Ҷашни меҳргон яке аз ҷашнҳои кӯҳани мардуми ориёинажод ба ҳисоб меравад. Ин ҷашни аҷдоди бо баракати Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардида ва тӯли чандин сол аст миёни мардуми тоҷик ҷашн гирифта мешавад.
Таърих ва аҳамияти ҷашни меҳргон маҳз дар замони соҳибистиқлоли ба воситаи эҳё ва таҷлили он миёни хурду бузурги мамлакат ошно гардонидани шуд. Пешвои муаззами миллат дар сиёсати фарҳангпарваронаи худ, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ аҳамияти муҳим дорад, ҷиҳати тарғибу эҳёи ин ҷашни аҷдодӣ дастуру супоришҳои назаррас доданд.
Чуноне, ки муҳимияти ин ҷашнро Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуда, иброз намуданд:
"Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст".
Воқеан меҳргон ҷашнест, ки гузаштагони мо онро ҷашн мегирифтанд, шоирону нависандагони мо аз он ситоиш менамуданд.
Муаллифи «Шоҳнома»-и безавол Абулқосим Фирадавсӣ пайдоиши ин ҷашнвораро ба замони салтанати Ҷамшеду Фаридун мансуб медонад. Вале ба таври мушаххас таҷлили иди Меҳргон аз давраи ҳукмронии Сосониён ба ҳукми анъана даромадааст. Писари шоҳ Шопури Сосонӣ — Ҳурмуз дар ин самт қадамҳои аввалинро гузошт ва бо гузашти замони муайян Меҳргон шукӯҳу шаҳомати хоса пайдо намуд, ки дар замони салтанати Сомониён ба авҷи баланд расид.
Маъсуди Саъди Салмон ҷашни Меҳргонро яке аз ҷашнҳои фарруху дӯстдоштани номбурда, ҳама рӯзи ин моҳро рӯзи меҳру меҳрубонӣ меномад. Ва мардумро ба меҳрубонию дӯсти даъват менамояд:
Рӯзи Меҳру моҳи Меҳру ҷашни фаррух Меҳргон,
Меҳр биафзой эй нигори моҳчеҳраи меҳрубон.
Меҳрубонӣ кун ба ҷашни Меҳргону рӯзи Меҳр,
Меҳрубонӣ кун ба рӯзи Меҳру ҷашни Меҳргон.
Кулли сарчашмаҳои таърихӣ ва нигоштаи бузургони мо далели яке аз ҷашнҳои муҳиму таърихи будани меҳргон аст. Боиси ифтихору сутуданист, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ барои эҳё ва оммавигардонии ин ҷашни кӯҳан шароити мусоид фароҳам омад, ҷавонони мо бозам аҳамияти ин ҷашнҳои миллиро ба монанди Наврӯз, сада, тиргон ва меҳргонро тавассути нақша - чорабиниҳое, ки бо ҳидояту ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардиданд дарк намуда, ҳуввияти миллӣ ва дониши худро оид ба мероси гузаштагон инкишоф доданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ, ки бархӯрди фарҳангҳо ҷараён дорад ва хатари аз байн рафтани фарҳангҳо вуҷуд дорад, ҷашни меҳргон ҳамчун ҷашни ҳифзкунандаи фарҳанги миллӣ, расму оини аҷдоди, ташаккулдиҳандаи ҳуввияти миллӣ барои наслҳои имрӯзу ояндаи мо муҳим мебошад. Меҳргон пеш аз ҳама як ҷашни мантиқӣ, ки дорои таърих ва расму оини хоси худ аст дар тӯли таърих аҳамияти худро то имрӯз нигоҳ доштааст.
Ҷашни меҳргон гувоҳи як миллати соҳибтаъриху соҳибтамаддун ва дорои фарҳанги бою нотакрор будани миллати тоҷик аст. Ҳамчун ворисони ин ҷашни бузурги аҷдодӣ ҳар яки мо муваззаф ҳастем, ки дар тарғибу таҷлили он саҳми бориз дошта бошем. Аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи фарҳангии миллӣ ҷонибдорӣ намоем.
Ҷашни меҳргон пояндаву Тоҷикистон ҷовидон бод!
АБДУМУМИНЗОДА Ситора, номзади илмҳои педагогӣ, масъули кор бо магистрон, докторантони PhD ва унвонҷӯёни Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Дар таърихи нави рушди давлатдории миллии тоҷик ва расмиёти ҳуқуқии он соли 2024 ҳамчун санаи сиюмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хотирмон аст. Бо арзи эҳтиром ба ин санаи муҳим дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2023 қайд шудааст, ки «Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем». Тибқи андешаҳои мазкур ба ифтихори ин санаи муҳими таърихии миллат, соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид.
Бо мақсади мусоидат ба ин иқдоми наҷиб ва кумак ба мардуми кишвар дар азхудкунии одобу ахлоқӣ сиёсӣ-ҳуқуқӣ риояи қатъии меъёр ва ҳолатҳои Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ, иҷрои талаботи онҳо олимони намоёни соҳаи ҳуқуқшиносӣ ва конститутсияшиносони маъруфи ҷумҳурӣ Зоир Ҷурахон Маҷидзода ва Ашӯрбой Имомов тасмим гирифтаанд, ки дар шакли тезисҳо (мулоҳизаҳо) дар бораи мафҳум, пайдоиш, рушд, шакл, таркиб, мазмун, тарзи қабул ва таѓйиру иловаҳо дохил кардан, таъиноти ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва дигар хусусиятҳои конститутсияҳо умуман, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан, ба доираи васеи хонандагони Сомонаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқӣ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ мухтасар маълумот диҳанд.
Конститутсия - (аз забони лотинӣ constitutio – муқаррар, сохтор) бо мазмуни моддӣ санади навишташудаи ҳуқуқие мебошад, ки пеш аз ҳама ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро эълон менамояд ва кафолати онҳоро пешбинӣ мекунад. Ҳамчунин асосҳои сохтори конститутсионӣ, сохтори ҷамъиятӣ ва сохтори давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва вазъи пойтахт, шакли идоракунӣ ва таркиби ҳудудии давлат, асосҳои ташкили мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, салоҳият ва робитаи байниҳамдигарии онҳо ва баъзе масъалаҳои муҳимтаринро муқаррар ва танзим менамояд. Бо мазмуни зоҳирӣ (формальный) Конститутсия қонун ё гурӯҳи қонунҳое мебошад, ки қувваи олии ҳуқуқӣ нисбат ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дорад. Конститутсия шакли олии ҳуқуқиест, ки дар он арзишҳо, падидаҳо ва меъёрҳои сохтори конститутсионӣ, асосҳои танзими ҳуқуқӣ-конститутсионӣ, алоқаҳои сифатии ҷамъиятӣ ва муносибатҳои ҳокимияти давлатӣ расман муқаррар карда шудаанд.
Конститутсия - Қонуни Асосӣ мебошад, ки асосҳои сохтори ҷамъиятӣ ва иқтисодии мамлакат, шакли сохтор ва идоракунии давлатӣ, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, низоми интихобот, тартиби ташкил ва салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатиро дар марказ ва маҳалҳо, ташкил ва усулҳои асосии адолати судӣ, назорати прокурориро муқаррар менамояд. Нисбат ба ҳар як санади ҳуқуқии низоми қонунгузорӣ ва ҳуқуқии мамлакат қувваи олии ҳуқуқӣ дорад. Ҳеҷ як қонуни ҳуқуқӣ берун аз таъсири Конститутсия ва ё хилофи он шуда наметавонад. Қонунҳои ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии бешумор бояд дар мувофиқа бо Конститутсия қабул гардида, ба татбиқи меъёрҳо ва ҳолатҳои он мусоидат намоянд. Дар қаламравӣ давлат ҳеҷ як мақомоти давлатӣ, шахси мансабдори давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инсон ва шаҳрванд берун аз талаботи Конститутсия фаъолият карда наметавонанд. Аз талаботи Конститутсия дар дохили мамлакат ҳеҷ як субъекти ҳуқуқ боло истода наметавонад. Аз ибораи Қонуни Асосӣ ҳамаи он хусусиятҳои Конститутсия ошкор мегардад, ки ҷойи онро дар низоми ҳуқуқӣ муайян мекунад.
Дар забони тоҷикӣ ибораи Сарқонун ифодакунандаи мафҳуми Конститутсия буда, ҳамаи хусусиятҳои ба Қонуни Асосӣ хосро доро мебошад. Аммо ҳеҷ як санади ҳуқуқи дигар бо номи Конститутсия қабул карда намешавад. Бо мазмуни ҳуқуқӣ аз Сарқонун ҳеҷ ягон санади меъёрии ҳуқуқии дигар боло истода наметавонад. Ин ибора дар раъйпурсии конститутсионии соли 1994 баробари ибораи Конститутсия маъқул дониста шуда буд. Ва солҳои 1994-2016, яъне қариб дар тули 22 сол номи санади асосии олии ҳуқуқии Тоҷикистон бо ду ном «Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал мекард ва дар раъйпурсии аз 22 майи соли 2016 ибораи Сарқонун аз матни Конститутсия хориҷ карда шуд. Аммо дар сарчашмаҳои илмию таълимӣ ҳанӯз ҳам ин ибора ба кор бурда мешавад, ки аҳамияти маърифатии ихтисоси дорад.
Конститутсия Қонуни қонунҳо мебошад. Бо мақсади ҳарчи пурра ифода кардани мазмун ва таъиноти Конститутсия дар сарчашмаҳои илмӣ ва машварати касбию ихтисоси онро Қонуни қонунҳо низ меноманд. Ин ибора ишора ба сатҳи баланди Конститутсия дар низоми қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қуллаи баланди низоми қонунгузории миллӣ буда, дар зери таъсири он қарор доштани ҳамаи қонунҳоро ифода мекунад. Ҳамчунин ибораи Қонуни қонунҳо нисбати Конститутсия ишора ба таъинот ва робитаи мантиқии онҳо, ягонагии низоми қонунгузории миллӣ мебошад. Аз рӯи шакл, таркиб, мазмуни фарогири муносибатҳои ҷамъиятӣ, ҳар гуна санади меъёрии ҳуқуқӣ бо эътирофи усули волоияти Конститутсия таҳия, қабул ва амал мекунад. Ибораи Қонуни қонунҳо инчунин ишора ба он ки Конститутсия бораи Қонуни қонунҳо инчунин ишора ба он ки Конститутсия низ яке аз қонунҳо мебошад, аммо дорои нерӯи олии ҳуқуқӣ аст.
Конститутсия – нишона, рамзи ҷудонопазири давлатдорист. Ҳар як як давлати нав таъсисёфта, тавассути Конститутсия барпоёбии худро эълон, ҳадафҳо ва самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва ва хориҷии худро муайян ва ва ифода менамояд. Тавассути рамзҳои давлатӣ мухтасар дар бораи таърихи пайдоиши давлат, давраҳои рушди давлатдорӣ, дар бораи сохтори ҷамъиятӣ, шакл ва сохти идораи давлат, муносибати шахс ва давлат ҳолатҳои калидӣ муқаррар карда мешаванд. Ҳамчунин баъзе ҳусусиятҳои этникӣ, робитаҳои таърихӣ бо халқу миллатҳои ба ҳамдигар аз самти фарҳангӣ наздик ифода карда мешаванд. Бо ин мазмун Конститутсия як нав Шиносномаи миллат, ҷомеа ва давлати мазкур мебошад. Ифодагардонии хусусиятҳои мазкур дар Конститутсия дар шакли ҳуқуқӣ-сиёсӣ суръат мегирад. Бинобар ин, ҳар як нукта ва ибораҳои Конститутсия мазмун ва таъиноти махсус доранд. Конститутсия бо вуҷуди он ки рамзҳои давлатиро муайян мекунад, худи он низ рамзу нишонаи давлатдорӣ мебошад.
Конститутсия бо забони расмии давлатии ҳар мамлакат тайёр ва қабул карда мешавад. Тибқи ҳайати миллии давлат забони расмии давлатӣ метавонад аз як ё ки аз якчанд забони миллатҳои дар таркиби давлат ҷойгир буда, иборат бошад. Одатан дар аксари давлатҳои ягона ба ҳайси забони расмии давлатӣ забоне эътироф ва муқаррар карда мешавад, ки забони муошират ва гуфтугӯи аксари аҳолии мамлакат мебошад. Дар давлатҳои шакли идораи иттифоқӣ (федеративӣ) баробари забони ягонаи расмии умумидавлатӣ метавонад забони миллии субъектони иттифоқ низ дар сарҳади ҳудуди ҷойгиршавии онҳо забони расмӣ эълон гардида, амал кунад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 аввалин бор дар таърихи давлатдории тоҷик бо забони модарӣ, яъне тоҷикӣ таҳия ва қабул гардида, забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ эълон карда шуд. Ҳамчунин забони русӣ забони муоширати байни миллатҳо дониста шуд.
Моҳияти Конститутсия.
Ҳар як Конститутсия тибқи воқеияти таърихии ба вуҷудоӣ ва рушди давлат пайдо гардида, муносибатҳои ҷамъиятиеро муқаррар ва танзим менамояд, ки иродаю манфиати нерӯҳои ба сари қудрат омадаро ифода мекунад. Дар ҷомеаҳои синфӣ конститутсияҳо мувофиқи ирода ва манфиати синфи ҳукмрон қабул гардида, ба ҳифзи манфиати онҳо мувофиқ аст. Ин ҳолат пеш аз ҳама дар муқаррар кардан ва ҳифзи моликияти хусусие ифода меёбад, ки ҷомеаи синфӣ дар заминаи он қарор ёфтааст. Ин ҳолатро хеле образнок доҳии инқилоби октябрии Руссия В.И.Ленин чунин ифода карда буд: «Рӯҳ, мазмуни асосии ҳамаи конститутсияҳои қаблӣ, то худи ҷумҳуриявӣ, демократӣ, фақат ба моликият робита дорад». Моҳияти сиёсии ҳар як Конститутсия, ки мазмуни онро ифода мекунад ба таносуби нерӯҳои сиёсии дар лаҳзаи қабули он мавҷуд буда муайян мегардад. Таъиноти меъёр ва ҳолатҳои Конститутсия ифодаи таносуби нерӯҳои дар таҳия ва қабули он иштирок дошта мебошад. Аммо ин омил дар матни конститутсияҳо бевосита ифода намеёбанд. Дар аксари онҳо Конститутсия аз номи халқ эълон карда мешавад.
Конститутсия на фақат санади ҳуқуқӣ, балки ҳуҷҷати сиёсии муҳимтарин мебошад. Мазмуни асосии он аз масъалаҳо дар бораи ҳокимият, шакли моликият, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, сохтори давлатӣ ва шакли идораи давлатӣ иборат аст. Меъёр ва ҳолатҳои он барои таъсисёбӣ ва фаъолияти мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, иштироки шаҳрвандон дар корҳои идоракунии давлатӣ асосгузоранда мебошанд. Муносибатҳои ҷамъиятии ба фаъолияти сиёсии мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ алоқаманд, тавассути меъёрҳои конститутсионӣ ба худ шакли ҳуқуқӣ мегиранд ва хислати сиёсӣ пайдо мекунанд. Хусусиятҳои сиёсии Конститутсия бо сиёсати иҷтимоии давлат пайвандӣ дорад. Дар ҳамин асос дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, роҳу воситаҳои амалӣ намудани онҳо, хусусан, татбиқи сиёсати иҷтимоӣ, музафариятҳои ноил гардида ва масоилҳои ҳалталаб чуқур таҳлил гардида, роҳҳои ҳалли онҳо муайян карда мешаванд.
Давом дорад.
Зоир Ҷурахон Маҷидзода, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Мудири Шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ашӯрбой Имомов, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ профессор, Сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови
Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷашни Меҳргон – яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориенажод буда, дар сарчашмаҳои таърихию адабӣпайдоиши он ба шоҳаншоҳҳои давраи асотирӣ ва пешдодӣ, дар робита бо пайдошавӣ ва рушду нумуи кишоварзӣ ва барқароркунии тақвими кишоварзӣ нисбат дода мешавад.
Мувофиқи маълумотҳои сарчашмаҳои хаттӣ Меҳргон ба монанди идҳои Сада ва Навруз дар байни гузаштагони мо маълум ва машҳур буд. Дар китоби «Авасто», дар асари «Шоҳнома»-и А.Фирдавси, дар асарҳои таърихии Муҳаммад Наршахӣ, дар асари «Сиёсатнома»-и Низом ул Мулк, дар «Наврузнома»-и Умари Хайём ва дигар асарҳо дар бораи ин идҳо маълумоти дода шудааст. Мардумшиносӣ машҳур Н.А.Кисляков қайд намудааст, ки «Меҳргон дар баробари Сада ва Навруз дар сарзамини ориёи иди бузург ҳисобида шуда, бо риоя намудани расму русумҳои қадимаи ориёи гузаронида мешуд».
Иди Меҳргон аз давраҳои қадим ҳамчун иди ҷамъоварии ҳосилот қайд карда мешуд. Аз рӯи ҳисоби тақвими офтобии ориёиҳои қадим, моҳи ҳафтуми сол ки Меҳр – Офтоб номида мешуд, ва тақрибан аз 22-юми сентябр то 22-юми октябр давом мекард, барои гузаронидани Иди Меҳргон мувофиқат мекард. Калимаи «меҳр» ба маънои рушнои, дӯстӣ, муҳаббат, гармӣ омада, дар ин рӯз кишоварзон ба ҷамъоварии ҳосил сар мекарданд. Ин идро гузаштагони мо ба монанди Иди Наврӯз ботантана ҷашн гирифта, дар ин рӯз хонаҳо ва ҳавлиҳоро тоза мекарданд, либоси идонаро ба бар мекарданд, дастурхони идонаро аз маҳсулоти навҷамъовардашуда меоростанд. Инчунин, дар рӯзи Иди Меҳргон сайругашти оммавӣ ташкил карда шуда, ҳар як нафар ба назди хешу табор ва дӯстон ба меҳмони рафта, ба ҳамдигар туҳфаҳоро тақдим намуда, саломатӣ, хушбахтӣ ва осудагиро хоҳон мешуданд.
Аз рӯи маълумотҳои олимони машҳури мардумшинос М.С.Андреев ва М.Р.Раҳимов дар ноҳияҳои кӯҳистони Тоҷикистони ҳозира, аз он ҷумла дар водии Хуфи Кӯҳистони Бадахшон ва Вахиёи водии Қаротегин, то миёнаҳои қарни ХХ боқимондаҳои Иди Меҳргонро мушоҳида кардан мумкин буд. М.С.Андреев менависад, ки дар водии Хуф дар мавриди гузаронидани Иди Меҳргон аз ҳосили нави гандум нон тайер намуда, онро бо равғани зарди аз айлоқ овардашуда ва гӯшт барои ҳамаи ҷамъомадагон зиёфат мекарданд. Хуроки аз ин ид бокимондаро ба ҳамаи хоҷагиҳо тақсим карда медоданд.
М.Р.Раҳимов қайд мекунад, ки дар Вахиё дар рӯзи гузаронидани Иди Меҳргон дар осиеб, орди аз гандуми ҳосили нав тайер карда шударо дар ҷои махсуси барои нигоҳ доштани орд - «кули», «хамба» пур намуда, онро сахт зер мекарданд, ки дар он ҳар чӣ зиедтар ҷо гирад. Пас аз он соҳибхоназан онро бо испанд дуд медиҳад. Бегоҳи ҳамон рӯз аз орди нав нони тунук – чаппотӣ пухта, хӯроки дӯстдоштаи мардуми онҷо – равғанҷӯширо тайер мекарданд. Аввалин шуда, калонтари хона ба хурдан шуруъ менамуд. Пас аз он, аъзоени дигари оила низ ба ӯ ҳамроҳмешуданд. Баъди хӯрок калонтари хона дуою фотиҳа мекард. Рӯзи дигар аз орди нав хӯроки умочи ба шир тайер мекарданд, ки он ҳамчун хӯроки маросимӣ дар ин рӯз ҳатми буда, онро танҳо мардони деҳа ба хотири арвоҳи гузаштагон истеъмол менамуданд.
Дар Бартанг ва Рушон чунин анъана вуҷуд дошт: вақте ки гандуми нав пухта мерасид, дар аввал аз он танҳо якчанд дарза дарав намуда,баъдан дастӣ онро орд мекарданд ва ҳамон замон аз он нон пухта, қисми зиедашро ба айлоқ мефиристонданд, ва як қисми камашро ба хонаҳо бурда, ҳамаи хешу табори наздикро даъват карда, онро дар якҷоягӣ бо аҳли оила мехурданд.
Бо мақсади «эмин доштани ҳосили нав аз чашми бад» дар ин ҷамъомад одамони бегона, ҳатто ҳамсояҳо роҳ дода намешуданд.
Ҷамъоварии ғаладонаи зироатӣ, ҳатто алафҳо низ бо иштироки бевоситаи Бобои Деҳқон, халифаҳо ва дигар шахсони мутасаддӣ ва риоя намудани анъанаҳои гуногун гузаронида мешуданд. Ҷамъоварии ҳосил аз рӯи тартиби муайян гузаронида мешуд: аввал нахуд, баъд – ҷав, гандум ва ғайра.Барои ҷамъоварии ҳосил халифа рӯз ва соати некро муқаррар менамуд.
Чӣ хеле ки М.С.Андреев қайд мекунад, ҳамаи чорабиниҳои вобаста ба ҷамъоварии ҳосил бо ташкил намудани зиёфатҳо анҷом меёфтанд. Тарзи ташкил намудани зиёфат дар ноҳияҳои гуногун намудҳои гуногун дошт. Аз рӯи маълумотҳои М.С.Андреев сарвари хона дар ҳамин рӯз, баъди анҷоми кор ба хона бар гашта, аз рӯи имконият ягон чорворо қурбонӣ карда, тамоми аъзоёни хонавода ва наздиконро меҳмондорӣ мекард.
Дар бораи мавҷудияти «Иди Меҳргон» дар ноҳияҳо ва водиҳои дигари Тоҷикистони имрӯза низ маълумотҳои зиёде мавҷуданд. Тадқиқотчиен ба хулосае омаданд, ки Иди Меҳргон ҳамчун Иди ҷамъоварии ҳосилот дар байни гузаштагони мо ҳануз пеш аз асрҳои 1Х-Х вуҷуд дошт. Имрӯзҳо ин ид бо номи «Иди Ҳосилот» эҳё гардида, дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо ва шаҳрҳо бо номҳои «Иди харбуза» ва «Иди асал» қайд карда мешавад.
Юсуфбекова З., Шовалиева М. - номзади илмҳои таърих
Маълум аст, ки фалсафа ҳамчун ҷаҳонбинии тому низоми донишҳои ақлонии назарӣ оиди оламу одам дар айёми субҳу шукӯҳи таърихии худ тамоми илму донишҳои гуногунро дарбар гирифта, бо мурури замон ҳар якеро бо мавзӯю васоили омӯзишашон мусаллаҳ намуда, маҷмӯи донишҳои онҳоро бо усулҳои фалсафӣ коркард намуда, бо як тартибу низом дар раванди таърихӣ рушду камолот мебахшид.
Фалсафа бо мақсади рушду такомули илмҳо методологияи тадқиқоти илмиро ташаккул дода, барои муқаррар намудани муносибати дуруст нисбат ба таҳқиқот, муайян кардани мақсад ва усулҳои тадқиқот, инчунин, барои мураттаб ва асоснок кардани натиҷаҳои бадастомадаи илмҳо ва касби усулҳои илмии хосашон мусоидат намудааст. Он дар ин ҷода умумро бо хос, ҷамъиро бо фардӣ, илмиро бо оддӣ бо ҳам пайванд месозад ва ҳудуди диди масъаларо васеъ карда, усулҳои нави ғайриоддии таълиму омӯзиши илмҳоро ба вуҷуд меорад. Аз ин рӯ, фалсафа чун пайвандгари илму амалҳо ва мардуму миллатҳо баромад карда, баҳри рушду камоли илмҳои замона ба онҳо василаи иртиботу муколама ва гуфтушунидро муҳайё месозад.
Фалсафа барои инсон воситаи универсалии дарки ҳаёт ва таъмини ояндаи он мебошад, ки барои шинохту омӯзиши васеи ҳодисаҳои гуногуни воқеияти атроф кӯмак намуда, дар тӯли инкишофи таърихӣ ба онҳо тафаккури мантиқиро омӯзонида, бо ин васила инсонро ба мутафаккири таҳлилгар табдил додааст. Фалсафа ҳамеша бар зидди суиқасду бӯҳронҳо, таназзули тамаддуну коҳиш ёфтани маданияту маънавиёт нигаронида шудааст. Ҳадафи он боақлона ба роҳ мондани муоширату муколамаи байни одамон, гурӯҳҳо, фарҳангҳо ва тамоми кишварҳо дар рӯзҳои мудҳишу ҳодисаҳои тақдирсозашон мебошад, ки бо онҳо дар мавриди касб намудани илму ҳунарҳо ва фаъолияти ҷамъияташон ҳамчун воситаи иртиботсоз дар сатҳҳои гуногун амал карда меояд. Фалсафа бо илм рақобат намекунад, балки онро пурра мекунад. Он барои гузоштани тадқиқоти илмӣ дар заминаи васеътар кӯмак мекунад ва саволҳои бунёдиеро ба миён мегузорад, ки ба тадқиқоти илмӣ илҳом мебахшанд.
Фалсафаи илм табиати дониши илмӣ, усулҳо ва маҳдудиятҳои онро меомӯзад. Он инчунин барои фикр кардан дар бораи ҷанбаҳои ахлоқӣ ва иҷтимоии кашфиёти илмӣ ёрӣ мерасонад. Ба андешаи мо, фалсафа барои илмҳои замона мисли модарест, ки бо пайвандии асилу ҳикматомезаш, аз ҷониби офаридааш меҳру вафо ва қадру сипосгузорӣ набинад ҳам, вале ҳамеша ҳастии парвардаи хешро хоҳону ҷӯё аст. “Чӯбро об фурӯ менабарад донӣ зи чист? Шармаш ояд аз фурӯ бурдани парвардаи хеш”.
Пас чаро, имрӯзҳо, мо фалсафаро чун бори гарону корношоям ва, баъзан, нодаркор шуморида, мавқеъ ва густариши онро дар майдони илмумаърифат танг карда, мисли фарзандони нохалаф нодидагирӣ карда, дар сатҳи маърифатӣ ва маънавӣ ба он беэътиноӣ зоҳир месозем? Чаро ки мо фалсафаро ба унвони як ҷаҳонбинии ратсионалӣ ва илми мантиқро чун асбоби хирадафзою илми ҳикматомӯз парваришу дастгирӣнамекунем? Чаро фанни “Мантиқ” дар донишгоҳҳо фақат дар барномаи таълимии баъзе ихтисосҳо дохил карда шудаасту бас? Чаро ҷавонони мо аз ҳикматдӯстию шаклҳои мантиқии фикр: мафҳум, муҳокима, хулосабарорӣ ва қоидаҳои хоси онҳо бехабаранд? Сад ҳазор чаро!...
Фалсафа як фаннест, ки масъалаҳои бунёдии табиати ҷаҳон, инсон, дониш, ахлоқ ва дигар паҳлӯҳои ҳастиро меомӯзад. Сарфи назар аз он, ки ҷаҳони муосир бо илму фановариҳои нав ғанӣ гаштааст, фалсафа ҳамчун як соҳаи муҳим ва мураттаби дониш боқӣ мемонад. Фалсафа дар ташаккули арзишҳо ва ҷаҳонбинии одамон нақши муҳим дорад. Он барои мулоҳиза кардани саволҳо дар бораи маънии ҳаёт, ахлоқ, неку бад кӯмак мекунад. Фалсафа ба мо имкон медиҳад, ки муаммоҳои ахлоқиро баррасӣ ва таҳлил кунем, ки ин дар ҷомеаи муосир махсусан муҳим аст,чунки дар ин ҷо масъалаҳои мураккаби ахлоқии марбут ба биоэтика, навовариҳои технологӣ ва дигар паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба миён меоянд. Фалсафа бо омӯзонидани мафҳуму категорияҳо ва қонунҳои диалектикӣ ба насли ҷавон бедории шуур ва худогоҳӣ бахшида, сатҳи ҷаҳонбинӣ ва худшиносиашонро баланд нигоҳ медорад.
Омӯзиши илми мантиқ, чун ҷузъи ақлонии фалсафа, хусусан, барои ҷавонони имрӯза хеле муфид аст,зеро он ақлу заковатро тарбия намуда, дар зеҳну шуури ҷавонон ба худ эътимод доштан, солимии афкор, худогоҳӣ ва рӯҳи қавии онҳоро тарбия мекунад. Мантиқ илмест, ки шаклҳои фикрро аз ҷиҳати сохту таркиб, тарзи алоқамандии онҳо қатъи назар аз тағйироту тараққиёташон меомӯзад. Илми мантиқ, қонун ва қоидаҳоеро меомӯзад, ки онҳо дар рафти хулосабарорӣ амал мекунанд. Ба қоидаҳои махсуси шаклҳои мантиқӣ риоя кардан шарти асосии пайдо намудани хулосаҳои саҳеҳ дар фаъолияти касбӣ ва зиндагӣ мебошад. Аммо ин шарту усули ба роҳ мондани фаъолияти иҷтимоӣ ва зиндагонӣ, имрӯзҳо, аз мадди назари мутафаккирони илму маориф чунон афтодааст, ки мо мутахассисони мантиқшинос ва устодони барҷастаи шогирдпарвар хеле кам дорем. Шояд аз сабаби он ки илми мантиқ хеле мураккабу мушкилфаҳм аст ва фалсафашиносони мо бештар аз мутахассисони илмҳои фанҳои дақиқ нестанд, тарзу усулҳо ва ҳангоми таълими фанни фалсафа методологияи омӯзиши чунин фанҳои таълимиро ба қадри кофӣ дарку истифода накардаанд ва ё ба умқи фалсафадонӣ дуруст нарасидаанд? Эҳтимолан, аз ин сабаб бо иштибоҳ фалсафаро мушкилфаҳму нолозим мешуморанд?
Маълум аст, ки огоҳӣ доштан аз фалсафа ва илми мантиқ чун воситаҳои баҳсу мунозираҳои ҳикматомезу оқилона ҳамеша ба шуурнокӣ ва маърифати мантиқии тафаккури ҳомилонаш ишора менамояд. Аз ин рӯ, дар тӯли замонҳо дар ҳар илму касби ҳунар майл кардан ба фалсафа ва омӯзиши илми мантиқ, ки чун як ҷодаи мубраму пурмӯҳтаво ва иқдоми нерӯбахшанда ба ҳисоб мерафт, муттасил роҳандозӣ мешуд. Дар асл, огоҳӣ доштан аз фалсафа ва азхуд намудани амалҳои фикрию қонунҳои мантиқӣ тафаккурро сайқал дода, тавассути таҳлилҳои мантиқӣ фикрҳо дуруст шуда, дар ҷустуҷӯи ҳақиқат ба ҳалли мушкилиҳои воқеии иҷтимоӣ мусоидат мекунанд.
Мутафаккирони асрҳои гузаштаи мо дар даврони шукӯҳи дини ислом, гарчи дар чорчӯбаи динӣ мондагор шуда бошанд ҳам, маҳз бо шинохти ҷаҳонбинии фалсафӣ ва омӯзиши илми мантиқ қолабҳои хурофотии монеасозро шикаста, бо баҳсу талошҳои илмию дунявӣ ба қуллаҳои баланди маърифату маданияти волои хеш ва эътирофи башарият расидаанд. “Дониш на садди роҳи шинохти Худост, балки мададгор аст...он дониш аст, на имон, он калиди солимии рӯҳӣ ва наҷоти инсон мебошад,” - таъкид мекунад Абуали Сино.
Ба ақидаи мо, василаи ҳаллу фасли ин масъала марбут ба маҳдудгардони омӯзиши фанни Мантиқ ва омӯзиши сарсаронаи фанни фалсафа дар донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ мебошад, ки насли ҷавонро ба тангназарӣ ва кундзеҳнӣ мерасонад, ки оқибаташ ҷамуди фикрӣ ва манкуртист. Шояд аз ин сабаб, ки, имрӯзҳо, бештари мардум, аз он ҷумла, мутахассисон ва донишҷӯёни муосир дар чорчӯбаи илму ҳунарҳои хеш маҳдуд шуда, бештар ба маънавиёти рӯҳонӣ мегарованд.
Маҳдуд будани омӯзиши масъалаҳои илми соҳавӣ аз назари фалсафӣ ва қонуну амалҳои мантиқӣ дар соҳаи маорифу маданият, ба хурофотпарастӣ роҳ кушода, барои афзалият пайдо кардани дину донишҳои динӣ, аз як тараф, ба тангназарӣ ва, аз тарафи дигар, барои пахш шудани андешаҳои дунявӣ аз ҷониби хурофоти динӣ мусоидат мекунад. Анъанаҳои динии хурофотиро Абӯнасри Форобӣ фитнагарӣ ва доми гурӯҳе мешуморад, ки бидуни муборизаи ошкоро, баҳри ба даст овардани неъматҳо дар ҷомеа фаъол мегарданд. Бинобар ин дар мавриди таснифи илмҳо Абӯнасри Форобӣ мақоми илми мантиқ ва фалсафаро аниқ муайян намуда, мантиқро яке аз илмҳои назариявӣ ва санъате мешуморад, ки қонуну қоидаҳои тафаккурро меомӯзад. Форобӣ фалсафаро чун илми назариявӣ, ки бо далелҳои равшану боварибахш оиди моҳияти тамоми ашё ва мавҷудоти олам дониши мукаммал медиҳад, аз ҳама илмҳои дигар болотар мегузорад. Ба ақидаи мутафаккир, ҳар касе, ки барои омӯзиши дониши фалсафӣ саъй мекунад, бояд покизагии рӯҳ ва хислатҳои хуби ахлоқӣ дошта, бо ахлоқи ҳамида, камолоти зеҳнӣ ва сифатҳои баланди маънавиаш ба мардум намунаи ибрат бошад.
Фалсафа бо тамоми усулҳо ва низоми маҷмӯи донишҳои гуногунҷанбаи хеш нисбати оламу одам ва мавқеи инсон дар ҷомеа ба ташаккули шуури одамон кӯмаки ҷиддӣ расонида, ба онҳо маънавиёти солим мебахшад. Материализм ва диалектикаи онро метавон ба контексти ақидаҳои ормонгароёнаи (идеалистии) худи файласуф дохил кард, чи тавре ки масалан, бо назарияи ҳиссии Д.Беркли ё назарияи усули юнонии апполонӣ ва дионисии Ф.Ницше рух медиҳад, баҳсангез бошанд ҳам, вале онҳо ҳанӯз ҳам мавҷуданд, зеро олами объективии воқеӣ вучуд дорад ва доимо ғайричашмдошт тағйир меёбад.
Фалсафа дорои донишҳои назарии тахминие мебошад, ки тавассути мушоҳидаҳо ва амалҳои мантиқӣ таҳлилу таҷзия меёбанд, аммо бурҳону далелашон бо мурури замон бо мусоидати рушди техника ва технологияҳои мувофиқ, ба вуҷуд омадани асбобҳое, ки ба нерӯи табиии узвҳои эҳсосотӣ ва дарки инсон қудрату имкониятҳои тоза мебахшанд, ба исбот мерасанд. Ба мисли он ки масъалаи мабдаъ ва маод - парастиши модда аз тарафи файласуфони антиқа Фалес, Анаксимен, Анаксимандр, Гераклит, Левклиппу Демокрит ва дигарон назарӣ ҳал карда шуда буд. Фалес сарчашмаи ҳаётро дар об, Анаксимен дар ҳаво, Анаксимандр дар як ҷавҳари ҷудогона – об ё оташ нею ибтидои оламро дар мавҷудияти апейрон - ҷавҳари номуайяне медид, ки ҳама чиз аз он тавлид мешавад ва ҳама чиз ба он бармегардад. Анаксимандр аввалин шуда назарияи такомул: аз моҳӣ ба вуҷуд омадани одам, Анаксимен оиди қонуни гузариши таъғироти миқдорӣ ба сифатӣ, дар мавриди соишхӯрии нахустматерия – “ҳаво" ва пайдоиши ашёи моддӣ чун натиҷаи он, Гераклит мабдаи маодро дар оташ, Левклиппу Демокрит дар мавҷудияту соишхӯрии зарраҳои хурдтарин – атомҳо таъкид мекарданд.Ин донишҳои назарии ақлонӣ аз ҷониби мутафаккирони антиқӣ тавассути тафаккури мантиқӣ ва истифодаи қонунҳои мантиқӣ ба даст оварда шуда буданд. Баъди ривоҷу равнақ ёфтани илм ва соҳаҳоитехникаю технологияҳо, мукаммал шудани назарияҳо оиди пайдоиши олам, баъди чандин ҳазорсолаҳо бо ихтирои микроскоп, тавассути кашфиётҳо ва назарияҳои нав ба нави илмӣ тасдиқи худро ёфтаанд.
Бо вуҷуди ин,ба сабаби дуруст дарк нашудани моҳияти фалсафа ва вазифаи методологии он дар рушди илмҳо, имрӯзҳо, аз тарафи баъзе олимони тангназар ва аҳли дин як гаровиши номатлуб - нодида гирифтани мақому манзалати фалсафа ва ба ин василаон аз доираи илму маориф танг карда баровардани ин маншаи хирадомӯз мушоҳида мешавад. Оқибати ин падида хеле ташвишовар аст. Аз ин ҷиҳат саволи баҳсбарангезе ба миён меояд, ки оё фалсафа илм аст? Аз як тараф, фалсафа дорои тамоми аломатҳои илм: объект ва предмети омӯзишу пажӯҳиш, ҳадафу вазифаҳо, усулҳо ва дорои мафҳумҳо вадастгоҳи категориалӣ мебошад.
Аммо на ҳамаи масъалаҳои фалсафиро бо воситаҳои илмӣ ҳал кардан мумкин аст. Фалсафа аксаран, дар он ҷо сар мешавад, ки ҳудуди як фанни мушаххас ба охир мерасад. Ба ин маъно, фалсафа, одатан, барои ҳалли мушкилотоиди асосҳои илм ё марзи он ба соҳаҳои нав муроҷиат мекунад. Фалсафаро метавон танҳо ба маънои васеътарини калимаи «илм» - ҳамчун ҷустуҷӯи дониш дар пояи ақлу хирад номид. Дар баробари ин, масъалагузории фалсафӣ ва тарзи муносибати он ба ҳалли ин масъалаҳо аз фанҳои мушаххаси илмӣ хеле фарқ мекунад. Масъалагузории фалсафӣ хеле умумӣ бошад ҳам, аслан, амиқ, ҳамаҷониба ва фарогири тамоми ҷанбаҳои мавзӯъ аст.
Аз ин рӯ, имрӯзҳо, замона тақозо мекунад, ки дар шароити ҷаҳонишавии василаҳои иртиботу муколама ва мураккаб шудани муносибатҳои ҷамъиятӣ, инчунин, богустариши рақамикунонии тамоми соҳаҳо ва воситаҳои ахбори омма, ҳар як фарди ҷомеа ва, хусусан, ҷавонони худогоҳу ботафаккур бояд аз файзи ин дастовардҳои сармояи маънавии инсон - илми мантиқ ва фанни фалсафашиносӣ, ки донишҳоро тамйизу мураттаб месозанд, бархурдор гарданд.
Назира Орифҷонова, номзади илмҳои фалсафа, дотсент, ходими калони илмии Шӯъбаи фалсафаи иҷтимоии ИФСҲ-и АМИТ
(Дар ҳошияи Рӯзи Истиқлоли давлатӣ дар Озарбойҷон 18 октябр)
Тоҷикистони соҳибистиқлол бо қабули сиёсати “дарҳои кушод” қадамҳои хешро устувор гузошта, бо мамолики ҷаҳон равобиту дӯстиро тақвият бахшида. Дар зимн, Озарбойҷон яке аз кишварҳои пешрафтаи Қафқоз буда, фаровон аз сарватҳои табиӣ мебошад. Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон29 майи 1992 барқарор шуда, аз 22 сентябри соли 2007 дар Тоҷикистон Сафорати Озарбойҷон фаъолият мекунад. Сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон23 марти соли 2008 фаъолиятро оғоз кард.
Ҳаминтариқ, муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба таври анъанавӣ дар руҳияи эҳтиром ва шарикӣ инкишоф меёбанд. Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҷонибдори густариш ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ буда, узви як қатор созмонҳои байналмилалӣ ба ҳисоб рафта дар чаҳорчӯбаи СММ, ИДМ, САҲА, Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ЭКО), Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ ва ЮНЕСКО ҳамкориҳоро ба роҳ монданд.
Зимнан бояд зикр кард, ки Озарбойҷон яке аз кишварҳои Осиёи Миёна ва Қафқоз буда, турбати Низоми Ганҷавӣ мебошад. Мардуми ин сарзамин мисли мардуми Тоҷикистон фарҳандӯсту меҳмоннавоз буда, дар ҷануб бо Эрон ва Туркия, дар шимол бо Россия, дар шимолу ғарб бо Гурҷистон ва дар ғарб бо Арманистон ҳамсарҳад буда, 86,6 ҳазор км мураббаъ масоҳат дошта, пойтахти он шаҳри Боку мебошад.
Кишвари Озарбойҷон саршор аз сарватҳои табиӣ буда, дорои тамаддуну таърихи қадим мебошад. Тибқи баъзе сарчашмаҳо Озарбойҷон аз ду бахш иборат аст. Калимаи"озар" маънои "мард”, “ҷавони қаҳрамон", "оташнишон", ё "хазинадор"-ро ифода мекунад ва "байҷан" маънои "хок” ё “замин" мебошад.
Ин кишвар низ забон, фарҳанг ва тамаддуни таърихи 5000 сола дорад, ки ба охирҳои 4000 ва аввалҳои3000 соли қабл аз мелод рост меояд. Дар асри 7 мардум дини исломро пазируфта, одобу сунати худро нигоҳ дошта, манотиқи зиёди инҷо зери роҳбарии Сафавӣ, Афшар ва Гаҷар идора мешуд.
Дар ин зимн,солҳои 1813-1828 тавофуқномаҳо байни Россия ва Эрон сурат гирифт, ки дар он Озарбойҷон зери салтанати шоҳигарии русҳо боқӣ монд. Дертар шоҳигарони рус барои нигоҳдорӣ ва тавсиаи салтанати худ, Озабойҷонро чун кишвари сарзамини Қафқоз худмухторият намуд, ки зери хонҳои Нахчивон мудирият мешуд ва то қисмати куҳҳои Қарабоғ ва Туркия сарҳад дошт. Дар натиҷа, рӯзи28 майи санаи 1918 аввалинкишвари демократии Озарбойҷон чун мамлакати озод, ҳуқуқбунёд арзи ҳастӣ намуд. Он замон парлумони ин кишвар 270 қарорро баррасӣ кард, ки дар натиҷа, 230 он мавриди қабули ҳамагон қарор гирифт ва то имрӯз амалӣ мегарданд. Озарбойҷон яке аз аввалин кишварҳои Осиёи Миёна ва шарқи мусалмон аст, ки овоздиҳиро барои занон расман иҷозат дод.
Дар натиҷаи талошу муборизаҳо мардуми ин кишвар тавонист, сарвату дороиҳои худро ҳифз намояд ва сокинонашро дар руҳияи ватандустию саховатмандӣ тарбият намуда, аввалин санги ҳуввияти миллиро соли 1969 Ҳайдар Алиев поя гузошт.
Озарбойҷон санаи18-уми октябри 1991 истиқлолиятро бар асоси идеяаҳои миллӣ, ватанхоҳӣ, ахлоқӣ ва мустақилият эълон карда, Ҳайдар Алиев аввалин президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон интихоб гардид.
Озарбойҷони имрӯза муносибаташро бо Тоҷикистон аз замони истиқлолият оғоз карда, ҳамкориҳои ҳар ду кишвар аз 29-уми майи соли 1992 роҳандозӣ шуд. Ҳамзамон Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон аввалин маротиба аз 23-юми марти соли 2008 дарҳои худро боз кард ва Ҷумҳурии Озарбойҷон сафорати худро дар санаи 22-юми сентябри соли 2007 дар Тоҷикистон расман ифтитоҳ карда ба фаъолият оғоз кард.
Ҳардукишвар бо барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ, ҳамкориҳои дуҷониба ва бисерҷониба байни Тоҷикистону Озарбойҷон дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ рушд ёфта, якҷо бо ҳам дар арсаи байналмилалӣ шарикони боҳамто мебошанд.
То имрӯз тавассути боздидҳои расмии сарварони ҳар ду кишвар ба Душанбеву Боку (15-16-уми марти соли 2007 санаи 13-14-уми августи соли 2007 ва 11-13 июли соли 2012) муносибатҳои тарафайн сарчашма гирифта,рӯз то рӯз таҳким меёбад. Дар аснои боздид ҷонибҳо самтҳои асосии ҳамкориҳоро дар бахши сиёсат, иқтисод, илму техника ва ғайраро баррасӣ карда,ба имзо расонданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон моҳи июли соли 2012 сафар карда,марҳилаи навро дар таърихи ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷон оғоз намуд. Тоҷикистону Озарбойҷон беш аз 30 ҳуҷҷату санадҳои ҳуқуқиро муштаракан ба имзо расонданд,ки чун қарордоду аҳднома байни ҳар ду кишвари дӯст ва шарик ба ҳисоб мераванд.
Бояд қайд кард,ки самтҳои афзалиятнок дар ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон филизоти ранга, маҳсулоти кишоварзӣ, энергетика, саноати сабук, нақлиёт ва коммуникатсия, муносибатҳои байнибонкӣ буда,дар ҳолати рушд қарор дошта, тибқи сарчашмаҳои гуногун ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар сол аз сол ривоҷ ёфта истодааст ва заводи алюминии тоҷик “ТАЛКО” маҳсулоташро аз тариқи роҳҳои обӣ ва оҳани Ҷумҳурии Озарбойҷон ба кишварҳои Аврупо интиқол медиҳад.
Робитаҳо ва ҳамкориҳо миёни шаҳрҳои Хуҷанд ва Ганҷа ба роҳ монда шуда,санъати мусиқии миллии “Шашмақом”-у “Фалак” ва озарӣ “Мугам” ё “Ашиг” хеле ба ҳам наздикӣ доранд.
Тибқи баррасиҳои дарёфтшуда, сайёҳон ин диёрро ба хотири доштани боду ҳавои субтропикии хос, меваҳои гуногунранг, ба монанди афлесун, лимӯ, кивӣ ва дар қисматҳои ҷануб дарахти банан ва соҳилу обшорҳо, калонтарин баҳри шӯри дунё, Гобустон ва Ичери (шомили рӯйхати ЮНЕСКО), Чорбоғи Боку, Бурҷи шуъла ва Толори булӯрӣ шуҳрати ҷаҳонӣ доранд.
Зимнан, Тоҷикистон бо қуллаи баландтарини дунё – Исмоили Сомонӣ (баландии зиёда аз 7000 метр), шаҳри Саразм, истироҳатгоҳҳои кӯҳии Гармчашма, Шоҳамбарӣ, Хоҷаобигарм ва Обигарм, мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Яъқуби Чархӣ, Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ (дар шаҳри Панҷакент), Абулайси Самарқандӣ (аз муридони Мавлоно Яъқуби Чархӣ маҳаллаи Теппаи Самарқандӣ), Ҷунунӣ (дар Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ), Абумӯсо Ашъарӣ (Кӯҳистони Мастчоҳ), бозори Панҷшанбе-и Хуҷанд, қалъаҳои Ҳисору Ҳулбук, Кохи Наврӯзу Боғи Рӯдакиву Айнӣ, Китобхонаи пурҳашамати камназир, атласи хуҷандӣ, куртаи чакани кӯлобӣ, ҷуробу попӯшҳои бадахшонӣ, нонҳои хоси зарафшонӣ, қурутобу шакаробу оши палов бо табақи махсуси тоҷикӣ аз ҳунару русуми мардумии тоҷик мебошанд, ки бо ҷойгишавӣ дар Роҳи Абрешимва доштани дарёҳову обҳои тозаву мусаффо, чашмаҳову обшорҳои фаровонманбаи ҷазби сайёҳон гардидааст, ки ҳар ду кишварро барои ҳамкории бештар дар рушди туризми минтақавӣ мусоидат мекунад.
Тоҷикистону Озарбойҷон бо ҳамин хусусияту сарватҳои худ чун ду кишвари дӯст, дорои фарҳангу русуми муштарак, равобити ҳасанаи худро идома дода, таҷрибаҳои якдигарро дар бахши сиёсат, адабиёт, фарҳанг, саёҳат дар партави дипломатияи мардумӣ истифода карда, муносибатҳоро тақвият мебахшанд.
Мирсаид РАҲМОНОВ, Ходими калони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Меҳргон чун Наврӯз аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми ориёитабор мебошад. Агар Наврӯз оғози баҳор, оғози соли нав ва эътидоли баҳории Хуршед дар бурҷи Ҳамал бошад, Меҳргон оғози нимаи дувуми сол ва ё фасли тирамоҳ- ҳулули Хуршед дар бурҷи Мизон мебошад. Ин ду ҷашнро дар сарчашмаҳои қадимӣ ду қутби зиндагонии мардум муаррифӣ намудаанд, ки аз Наврӯз дар айёми баҳор шурӯъ гардида, дар замони таҷлили Меҳргон, яъне дар тирамоҳ ба анҷом мерасанд. Маънои калимаи “меҳргон” меҳр буда, дар аввал шакли “Митра”, яъне номи яке аз бузургтарин худоёни ориёиҳо будааст.
Ин ҷашн низ ба монанди Наврӯз ҷанбаҳои гуногуни таърихӣ, нуҷумӣ, динӣ, кишоварзӣ ва иҷтимоӣ дорад. Агар ҷанбаи таърихии он як зумра ҳодисаҳои муборизаи некӣ бар бадӣ, нур бар зулмот ва барқарор намудани адлу ростиро дар Эронзамин дар бар гирад, ҷараёни офариниши оламу ҷаҳоншиносӣ масъалаи нуҷумии онро фаро мегирад. Ҷанбаи оинии он бошад, ба пайдоиши дини меҳрпарастии ориёиён иртибот дорад, ки он дар асри XVIII пеш аз мелод дар канор ва соҳилҳои рӯдҳои Ҷайҳуну Сайҳун ба вуҷуд омада, то замони Ҳаҳоманишиён дар мамолики Шарқ фаъолона амал мекард ва бино ба маълумоти Ксенофонт ва Плутарх он ба сарзаминҳои Ғарб чунон босуръат интишор ёфт, ки ҳатто император Нерон онро расман қабул кард ва то асри IVмелодӣ ба Испанияву Англияву Франсия то сарзамини Скотланд нуфуз пайдо намуд. Танҳо император Константин барои интишори дини масеҳӣ тавонист, ки пеши роҳи нуфузи баъдинаи митраизм дар Ғарбро бигирад.
Дар хусуси пайдоиш ва суннатҳои ҷашни Меҳргон дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеии ниёгони мо андешаҳои гуногун аст. Нахусутин андешаҳо перомуни ин масъала ба суннатҳои мардуми ориёитабор рост меояд, ки мувофиқи он мутобиқати ҳар рӯзи моҳро бо номи он ҷашн мегирифтанд. Маҳз дар ҳамин бора рисолаи махсусе бо номи «Рисолаи рӯзҳо» то замони мо расидааст, ки дар он шарҳи моҳияти рӯзҳои моҳ, аз ҷумла хосияти мутобиқати номи рӯз бо номи моҳ, ки сабаби ҷашн гирифтани он мегардад, баён шудааст ва бо сабаби мувофиқ омадани номи яке аз рӯзҳо ба номи моҳи Меҳр ба он пасованди «гон»-ро изофа намуда, “Меҳргон” гуфтаанд ва дар рӯзи 16-уми моҳи Меҳр, ки баробар ба рӯзи 8-уми моҳи октябри мелодист, ҷашн мегирифтанд.
Бояд қайд кард, ки гузаштагони мо дар хусуси ҷашни Меҳргон ба мисли Наврӯз ривоятҳои фаровон боқӣ гузоштанд, ки дар қисмати зиёди онҳо пайдо шудани Хуршед ё Меҳрро ба ин рӯз нисбат додаанд. Ҳамчунин, омадани фариштагон барои нусрати Фаридун дар набард бо Заҳҳоки морон ва пирӯзии Коваву партавафшонии дирафши ковиёниро низ ба айёми Меҳргон нисбат додаанд. Аммо собиқаи ин ҷашнҳои дерин ҳикоятгари он аст, ки мардумони ориёӣ қабл аз зуҳури Зардушт Наврӯзу Меҳргонро гиромӣ доштаанд ва ин ду ҷашнро, ки бартар аз замону ҳамаи андешаҳои динӣ будаанд, чун намое аз тавоноии Офаридагори ҷаҳон донистаанд ва дар асрҳои баъдӣ ин ҷашнҳоро хостаанд маъниҳои мазҳабӣ бахшанд. Ҳамин тавр, Меҳргонро бар қиёмат, ки охири олам аст, монанд карда, Наврӯзро бар растохез, ки рӯзгори бедории табиат ва одаму олам аст, монанд донистаанд.
Бояд қайд кард, ки Абусаъид Абдулҳайи Гардезӣ дар асари худ «Зайн-ул-ахбор» дар бобати идҳо маълумотҳои фаровон оварда, ҳар кадом идро бо рӯзҳояшон тасвир намудааст. Ӯ дар ин асари худ дар боби «Андар идҳо ва расмҳои муғон» бо ҷадвал ва тафсилот чунин баён намудааст: «Сухан андар маънии идҳои муғон ва аҷамиён гӯем ва падид кунам, ки ҳар иде ба кадом рӯз бошад ва рӯзҳои эшон. Ва он рӯзро андар ҷадвал овардам, ҳам бар он ҷумла, ки аз они арабиён гуфтам. Ва онро ба чаҳор ҷадвал андар овардам: нахуст адад (дудигар), ҷашнҳо ва идҳо. Ва ҷадвали се дигар андар рӯзҳои моҳҳои аҷамиён. Ҷадвали чаҳорум андар моҳҳои муғон" .
Дар ҷадвали тартибдодаи ӯ 31 ид номбар мешавад, ки дар байни онҳо Меҳргон низ ҷой дорад. Тибқи маълумоти он Меҳргон дар зинаи 16-ум қарор гирифта, ба 16-уми Меҳрмоҳ рост меояд. Пас аз ин, Ромрӯзи Меҳргони бузург дар зинаи 17-ум ҷой дода шудааст, ки ба 21-уми Меҳрмоҳ рост омадааст.
Гардезӣ дар ин асари худ дар боби «Андар шарҳи ҷашнҳо ва идҳои муғон» ҳар як идро шарҳ дода, сабабҳои ба вуҷуд омадан ва таҷлил намудани онҳоро зикр менамояд. «Муғонро ҷашнҳои фаровон будааст андар рӯзгори қадим ва ман он чӣ ёфтам, ин ҷо биёвардам, андар ин ҷадвалҳо ва акнун шарҳи сабаби ҳар якеро бигӯям ҳам бар он ҷумла, ки андар кутуб ёфтам» . Ӯ дар бобати Меҳргон мефармояд: «Ин рӯз Меҳргон бошад ва номи рӯзу номи моҳ муттафиқанд. Ва чунин гӯянд, ки андар ин рӯз Афридун бар Беварсап, ки ӯро Заҳҳок гӯянд, зафар ёфт, мар Заҳҳокро асир гирифт ва ба Дамованд бурду он ҷо ба ҳабс кард ӯро» . Ҳамчунин, дар шарҳи идҳо нисбат ба Ромрӯзи Меҳргони бузург чунин мегӯяд: «Меҳргони бузург бошад ва баъзе аз муғон чунин гӯянд, ки ин фирӯзии Афридун бар Беварасп ромрӯз будааст аз Меҳрмоҳ. Ва Зардушт, ки муғон ӯро ба пайғамбарӣ доранд, эшонро фармудааст бузург доштани ин рӯз ва рӯзи Наврӯзро» .
Меҳргон пеш аз аҳди Ҳахоманишиён дар аҳди Каёниён, ки дар боло аз қавли Фирдавсӣ зикр шуд, таҷлил мегардид. Аммо дар замони ҳукумати Сосониён ин ҷашн ҷалолу шукӯҳи тозае ба худ гирифт ва ҳатто дар аввалҳои даврони исломӣ низ Меҳргон он шаҳоматашро аз даст надода буд. Дар бомдоди рӯзи Меҳргон шоҳи Сосонӣ ҷомаи махсусеро, ки аз матои бурди яманӣ ва зарбофти гаронбаҳо дӯхта мешуд, ба бар карда, тоҷеро, ки тасвири Хуршед дошт, бар сар мениҳод. Дар толори бузург менишаст ва мардуми аз ҷойҳои дуру наздик омадаро мепазируфт ва ҳадяҳояшонро қабул менамуд.
Пас аз суқути давлати Сосониён бисёре аз расму русуми мардумони эронитабор аз байн рафт, ки аз миёни онҳо танҳо Наврӯз, Меҳргон ва Сада боқӣ монданд ва то ҳамлаи муғул (асри ХIII) ин ҷашнҳо дар дарбори шоҳон ва хулафо расм гардида буд.
Дар аҳди арабҳо ҳарчанд муборизаҳо ҷиҳати аз байн бурдани иду ҷашнҳои мардуми эронитабор сурат мегирифт ва бисёре аз онҳоро аз байн бурд, вале осори онро комилан маҳв сохта натавонист. Уммавиён бо вуҷуди душманӣ бо русуми миллии ғайриараб, аз ҷумла тоҷикон, чун расми ҳадя додани мардумро писандиданд, бо баргузории Меҳргон мухолифати ошкоро накарданд. Аммо Меҳргон дар радифи дигар ҷашнҳои миллӣ аз давраи Аббосиён, ки парвардаву баркашидаи мардуми Хуросон буданд, равнақи дигар гирифт. Халифа Маъмун (813-833) беш аз дигарон ба ҷашнҳову маросимҳои мардуми Хуросон таваҷҷӯҳ кард ва дар ин давра он бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷилил мегашт.
Меҳргон дар аҳди салтанати Тоҳириёну Саффориён ва Сомониён дар тақлид ба Бағдод таҷлил мегашт.
Зарринкӯб Абдулҳусайн дар асари худ “Таърихи мардуми Эрон” (аз поёни Сосониён то поёни Оли Бӯя) қайд менамояд, ки суннату русуми дарбори Бухоро бо рӯйи кор омадани Маҳмуд ба Ғазнин интиқол ёфт . Аз ҷумла, таҷлилу гиромидошти ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргону Сада дар дарбори Ғазна идома ёфт, ки аз нуфузи фарҳанги тоҷикӣ ҳикоят мекунад.
Таҷлили ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргонро амирони Ғазнин пуршукӯҳ баргузор мекарданд. Дарвозаи зиндонҳо боз мешуд, ба рӯйи бенавоён низ дари хайр мекушоданд ва ба онҳо инъому ҳадя нисор мекарданд. Дар ин рӯзҳо олимону шоирон даъват шуда, базму тараб меоростанд.
Хоҷа Абулфазл Муҳаммад ибни Ҳусайн, ки рӯзгори салатанати Ғазнавиёнро китобат кардааст, дар асари худ “Таърихи Байҳақӣ” дар баробари дигар паҳлуҳои ҳаёти моддии он давр истиқболи Наврӯзу Меҳргонро дар аҳди Ғазнавиён тасвир намудааст. Тибқи гуфтаи Байҳақӣ дар рӯзҳои Наврӯзу Меҳргон шаҳру навоҳии ин давлат ҳадияҳои зиёди ҷашнӣ омада, таомҳои хоса тайёр мекарданд. Тибқи гуфтаи ӯ дар ин рӯзҳо маҷлиси шароб барпо шуда, занони пойкӯб ширкат ва шодиву базмороӣ мекарданд. Ба гуфти Байҳақӣ дар маҷлиси шароби амир ҳар кас наметавонист ширкат кунад ва ҳузур дар чунин базм барои аҳли дарбор ва мардуми ҷоҳталабу чоплуси он рӯзгор ифтихор буд ва ҳатто вақте Масъуд даъвати падарро барои ширкат дар маҷлиси шароб мешунавад, шодӣ мекунад. Маҳмуд ба писараш мегӯяд: «Навбате диранг кун, ки мо нишоти шароб дорем ва мехоҳем, ки туро пеши хеш шароб диҳем, то ин навохт биёбӣ. Амир Масъуд ба хаймаи навбат бинишасту шод шуд бад-ин фатҳ»
Тибқи иттилои Байҳақӣ Масъуд нахустин маротиба пас аз ба даст овардани тоҷу тахт ва банд кардани бародараш Муҳаммад Меҳргонро таҷлил кард, ки ин ба моҳи рамазони соли 421 (баробар бо августи соли 1031) рост омад. Байҳақӣ мегӯяд: «Рӯзи душанбе ду рӯз монда аз моҳи рамазон ба ҷашни Меҳргон бинишаст ва чандон нисорҳову ҳадяҳо ва турафу сутур оварда буданд, ки аз ҳадду андоза бигзашт». Аз ҳадяҳои фаровони волии ситампешаи Хуросон Абулфазли Сурӣ ҳикоят мекунад, ки ӯ «бениҳоят чизе фиристода буд наздики вакили дараш, то пеш овард». Байҳақӣ ҳадяву нисори сардорони дигар вилоётҳоро зикр менамояд. «Ҳамчунон вукалои бузургони атроф, чун Хоразмшоҳ Олтунтош ва амири Чағониёну амири Гургон ва вулоти Қусдору Макрон ва дигарон бисёр чиз оварданд ва рӯзе бо ном бигузашт» .
Абулфазли Байҳақӣ аз баргузории Меҳргони соли 1035, ки ба 22 сентябр рост меояд, ёдовар шудааст. Дар ин ҷашн тибқи расму оинҳои маъмул «нисорҳову ҳадяҳо оварданд аз ҳадду андоза гузашта. Ва пас аз намоз нишоти шароб кард ва расми Меҳргон ба ҷой оварданд сахт некӯ бо тамоми шароити он» . Тавре мушоҳида мешавад, шоҳиди он рӯзгор ибораи «бо тамоми шароити он» ҷашн гирифтани Меҳргонро махсус таъкид мекунад. Аз ин чунин бармеояд, ки Меҳргон дар шумори ҷашнҳои расмии давлати Ғазнавиён эътироф гардида, фурсате будааст барои нишон додани шукуҳу чалоли дарбор ва баҳона баҳри хуш гузаронидани айём.
Ҳамин тавр, Меҳргон дар салтанати Ғазнавиён бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегашт. Дар асрҳои миёна то ба ибтидои садаи ХХ ҷашни Меҳргон ҳамчун иди оммавӣ бо номҳои “Сайр” ва “Иди тирамоҳӣ” ҷашн гирифта мешуд. Устод С.Айнӣ дар асари худ «Ёдоштҳо» роҷеъ ба сайри Дарвешобод ва баргузории он, ки дар фасли тирамоҳ сурат мегирифт, маълумоти ҷолиб додааст. Мувофиқи шаҳодати ӯ сайри Дарвешобод одатан ҳар ҳафта рӯзи сешанбе пагоҳӣ сар шуда, рӯзи чоршанбе то чоштгоҳӣ давом мекард. Сайргоҳ дар тарафи ғарбии роҳи калоне буд, ки аз бозори гови Ғиждувон баромада ба тарафи Бухоро мерафт. Дар ду тарафи қитъа растаҳо бо бурё ва ходачаҳо дӯкончаҳои каппамонанд сохта буданд, ки баъзеи он дӯконҳо чойхона, баъзеашон ошхона, моҳипазӣ ва монанди инҳо будаанд. Дар зери деворҳо ҳар ҷо-ҳар ҷо мардум давра гирифта, бозиҳову саргармиҳо мекарданд. Дар баъзеи он давраҳо ғирғиракбозӣ, дар баъзеашон тасмабозӣ, дар баъзеи дигарашон қартабозӣ ва монанди инҳо буданд. Дар баъзе давраҳо маддоҳон мадҳия мехонданд, сарояндаҳо сурудхонӣ мекарданд, наққолону ровиён қисса мегуфтанд. Чун шаб фаро мерасид замони тарфбозӣ сар мешуд. Тарфҳоро, ки дар кӯза дуруст мекарданд, оташ дода ба ҳаво сар медоданд. Он мисли мушаку салютҳои имрӯза дар осмон шарорапошӣ менамуд. Фардои он рӯз дар майдони назди бозори гов мусобиқаҳои хартозӣ, яъне пойгаҳи харҳо ва тагалҷангандозӣ шурӯъ мешудааст .
Пас аз таҳлилу омӯзиши сарчашмаҳо ва дигар асарҳои роҷеъ ба иди Меҳргон бахшидашуда маълум мегардад, ки Меҳргон дар баробари идҳои Наврӯз ва Сада яке аз ҷашнҳои асосӣ ва қадимии мардумии ориёитабор буда, бар асоси тақвимҳои нуҷумиву мардумӣ ва мавсимии фарорасӣ аз идҳои дигар тафовут дорад, вале Меҳргон, Наврӯз ва Сада дар якҷоягӣ гардиши моҳро ифода мекунанд, ки Меҳргон оғози тирамоҳро нишон медиҳад. Ғайр аз ин, агар Наврӯз фарорасии соли навро нишон диҳад, Меҳргон фурӯравии он ҳисоб мешавад, ки ҳар ду дар якҷоягӣ як соли комили кишварзиро нишон медиҳанд. «Тақсими сол ба ду қисми баробар ва дар ду нуқтаи мушаххаси эътидоли баҳориву тирамоҳӣ дар бовариҳои омиёнаи мардуми тоҷику эрониву афғон ва соири кишварҳои ҳамҷавори онҳо аз замонҳои хеле қадим вуҷуд дорад». Ин ҷашни авлодии мо дар тӯли таърих ба сарзаминҳои Шарқу Ғарб доман паҳн карда буд. Аз таҳлили сарчашмаҳои дастрасшуда маълум гардид, ки яке аз маросимҳои ҷолиби Меҳргон дар дарбор шурӯъ шудани таҷлили он буд. Аксари муҳаққиқон қайд намудаанд, ки чун мазҳари ойини меҳрпарастӣ Хуршед буд, шоҳон бештар маросими тоҷгузории худро дар ин рӯз анҷом медоданд ва дигар тадорукоти муҳими давлатиро низ ба ҳамин рӯз мавқуф мегузоштанд. Масалан, ривоят аст, ки маросими тоҷгузории Анушервони Одил дар ҳамин рӯз сурат гирифт буд.
Таҷлили ҷашни Меҳргон дар замони Сосониён бо шукӯҳу шахомати хоса таҷлил мегашт. Тавре зикр намуда будем, ҳарчанд бо истилои араб бисёре аз идҳои мардуми ориёитабор дар сарзамини Хуросону Мовароуннаҳр аз байн рафтанд ва ё дар гӯшаи фаромӯшӣ қарор гирифтанд, вале ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон мавқеи худро нигоҳ доштанд, балки таҷлили онҳо минбаъд ҳам аз ҷониби омма ва ҳам аз ҷониби сулолаҳои ҳукмрон идома ёфт. Дар даври Иттиҳоди Шӯравӣ бошад, ҳарчанд номе қариб аз Меҳргон боқӣ намонда буд, мардум ба ҷойи он «Иди ҳосилот»-ро таҷлил мекарданнд, ки ба тирамоҳ рост меомад.
Бо ба даст овардани Истиқололияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идҳои қадимии мардуми тоҷик дубора эҳё гардиданд. Аз ҷумла, имрӯзҳо Меҳргон низ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш ба муносибати 80-солагии таъсисёбии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар санаи 8-уми октябри соли 2011 таъкид намуданд, ки «Ҷашни Меҳргон ба монанди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шавад».
Меҳргон дар тӯли таърихи хеш дорои суннатҳои хоси худ буд. Аз ҷанбаҳои ҷашни иди Меҳргон оростани дастархони идона, шодиву сурур, тақдими ҳадяҳо, мусиқӣ ва овозхониро дар канори шеърсароӣ зикр намудан ба маврид аст. Мусиқидонон ба ин муносибат оҳангҳои ҷолиб сохта, ба ҳокимону шоҳон тақдим мекарданд. Дар давраи Аббосиён рақси раққосон, шеърсароӣ ва овозхонӣ, хӯрдани анор ва ҳафт намуди меваҷот, истифодаи гулоб аз суннатҳои Меҳргон буд, ки гӯё аз шоҳони Сосонӣ ба ҳокимони Хилофати Аббосиён мерос монда буд. Ин суннатиҳои иди Меҳргон то имрӯз боқӣ мондаанд.
Ҳамин тариқ, Меҳргон аз ҷашнҳои хеле бостонии мардумони ориёитабор маҳсуб ёфта, доир ба таърих ва ташаккули он дар осори таърихӣ тафсироти гуногун зикр ёфтаанд ва он дорои хусусиятҳои хоси худ мебошад. Меҳргон боварӣ ва эътиқод ба иззати Меҳр ва ойинҳои меҳрӣ (митроӣ), ки пеш аз Зардушт дар Ҳинд ва Ирон вуҷуд дошта ба моҳи меҳр рост меомад. Баъди пайдо шудани тасавуроти асотирӣ оид ба Меҳр он ташаккул ёфта, дар миёни мардум маҳбубияташ бештар гардида, аз доираи устуравӣ ба як оини мукаммали Меҳр табдил ёфт. Сипас, ин ҷашн ба иди ҷамъбасти тамоми фаъолияти кишоварзон табдил ёфта, ба ин сифат дар масири таърих бо бисёр арзишҳои созандагиаш дар ҳаёти мардум ва кору пайкори онҳо таъсир гузошт.
Садаф Ҷангибекова унвонҷӯи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Меҳргон яке аз ҷашнҳои сегонаи кадимии мардуми тољик мебошад. Наврӯз,Сада ва Меҳргон ҷашнҳои қадимии мардуми Ориёинажод ба шумор рафта, ҳар кадом дар замони худ ҷашн гирифташуда, дорои рамзе мебошанд. Наврӯз замоне ҷашн гирифта мешавад, ки тамоми набототи рӯйи замин ва ҳатто дар зери хок буда, бо фарорасии соли Нав ба нуму кардан оғоз мекунанд.
Наврӯз оғози соли Нав, оғози кишту кори деҳқон буда, Меҳргон фасли бардошти ҳосили заҳматҳои кашидаи ӯ мебошад. Баъд аз Меҳргон ҷашни Сада фаро мерасад, ки моро аз наздикшавии соли Нав огоҳ карда,барои омода шудани мо ба хотири истиқболи Наврӯз мужда мерасонад.
Мувофиқи расму ойини гузаштагонамон, дар рӯзҳои ҷашни Меҳргон мардум маросимҳои гуногунро ташкил мекунанд, зеро дар давраҳои бостон аҷдодони мо аксаран ба кишоварзӣ машғул будаанд. Аз ин рӯ, ҷашни Меҳргон ки фасли ғундоштани ҳосили бо арақи ҷабин руёнидаи онҳо мебошад, ба онҳо ин ҳақро медиҳад, ки шодиву сурур ва истироҳат намоянд:-изҳор карда буданд, муҳтарам Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.
Мутобиқи маълумоти дар китоби “Осор-ул-боқия” овардаи Абурайҳон Берунӣ, таърихи ин ҷашнро беш аз 3 ҳазор сол нишон додаанд. Меҳр номи Офтоб буда, дар ойини Сосониён шоҳони онҳо махз дар Меҳрмоҳ тоҷеро, ки дар он сурати Офтоб буд, ба сар мегузоштаанд, яъне тоҷгузорӣ мекардаанд.
Ба ҳама маълум аст, ки дар замони Шӯравӣ масъулини давр ба ин ҷашнҳои сегона пӯшиши динӣ дода, иҷозати таҷлил намедоданд. Вале мо медонем, ки ин идҳо ба дин ягон муносибате надоранд ва онҳо чанд ҳазор сол кабл аз дини мубини ислом ба вуҷуд омада, соф иди миллии мардуми ориёинажод шинохта шудаанд.
Дар кишвари мо бошад, ин идҳо маҳз бо ҳидоятҳои созанда ва оқилонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умри дубора пайдо карда, зинда гардонида шуданд.
Чун Президенти мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон президенти мардумӣ буда, худ устоди илми кишоварзӣ мебошанд, ин идҳоро аз дигарон дида бештару беҳтар эҳсос намудаву медонанд.
Иди Меҳргон ба ҳамаамон муборак бошад!
Холназаров Назар Мирзоевич, ходими калони илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Дар қарни XXI боз бештару беҳтар маълуму равшан гардид, ки ояндаи кишвар ва тақдири насли ҷавон аз ҳифзу густариши мероси фарҳанги мардум бастагӣ дорад. Таҷрибаи талхи солҳои гузашта нишон дод, ки ба гӯшаи фаромӯшӣ супоридани беҳтарин суннатҳои мардумӣ, канда шудан аз арзишҳои рӯҳонию маънавӣ ба таназзулу бӯҳрони зиндагии иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гашт.
Сабабҳои афзудани ҷиноят, нашъамандӣ, фақр, бекорӣ, фуру рафтани ахлоқи хонавода, низоъҳои миллӣ, қавмӣ, маҳалгарои ҳам дар надонистан ва камтаваҷҷӯҳи ба мероси фарҳангӣ мардум будааст. Имрӯз, ки обрӯ ва эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон боло мегирад, эҳё ва такомули фарҳанги миллӣ ҷойгоҳи хосаеро доро мешавад. Ҳамакнун зарур аст, ки аз тарафи афзудаи фарҳанги Ғарб дар канор бошем ва думболи рушди арзишҳои фарҳанги хеш бошем.
Воқеан, мероси фарҳанги тоҷикӣ дӯстдоштанист ва дар умқи таърих реша дорад. Фарҳанги мардуми тоҷик таърих аст ва таърихи мардуми тоҷик фарҳанг аст. Зебоӣ ва хираду руҳонияти он мерос ҳамакнун побарҷост, ки онҳо дар ҳаммосаҳо, қиссаю достонҳо, дар либоси арусакҳо, василаи зиндаги ва умуман дар ҳуввияти тоҷикӣ инъикос гардидаанд.
Солҳои охир бештари ҷашну маросимҳо, суннату анъанаҳо эҳё гардидаанд. Бо ёрии онҳо ҷомеаи имрӯза дар рӯзгору замонҳои қадим аҷдодони мо чӣ гуна бо табиат замону фазо дар муттаносиб мезистанд, хонавода, модар, ватан ва кори ҳалолро дар замири аҷдодӣ ба эҳтиром мегузоштанд, иттилои муфид ба даст меоваранд. На бояд фаромӯш созем, ки дар тули таърих дар фарҳанги мардум арзишҳои озмудашудаи миллат побарҷо мондаанд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин эҳёи ҷашну маросимҳои мардуми роҳи наҷотест барои навсозии ҷомеаи имрӯз.
Ба ҳар кассе, ки дар заминаи гирдовари ва нашри фарҳанги омма қадаме ҳатто басо кӯтоҳу пуршитоб бармедорад ва домани ҳиммат ба камар мезанад, сари иродат дар пеши пой дорем ва ба кӯшиши онон эҳтиром мегузорем. Аммо ба кори пажуҳандагони ғайри касби дар шинохт ва пардохти рагу решаҳои нуҳуфтаи таърихи вижагиҳои нозуку борики бо ойинҳо, бовариҳо, ҷашну маросимҳо, эътиқоди камтар дорем, ҳарчанд, ки кулбории бузурге аз донишҳои гуногунро дар душ дошта бошанд, чаро ки метавон бо сари панҷа тадбире аз куҷо то куҷоро дар нур дид ва бо дили бедору имони устувор ба ҳар таҳгӯшаи биноҳои деринасоз сар зад, ёддошт бардошт ва акс гирифт, метавон порае аз воқеиятҳои айнӣ аст.
Мумкин аст, ки дар рӯзгорони гузашта, мардуми мо ойинҳои дигаре доштаанд, ки рафта – рафта ба ҷиҳати гуногун аз байн рафтааст. Аммо, он чи ки дар ин ҷо омада, тақрибан бештари ойинҳое ҳастанд, ки то имрӯз боқӣмондаанд ва сина ба сина то ин рӯзгор расидаанд. Аммо боваридоштҳои мардум беш аз ин аст ва гирдоварии ҳамаи онҳо ба солҳо фурсати дигар ниёз низ дорад.
Яке аз самтҳои муҳими сиёсати хирадмандона ва фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, ташаккули тафаккури бунёдкорӣ, тарбияи ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстӣ, сулҳу ваҳдат дар ҷомеа ва ҳамдигарфаҳмии сокинони ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Ноил шудан ба ҳадафҳои зикргардидаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути фарҳанги миллӣ, аз ҷумла бо роҳи эҳёи мероси таърихию фарҳангӣ арзёбӣ намудааст.
Ҳанӯз соли 2000 дар Паём ба ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент чунин қайд карда буд: «Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз қарну асрҳо то имрӯз симои миллати худро, пеш аз ҳама, тавассути фарҳанг нигоҳ доштааст ва байни халқу миллатҳои дигар соҳиби нуфузу эътибор гаштааст».[1]
Яке аз дастовардҳои бузурги фарҳанги даврони истиқлол, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он диққати ҷиддӣ дод, ин таҷлили ботантанаи санаҳои муҳими таърихию фарҳангии халқи тоҷик ба шумор мерафт.
Таҷлили ҷашнҳо ба худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори ватандорию ғурури миллӣ, сулҳу ваҳдат ва мустаҳкамгардии он замина гузошта, мардум ба саволҳои «кӣ будем?», «кӣ ҳастем?» ва «кӣ хоҳем шуд?» ҷавоб пайдо кард.
Меҳргон чун Наврӯз аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми ориёитабор мебошад. Тавре қайд намуда будем, агар Наврӯз оғози баҳор, оғози соли нав ва эътидоли баҳории Хуршед дар бурҷи Ҳамал бошад, Меҳргон оғози нимаи дувуми сол ва ё фасли тирамоҳ- ҳулули Хуршед дар бурҷи Мизон мебошад. Ин ду ҷашнро дар сарчашмаҳои қадимӣ ду қутби зиндагонии мардум муаррифӣ намудаанд, ки аз Наврӯз дар айёми баҳор шурӯъ гардида, дар замони таҷлили Меҳргон, яъне дар тирамоҳ ба анҷом мерасанд. Маънои калимаи “меҳргон” меҳр буда, дар аввал шакли “Митра”, яъне номи яке аз бузургтарин худоёни ориёиҳо будааст.
Ин ҷашн низ ба монанди Наврӯз ҷанбаҳои гуногуни таърихӣ, нуҷумӣ, динӣ, кишоварзӣ ва иҷтимоӣ дорад. Агар ҷанбаи таърихии он як зумра ҳодисаҳои муборизаи некӣ бар бадӣ, нур бар зулмот ва барқарор намудани адлу ростиро дар Эронзамин дар бар гирад, ҷараёни офариниши оламу ҷаҳоншиносӣ масъалаи нуҷумии онро фаро мегирад.
Дар хусуси пайдоиш ва суннатҳои ҷашни Меҳргон дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеии ниёгони мо андешаҳои гуногун аст. Нахусутин андешаҳо перомуни ин масъала ба суннатҳои мардуми ориёитабор рост меояд, ки мувофиқи он мутобиқати ҳар рӯзи моҳро бо номи он ҷашн мегирифтанд. Маҳз дар ҳамин бора рисолаи махсусе бо номи «Рисолаи рӯзҳо» то замони мо расидааст, ки дар он шарҳи моҳияти рӯзҳои моҳ, аз ҷумла хосияти мутобиқати номи рӯз бо номи моҳ, ки сабаби ҷашн гирифтани он мегардад, баён шудааст ва бо сабаби мувофиқ омадани номи яке аз рӯзҳо ба номи моҳи Меҳр ба он пасованди «гон»-ро изофа намуда, “Меҳргон” гуфтаанд ва дар рӯзи 16-уми моҳи Меҳр, ки баробар ба рӯзи 8-уми моҳи октябри мелодист, ҷашн мегирифтанд. Аз нигоришу тасифҳои аҳли илму адаб ва ривоятҳои бостонӣ бармеояд, ки Меҳргон ҷашнест табиӣ. Айёмест, ки ба табиат, ба салтанат ва рӯзгори мардум иртибот дорад.
Зиёева З.И. ходими калони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
Дар оғози пайдоиш то ба имрӯз исноният ба бисёр кашфиёту ихтироот даст ёфтааст. Дар ин баробар ба нокомиҳову талхрӯзгорӣ ҳам рӯ ба рӯ гаштаву онро аз сар гузарондааст. Зиндагии инсонҳо ду рукни асосиро ташкил медиҳад, ки онро моддӣ ва маънавӣ унвон медиҳанд, агарчи дар моддиёт дастовардҳои бузург овард, вале дақиқан то ҳол ба умқи кашфи маънавиёт нарасидааст.
Бузургворе дар ҷашни яксолагии фарзандаш, ба ӯ мегӯянд: «Фарзандам! Як баҳору як тобистон, як тирамоҳу як зимистонро дидӣ! Аз ин пас, ҳама чизи ҷаҳон такрорист, ба ҷуз меҳрубонӣ…!». Бале, ҳақ бо он бузургвор аст, ки нуксанҷона ҷамъи зиндагиномаи одамиятро дар ду ҷумла изҳор доштааст. Мақсад аз овардани он андарз ин аст, ки дар гузашта аҷдодони мо тоҷикон ҷашне доштанд, муҳаббат, меҳрубонӣ, садоқат, дӯстдорӣ, адлу дод, арҷ гузоштан ба Модар-Заминро бо як вожа ифода намуданд: «Меҳргон». Аз назари илми решашиносӣ ва пайдоши вожаи Меҳргон дар оғоз мехоҳем ба хонангони арҷманд маълумоти мухтасаре пешкаш намоем.
Тибқи маълумоти луғатномаҳои сарчашмавӣ вожаи меҳргон аз ду ҷузъ иборат ёфтааст: «меҳр»- муҳаббат,самимият, дӯстиро ифода мекунад ва «гон» – асос бар нисбат, яъне ба чизе марбут будан аст. «Гон» одатан дар охири исми рӯз ва моҳи солшумории хуршедӣ (шамсӣ) меояд. Ба ин маъно, ки мардуми эронитабор агар ҳар гоҳ номи моҳ бо номи рӯзи солшумориашон (хуршедӣ, Шамсӣ) мувофиқ ояд, он рӯзро пасванди «гон» гузошта, онро ҷашн мегирифтанд. Барои мисол, метавон аз рӯзҳое ёд намуд, ки охирашон пасванди «гон» доштанд, ки мардум онҳоро бо шукуҳу шаҳомати хос ҷашн мегирифтанд: обонгон, обрезгон, хурдодгон, фарвардгон, тиргон, меҳргон ва ғайра, ки мардум эътимод бар онҳо доштанд. А. Берунӣ низ зикр кардааст, ки «…ҳар моҳе он рӯз, ки ҳамномаш бошад, ӯро ҷашн доранд». Дар иртибот ба вожаи меҳргон, бояд таъкид намуд, ки ниёгони мо моҳро аз сӣ рӯз иборат дониста, ба ҳар кадом рӯзи моҳ номе гузошта буданд, ки ин номҳои эзад ва фариштагон буданд. Аз ин лиҳоз, сарчашмаҳо вожаи меҳрро номи яке аз эзидон низ мегӯянд, ки он ёрирасон ва меҳрубон бар одамон будааст. «Меҳр», ки шакли аввалаи он «Митра» номи яке аз бузургтарин эзидони ҳиндуэронӣ аст ва чаҳорсад сол пеш аз мелод дар сангнавиштаҳо ҳак шудааст. Вожаи «Меҳр» дар китоби муқаддаси Авасто зикр шудааст ва дар ситоишаш низ суруде омадааст. Чунончи, дар «Меҳряшт»-и Авасто омадааст, Аҳура Маздо Меҳрро мисли худ мешуморад: «Аҳурамаздо ба Спитмон Зартушт гуфт: Эй Спитмон! Ба-д-он ҳангом ки ман Меҳри фарохчарогоҳро ҳастӣ бахшидам, ӯро дар шоистагии ситоиш ва барозандагии ниёиш, баробар бо худ, ки Аҳура Маздоям биофаридам». Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки дар замони бисёрэзидии оини зардуштӣ Меҳр мақому мартабаи баландро доро будааст ва мардум, махсус деҳқонон ва кишварзон ба ӯ муҳаббату меҳри беандоза доштаанд ва эҳтимол дар натиҷаи эътимод ва баргузидагии эзади Меҳр аз ҷониби мардум ҷашни Меҳргон офарида шуда бошад.
Аксарияти мо ин ҷашни инсону табиатро аз хотир бурдаем, вале имрӯзҳо мавзуи асосии ҳарфамон аз бемеҳрии ҳамдигар ва нигаронӣ бар табиат аст. Вале бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Меҳргонро дар мақоми Наврӯз ва дигар ҷашнҳои муқаддаси миллӣ ҷойгузин карданд ва ҳам дар тамоми манотиқи кишвар чандсолаҳо аст, ки ҷашн гирифта мешавад. Албатта, ин иқдомест, ки боз барои шинохти устураву таърихи гузаштаву осору ганҷинаҳои ниёгон ва ниҳоят шинохти миллӣ қадамест бузургу устувор.
Меҳргон чи гуна ҷашн аст?
Бояд тазаккур дод, ки Ҷашни Меҳргон ба гунаи Ҷашни Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадима ва бостонии мардумони эронтарбор маҳсуб меёбад ва байни ин ду ҷашни бузург пайванди ногусастание вуҷуд дорад. Роҷеъ ба пайдоиш ва чигунагии ҷашни Меҳргон дар сарчашмаҳои таърихӣ маълумотҳои зиёд омадааст. Аллома ва фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Осор-ул-боқия»-и хеш дар хусуси ҷашни Меҳргон овардааст, ки: Меҳрмоҳ, рӯзи авали он ҳурмуздрӯз аст. Ва рӯзи шонздаҳум рӯзи меҳр аст, ки иди бузурге аст ва ба Меҳргон маъруф аст, ки хазони дуюм бошад. Ва ин ид монанди дигар идҳо барои умуми мардум аст. Ва тафсири он дӯстии ҷон аст. Ва гӯянд, ки «Меҳр» номи Офтоб аст ва чун дар ин рӯз Офтоб барои аҳли олам пайдо шуд, ин аст, ки ин рӯзро «Меҳргон» гӯянд. Далел бар ин гуфтор он аст, ки аз оини Сосониён дар ин рӯз ин буд, ки тоҷеро, ки сурати Офтоб дар ӯ буд, ба сар мегузоштанд. Ва Офтоб бар чархи худ дар он тоҷ савор буд. Ва дар ин рӯз барои эрониён бозоре пайдо мешавад. Аз ин маълумоти додаи Берунӣ метавон бетардид гуфт, ки дар воқеъ Меҳргон ҷашни сирф мардумӣ аст, чун чанд нуктаи Берунӣ воқеан қабили таваҷҷуҳ аст, ки мегӯяд, «ва ин ид монанди дигар идҳо барои умуми мурдум аст», «ва тафсири он дӯстии ҷон аст», «ва дар ин рӯз барои эрониён бозоре пайдо мешавад». Ҳамин се ҷумла худ бузургӣ ва шукуҳу шаҳомати дар гузашта доштаи Меҳргонро бозгӯ мекунанд.
Абурайҳони Берунӣ пайдоиши ҷашни Меҳргонро ба подшоҳи Пешдодиён Фаридун нисбат медиҳад ва тазаккур медиҳад, ки: Мегӯянд, сабаб ин ки ин рӯзро эрониён бузург доштаанд, он аст, ки чун мардум шуниданд Фаридун хуруҷ кардааст. Пас аз он, ки Кова бар Заҳҳоки Биюросб хуруҷ намуда буду ӯро мағлуб ва нест карда буд. Ва мардумро ба Фаридун хонд. Кова касест, ки подшоҳони Эрон ба раъияти ӯ некӣ меҷустанд, (бар илова, пас аз шоҳ Ҷамшеди Пешдодӣ салтанат аз дасти ин дудмони муборак рафта буд ва дунё дар зери тасарруфи Заҳҳоки бедодгар ва хунхор гардида, мардум аз зулму бедодии шоҳи золим ба дод омада буданд. Коваи шуҷоъ, ки ҳабдаҳ писарашро аз даст дода буд, барои интиқом мардуми бахтбаргаштаро гирди худ ҷамъ овард ва бар зидди Заҳҳок шӯриш кард ва дар он айём аз дудмони Пешдодиён Фаридун низ бархост ва ҳамдаст бо Кова тахту салтанати Заҳҳокро сарнагун сохтанд. Ва пайдоши «Диравши ковиён» низ дар ҳамон замон аст, ки Кова худ оҳангаре буд ва пӯсти пешбанди хешро ба нуки асое баста, мардумро зери он диравш ҷамъоварда буд.)
Дар Шоҳномаи безаволи хеш А. Фирдавсӣ низ оғози ҷашни Меҳргонро дар нахустрӯзи ба тахт нишастани шоҳ Фаридун нисбат медиҳад. Чунончи, Фирдавсӣ мефармояд:
Замона беандуҳ гашт аз бадӣ,
Гирифтанд ҳар як раҳи эзадӣ.
Дил аз довариҳо бипардохтанд,
Ба ойини кай ҷашни нав сохтанд.
Нишастанд фарзонагон шодком,
Гирифтанд ҳар як зи ёқут ҷом,
Майи равшану чеҳраи шоҳи нав,
Ҷаҳон гашт равшан сари моҳи нав.
Бифармуд, то оташ афрӯхтанд,
Ҳама анбару заъфарон сӯхтанд.
Парастидани Меҳргон дини ӯст,
Таносониву хӯрдан ойини ӯст.
Кунун ёдгор аст аз ӯ моҳи меҳр,
Бикӯшу ба ранҷ эч манмой чеҳр!
Оиди таҷлили ҷашни Меҳргон дар аҳди шоҳигарии Ҳахоманишиёну Сосониён ва дигар сулолаҳои баъдӣ дар бархе сарчашмаҳову тасвирҳо ва гуфторҳое ҷолиб зикр гардидааст. Фолклоршинос Дилшод Раҳимов дар асари худ «Фолклори тоҷик» аз сарчашмаҳои таърихӣ ёдовар шуда меоварад, ки муаррихи юнонӣ- Ктезиус овардааст, ки «подшоҳони ҳахоманишӣ маст шуданро ҳеҷ гоҳ ба худ раво намедиданд, аммо танҳо дар рӯзи ҷашни Меҳргон онҳо иҷозаи нӯшидани майро доштанд. Онҳо ҷомаҳои гаронбаҳои арғувонӣ мепӯшиданд…» Аз рӯи мадракҳои таърихӣ ҷашни Меҳргон ва ойини меҳрпаррастиро ҳахоманишиён дар рӯи ҷаҳон паҳн гардонидаанд ва аз файзу баракат ва инсонпарастиву табиатдӯстдории ин ҷашн аксари ҷаҳониён баҳравар гардидаанд. Донишманди белгиягӣ Франс Валери Мари Кюмон(1868-1947) дар китоби «Ойини Митра» таҷлили соли нави масеҳиро марбут ба ҳамин ҷашни Меҳргони аҷдодони мо медонад: «Бидуни шак ҷашни Меҳргон, ки дар мамолики Руми қадим рӯзи зуҳури Хуршед тасаввур мешавад ва онро sol natalis invietil (яъне, рӯзи вилодати Хуршеди номағлуб) мегуфтаанд, ба 25 декабр кашида шуда ва баъд бо сабаби нуфузи дини Исо дар Аврупо рӯзи вилодати Масеҳ қарор додаанд». Дар аҳди Сосониён низ ин ҷашн бо як шукуҳу шаҳомати хос таҷлил мегардид ва ҳатто бо номи ин ҷашн, чи тавре ки сарчашмаҳо иттилоъ медиҳанд навоҳои « Меҳргонӣ», «Навои Меҳргонӣ», «Меҳргони бузург» ва ғайра аз тарафи навозандагон ва хунёгарон тадвин шуда буданд, ёд мекунанд. Низомии Ганҷавӣ дар ин хусус ишора карда мегӯяд:
Чу нав кардӣ Навои меҳргонӣ,
Бибурдӣ ҳуши халқ аз меҳрубонӣ.
Аз қавли Салмони Форс Берунӣ овардааст, ки: «Мо дар аҳди Зардуштӣ будан мегуфтем, худованд барои зинати бандагони худ ёқутро дар Наврӯз ва забарҷадро дар Меҳргон берун овард. Ва фазли ин ду бар айём монанди фазли ёқуту забарҷад аст ба ҷавоҳири дигар».
Тибқи маълумоти Берунӣ рӯзи таҷлили ҷашни Меҳргонро ба рӯзи шонздаҳуми моҳи меҳр (баробар ба 7-8 октябр) рост меояд ва бисту якуми моҳи меҳр «Меҳргони бузург» ё «Ромрӯз» мегуфтанд. Аҷдодони мо байни Наврӯз ва Меҳргон тафовут намегузоштанд ва ҳар дуро дар мақом гузошта, бо шукуҳи хос таҷлил менамуданд. Чи тавре ки мо худ мушоҳида мекунем, ҳардуи ин ҷашн аз рӯи рукнҳо ва оину хусусиятҳо ба ҳамдигар сахт алоқамандии зич доранд. Чунончи, дар ҷашни Наврӯз наврӯзи омма ва наврӯси хоса ҳаст ва дар ҷашни Меҳргон ҳам меҳргони омма ва меҳргони хоса таҷлил карда мешавад. Расму ойинҳои ба ҳамдигар монанд доштани ин ду ҷашн гувоҳи он аст, ки ҳарду дар як сарчашмаи фарҳангӣ, ки бе шак дар партави хираду дониши гузаштагони мо марбут ҳаст, тавлид ёфтаву инкишоф ёфтаанд.
Донишвари номдори тоҷик марҳум Саъдулло Раҳимов бар ин андеша буданд, ки ҷашнҳои сегона- Наврӯз, Меҳргон ва Сада мисли санҷирае ҳастанд, ки ба ҳам васл гардидаанд ва бидуни ҳамдигар буда наметавонанд. Аммо, дар маҷмӯъ, мардуми ориёитабор ҳамеша бидуни ҳама гуна монеаҳо онҳоро ба ҳар тариқе ошкоро ё пӯшида ҳифз мекарданд ва ҷашн мегирифтанд. Чаро ки дар асл ин ҷашнҳо аз падидаҳои тақвимию астрономӣ буданд ва марҳилаҳои муҳими фаъолияти солонаи инсону табиат, замину деҳқонро дар худ ифода мекарданд. Сада ва Меҳргон – ҷашн ва фарҳанги кишоварзии мутамаддин ва падидаи нодир дар тамаддуни ҷаҳонӣ мебошанд. Парастиши инсон, фаъолияти созандагии вай, ниёз ба осоиштагии зиндагӣ, ваҳдату ҳамзистӣ ва рӯҳияи одаму одамият аз ҳадафҳои калидии ин ҷашҳо буд ва чунин то кунун монда аст. Ҳамин арзишҳои калидиро аҳли башар дар вуҷудаш мепарварид.
Зеро ҷашнҳои номбурда моҳияти ҷомеасозӣ ва ҷомеамандӣ, тавҳидию муҳитзистии созандагӣ, диду идеалҳои покроӣ, некбинӣ, садоқат ба замину меҳнат ва инсонро ифода мекарданд. Сабаби бақоияту идомати ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргону Сада маҳз дар ҳамин фалсафаи онон аст. Ин ҷашнҳо ба ҷуз ҳадафи баҳамоии мардуми заҳматкаш, ривоҷ додани усулҳои коркарди фарҳанги кишоварзӣ, зироат, чорводорӣ ва амсоли ин чизи дигаре надоранд. Дар асл моҳиятан ин ҷашнҳо бо ягон дину идеология пайванд нестанд.
Дигар ин ки адёну идеологияҳои дигар дар тӯли таърихи дароз кӯшиш доштанд, то ба хотири бақоияти хеш ба ин ҷашнҳо бигараванд. Аммо ҳукми воқеияти таърих ин шуд, ки ин дину идеологияҳо дар марзу бум ва замони хеш қарор ёфтанд, аммо ҷашнҳои мо ҳама марзҳоро бо покизагӣ ва фалсафаи башардӯстонаи хеш убур карда, то ба замони мо расиданд.
Новобаста аз он, ки дар мавриди шинохти вижагии ҷашнҳои гуфташуда дастовардҳои илмӣ зиёданд, аммо то ба ҳанӯз майдони таҳқиқи масоили гуногун ва мубрами ин ҷашнвораҳо дубора аз марҳилаи таърихи навин шурӯъ шуда, нигоҳи тоза мехоҳад. Зеро ки мо дар вақти хеле наздик тавонем минбаъд мисли Наврӯз ҷашнҳои Сада ва Меҳргонро ба ҳайси ҷашнҳои байналмилалӣ ба мардуми ҷаҳон пешниҳод намоем.
Тоҷикистони азиз кӯшиш сохтани модели олии кишвари индустриаливу аграрӣ ва бо ҳамин хусусият майлу ниёз ба чунин ҷашнҳо дорад.
Бояд дар назар дошт, ки ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон аз нигоҳи астрономиашон мантиқан ба ҳам пайваст мебошанд, ҳар кадом идомаи якдигаранд, пайвандии ногусастанӣ доранд, ба истилоҳи дигар ҳар кадом ҳалқаи як занҷиранд. Аз ин хотир, пешниҳод мешавад, ки ин ҷашнҳо минбаъд дар консепсияи яклухтӣ, якпорчагӣ дида шаванд. Нашояд, ки онҳоро аз ҳам ҷудо намоем. Танҳо дар яклухтӣ ин ҷашнҳо, ин марҳилаҳои фаъолияти меҳнатии солона дар худ маънӣ пайдо мекунанд.
Аҷдодони мо дар гузашта ин идҳоро бо шодию сурур, оташафрӯзию гулханфурӯзиҳо, рақсу тарона ва оростани хони пурнозу неъмат ҷашн мегирифтанд. Дар ҷаҳони муосир мо бояд ин ҷашнҳоро дар ҳамин равия тақвият диҳем.
Мо ин ҷашнҳо (Сада, Наврӯз ва Меҳргон) -ро набояд танҳо ҳамчун моли фарҳанги гузашта муаррифӣ кунем. Ҳар яке аз ин ҷашнҳо дар худ рамз ва ҳадафҳои ҷавҳарӣ доранд. Ҳар кадом аз ин бо кадом як марҳилаи муайяни фаъолияти меҳнатӣ вобаста мебошанд. Худи идеяҳои калидии ин ҷашнҳо далолат бар он доранд, ки Сада – тайёрӣ бар пешвози Наврӯз аст. Пас мебояд ба соли нави меҳнатӣ омодагӣ гирифт. Мебояд дар арафаи Наврӯз ҳашару корҳои тадорукӣ пешбинӣ кард, то ҷӯю системаҳои обёрӣ, асбобу технологияи коркарди замин ва ғайра ба соли нави меҳнатӣ омода бошанд. Меҳргон ҷашни ҷамъбасти кулли фаъолияти кишоварзӣ аст. Аз ин ваҷҳ, мо бояд кӯшиш бар он дошта бошем, ки бо назардошти арзишҳои калидии ҳар ҷашни сегоник мазмуни нав, арзишҳои муосир ва актуалиро ҷой диҳем, бо ин ҷашнҳо навоварона рафтор намоем. Танҳо бо ин кор ва муросо бо дӯстони ҳаммарзу ҳамминтақа ба дастгирии аҳли башар мушарраф мешавем.
Зоҳири САЙФУЛЛО, ходими хурди илмии ИФҲС– и ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
Ҷашнвораи Меҳргон аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми форсу тоҷик - ҷашни дӯстӣ ва хайрхоҳии байни мардум мебошад. Ин ҷашн дар рӯзи 16-уми моҳи Меҳр баргузор мешавад ва онро Рӯзи Меҳра мегӯянд.Он дар таърих бо номи Митракона ё Митра ном бурда мешавад ва таърихи 4 ҳазорсола дорад.
Ин ид бо рушди соҳаи кишоварзӣ ва ҷорӣ шудани тақвими кишоварзӣ пайдо шуда, аслан ҷашни ҷамъоварии ҳосили деҳқон мебошад, ки дар оғози мавсими тирамоҳ таҷлил гардида, аз санаи 23 – юми сентябр то санаи 22 – юми октябр давом мекунад. Дар ин рӯзҳо деҳқонон ба ҷамъоварии ғалла шурӯъ менамоянд. Тибқи ривоятҳои қадимӣ, дар ин рӯз Шоҳ Фаридун Заҳҳокро шикаст дода, ӯро дар кӯҳи Дамованд зиндонӣ мекунад. Одамон ба ҳамдигар мактуб навишта, якдигарро табрик мекарданд ва туфаҳо медоданд. Панҷ рӯзи аввал ҷашни мардумӣ буда, Меҳргони омма ё хурд номида мешуд, рӯзи шашум ҷашни расмӣ сар шуда аз ҷониби подшоҳ бо дарбориёнаш ҷашн гирифта мешуд ва онро Меҳргони булғур меномиданд.
Дар замони Сосониён ҷашни Меҳргон хеле бошукӯҳ ва ботантана ҷашн гирифта мешуд. Таҷлили Меҳргон ба Наврӯз шабоҳат дорад. Мардум хонаву дарҳои худро тоза карда, либосҳои беҳтарини худро ба бар мекарданд, худро оро дода, ба ҷашнвора мерафтанд. Умуман, он рӯз ҳама бо ҳамдигар хеле меҳрубон буданд.
Дар байни деҳқонони Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон иди ҳосилот барин анъанаҳои нав пайдо шуданд. Истиқлолият ба ҷашни Меҳргон ҳаёти нав бахшид.
Аз рӯйи андеша ва эътиқоди ниёгони мо, Меҳргон дар рӯзи аввали моҳи Меҳр ва оғози тирамоҳ ҷашн гирифта мешавад. Дар он тавозуни кайҳонӣ, баробарии шабу рӯз мавҷуд буда, ба ҳамин далел ин моҳро моҳи Меҳр номидаанд. Ниҳоят, эҳёи ҷашни миллии Меҳргон саривақтӣ буда имконият медиҳад, ки таҷлили он он аз насл ба насл гузарад.
Боқизода Адлинисо Ходими илмии Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ”
Илми ҳуқуқро одатан ба ҳуқуқшиносӣ шабоҳат дода, ва моҳияти онро ба ҷараёни дарки ҳуқуқ алоқаманд медонанд. Вай ҳамчун соҳаи махсуси илми ҷамъиятӣ хислати таҳлилию амалӣ дошта, аз низоми донишҳои илми-назариявӣ ва методологӣ оид ба моҳият ва қонуниятҳои инкишофи давлат, низоми ҳуқуқии он, самаранокона амал намудани онҳо ва воситаҳои гирифтани донишҳои нави зарурӣ оид ба такмили минбаъдаи онҳо иборат мебошад[1].
Аз дараҷаи инкишофи илми ҳуқуқшиносӣ сатҳу сифати қонунгузорӣ, такмилёбии минбаъдаи он, ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳими зиндагӣ, парвандаҳои ҳуқуқӣ, сифат ва самаранокии амалияи ҳуқуқшиносӣ, шуурнокӣ ва маданияти ҳуқуқӣ, ва дар кул ҳолати қонуният дар ҷомеа вобастагӣ дорад[2].
Дигаргуниҳои куллие, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон ба вуқӯъ омад аҳамияти илмӣ ҳуқуқшиносиро боз ҳам баланд бардошт. Зеро гузаронидани ислоҳот дар соҳаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии давлатдорӣ зарурияти такмили қонунгузорӣ ва дар натиҷа қабули қонунҳои тамоман нави танзимкунандаи муносибатҳои муосирро талаб намуд, ки ба воситаи онҳо барои барпо кардани давлатӣ демократию ҳуқуқбунёд ва иқтисоди бозорӣ заминаи ҳуқуқӣ бавуҷуд оварда шуд.
Дастовардҳои илми ҳуқуқшиносӣ дар тӯли зиёда аз 70-сол натиҷаи заҳмати бисёрсолаи олимони алоҳида, мактабҳои илмии онҳо, донишкадаҳои илмӣ ва донишгоҳо мебошад. Онҳо илми ҳуқуқшиносии муосирро бо дарназардошти ташаккули давлатдории тоҷикон, низоми ҳуқуқии он, инчунин дурнамои инкишофи он дар асарҳои худ мавриди таҳлил қарор доданд. Илми ҳуқуқшиносӣ дар тӯли мавҷудияти худ бо истифода аз воситаҳои муҳими методологӣ, барои ҳаллӣ як қатор проблемаҳои муҳими вобаста ба пешгӯи намудани равиши инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ, бо мақсади зери танзими ҳуқуқӣ қарор додани тағйиротҳои бавуҷуд омада таҳқиқотҳоро идома дод. Ҳамзамон, худи ҷараён ва характери муносибатҳои ҷамъиятии бавуҷудомада дар давраи мушаххаси таърихӣ дар ниҳояти кор равиши инкишофи илми ҳуқуқшиносиро аз нуқтаи назари равиши соҳавии он муайян кард. Дар баробари ҳамин, таҳлили натиҷаҳои таҳқиқотҳои илми ҳуқуқшиносӣ нишон медиҳад, ки вай тавонист дастовардҳои мероси илми ҳуқуқшиносии Шӯравиро на танҳо нигоҳ дорад, балки донишҳои наверо, ки асоси барпо намудани низоми ҳуқуқи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар замони ҳозира ташкил медиҳад аз худ намояд.
Таъсири муҳимро дар қабул ва мунтазам инкишоф ёфтани илмӣ ҳуқуқшиносии тоҷик анъана ва мактабҳои илмие гузоштанд, ки дар илми ҳуқуқшиносии академикӣ ва донишкадаҳои ба вуҷуд омадаанд. Осорҳои маълум ва арзишноки олимони ҳуқуқшиносӣ солҳои то замони истиқлолият ва баъди ба даст овардани онро мушаххас номбар накарда, қайд менамоям ки саҳми олимони ҳуқуқшиносӣ тоҷик академикҳои АМИТ Раҷабов С. А., Тоҳиров Ф. Т. ва Маҳмудзода М. А., узвҳои вобастаи АМИТ Усмонов О.У., Раҳимзода М.З., ва Насриддинзода Э.С., профессорон Явич Л. С., Коретский В. И., Мелкумов В. Г., Муллоев М. М., Ойгензихт В. А., Яковлева Е. М., Менглиев Ш. М., Ҷалилов Ҷ. Р., Ҷабборов Р. Ҷ., Тағойназаров Ш. Т., Имомов А.И., Шарофзода Р. Ш., Маҷидзода Ҷ. З., Ализода З., Холиқзода А. Ғ., Бобоҷонзода И. Ҳ.. Буризода Э., Ғаюрзода Ш.К., Ғафурзода А. Д., Муртазозода Ҷ. С., Искандаров З., Диноршоев А. М., Сангинзод Д.Ш., Шарипов Т. Ш., Меликов У. А., Сафарзода А. И., ва дигарон дар бораи таърих ва назарияи давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи маъмурӣ, ҳуқуқи молиявӣ, ҳуқуқи маданӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи мурофиавии гражданӣ, ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, назорати пракурорӣ ва дигар соҳаҳои ҳуқуқ асоси фундаменталии таҳқиқотҳоро дар барқарор намудани низоми ҳуқуқии Тоҷикистон ва рушди минбаъдаи он хело калон мебошад. Муассисаҳои илмии кишвар дар амали намудани таҳқиқотҳои илмии фундаменталӣ оид ба равияҳои афзалиятноки соҳаҳои ҳуқуқшиносии кишвар, ташаккул ва инкишофи давлатдории муосири тоҷикон, низоми ҳуқуқи миллӣ, омӯзиши раванди инкишоф ва роҳҳои такмили қонунгузории амалкунанда, мураттабсозӣ ва кодефикатсияи он, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ, монографияҳои илмӣ ва тафсирҳои кодексу қонунҳо таҳлилҳои босамари илмӣ анҷом доданд.
Дар тӯли мавҷудияти худ илми ҳуқуқшиносии тоҷик марҳила ба марҳила бо дарназардошти рушди давлатдорӣ тоҷикон ва низоми ҳуқуқии он инкишоф ёфт. Мутаасифона, марҳилаҳои рушди илми ҳуқуқшиносии тоҷик зарурият ба таҳқиқоти ҷиддиро дорад. Ба назари мо рушди илми ҳуқуқшиносии тоҷикро ба марҳилаҳои зерин ҷудо намудан мумкин аст:
а) аз соли 1949 то ба даст овардани соҳибистиқлолият;
б) аз бадастдарории соҳибистиқлолӣ то ба соли 2000;
в) Аз соли 2000 то ба ҳол.
Марҳилаи аввали рушди илми ҳуқуқшиносӣ дар кишвари мо ба таъсисӣ факултаи ҳуқуқшиносӣ соли 1949 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон вобаста мебошад. Таълимӣ фанҳои ҳуқуқшиносӣ дар аввал аз тарафи гуруҳи олимоне анҷом дода шуд, ки ба Тоҷикистон аз Маскав, Ленинград, Харков ва Ташкент омада буданд. Факултет маркази илми ҳуқуқшиносии ҷумҳурӣ дар ҳамон давра буд. Дар ин марҳила масъалаҳо назариявӣ ва амалии илми ҳуқуқшиносӣ, аз ҷумла назарияи давлат ва ҳуқуқ, инчунин таърихи инкишофи онҳо, таърихи соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқ (гражданӣ, ҷиноятӣ, таърихи судҳои совети дар Тоҷикистон), инкишофи ҳуқуқ дар Тоҷикистон, ҳуқуқи муаллифӣ ва муносибатҳои ҳуқуқии ба он вобаста, ҷавобгари барои иҷро накардан ва бо таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳо, танзими ҳуқуқии моликияти ҳиссагии умумӣ, таваккал, эҳтимолият, ирода ва шаклҳои зоҳиршавии он, алтернатива, танзими ҳуқуқии муносибатҳои шахсии ғайрималумулкӣ, муносибатҳои ҳуқуқии барқароршаванда дар ҳуқуқи гражданӣ, проблемаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои маданӣ, иҷрои уҳдадориҳои мутақобила ва иҷрои уҳдадориҳои хоҷагӣ, таъмини сифат, ҷавобгарии молумулкӣ дар шартномаҳои хоҷагӣ, масъалаҳои алоҳидаи ҳуқуқи мурофиавии гражданӣ, воситаҳои ҳуқуқии таъмини устувории никоҳ ва ғ. мавриди таҳқиқи ҳаматарафа қарор дода шуданд.
Баъди соҳибистиқлолият, яъне 9 сентябри соли 1991 рушди илми ҳуқуқшиносӣ ба раванди дигаргуниҳои куллие, ки дар низоми сиёсӣ ва сохти давлатдорӣ ба вуҷуд омад вобастагии зич дошт. Дар ин марҳилла ҳолати илми ҳуқуқшиносии кишвари моро пеш аз ҳама ҳолати ҷамъияте муайян менамуд, ки мо дар он зиндаги менамудем. Буҳрон низоми ҳуқуқӣ ҷомеаӣ ҷаҳон, аз он ҷумла Тоҷикистонро фаро гирифт. Чунин ташвиш на танҳо дар илмӣ ҳуқуқшиносии ватанӣ балки дар аксарияти кишварҳои ИДМ ба миён омада буд ва ҳоло давом дорад. Буҳрони низоми ҳуқуқро олимони ҳуқуқшиносӣ хориҷӣ ба аз ҳад зери танзим қарор додан ва давомнокии давраи гузариш вобаста медонанд[3].
Тағйиротҳои куллие, ки баъди аз як сохти ҷамъиятӣ ба сохти дигар гузаштан бавуҷуд омад, дар назди илми ҳуқуқшиносӣ талаботҳои навро гузошт. Аз ҷумла, илман асоснок кардани соҳибихтиёрии давлат, низоми ҳуқуқии он, роҳҳои барпо намудани давлатӣ демократию ҳуқуқбунёд, дурнамои инкишофи онҳо, ҳифзи ҳуқуқи инсон, проблемаҳои гуногуншаклии моликият ва таъмини озодии фаъолияти иқтисодӣ (соҳибкорӣ) ва ғ. Талаботҳои мазкур боиси дар ҳолати ногувор мондани илми ҳуқуқшиноси дар ҳаллӣ масъалаҳои мураккаби ҳуқуқӣ ва давлатдории муосир гардид. Хушбахтона ҷавоб ба ин талаботҳо қабули Конститутсияи 6 ноябрии соли 1994 гардид. Ҳарчанд ҳам нахоҳем илми ҳуқуқшиносӣ аз сиёсат озод буда наметавонад.Чунки қонун, аз он ҷумла Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ ҳамеша дар зери муқовимати қувваҳои сиёсӣ қабул карда шуда, ва ҳамеша дараҷаи гуногуни сиёсат мебошад. Пайрави ба қонун моҳияти амали намудани роҳи сиёсии пешгирифта давлат мебошад. Дар ин ҷода қабули Конститутсияи ҶТ соли 1994 бо тағйироту иловаҳои минбаъда музаффарияти хело бузург дар самти рушди илми ҳуқуқшиносии тоҷик мебошад.
Дар он доктринаи давлати ҳуқуқбунёд, арзиши оли доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон, муқаррарот дар бораи таҷзияи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташаккули ниҳодҳои ҳокимияти демократӣ, озодии фаъолияти иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, ҷомеаӣ маданӣ, моликияти хусусӣ ва ғ. мустаҳакам карда шуд. Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуногунии ғоявӣ ва намудҳои гуногуни эъҷодиёт (озодии эъҷодиёти илмӣ, адабӣ, бадеӣ ва ғ.) ва таълимиро мустаҳакам карда, ба олимони соҳаи илми ҳуқуқшиносӣ имконият медиҳад, ки то дараҷае озодона асосҳои методологиро барои таҳияи объективонаи доктринаҳои илмию ҳуқуқӣ, бе назар кардан ба ҷараёнҳои сиёсӣ ва конёктури анҷом диҳанд. Аз инҷо ягон зарурият нест, ки хулосаҳои худро дар заминаи ягон хел муносибати ҳатмии фалсафӣ ва обстракти барпо намоянд. Ҳамин тавр, Конститутсия на танҳо дурнамои рушди қонунгузоии Тоҷикистон, балки илмӣ ҳуқуқшиносиро муайян намуд.
Новобаста аз буҳрони илмӣ ҳуқуқшиносӣ таҳқиқотҳои илмӣ дар кишвари мо оид ба проблемаҳои афкори сиёсӣ-ҳуқуқии форсу тоҷик, низоми ҳуқуқи зардуштӣ, масъалаҳои ҳуқуқии барпо ва нигоҳ доштани оила, проблемаҳои мубрами ҳуқуқӣ маданӣ ва соҳибкорӣ, проблемаҳои ҳуқуқии таъмини натиҷаи ниҳоии фаъолияти соҳибкорӣ, масъалаҳои ҳуқуқи граждании саҳомигардонии корхонаҳои давлатӣ, ҳолати ҳуқуқии хоҷагиҳои деҳқонӣ, шартан аз ҷавобгари озод кардан, ҷинояткори дар шаҳри Душанбе, иштироки ҳимоячи дар марҳилаи тафтишӣ ҷиноят, уҳдадориҳое, ки дар натиҷаи пешгирии хавфи зиёни амволи бегона ба вуҷуд меояд, масъалаҳои ҳуқуқии хизматрасонӣ ва баъзе масъалаҳои дигари танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҳуқуқӣ анҷом дода шуд.
Рушди минбаъдаи илмӣ ҳуқуқшиносӣ ба оғози асри ХХ1 рост меояд. Дар ин марҳила Шӯроҳои илмӣ оиди ҳимояи рисолаҳои номзадию докторӣ дар соҳаҳои назарияи давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи маданӣ, соҳибкорӣ, оилавӣ ва ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ ба кор шурӯ карданд. Аз соли 2017 сар карда дар қатори Шӯроҳои пеш амалкунанда, ҳимояи рисолаҳои номзадию докторӣ дар соҳаҳои ҳуқуқи конститутсионӣ, худидоракунии маҳаллӣ, ҳуқуқи ҷиноятӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ҳуқуқи маъмӯрӣ ва як қатор соҳаҳои дигар фаъолияти худро оғоз намуданд. Равияҳои нав, ба монанди, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи оилавӣ, ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ ва оммавӣ, ҳуқуқи конститутсионӣ, худидоракунии маҳаллӣ, ҳуқуқи маъмурӣ, ҳуқуқи молиявӣ ва ғ. инкишоф ёфтанд. Дар баробари факултетҳои Донишгоҳҳо, Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ (соли 2007) ва Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2009) фаъолияти худро оғоз намуданд. Дастоварди ба назар намоёни ин марҳилаи илмӣ ҳуқуқшиносии пасошӯравӣ, ташаккул ва таълимӣ як қатор фанҳои нави ҳуқуқӣ ва равияҳои илмӣ ҳам дар соҳаи ҳуқуқи хусусӣ ва ҳам оммавӣ, инчунин соҳаҳои комплексӣ мебошад, ки ба талаботи мубрам ва вазифаҳои бо таври куллӣ дигаргунсозии кишвар дар руҳияи демократияи ҳуқуқӣ, иқтисоди бозорӣ, гуногунандешии сиёсӣ ва давлатдории демократию ҳуқуқию ҷавобгӯ мебошад. Дар қатори соҳаҳои ҳуқуқии хусусӣ ва оммавӣ, инчунин назарияи соҳаҳои ҳуқуқи комплексӣ рушд ёфт. Аз он ҷумла, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи замин, ҳуқуқи манзил, ҳуқуқӣ бонкӣ ва ғ.
Қайд кардан бамаврид аст, ки Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 феврали соли 2018 қабул карда шуд нақши муҳимро дар рушди мнбаъдаи илми ҳуқуқшиносии муосир бо дарназардошти такмили қонунгузорӣ гузошт. Бо назардошти талаботи Консепсия проблемаҳое, ки ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ таъсир мерасонад ё ин ки бояд дар оянда ба он таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад ба ақидаи мо чунинанд:
1. Ташкили муассисаи махсусе, ки бояд бевосита ба проблемаҳои мубрами илми ҳуқуқшиносӣ машғул шавад. Ба ҳайси он Институти давлат ва ҳуқуқ баромад карда метавонад, ки таъсисӣ онро Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 пешбини менамояд. Дар шароити ҳозира илми ҳуқуқшиносиро дар кишвари мо асосан олимони алоҳида бо мактабҳои илмиашон, ё ин ки олимон дар донишгоҳу донишкадаҳо анҷом медиҳанд.
2. Мавҷуд набудани мактабҳои илмӣ оид ба як қатор равияҳо илмӣ, ба монанди ҳуқуқи меҳнатӣ, ҳуқуқи мурофиаи иқтисодӣ, ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ, ҳуқуқи мурофиавии иқтисодӣ, криминалогия, криминалистика ва ғ. Дар баъзе соҳаҳои пешбарандаи илмӣ ҳуқуқшиносӣ, ҳатто номзадҳои илми ҳуқуқшиносӣ на танҳо ангуштшуморанд, балки вуҷуд надоранд, Аз инҷо таҳқиқотҳои илмии назаррас дар ин соҳаҳо вуҷуд надорад. Илми ҳуқуқшиносии муқоисавӣ, агарчанде, ки кафедраҳо дар ин соҳа таъсис дода шуда бошанд ҳам, бо сабаби мавҷуд набудани таълимӣ низомҳои ҳуқуқии гуногун ва набудани мутахассисоне, ки забонҳои хориҷро вобаста ба касбашон донанд рушд наёфтааст.
3. Кўшиш ба натиљанокии илмӣ ҳуқуқшиносӣ, яке аз масъалаи мубрами рушди илми ҳуқуқшиносии ҳозира мебошад. Бояд қайд намоем, ки агарчанде, категорияи «илми ҳуқуқшиносӣ» ва қонунгузорӣ бо ҳам дар алоқамандӣ қарор дошта бошанд ҳам, вале ҳаммаъно нестанд, зеро инкишофи ҳар яки онҳо ба қонуниятҳои ба худ хос итоат менамояд.
Доираи омӯзиши илми ҳуқуқшиносӣ аз омӯзиш, татбиқ, инчунин таҳия ва пешниҳоди таклифҳои илман асоснок оид ба такмили қонунгузорӣ низ иборат мебошад. Вале дараҷаи татбиқи дастовардҳои илмӣ ҳуқуқшносии ватанӣ дар фаъолияти ҳуқуқэъҷодкунӣ назаррас намебошад. Ба ин баъзе ҳолатҳо таъсир мерасонанд. Бахусус аз тарафи олимони мо бо назадошти рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ дар сари вақт интихоб накардани рисолаҳои илмӣ. Аз тарафи дигар бо сабабе, ки низоми ҳуқуқии кишвари мо ба низоми ҳуқуқии давлатҳои пасошуравӣ, бахусус Россия, Қазоқистон, Белорусия, Узбекистон ва дар ниҳояти кор Қирғизистон шабоҳат дорад, аксарияти масъалаҳое, ки дар рисолаҳои илмӣ ҳалли худро меёбанд, хело барвақт дар рисолаҳои илмии олимони баъзе аз ин кишварҳо, инчунин қонунгузории онҳо, бахусус Россия ҳалли худро ёфтаанд. Дар натиҷа пешниҳодҳое, ки дар рисолаҳои илмии олимони мо оид ба такмили қонунгузории кишвар карда мешаванд, дар аксарияти мавридҳо татбиқи худро дар қонунгузории мо наёфта, барои самаранокона амал намудани конунгузории кишвар мусоидат наменамоянд.
4. Минбаъд илми ҳуқуқшиносӣ таҳқиқотҳои худро бояд бо дарназардошти раванди босуръати инкишофи муносибатњои ҳуқуқӣ дар кишвар ва ҷаҳонишавии он анҷом диҳад. Дар баробари воридшавии меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ба низоми ҳуқуқии миллӣ таносуб ва бо ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи миллӣ яке аз масъалаҳои актуалӣ ба шумор меравад. Таъсири низомҳои ҳуқуқӣ дигар, аз ҷумла англо-саксонӣ, континенталӣ, осиёӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба низоми ҳуқуқии миллии мо зиёд аст. Аз ин лиҳоз, меъёрҳои ҳуқуқии низомҳои зикршударо дар асоси таҳлили илмии ҳамаҷониба ва бо дарназардошти зарурияти танзимнамоии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар кишварамон истифода намудан зарур мебошад.
5. Таҳлилҳои ва таҳқиқотҳои илмӣ дар илми ҳуқуқшиносии тоҷик бояд дар асос ва бо дарназардошти бартараф намудани мухолифат ва номутобиқатии дохилӣ, инчунин номуайянии (холигии) меъёрҳои қонунгузории амалкунанда, ки татбиқи онҳоро дар амал душвор мегардонанд амалӣ карда шавад. Илмӣ ҳуқуқшиносӣ бояд оид ба ин масъала таҳлилҳои назаррас ва таклифҳои судмандро пешниҳод намояд.
6. Проблемаи дигари таълим ва илмӣ ҳуқуқшиносӣ гузариш аз мафҳуми “ҳуқуқшиносӣ” ба мафҳуми “юриспруденсия” мебошад. Ба ҳамаи олимони ҳуқуқшинос маълум аст, ки фаҳмиши “юриспруденсия” нисбат ба “ҳуқуқшиносӣ” васеъ мебошад. Юриспруденсия бештар ба кушодани моҳияти нақши ҳуқуқшинос дар ҷамъият ва тайёр кардани он барои амалия равона карда шудааст. Аз ин ҷо муассисаҳои таълимии ҳуқуқшиносӣ на танҳо ҷои омӯзиши илмӣ ҳуқуқшиносӣ, балки муассисаи таълимие бошад, ки дар он ҷо ҳуқуқшиносони касбиро бояд тайёр намоянд. Яъне, таълимӣ донишҷӯёни ҳуқуқшинос бояд бо назардошти фаъолияти онҳо дар амал ба роҳ монда шавад. Пайвастани илм ба амал зарурияти замон мебошад. Хулосаи мазкур ба мо имконият медиҳад, ки аввало, қайд намоем, ки илми ҳуқуқшиносӣ ва амалияи он ба ҳам дар алоқамандӣ ва бо ҳам дар баҳам таъсирасони қарор доранд; сониян, дар омузиш ва инкишофи илм ва амалияи ҳуқуқшиносӣ бояд мавқеӣ ягонаи методологи ҷой дошта бошад; баъдан, илм бояд ба амалия бе ягон субъективизм пешниҳодҳо манзур намояд ва дар баробари ҳамин доираи зарурияти эъҷодиро муайян намояд. Аз ин ҷо амалияи ҳуқуқиро дар доираи фаъолияти мақомотҳои дахлдори он маҳдуд кардан қобили қабул намебошад.
Ҳамзамон бояд қайд намоем, ки дар шароити ҳозира доктринаи илмӣ ҳуқуқшиносӣ бояд дар асоси таҷрибаи таърихии худи мо, анъанаҳои илмии мактабҳои ҳуқуқшиносии олимони мо, ва бо дарназардошти аз худ намудани соҳаҳои алоҳидаи илми ҳуқушиносие, ки дар кишвари мо мавҷуд намебошад ташаккул ёбад. Барои барпо намудани он дарки мадели конститутсионии давлати ҳуқуқбунёд, ҳолати ҳуқуқии субъектҳо, таҳлили таҷрибаи ҷорӣ ва амали намудани низоми ҳуқуқи позетивӣ, баҳо додани вазъӣ ҳуқуқии шуурӣ ҷамъиятӣ ва дараҷаи маданияти ҳуқуқӣ зарур мебошад. Вақти он расидааст, ки доктринаи ҳуқуқиеро ба вуҷуд биёрем, ки ба мо имконият диҳад зуҳуроти ҳуқуқиро на танҳо аз нуқтаи назари асосҳои ҳуқуқи умумиинсондӯстӣ, табии ва позетивӣ, инчунин аз нуқтаи назари хусусиятҳои инфиродию таърихӣ, фарҳангӣ ва миллӣатасоснок ва мубрамияташ баҳо диҳем. Аз ин ҷо ҷаҳиши ҷаҳонбинии фарҳангӣ дар дониш, шарҳ ва тасдиқи унсурҳои ҳуқуқии ватанӣ зарур мебошад. Ин танҳо дар ҳолати озодии эъҷодӣ (методологӣ), ки Конститутсия ба мо имкон додааст бо мақсади барпо кардани тарзи ба худ хоси ҳуқуқӣ ба воситаи шиносшавӣ ба анъанаҳои фарҳангии чуқурӣ тамаддуни ҳуқуқи ватанӣ имконият дорад.
Ба ақидаи мо омили асосие, ки боиси боздорандаи мавқеии ақидаҳои илмии мустақил дар кишвари мо мегардад фикронии шахшуда, азхуд кардан ва талқин кардани танҳо таҷрибаи ҳуқуқии ғарб (хориҷӣ) мебошад. Дар рисолаҳои илмии эъфодкардашуда одатан ба ғояҳои илмии олимони хориҷӣ такя карда шуда, дастовардҳои гузашта ва имрӯзаи илми ҳуқуқшиносии кишвар ба назари эътибор гирифта намешавад. Истифодаи ақидаҳои олимони ғарб қобили қабул мебошад, вале онро ба дараҷае истифода бурдан, ки илми ҳуқуқшиносии тоҷик дар давоми мавҷудияташ коре накарда бошад, қобили қабул намебошад. Дар ҳамин замина кушиши бо таври косметики аз нав кардани он чизе, ки аз худ карда шудааст ё пайравӣ ба он карда мешавад равнақ меёбанд. Ҳангоми чунин муносибат дар бораи муносибати эъҷодкорона нисбат ба илм сухан рондан амри маҳол аст. То ба ҳол илми ҳуқуқшиносии тоҷик оид ба фаҳмиши ҳуқуқ муносибати объективонаро таҳия накардааст, тасавуроти ягона дар бораи моҳияти давлат, аз он ҷумла давлати миллӣ, қонуни ҳуқуқӣ ва амалинамоии ҳуқуқ вуҷуд надорад, фарқияти аниқ дар байни категорияҳои “низоми ҳуқуқӣ” ва “низоми ҳуқуқ” , “ҳуқуқи миллӣ” ва”низоми ҳуқуқи миллӣ”мавҷуд нест, таркиби низоми ҳуқуқӣ нофаҳмост, таҳлилҳои консептуалӣ дар бораи моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, нақши шартнома дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, масъалаҳои мубрами ҳуқуқи меросӣ, масъалаҳои ҳуқуқшиносии муқоисавӣ, танзими давлатии иқтисодиёт (соҳибкорӣ) ва ғ. мавҷуд нест. Таҳлили адабиёти ҳуқуқӣ ва рисолаҳои номзадию доктори нишон медиҳад, ки олимони ҳуқуқшиносӣ ватанӣ асосан баъзе ҷабҳаҳои донишҳои назариявиро, ба монанди таърихи давлат, инкишофи ҳуқуқ, меъёри ҳуқуқ, ҳуқуқвайронкунӣ, шуурнокии ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ, масъалаҳои оила, муносибатҳои шахсии ғайримолумулки, танзими ҳуқуқии иттиллоот, танзими ҳуқуқии масъалаҳои хизматрасонӣ ва ғ. мавриди таҳқиқи қарор додаанд. Ба проблемаҳои доктринаи ҳуқуқӣ, фаъолияти ҳуқуқӣ, идеологияи ҳуқуқӣ, фаҳмиши ҳуқуқӣ, қонуни ҳуқуқӣ, кафолати ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҷавобгарии ҳуқуқӣ, ҷавобгарии маънавӣ, фаъолияти давлат, ҷавобгарии давлат, қонуни миллӣ ва ғ. таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда намешавад. Дар бораи “Девони қозиёти Исмоили Сомонӣ” ҳамчун падидаи миллӣ то ба ҳол як таҳқиқоти мукаммали илмӣ навишта нашудааст. Ҳол он, ки низоми ҳуқуқи англо-саксонӣ ва исломӣ аз ҳамин падида манша мегирад. Дар дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан дар бораи муқаддас будани ҳуқуқу озодиҳои инсон меравад, вале таҳқиқоти мушаххаси илмӣ дар бораи он, ки ин муқаддасот дар чӣ ифода меёбад мавҷуд нест.
Китобҳои дарсие, ки навишта мешаванд хело зиёданд. Онҳо характери умуми таълимӣ доранд. Ба дараҷаи таълим, яъне низоми ҳозираи таълим мутобиқат наменамоянд. Онҳо бояд барои низоми бакаловриат ва магистратура навишта шаванд ва ҷавобгӯ ба онҳо бошанд. Илми ҳуқуқшиносии тоҷик бояд бартарият ва камбудиҳои қонунгузории амалкунандаро дар алоқаманди ба воқеияти амалия таҳлил намуда, роҳ ва тарзҳои бартараф кардани онҳоро муайян, равиш, тарз ва шаклҳои барқарроршавӣ ва инкишофи сохти ҳозиразамони давлатӣ ҳуқуқиро дар кишвар, принсипҳо, институтҳо, меъёрҳо ва расмиятҳои волоияти ҳуқуқ, тартиботи ҳуқуқӣ ва давлати ҳуқуқбунёдро асоснок намояд.
Ҳамзамон, ҳолати илми ҳуқуқшиносӣ дар шароити ҳозира бояд бо дарназардошти воридшавии он ба ҳаёти иҷтимоию фарҳангӣ кишвар баҳо дода шавад. Илми ҳуқуқшиносии ватанӣ дар давоми мавҷудияти худ ба фарҳанги ҳуқуқӣ ва ғайриҳуқуқӣ таваҷҷуҳ дода, вале ба таъсири ҳуқуқ ба инкишофи мусбии фарҳанги умумӣ дар шаклҳои гуногуни зоҳиршавии он диққати ҷиддӣ надод. Бояд қайд намоем, ки дараҷаи фарҳангӣ, ки ба ягон қонун итоат наменамояд, муносибати одамонро дар ҳамаи соҳаҳо муайян менамояд. Барои ҳамин ҳам илми ҳуқуқшиносӣ бояд: авалло, ба талаботи фарҳангӣ умумӣ ва ҳуқуқӣ ҷавоб диҳад; сониян, анъанаҳои фарҳангии устуворро, ки манфиати миллату давлатро ифода менамояд дастгири намояд; баъдан, бо пешниҳодҳои дар доираи қонун худ ба фаъолияти пурсамари ҳокимияти давлатӣ барои бартараф кардани зуҳуротҳои шахшудаи арзишҳои фарҳангӣ, ки ба рушди ҷомеа расман мамониат менамояд, таъсир расонад[4].
Адабиёт:
1. Раҳимзода М. З. Илми ҳуқуқи соҳибкорӣ ҳамчун қисми таркибии илми ҳуқуқшиносӣ/Давлатшиносӣ ва ҳуқуқи инсон. 2019.-№4.- С.54-55.
2. Алексеев С. С. Восхождение к праву. Поиски и решения. – М., 2002.- С.17, 94.
3. Кризис права. История и современность : монография/ Л. Е. Лаптева, Р. А. Ромашов, И. Л. Честнов [и др.]. /под ред. В. В. Денисенко, М. А. Беляева, Е. Н. Тонкова. -Санкт-Петербург : Алетейя, 2018. -С.4-7.
4. Лазарев В. В. Юридическая наука: современное состояние, вызовы и перспективы (размышления теоретика) /«Lex russica», 2013. -№2. -С.181-191.
Раҳимзода Маҳмад Забир - узви вобастаи АМИТ, доктори илми ҳуқуқшиносӣ, профессор, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон
Меҳргон – иди дӯстию меҳру муҳаббати табақаҳои гуногуни мардуми Машриқзамин аст. Дар иди қадимаи халқи тоҷик вакилони мардумони тамоми халқҳои ҷаҳон иштирок менамоянд ва ба ҷашни ҳақиқии байналмиллалӣ табдил меёбад. Меҳргон баробари инкишофи деҳқонӣ пайдо шудааст ва онро баъди ғунучини ҳосил ид мекарданд. Деҳқонон ба пешвози Меҳргон ҳашар мегузарониданд, сарулибоси нав мепӯшиданд, сайру базмҳо меростанд.
Вожаи меҳргон аз ду ҷузъ иборат буда, дар луғатномаҳо дар борааш чунин шарҳ омадааст: «меҳр» - муҳаббат, самимият, дӯстӣ ва «гон» - далел бар нисбат, яъне ба чизе мансуб будан аст. «Гон» одатан дар охири исми рӯз ва моҳи хуршедӣ омада, исми амшоспанд (ҷовидони муқаддас) ва фариштае аз устураҳои қадимаи мо мебошад.
Дар гузашта оид ба тарзи гузаронидани иди Меҳргон анъанаҳои гуногун вуҷуд доштааст. Рӯзи аввали идро «Меҳргони омма» меномидаанд ва ид шаш рӯз давом ёфта, рӯзи охири онро, ки «Ромрӯз» ном доштааст, «Меҳргони хосса» мнгуфтаанд.
Ҷашни Меҳргонро ботантана, бо суруди мусиқӣ ва рақсу бозиҳо мегузаронидаанд. Ҳатто шоҳони даврони Ҳахоманишӣ танҳо дар ҳамин рӯз дар ҷашнгоҳ ҳуқуқи рақс кардан доштаанд ва метавонистанд маст шаванд. Дар ин рӯз аз шоҳ то ғулом либоси арғувонӣ (сурх) мепӯшиданд. Аз даврони Фаридун анъана шуда шуда будааст, ки мардум ба миён рӯймоли махсуси арғувонӣ банданд ва суруд замзама кунанду вақти таом хӯрдан сухан нагӯянд. Шоҳони давр ва ҳокимони вақт ба ҳамдигар ба муносибати иди Меҳргон туҳфаҳо мефиристодаанд. Асосгузори сулолаи Сосониён дар ҳамин рӯз тоҷе, ки дар он сурати Офтоб нақш карда буд, бар сар мениҳод ва ин минбаъд анъанаи мулкдорони Аҷам мегардад.
Овардаанд, ки шаҳрбон (шаҳрдор, ҳоким)-и Арманистон дар ҷашни Меҳргон 20000 той ба расми армуғон ба дарбори Ҳахоманишиён ҳадя фиристода будааст. Шоҳони Сосонӣ Ардашери Бобакон ва Хусрави Анушервон (солҳои ҳукмронияш 531-579) дар он рӯз ба мардум ҳадяҳо медодаанд.
Абурайҳони Берунӣ чандин анъанаҳои иди Меҳргонро махсус қайд намудааст. Аз нақли ӯ маълум мешавад, ки дар даргоҳи подшоҳон ҳангоми таҷлили ин ҷашн анъанае ҷорӣ будааст. Онҳо нобиғаи ҳамватанамон чунин ба қалам медиҳад: Дар саҳни дарбор марди диловаре ҳангоми тулӯи Офтоб бо овози баланд мегуфтааст:- Эй фариштагон, ба дунёи поин фуруд оед ва шаётину шаррҳоро банду баст кунед ва онҳоро аз рӯйи Замин дафъ намоед!.
Аз рӯйи гуфти Салмони Форс Худованд барои зинати бандагони худ ёқутро дар Наврӯз ва забарҷадро дар Меҳргон офаридааст. Аз ин рӯ ин ду айём дар фазл ҳамчун сангҳои пурбаҳои ёқуту забарҷад ҳастанд. Овардаанд, ки Худо Заминро дар ҳамин рӯз офарид ва ба ҷондорҳо ҷон ато карду муқарри (соҳиби) арвоҳ гардонид.
Мардум боварӣ доштанд, ки агар касе дар бомдоди Меҳргон анор бихӯрад ва ё гулоб бибӯяд, офатҳои заминию осмонӣ аз ӯ дур мешудааст. Шоҳону сарварон дар рӯзи иди Наврӯз ба сарбозон либосҳои тобистона медоданд, бо фаро расидани иди Меҳргон сипоҳиёнухидматгузорон ба сару либос ва чизу чораҳои зимистона соҳиб мегаштанд. Давраҳое ҳам будааст, ки бо амри шоҳон рӯзҳои байни иди Меҳргони омма ва Меҳргони хоссаро бо ҳам пайваста чанд рӯз ид мекарданд. Ин навоварӣ дар давраи Ҳурмуз – писари Шопури Сосонӣ ҷорӣ карда шуда, баъдтар ҳатто Меҳргонро як моҳи пурра ид мекарданд. Анъанае низ роиҷ будааст, ки чун маъраки иди Наврӯз ҳар гуна намоишҳои идонаро, ки рамзи ба худ хоссе доштанд, байни дарбориён ва халқ меоростанд. Рӯзи Меҳргон дастархоне аз матоъи сурх (арғувонӣ) мегустурданд ва онро бо ноҳои аз зироати ҳамон сол рӯйида оро медоданд.
Истиқлолияти комили давлатии Тоҷикистон барои эҳёи расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон марҳилаи тоза гардид. Зеро бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 иди Меҳргон дар ҷумҳурӣ ҳамчун иди миллӣ эътироф гашта, дар баробари Ҳукумтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста талош меварзад, то мероси ғании фарҳангӣ, расму оинҳои ниёгон дар доираи чорабиниҳои давлатӣ таҷлил мегарданд.
Имрӯзҳо тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу шаҳомат ба роҳ монда шудааст. Ба истиқболи ин рӯзи муборак пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорвадорон ва механизаторони меҳнатқарин бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти давлати тоҷикон саҳми арзанда мегузоранд. Рушду пешрафти ин соҳа афзалиятноки хоҷагии халқ барои инкишофи ояндаи иқтисодиёти кишвар хеле муҳим аст ва чун таҳкурсии мустаҳкам хизмат мекунад.
Ба таъкиди Роҳбари давлат, ҷашн танҳо ба хотири ҷашн нест ва таҷлили ҳар санаи муҳим дар зиндагӣ бояд моро ба андеша ва хулосабарорӣ барои ояндаи таҳрик созад. Бинобар ин, амалӣ гардонидани чорабиниҳои мунтазам оид ба беҳтар намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ, роҳҳои ҳалли мушкилот ва таъмини рушди устувори он ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон – таъмини амнияти озуқаворӣ ва муҳимтар аз ҳама, худкифо шудани Тоҷикистон аз лиҳози таъмини маводи ғизоӣ, вазифаи аввалиндараҷаи олимону мутахассисони бахши кишоварзӣ ба шумор меравад. Ҳар сол бо дарназардошти ин ки Меҳргонро бештар ба унвони ҷашни кишоварзон мешиносанд, дар ҷашнгоҳҳо намоишгоҳи анвои мухталифи меваю сабзиҷот, консерву оби мева ва таҷҳизоти кишоварзӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, базму тамошоҳо барпо мешавад.
Сол то сол, аз Меҳргон то Меҳргон, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд шуда истодааст. Ҷамъоварии ҳосили фаровони ғалла, картошка, меваю сабзиҷот, пахта, асал ва дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ як гоми муҳиме дар таъмини амнияти озуқаи Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Кишоварзони тоҷик ҳамчунин ҳазорҳо тонна меваю сабзиҷот ва меваи хушкро ба мамолики хориҷӣ, бахусус Руссия содир мекунанд, ки ин амр тақозои иқтисоди бозаргонист. Кишоварз дар фурӯши маҳсулоти хеш озод аст ва барои ба даст овардани даромади хуб метавонад тавлидоти худро ба хориҷи кишвар содир кунад.
Ҷашни Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса инъикос менамояд.
Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили меҳнати марди деҳқон фаро расидани иди Меҳргон басо рамзӣ буда, ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромадани таҷлили расмии ҷашнвораи мазкур далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш овардааст ва эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад.
Қурбонов Амиршо – н.и.х, директори Филиали Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар вилояти Хатлон