми забонро дар муносибатҳои байналмилалӣ, номгузории маҳалҳо, ҳуҷҷатгузории техникӣ ва робитаҳои расмии давлатӣ ба таври ҷиддӣ тақвият дод. Ин қонун натиҷаи бевоситаи таваҷҷуҳ ва дастурҳои Президент буд, ки ба мақоми забони давлатӣ ба ҳайси воситаи ягонасозандаи миллат баҳои баланд доданд.

Барои татбиқи самарабахши Қонуни забон ва танзими меъёрҳои забонӣ, бо иқдоми Пешвои миллат дар соли 2008 Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ин ниҳод масъулияти меъёрикунонии забон, пешгирӣ аз истифодаи ғайримеъёрии вожаҳо, танзими қоидаҳои имло ва риояи қонун дар соҳаи номгузорӣ ва истилоҳотро ба ӯҳда дорад. Кумита нақши асосиро дар ташаккул ва тасдиқи вожаҳои нави илмию техникӣ мебозад, ки ин ба забони тоҷикӣ имкон медиҳад дар баробари рушди илму техникаи ҷаҳонӣ қадам занад ва ҳамчун забони илму техникаи муосир ташаккул ёбад.

Дастгирии забон танҳо бо қонун маҳдуд нашуда, ба тариқи Барномаҳои давлатии миёнамуддат амалӣ карда шуд, ки аз ҷониби Ҳукумат бо ташаббуси Президент қабул шудаанд. Ин барномаҳо маблағгузории самтҳои мушаххас, аз қабили таҳқиқоти илмӣ, нашри китобҳои дарсӣ, таҳияи фарҳангҳо ва тарғиби забонро дар бар мегиранд, ки тасдиқи таваҷҷуҳи пайвастаи давлат ба ин соҳа мебошад. Маҳз ташаббус ва иродаи сиёсии Президент Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки забони тоҷикӣ пас аз давраи буҳронӣ бо заминаҳои қонунгузории мустаҳкам таъмин гардад ва аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба мақоми арзандаи забони давлатӣ ва миллӣ барояд.

Саҳми Президент Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими забони тоҷикӣ на танҳо дар қабули қонунҳо, балки дар таъмини амалии риояи онҳо ва муқаррар намудани меъёри баланди фарҳанги забонӣ дар идоракунии давлатӣ зоҳир мегардад. Ин раванд бевосита аз ибрати шахсӣ ва талаботи қатъии Пешвои миллат сарчашма мегирад.

Яке аз омилҳои муҳимтарини таҳкими забони давлатӣ ин истифодаи намунавии забони тоҷикӣ аз ҷониби худи Президент мебошад. Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар ҳамаи суханрониҳо, мулоқотҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ба забони тоҷикӣ сухан мегӯяд. Ин амал на танҳо эҳтироми волоиятӣ ба забони давлатиро нишон медиҳад, балки ҳамчун меъёри ҳатмии рафтор барои тамоми мансабдорони баландпоя ва ходимони давлатӣ хизмат мекунад. Муносибати эҳтиромонаи ӯ ба ҳар як вожа, интихоби ибораҳои фасеҳ ва истифодаи сарватҳои забони классикӣ ва муосир барои аҳли зиё ва доираҳои расмӣ манбаи омӯзиш шудааст.

Барои татбиқи воқеии Қонуни забон, Президент тақозо намудааст, ки забони тоҷикӣ дар тамоми идораҳо забони аслӣ ва ягонаи ҳуҷҷатгузорӣ бошад. Таъкиди доимӣ ба он, ки қонунҳо, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, қарорҳо ва фармонҳо бояд ба забони тоҷикӣ бо сифати баланд ва меъёри дуруст таҳия ва тасдиқ гарданд. Ин талабот ба ташаккули услуби расмии забони давлатӣ мусоидат кард. Мубориза бо истифодаи бемавқеи вожаҳои бегона ва унсурҳои ғайристандартӣ дар нутқи расмӣ, ки аз ҷониби Президент дар вохӯриҳо бо зиёиён ва масъулин борҳо таъкид шудааст. Ин тадбир ба тозагии забон хизмат мекунад.

Таҳкими забони тоҷикӣ тавассути дастурҳои Президент дар самти номгузории маҳалҳо, кӯчаҳо ва муассисаҳо (топонимика) низ ба таври ҷиддӣ амалӣ гардид. Бо ташаббуси Президент як қатор номҳои ҷуғрофӣ ва таърихӣ, ки маънои миллӣ доштанд, барқарор карда шуданд. Таъкид ба он, ки номгузориҳои нав бояд ба фарҳанг, анъана ва арзишҳои забони тоҷикӣ мувофиқат намоянд, на ба тақлиди кӯркӯрона аз вожаҳои бегона. Ин иқдом ба ҳифзи ҳувияти миллӣ тавассути забон нигаронида шудааст. Нақши Президент дар ин самт нақши сарвар ва назоратчӣ аст, ки тавассути тақозоҳои қатъӣ ва намунаи шахсӣ, забони тоҷикиро аз сатҳи ҳуқуқӣ ба сатҳи амалии давлатдорӣ бардошт.

Нақши Президент дар рушди забони тоҷикӣ бо дастгирии ҷиддии соҳаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва табъу нашр пайвастагии ногусастанӣ дорад. Сарвари давлат ба таври пайваста таъкид медоранд, ки Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст” ва забон ин ҷавҳарро ҳифз мекунад.

Бо таваҷҷуҳ ба он, ки забони давлатӣ бояд ба ҳайси забони илм ва технологияи муосир хизмат кунад, Президент ба масъалаи истилоҳотсозӣ диққати махсус медиҳанд. Бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои илмӣ таҳқиқотро оид ба меъёрикунонии забон, таҳияи қоидаҳои имло ва ташаккули истилоҳоти нав дар соҳаҳои мухталифи илм, иқтисод, тиб ва ҳуқуқ интенсивона пеш бурданд. Ин раванд имкон дод, ки барои мафҳумҳои нави техникӣ ва илмӣ аз захираҳои дохилии забон вожаҳо сохта шаванд ва забони тоҷикӣ аз истифодаи бемавқеи калимаҳои бегона пок нигоҳ дошта шавад.

Таҳкими забон аз тариқи дастрас гардонидани сарчашмаҳои фарҳангӣ ва адабӣ ба наслҳои нав амалӣ мегардад. Бо ташаббус ва дастгирии молиявии давлат, нашри осори пурарзиши адабиёти классикии тоҷику форс дар ҳаҷми калон роҳандозӣ шуд. Ин имкон дод, ки сарвати забон ва услуби баён аз нав барои хонандагони имрӯза дастрас гардад. Дастгирии нашри асарҳое, ки ба таърих, фарҳанг ва забони тоҷикӣ бахшида шудаанд нишондиҳандаи таваҷҷуҳи давлат аст. Таҳия ва нашри асарҳои илмию публитсистии Президент, аз ҷумла “Забони миллат - ҳастии миллат”, на танҳо як асар, балки барномаи амал дар самти таҳкими забон гардид.

Бо ташаббуси Президент, забони тоҷикӣ дар баробари фарҳанги волои миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид. Эҳё ва таҷлили васеи Наврӯз, Меҳргон, Сада ва дигар ҷашнҳои бостонӣ бо забони тоҷикӣ, ҳамчун рукнҳои тақвиятдиҳандаи забон ва ҳувияти миллӣ, бо ташаббуси Пешвои миллат ба амал омад. Дастгирии равобити фарҳангӣ бо кишварҳои ҳамзабон ва ба ин васила, муаррифии забон ба ҳайси забони фарҳанги ғании минтақа иқдоми дигар мебошад. Бо шарофати сиёсати фарҳангии Президент, забони тоҷикӣ аз мақоми расмӣ ба мақоми забони илм, адабиёт ва фарҳанги воло баромад ва асосҳои устувори рушди дохилии худро пайдо кард.

Саҳми Президент дар таҳкими забони тоҷикӣ дар доираи ҳудуди кишвар маҳдуд нашуда, тавассути дипломатия ва муаррифии фарҳанг дар арсаи байналмилалӣ низ зоҳир мегардад, ки ин нишонаи давлатдории комил ва ҳувияти мустақил мебошад. Президент дар сафарҳои хориҷӣ, мулоқотҳои сатҳи олӣ ва суханрониҳо дар назди созмонҳои байналмилалӣ забони тоҷикиро ҳамчун забони расмии дипломатияи кишвар бо ифтихор истифода мебарад. Истифодаи забони давлатӣ дар сатҳи байналмилалӣ на танҳо эҳтироми воло ба забон аст, балки нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон як давлати соҳибистиқлол бо фарҳанг ва соҳиби забони пурғановати худ мебошад.

Дастгирии Пешвои миллат аз барномаҳое, ки ба омӯзиши забони тоҷикӣ дар хориҷа (донишгоҳҳо ва марказҳои фарҳангӣ) мусоидат мекунанд, муҳиммияти стратегии забонро ҳамчун мероси фарҳангии минтақа тасдиқ менамояд. Сарвари давлат ба таври пайваста ба ваҳдати фарҳангии ҷаҳони форсизабон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таҳкими забони тоҷикиро ҳамчун рукни ягонагии фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамзабон арзёбӣ мекунад. Ташаббусҳо оид ба баргузории ҳамоишҳои илмӣ ва фарҳангӣ дар мавзӯи забон ва адабиёти тоҷику форс, нақши забони тоҷикиро дар дохили кишвар ва берун аз он тақвият бахшиданд.

Таҳлили мушаххас ва ҳамаҷонибаи саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар таҳкими забони давлатӣ ба таври возеҳ нишон медиҳад, ки масъалаи забон дар сиёсати ӯ мақоми меҳварӣ ва сарнавиштсоз дорад. Президент бо ташаббуси қабули Қонуни нави забон (2009) ва таъсиси Кумитаи забон, заминаи қонунии мустаҳкам барои волоияти забони давлатӣ фароҳам овард. Тавассути ибрати шахсӣ ва талаботи қатъӣ дар идоракунии расмӣ, забони тоҷикӣ аз сатҳи ҳуқуқӣ ба сатҳи амалии давлатдорӣ ва муоширати расмӣ баромад. Дастгирии табъу нашри адабиёти классикӣ ва илмӣ, ташаккули истилоҳот ва нақши шахсии ӯ дар баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ нисбат ба забон, ба ғанӣ гаштани сарвати забон мусоидат намуд. Саҳми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, на танҳо дар ҳифзи забон, балки дар таҳкими мақоми он ҳамчун рамзи истиқлолият ва шиносномаи миллат бебаҳост. Забони тоҷикӣ дар даврони роҳбарии ӯ ба забони ҳамаҷонибаи давлатӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва дипломатӣ табдил ёфт. Аз ин рӯ, таҳкими забони тоҷикӣ, ки ба сиёсати пайвастаи Пешвои миллат такя мекунад, барои ояндаи миллат ва пойдории давлатдории тоҷикон ҳамчун мероси волои истиқлолият боқӣ хоҳад монд.

Судуров С.А., ходими калони илмии шӯъбаи ИДМ – и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Дар таърихи ҳар як миллат шахсиятҳое ҳастанд, ки бо фаъолияти созанда ва фидокоронаи худ роҳи инкишофи давлатро муайян мекунанд. Дар таърихи нави Тоҷикистон чунин шахсият Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои бузурги он кас дар роҳи сулҳ, ваҳдат ва давлатсозӣ, бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016, 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Рӯзи Президент, ҳамчун яке аз ҷашнҳои муҳими давлатӣ дар тақвими расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой гирифтааст. Ин рӯз на танҳо ҷашни арҷгузорӣ ба шахсият аст, балки рамзи сулҳу ваҳдат, ифтихори миллӣ, меҳри Ватан ва устувории пояҳои давлатдорӣ мебошад.

Рӯзи Президент яке аз ҷашнҳои муҳими давлатӣ ва миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳар сол 16 ноябр мардуми Тоҷикистон ин рӯзро бо эҳтирому ифтихор таҷлил менамоянд. Ин сана ба қадршиносӣ аз хизматҳои бузурги Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ, барқарорсозии сулҳу субот ва ваҳдати тоҷикон бахшида шудааст.

Пайдоиш ва таърихи Рӯзи Президент
Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, солҳои аввали истиқлол барои давлат ва миллат солҳои бисёр душвор буданд. Ҷанги шаҳрвандӣ кишварро ба буҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ гирифтор намуда буд. Дар чунин шароити вазнин 19 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданд. Ин рӯйдод оғози давраи нави сулҳҷӯӣ ва давлатсозӣ дар Тоҷикистон гардид.

Бо иқдоми созанда ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат сулҳу субот ба Тоҷикистон баргашт. Барои арҷгузорӣ ба ин хизматҳои таърихӣ, соли 2016 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи Рӯзи Президент»-ро қабул кард ва тибқи он, 16 ноябр — Рӯзи Президент эълон шуд.

Сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни муборак дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан Савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд, шакли идории Тоҷикистон ба шакли Ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд.
Рӯзи Президент танҳо як санаи тақвимӣ нест, балки рамзи эҳтиром ба давлати миллӣ, сулҳ, ваҳдат ва рушди устувори Тоҷикистон мебошад. Ин рӯз моро водор месозад, ки ба арзишҳои истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва худшиносии ватандорӣ эҳтиром гузорем.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати дурандешона тавонистанд Тоҷикистонро аз вартаи ҷанг наҷот дода, онро ба кишвари амну осуда ва рӯ ба тараққӣ табдил диҳанд. Бо роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат Тоҷикистон дар самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва байналмилалӣ пешравиҳои назаррас ба даст овард.

Ҷашни Рӯзи Президент дар кишвар
Ҳамасола дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон Рӯзи Президент бо тантана таҷлил мегардад. Дар ин рӯз дар муассисаҳои таълимӣ, идораҳо ва муассисаҳои фарҳангӣ чорабиниҳои тантанавӣ, конфронсҳо, маҳфилҳои илмию фарҳангӣ ва вохӯриҳо бо ҷавонон баргузор мешаванд.
Ҷавонон дар ин чорабиниҳо дар бораи зиндагӣ, фаъолияти сиёсӣ ва нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ маълумот мегиранд. Ин ҳама барои боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ мусоидат мекунад.
Нақши Рӯзи Президент дар тарбияи насли нав Барои ҷавонон Рӯзи Президент на танҳо як ид, балки мактаби ватандӯстӣ ва сабақи садоқат ба Ватан мебошад. Он ба насли нав мефаҳмонад, ки сулҳ ва оромӣ неъмати бузург аст ва бояд онро бо меҳнату дониш ҳифз кард.
Пешвои миллат ҳамеша ҷавононро ояндаи дурахшони кишвар мехонанд ва онҳоро ба донишандӯзӣ, заҳматкашӣ ва ифтихори миллӣ даъват мекунанд. Аҳамият ва мазмуни Рӯзи Президент Рӯзи Президент барои мардуми Тоҷикистон рамзи миннатдорӣ аз сулҳ, ваҳдат, оромӣ ва рушди давлат мебошад. Ин ҷашн мардумро ба қадр намудани арзишҳои истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва ватандӯстӣ даъват мекунад.
Дар муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ бахшида ба ин рӯз чорабиниҳои гуногун баргузор мегарданд:
• конференсияҳо ва семинарҳои илмӣ;
• барномаҳои фарҳангӣ ва намоишномаҳо;
• гузоштани гулчанбар ба муҷассамаҳои Пешвои
миллат;
• намоишгоҳҳои таърихӣ ва суҳбатҳо дар бораи сулҳу ваҳдат.
Ҷавонон, ки ояндаи миллатанд, дар чунин рӯзҳо аз зиндагӣ ва фаъолияти Пешвои миллат ибрат мегиранд ва масъулияти худро дар назди Ватан бештар эҳсос менамоянд.

Хулоса
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашне мебошад, ки боиси ифтихори миллӣ, эҳтиром ба давлатдорӣ ва арҷгузорӣ ба заҳматҳои Пешвои миллат мегардад. Ин рӯз моро ба ваҳдат, меҳнати созанда ва муҳаббат ба Ватан раҳнамун месозад.
Ҳамасола таҷлил шудани ин сана нишони эҳтиром ва шукргузории мардум аз сулҳу оромӣ ва истиқлолияти миллӣ мебошад.
Бешубҳа, Рӯзи Президент барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи ифтихор ва худшиносии миллӣ аст.

Собирова Мавзуна Буриевна- лаборанти калони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ

Ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар таърихи навини Тоҷикистон яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи сиёсии кишвар ба шумор меравад. Дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ замони эълон гардидани соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар кишвар вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар шароити хеле душвор қарор дошт, ки аз омилҳои асосии монеа эҷодкунанда, дар раванди ба низоми муқарраргардидаи ҳуқуқӣ даровардани ҳаракату ҷунбишҳои ба вуҷудомадаи сиёсӣ ва тақдири муносибатҳои байниҳамдигарии ояндаи онҳо, иборат буд.

Буҳрони сиёсӣ дар ҷумҳурӣ, ки гӯё баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон бартараф карда шуда буд, бо нерӯи нав ва ҷалби ҳизбу ҳаракатҳову ташкилотҳои мухталиф барои расидан ба мақсадҳои ғаразноки худ зери таъсири омилҳои дохиливу берунӣ авҷ гирифт. Дар охири моҳи апрели соли 1992 вазъият дар шаҳри Душанбе ба ҳадди ниҳоӣ шиддат гирифт. Хатари бархурди гирдиҳамомадагони ду майдон афзуд. Қасри Президенти ҷумҳурии вақт аз ҷониби мухолифини зидди ҳукуматӣ иҳота карда шуда, кормандони он аз тарафи саркардагону иштирокчиёни майдони “Шаҳидон”, ки асосан аз аъзоёни ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) буданд, гаравгон гирифта шуданд.

Дар моҳи майи соли 1992 мухолифин садди роҳи дастрасии маводи хӯрока, ки ба шаҳри Душанбе аз манотиқи гуногуни кишвар барои гирдиҳамомадагони майдони “Озодӣ” ворид карда мешуд, мегирифтанд. Мухолифин, ки асосан аз саркардагону пайравони наҳзти исломӣ иборат буданд, барои дарёфти маводи хӯрока ба мағозаҳо ва барои дастрас намудани яроқу аслиҳа ба шуъбаҳои корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои гирду атрофи ҳуҷум менамуданд.

Оҳиста-оҳиста оташи ҷанг дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон, хусусан дар қисмати ҷанубии кишвар доман паҳн намуд. Мардуми баъзе ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон хонаву дари худро партофта, ҳамчун гуреза ба кишвари Афғонистон тарки ватан намуданд.

Баъд аз маҷбуран ба истеъфо равон кардани Президент Р. Набиев вазъи сиёсӣ-иҷтимоии кишвар боз ҳам мушкилтар гардид. Дар раванди авҷи рӯйдодҳо ва вазъияти муташанниҷ дар моҳи октябри соли 1992 садҳо нафар мусаллаҳони Фронти халқӣ бо сардории С. Кенҷаев аз самти ноҳияи Ҳисор вориди шаҳри Душанбе гардида, аз Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ (моҳи майи соли 1992 таъсис дода шуда буд) ва аз Шурои Олӣ даъвати иҷлосияи ғайринавбатии парлумонро талаб намуданд.

Пас аз созишномаҳову муҳокимаҳои бардавом бо гурӯҳҳои мухталифи мусаллаҳ, мақомоти давлатӣ ва ғайраҳо, даъвати иҷлосияи XVI ғайринавбатии Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президиуми Шурои Олии кишвар санаи 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд таъин намуд.

Рӯзномаи асосии иҷлосияро асосан, хотима бахшидан ба хунрезӣ, ҷангӣ бародаркуш, барқарор кардани Ҳукумати қонунии Тоҷикистон, инчунин интихоби роҳбари арзанда, ки метавонад мардумро ба ояндаи ободу дурахшони давлати тозаистиқлол роҳнамоӣ кунад, ташкил дод.

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар раванди иҷлосияи тақдирсоз қабулгардида, дар баробари он, ба интихоби дурусти роҳбари ояндасози кишвар барои ҳифзи давлатдории миллӣ ва рушди ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои минбаъда заминаи асосӣ гузошт. Намояндагони мардумӣ шахсиятеро сарвари давлат интихоб намуданд, ки садоқату адолат ва далериву шуъоъатро пешаи кори худ мепарварид ва бо лаҳни бурро, маҳорату далерӣ дар дили мардуми шуълаи умеду боварӣ аз ояндаи амн афрӯхт.

Маҳз ибтикороти садоқатпеша ва сарҷамъкунандаи Сарвари тозаинтихоб ва сулҳофару сулпарвар буд, ки зимни амалӣ сохтани савганди хеш, миллати азияткашидаву аз ҷанги хонумонсӯз беҳолу беҷомондаро аз парокандагӣ наҷот дода, ҳазорон гурезагон ва мардуми ба ғурбат гирифторгардидаро сарҷамъ намуд.

Маҳз талошу заҳматҳои шабонарӯзии Эмомалӣ Раҳмон - Сарвари сулҳофар буд, ки пас аз 9 марҳилаи баргузории музокироти миёни тоҷикон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.

Воқеан, сулҳу салоҳи тоҷикон беназир аст, зеро он роҳи ба ҳам расидани тарафҳои даргирро кашф намуд. Имрӯз сулҳи тоҷикон аз намунаҳои камназири ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ дар ҷаҳон арзёбӣ мегардад.

Боиси тазаккур аст, ки сиёсати сулҳпарваронаи Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун маҷмуи мукаммали арзишҳои давлатӣ ва иҷтимоӣ то ба имрӯз амалӣ гардидаистода, ҳадафи асосии он таъмини амният, устувории миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи куҳанбунёд, арзишҳои милливу фарҳангӣ ва рушди инсонӣ мебошад.

Бо мақсади тақким ва густариши ваҳдату ягонагии миллӣ ва амну суботи ҷомеа, санаи 27-уми июн ҳамчун “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” ҳамасола дар кишвар ҷашн гирифта мешавад, ки ифодакунандаи фарҳанги сулҳофариву ҳамдигарфаҳмӣ ва арзиши маънавии ҷомеаи кишвар мебошад.

Дар самти сиёсати хориҷӣ бошад, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори сулҳ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми хосаро дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, СААД, СҲШ, ИДМ ва ғайраҳо ҳамчун давлати фаъол иштирок менамояд. Мисоли он, ибтикори ҷаҳонии сулҳофариву сулҳомези Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳоди қабули Қатънома оид ба “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», ки аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид моҳи сентябри соли 2024 садо дод, аз он шаҳодат медиҳад. Чун манотиқи гуногуни ҷаҳони муосир дар гирдоби ҷангу низоъҳои мусаллаҳона қарор доранд, ибтикороти роҳбари давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳат сулҳ ва хотима бахшидан ба ҷангу низоъ сари вақтӣ арзёбӣ мегардад.

Маврид ба зикр аст, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдат заминаи идеологияи миллии давлатдорӣ гардида, дар илми тоҷик мафҳуми “сулҳи тоҷикон” дар баробари падидаи сиёсӣ буданаш, ҳамчун арзишҳои ахлоқӣ, фарҳангиву иҷтимоӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

Дар воқеъ, метавон зикр намуд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ҳамчун Сарвари сулҳофару сулҳпарвар, меъмори ваҳдати миллӣ ва асосгузори давлатдории навин ҷойгоҳи арзанда доранд. Зеро сулҳе, ки ӯ дар солҳои 90-уми асри гузушта барои миллати тоҷик овард, натиҷаи иродаи устувор, хиради воло, пеш аз ҳама нишонаи эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти таърихӣ мебошад.

Имрӯз, парчами сулҳ, ки дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол парафшонӣ дорад, ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди кишвар маҳсуб меёбад.

Салимов А.Ҳ., ходими калони илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Барои миллати тоҷик дар охирин даҳаи қарни бистум, солҳои 1990-ум, ки он вақт Тоҷикистон қадамҳои нахустинашро дар ҷодаи соҳибистиқлолӣ мегузошт ва бо хатари нобудшавии давлат ва миллат рӯ ба рӯ омад, ниёз ба шахсияти наҷотбахш ва тавоно ба миён омад. Ҳазорон шукр, ки аз миёни фарзандони миллати куҳанбунёди мо чунин шахс пайдо шуд. Ва ин шахс Эмомалӣ Раҳмон аст. Агар шуҷоату мардонагӣ ва ҷуръати сиёсии Эмомалӣ Раҳмон намебуд, аз даст додани истиқлоли давлатӣ як амри воқеӣ буд.

Насли калонсол ва миёнаи мамлакати мо ҳанӯз ба равшанӣ дар хотир доранд, ки оғози истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус нимаи дуввуми соли 1992, дар таърихи навини халқи тоҷик бо чи ошуфтагӣ, беқонунӣ, ҳараҷу мараҷ ҳамроҳ буд. Дар ин айёми мусибатбор Тоҷикистонро аз фано шудан, ба маънои воқеии ин калима, фосилае ба қадри як сари мӯй ҷудо мекард.

Дар мамлакат беҳокимиятӣ ва бесарусомонии сиёсӣ ҳукмрон буд. Минтақаҳои ҷанубӣ ва пойтахти мамлакат аслан дар дасти гурӯҳҳои ғоратгари мусаллаҳ қарор доштанд. Мардум ба сабаби даргириҳои байни гуруҳҳои мусаллаҳ дар тарсу ҳарос ва изтироб ба сар мебурданд. Ҳокимони давр – онҳое, ки то дирӯзи наздик худро «хизматгори халқ» меномиданд, аз вазъи ноором ва барояшон «мусоиди» кишвар истифода бурда, бо азхудкунии моликияти давлатӣ машғул буданд ва коре ба ҳоли ошуфтаи мардуми мусибатзада надоштанд.

Ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ ва вазъи ҷиноии кишвар, ки Тоҷикистонро ба як сарзамини доғ табдил дода буданд, аз обрӯи миллати тоҷик мекостанд ва мо бо номи нангини як миллати ҷангҷӯ вориди саҳнаи сиёсати байналмилалӣ мешудем.

Дар ин лаҳзаҳои ғамангез Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун наҷотдиҳандаи миллат ва давлат, ба майдони сиёсати ҷаҳонӣ ворид шуд. Мардуми тоҷик дар шахси намоядагони худ дар Парлумони кишвар ягона қадами дуруст ва бехато гузошт ва сарнавишти миллат ва давлати тоҷиконро ба дасти ҷавони ватандӯст, ҷасур ва хирадпеша Эмомалӣ Раҳмон супорид. Маҳз дар ҳамон рӯзҳои поёни тирамоҳи соли 1992, 19 ноябр, бо ба сари қудрат омадани фарзанди баномус ва сиёсатмадори ҷавон Эмомалӣ Раҳмон нуқтаи атфи наҷоти Тоҷикистон ба вуқуъ пайваст. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввал барои мардуми мамлакат аён гардид, ки дастгоҳи идораи киштии зиндагии миллат дар дасти қавии инсони боэътимод супорида шудааст ва Ватан, миллат ва тамоми мардуми кишвар яқинан ба вартаи нобудӣ, ки бадхоҳони миллат барояшон омода карда буданд, фурӯ нахоҳанд рафт.

Хидмати бузурги Эмомалӣ Раҳмон дар назди миллати шарифи Тоҷикистон ва таърихи миллат дар он аст, ки ин шахси нодир ва сиёсатмадори дурандеш дар шароити печида ва муракабби муноқишаҳои ҳамватанӣ ва ҷанги таҳмилӣ давлатдории тоҷикон ва бақои давлатро аз парешонӣ ва фано шудан ҳифз намуд. Аз ин рӯ бо итминони комил метавон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст. Маҳз шахсияти Эмомалӣ Раҳмон дар баробари фитнаи душманони миллати тоҷик, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ халқи моро борҳо ба гирдоби хун кашида буданд, қодир ба истодагарӣ гардид. Ва ин дафъа бо хости сарнавишт дар раъси давлати мо шахсияте қарор гирифт, ки ғайричашмдошти бисёриҳо тамоми ҳадафҳои бадхоҳони миллати моро барбод дод.

Бо хондани ин сатрҳо дар хонандаи гиромӣ суоли мантиқӣ ва барҷое метавонад пайдо шавад, ки чаро маҳз Эмомалӣ Раҳмон, ки дар он замон ҳеҷ таҷрибаи фаъолият дар зинаҳои баланду олии идораи давлат надошт, роҳбари Тоҷикистон интихоб гардид?

Бояд ин нуктаро таъкид кард, ки дар он рӯзҳои ошуфта ва пурфоҷеаи ҷанги шаҳрвандӣ, ки роҳбарияти ҷумҳурӣ яке аз паси дигар иваз мешуд, вале дар пешорӯи алангаи ҷанг бечора мемонд, касе аз сиёсатмадорон ҷуръат намекард, ки масъулияти душвори қатъ кардани ин фоҷеаи миллатро ба зиммаи хеш гирад.

Эмомалӣ Раҳмон бидуни дудилагӣ, бо мардонагӣ ва бо шуҷоати фавқулода бар дӯши худ масъулияти вазнини хотима додан ба ҷанги бародаркушӣ, бунёди появу асосҳои конститутсионӣ ва эҳёи давлатдориро гирифт. Эмомалӣ Раҳмон ба хубӣ дарк мекард, ки дар он шароите, ки Тоҷикистон қарор гирифта буд, яъне дар вазъияте, ки давлат фақат дар рӯи коғаз вуҷуд дошт ва, дар асл бошад, тамоми рукнҳои давлатдорӣ корношояму фалаҷ шуда буданд ва ё умуман вуҷуд надоштанд, таърих ва сарнавишт барояш рисолати бузург, вале ниҳоят душвори бунёд намудани давлати навинро гузоштааст.

Биёед, биандешем оё осон буд, ки як сиёсатматдори таҷрибаи кофӣ надошта чунин масъулиятро ба дӯши худ бигирад? Агар ҳам, ки он чиро Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли як давраи кӯтоҳе дар поягузории аркони давлат анҷом дод, сарфи назар кунем, фақат ҷуръати инсониаш ва тасмими қавиаш, ки бори гарони эъмори давлатро бар дӯш гирифт, худаш қаҳрамонӣ аст.

Хушбахтона, умеди мардум ба навмедӣ накашид. Ва Эмомалӣ Раҳмон бидуни таамул ва бо иродаи матин ба муқобили ҷангу хунрезӣ паёми сулҳу ризоияти миллиро ҳамчун зербинои давлатдорӣ ташхис дод ва алорағми қувваҳои адоватпешаи дохиливу хориҷӣ, ки ҷиддан мекӯшиданд, то оташи ҷанг дар Тоҷикистон хомӯш нагардад, ба иқдом пардохт. Кӯшишҳои пайгирона ва талошҳои шабонарӯзии Сарвари давлати Тоҷикистон, ки дар фазои ҷонибдории тамоми мардуми Тоҷикистон сурат мегирифт, марҳала ба марҳала кишвари моро ба сӯи мақсуд раҳнамун сохт.

Бо такя ба дониши амиқи вазъи мавҷуда дар мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон ба хулоса омад, ки нахуст якпорчагии мамлакатро бояд таъмин намуд ва баъдан роҳҳои пешбурди иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишварро пеш гирифт, ҷанбаҳои хоси рушди онро ҷустуҷӯ намуд. Вазифаи муҳимтарини хешро низ дар он медид, ки ҳувияти дар асари ҷангу хунрезӣ ва парешонии ақидавӣ дургаштаи мардумро бозгардонад, ваҳдату пайванди пойдори афроди ҷомеаро эҷод намояд ва бо баҳрагирӣ аз ин ягонагиву ваҳдат рушду тавсеаи иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро ба роҳ андозад ва дигар ҳеҷ гоҳ нагузорад, ки бадхоҳони миллати тоҷик саҳнагардони хоки муқаддаси Ватани мо шаванд.

Таъкиди ин нукта муҳим аст, ки дар он шароити буғранҷи буҳрони сиёсӣ ва парешонии ақидавӣ, ки дар мамлакат ҳукмрон буданд, ва дар вазъе, ки тамоми мақомоту сохторҳои ҳокимияти давлатӣ аз ҳам рехтаву корношоям буданд, он чи Эмомалӣ Раҳмон аз обод кардани мулк ва сарҷамъ намудани миллат ҳарф мезад, хаёлпардозие бештар дарёфт намешуд. Он рӯзҳо чи дар мамолики ҳамсоя ва чи дар кишварҳои дур, чун сухан аз Тоҷикистон мерафт, пуристеъмолтарин калимот «фано шудан», «дар оташи ҷанги ҳамватанӣ сӯхтан», «то охирин тоҷик ҷанг кардан»... буд.

Ва дар воқеъ ҳам ба ҳақиқат пайвастани ин «пешгӯиҳо» аз эҳтимол дур набуд. Аз эҳтимол дур набуд – дар он сурат, ки агар аз миёни миллати тоҷик шахсияте пайдо намешуд, ки масъулияти наҷоти Ватан ва хотима додан ба ҷанги бародаркуширо бар уҳда гирад. Ва низ муҳим ин ки тавонад, ҳамватанонро даъват кунад, то аҳамияту арзиши иқдомҳои ӯро дарк намуда, бо саҳмгирии мустақимашон сарнавишташонро ба дасти худ гиранд ва аз тасмимоту фаъолиятҳои Сарвари давлат, ки ба хотири онҳо анҷом медиҳад, огоҳ бошанд, ба моҳияти онҳо пай бибаранд ва манфиатҳои миллӣ ва ватанашонро аз ҳар чизе болотар гузоранд.

Инсонҳо, бавижа ҷавонон, дар ҳар замоне барои расидан ба муваффақият ва камоли инсонӣ ниёзманд ба намунаҳои ибрат ҳастанд. Дар кишвари мо шахсият ва корномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин сармашқҳо барои афроди ҷомеа дар тамоми арсаҳои зиндагӣ мебошанд. Ахлоқи неку, меҳрубонӣ ба ҳамватанон, устуворӣ, фазилат, бурдборӣ дар рафъи мушкилот, ки аз вижагиҳои шахсиятии Пешвои миллат ҳастанд, метавонанд барои такомули фард – ҳамчун шаҳрванд ва ҳамчун инсони дорои ахлоқу маънавиёти баланд – нақши бузург ифо намоянд.

*****

«Мегӯянд, ки корномаи як роҳбари сиёсии воқеиро метавон ба чаҳор марҳала тақсим кард: дар аввал ба ӯ таваҷҷуҳ намекунанд, баъд ба вай бо тамасхур менигаранд, сипас бо ӯ мубориза мебаранд. Ва саранҷом ӯ пирӯз мегардад». Ба дурустии ин суханҳои Маҳатма Гандӣ мо дар мисоли роҳбари сиёсии кишварамон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон – бовар пайдо кардаем.

Дар аввалҳо барои ин ба Эмомали Раҳмон таваҷҷуҳ намекарданд, ки мепиндоштанд зери бори вазнини мушкилоти зиёди тақрибан ҳалнопазири сиёсию ҳарбию иҷтимоӣ ё худаш ба зудӣ аз мансаби Сарвари давлат даст мекашад ва ё ӯро маҷбур мекунанд, ки ба истеъфо равад. Зеро шоҳиди он буданд, ки дар тӯли як давраи кӯтоҳе пас аз ба истиқлол расидани кишвар ду Президенти ҷумҳурӣ, чаҳор Раиси Шӯрои Олӣ ва панҷ Ҳукумат барканор шуданд. Илова бар ин, авзои кишвар аз вазъияти як сол пеш бамаротиб печидатар ва шароит сахттар гашта буд.

Баъдан ба Эмомалӣ Раҳмон ба ин сабаб бо тамасхур менигаристанд, ки медиданд ин сарвари ҷавон дар вазъияте, ки кишвар ҳанӯз дар гирдоби ҷангу хунрезӣ даступо мезад, даҳҳо ҳазор одамон бехонаю сарпаноҳ мондаву садҳо ҳазор ҷилои Ватан карда, дар мулкҳои бегона овора буданд, бо хушбоварии фавқулода аз сулҳу оштӣ, ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдати миллӣ, ояндаи дурахшони кишвар ва дигар ҳадафҳои бузург сухан мегуфт. Дар он рӯзҳо барои бисёриҳо тасаввури чунин ҳадафҳо воқеан ҳам душвор буд, зеро мепиндоштанд, ки ин ҳадафҳои бузург дастнаёфтанӣ мебошанд. Ҳатто баъзе аз онҳое, ки дар сохторҳои муҳими идораи давлат фаъолият мекарданд, ба фарҷоми муваффақиятомези иқдомҳои роҳбари давлат чандон бовар надоштанд.

Сипас барои он бо Эмомалӣ Раҳмон ба мубориза бархостанд, ки мехостанд ӯро аз саҳнаи сиёсат дур андозанд, то ба ин васила пеши ҷараёни солимсозии вазъи сиёсию ҷамъиятиро, ки бо тадбиру иқдомҳои ин сиёсатмадори матин беш аз пеш ба суръаташ афзуда мешуд, бигиранд, Тоҷикистонро дигарбора оғӯшта ба хоку хун кунанд, андешаҳои вопасгароёнаи худро ба миллати бофарҳанги тоҷик таҳмил намоянд ва кишварро ба фалокату бадбахтӣ бикашонанд.

Ва саранҷом Эмомалӣ Раҳмон ба пирӯзӣ расид! Барои он ба пирӯзӣ расид, ки дар ҳамаи кораш, ҳамаи иқдомаш ва азму талошаш ба ду омил – қудрати мардум ва тавоноиҳои фардии худ – такя кард.

Ҳамин такя ва бовар ба мардуми меҳан ва тавоноии дарунии хеш ба Эмомалӣ Раҳмон дар фаъолияти сахту душвораш дар роҳи расидан ба ҳадафҳову ормонҳои поку воло ба хотири саодату хушбахтии миллат шуҷоат, устуворӣ ва мардонагӣ бахшид.

Вақте Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардид, на таҷрибаи кофии сиёсӣ дошт, на бар маҳфилҳои бузурги сиёсатмадорони ҷаҳон ворид буд, ки бо шахсиятҳои варзида маслиҳату машварат кунад, ва на узви ҳизби қудратманде буд, ки бар хатти он такя намояд. Такягоҳи ӯ танҳо мардуми кишвар буд. Ҳимояту пуштибонии мардум, ҷалби эътимоди онҳо, корбасти тавонмандиҳо ва неруи лоязоли халқ барои ҳаллу фасли хостаҳою ниёзҳои ҳаётии ҷомеа ба Эмомалӣ Раҳмон кумак карданд, то ҳамаи тадбирҳо ва иқдомҳои сулҳсозона ва зиндагисозонаи худро бомуваффақият ба ҳадаф расонад.

Дар такя ба мардум Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун фарзанди падару модари заҳматкаш, парвардаи обу хок ва муҳити меҳнату машаққати кишоварзон, халқро, ба маънои комили ин вожа, мешинохт ва онро қудрати бузург медонист. Ӯ муддатҳо пеш аз ба сиёсат рӯй овардан ба чунин ақида расида буд, ки агар роҳбари сиёсии тавонманду доное ба саҳна ояд ва тавонад, ки дар партави роҳу равиши равшан мардуми кишварро дар атрофи худ муттаҳид созад, ин мардуми ватандӯст, заҳматкаш ва бономусу шараф қодир аст Тоҷикистонро ба кишвари пешрафтаю ободу шукуфо табдил диҳад.

Эмомалӣ Раҳмон, ки чаҳор даҳа умри худро дар миёни мардуми заҳматкаш гузарондаву худ низ аҳли талошу заҳмат буд, наметавонист ҳатто тасаввури онро дошта бошад, ки сарнавишти худро аз сарнавишти мардуме, ки бо онҳо зиста буд ва ҳамеша шарики шодиву сурур ва ғаму андуҳи онон буд, ҷудо кунад. Ҳамин андеша ӯро ба сиёсат овард, то барои беҳбудии зиндагии халқи заҳматкаш хидмат кунад.

Дар такя ба худ Эмомалӣ Раҳмон равшантарин намунаи худбовариро, ки танҳо хислати инсонҳои неруманду тавоност, нишон дод. Ӯ ҳанӯз дар нахустин ҳафтаҳо ва моҳҳои раёсати худ бо ҷасорату мардонагию қотеият дар иҷрои нақшу масъулиятҳои худ собит кард, ки қодир аст дар сахттарин ва мушкилтарин шароити сиёсию ҳарбӣ даст ба иқдомҳои ҷасурона занад ва бо камтарин имконияти идорию низомӣ дар кӯтоҳтарин муддат вазъро ба эътидол оварад.

Ҳамин худбоварӣ ва огоҳӣ аз тавонмандиҳои даруниаш буд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар марҳалаи барои сарнавишти давлату миллат хатарноки тирамоҳи соли 1992, дар мавқее, ки андаке монда буд Ватани мо ғарқ дар хуни фарзандони хеш гардидаву аз назарҳо нопадид шавад, рисолати наҷоти кишвар ва миллатро бар дӯш гирифт. Ин дар шароите буд, ки касе, ҳатто, онҳое, ки ба қавле устухонашон дар сиёсат сахт шуда буд, ҷуръати ба зимма гирифтани чунин масъулиятро надоштанд.

Ҳамин худбоварӣ ва эътиқоди устувор ба тавоноии шахсиятии хеш буд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар пеши мардуми кишвар савганди фарзандӣ ёд кард ва изҳор намуд, ки дар кишвар сулҳу оромиро ҳатман барқарор хоҳад кард. Ӯ ин суханҳоро дар шароите ба забон оварда буд, ки Тоҷикистон на сохторҳои нерууманди қудратӣ дошт, на артиш дошт ва на мақомоти роҳбарии коромад!

Ҳамин худбоварӣ ва эътимод ба ҷасорату ҷавонмардии хештан буд, ки Эмомалӣ Раҳмон – ба хотири ҳарчи зудтар хотима бахшидан ба мухолифатҳо – бидуни заррае тарс ба маҳалҳои хатарноки ҷанг ва ба гуфтушунид бо ифротитарин сардорони силоҳбадастон мерафт, аз ҳеҷ гуна сӯиқасде ба ҷонаш ва эҳтимоли ҳалок гардидан намеҳаросид.

Ҳамин худбоварӣ ва такя ба истеъдодҳояш буд, ки Эмомалӣ Раҳмон корҳои бузургеро, ки бисёриҳо имконнопазир мешумориданд, имконпазир кард, аз монеаҳое, ки мепиндоштанд рахнанопазиранд, гузашт, ба ҳадафҳое, ки барои аксар дастнорас менамуданд, расид.

Муҳимтарин нукта дар пирӯзиҳои Эмомалӣ Раҳмон ин аст, ки илова бар ин ки худаш саршор аз худбоварӣ ва тавонмандиҳои маънавӣ аст, рӯҳияи худбовариро дар мардум низ бедор кард, ҳушмандию ибтикору эҳсоси масъулияти онҳоро ба ҳаракат овард, ҳамватанонро ба ҷидду ҷаҳд ба хотири бозшиносии ҷойгоҳи иҷтимоиашон ташвиқ намуд, ба мардум роҳи саҳеҳи расидан ба ҳадафҳоро нишон дод.

Шахсияти бисёрҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон, ахлоқи писандида, шуҷоат, мардонагӣ ва ҳамоҳангии қавлу амалаш боис шуданд, ки мардум ба ӯ зуд эътимод пайдо карданд. Зеро медиданд, ки ин сарвари ҷавон бо шоистагии як роҳбари сиёсии хирадпеша ниёзҳои асосии ҷомеаро ташхис медиҳад ва ба ҳаллу фасли ин ниёзҳо дар ҳадди имкон талош мекунад. Медиданд, ки ӯ бо мардум пайваста дар иртибот аст ва мехоҳад дардҳою ранҷҳои халқро аз наздик эҳсос кунад, то бо огоҳӣ аз воқеият хостаҳои афроди ҷомеаро ба таври матлуб пайгирӣ намояд.

Эмомалӣ Раҳмон бо ин ҳама хусусиятҳо ва вижагиҳо дар баробари мардум ба сифати сармашқ ва намунаи ибрат қарор гирифт ва батадриҷ худтавонмандию иқтидори маънавии ӯ ба қишрҳои гуногуни ҷомеа интиқол ёфт ва ҳамагонӣ гардид. Ва, муҳимтар аз ҳама, миёни мардум ва Сарвари давлат пайванди рӯҳию маънавӣ ба вуҷуд омад Ин пайванди рӯҳию маънавӣ нуқтаи таҳаввулли миллати тоҷик гардид ва ҳамбастагӣ байни афроди миллату давлат бештар ва устувортар шуд. Бар асари ин таҳаввули равонию маънавӣ ва бо такя ба хосту иродаи мардум Эмомалӣ Раҳмон аз қитъаҳои азҳампошида Тоҷикистон сохт, ба кишвар азамату шукӯҳ бахшид ва ҷойгоҳи давлати тоҷиконро дар арсаи ҷаҳон устувор гардонд.

Имрӯзҳо 33 сол аз замони баргузории иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ мегузарад. Тоҷикистон, ки дар оғози истиқлоли худ ҳаммонанди ниҳоли навкошта пояаш суст ва дар пеши тундбодҳои ҳаводис ларзон буд, акнун мисли дарахти тануманду решадорест, ки устуворию иқтидорашро касе дар дунё наметавонад инкор кунад. Пешрафтҳои азиме, ки давлат ва миллати мо дар арзи солҳои гузашта дар тамоми арсаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию илмию фараҳангӣ ба даст овардаанд, нишон медиҳанд, ки кишвари мо роҳи саҳеҳу итминонбахшро ба сӯи рушду тараққӣ дар пеш гирифтааст.

САЙИДЗОДА Зафар Шералӣ, мудири шуъбаи кишварҳои ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои кишварҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мушовири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фиристодаи Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих

Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам.

Эмомалӣ Раҳмон

Мусаллам аст, ки Эмомалӣ Раҳмон шахсияти калидӣ дар таърихи муосири Тоҷикистон буда, ба ҳайси Президент ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат фаъолият доранд.

Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули стратегияи сиёсати хориҷӣ ва ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз қабили захираҳои об апрзёбӣ муҳим мебозад.

Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар навсозии ҷомеаи муосири тоҷик аз таҳкими ҳувияти миллӣ, таъмини субот ва рушди иқтисодӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ иборат аст.

Сиёсати Эмомалӣ Раҳмон ба барқарорсозии кишвар пас аз ҷанги шаҳрвандӣ, ташкили низоми идораи давлатӣ, рушди инфрасохтор (энергетика, нақлиёт) ва бо иштироки фаъолона дар созмонҳои байналмилалӣ таҳкими мавқеи он дар арсаи ҷаҳонӣ нигаронида шуда буд.

Субот ва рушди иқтисодӣ: Бартараф намудани окибатҳои ҷанги гражданӣ: Ба шарофати саъю кушиши Эмомалӣ Раҳмон истиқлоли давлатӣ нигоҳ дошта, мустаҳкам гардид ва мамлакат ба роҳи тараққиёти устувори худ ворид гардид.

Модернизатсияи иқтисодӣ: Татбиқи лоиҳаҳои бузург, аз қабили сохтмон ва таҷдиди нерӯгоҳҳои барқии обӣ (аз ҷумла нерӯгоҳи барқии обии Роғун) ва рушди долонҳои нақлиётиро дар бар мегирад.

Ҳалли мушкилоти асосӣ: Муайян ва ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ, аз қабили таъмини амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ, саноатсозӣ ва аз бунбасти нақлиётӣ баровардани кишвар.

Мавқеи байналмилалӣ: Сиёсати фаъоли хориҷӣ: таҳкими робитаҳои байналмилалӣ, тавсеаи ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо, иштирок дар созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва байналмилалӣ (СҲШ, ИДМ).

Ташаббусҳои глобалӣ: Ҷалби фаъолона дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз қабили захираҳои об ва устувории экологӣ, ки ба баланд шудани обрӯи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат кардааст.

Эътирофи байналмилалӣ: Саҳм дар таъмини сулҳу субот дар минтақа эътирофи байналмилалӣ гирифтааст.

Таърихи ҷаҳон бисёр шахсиятҳои барҷастаро медонад, ки бо корнамоиҳои диловаронаи худ дар мубориза барои озодӣ ва адолат шуҳрат пайдо кардаанд.

Субот ва бозсозӣ: Эмомалӣ Раҳмон дар хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва таҳкими давлатдории Тоҷикистон нақши ҳалкунанда доштааст.

Ваҳдати миллӣ: Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули ҳувияти миллӣ ба таъкид ба мероси таърихӣ, забон ва фарҳанг иртибот дорад.

Тараққиёти иқтисодиёт: Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар тараққӣ додани хоҷагии халқ, аз ҷумла бо роҳи барпо намудани лабораторияҳои нав ва хавасманд гардондани истеҳсоли ашёи хоми доруворӣ.

Боиси сарфарозист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – ҳамчун арбоби барҷастаи сиёсиву ҷамъиятии Тоҷикистон, фаъолияташ ба ганҷинаи санъати сиёсӣ ворид шудааст.

Ба шарофати ташаббусҳои сулҳдустӣ ва эҷодии Эмомалӣ Раҳмон, садоқат ба Ватану халқи худ номи ӯ рамзи халқи тоҷик гардид.

Ба ақидаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Асадулло Раҳмон: “Хизмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи миллат ва давлатсозии тоҷикон абадӣ боқӣ мемонад. Дар ҳама давру замон дар идораи давлату рушди ҷомеа роҳбарони оқилу доно ва фозилу хирадманде зарур буданд ва заруранд, ки ҷомеаро бо андешаҳои бунёдӣ сӯи эҳё ва ташаккул бурда, дар заминаи ҳофизаи таърихӣ давлатдориро таҳким бахшанд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз табори шахсиятҳоеанд, ки барои кишвари мо ва сокинони он ин асолати таърихиро иҷро намуда, барои рушди бесобиқаи Тоҷикистони азиз ҷаҳди пурсамар менамоянд”.

Модернизатсия ин навсозӣ ва такмил додани чизе ба сатҳи муосир аст. Оддӣ карда гӯем, ин равандест, ки объект, технология, истеҳсолот ё ҳатто тамоми ҷомеаро ба талабот ва стандартҳои нав мутобиқ карда, онро самаранок, дақиқ ва функсионалӣ мегардонад.

Намунаҳои модернизатсия:

Технология: Бо таҷҳизоти ҳозиразамон иваз кардани таҷхизоти куҳна, бо модулҳои нави автоматиконӣ ҷиҳозонидани установкаҳои (насбҳои)

мавҷуда.

Истеҳсол: Маҷмӯи чорабиниҳое, ки ба баланд бардоштани самаранокӣ, сифати маҳсулот ва рақобатпазирии корхона нигаронида шудаанд.

Ҷомеа: Навсозии амиқи асосҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа.

Эмомалӣ Раҳмон хатарҳоро хуб медонист, вале бо қабули ин тасмим роҳи наҷоти Ватан ва ҳифзи тамомияти арзӣ ва истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро интихоб кард.

Хизмати ӯ дар он аст, ки дар замоне, ки кам касе ҷуръати ба дӯши чунин масъулиятро ба дӯш гирифтан надошт, тавонист дар як муддати кутоҳ пеши роҳи аз байн рафтани давлатро пешгирӣ кунад, алангаи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш кунад, сохторҳои фалаҷшудаи қудратиро барқарор созад, артиши миллӣ ва қӯшунҳои сарҳадӣ таъсис диҳад.

Қобили зикр аст, ки Пешвои миллат борҳо собит кардаанд, ки омодагии худро баҳри ободии Тоҷикистон ва ҳифзи сулҳу оромии кишвар фидокорӣ кунанд. Ба шарофати ташаббуси шахсии Эмомалӣ Раҳмон ҷанги бародаркуши бемаънӣ қатъ гардида, ваҳдати мардуми тоҷик барқарор ва рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон таъмин гардид.

Хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқи мамлакат ҳақиқатан бузурганд.

Эмомалӣ Раҳмон бо анҷоми ислоҳоти конститутсионии Тоҷикистон барои бунёди ҷомеаи нав дар Тоҷикистон заминаи сиёсиву ҳуқуқии имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро 27 июни соли 1997 фароҳам овард.

Яке аз бузургтарин дастовардҳои Пешвои миллат истиқрори сулҳи пойдор ва ваҳдати миллӣ буд, ки имкон дод, ки барои барқарории иқтисодиёт заминаи мустаҳкам гузошта, корҳои созандагӣ оғоз шавад.

Мояи ифтихор аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудани таҷрибаи сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон ҳамчун мактаби бузурги сулҳпарварӣ ва ҳалли низоъҳост, ки сазовори омӯзиши ҳамаҷониба аст.

Дар тӯли ин солҳо Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат масъулияти сарнавишти мардумро ба дӯш гирифт. Хамрохи халк озмоишхои душворро паси cap карда, давлати мустакили точикон барпо карда, ба ояндаи дурахшони он асос гузошт.

Номи Эмомалӣ Раҳмон бо таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди иҷтимоию сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии он алоқаманд аст.

Ҳисси пуштибонии қавии мардум ва эътимод ба тавоноии ӯ дар рафъи чолишҳои душвор ба Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки маҳорати роҳбариро инкишоф диҳад, ки ҷомеаро ба роҳи шукуфоӣ раҳнамоӣ кунад.

Ба шарофати фаъолияти пурсамари ӯ эҳёи анъанаҳои давлатдории дунявии демократӣ дар Тоҷикистон ва таҳкими соҳибихтиёрии кишвар имконпазир гардид.

Пешвои миллат рушди муътадили иқтисодиёт, ваҳдати иҷтимоӣ ва ваҳдати миллиро таъмин намуд.

Эмомалӣ Раҳмон мероси умумибашариро ба вуҷуд овард, ки устувории дарозмуддати модели рушди тоҷикон — ғояи миллӣ, давлатдорӣ ва эътирофи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кафолат медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пояи истиқлолияти миллӣ барои рушду таҳкими давлатдорӣ роҳи возеҳ пешниҳод кардааст.

Дар тахти рохбарии у азнавсозии куллии хамаи сохахои хаёти чамъияти точик ба амал бароварда шуд, ки ин боиси ташаккули муносибатхои нави иктисодӣ, азнавсозии системахои пулию бюджетй, гумрук ва харби гардид. Ин низ тағйироти ҷиддиро дар сиёсати идоракунӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва маориф тақозо мекард.

Дастоварди Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки ӯ дар фаъолияти худ хирадмандии Шарқ ва динамизми Ғарбро таҷассум намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳони муосир боз кард, ки бо ҷонибдориаш ба сулҳу субот ва амният машҳур аст.

Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ташаббусҳои башардӯстона дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Имрўз обрўи Тољикистон дар арсаи байналмилалї хеле боло рафтааст. Кишвар аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун иштирокчии фаъол дар масъалаҳои захираҳои об, суботи экологӣ, сулҳ ва рушди устувор эътироф шудааст.

Яке аз ҳадафҳои асосии ташаббусҳои байналмилалии Эмомалӣ Раҳмон иштироки фаъолона дар ҳалли мушкилоти об ва экологӣ мебошад, ки ба манфиатҳои Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад. Аз охири солҳои 90-ум бо ташаббуси ӯ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид чандин қатъномаҳои муҳиме қабул карда шуданд, ки ба ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об нигаронида шудаанд.

Аз ҷумла: Эълони соли 2003 ҳамчун Соли оби ширин, эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” (2005-2015), Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (2018-2028) ва Эъломияи Соли 2027 Ҳифзи Созмони Милали Муттаҳид. Маҷмаи Умумии СММ 14 декабри соли 2022.

Гузашта аз ин, Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ҳам дар сатҳи минтақавӣ ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ фаъолона иштирок мекунад.

Аз ҷумла, кишвар дар ҳалли бӯҳрони экологӣ ва беҳбуди вазъи иҷтимоию иқтисодии ҳавзаи баҳри Арал – яке аз бузургтарин офатҳои экологии асри 20 нақши муҳим дорад.

Ҳамин тариқ, ташаббусҳои созандаи ҷаҳонии Тоҷикистон таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон, сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, ба ҷустуҷӯи роҳҳои навоваронаи ҳалли мушкилоти печида мусоидат мекунанд.

Ин ташаббусҳо барои муҳокима ва дарёфти роҳҳои ҳалли оптималии масъалаҳои захираҳои об, суботи экологӣ, сулҳ ва рушди устувор ҳам дар минтақа ва ҳам дар саросари ҷаҳон замина фароҳам меоранд.

Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳи миёни тоҷикон ноил шуд, ки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ дарси муҳиме гардид.

Ӯ барои эҳёи миллӣ шароит фароҳам оварда, барои мустаҳкам намудани давлати миллӣ замина гузошт, сиёсати дохилию хориҷиро таҳия намуда, вазъи иҷтимоию иқтисодии мардумро ба куллӣ беҳтар намуд, хатари гуруснагиро бартараф намуда, дар эҳёи фарҳанг, таърих, анъана ва расму оинҳои давлати тоҷикон саҳм гузошт.

Дар баробари ин вай ба хеле баланд шудани нуфузи сиёсии мамлакат дар арсаи байналхалқӣ ноил гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқи тоҷик вазифаҳои асосии стратегиро муайян ва гузоштаанд:

а) таъмини амнияти озуқаворӣ; б) аз бунбасти нақлиётию коммуникатсионӣ баровардани кишвар; в) ноил шудан ба амнияти энергетикӣ; г) индустрикунонии мамлакат.

Ин вазифаҳо марҳила ба марҳила амалӣ шуда истодаанд ва имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки давраи роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҳамчун даврони Эмомалӣ Раҳмон дар таърих боқӣ мемонад.

Ин давра яке аз сахифахои пуршарафи тараккиёти Точикистон гардид. Стратегияи сиёсати дохилию хориҷии кишвар, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бомуваффақият эътироф гардида, суботи иҷтимоию иқтисодии он маҳсули заҳматҳои Пешвои миллат аст.

Муваффақияти асосии даврони Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 35 соли охир тавонист Истиқлоли давлатии худро нигоҳ дошта, онро таҳким ва боз ҳам рушд бахшад.

Ҳаёт ва фаъолияти сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин мактаби мардонагӣ, ватандӯстӣ, муҳаббат ба Ватан ва садоқат ба халқи хешро ифода мекунад.

Модернизатсия (аз инглисӣ modern - муосир, пешрафта, навсозӣ) як раванди пайваста ва беохири навсозии объект, ба талабот ва стандартҳои нав, шартҳои техникӣ, нишондиҳандаҳои сифат мутобиқ кардани он мебошад.

Асосан машинаю таҷҳизот, равандҳои истеҳсолӣ-технологӣ ва иҷтимоӣ- иқтисодӣ нав карда мешаванд. Дар ҷомеашиносӣ модернизатсия гузаштан аз ҷомеаи анъанавӣ ба ҷомеаи муосир, аз ҷомеаи аграрӣ ба индустриалӣ ва ғ.

Модернизатсия маҷмӯи хусусиятҳои ба ҳам алоқаманд дорад, ки аксар вақт ҳамчун равандҳои алоҳидаи навсозии иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ баррасӣ мешаванд.

Навсозии иқтисодиёт интенсификатсияи раванди такрористеҳсолкунии иқтисодиро дар назар дорад, ки ин бо роҳи афзоиши дифференсиатсияи меҳнат, бо энергетики таҷҳизонидани истеҳсолот, ба қувваи истеҳсолкунанда (иқтисодӣ) табдил додани илм, инкишофи оқилонаи идоракунии истеҳсолот ба даст меояд.

Қисмҳои он инҳоянд:

Иваз кардани неруи инсон ё ҳайвонот бо манбаъҳои беҷони энергия, аз қабили буғ, сӯзишворӣ, нерӯи барқ, энергияи офтобӣ ё атомӣ, ки дар истеҳсолот, тақсимот, нақлиёт ва коммуникатсия истифода мешаванд;

Ҷудо кардани фаъолияти иқтисодӣ аз муҳити анъанавӣ;

Бо мошинҳо, нармафзор ва технологияҳои мураккаб тадриҷан иваз кардани меҳнати инсон.

Симои модернизатсионии ҳар як кишвар, самт, ҳаракат ва хусусиятҳои эволютсияи ҷомеаи гузариши демократӣ дар роҳи «модернизатсияи бошитоб» ҳамеша дар шакли зуҳуроти илмӣ, масъалаи мубрами сиёсӣ ва баҳси академӣ, ки бо таҳлил ва ҷустуҷӯи роҳҳо ва механизмҳои амалишавии инкишофи модернизатсионии босуръат пайваста аст, таҳлил ва арзёбӣ мешавад.

Яке аз сабабҳои асосии тадқиқи хусусиятҳои раванди модернизатсионии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, бо дараҷаи коркард ва тадқиқи шаш масъалаҳои ҷомеаи муосир дар доираи илмии Тоҷикистон пайваст мебошад.Дар раванди модернизатсионӣ таваҷҷуҳи зиёд ба иқтисодиёт дода мешавад, зеро аз иқтидори иқтисодӣ рушди умумии ҷумҳурӣ пайвандӣ дорад.

Масъалаҳои модернизатсияи сиёсӣ дар Тоҷикистон бо ташаккули асосҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву маънавии ҷомеаи демократӣ ва рушди устувори минбаъдаи истиқлолияти давлатдории тоҷик алоқаманд мебошад. Дар солҳои модерникунӣ дар кишвар системаи сиёсии нави демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ бунёд ёфт, ки ҳамаи сохторҳои ҳокимиятро таҳким бахшида, фазои солими маънавӣ ва равониро дар қабули қарорҳои сиёсӣ омода намуд. Барои рушди минбаъдаи Тоҷикистон фаъолияти институҳои сиёсӣ, бахшҳои ҷомеаи маданӣ ва шаҳрвандони қаторӣ назаррас аст. Истифодаи роҳҳои коркард ва паҳнгардии идеологияи модернизатсионӣ, ки бо ҷавҳари равонии замони гузариш мутобиқ мебошад, зарур аст .

Мавзуи рӯз будани масъалаи мазкур дар он маъно интишор мегардад, ки дар айни ҳол таҷрибаи модернизатсия чун арзиш эътироф гардида, дар тарҳи илмии ҷамъиятиву сиёсӣ таҳлил меёбад. Инчунин, дар раванди ҳалли масъалаҳои рӯзмарра истифода ва таҳкими таҷрибаи амалии равандҳои модернизатсионии кишварҳои гуногун, ки ба қатори ҷомеаҳои муосир, бо истифодаи шаклҳои идоранамои ғарбӣ дар сиёсат ва иқтисодиёт шомил шудаанд, зарур аст. Таҷрибаи амалии Тоҷикистон, махсусан, дар солҳои истиқлолият, ки бо давраи ҷангӣ ва баъдиҷангӣ ҳамқадам аст, чун намунаи таҳаввулоти системаи сиёсӣ бо натиҷаи ташаккули ҷумҳурии демократӣ асос меёбад.

Бар асоси гуфтаҳои боло метавон хулоса кард, ки саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар навсозии ҷомеаи тоҷик ҳамчун кафили сулҳ, меъмори ваҳдат, ҷонибдори тоҷикони ҷаҳон ва намояндаи фарҳангу расму оин ва ҳувияти миллӣ беназир аст.

ДАВЛАТОВ Зубайдулло, - ходими калони илмии шуъбаи ИДМ –и

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлисе гардид, ки барои бартараф намудани кулли мушкилоти давлат, ҷомеа ва халқи тоҷик заминаи устувор гузошт, барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба ояндаи дурахшон умед бахшид, аз парокандагӣ миллати тоҷикро наҷот дод, хатари азбайнравии давлати тозаистиқлоли тоҷиконро ҳифз намуд, наҷотбахши давлат ва миллати тоҷик шуд.

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — маҷлиси вакилони Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони гурӯҳҳои мухолиф ва фармондеҳони саҳроӣ, ки аз 16.11.1992 то 2.12.1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд бо мақсади барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ доир гардид.

Зарурати асосии даъвати Иҷлосияи XVI ва масъалаҳои муҳимми он барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ ба шумор меравад. Ин масъулияти бузургро дар назди таърих, вакилони Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, самти кори худро барои барқарор кардани волоияти қонун равона сохтанд. Дар Иҷлосия Раиси Шурои Олӣ - Сарвари давлати Ҷумҳурии Тоҷикстон, Раёсати Шурои Олӣ ва Шурои Вазирон интихоб гардиданд ва бо ҳамин давлати конститутионнӣ аз нав барқарор шуд [Раҳмонзода А.А. Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: аҳамият ва арзиши он// Иҷлосияи 16 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ибтидои сулҳу субот (бахшида ба25-умин солгард). - Душанбе, 2017. - С.23].

Аҳамияти бузурги таърихии Иҷлосии XVI дар бунёди давлатдории навини тоҷикон бояд ҳамеша дар мадди назари донишмандони соҳаҳои мухталиф қарор дошта бошад, зеро аз ин Иҷлосия моҳиятан марҳалаи нави эҳёи ҳастии миллати тоҷик оғоз шудааст. Муҳимтар аз ҳама дар Иҷлосия шахсияти бузурги миллӣ рӯйи кор омад, ки бо ҷасорати инсонӣ ва хиради сиесӣ миллату кишварро аз вартаи парокандагӣ ва нобудӣ берун кашид. Ин шахсияти бузург Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар зеҳну тафаккур ва дили мардум ҳисси ифтихори миллиро бедор намуда, онҳоро ба сулҳу салоҳ ва меҳнати созанда равона намуд. Бо шарофати баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо ба дастовардҳои бузурги давлатдории миллӣ ва соҳибихтиёрӣ ноил гардидем. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкитҳои бонуфузи байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ва молиявӣ пазируфта шуд [Раҳмон О.Э. Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - марҳилаи нави рушди давлатдории тоҷикон// Иҷлосияи 16 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ибтидои сулҳу субот (бахшида ба 25-умин солгард). - Душанбе, 2017. -С.9].

Пас аз расидан ба истиқлолу озодӣ миллати тоҷик ба ҷойи он, ки баъди ҳазор соли бедавлатӣ ба эъмори як давлати муосири миллии худ оғоз намояд, ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Маҳз бо дарназардошти вазъияти зикршуда, Иҷлосияи XVI қадами нахустин ба хотири аз парокандагӣ наҷот додани миллати тоҷик ва аз хатари азбайнравӣ ҳифз кардани давлати тозаистиқлоли тоҷикон буд.

Ба бахти миллати тоҷик, маҳз дар ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардиданд ва дар мушкилтарин давраи таърихӣ, бо иродаи сиёсӣ ва ғурури баланди миллӣ тавонистанд давлатро аз парокандагӣ, миллатро аз вартаи нобудӣ ва кишварро аз ҷанги таҳмилии шаҳвандӣ раҳо бахшида, халқро зери як сиёсати созанда сарҷамъ оварда, Ваҳдати миллиро пойдор созанд [Сухани ифтитоҳии Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ// Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - оғози давлатдории навини тоҷикон. - Душанбе, 2022. - С.6].

Бо мақсади қатъи ҷангу хунрезӣ, баргардонидани гурезаҳо ва сарҷамъ кардани миллат, аз байн бурдани ҳисси нобоварии маҳалҳои гуногуни кишвар нисбат ба якдигар, барқарории фаъолияти шохаҳои ҳокимият ва таъмини қонуният, яъне тақдири ояндаи наздиктарини ватанамон, аз ҷониби Раиси Шурои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳое андешида шуданд, ки хулосаи онҳо чунин аст:

1.Вобаста ба марҳалаи ҳассоси сиёсӣ ва вазъияти баамаломада фаъолияти институти президентӣ боздошта шуд ва салоҳиятҳои Президенти мамлакат муваққатан дар байни Раисони Шурои Олӣ, Шурои Вазирон ва Раёсати Шурои Олӣ тақсим карда шуданд. Роҳбарии Шурои Олӣ ва Раёсати он ба зиммаи Раиси Шурои Олӣ гузошта шуд ва Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати мақоми олии иҷроия ва амрдиҳанда, асосан, барои ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ масъул гардид.

2. Фаъолияти сохторҳои ҳокимияти давлатӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳо ва ҳатто вилоятҳо фалаҷ шуда буд ва дар як қатор маҳаллу минтақаҳо ҳокимияти иҷроия комилан аз байн рафта, идораи корҳо ва умуман тақдири мардумро шахсон ва гурӯҳҳои силоҳдор ба даст гирифта буданд. Бо туфайли иҷлосия ҳамаи шохаҳои хокимият дар тамоми манотиқи мамлакат барқарор гардид.

3. Масъалаи муҳимтарин таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ ва ба шароити нав мутобиқ намудани он буд. Бо ин мақсад ба Конститутсияи соли 1978 ва қонунҳои мавҷуда як қатор тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд.

4. Масъалаи таъсис додани артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳаддӣ ба хотири пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон, таъмини амнияти давлатӣ ва пуштибонии дастовардҳои истиқлол буд.

Дар суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 ноябри соли 2022 нақши ин Иҷлосияро дар устувор намудани сулҳу субот ва рушди давлатдорӣ чунин зикр намуданд: “Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар зарфи чанд рӯзи баргузории он, ки барои мардуми мо воқеан рӯзҳои сарнавиштсоз буданд, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ва баҳсу мухолифатҳои шадид қарорҳое қабул кард, ки ҷавобгӯйи талабу хостаҳои мардум ва баёнгари иродаи матини фарзандони ватандӯсти халқи Тоҷикистон буданд. Ба шарофати санадҳои қабулшуда ва амалӣ гардидани онҳо фоҷеаи умумимиллӣ, ки қариб буд орзуи ҳазорсолаи мардуми моро барои истиқлолу озодӣ ва эҳёи давлатдории миллӣ аз байн бурда, боиси аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва парокандашавии миллати тоҷик гардад, пешгирӣ карда шуд. Имрӯз бо итминон изҳор менамоям, ки мо – вакилони мардумӣ – он рӯзҳо масъулияти таърихӣ, қарзи фарзандӣ, вазифаи ҷавонмардӣ ва рисолати имонии худро нисбат ба сарнавишти кишвари тозаистиқлоламон, халқи Тоҷикистон ва наслҳои имрӯзаву ояндаи мардумамон иҷро кардем”.

Дар ин Иҷлосияи таърихӣ, дар маҷмуъ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул шуд, ки ҳамагӣ барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар дар он солҳои душвор, ҳамчунин, таҳкими низоми давлатдории навини миллии тоҷикон дар марҳилаи гузариш хидмати таърихӣ карданд. Бо ибтикори Раиси Шурои Олии интихобгардида - Эмомалӣ Раҳмон, 20 ноября соли 1992 ду ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ «Муроҷиатнома ба ҳамаи аҳзоби сиёсӣ, ҳаракатҳо ва созмонҳо ва меҳнаткашони ҷумҳурӣ» ва «Изҳороти Иҷлосияи Шурои Олӣ» ба тасвиб расид, ки мазмуну муҳтавои онҳоро даъвати табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва созмонҳои сиёсӣ ба сулҳу салоҳ ва ҳамзистию ҳамбастагӣ, ҳамчунин бозгашти фирориёни иҷборӣ ба вантан ташкил медод. Муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ он буд, ки шахсияти миллию мардумиро дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи раҳбарӣ ва давлатдорӣ дар марҳилаи навини таърихӣ овард ва ин марди майдони сиёсати минтақавӣ ва башарӣ бо руҳи қавии миллӣ, на танҳо вазъро ба эътидол оварда, созиши миллиро дар сатҳи иҷтимоӣ таъмин намуд, балки дар эъмори давлат, такими Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати миллӣ дар миқёси байналмилалӣ саҳми сазовор гузошт [Раҳимӣ Ф. Иҷлосияи 16 Шурои Олӣ – заминаи давлатсозии навини миллӣ// Иҷлосияи 16 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ибтидои сулҳу субот (бахшида ба 25-умин солгард). - Душанбе, 2017. - С. 40-41].

Аввалин масъалаҳои ҳаётан муҳимме, ки дар Иҷлосия баррасӣ карда шуданд: тадбирҳо барои эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ дар ҷумҳурӣ, барқарор кардани ҳамаи шохаҳои ҳокимият дар тамоми минтақаҳои мамлакат, таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ ва ба шароити нав мутобиқ кардани он, таъсиси артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳаддӣ барои пурзӯр кардани ҳифзи сарҳадди давлатии Тоҷикистон, таъмини амнияти давлатӣ ва пуштибонӣ аз дастовардҳои истиқлолият, ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва аз буҳрон баровардани кишвар, интихоби раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъйин намудани сарвазири мамлакат, қабули муроҷиатнома ба мамлакатҳои аъзои ИДМ дар бораи ба Тоҷикистон фиристодани неруҳои сулҳдӯст, ба ҷойи муқимии зиндагӣ бозгардонидани гурезагон, тасдиқ намудани аъзои Девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар Иҷлосия бо мақсади қатъи ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини тинҷиву оромӣ, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон, барқарор намудани фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ якчанд қонунҳо қабул карда шуданд. Қонунҳо «Дар бораи даровардани тағйирот ба Конститутсияи (Қонуни Асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон»; «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»; «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»; «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эълон кардани 26 ноября соли 1992»; «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд»; «Дар бораи тадбирҳои пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнине, ки бар зидди саломатӣ ва ҳаёти шаҳвандон, ҳуқуқи амволии онҳо ва барои хароб кардани пояҳои иқтисодию сиёсӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд» ва дигарҳо аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Дар Иҷлосия ҳамчунон, якчанд қарорҳое қабул шудаанд, ки онҳо дар барқарор кардани ҳокимияти консттутсионӣ, таҳкими фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ нақши калидӣ доранд [Ализода З. Нақши иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон// Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - оғози давлатдории навини тоҷикон. - Душанбе, 2022. С.36].

Иҷлосия барои ба ҳам омадани тарафҳои даргир бунёди устувор гузошт, ки бо роҳҳои ҳалли низои байни тоҷикон ва то ҷое дар ташаккули ғояи «Гуфтугӯи тамаддунҳо» низ замина фароҳам кард. Ҳамчунин Иҷлосия заминаи муҳим барои истиқрори сулҳ, ризояти миллӣ ва ҳамбастагии мардуми кишвар гузошт. Аҳаммияти бузурги Иҷлосия дар он буд, ки волоияти қонун барқарор шуд ва ҳалли масъалаҳои муҳимми сиёсӣ бо роҳи конститутсионӣ шурӯъ гардид.

Бо дарки амиқи масъулият, эҳсоси дар вартаи ҳалокат қарор доштани давлату миллат ва ҳисси балланди ватандорию худшиносии миллӣ бо ташаббуси як зумра вакилони ҷасоратпеша, дар замоне, ки пойтахти давлат макони ноамну таҳти назорати камонкашони хунхори неруҳои мухолиф қарор дошт, ҷаласаи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Қасри Арбоб»-и шаҳри Хуҷанд даъват карда шуд, ки бо қабул кардани қарорҳои тақдирсозаш «Иҷлосияи таърихӣ» ном гирифт. Ин Иҷлосия аз ҷумлаи бузургтарин рӯйдодҳои таърихӣ мебошад, ки дар сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик нақши ҳалкунанда гузошт. Маҳз, бо интихоб шудани абармарди нотакрор, далеру шуҷоъ муҳтарам Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ раванди расидан ба сулҳу оштӣ ва гирифтани пеши роҳи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ шуруъ шуд [Суханронии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ муҳтарам Зокирзода М. З.// Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - оғози давлатдории навини тоҷикон. - Душанбе, 2022. - С.13].

Ҳамин тариқ, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноумедиву парешонии ҷомеаро бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рафъ намуда, вартаи ҳалокатборро ба гулбоғи орзуву умедҳо табдил дод.

Маҷлисе равшан намудӣ роҳи моро ҷовидон,

Ибтидои рӯзи нав, роҳи мунаввар дар мизон.

Оташи ҷангу хусумат будӣ сар дар осмон,

Ҷумлагӣ овораву сарсону нолон он замон.

Гар яке мегуфт ҳарфи ҳақ, на аз рӯю риё,

Дигаре ғарқи дасоис буда Иблисро нишон.

Халқро бо қалби пурхун зиндагӣ буд ногувор,

Зери бори тангдастӣ, даст сӯйи осмон.

Амри Ҳақ ин буд, ки омад як хирадманд дар миён

Ҳомии миллат ато шуд аз Худои меҳрубон.

Як ҷавонмарде, ки будаш сол чил, шуд роҳбар,

Сина бинмудӣ сипар дар рӯ ба рӯйи сад синон.

Ҳокимият рӯ ба фақр оварда будӣ бегумон,

Душмани ҷони бародар буд бародар он замон.

Боҷасорат хешро фарзанди миллат хонда буд,

Нуктаҳо мегуфт пеши мардум аз суду зиён:

«Тоҷике бошад бурун аз марзу хоки хештан,

Ман нахоҳам буд ором зери чарху осмон.

Ман барои халқи худ сулҳ оварам дар ин замин

Нест бодо! – гуфт ӯ – ҷангҷӯйиву тиру камон.

Боҷасорат ӯ зи боби сулҳу ваҳдат гуфт сухан

К-он замон ин буд таманно ҳар якеро дар мизон.

Аз барои мардуми паҳну парешонгаштае

Буд ин маҷлис муқаддас мисли моҳи осмон.

Бесарусомониҳо бебозгашт рафтанд зи сар,

Субҳ гӯё бардамиду паст шуд баҳри дамон.

Сулҳро, к-имрӯз дорем, шукр мебояд ҳазор,

Шукр бар ободиву бар Пешвои тоҷикон.

Маҷлисе, ки сарнавишти миллати тоҷик шуд,

Кай равад аз хотири ту, Дониёри нуктадон!

САНГИНЗОДА Дониёр Шомаҳмад, муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

“То вақте нафас мекашам, ба миллат ба Ватан содиқ мемонам”

Эмомалӣ Раҳмон

Боби пешниҳодшуда дар бораи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, ҳамчун нуқтаи гардиши таърихӣ дар эҳёи давлатдории навини миллӣ таъкид мешавад, ки: «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар хри бостонии Хуҷанд баргузор шуд, ба ташкили давлату ҳукумати навини Тоҷикистон замина гузошт». Ин иқтибос дар матни васеътари суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли ҷашнӣ – 30-солагии Иҷлосия – ҷойгир аст, ки дар он ба таҳлили дастовардҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии 30 соли истиқлол пардохта, нақши ин рӯйдоди таърихиро дар раҳоии кишвар аз ҷанги шаҳрвандӣ, барқарорсозии ваҳдати миллӣ ва гузоштани пояҳои рушди устувор муайян кардааст. Таҳлили илмӣ аз нуқтаи назари таърихшиносӣ, сиёсатшиносӣ, фарҳангшиносӣ ва ҳуқуқшиносӣ нишон медиҳад, ки Иҷлосияи XVI на танҳо ҳодисаи сиёсии муваққатӣ, балки марҳалаи эҳёи шинохти миллӣ дар фазои пасошуравӣ ва гузариш ба давлатдории муосир мебошад, ки дар шароити буҳрони чандҷанбаи сиёсӣ-иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Дар зер, бо такя ба далелҳои таърихӣ, манбаъҳои илмӣ, ҳуҷҷатҳои расмӣ ва таҳқиқоти муқоисавӣ, ин нуктаҳо ба таври муфассал ва сохторӣ таҳлил карда мешаванд, то аҳамияти Иҷлосия ҳамчун оғози эҳёи давлатдории навини миллӣ исбот гардад.

Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба буҳрони чандҷанба дучор гардид, ки решаҳои онро дар бетаҷрибагии сиёсии раҳбарони вақт, дурӣ аз мактаби давлатсозии миллӣ, назари танги идеологӣ ва нодида гирифтани арзишҳои миллӣ ҷустуҷӯ кардан мумкин аст. Буҳрони сиёсӣ-идеологӣ аз вобастагӣ ба идеологияи коммунистӣ бармеомад, ки унсурҳои миллиро дар қолаби сиёсати давлатӣ қабул надошт ва роҳбарони сиёсии замонро ба арзишҳои ғайримиллӣ ва синфӣ водор мекард. Ин омилҳо ба парешонӣ дар байни ақаллиятҳои этникӣ ва миллатҳои алоҳида овард, ки мисли "бемории сироятӣ" аз як минтақа ба минтақаи дигар паҳн шуд ва вазъро дар фазои пасошуравӣ мураккаб гардонд. Буҳрони иҷтимоӣ-этникӣ дар шакли даргириҳои минтақавӣ, тақсимоти сунъии мардум ба гурӯҳҳо ва муқобилгузории онҳо зуҳур кард, ки дар натиҷа кишвар ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Буҳрони иқтисодӣ бо фалаҷшавии низоми иқтисодӣ, камбудии буҷет, дуздии амволи давлатӣ ва ба сифр баробар шудани касри буҷет дар маҳалҳои даргир ва пойтахт муайян гардид. Буҳрони фарҳангӣ-мафкуравӣ дар шакли холигии фикрӣ, суст шудани фаъолияти маърифатӣ-равшаннамоӣ ва боло гирифтани яъсу ноумедӣ дар фазои сиёсӣ ва иттилоотӣ зоҳир намуд.

Тибқи таҳлили академик Фарҳод Раҳимӣ, ин буҳронҳо аз бетаҷрибагии сиёсӣ ва дурӣ аз мактаби давлатсозии миллӣ бармеоянд, ки раҳбарони вақтро дар ҳалли мушкилоти дохилӣ оҷиз гузошт. Далелҳои илмӣ аз таҳқиқоти муаллифони ғарбӣ, ба монанди Ҳаролд Ҳ. Санл (Раванди сулҳи ҷамъиятӣ, Душанбе, 2002, саҳ. 181), ин буҳрон ҳамчун натиҷаи "хаос"-и пасошуравӣ тавсиф мекунанд, ки дар Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ (1992–1997) оварда расонид, бо талафоти инсонӣ зиёда аз 150 ҳазор кушташуда, ҳафт қисми аҳолӣ (тақрибан 1 миллион нафар) фирориён ба кишварҳои ҳамсоя ва ИДМ. Ин буҳронҳо на танҳо дар дохил, балки аз дахолати бевоситаи абарқудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, ки сенарияи бесарусомониро дар ҷумҳуриҳои собиқ коргардонӣ мекарданд, тақвият меёфтанд. Дар чунин вазъияти ҳассос, сиёсатмадорону фарҳангиёни баномус дар манотиқи мухталиф саъю талош ба харҷ медоданд, то сатҳи буҳронро коҳиш диҳанд ва ҳамбастагии миллиро барқарор созанд, ки ин заминаи Иҷлосияро фароҳам овард.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб-и шаҳри Хуҷанд дар вазъияти фавқулоддаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баргузор гардид, ки ҷанги дохилӣ идома дошт ва шохаҳои асосии давлатдорӣ комилан фалаҷ шуда буданд. Аз 230 вакили мардумӣ, ҳамагӣ 193 нафар иштирок доштанд, ки ин нишондиҳандаи фишори қувваҳои алоҳида ва тарсу ҳаросро аз ҷониби баъзе вакилон буд, чунончи Президенти вақт Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ботантанаи соли 2012 ба ёд овардаанд: «Қисме аз вакилони мардумӣ зери фишори қувваҳои алоҳида ва аз тарсу ҳароси ҷон натавонистанд мавқеи худро барои иштирок дар кори Иҷлосия равшан изҳор намоянд». Бо вуҷуди ин, аксарият ба Иҷлосия ҳозир шуданд, зеро дарк мекарданд, ки ягона роҳи хотима бахшидан ба бесарусомонӣ баргузории он мебошад. Дар рафти Иҷлосия 74 санади ҳуқуқӣ қабул гардид, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва 1 изҳорот, ки ҳама барои ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, таҳкими низоми давлатдории навини миллӣ ва ҳалли мушкилоти гузариш хидмат карданд. Ду ҳуҷҷати муҳим – «Муроҷиатнома ба ҳамаи аҳзоби сиёсӣ, ҳаракатҳою созмонҳо ва меҳнаткашони ҷумҳурӣ» ва «Изҳороти Иҷлосияи Шӯрои Олӣ» (20 ноябри 1992) – бо ибтикори Раиси Шӯрои Олии нав интихобшуда Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расиданд, ки мазмуни онҳо даъват ба сулҳу салоҳ, ҳамзистию ҳамбастагӣ ва бозгашти фирориёни иҷборӣ ба Ватан буд. Ин санадҳо на танҳо сиёсӣ, балки рамзии ваҳдати миллӣ буданд, ки заминаи Созишномаи умумии сулҳи миллӣ (27 июни 1997, Москва) гузоштанд. Таҳлили ҳуқуқӣ нишон медиҳад, ки ин санадҳо дар шароити ғайриконститутсионӣ қабул шуда, ҳокимияти қонунӣ барқарор карданд, ки дар таърихшиносии муосир ҳамчун "инқилоби ҳуқуқӣ дар буҳрон" арзёбӣ мешавад. Муқоиса бо дигар ҷумҳуриҳои пасошуравӣ (масалан, Гурҷистон ё Озарбойҷон) нишон медиҳанд, ки Иҷлосияи XVI моделӣ нодирест, ки бидуни интиқоли ҳокимият ба гурӯҳҳои мусаллаҳ ба сулҳ овард. Пеш аз Иҷлосия ҳокимият фалаҷ буд, ҷанг идома дошт ва дахолати беруна авҷ гирифта буд, баъди Иҷлосия арконҳои давлатдорӣ барқарор шуданд, истиқлол таҳким ёфт ва сиёсати хориҷӣ фаъол гардид.

Дар сатҳи иҷтимоӣ, тақсимоти мардум, фирориён ва қатлу куштор ба ваҳдат, бозгашти зиёда аз 1 миллион фирориён ва суботи иҷтимоӣ табдил ёфт.

Аз нигоҳи иқтисодӣ буҳрони пурра, касри буҷет ва дуздӣ ба рушди устувор, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва саноатикунонӣ гузашт.

Дар ҷанбаи фарҳангӣ, холигии мафкуравӣ ва маҳалгароӣ ба эҳёи шиноти миллӣ ва маърифатпарварӣ табдил ёфт. Ин таҳаввулоти куллӣ исбот мекунад, ки Иҷлосия нуқтаи гардиши таърихӣ буд, ки аз бесарусомонӣ ба сохтмон ва аз парокандагӣ ба ваҳдат гузашт.

Интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ дар 16 ноябри 1992 дар вазъияти фалаҷи пурраи сохторҳои давлатӣ, дахолати гурӯҳҳои ҷиноятӣ дар идора ва авҷи қатлу куштор сурат гирифт.

Сифатҳои шахсии ӯ – ҷасорат, ҳиммат, садоқат ба миллат, масъулият, адолат ва муҳаббат ба марзу бум – имкон доданд, ки дар муддати кӯтоҳ фазои амну субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ барқарор шавад. Аз рӯзҳои нахустини ҳукуматдорӣ, бо такя бар виҷдон ва имони миллӣ, муҳити бозиҳои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ муҳайё сохт, ки ривоҷи маҳалгароӣ, кӯтоҳандешӣ ва нуфузи гурӯҳҳои ҷинояткорро коҳиш диҳад. Дастовардҳои ӯ дар раҳоии кишвар аз ҷанг, барқарорсозии хоҷагии халқ, бозгашти фирориён (зиёда аз 1 миллион нафар) ва татбиқи ҳадафҳои стратегӣ (истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат) ӯро ба мақоми Лидери миллӣ расонданд. Суханони ӯ дар Паёми соли 2012 ба Маҷлиси Олӣ: «Маҳз ба шарофати ин рӯйдоди муҳимми таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро барқарор гардонида, пояҳои Истиқлоли давлатиро қавӣ намоем», аҳамияти Иҷлосияро ҳамчун наҷоти "тифли Истиқлол" таъкид мекунанд. Таҳлили сиёсатшиносӣ нишон медиҳад, ки роҳбарии ӯ феномени нодир дар гузариш аз буҳрон ба рушд аст, ки дар таҳқиқоти байналмилалӣ (масалан, таҳлилҳои Бунёди Карнегӣ) ҳамчун модел арзёбӣ мешавад.

Аҳамияти байналмилалии Иҷлосия ва таҷрибаи тоҷикӣ дар ҳалли муноқишаҳои миллӣ, динӣ ва сиёсӣ аз муқоиса бо Афғонистон бармеояд. Афғонистон наздик ба 200 сол дар оташи даргириҳои дохилӣ месӯзад, ки низоъҳо аз нав шуълавар мешаванд ва ҷомеаи мадании он ба сулҳу ваҳдат намерасад. Баръакс, Тоҷикистон тавассути Иҷлосия ва Созишномаи сулҳ ба ваҳдат расид, ки нақши Эмомалӣ Раҳмон дар он беназир аст. Ӯ масъалаи Афғонистонро ҳамчун мушкили минтақавӣ ва глобалӣ бардошта, хатари терроризм, экстремизм ва фундаментализмро таъкид кард. Таҷрибаи тоҷикӣ барои ҷаҳон омӯзанда аст, зеро тамомияти арзӣ, ризоияти миллӣ ва сулҳро таъмин намуд. Дастовардҳои имрӯза – истиқлоли сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ – дар заминаи татбиқи ғояҳои Иҷлосия ба даст омадаанд.

Дар таҳлили фарҳангӣ-инфиродӣ Иҷлосия эҳёи арзишҳои миллӣ – забон, таърих, фарҳанг ва ваҳдати тоҷиконро оғоз кард, ки дар пасошуравӣ аз байн рафта буд. Ин марҳала гузариш аз ҳокимияти шӯравӣ ба давлатдории навини миллиро муайян кард, ки дар Паёми Президенти соли 2022 ҳамчун "ҳидоят ба сӯйи ҷаҳони мутамаддин" тавсиф шудааст. Ин таҳаввулот аз бесарусомонӣ ба сохтмон, аз парокандагӣ ба ваҳдат ва аз буҳрон ба рушди ҳамаҷониба гузашт, ки ҳама дар заминаи Иҷлосия ба вуҷуд омаданд.

Вазифаҳои миллӣ аз Иҷлосия бармеоянд, ки инҳоянд:

- шинохтани арзишҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва давлатдорӣ, саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва қадр кардани роҳбарии Пешвои миллат.

-давлатдорӣ кори ҳар кас нест, балки маҳорат, таҷриба ва ҷуръати фавқулоддаро тақозо мекунад, ки Эмомалӣ Раҳмон таҷассумгари он аст.

- имрӯз сиёсати давлатӣ таҳти роҳбарии ӯ ба рушди ҳамаҷониба равона шуда, боварии комил дорем, ки миллати тоҷик ба ҳадафҳои худ ноил мегардад.

Дар хулоса, иқтибоси академик Фарҳод Раҳимӣ ва матни Президенти ҶТ Иҷлосияи XVI-ро ҳамчун оғози эҳёи давлатдории навини миллӣ муайян мекунанд, ки дар буҳрони пасошуравӣ феномени нодири сулҳ, ваҳдат ва рушд аст. Ин рӯйдод на танҳо ҷанги шаҳрвандиро хотима дод, балки пояҳои давлати муосирро гузошт ва таҷрибаи он барои ҷаҳон омӯзанда мебошад.

ҚУРБОНОВА Ширин, сарходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих.

Дар раванди ҷаҳони босуръат рушдёбанда, дипломатияи «иқтисоди сабз» ҳамчун омили муҳимми таъминкунандаи рушди устувор дар меҳвари сиёсати давлатҳои ҷаҳон қарор гирифта, як низоми хеле мукаммали муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ маҳсуб мегардад. Ба қавли коршиносон «иқтисоди сабз» ҳамчун яке аз самтҳои муосир дар ояндаи наздик соҳаҳои мухталифро фаро хоҳад гирифт. Бо назардошти ин таи даҳсолаҳои охир таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дипломатияи мазкурро роҳандозӣ намуда, ба мақсади истифодаи муассир аз бартариҳои муҳити табиӣ ва манбаъҳои саршори обию энергетикӣ, барои гузариш ба дипломатияи «иқтисоди сабз» қадамҳои устувор гузоштааст.

Таҳлили ҳамаҷонибаи масъалаи мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки рушди «иқтисоди сабз» дар пайвастагӣ бо ҳадафҳои стратегии кишвар, аз он ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, раҳоии мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати кишвар ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул амалӣ мегардад. Ба хотири ноил гаштан ба ҳадафҳои стратегии соҳаҳои иқтисодиёт, суботи иҷтимоӣ, мувозинати экологӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар моҳи сентябри соли 2022 Пешвои миллат «Стратегияи рушди иқтисоди сабз»-ро барои солҳои 2023–2037 ба имзо расониданд.

Ҳадафи асосии қабул намудани стратегии рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, чи тавре зикр кардем, ин таъмини рушди иқтисодиёт ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва суботи иҷтимоӣ мебошад.

Чи тавре аз муҳтавои стратегияи мазкур бармеояд татбиқи амалии барои ноил шудан ба рушди устувор дар раванди «иқтисоди сабз» Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи аввал ба самтҳои зерин такя менамояд:

– риояи меъёрҳо ва санадҳои байналмилалии танзимкунандаи ташаккули «иқтисоди сабз»;

– таҳким ва тақвият бахшидан ба раванди мутобиқшавии институтсионалӣ ба талаботи «иқтисоди сабз»;

– ҳавасманд сохтани фаъолияти инноватсионӣ дар самти самараҷӯӣ ва сарфаҷӯӣ;

– таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти ҷалби захираҳои молиявӣ ва интиқоли технологияҳои муосири ҷавобгӯ ба «иқтисоди сабз»;

– баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии кишвар тавассути зиёд намудани теъдоди табақаи миёнаи аҳолӣ;

– тақвият бахшидан ба баробарҳуқуқӣ дар дастрасӣ ба хизматрасонии экологӣ;

– ҷорӣ намудани тамсилаҳои оқилонаи истеъмол ва истеҳсоли маҳсулот;

– таъмини алоқамандӣ байни рушди иқтисодӣ ва устувории экологӣ;

– таъмини мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар ҳамбастагӣ бо «иқтисоди сабз»; [1]

Имконоти баъдии татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар самти «иқтисоди сабз» ба қарори зайл мебошанд:

– нигоҳдории гуногуншаклии биологӣ ва афзуншавии сармояи табиӣ;

– истифодаи васеи технологияи инноватсионӣ ва каммасраф;

– истеҳсоли васеи маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза (органикӣ) ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ;

–баланд бардоштани сатҳи фарҳанги экологӣ ва сифати хизматрасониҳои экологӣ;

– истеҳсол ва фуруши неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергияи сабз;

– мавқеи кишвар аз руйи татбиқи усули «иқтисоди сабз» ва воридшавии сармоя ба кишвар;

– ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳи 20 кишвари ҷаҳон бо нишондиҳандаи беҳтари индекси болоравии инклюзивии «иқтисоди сабз» ва ғайра.

Мутобиқ ба таҳлилҳои коршиносони ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид, “иқтисоди сабз” чунин тарзи фаъолияти хоҷагидорист, ки ба боло рафтани сатҳи зиндагии одамон ва таъмини адолати иҷтимоӣ мусоидат хоҳад намуд.

Қобил ба зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи энергетикӣ буда, миёни кишварҳои ИДМ аз ҷиҳати истеҳсоли неруи барқи тоза ҷои аввалро ишғол менамояд.

Ҳамин аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат ба таҷдиду сохтмони неругоҳҳои обӣ идома бахшида, дар солҳои наздик дар ҷумҳурӣ истеҳсоли электромобил, электробус ва троллейбус оғоз мегардад, ки ин худ идомаи мантиқии сиёсати ҳукумат дар роҳи пешбурди рушди «иқтисоди сабз» мебошад.

Болотар аз ин доир ба ташаккул ва рушди ояндаи «иқтисоди сабз» ёддовар гардида, ҳанӯз дар Паёми худ аз 23 декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд, ки «бояд таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолии он, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули «иқтисоди сабз» равона карда шавад».[2]

Дар ин замина, дар Паёми соли 2023 ба Маҷлиси Олӣ низ таъкид карданд, ки «Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи «иқтисоди сабз» соли 2037 воқеан ба «кишвари сабз» табдил хоҳад ёфт, зеро иқлими ҷумҳурии мо барои ба мамлакати сабз табдил додани он мутобиқ буда, то соли 2032 истеҳсоли барқ дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо «энергияи сабз» таъмин гардида, дар ин замина аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад».

Дар иртибот ба гуфтаҳои боло Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зиёд кардани истеҳсоли «энергияи сабз» таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, иброз доштанд, ки «бо назардошти саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати дастрасӣ ба сатҳи сифрии партовҳои гулхонаӣ, мо ният дорем, ки иқтидорҳои худро оид ба истеҳсоли «энергияи сабз» то соли 2050 ду баробар афзоиш диҳем».

Ҳамин тариқ, дар масъалаи саҳми Пешвои миллат дар рушди дипломатияи «иқтисоди сабз» метавон чунин натиҷагирӣ намуд:

- дар амал татбиқ намудани консепсияи иқтисоди сабз ба сатҳи иҷтимоию иқтисодии давлат ва тафаккури фарҳангӣ ва техникии аҳолӣ таъсири мусбӣ хоҳад гузошт;

- иқтисодиёти сабз ба истеҳсоли «энергияи сабз» вобаста буда, афзун гардонидани он дар кишвар талаботи иқтисоди глобалӣ ва ворид гаштани Тоҷикистон ба ин низоми нави иқтисодӣ мебошад.

Дар охир бояд қайд намуд, ки нақши Пешвои миллат дар рушди «иқтисоди сабз» барои Тоҷикистон ва барои ҷаҳон яке аз роҳҳои асосии ҳалли масъалаи муҳими тағирёбии иқлим дар сатҳи сайёра маҳсуб меёбад. Татбиқи он моро водор месозад, ки корҳои илмӣ таҳқиқотии худро ҷиҳати рушди иқтисоди кишвар, аз ҷумла дар самти рушди иқтисоди инноватсионӣ, истифодаи технологияҳои навтарини муосир, рушди нерӯ, захира ва сармояи инсонӣ, ҷонок намуда, барои омода намудани кадрҳои баландихтисоӣ илмӣ, баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ ва иқтисодии аҳолии кишвар, такмил додани бештари касбияту дониш ва таҷрибаи худ талош варзем.

МУҲАММАДАЛИЗОДА П.М – н. и. и., мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

САРЧАШМАҲОИ ИСТИФОДАШУДА:

1. Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2037

2. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» https://www.president.tj (санаи муроҷиат 08.11.2025)

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯйдодҳои сарнавиштсоз ва калидии таърихи давлатдории навини тоҷикон маҳсуб меёбад. Аз дидгоҳи илмӣ ва таърихӣ, ин иҷлосия на танҳо қадами муҳиме дар самти барқарорсозии сохтори конститутсионӣ ва ҳифзи истиқлолияти миллӣ буд, балки оғози давраи нави ташаккули низоми сиёсии муосири Тоҷикистонро ифода намуд.

Дар заминаи буҳрони амиқи сиёсӣ ва ҷанги дохилии соли 1992, ки суботи сиёсӣ ва якпорчагии миллӣ зери хатар қарор дошт, баргузории иҷлосия ба унвони иқдоми наҷотбахши миллӣ маънидод мешавад. Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Иҷлосияи XVI ҷомеаро аз муқовимати сиёсии фоҷиабор, аз ҷанги таҳмилии бародаркуш ва аз оворагиву дарбадарӣ наҷот дод. Асолати таърихии халқамон, яъне одамият, маърифатпарварӣ ва сулҳдӯстиашро барқарор намуд».

Аз нуқтаи назари илмҳои сиёсӣ, иҷлосияи мазкур ба сифати механизми институтсионализатсияи қудрат ва барқарорсозии легитимияти давлатдорӣ баромад намуд. Моҳи октябри соли 1992 Шӯрои Олӣ қарор кард, ки иҷлосияи навбатиро дар шаҳри Хуҷанд баргузор намояд. Ин иқдом ба таҳкими низоми идоракунии давлатӣ ва ҷилавгирӣ аз парокандагии идораҳои марказӣ равона гардид.

Ҷомеашиносон ва таърихнигорон бар онанд, ки ин иҷлосия нуқтаи ибтидои сулҳи шаҳрвандӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ мебошад. Дар ин давра, ҷомеаи Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи раҳбари қавӣ ва дорои ҷаҳонбинии созанда қарор дошт. Маҳз дар ҳамин марҳала Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти сиёсӣ бо иродаи устувор ва тафаккури давлатсоз ба саҳнаи сиёсӣ ворид гардид. Дар суханронии нахустини худ ӯ таъкид намуд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам».

Ин суханон ҳамчун барномаи сиёсӣ ва идеологияи ваҳдати миллӣ дар ҷомеа пазируфта шуданд. Таҳти роҳбарии ӯ дар иҷлосия як силсила санадҳои муҳим қабул гардид, ки онҳо пояҳои давлатдориро аз нав эҳё намуданд. Аз ҷумла, Қонуни «Дар бораи гурезаҳо», ки кафолати бозгашти даҳҳо ҳазор ҳамватанонро таъмин намуд, ифодагари сиёсати инсондӯстонаи давлат гардид. Ин қонун ҳамчун намунаи амалии сиёсати бахшандагӣ ва ҳамбастагии миллӣ арзёбӣ мешавад.

Аз нуқтаи назари илмҳои сиёсӣ ва ҳуқуқ, иҷлосияи мазкур марњилаи гузариш аз фалаҷи институтсионалӣ ба давлатдории фаъол ба ҳисоб меравад. Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳ сохторҳои амниятӣ ва идораҳои давлатӣ аз нав ташкил ёфтанд. Барқарории Артиши миллӣ, нерӯҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти сарҳадбонӣ ба таъсиси асосҳои қудрати давлатӣ мусоидат намуд.

Бо таҳлили илмии равандҳо метавон хулоса кард, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ба сифати нуқтаи гардиши стратегӣ дар давлатдории миллӣ баромад намуд. Он на танҳо роҳбарияти нави сиёсиро интихоб кард, балки сохтори конститутсиониро барқарор сохта, хатари парокандагии миллӣ ва таназзули давлатиро бартараф намуд.

Аз назари таърихшиносӣ, ин иҷлосия оғози давраи нави қонунгузорӣ ва сиёсатгузории миллӣ гардид, ки дар он пояҳои давлатдории ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ гузошта шуданд. Бо шарофати ҳамин иҷлосия Тоҷикистон аз марҳалаи буҳрон ба марҳалаи субот, сулҳ ва рушди устувор гузашт.

Дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои муаззами миллат таъкид кардааст: «Маҳз ба шарофати ин рӯйдодҳои муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиро мустаҳкам намуда, аркони давлатдориро эҳё намоем».

Аз нигоҳи назарияи сиёсӣ, иҷлосияи Хуҷанд модели нодири созиши миллӣ ва дигаргунсозии элитаи сиёсӣ мебошад, ки тавассути он арзишҳои сулҳ, ваҳдат ва ҳамбастагӣ ба сифати устухони асосии сиёсат ва мафкураи миллӣ ҷой гирифтанд.

Бо ҷамъбасти таҳлил метавон гуфт, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо як рӯйдоди сиёсӣ, балки падидаи илмию таърихӣ аст, ки механизми эҳёи давлатдорӣ ва тавозуни иҷтимоиро таъмин намуд. Он асоси ташаккули давлатдории муосири тоҷиконро гузошта, нақши таърихии Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун роҳбари миллӣ ва меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ тасдиқ кард.

Ба таври умум, Иҷлосияи XVI — наҷотбахши миллат, оғозгари сулҳ ва поягузори давлатдории навини тоҷикон мебошад.

Юнусова Фарзона - ходими хурди илмии МДИ «Марказаи омӯзиши пиряхҳои АМИТ

Занони тоҷик бо рӯҳи озод, иродаи қавӣ, афкори наҷибу ҳамида ва муҳаббату садоқати бепоён дар ҳама давру замон бори ҳастии миллатро кашидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Мақолаи зерин дар бораи нуфуз ва андешаи занони донишманд алайҳи зуҳуроти тундгароии замони муосир дониста шуда, инчунин дар адвори мухталифи таҳким ва поягузории муносибатҳои таърихӣ-иҷтимоӣ мебошад. Тундгароии яке аз ҷиддитарин таҳдид ба тамаддуни муосир буда, бештар аз ҳама ба субот ва рушди мусолиҳатомези ҷомеаи башарӣ хатар дорад. Аз ин рӯ, нақши бонувони донишманд дар муқобили зуҳуроти тундгароии замони муосир яке аз масоили мубрами муосир дониста мешавад. Зеро танҳо занони донишманд метавонад бо илму дониши амиқ ва таҷрибаи пухтакор алайҳи амалҳои нописандида, ва тундгарой ки маъмулан дар шакли амали ифротии таҳрибии иҷтимоӣ зоҳир шуда, ба амнияти давлат ва рушди босуботи ҷомеа таъсир мерасонад, садди роҳи онҳо гарданд.

Мусаллам аст, ки фақат занони донишманд метавонанд, дар пойдории сулҳу субот, озодии маънавӣ, бартараф намудани догмаҳо, ки барои пешбурди ҷомеа ва ҳуқуқи занон монеа меоварданд, ҳам муборизаи зеҳнӣ ва ҳам муборизаи ҷисмонӣ баранд. Нақши занони донишманд дар марҳилаҳои гуногуни муносибатҳои иҷтимоӣ басо муҳим аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ҳангоми зиёрати марқади Шамси Табрезӣ 8-уми июли соли 2010 дар ноҳияи Айнӣ, таъкид намуд, ки «Имрӯз афроди тундраве ҳастанд, ки огоҳона ё бар асари дуруст нашинохтани асолати миллӣ ва динии мо мехоҳанд мардуми мусулмонро дар хоби ғафлат ва таҳти таъсири афкори хурофотӣ нигоҳ дошта, бо сӯистифода аз сатҳи начандон баланди маърифати диниву маънавии як қисми мусулмонон майдони фаъолияти худро густариш диҳанд ва дар зери ниқоби дин ғаразҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои нопоки худро амалӣ намоянд» [9, 263].

Воқеан, барои муқобилияти муассир бо тундгароии динӣ омӯзиши амиқи заминаҳои иҷтимоӣ, идеологӣ, иҷтимоӣ-фарҳангии зуҳур ва густариши он, тадбирҳои пешгирикунанда, монанди огоҳ намудан, бартараф кардан ва қатъи ин падидаи манфӣ дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ аҳаммияти муҳим пайдо мекунад. Мутаассифона, бисёре аз занон ва духтарон низ ба ин ин роҳи номатлуб гирифтор шудаанд. Имрӯз масъалаи духтарони чавон аз нигоҳи тафаккури онҳо, муносибат ба дину мазҳаб ва оинҳо ташвишовар аст. Ташаккули идеологии ҷавонон қариб ба ҳоли худ гузошта шудааст.

Албатта боиси таассуф аст, бонувони тоҷик низ ба қатори ин гуруҳои ифротӣ бо сабабҳои номатлуб гирифтор шуданд. Пас бонувони донишманди тоҷик имрӯз муваззаф ҳастанд, садди роҳи ингуна амалҳои тундгароиро бо тамоми нерӯ ва илму фаъолияти худ гиранд. Асосан мехостам шаш омили асосиеро номбар намоям, ки бонувони донишманд дар муқобили зуҳуроти тундгароии замони муосир истодагирӣ намоянд:

1. Татбиқи тадбирҳои мушаххас оид ба ҷалби духтарон ба таҳсил ва пешгирии барвақт аз раванди таълим дур мондани онҳо.

2. Худшиносии миллӣ - сарманшаи меҳанпарастӣ ва маърифат аст

3. Арзишҳои миллӣ поягузори аъмоли фазоил дар ҷомеа

4. Баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ, динӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии занон ва пешгирии шомилшавии онҳо ба фаъолияти ифротгароӣ.

5. Тақвияти нақши оила дар таъмини суботу ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ дар ҷомеа, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба созмону гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ

6. Гузаронидани чорабиниҳо ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши ҷавондухтарон ва ноболиғон оид ба чораҳои худҳимоя, эҳтиёткорӣ дар муомила бо дигарон, вокуниш ба ҳамлаҳои ифротгароён ва усулҳои ҷалби занон ба созмонҳои ифротӣ ва террористӣ.

Бояд гуфт, ки аз давраи антиқа сар карда, то замони муосир занон новобаста бар он, ки пойбанди қонун ва низоми давлатдории даври хеш бошанд ҳам, тавонистанд нуфузи нотакрори хешро дар масоили басо муҳими рӯзгор ба сомон расонанд. Ба вижа, занон саъю талош намуданд, ки дар ҷомеа муносибатҳои иҷтимоиро ҳифз намоянд. Аз таърихи занони файласуфи Аврупо барои мо муссалам ҳастанд, ки чи гуна тавонистанд дар баробари мардон барои озодӣ, баробарҳуқуқии занон дар муносибатҳои иҷтимоӣ ва соҳиби дониши кофӣ ва маълумоти олӣ алайҳи беадолатии низоми давлатдории даври худмуборизаи зеҳнӣ баранд. Ба қатори ин занони мубориз Симона де Бовуар (1908-1986), Гипатия Александрия,(тав.350 — 370, ваф.415), Ханна Арендт 1906-1975 ва дигарон дохил мешуданд. Ин бонувон дар замони фалсафаи антиқа бештар саъю талош намуданд, ки дар муносибатҳои иҷтимоӣ озод бошанд ва дар баробари мардон барои гирифтани дониши саҳеҳ низ бояд таҳсил намоянд.

Барои мисол, яке аз асосгузорони фалсафаи антиқа дар рӯйхати занони озодандеш Гипатия Александрия мебошад, ки тавониста буд, дар байни олимони даври хеш шуҳрат ва мартабаи махсусеро сазовор бошад. Ин аввалин зане, буд дар таърихи урупо, ки бо афроди тундгарои он давр баҳри ҳуқуқи мусовӣ доштан баҳри андарёфтани илму дониш дар баробари мардон , талош мекард. Ба шарофати тафаккури ғайриоддӣ, Гипатия тавонист дар атрофи худ як доираи зеҳнӣ ҷамъ кунад, ки дар он олимону мутафаккироне умед доштанд, ки ниятҳои онҳо дар доираи ҷустуҷуйи фалсафа вусъат меёбад. Ин зани далер ва шуҷоъ дар асри хеш ҳамчун донишманди асил аввалин шуда, бо кашфиётҳои илмии худ,махсусан алайҳи поймол гардидани ҳуқуқи занон, инқилоб ва таҳаввулеро ба вуҷуд оварда буд. Далелҳое мавҷуданд, ки Гипатия гидрометрро ҳамчун асбоби муайянкунии зичии моеъ таҳқиқ намуда, астурлобро барои муайян кардани арзу тӯл дар астрономия ва планисфераро ҳамчун тасвири кураи осмонӣ дар ҳавопаймо, ки кас метавонад бо он ғуруб ва болоравии ҷисмҳои осмониро ҳисоб кунад, дар арсаи ҷаҳонбинии илмӣ таҳқиқ намудааст. Гипатия шогирди Кратс буда, ба мисли ӯ файласуфи равоқӣ шуд» [2, 15] Фалсафае, ки Гипатия таълим медод, ба мероси Афлотун ва Арасту, инчунин файласуфи ирфонӣ Плотин ва риёзидон Пифагор асос ёфтааст. Якҷоя шудани чунин ақидаҳои таъсирбахш, мактаби навафлотуния (неоплатонизм) ро ташкил медод. Таъсири Гепартия аз доираҳои илмӣ хеле фаротар буд. Вай аз ҷониби бисёре аз шахсиятҳои барҷаста дар тамоми давру замонҳо ҳамчун зане эътироф карда шуд, ки доир ба нобаробарҳуқуқии заноне, ки мутобиқи анъанаҳои шахшудаи он замон ҳисобида мешуданд, мубориза мебурд.

Дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ занони донишманд бо таҳаммулоти сангине муборизаҳои шадидро аз сар гузарониданд ва қурбон шудаанд. Ин бонувон дар замони фалсафаи антиқа бештар саъйю талош намуданд, ки дар муносибатҳои иҷтимоӣ озод бошанд ва дар баробари мардон барои гирифтани дониши саҳеҳ низ бояд таҳсил намоянд.

Воқеан, дар давраҳои гуногун мавқеъҳои гуногуни сиёсӣ, зеҳнӣ ва иҷтимоиро ишғол мекарданд. Шуҷоати занон ва духтарони тоҷик низ дар арсаи зиндагӣ дар шаклҳои гуногун равнақу ривоҷ ёфтааст. Дар таърихи рушди миллати мо занҳое низ буданд, ки барои озодӣ ва шарафи миллат мубориза мебурданд ва шоирону мутафаккирони мо низ чунин занони далер ва боғайратро ситоиш мекарданд. Дар шумули ин бонувон - Гурдофарид, Зебунисо, Робияи Балхӣ, Нодира, Рухшона, Томирис Маликаи Бухорхудот мебошанд, ки на танҳо мақбули тоҷикзабонҳо, балки мақбули намояндагони дигар миллатҳо низ шудаанд. Онҳо дар арсаи ҷаҳонбинии фалсафӣ ва тафаккури шарқӣ байни фалсафа ва дин роҳи ҳамоҳангиеро ҷустуҷӯ кардаанд. Ин бонувон ҳадаф доштанд, ки рушди тафаккури зеҳнӣ барои шинохти масоили фалсафӣ ва иҷтимоӣ ва тақвияти андешаю афкори инсон хизмат менамояд. Онҳо мехостанд, ки занҳо пойбанди «догма» нашуда, балки масоили диниро низ дар меҳвари кашфиётҳои илмӣ касб намоянд. Яъне матолиби диниро бо илму дониши саҳеҳ ҳамоҳанг созанд. Онҳо дониши илмиро бо динӣ тавъам месохтанд.

Падидаҳои манфури муосир экстремизм, фундаментализм, радикализм ва терроризми динӣ - мазҳабӣ ба зуҳуроти хатарноктарини глобалӣ табдил ёфта, на танҳо барои минтақа, балки барои кулли манотиқи ҷаҳонӣ бори гарон шудаанд. Шаҳрвандон ба вижа бонувони донишманди тоҷик вазифаи хосро иҷро менамояд. Асолати таърихии зиёиён маҳз аз ҳамин назар муайян мешавад. Намояндагони он бо истифода аз тамоми имкониятҳо ин идеологияро ба сари мардум алалхусус бонувони ҷавон ва наврасон бор кардан мехоҳанд. Дар чунин шароит зиёиёни эҷодкорро зарур аст, ки дар асарҳои худ моҳияти иртиҷоии ифротгароии динию сиёсӣ ва барои пойдории давлату пешравии миллат хавфнок ва зарароварро ба омма ифшо намоянд. Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳи ифротгаро мегардад. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аст, ки истиклолияти миллӣ ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем.

Қайд кардан ба маврид аст, ки стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризми хушунатомез барои солҳои 2016-2020 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 2016 ба имзо расида, он нақши чорабиниҳоро бо тадбирҳои мушаххас оид ба пешбурд ва таҳкими нақши занон дар пешгирии ифротгароии хушунатомез дар бар мегирад. Ин чорабинихо барои баланд бардоштани маърифати шарвандон ҷиҳати хавфи экстремизми зуровар, инчунин тадбирҳои баланд бардоштани иштироки занон дар ҷомеа мусоидат намуд. Бояд, қайд намуд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ метавонанд дар пешгирии ифротгароии хушунатомез саҳмгузор бошанд. Бояд, масъалаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва тундгароӣ ба таври ҷиддӣ назар намоянд. Дар ин ҷо барои татбиқи мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ташкилоту муассисаҳои динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва воситаҳои ахбори омма якчоя бо мутобиқат амал намоянд.

Дар ин ҷо қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд. Аз ин рӯ ҳадаф ва вазифаи асосии омӯзиши зуҳуроти тундгароӣ, дар чунин омилҳои асосӣ дида мешаванд: Заминаҳои асосии сабаб ва пайдоиши зуҳуроти номатлуб, аз қабили тундгароӣ ва ифротгароӣ аз руи омилҳои зайл ба назар мерасанд:

1. Дар самти баланд бардоштани самаранокии чораҳои муқовимат ба истифодабарии интернет бо мақсадҳои экстремистию террористӣ: андешидани тадбирҳои иловагӣ доир ба тақвияти истифодабарии имкониятҳои интернет ҷиҳати шарҳи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм, пешбурди ташвиқоти васеи зиддиэкстремистӣ ва фаъолияти профилактикӣ дар ин соҳа

2. Роҳандозӣ намудани тадқиқотҳои ҳамаҷонибаи сабабҳо ва сатҳи паҳншавии иштироки занон дар экстремизми хушунатомез, фош кардани бепоягии қолибҳое, ки унсурҳои экстремистӣ ҷиҳати коркарди равонии занон истифода мекунанд

3. Васеъ намудани иштироки занон дар муқовимат ба экстремизм ва терроризм, такмили кор ва баланд бардоштани донишҳои кормандон дар самти баҳисобгирии ҷанбаҳои гендерӣ

4. Миқдори семинар-тренингҳо ва вебинарҳо бо ҷалби коршиносон ва кормандони амалие, ки дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизм ва терроризм фаъолият менамоянд, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, воситаҳои ахбори омма, намояндагони ҷамоаҳои маҳаллӣ, созмонҳои ҷавонон, занон ва ташкилотҳои динӣ

Ҳамин тариқ, дар шароити ҷаҳоншавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст. Бинобар ин маъсулияти аввалиндараҷаи бонувони донишманди кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулияти худшиносӣ арзишҳои миллӣ, аз қабили ватандустӣ ва арзишҳои волои инсонӣ барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар руҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем. Танҳо илми фалсафа ва мантиқ метавонад тафаккури илмии ҷавонон ва бонувони донишмандро тақвият дода, садди роҳи ҳамагуна ҳарактҳои тундрои гардад.

Бандалиева Ш.Н. - н.и.ф., ходими калони илмии Институти фалсафа,

сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

16-уми ноябр барои мардуми тамаддунофари тоҷик санаи сарнавиштсоз ва рӯзи ифтихори миллӣ мебошад. Дар ин рӯз сокинони кишвар бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба давлату миллат, “Рӯзи Президент”-ро бо тантана ва ифтихор таҷлил менамоянд.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», шурӯъ аз соли 2016, 16-уми ноябр ҳамчун “Рӯзи Президент” дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад. Таҷлили ин рӯз арҷгузорӣ ба хизматҳои беназиру таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки бо хиради азалӣ, ҷасорати нотакрор ва иродаи қавӣ тавонистанд миллати тоҷикро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшанд ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба давлати пешрафта, амну обод ва соҳибэҳтиром табдил диҳанд.

Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991, Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор гардид. Дар чунин айёми сангин ва тақдирсоз, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ бо иродаи қавии мардумпарварона тамоми қувва ва имконияти худро баҳри барқарор кардани сулҳу субот, баргардонидани гурезагон ва шурӯи музокирот бо мухолифин равона намуданд.

Пешвои миллат дар аввалин суханронии худ қавл доданд, ки «ман охирин гурезаро ба Ватан бармегардонам». Воқеан, бо ҷасорату фидокории бесобиқа ва эҳсоси гарми ватанпарварӣ, ин ваъдаро амалӣ карданд. Он кас бо сабру таҳаммул, сиёсати оқилона ва диди дурбин тавонистанд сулҳи пойдорро дар Тоҷикистон барқарор созанд ва пояҳои давлатдории миллиро устувор намоянд.

Аз ҷумла, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, имзои Созишномаи сулҳи умумимиллии тоҷикон, таъсиси Артиши миллӣ ва неруҳои ҳифзи сарҳад, барқарорсозии инфрасохтори давлат, ҳама намунаи ҷоннисорӣ ва хирадмандии Пешвои миллат мебошанд.

Муайян намудани Рӯзи Президент ҳамчун ҷашни давлатӣ на танҳо рамзи эҳтиром ба хизматҳои беназири Пешвои миллат, балки нишонаи эътимоду иттиҳоди мардум дар атрофи раҳбари хирадманд ва созандаи худ мебошад.

Имрӯз таҷлили ин рӯз ифодаи ҳамбастагии миллӣ, ватандӯстӣ ва қадрдонии халқи тоҷик аз хизматҳои таърихиву тақдирсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар таҳкиму тавсеаи давлатдории миллӣ, боло бурдани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳми беназир гузоштаанд.

Гиромидошти Рӯзи Президент на танҳо ҷашни рамзист, балки дарси худшиносӣ ва ваҳдат, ҷашни эҳёи ифтихори миллӣ ва садоқат ба Ватан аст. Он аз як тараф қадршиносӣ аз хизматҳои Пешвои миллат ва аз ҷониби дигар нишонаи сарҷамъии тамоми мардум дар атрофи сиёсати сулҳпарварона, ватансозӣ ва башардӯстонаи роҳбари давлат мебошад.

Рӯзи Президент рӯзи ваҳдати миллӣ, худшиносӣ ва пойдории давлатдорӣ аст. Таҷлили ин санаи таърихӣ аз ҷониби мардуми тоҷик далели эҳсоси баланди ифтихор, сипос ва садоқат ба Пешвои миллат мебошад, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи ӯ Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сӯи фардои дурахшон пеш меравад.

Бигзор кишвари азизи мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам ободу шукуфон гардад!

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!

Юсуфзода Шодоб, ходими илмии шуъбаи сиёсатшиносии

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ

Дар ҳама гушаҳои ҷаҳон, хоҳ Амрикову Африқо ва ё Аврупову Осиё бо шаклҳои гуногун рӯзи шахсияти аввали сиёсии кишвар ба таври гуногун таҷлил карда мешавад. Аввалин маротиба "Рӯзи Президент" ҳамчун ид дар штати Вирҷинаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико соли 1782 ба таври оммавӣ ба ифтихори Ҷорҷ Вашингтон - қаҳрамони ҷанг барои истиқлолият ва президенти якуми ИМА, ки ба муносибати рӯзи таваллудаш (22.02.1732) буд, таҷлил карда шуд. Соли 1855 бошад ин ҷашн ҳамчун иди умумимиллӣ эълон карда шуд. Дар кишварҳои дигар аз қабили Исландия, Британияи Кабир, Ҳолландия, Қазоқистон ва ғайра ин гуна ҷашн бо шаклҳои гуногун таҷлил карда мешавад.

Боиси зикр аст, ки ҷашни мазкур аз маҳбубияти ҳар як президент ё шахси сиёсии кишвар сарчашма мегирад.

Ҳамасола, рӯзи 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни муборак дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан Савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд, шакли идории Тоҷикистон ба шакли Ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд.

Дар он марҳалаи хассоси таърихӣ, ки ватанамон пеш аз ҳама ба сулҳу субот ва ваҳдату сарҷамъӣ ниёз дошт, низоми идоракунии президентӣ маҳз бо мақсади пурзӯр намудани ҳокимияти иҷроия, баланд бардоштани самаранокии он, қабули фаврии қарорҳои идорӣ, такмили механизми иҷрои қонунҳо, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ҷорӣ карда шуд. Он як интихоби огоҳона буда, маҳсули сабақҳои таърихӣ ва натиҷагириҳо аз самараи фаъолияти давлатдории гузашта ва имрӯзаи мо ба ҳисоб меравад. Хушбахтона, гузаштан ба низоми президентӣ на танҳо боиси наҷоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, маориф ва дигар соҳаҳо гардид.

Дастовардҳои Президенти Тоҷикистон, аз он иборат аст, ки Тоҷикистон дар зарфи 34 соли соҳибистиқлолӣ дар низоми маориф бунёд кардану таъсис додани зиёда аз 32 муассисаи таҳсилоти олӣ, 41 муассисаи таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ ва 3246 мактаб, аз ҷумла 156 муассисаи таълимии намуди нав, яъне гимназия, литсей, мактабҳои байналмилалӣ ва 300 муассисаи томактабӣ далели возеҳи иқдомоти созандаи Ҳукумати мамлакат мебошад. Танҳо дар соли 2024 ва шаш моҳи соли 2025 дар қаламрави мамлакат 247 муассисаи навбунёди таҳсилоти миёнаи умумӣ барои беш аз 110 ҳазор хонанда ба истифода дода шудааст, 1-уми сентябр қариб 2 миллиону 300 ҳазор нафар наврасони кишвар, аз ҷумла беш аз 1 миллиону 110 ҳазор духтарон дар муассисаҳои таълимӣ ба дарс оғоз карданд, ки 272 ҳазори онҳо (133 ҳазор духтарон) бори нахуст ба остонаи мактаб қадам гузоштанд. Ба онҳо зиёда аз 128 ҳазор нафар омӯзгорон дарс медиҳанд, ки беш аз 72 фоизашон бонувону занон мебошанд.

Ҷоннисориву заҳматҳои бепоёни Пешвои миллат баҳри Ватани аҷдодии худ буд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо ӯ муттаҳид шуда, барои тай намудани роҳӣ душвори миллатсозӣ ӯро ҳамроҳи намуда ҳамчун шахсияти дорои асолати миллӣ дошта эътироф намуд. Аз ин рӯ дар ҷумҳурии мо низ мутобиқи моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта мешавад. Маҳз дар ҳамин санаи таърихӣ, яъне 16 ноябри соли 1994 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идоракунии ҷумҳуриявиро касб намуда рӯ ба тараққӣ дар самтҳои гуногун намуд. Ин аст, ки ҳамасола рӯзи 16 ноябр ҳамчун "Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷашн гирифта мешавад.

Буҳрони шaдиди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ вa ғоявию мaънaвии солҳои 70-ум вa миёнaи солҳои 80-уми асри гузашта боис гaрдид, ки Иттиҳоди Шӯрaвӣ – ин дaвлaти aбaрқудрaт пош хӯрaд. Мо низ дaр рaдифи дигaр дaвлaтҳои тобеъ бaъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯрaвӣ соҳибистиқлолу озод гaрдидем. Бa тaври дигaр, интиҳои қaрни ХХ вa оғози aсри ХХI бaрои миллaти тоҷик мaрҳилaи сaрнaвиштсоз бa ҳисоб мерaвaд. Мутaaссифонa, шикaст вa пошхӯрии шӯрaвӣ сaбaби гусaстa гaрдидaни робитaҳои иқтисодӣ, зиддиятҳои сиёсӣ, душвор шудaни вaзъи иҷтимоӣ гaрдид. Хусусaн, кӯшиши ғaйриқонунӣ бa дaст овaрдaни ҳокимият, гирдиҳaмоиҳои ҳaррӯзa aз ҷониби ҳизбу ҳaрaкaтҳои нaвтaъсис дaр кишвaр, ки ахиран бa ҷaнги шaҳрвaндии тaҳмилӣ овaрдa рaсониданд, вазъиятро пурпечутоб намуд.

Ҷойи инкор нест, ки дар тaърих баъзе шахсиятҳое мебароянд, ки бо заковаташон ба рушди зиндагии навини ҷомеа таъсир мерасонанд. Тaқдири дaвлaти соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ бa сaрнaвишти як шaхсияти тaърихӣ, ки номаш вирди забонҳо гаштааст, сахт вобaстaгӣ дорaд. Бале, тамоми дастовардҳои миллату давлатро aз охирҳои қaрни XX то имрӯз ба номи Сарвари маҳбуби кишвар метавонем рабт диҳем. Aбaрмaрде чун Aсосгузори сулҳу вaҳдaти миллӣ - Пешвои миллaт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон аз зумраи фарзонафарзандони миллатанд, ки номи тоҷику Тоҷикистонро баланд бардошта тавонистанд.

Ҳамагон шоҳиданд, ки ҷaнги шaҳрвaндӣ миллaти моро бa нестӣ вa дaвлaтaмонро бa фaношaвӣ рӯ бa рӯ нaмудa буд. Тaқдир бaшорaти роҳбареро бо бaргузории Иҷлосияи шонздaҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳaмчун ҳaдия вa пaйки нaҷот бa миллaти тоҷик aто намуд. Дaр он рӯзҳои бaсо мушкил бaрои мaрдуми тоҷик Пешвои миллaт муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон мaсъулияти роҳбaриро бa дӯш гирифтa, дaр дили мaрдум умед вa бовaриро бa сулҳу вaҳдaт вa ояндaи нек ҷо нaмудaнд.

Сaрвaри дaвлaт муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон ҳaмчун мaрди оқилу дурaндеш вa роҳбaри фозилу хирaдмaнд дaвлaтро aз фaноёбӣ вa миллaтро aз нестшaвӣ нaҷот додa, мaрдумро aтрофaш муттaҳид вa бa қaлби онҳо шуълaи умедро бедор вa бо қaдaмҳои қaтъӣ бa сулҳу осоиш, рушду суботи минбaъдa ҳидоят нaмуд. Яъне, меъмори дaвлaт вa зуҳури дуборaи мо ҳaмчун миллaти соҳибтaмaддун бa номи Пешвои миллaт тaвъaм мебошaд. Гузаштa aз ин, Пешвои миллaт муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон дaр aрсaи бaйнaлмилaлӣ ҳaмчун шaхси сулҳофaру сулҳпaрвaр, сaрҷaмъкунaндaи миллaт, aмaлисозaндaи зaҳмaтҳои ояндaбинонa бaҳри рушду нумуъ вa ободии Вaтaну фaроҳaм овaрдaни шaроити aрзaндa бaрои мaрдуми кишвaр, тaшaббускори ҳaлли мaсъaлaҳои глобaлӣ шинохтa шудaни Сaрвaри дaвлaти тоҷикон Эмомaлӣ Рaҳмонро нa тaнҳо сокинони кишвaр, инчунин ҷaҳониён эътироф нaмудaaнд вa гуфтaҳоро сиёсaтмaдорони сaршиноси олaм тaсдиқ нaмудaнд. Aз ҷумлa, бa тaъкиди Влaдимир Путин, Президенти Федерaтсияи Русия: “Эмомaлӣ Рaҳмон яке aз симоҳои бaрҷaстa будa, бaйни сиёсaтмaдорони Иттиҳоди Дaвлaтҳои Мустaқил мaвқеи нaмоёнро ишғол мекунaд. Ин беҳудa нест. Тaмоми ҷидду ҷaҳди ӯ aз он шaҳодaт медиҳaд, ки дaр Тоҷикистон рaвaнди сулҳ тaвре пойдор aст, ки нaзирaш дaр ҳеҷ як мaмлaкaте, ки чунин вaзъияти мутaшaнниҷ дошт, дидa нaмешуд. Ҳaр он чӣ оид бa ин мaсъaлa дaр Тоҷикистон aмaлӣ гaрдидaaст, мисоли хубест бaрои бисёр хaлқҳову мaмолики дигaр”. Бa нaзaри Aлексaндр Лукaшенко, Президенти Ҷумҳурии Белорус бошaд: “Меҳнaти фидокоронaи чaндинсолaи Эмомaлӣ Рaҳмон, ки бa тaҳкими сулҳу субот, бaлaнд бaрдоштaни некуaҳволии хaлқи тоҷик вa пойдории нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дaр aрсaи бaйнaлмилaлӣ рaвонa гaрдидaaст, сaзовори эҳтироми ниҳоят бaлaнд мебошaд”. Кочерил Рaмaн Нaрaянaн, Президенти собиқи Ҳиндустон бошaд, тaъкид мекунaд, ки: “Моро кӯшишҳои хaстaнопaзири Ҷaноби Олӣ Президент Эмомaлӣ Рaҳмон ҷиҳaти бaрқaрорсозии сулҳ, оштии миллӣ вa рaвaнди созaндa дaр Тоҷикистон, ки ҷомеaи муосири озод месозaд, бa ҳaйрaт гузошт. Бовaр дорем, ки ин кӯшишҳои хaлқи боистеъдод вa меҳнaтдӯсти Тоҷикистон сaмaри нек хоҳaнд овaрд”.

Бо назардошти далелҳои баёнгардида бояд таъкид намуд, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро месазад ҳамасола бошукӯҳ таҷлил намоем, чунки Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон ҳамчун шахсияти барҷастаи миллат, ки дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузургу тақдирсоз намудааст.

Бинобар ин аз фурсати муносиб истифода намуда ин санаи таърихии фархундаро ба ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ самимона шодбош мегӯем. Худо кунад, ки ба бахти мо сулҳи сартосарӣ, ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ дар зери сояи Президенти маҳбуби кишварамон - Эмомалӣ Раҳмон доимо пойдор бошад.

Раҳмонов Раҳмон Охонович – д.и.х., муовини директор оид ба илм ва таълими 

Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ