Skip to main content

123Аз тавсиби Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки санаи 12 августи соли 2014, №255 ба тасвиб расида буд, 10 сол сипарӣ гардид. Дар ин замина, санаи 25 октябри соли 2024 дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки васеи олимон аз ҷумла ҳайати роҳбарикунандаи шуроҳои диссертатсионӣконференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Нақши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини соҳибистиқлолии илмии Тоҷикистон” бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли 2024-Соли маърифати ҳуқуқӣ ва 10-солагии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар конфронси мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо, раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қ.Х., ва дигарон дар мавзуъҳои мубрами замони муосир маърузаҳо қироат намуданд.

Дар рафти конфронс қайд карда шуд, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади бартараф намудани норасоии мутахассисони дорои дараҷа ва уновони илмидор, ҳамчунин омода намудани кадрҳои илмӣ дар дохили ҷумҳурӣ дар низоми давлатдории миллӣ ниҳоди муҳими илмӣ Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Аз таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз беш аз 2763 диссертатсия барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ, 1112 парванда оид ба унвонҳои илмӣ, 218 парвандаи ҳимояҳои якдафъаина, 82 парвандаи баробарарзишии дараҷа ва унвонҳои илмӣ, 13 парвандаи азнав аттестатсиякунонии дараҷаҳои илмӣ баррасӣ гардида, 57 маҷаллаи тақризшаванда фаъолият мекунад. Бо таъсис ёфтани Комиссияи олии аттестатсионӣ ҳамчунин, дар баробари давра ба давра ҳал гардидани мушкилии норасоии кадрӣ, ба масъалаи дар истеҳсолот татбиқ намудани навгониҳои илмӣ диққати ҷиддӣ дода шуда истодааст.

Дар фарҷоми конфронс ба беҳтарин шуроҳои диссертатсионӣ, маҷаллаҳои тақризшаванда ва диссертатсияҳои илмӣ сипоснома ва туҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуданд. Аз ҷумла, дар сафи беҳтарин шуроҳо шурои диссертатсионии 6D.КОА-059 назди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонва маҷаллаи беҳтарин Ахбори АМИТ (Шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникаи АМИТ) бо гирифтани сипосномаҳо сарфароз гардиданд. Маврид ба зикри хос аст, ки ин комёбӣ натиҷаи заҳматҳои роҳбарияти шуро ва ҳайати шуро мебошад, зеро ҳангоми қабул, баррасӣ ва ҳимояи диссертатсияҳо ҷиддият ва риояи муқаррароти санадҳои меъёрию ҳуқуқии самти аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олиро сармашқи кори худ мекунанд. Аз ҷониби дигар сатҳи кордонии роҳбарияти шуро ва фаъолияти пурсамари ҳайати шуро ба он боис мегардад, ки довталабони дараҷаҳои илмӣ бо муваффақиат диссертатсияҳоро ҳимоя ва соҳиби дипломи дараҷаҳои илмӣ гарданд.

Аҳмадов Ф.М. Сармутахассиси Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи (PhD) – и назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

123Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад. Таҷрибаи қабули конститутсия дар давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистони мо баръало нишон медиҳад, ки он ҳамчун ҳуҷҷати бисёр муҳимми сиёсӣ ва санади олии ҳуқуқӣ бо истиқлоли давлатӣ робитаи ногусастанӣ дорад. (Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)

Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини халқи тоҷик ва дастоварди бузурги мардуми кишвар мебошад. 6 ноябри соли 1994 дар давраи ниҳоят ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ, дар замоне, ки ҳанӯз оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга мезад, аз ҷониби мардуми тамаддунсози мо бо дарки масъулияти бузург тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қонуни асосии давлат - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.

Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон ба ҷонибдории давлате раъй дод ва онро ҳамчун ояндаи худ интихоб кард, ки дар он волоияти қонун ҳукумрон буда, ҳамаи аркони давлатдорӣ аз ҳуқуқ сарчашма мегиранд. Баъд аз қабули Конститутсия дар кишвар ислоҳоти бунёдиву фарогири сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз шуда, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро ба танзим даровард ва барои суботи конститутсионӣ заминаи мустақим фароҳам овард.

Конститутсия, ки метавон онро шиносномаи давлат ва бахтномаи миллат номид, бори нахуст Тоҷикистонро ба ҷаҳониён чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуд, забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ эълон ва рамзҳои давлатии мамлакатро муайян кард, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ ва халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.

Халқи тамаддунсозу фарҳангӣ ва ободгари мо тавонист санаде қабул намояд, ки дар ҳақиқат таҷассумгари манфиатҳои миллӣ буда, рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеаро таъмин менамояд. Гузашти солҳо дурустии роҳи интихобкардаи моро, ки бо майлу иродаи мардуми кишвар дар Конститутсия дарҷ гардидааст, нишон медиҳад.

Тавре дар муқаддимаи Конститутсияи Тоҷикистон зикр шудааст: “Халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳон, бо эҳсоси масъулияти амиқ дар назди наслҳои гузашта, ҳозираву оянда ва муқаддас шуморидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи таърихии худ эълон намуд”.

Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози мардуми куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо оини давлату давлатдории тоҷиконро, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон идома ва сайқал ёфтааст, ҳамчунин кӯшишу талошҳои фарзандони хирадманду фарзонаи ин халқро дар роҳи расидан ба соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ, ҷомаи амал пӯшонид. Ғояҳои башардӯстонаи он инъикоскунандаи суннатҳои пурғановати халқи тоҷик буда, аз барҷастатарин намунаҳои фарҳангии ниёгони ориёии мо, анъанаҳои давлатдории Сосониёну Сомониён ва мероси бузургони таъриху адабиётӣ аз ҷониби умум эътирофгардидаи мо сарчашма мегиранд.

Дар баробари ин, Конститутсияи мо аз таҷрибаи пешқадами конститутсионализми давлатҳои мутараққии дунё низ баҳраи фаровон гирифтааст. Беҳуда нест, ки он аз ҷониби созмонҳои бонуфуз ва коршиносони маъруфи ҷаҳон аз ҷумлаи конститутсияҳои беҳтарин ва демократӣ эътироф шудааст.

Бо қабули Конститутсия майлу иродаи халқи Тоҷикистон оид ба эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ, ки дар бобати интихоби сарнавишти минбаъдаи кишвар имтиҳони ҷиддие буд, муайян гардид. Айни ҳол Конститутсия давлати навини тоҷиконро ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ба аҳли ҷаҳон муаррифӣ намуда, азми қатъии моро дар пешбурди сиёсати сулҳҷӯёна, эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳон ва роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои байнидавлатиии минтақави ва байналхалқиро дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ муқаррар намудаст.

Қонуни асосии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқиро барои фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ фароҳам оварда, оғози марҳалаи сифатан нави инкишофи давлат ва рушди ҷомеа гардид ва халқи тоҷикро ба шоҳроҳи бузурги ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва фаъолияти созандаву бунёдкорона раҳнамун сохт.

Он ба сифати қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии он, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян сохт ва муҳимтар аз ҳама, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуда, барои инкишофи минбаъдаи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ роҳи васеъ кушод.

Конститутсия дар баробари эътирофи як қатор арзишҳои давлатдории ҷаҳони муосир, аз қабили сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқ, инкишоф ёфтани ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсиву мафкуравӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, афзалияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ барои таъсис ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ заминаҳои зарурии ташкиливу ҳуқуқиро фароҳам овард. Он ҳамчун қонуни олии кишвар азму иродаи мардуми Тоҷикистонро оид ба тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат эълон намуд.

Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди мамлакат ин санади тақдирсозро азизу муқаддас меҳисобад, зеро он ҳуқуқу озодиҳои ҳар кадоми онҳоро ба сифати арзиши олӣ эътироф намуда, ҳифзи қонунии як силсила ҳуқуқҳои фитрии инсон, аз ҷумла дахлнопазирии ҳаёт, қадр, номус, инчунин озодии виҷдону эътиқод ва дигар ҳуқуқу озодиҳои ӯро кафолат медиҳад.

Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати барномавии ҳаёти давлат ва ҷомеа дурнамои пешрафти кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистонро барои солҳои тӯлонӣ пешбинӣ намуда, барои халқи мо бардавому поянда хизмат мекунад. Зеро эҳтиром, риоя ва ҳифзи Конститутсия - кафолати таъмини қонуният, амният ва сулҳу суботи давлат ва ҷомеа мебошад. Бинобар ин, риояи Конститутсия ва таъмини волоияти қонун вазифаи ҳамаи мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди бонангу номус мебошад.

Мазмуну муҳтаво ва талаботи ҳар як моддаи Конститутся муайянкунандаи мақому манзалати инсон ва шаҳрванд дар ҷомеа ва дифои ҳуқуқу озодиҳои ӯ мебошад. Гуфтан ба маврид аст, ки дар Конститутсия пойдориву таҳкими Ваҳдати миллӣ, нагаравидани ҷавонон баҳар гуна ҳаракату ташкилотҳои тамоюли тундгароӣ ва ифротидошта, расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ дарҷ гардидааст, ки пайрави аз он вазифаи ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамуданд, ки фақат қабули Конститутсия метавонист барои ҳифзи истиқлол, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, инчунин, ҷиҳати мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии давлат, шароити мусоиди ҳуқуқиро фароҳам орад.

Бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он моро ба дигаргуниҳои азими сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ кард. Меъёрҳои Конститутсия барои ҳамгироӣ бо ҷомеаи ҷаҳон замина гузоштанд ва Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ ба узвияти созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва байналмилалӣ пазируфта шуд.

Бунёди давлати ҳуқуқбунёд ҳар яки моро вазифадор месозад, ки риояи ҳатмии қонун, пеш аз ҳама, меъёрҳои Конститутсияи давлатамонро таъмин намоем, зеро риояву иҷрои қонун, яъне волоияти қонун, шарти муҳимтарини эъмори ҷомеаи навин ба шумор меравад. Эҳтиром ба Конститутсия ва қонун - эҳтиром ба ҳуқуқҳои худ ва дигарон мебошад. Бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ, озоду демократӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мо бояд тамоми кӯшиши худро ба он равона созем, ки Тоҷикистони азизамонро ба як кишвари пешрафта мубаддал сохта, ба наслҳои оянда як мулки ободро ба мерос гузорем.

Бигзор, Конститутсияи давлати демократии мо ҳамеша қутбнамо ва ифодагари манфиатҳои волои халқи дорои таърихи бою рангинамон, манбаи асосии ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ, пешбарандаи ғояву арзишҳои миллии мардуми шарифи Тоҷикистон ва амаликунандаи умеду ормонҳои чандинасраи ниёгонамон бошад.

Субҳиддин Зиёев, номзади илмҳои филологӣ

Дар ҳошияи иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши BRICS, Қазон, Федератсияи Русия,

22-24 октябри 2024

Дар ин рӯзҳо, яъне 22-24 октябр, дар пойтахти Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия шаҳри Қазон ҳамоиши бузург, бо ҳузури намояндагони боломақоми кишварҳои аъзои BRICS (Brazil, Russia, India, China, South Africa) ва чандин кишвари дигар, баргузор шуда истодааст. Дар маҷмуъ, раҳбарони 36 кишвари ҷаҳон дар ҳамоиши мазкур ширкат менамоянд. Ин аввалин форуми сатҳи баланди ин созмон баъди васеъшавӣ мебошад, ки соли ҷорӣ 5 кишвари дигар ба он пайваст шуданд. Ин кишварҳо Эрон, Миср, Эфиопия, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ мебошанд. Кишвари Озарбойҷон низ барои пайвастан ба он дархости худро ирсол намудааст. Ин ҳамоиш бо ҷалб кардани кишварҳои зиёд диққати коршиносон ва расонаҳои ҷаҳонро ба худ ҷалб намудааст.

Барои Федератсияи Русия аҳамияти ҳамоиши мазкур пеш аз ҳама дар он аст, ки тавонист танҳову дар инзиво набудани худро ба кишварҳои ғарбӣ ва ҳампаймонони онҳо дар Шарқу Океания нишон диҳад. Дар воқеъ, маҳз равобити наздики сиёсиву иқтисодӣ доштан бо кишварҳои аъзои BRICS буд, ки зарбаи таҳримҳои вазнини кишварҳои ғарбиро ба иқтисоди Русия кам кард ва ин кишварро аз шикасти иқтисодӣ наҷот дод. Дар баробари канда шудани робитаҳои тиҷоратӣ бо кишварҳои муайяни Аврупо, ки шарикони асосии Русия маҳсуб меёфтанд, тиҷорати ин кишвар бо кишварҳои аъзои BRICS, махсусан бо Чину Ҳиндустон, ба маротиб зиёд гардид. Бо вуҷуди мушкилот дар ҳисоббаробаркунӣ, ки асосан тавассути шабакаҳои молиявии ИМА сурат мегирифт, тиҷорат миёни кишварҳои мазкур дар ду соли гузашта ба таври назаррас зиёд гардида, воситаҳои ҳисоббаробаркунӣ дигаргун шуданд, ки тибқи нишондодҳои ҷониби Русия ҳамакнун то 95 дарсади ҳисоббаробаркуниҳо миёни ин кишвар бо кишварҳои аъзои BRICS бо асъори миллии ин кишварҳо ба роҳ монда шудааст. Аммо мушкили фарқияти маблағҳои тиҷоратӣ то ҳол боқӣ мондааст. Барои ин мушкил дар ҷаҳони муосир асосан доллари ИМА истифода гардида, тавассути он кишварҳо фарқияти тиҷории худро баробар месозанд. Вале истифода шудани он аз ҷониби ИМА ҳамчун фишанги сиёсӣ дар солҳои охир кишварҳоро маҷбур сохтааст, ки роҳҳои алтернативии ҳисоббаробаркуниро дарёбанд. Ин масъала яке аз мавзуъҳои асосии баррасишаванда дар ҳамоиши BRICS дар шаҳри Қазон мебошад.

BRICS як созмони ҳамгироии иқтисодие ба монанди Иттиҳоди Аврупо нест. Ин як майдони гуфтушунидҳои судманд барои кишварҳоест, ки манфиатҳои муштараки сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ доранд. Муносибатҳои кишварҳои аъзои он дар асоси принсипҳои баробарӣ ва дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар ба роҳ монда шуда, бардоштани монеаҳои табииву сунъӣ дар муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни кишварҳои аъзо ҳадафи асосии он мебошад. Сиёсатмадорон ва коршиносон аз кишварҳои аъзои BRICS пайваста таъкид менамоянд, ки ин созмон дар муқобили ҳеҷ як созмони байналмилалии дигар намеистад. Баръакс пуркунандаи халоҳоест, ки дар доираи СММ, Бонки Ҷаҳонӣ, Созмони Умумиҷаҳонии Тиҷорат ва ғайра пур кардани онҳо имконпазир нест. Масъалаи дедолларизатсия низ ба маънои пурра даст кашидан аз доллари ИМА дар тиҷорати ҷаҳонӣ нест. Агар кишварҳои BRICS тавонанд воситаи алтернативие барои ҳисоббаробаркунӣ миёни якдигар ёбанд, ин ба он маъно нест, ки онҳо дигар ба доллари ИМА ниёз надоранд. Доллари ИМА ҳамоно дар ҳисоббаробаркуниҳо миёни аксари кишварҳои ҷаҳон, махсусан кишварҳои сарватманду пешрафта, ки ҳиссаи бузурги тиҷорати кишварҳои BRICS ба онҳо рост меояд, истифода хоҳад шуд. Албатта, саҳми доллари ИМА дар тиҷорати ҷаҳонӣ камтар хоҳад шуд, вале ҳамоно асъори асосии ҷаҳонӣ дар ояндаи наздик боқӣ хоҳад монд.

Дар ҳақиқат бузургтарин кишварҳои BRICS Чину Ҳиндустон бо кишварҳои Ғарбӣ ва шарикони онҳо дар Осиёву Океания муносибатҳои зиёди иқтисодиву тиҷоратӣ доранд, ки онҳоро бо ҳамдигар вобаста намудааст. Ин вобастагӣ ва манфиатҳои бузурги муштарак иҷозат намедиҳад, ки онҳо бар зидди созмонҳои дигари ҷаҳонӣ ва махсусан ғарбӣ созмоне сохта бошанд. BRICS низ аз ҷумлаи онҳост ва ҳеҷ гоҳ бар зидди кишварҳои номбурда амал карда наметавонад. Агар масъала ин бошад, ки ин ду кишвари бузург миёни BRICS ва Ғарби мутаҳҳид бо сарварии ИМА якеро интихоб намоянд, ба эҳтимоли зиёд онҳо Ғарбро интихоб мекунанд. Чунки манфиатҳои иқтисодиву тиҷоратии бештар мегиранд. Аммо чунин масъалагузорие ҳеҷ гоҳ нахоҳад шуд ва кишварҳои аъзои BRICS ҳамҷун давлатҳои соҳибистиқлол, кӯшиш мекунанд дар баробари нигаҳдориву густариш додани муносибатҳои гуногунсамта бо кишварҳои ғарбӣ, бо дигар кишварҳои ҷаҳон, ки нисбаташон таҳримҳову маҳдудиятҳои гуногун ҷорӣ гаштааст, ҳамкориву тиҷорати озод дошта бошанд. Майдони гуфгушунидҳои BRICS барои онҳо имкониятҳои амалӣ кардани чунин ҳадафҳоро таъмин менамояд ва онҳо аз ин имконият истифода бурда истодаанд. Илова бар ин, кишварҳои аъзои BRICS дар занҷираи таъминотии ҷаҳонӣ саҳми хеле зиёд доранд ва кишварҳои ғарбӣ низ аз ҳамкорӣ бо онҳо даст кашидан намехоҳанд. Онҳо дар баробари қудрат гирифтани кишварҳои аъзои BRICS ва бисёрқутба шудани ҷаҳон коре карда наметавоанд.

Ҷаҳони бисёрқутба дар асри ҷаҳонишавӣ дигар ба он маъно нест, ки қутбҳо дар муқобили ҳам истода ҷанги сарди навро ба роҳ монанд. Ҷаҳонишавӣ бо ба вуҷуд овардани тақсимоти меҳнати нисбатан дурусттар самаранокии меҳнат ва сармояро ба таври назаррас боло бурда, кишварҳои ҷаҳонро ба ҳам вобаста сохтааст. Занҷираи таъминотии ҷаҳонӣ чунон устувор аст, ки баркандани як ҳалқае аз он нархҳоро боло бурда, мушкилоти зиёзеро барои кишварҳои муайян ба бор меорад. Кӯшишҳои берун кардани Русия аз ин занҷира ва мушкилоти бархоста аз он барои кишварҳои Аврупо далели ин буда метавонанд. Дар асри нав бисёрқутба шудани ҷаҳон маънои онро дорад, ки кишварҳои бузург дар ҳар минтақа сиёсати мустақилро пеша карда, дар тасмимгириҳои сатҳи ҷаҳонӣ саҳми бештар мегиранд. Дигар ҷанги сарди наве имконпазир нест. Чунки кишварҳое, ки аз ҷониби Ғарб таҳрим шуда, зери фишорҳои вазнин қарор доранд ва мехоҳанд дар муқобили онҳо як қутби мустақил бошанд, чунин қудрати сиёсиву иқтисодиро надоранд. Аммо кишварҳое, ки қурдату имкони як қутби муқобил дар баробари Ғарб шуданро доранд, ба ҳамон занҷираи таъминотии ҷаҳонӣ пайваст буда, барои нигаҳдории мавқеи худ маҷбуранд бо ҳама кишварҳои ҷаҳон муносибати хубро ба роҳ монанд. Дуруст аст, ки дар ин миён нофаҳмиҳо пайдо мешаванд, вале онҳо дер ё зуд ҳалли мусолиматомези худро ёфта, ба тиҷорату сармоягузорӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ монеа эҷод намекунанд. Дар форумҳои BRICS низ масъалаи бардоштани монеаҳои тиҷоратӣ миёни кишварҳои аъзои он мавриди муҳокима қарор мегирад.

Форумҳои BRICS таваҷҷуҳи дигар кишварҳои рӯ ба рушдро ба худ ҷалб намудааст. Чунки ин кишварҳо барои ба даст овардани рушди босуръату устувор ба сармоягузорӣ ва тиҷорати бештар ниёз доранд. Кишварҳои BRICS, махсусан Чин, АМА ва Арабистони Саудӣ солҳои охир аз сармоягузорони асосӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбанд. Дар ҳамоишҳои BRICS кишварҳои дигар метавонанд лоиҳаҳои ҷолиби худро ба намоиш гузошта, сармояи мустақили кишварҳои мазкурро ба даст оваранд. Ин аст, ки дар ҳамоиши навбатии BRICS дар шаҳри Қазон дар баробари 10 кишвари аъзои он 26 кишвари дигар, аз ҷумла Тоҷикистон, иштирок карда истодаанд. Ин таваҷҷуҳи зиёд ба ин ҳамоиш аз боло рафтани мавқеи BRICS дар сатҳи ҷаҳонӣ гувоҳӣ медиҳад.

Хулоса, ҳамоиши навбатии BRICS дар шаҳри Қазон бо иштироки намояндагони боломақоми 36 кишвари ҷаҳон баргузор шуда, мустақил будани сиёсати ин давлатҳоро ба намоиш гузошт. Кишварҳои аъзои он ва дигар кишварҳое, ки ба он таваҷҷуҳ доранд тайи се рӯз сари масъалаҳои мубрам дар сатҳи ҷаҳонӣ гуфтушунидҳои дуҷонибаю биёрҷонибаро роҳандозӣ намуда, барои ҳалли саривақтии онҳо тасмимҳои муштарак хоҳанд гирифт. Акнун вақт ниҳон медиҳад, ки то куҷо ин имкониятҳо аз ҷониби кишварҳои иштироккунанда истифода мегарданд ва BRICS ба ҷаҳони муосир манфиат оварда, мақоми аслии худро дар он муайян менамояд. Ба ҳар ҳол, метавон гуфт, ки новобаста аз натиҷаҳо, ин ҳамоиш нишон дод, ки Федератсияи Русия дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳоло ҳам шарикони зиёд дорад ва танҳо нест.

Л.С.Баротов - Ходими калони илмии Шуъбаи ИДМ Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Имрӯзҳо дар ҳаёти ҷомеаи кишвар ба пешвози 35-солагии ҷашни фархундаи миллии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёди бунёдкорию созандагӣ, сохтмону навсозӣ ва тармиму таъмир бо суръати баланду сифати хуб идома доранд. Расонаҳои хабарӣ ҳар рӯз аз дастовардҳои шаҳру навоҳии гуногуни ҷумҳурӣ барои истиқболи ин ҷашни миллӣ хабару гузоришҳои ҷолибу фараҳбахш паҳн намуда, доир ба идомаи сохтмони бузурги аср НОБ-и Роғун, бунёди иншоотҳои нави саноатӣ, роҳу нақбҳо, ташаббусу олиҳиматии шаҳрвандони алоҳидаи ҷумҳурӣ, ба истифода додани муассисаҳои гуногуни иҷтимоию фарҳангӣ ва дигар муваффақиятҳо ба хонандагону сокинони кишвар маълумоти муфассал медиҳанд.

Новобаста ба вазъи ноороми сайёра, талошу бархӯрдҳои ҷаҳонию минтақавӣ, ҳаводиси нигаронкунандаи табиӣ ва дигар мушкилоту мураккаботи мавҷуда ҷумҳурии тозаистиқлоли мо зери парчами сиёсати созандаву бунёдгарона ва ҳувиятсози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маром барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ устуворона ба пеш қадам мезанад.

Дар шароити кунунии пурзитаззоди ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаи муҳимтарини рӯз ҳифз ва боз ҳам устуворсозии дастовардҳои истиқлол, таҳкими ваҳдат ва суботи ҷомеа, роҳ надодан ба воридшавии унсурҳои фарҳанги бегона, паҳншавии ақидаву андешаҳои вайронкору тиннатсӯз, махсусан дар байни насли ҷавони кишвар мебошад. Бавижа, имрӯз паҳншавӣ ва решадавонии ҷараёнҳои гуногуни тундрави диниву мазҳабӣ, ифротгароӣ, хурофотпарастӣ, гаравидани ҷавонони ноогаҳу дорои сатҳи пасти ҷаҳонбинӣ ба гурӯҳу ташкилотҳои террористӣ ва дигар падидаҳои номатлуб боиси нигаронии ҷомеаи башар, бахусус сокинони кишвари мо гардидаанд. Аз ин ҷост, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат тадбиру чораҳои мушаххасу таъсирбахш андешида, баҳри пойдории истиқлолият ва дастовардҳои он, ягонагии ҷомеаи кишвар, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон, бавижа ҷавонон, ҳифзи арзишҳои волои таърихию фарҳангии аҷдодӣ ҳадафмандона фаъолияти густурдаеро роҳандозӣ менамояд. Воқеан, тадбирҳои давлати соҳибистиқлол дар роҳи ҳифзу нигаҳдошти мероси ниҳоят ғании аҷдодӣ, фарҳанги волои миллӣ ва арҷгузорию гиромидошти нухбагони илму адаб ва сиёсату кишвардории халқи тоҷик имрӯз яке аз воситаҳои муҳим ва муфиди нигаҳдошти асолати миллӣ дар ҷомеаи кишвар гардидааст.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5 декабри соли 2023 дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Бобоҷон Ғафуров - бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик», ки ба ифтихори 115-солагии ин чеҳраи шинохта баргузор гардид, бори дигар таъкид намуданд: «Ҳадафи мо аз гиромидошт ва зинда нигоҳ доштани ному корномаи фарзандони бузурги миллати тоҷик ин аст, ки таърихи пурифтихор ва мероси пурбори илмӣ, адабӣ ва фарҳангиву тамаддунии худро соҳибӣ ва ҳимоя кунем, ин таърихи пурифтихор ва ин мероси гаронмояро ба хотири иттиҳоду сарҷамъӣ ва сарбаландиву сарфарозии мардумамон, ободии Ватани аҷдодиамон ва таҳкими пояҳои давлатдории навини миллиамон ҳарчи бештар ва оқилона истифода барем».

Таҷлили ҷашни 115-солагии фарзонафарзанди миллат аллома Бобоҷон Ғафуров ва баргузор намудани ҳамоиши бузурги илмии сатҳи ҷаҳонӣ бо иштироки олимони зиёди хориҷивию дохилӣ, пеш аз ҳама баҳри таҳкиму тақвияти худшиносӣ, таърихогаҳӣ ва дарки мақому манзалати миллати тоҷик дар масири таърихи инсоният аст. «Дар таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик, - таъкид намуданд Пешвои миллат дар ҳамин ҳамоиши илмӣ, - садҳо чеҳраҳои мондагоре ҳастанд, ки нақши онҳо барои пойдории миллат, посдории илму фарҳанг, худшиносиву худогоҳии мардум ва ободии сарзамини аҷдодӣ басо арзишманд мебошад». Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров яке аз чунин чеҳраҳои мондагори таърихи миллат аст.

Падидаи дигари ҳушдорсозандаи ҷомеаи кишвар аз ҳаводису падидаҳои номатлуби имрӯза ин мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат дар арафаи ҷашни миллии аҷдодӣ - Наврӯзи байналмилалӣ ва воридшавии моҳи шарифи Рамазон буд. Пешвои миллат дар ин мулоқот баррасии масоили ниҳоят мубрам, мушкилот ва равишҳои нигаронкунандаи имрӯзаи ҷомеаро ба миён гузошта, омилҳои пайдоиш ва сабабҳои паҳншавии онҳо, роҳу равишҳои мушаххаси пешгирӣ ва барҳамзании камбудиву қаҷравиҳо, нофаҳмию ба инобат нагирифтани ҳадди хатарнокии бархе аз онҳоро дар шароити соҳибистиқлолӣ ва равандҳои ҷаҳони муосир бо таҳлилҳои амиқ манзур намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки дастовардҳои ҷумҳурии соҳибистиқлол, махсусан дар ду даҳсолаи охир ниҳоят назаррас мебошанд. Аммо баробари муваффақиятҳо дар шароити мураккаби бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои динию мазҳабӣ густариши терроризму экстремизми динӣ, духӯрагии сиёсати давлатҳову ташкилотҳои абарқудрати ҷаҳонӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро аз хатарҳо ва равандҳои нигаронкунандаи ҷаҳони муосир ва таъсири он ба ҷомеаи кишвар набояд мадди назар намуд.

Дар шароити имрӯзаи ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама, баробари корҳои зиёди басомон расида, мо бояд нақшаи хуби тарҳрезишудаи мубориза муқобили ҳама гуна хурофоту таассуб, тафриқаандозӣ, сиёсисозии ислом ё бо таъсиргузории исломи сиёсӣ ноором намудани зиндагии мардум, бегонапарастиву зиёдаравӣ, гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳою ташкилотҳои ифротӣ дошта бошем. Таҳлил нишон медиҳад, ки яке аз омилҳои ниҳоят хатарнок дар ҷомеаи имрӯзаи мо ин ифротишавии ҷомеа ва пайвастани шаҳрвандон, махсусан ҷавонон ба созмонҳои террористии хусусияти динидошта мебошад. Пешгирӣ намудани раванди ғайриқонунии таҳсили ҷавонон дар мактабҳои динии хориҷӣ, роҳ надодани ақидаву андешаҳои намояндагони дигар равияю мазҳабҳо ва ҳимояи асолати мазҳаби аҷдодӣ – ҳанафия, покизагӣ ва олуда нашудани он вазифаи дигар ва ниҳоят муҳим дар ҷомеаи кунунии мо мебошад.

Имрӯз морро зарур аст, ки бо истифода аз тамоми имконоту василаҳо ин ва дигар равандҳои нигаронкунанда, ба мисли таълими ғайриқонунии динӣ, риоя нагардидани тартиби гузаронидани ҷашну маъракаҳо, бахусус, маросими манъшудаи динӣ, исрофкорию зиёдаравӣ, зоҳирпарастӣ, шуҳратталабиву намоишкорӣё худро аз дигарон боло гузоштани шахсони алоҳидаро комилан пешгирӣ намоем.

Масъалаҳои ҳифзу нигаҳдории мероси таърихию фарҳангӣ, покизагии ҷомеаи кишвар аз воридшавии ҳамагуна унсурҳои бегона, боздоштани раванди олудашавии мафкуравии ҷавонон ва умуман сокинони кишвар аз ақидаву андешаҳои ғаразноки ҳадафмандонаи дунявию мазҳабии аз берун воридшаванда, такя ба ҷаҳонбинӣ ва андешаи илмӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, зарурати таҳаввулоти ҷиддӣ дар низоми маорифу илми ватанӣ бори дигар ва, ба таври густурда дар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30-юми моҳи майи соли 2024 дар мулоқот бо аҳли илму маорифи ҷумҳурӣ мавриди таҳлил қарор гирифт. Ин мулоқоти Пешвои миллат дар ҳаёти кишвари соҳибистиқлоли мо боз як падидаи наву созанда ва таконбахш баҳри рушди давлати мустақилу соҳибихтиёр гардид.

Мулоқоти навбатии Пешвои миллат асосан бо аҳли илму маориф баргузор гардид ва ин гувоҳ аз он аст, ки ин ду соҳаи муҳимми иҷтимоӣ дар меҳвари сиёсати фарҳангпарваронаи давлату ҳукумат қарор доранд. Дар вохӯрии чаҳор сол қабл ба вуқуъ омада, Пешвои муаззами миллат дар назди кормандони илму маориф вазифаҳои ниҳоят муҳим ва барои пешрафти соҳаҳо заруру саривақтӣ гузошта буданд ва дар ин мулоқот дараҷаи иҷрои он супоришу дастурҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Пеш аз ҳама, ҳолатикунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар таҳлили ҳамаҷонибаи худро ёфтанд. «Мо бояд донем, - таъкид намуданд Пешвои миллат, - ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ илми ватанӣ дар масири пешрафти давлат ва иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат чӣ хизмате анҷом дод». Агар ба таври дигар иброз намоем, оё илми ватанӣ рисолати созандаю пешбарандаи худро дар ҷомеаи муосири кишвар дар кадом сатҳ иҷро мекунад. Ва мақсад аз таҳлилу баррасии масъала боз дар он аст, ки имрӯз чӣ тадбирҳое бояд андешид, ки илм дар кишвари мо ба талаботи замони рушду таҳаввулоти зеҳниву технологӣ ҷавобгӯ бошад, роҳро барои инкишофу пешрафти давлат ва ҷомеа ҳамвор созад ва ба давлату халқи Тоҷикистон хизмат намояд. «Зеро, - таъкид менамоянд Пешвои миллат, - дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд».

Таҳлили ҳаматарафаи Сарвари давлат нишон медиҳад, ки дар замони соҳибистиқлолӣ илму маорифи ҷумҳурӣ новобаста аз пешравиҳо, ислоҳоти соҳа, таҳаввулоти низомию сохторӣ, дастовардҳои сатҳи гуногун ҳоло ҳам ниёз ба дигаргунӣ ва тадбирҳои ҷиддӣ доранд. Аз тарафи дигар дигаргуниҳо ва пешрафти иқтисодию иҷтимоии кишвар барои батараф намудани камбудиву норасоиҳои дар самти илми ватанӣ ҷойдошта, шароити муфид ва созгорро ба миён овардааст. Имрӯз олимони моро зарур аст, ки барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи мамлакат, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ саҳми ҷиддӣ дошта бошанд. Аммо, мутаассифона алъон саҳми илми ватанӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ҳамагӣ 0,1 фоизро ташкил медиҳад, ки чунин нишондиҳанданаметавонад талаботи ҷомеаи муосири кишварро қонеъ гардонад.

Агар бо шарофати шароити мусоиди соҳибистиқлолӣ таҳқиқи илмии дастовардҳои моддиву маънавӣ, мероси фарҳангӣ ва таърихи куҳанбунёди тоҷикон вусъати тоза пайдо карда, миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангсолор, эҷодкору илмпарвар ва шаҳрсозу шаҳрнишин муаррифӣгардида бошад ҳам, аммо фаъолияти муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти касбӣ, раванди робитаи илм бо истеҳсолот ва дар амал татбиқнамудани бозёфтҳои илмии олимону ихтироъкорон ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест. Новобаста аз афзоиши омории шумораи мутахассисони касбии дорои дараҷа ва унвони илмӣ дар замони соҳибистиқлолӣ дар маҷмуъ, раванди ҷалби ҷавонон ва тайёр намудани олимони соҳибунвон талаботи рӯзафзуни ҷомеаи кишварро қонеъ гардонида наметавонад. Пеш аз ҳама дар самти илмҳои табиию риёзӣ нарасидани мутахассисони ҷавон ва донандаи хуби соҳаи интихобнамудаи илм бештар мушоҳида мешавад. Дар баъзе бахшҳои илмҳои дақиқу табиатшиносӣ раванди омодасозии мутахассисони ҳирфавӣниёз ба таҳаввулоти ҷиддӣдошта, ҷалби бештари ҷавонони болаёқатро талаб менамояд.

Дар самти илмҳои ҷомеашиносию гуманитарӣ норасоии мутахассисони касбӣ дар баъзе ихтисосҳо ва ё камчинии кадрҳои унвондор дар соҳаҳои алоҳидаи илм ба назар мерасанд. Гарчанде имрӯз барои омода намудани мутахассисони зарурии самтҳои гуногуни илм шароит ва имконияти воқеӣ мавҷуд мебошад. Пеш аз ҳама, шумораи зиёди мактабҳои олӣ дар дохили ҷумҳурӣ ва ихтисосҳои мавҷудаи таълимии онҳо аз як тараф, ва имконияти берун аз кишвар фиристодани ҷавонон (ҳоло зиёда аз 40 ҳазор нафар дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд) муҳимтарин имконконият баҳри тайёр намудани кадрҳои соҳибтахассус барои ҷумҳурӣ мебошанд.

Ҳамзамон мебояд таъкид намуд, ки имрӯз дар шароити соҳибистиқлолӣ зарурати воқеии омӯзиши кулли сарчашмаҳои таърихӣ ва осори хаттӣ доир ба тоҷикон ва ҷойгоҳи онҳо дар масири таърихи ҷаҳон ба миён омадааст. Дар баъзе кишварҳои ҳамсоя бо роҳҳои гуногун ва маблағгузории зиёд кайҳо даст ба ин кор зада, на танҳо маводи марбут ба миллату халқи хеш, балки он ҳама чизе ки ба таърихи минтақаи Осиёи Миёна ё чи тавре, ки имрӯз мегӯянд – Осиёи Марказӣ дахл дорад ҷамъоварӣ намуда истодаанд. Сарчашмаҳои таърихӣ ва осори хаттии марбут ба таърихи халқи тоҷик дар бисёр кишварҳои дунё, аз ҷумла давлатҳои Аврупо ва Осиё мавҷуданд.

Ҷамъоварии ҳамаи ин маъхазҳои дар шароити кунунӣ зарур ва ҳатмӣ мебошад. Барои ин мо бояд корҳои зиёдеро ба анҷом расонем. Аввалан зарур аст, ки ташкили сафарҳои хидматии илмӣ-омӯзишии гирдоварии мавод ба китобхонаҳо, осорхонаҳои кишварҳои хориҷӣ ва ҳамҷавор, ки то имрӯз ба таври бояду шояд мавриди омӯзиши бевоситаи муҳаққиқони тоҷик қарор нагирифтаанд, ба роҳ монда шаванд. Баъдан, вақти он аст, ки олимону муҳаққиқони тоҷик ҳадафмандона баҳри омӯзиш ва нусхабардории электронии кулли сарчашмаҳои хаттии марбут ба мероси таърихӣ-фарҳангию адабии халқи тоҷик ба он кишварҳое, ки чунин осорро бештар ҷамъ овардаанд, сафарбар карда шаванд. Дар тӯли таърихи дарози халқи тоҷик, ҳанӯз аз замони истилои юнону мақдуниҳо сар карда, то замони соҳибистиқлолӣ теъдоди ниҳоят зиёди осори моддию маънавии аҷдодии мо аз тарафи истилогарону аҷнабиён ва ё олимону муҳаққиқони хориҷӣ берун аз кишвар бароварда шуданд. Аз тарафи дигар, доир ба таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқи тоҷик дар осори хаттии мардумони дигар, пеш аз ҳама маъхазҳои хаттии хитойӣ, тиббетӣ, юнонӣ, арманӣ, лотинӣ ва дигар забонҳои қадима маълумоти ниҳоят фаровоне мавҷуданд, ки мунтазири муҳаққиқони таърихи миллат мебошанд.

Боиси хушнудист, ки дар замони истиқлол таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ба маротиб афзуда, ёдгориҳои зиёди таърихӣ таҳқиқ ва ба оламиён муаррифӣ гардиданд. Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардидани мероси таърихию фарҳангӣ корҳои назаррасе ба анҷом расиданд. Дар натиҷаи ин ғамхориҳо ёдгориҳои зиёди моддии таърихию фарҳангии халқи тоҷик, аз ҷумла Саразми бостонӣ ва Парки миллии Тоҷикистон ба Феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил гардида буданд. Боиси ифтихор аст, ки 17-уми сентябри соли 2023 дар шаҳри Ал-Риёзи Арабистони Саудӣ ҷаласаи 45-уми байниҳукуматии Кумитаи ҳифзи мероси фарҳанги моддии ЮНЕСКО 9 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангии долони «Зарафшон-Қароқум»-и Шоҳроҳи бузурги абрешим аз Ҷумҳурии Тоҷикистон - "Панҷакенти Қадим", "Шаҳраки Санҷаршоҳ", "Шаҳраки Ҳисорак", "Гардани Ҳисор", "Қалъаи Муғ", "Кум", "Тали Хамтӯда", низоми обёрикунии "Токсанкорез" ва мақбараи "Хоҷа Муҳаммади Башоро" ба ин феҳристи мероси фарҳанги ҷаҳонӣ дохил намуд. Ҳоло дар навбат ёдгориҳои дигари моддии таърихи миллат қарор доранд.

Имрӯз дар партави сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фазои орому осоиштаи кишвари соҳибистиқлол домани ҳадаф ва вазифаҳо дар роҳи ҳифзу нигаҳдошт ва муаррифии таърихи бойю рангини халқи тоҷик, дастовардҳои назарраси замони соҳибистиқлолӣ ва нақшу мақоми халқи тоҷик дар таърихи ҷаҳонӣ боз ҳам фаррохтартар гардидааст. Аз ин рӯ, мо бояд ба мисли гавҳараки чашм истиқлолу соҳибихтиёрӣ ва озодию суботи ҷумҳурии соҳибистиқлоли худро ҳифз намуда, аз таърихи пурғановати аҷдодии худ огаҳ бошем, аз тоҷик будани хеш ифтихор намоем, ба воридшавии унсурҳои фарҳанги бегона ва андешаҳои тиннатсӯз роҳ надиҳем.

УБАЙДУЛЛО Насрулло Каримзода - доктори илмҳои таърих, профессор, сарходими илмии ИТБМ ба номи А. Дониши АМИТ

3123Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои такомули илми биология басо мувофиқ арзёбӣ мегардад ва саҳифаҳои навинро дар ин ҷода во намуда, онро ба самти тозаву пурсамари рушди кишвар ворид сохт. Дар даврони истиқлолият дар институтҳои таҳқиқотӣ ва донишгоҳҳо равияҳо ва ихтисосҳои нав ба нав ба роҳ монда шудаанд, ки мутахассисони сатҳи баландро тарбия менамоянд.

Сатҳи пешрафти илми биология дар ҷаҳон бо суръати кайҳонӣ пеш меравад. Дар тӯли 20-30 соли охир тағйироти аҳамиятнокии асбобу анҷоми методӣ ва методологӣ дар тадқиқоти биология истифодашаванда ба амал омадааст.

Имкони бақайдгирии ҷараёнҳои электронӣ (июнӣ) дар мембрана тавассути молекулаҳои тоқи сафедавӣ, гузаронидани таҳлили микромиқдории моддаҳо дар ҳуҷайра ва бофтаҳо, бақайдгирии пешазҳаётии раванди дохилиҳуҷайравӣ, аз ҷумлаи экспрессияи генҳои алоҳида, пайванд ва ҷудо кардани элементҳои ситоскелет, интиқоли сафедаҳо ва ионҳо пайдо шуд. Аз худ намудани донишҳои асри нав дар тадқиқотҳои биологӣ, асосан аз ҳисоби истифодабарии методҳои биологияи молекулявӣ ва системавӣ мегузарад.

Дар солҳои 2000 дар илми растанишиносӣ ҳодисаи калидӣ ба амал омад: геноми (Arabidopsis thaliana L.) пурра рамзгузорӣ шуд. Дар солҳои гузашта геноми шолӣ ва юнучқа, сафедор ва ҷойҷуворӣ, ангур ва ҷуворимакка, афлесун ва мандарин, какао ва қулфинай, себ ва бангдона (канаб) сиквениронда шудаанд. Аз худ намудани геномҳои гандум, картошка, ҷав, нилуфар, помидор, маниока ва нахли харбуза ба анҷом расида истодааст. Биология ба давраи инкишофи баъдигеномӣ (postgenomics world of science) гузашта истодааст. Дар ин давра тадқиқотҳое омада истодаанд, ки бо сиквениркунии геном ва сафедаҳо оғоз ёфта, бо муайяннамоии вазифаи генҳои алоҳида, сафедаҳо ва метаболитҳо ва пайдоиши эволютсионии онҳо ба анҷом мерасанд. Ба сифати маркази ҳама ин тадқиқотҳо “ахбор оид ба сиквенси геном” хизмат мекунад. Маҳз он асосро барои таҳлили раванди дар дараҷаи гуногун: биохимиявӣ, генетикӣ, танзимӣ, ҳуҷайравӣ, организмӣ ва эволютсионии дар организм ба амал меомадаро медиҳад.

Замоне, ки маълумот оид ба сиквенсҳои пурраи геномҳо пайдо шудаанд, илми нав – геномика ба вуҷуд омад, ки таркиби нуклеотидии геном, принсипҳои фаъолияти генҳои алоҳида, маҷмӯи онҳо ва эволютсияи геномро меомӯзад. Мақсади геномика ба муайяннамоии он, ки чи гуна ҳуҷайраҳо дар организми бисёрҳуҷайра, дорои генҳои монанд буда, ин хел бофтаҳо ва узвҳои гуногунро ҳосил мекунад, ки дар баробари он махсусияти хоси сохторӣ ва функсионалиро дорост.

Имконияти дар як вақт таҳлилнамоии алоқамандии тамоми КРНм (транскрипт) ва сафедаҳо (протеомҳо) ба вуҷуд меояд, ки махсусияти функсионалии ҳуҷайра ва бофтаҳои хос ё узвро дар зинаи муайяни онтогенез вобаста ба шароити муҳит муайян мекунад. Бошиддат методҳои таҳлили метаболом – алоқамандии тамоми метаболитҳои ба ҳуҷайра, бофта ё узв дар зинаи муайяни онтогенез вобаста аз шароити муҳит амалӣ шуда истодаанд. Дар айни замон садҳо мақолаҳо дар соҳаи протеомика ва метаболомикаи растаниҳо чоп шуда истодаанд. Баъд аз гирифтани маълумот доир ба молекулаҳои алоҳида, ки протеом ва метоболоми ҳуҷайраро ба вуҷуд меоранд, қадами минбаъда бобати ташкилдиҳии тасвири пурраи сохторӣ ва функсионалии раванди ҳуҷайравӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин ҳолат ҳатман масъалаҳои фаҳмиши принсипҳои идоранамоии физиологияи ҳуҷайра, рамзкушои механизмҳои реаксияҳои ҷавобии он ба ангезандаҳои берунӣ ва дохилӣ ва инчунин мураттаб намудани “технология”-и коркард ва нигоҳдории ахбори ба вуҷуд меояд.

Инкишофи саноати кишварҳо даҳҳо миллиард маблағро дар тадқиқотҳои фундаменталӣ ва амалӣ дар соҳаи технологияҳои баланди биологияи муосир ва маблағи калонро дар истифодабарии таҷрибавии он сарф мекунанд. Дар аҳамиятнокӣ ва масштабии тадқиқот дар соҳаи биология аз он шаҳодат медиҳад, ки танҳо 4 соли охир дар кишварҳои саноаташ инкишофёфтаи ҷаҳон (ИМА, Англия, Япония, Германия, Фаронса) дар технологияҳои информатсионии ба биологияи молекулярӣ, генетика, биотехнология, тиб, биология хоҷагии қишлоқ равонашуда зиёда аз 30 миллиард доллар сармоягузорӣ мешавад. Дар ИМА масраф ба тадқиқотҳои биологӣ дар замони муосир то 50%-и тамоми сармоягузориҳо дар илмро ташкил медиҳад.

Мотиватсияи онҳо – ин бехатарии миллии дилхоҳ кишвар аз соҳиб будани технологияи баланди биологияи муосир ва истифодабарии амалии онҳо дар саноат, нигоҳдории тандурустӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва демографӣ, нигоҳбинии муҳити атроф, истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ вобастагӣ дорад. Дар баробари ин нақши муҳими қатъиро дар биологияи муосир биологияи системавӣ ва информатсионӣ мебозад.

Биологияи информатсионӣ ба шумораи технологияи баланди биологияи муосир дохил мешавад ва асосҳои информатсионӣ – компютерӣ ва назариявии генетика ва селексия, генетика ва биологияи молекулярӣ, муҳандиси генетикӣ ва сафедавӣ, биотехнология, генетикаи тиббӣ, генодиагностика, генотерапия ва экологияро таъмин мекунад.

Боиси ифтихор аст, ки дар ҷумҳуриамон баъди истиқлолияти давлатӣ озмоишгоҳҳои беҳтарин аз он ҷумла маркази экологии Осиёи Марказӣ ва озмоишгоҳи организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда фаъолияти худро дар ҷодаи илм давом дода истодаанд.

Бо дастгирии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қ.Х. озмоишгоҳи нави биотехнология харидорӣ карда шуд, ки ин барои дар сатҳи баланд гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва пешрафти кори Шуъбаи илмҳои биология дарак медиҳад. Мутахассисони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар зинаи магистратура, докторантураи РhD кор ва фаъолият мекунанд дар соҳаи илми биология метавонанд дар сатҳи баланд корҳои илмӣ-тадқиқотии худро дар озмоишгоҳи АМИТ иҷро намоянд.

Мирзораҳимзода А.К. доктори илмҳоибиологӣ, ноиби президент Раиси Шуъбаи илмҳои биологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Самти асосии таҳқиқоти илмии Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ин омӯзиши ҷирмҳои хурди Низоми офтобӣ аз ҷумла кометаҳо астероидҳо ва метеороидҳо мебошанд, ки дар ин самт олимони Институт ба дастовардҳои беназир мушарраф гашрдидаанд.

Дар ин шабу рӯзҳо астрономҳои тоҷик дар Расадхонаҳои Тоҷикистон ба мушоҳидаи яке аз кометаи дароздаври навкашфшудаи Низоми офтобӣ, ки дар давоми 80 660 сол як маротиба ба сайёраи Замин наздик мешавад, машғул ҳастанд ва ин комета C/2023 A3 (Tsuchinshan-ATLAS) ном дорад. Кометаи C/2023 A3 (Tsuchinshan-ATLAS) 11- уми октябри соли 2024 аз нимкураи ҷанубӣ ба нимкураи шимолии кураи осмон гузаштааст. Мушоҳид метавонад бо чашми оддӣ ва ё телескоп баъд аз ғуруби Офтоб кометаро тақрибан як соат мушоҳида намояд. Кометаи C/2023 A3 дар ин шабу рӯз дар нимкураи шимолӣ дар уфуқи ғарбӣ пас аз ғуруби Офтоб намоён мегардад.

Кометаи C/2023 A3 (Tsuchinshan-ATLAS) яке аз кометаҳои равшантарин дар соли 2024 буда, мушоҳид метавонад онро бо чашми оддӣ дар осмони ситоразор ба монанди ситораи думдор бо қадри зоҳирии ситорагии 3,7m мушоҳида намоянд.

Бояд қайд намуд, ки кометаи C/2023 A3 (Tsuchinshan-ATLAS) – ро бори аввлал 9-уми январи соли 2023 дар Расадхонаи астрономии Сучиншани Ҷумҳурии мардумии Чин ҳамчун обеъкти нави ба комета монанд ба қайдгирифта, ба он номи муваққатии A10SVYR - ро гузоштанд. Баъди як чанд рӯз 22-юми феврали ҳамон сол бо ёрии телескопҳои системаи ATLAS-и Африқои Ҷанубӣ бехабар аз мушоҳидаи дар боло зикр ёфта онро такроран ҳамчун кометаи нав кашф намуданд. Аз ин рӯ тибқи системаи номгузории кометаҳо, ба шарафи ҳарду Расадхонаҳо ба кометаи мазкур расман C/2023 A3 (Tsuchinshan-ATLAS) номгузори гардид. Кометаи C/2023 A3 (Tsuchinshan-ATLAS) яке аз кометаҳои дароздаври Низоми офтобӣ буда дар 80 660 сол як маротиба дар атрофи Офтоб давр мезанад.

Қобили зикр аст, ки ҳарфи С дар номгузории комета маънои онро дорад, ки комета даврӣ набуда, балки он аз абри Оорт ба Низоми офтобӣ ворид шудааст ва чунин кометаҳо дар давоми зиёда аз 200 сол як маротиба дар атрофи Офтоб давр мезанад ё ин, ки он танҳо як маротиба Низоми офтобиро убур карда мегузаранд. Ишораи 2023 A3 дар номгузории комета бошад, маънои онро дорад, ки комета дар соли 2023, дар нимаи аввали моҳи январ кашф шудааст (мувофиқ ба ҳарфи А дар номгузории Иттиҳоди байналмилалии астрономҳо (IAU)) ва Tsuchinshan-ATLAS бошад маънои онро дорад, ки бори аввал ин кометаро дар расадхонаҳои Сучиншан ва системаителескопҳоиATLAS кашф намудаанд.

Аксҳои рақамии кометаи C/2023 A3 (Tsuchinshan-ATLAS), ки аз ҷониби кормандони Институти астрофизикаи АМИТ дар Расадхонаи астрономии Ҳисор гирифташудааст.

Муаллифон: Бӯризода А.М., Аюбов Д.Қ., Хуҷаназаров Ҳ.Ф.

Бахшида ба 100-солагии пойтахт эълон намудани шаҳри Душанбе

Ҳар пойтахте ба таври куллӣ бо пойтахтҳои дигар кишварҳо шабеҳ мебошад, чунки тамаддунҳо дар таърихи башар бо якдигар шабоҳат доранд. Гузашта аз ин, ҳар пойтахте зимни баррасиҳои пайваста ба таври куллӣ бо мардумаш мушаххас мешавад, чунки шаҳрҳоро тибқи анъана тарзи тафаккур ва ҷаҳонбинии сокинонаш баҳогузорӣ мекунанд.

Аз ин хотир, масали мардумӣ низ ҳаст, ки агар хоҳед аҳволи миллате ва давлатеро пай бубаред, ҳатман ба бозорҳояш равед, чунки дар бозорҳо одамон ҷамъ шуда, авзоро баррасӣ мекунанд. Илова бар ин, дар шаҳрҳое, ки мақоми пойтахти давлатҳоро соҳиб мебошанд, ё худ бо ҳар баҳона диққати хориҷиҳоро ба хеш ҷалб намудаанд, аз лиҳози тартиби иқоматкунандаҳояш ба аносири милливу хориҷӣ ҷудо мешавад, аммо хориҷиҳое, ки дар дилхоҳ пойтахт зиндагӣ мекунанд, дар асл ба хориҷиҳо монанд намебошанд. Аз рӯйи ин шабоҳатҳо метавон шаҳри Душанберо бо дигар шаҳрҳо ва пойтахтҳо муқоиса намуд, ки дар гузашта тибқи сарчашмаҳои таърихӣ маркази тамаддун ва иқоматгоҳи афроди шуҷову матинирода буда, имрӯз ба мартабаи ҷанини илму маърифат ва ҷавлонгаҳи фарҳанги миллӣ баррасӣ мешавад.

Яке аз китобҳое, ки ин андешаро исбот мекунад, бо унвони “Душанбе - қалби Тоҷикистон” Душанбе соли 2021 нашр гардидааст ва ҳадафи камина аз ин навиштаҳо мақолаи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Қобилҷон Хушвахтзода бо номи “Бунёдкорӣ - рукне аз фарҳанги миллии тоҷикон” маҳсуб мешавад. Ба қавли муаллиф, Душанбе чун пойтахти кишварамон дар замони муосир ба яке аз шаҳрҳои соҳибнуфуз ва зебоманзари дунё табдил ёфтааст. Маҳз соҳибфарҳангӣ ва аз тамаддун бохабар будани тоҷикон онҳоро дар шаҳрсозӣ муваффақ гардонидааст: “Мусаллам аст, ки тоҷикон дар паҳнои таърих ҳамчун миллати шаҳрдору шаҳрсоз эътироф шудаанд ва ба гаҳвораи тамаддуни инсоният шоҳкориҳои нодиреро мерос мондаанд. Хушбахтона, ин асолатро онҳо давоми садсолаҳо боз побарҷо нигоҳ дошта, бо риояи накутарин анъанаҳо то ба замони мо расондаанд. Ба таври дигар, тоҷикон ҳар куҷое пой ниҳоданд, он маконро дар партави сарҷамъиву иттиҳод ва нангу номуси миллӣ ба мавзеи ободу зебо табдил доданд. Ҳамин аст, ки миллати моро Ҷаҳониён ба сифати мардуми ободгару созанда ва шаҳрсозу шаҳрдор мешиносанд ва эҳтиром мекунанд” (саҳ. 68).

Айни замон бобати шаҳрсозиҳо бештари муҳаққиқон машғул гардида хоҳишҳое пайдо мешаванд, ки тибқи онҳо таҳияи илми воҳид дар бораи пойтахтҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Масалан, ибораи “шаҳри оқил” имрӯз дар аксар шаҳрҳо мушоҳида шуда, раванди навсозии шаҳрсозӣ падид омадааст. Шаҳр ҳамҷун як падида мавзӯи омӯзиши амиқ буд ва боқӣ мемонад, зеро маҳз дар шаҳр соҳаҳои асосии ҳаёти инсон мутамарказ шудаанд. Дар илм тамоюлҳое ҳастанд, ки мувофиқи онҳо хусусиятҳои рушди пойтаҳт ва шаҳрҳои музофотӣ дар мавзуъҳои алоҳида баррасӣ карда мешаванд ва ин бо он шарҳ дода мешавад, ки мақоми шаҳр бештар тақдири тараққиёти онро муайян мекунад. Бисёр шаҳршиносон таҳқиқоти ҳудро ба омӯхтани пойтахтҳо бо мақсади ташхиси хусусиятҳои маданию таъриҳии дар он ба амаломада мебахшанд. Чунки тибқи анъана, пойтаҳт на танҳо шаҳри асосии ҳар як давлат, балки ҳамҷун маркази иқтисод, фарҳанг ва ҳамҷун ташаббускори фаъолияти инноватсионӣ дар кишвар маҳсуб мешавад. Пойтахт ҳамҷун як падидаи гуногунҷанба аз мавҷудияти равишҳои зиёде ба омӯзиши он шаҳодат медиҳад. Дар ин бобат, ки Душанбе чун маркази бунёдкорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ кадом дигаргуниҳоро ба худ касб намудааст, профессор Қобилҷон Хушвахтзода чунин менигорад: “Дар ин миён шаҳри Душанбе пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба маркази воқеии ташаббусҳову бунёдкориҳо табдил ёфта, симои ҳудро комилан дигар намуд. Акнун он ба шаҳри умеду орзуҳо табдил ёфта, аз шаҳрҳои замонавии давраи нави инкишофи инсоният мондание надорад. Душанберо имрӯз ҷаҳониён ҳамҷун маркази бузурги илму фарҳанг ва таъриҳу тамаддуни давлати Тоҷикистон мешиносанду медонанд ва орзуи боре ҳам ба он сафар кардану аз наздик шиносоӣ бо онро доранд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки шаҳри Душанбе дар ояндаи наздик ба бузургшаҳрҳои кишварҳои гуногуни Ҷаҳон ҳампо гашта беҳтарин анъанаҳои шаҳрсозии тоҷиконро дар худ инъикос мекунад” (саҳ. 68).

Муаллиф дар мақола нақши Сарвари давлатро дар рушду такмилёбии меъморӣ ва шаҳрсозӣ таъкид намуда, ба хулосае меояд, ки дар бартариҳои пойтахт саҳми сокинонаш кам нестанд. Чунки ҳар шаҳре тибқи мавқеъ ва тарзи зисту зиндагонии сокинон муаррифӣ мешавад. Зимни баррасӣ ва таҳқиқи хусусиятҳои хосси пойтахтамон, метавон хулоса кард, ки тафовути он аз шаҳрҳои минтақавӣ дар татбиқшавии фарҳанги пешқадам аст. Пойтахт ҳамчун намуна ва рамзи ҳама чизи пешқадам ва идеалӣ ғояву зебоии худро тавассути замону фазо мебарад, ба пеш саъй мекунад ва монеаҳои сари роҳро пай намебарад. Маҳз ҳамин омил, ки нақши созандаро дорост, ба шаҳри Душанбе нисбат дода мешавад ва ба ибораи профессор Қобилҷон Хушвахтзода, донишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои илмию таълимӣ, ки дар пойтахт қомат афрохтаанд, омили ҷалбшавии ҷавонони минтақаҳо ба пойтахт мегардад: “Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки миёни ин ҳама ташаббусу корҳои созандагӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ва хусусан шаҳри Душанбе, таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ба таъмиру таҷдид ва сохтмони муассисаҳои таълимии сатҳҳои гунотун махсус арзёбӣ мешавад. Хосатан, дар замони соҳибистиқлолӣ нисбат ба ин масъала чораандешиҳои саривақтӣ амали гардида, шумораи зиёди муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олин касбӣ сохта ба истифода дода шуданд. Худ қазоват намоед, ки агар дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ миқдори донишгоҳу донишкадаҳо дар саро- сари кишвар ҳамагӣ 13 ададро ташкил медоданд, имрӯз танҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе 19 мактаби олии тахассусӣ фаъолият доранд” (саҳ. 69).

Бинобар андеша ва баррасиҳои муаллиф, дар рушди ҳамаҷонибаи шаҳри Душанбе нақши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ хеле қобили қабул ва бо қаноатмандии хос арзёбӣ гардидааст. Дар воқеъ, аксар биноҳои баландошёна ва тарҳи нави муассисаҳо бо дарназардошти меъморӣ ва намуди зоҳирии онҳо дар солҳои охир пазируфта шуда, пойтахтамонро дар қатори бузурггарин пойтахтҳои ҷаҳон муаррифӣ хоҳад кард. Бинобар ин, профессор Қобилҷон Хушвахтзода нақши калидии Раиси шаҳрамонро дар самти бунёдкориҳои камназир таъкид намудааст: “Бо ибтикору раҳнамоии Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси миллӣ, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар арафаи 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба яке аз пойтахтҳои зеботарини дунё табдил хоҳад ёфт, ки ин иқдоми наҷиб барои рушду такомули илму фарҳанги миллати сарбаланди тоҷик заминаи мусоид фароҳам меорад. Симои пойтахт ба таври куллӣ дигаргун гардида, бунёди инфрасохтори муосир шароити зисти бошандагони ин шаҳри биҳиштосоро беҳтару хубтар месозад” (саҳ. 69).

Тағйироти босуръати иҷтимоӣ боиси мушкилисозии эътимоди шахс гардида, ҳангоми кӯшиши муайян кардани шахсияти худ, одамон ба таснифоти равшантарин, аз ҷумла ҳудудӣ муроҷиат мекунанд. Ин, дар навбати худ, масъалаи ҳуввияти шаҳрнишиниро актуалӣ месозад. Хусусияти шаҳр ҳамчун субъекти иҷтимоӣ мавҷуд набудани як ҷомеаи ягонаи шаҳрӣ ҳамчун манбаи намунаҳои якхела барои муайянкунӣ мебошад. Ҷомеаи иттилоотии муосир танҳо гуногунии мавҷудаи сокинони шаҳр ва ҷамоатҳоро афзоиш медиҳад. Аз ин рӯ, ғояҳои аслии шахсият аслан ғояҳо дар бораи шаҳр мебошанд. Яъне, шаҳр макони густариши ҳуввият аст ва инсон дар шаҳр зиста, чун шахсият такмил меёбад. Бинобар ин, фақат пойтахт имкон фароҳам меорад, ки тафаккур ва ҳуввияти миллӣ ташаккул ёфта, маркази ҳимояи манфиатҳои миллӣ гардад. Ба ибораи дигар, пойтахти кишварамон маркази бунёдкориҳо буда, имкон фароҳам овардааст, ки шаҳрвандон на аз рӯйи мансубияти маҳалли, балки аз дидгоҳи созандагӣ мавқеи сазоворро интихоб кунанд. Яке аз вижагиҳои ҳуввияти шаҳрнишинӣ дар замони муосир мубориза алайҳи падидаҳое маҳсуб мешавад, ки мафкураи рустоиро дар шаҳр тақвият мебахшанд. Аз ин хотир, бунёдкорӣ роҳи асосии пешрафти шаҳрамон буда, тибқи андешаҳои муаллиф, роҳи таъмини рушди бемайлон шинохта мешавад.

Лозим ба ёдоварист, ки баррасӣ ва таҳқиқи худогоҳии миллӣ тибқи андешаи сокинони пойтахт сурат гирифта, таваҷҷуҳ ба он торафт меафзояд, чунки имконоти пойтахт назар ба минтақа фарқ карда, хусусиятҳои ободкорӣ бештар дар шаҳрҳо густариш ёфтаанд. Бинобар падидаҳои навин дар сохтори меъморию корезии шаҳрҳо усули такмил додани бахши ақлии шаҳрҳо нуфуз пайдо кардааст ва ин омилҳоро ба инобат гирифта, метавон пойтахтамонро ба яке аз шаҳрҳои муосиртарин табдил дод.

Ширин Қурбонова - доктори илмҳои таърих

Рӯзи пойтахт муборак, ҳамдиёрони азиз!

Рӯйхати адабиёт:

Душанбе қалби Тоҷикистон III. – Душанбе, 2021. – 344 саҳ.

Сомона: www.hhdt-shohmansur.tj 16.04.2024

Иди Меҳргон, дар баробари Иди Наврӯз, Иди Сада яке аз ҷашнҳои муҳими фарҳангӣ, ҷашни аҷдодии мардуми форсизабон ба ҳисоб меравад. Меҳргон ба монанди Иди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои бостонӣ ва инкишофи тамаддуни башарист.

Меҳргон ҷашни фаровонию ҷамъоварии ҳосилот дар фасли тирамоҳмебошад. Калимаи «меҳр» ба маънои рушноӣ, дӯстӣ, муҳаббат ва гармӣомада, дар ин рӯз кишоварзон ба ҷамъоварии ҳосил шурӯъ мекарданд. Ин ҷашн рӯзи 16-и меҳр, ки онро рӯзи Меҳр меноманд, баргузор мегардад. Дар сарчашмаҳои таърихӣ бо номи Митракона ё Митра зикр шудааст ва таърихи беш аз чаҳорҳазорсола дорад. «Иди Меҳргон дар баробари Сада ва Наврӯз дар сарзамини ориёӣиди бузург ҳисобида шуда, бо риояи расму оинҳои қадимаи ориёӣгузаронида мешудаст».

«Доир ба пайдоиши иди Меҳргон ривоятҳои гуногун низ то ба мо омада расидаанд. Меҳр номи Офтоб буда, дар ойини Сосониён дар Меҳрмоҳтоҷеро, ки сурати Офтоб дар он буд, ба сар мегузоштанд. Муаллифи «Шоҳнома»-и безавол Абулқосим Фирадавсӣпайдоиши ин ҷашнвораро ба замони салтанати Ҷамшеду Фаридун мансуб медонад. Вале ба таври мушаххас таҷлили иди Меҳргон аз давраи ҳукмронии Сосониён ба ҳукми анъана даромадааст. Писари шоҳ Шопури Сосонӣ– Ҳурмуз дар ин самт қадамҳои аввалинро гузошт ва бо гузашти замони муайян Меҳргон шукӯҳу шаҳомати хоса пайдо намуд, ки дар замони салтанати Сомониён ба авҷи баланд расид.»

«Мутобиқи солшумории яздигурдӣ, ки бо ибтикори шоҳЯздигурди Шаҳриёр давоми асрҳои IV-VI тақвими маъмурии шоҳони Сосонӣбуд, моҳи панҷуми сол Меҳр ном дошт. Ин моҳ дар байни мардуми мо бо номи Мизон ҳам маъмул буда, давомнокиаш 30 рӯз аст ва аз 23 сентябр то 22 октябр давом мекунад».

«Меҳргон тибқи андеша ва эътиқоди ниёгони мо дар рӯзи аввали моҳи Меҳр ва оғози фасли тирамоҳ таҷлил карда мешудааст. Он дорои эътидоли кайҳонӣ буда, дар ин айём рӯзу шаб баробар мешавад ва ба ин сабаб номи ин моҳро Меҳр гузоштаанд.

Мувофиқи ойини гузашта­гонамон, дар рӯзҳои ҷашни Меҳргон маросимҳои зиёде сурат мегирифтанд, зеро дар давраҳои бостон шуғли аксарияти одамон кишоварзӣ буд. Аз ин рӯ, пас аз ҷамъоварии ҳосил барои баргузор кардани ҷашну шодӣ ва истироҳати кишоварзон замони муносиб будааст.»

Ҳар сол бо дарназардошти ин ки Меҳргонро бештар ба унвони ҷашни кишоварзон мешиносанд, дар ҷашнгоҳҳо намоишгоҳи анвои гуногуни меваю сабзиҷот, консерву оби мева ва таҷҳизоти кишоварзӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, базму тамошоҳо барпо мешавад.

Дар бораи мавҷудияти «Иди Меҳргон» дар ноҳияҳо ва водиҳои дигари Тоҷикистони имрӯза низ маълумотҳои зиёде мавҷуданд. Дар рӯзи Иди Меҳргон мардум дастархон меоростанд ва занони ҳунарманд аз ҳафт намуди зироат нону ғизо пӯхта бо ҳафт меваи меҳргонӣ, ки неъмати худовандӣ ва боиси бақои инсонӣ аст хони идона, меоростанд. Дар рӯйи дастархони ҷашнӣ ширинӣ аз ҳар намуди меваҷот, ҳамчунин таомҳое, ки бо зироатҳо тайёр мешаванд ба монанди: ширбиринҷ, далда, мошкичири ва ғ. мегузоштанд. Сарчашмаҳои кӯҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки мардум дар ин рӯз пироҳани идонаи арғувонӣ пӯшида, ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик менамуданд.

Дар манобеи хаттӣ, аз ҷумла «Авасто», «Шоҳнома»-и А.Фирдавсӣ, «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ва дар дигар асарҳо дар бораи ин ид маълумоти зиёд оварда шудааст. Мардумшиносӣ машҳур Н.А.Кисляков қайд намудааст, ки «Меҳргон дар баробари Сада ва Наврӯз дар сарзамини ориёӣ иди бузург ҳисобида шудааст».

Истиқлоли давлатии Тоҷикистон барои эҳёи расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон марҳалаи тозаеро боз намуд. Таҷлили иди Меҳргон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009 таҳти рақами 538, дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу шаҳомат ба роҳмонда шудааст.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳояш бо зиёиёни кишвар ҷашни Меҳргонро аз ҷашнҳои бостонии тоҷикон хонда, чунин иброз доштанд «Меҳргон яке аз кӯҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣва меҳру садоқат аст.»

Таҷлили расмии Меҳргон ва дигар ҷашнҳои миллӣгувоҳи равшани он аст, ки миллати кӯҳанбунёди мо рӯба омӯзишу эҳёи арзишҳои гузаштаи фарҳангии худ овардааст ва ҳифзу гиромидошти онҳоро вазифаи бошарафи хеш медонад. Оид ба пайдоиш ва густаришу бузургдошти Меҳргон мутафаккирони барҷастаи Шарқу Ғарб чунин ибрози назар намудаанд. Иди Меҳргон ҷашни покизагию фаровонҳосилӣ, ризқу рӯзии мардум, хони пурнозу неъмат, қаноатмандию нишотро бо худ ҳамроҳ меоварад ва он шукӯҳу ҷалоли дурахшони тамаддуни ниёгони мост.

Иброҳимова С. Ҳ. - ходими калони шӯъбаи онтология, гносеология ва мантиқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

1Сарфи назар аз сафбандии низоми қонунгузорӣ ва мартаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мазмун, таъиноту вазифаҳо, хислатҳои онҳо тибқи мувофиқати онҳо бо Конститутсия муайян мегардад. Низоми қонунгузории миллӣ ва усулҳои асосии ташкилёбии он дар Конститутсия муқаррар гардида, дар қонуни махсус дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муфассал танзим карда мешавад.

23Ҳамаи онҳо бояд дар танзими муносибатҳои мушахаси ҷамъиятӣ рӯҳи Конститутсияро ба асос гиранд. Ҳамзамон Конститутсия зарурияти қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро пешбинӣ карда метавонад, ки ҳолатҳои онро ривоҷ дода тавонанд. Масалан, Конститутсияи ҶТ масъалаҳоеро пешбинӣ кардааст, ки бояд тавассути қонунҳои конститутсионӣ ё қонунҳои ҷорӣ танзим карда шаванд.

Ба ин шумора ҳолатҳои дар қ.4 моддаи 7, қ.3 моддаи 15, қ.4 моддаи 48, қ.4 моддаи 51, қ.5 моддаи 65, қ.5 моддаи 71, қ.4 моддаи 74, қисмҳои 5 ва 6 моддаи 78, моддаи 83, қ.3 моддаи 84, моддаи 92, қ.3 моддаи 95 муқаррар шуда мисол шуда метавонанд. Сарфи назар аз ҳаҷми танзимёбии муносибатҳои ҳуқуқии конститутсионии мазкур, қонунҳои ишора шуда бояд ба мазмун ва рӯҳи Конститутсия мувофиқ бошанд. Қабул ва амалӣ чунин санадҳо амали меъёрҳои конститутсиониро боздошта ва ё халадор карда наметавонанд.

Хусусиятҳои ҳуқуқии Конститутсия. Ҳар кадом конститутсияи ҳуқуқӣ хусусиятҳои хоси ҳуқуқӣ ва сифатҳои Қонуни асосии давлатро дорад. Конститутсия дар қатори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, яке аз навъҳои қонун мебошад ва ба он ҳамаи нишонаҳои қонун хос аст. Хусусияти конститутсия пеш аз ҳама дар волоияти ҳуқуқии он инъикос меёбад. Волоияти конститутсия ба ҳамаи қонунҳои ҳадди гуногун таъсир дорад. Мувофиқи Конститутсия ва қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» дар низоми қонунгузории ҷумҳурӣ чор намуди қонунҳои зерин пешбинӣ шудаанд: қонунҳои бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда; қонунҳои конститутсионӣ; қонунҳои ҷорӣ ва кодексҳои ҳуқуқӣ. Дар таҷрибаи қонунгузории ҶТ ҳанӯз ҳодисаи қабули қонунҳо ба таври раъйпурсии умумихалқӣ ҷой надоранд. Албатта ба ин гурӯҳи қонунҳо, он қонунҳое, ки ҳадафи тағйиру иловаҳо дохил кардан ба конститутсия доранд, дахл надоранд. Аммо дар ҳолати қабули чунин қонунҳо низ бояд мувофиқати онҳо ба конститутсия ба эътибор гирифта шавад. Мувофиқи тартиби қабул ва қувваи ҳуқуқии худ кодексҳо ва қонунҳои ҷорӣ ҳамвазн буда, фақат бо таркиб ва мазмуни худ фарқ доранд. Дар робита бо ҳамаи ин қонунҳо усули волоияти ҳуқуқии конститутсия риоя карда шуда, мувофиқати онҳо бо конститутсия таъмин карда шавад. Волоияти ҳуқуқии Конститутсия одатан дар матни он қайд меёбад. Мисол мувофиқи моддаи 10 Конститутсияи ҶТ «Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад… Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд».

Амали мустақими меъёрҳои Конститутсия (муродифи амали бевоситаи конститутсия) – усулест, ки мувофиқи он меъёрҳои Қонуни Асосӣ мустақиман сарфи назар аз мавҷуд будани қонунгузории тафсилдиҳанда амалӣ карда мешаванд. Дар ҳолати риоя нашудани усули мазкур имкони муроҷиат ба суд барои ҳимояи ҳуқуқи конститутсионӣ вуҷуд дорад. Дар моддаи 10 Конститутсияи ҶТ муқаррар карда шудааст, ки меъёрҳои Конститутсия мустақиман амал мекунанд. Барои амали намудани усули мазкур меъёри конститутсионӣ оид ба танзими ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд аҳамияти калон дорад. Дар конститутсияи аксари давлатҳо дар ин хусус меъёрҳои дахлдор вуҷуд доранд. Масалан, дар қисми дуюми моддаи 14 Конститутсияи ҶТ муқаррар карда шудааст, ки «Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд». Дар Қонуни Асосии он давлатҳое, ки дар хусуси амали бевоситаи конститутсия меъёр мавҷуд нест таҷрибаи судӣ онро амалан татбиқ менамояд. Дар ин ҳолат презумпсияи (эҳтимоли) амали мустақими конститутсия риоя карда мешавад. Дар ин хусус дар қарори Суди конститутсионии Федератсияи Русия аз 31 октябри соли 1995 ба судяҳо тавсия карда шудааст, ки дар баррасии маводҳо дар ҳамаи ҳолатҳои зарурӣ Конститутсияи ФР-ро ҳамчун санади мустақиман амалкунанда ба асос гиранд.

Адлияи конститутсионӣ (адолати судии конститутионӣ) ибораи ҷамъбастиест, ки низоми мақомот ва расму қоидаҳое, ки имкон медиҳад, мувофиқати санадҳои парлумон, мақомоти воҳидҳои мухторӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, санадҳои ҳокимияти иҷроия ва шахсони хусусиро ба Қонуни Асосӣ тафтиш намояд. Адлияи конститутсионӣ яке аз шаклҳои асосии амалӣ намудани назорати конститутсионӣ мебошад. Назорате, ки дар шакли мурофиаи судии конститутсионии аз тарафи мақомоти судии махсус – Суди конститутсионӣ, инчунин мақомоти квазисудӣ – Шӯрои конститутсионӣ ва баъзе дигарҳо, инчунин худи ин мақомот амалӣ менамоянд. Дар низоми адолати суди адлияи конститутсионӣ шохаи махсус мебошад, чунки дар он мавзӯи (предмети) баррасӣ, мақомоти махсус, тартиби махсуси мурофиаи судӣ ва як қатор хусусиятҳо онро аз дигар мақомоти амаликунандаи адолати судӣ тафовут дошта, мавҷуд мебошанд.

Давраҳои пайдоиш ва инкишофи конститутсияҳои Тоҷикистон. Пайдоиши падидаи Конститутсия ва рушди он дар Тоҷикистон бо таърихи соҳибдавлат гаштани миллати тоҷик дар давраи ҳокимияти шӯравии сотсиалистӣ рост меояд. То давраи аз тарафи Русияи подшоҳӣ забт гардидани мулкҳои Осиёи Миёна ва паҳн кардани низоми ҳуқуқии ҳокимияти подшоҳӣ, низоми ҳуқуқӣ дар ин мулкҳо Шариат ба ҳисоб рафта рукнҳои он ба тарзи ҳаёти мардуми тагҷойи роҳ ёфта буд. Аз ин рӯ, зарурият ба низоми ҳуқуқ ва коидаҳои дунявӣ ҷой надошт. Бо ѓалабаи инқилоби пролетарӣ дар Русия ва ташакулёбии ҳуқуқи типи нави сотсиалистӣ доираи амали он ба ҳамаи мулкҳои дар ихтиёри Русия қарор дошта паҳн карда шуд. Минбаъд бо забт шудани Аморати Бухоро ва хонигарии Хива дар Осиёи Миёна мавқеи шариат бо тадриҷ маҳдуд ва оқибат тамоман бекор карда шуд. Бо таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ибтидо ҳамчун ҷумҳурии мухторӣ (соли 1924) ва табдилёбии он ба ҷумҳурии шӯравии сотсиалистӣ (соли 1929) низоми қонунгузории шӯравӣ дар Тоҷикистон пурра пойдор ва то татбиқи расмиёти конститутсионӣ расид. Вазъи ҳуқуқии ҶМШС Тоҷикистон дар Конститутсияи соли 1929 танзим ёфт. Аммо ин воқеа бо ҳодисаи тағйирбии сохтори давлатии Тоҷикистон рост омад. Кушиши халқи тоҷик ба устувор намудани давлатдории миллии худ тавассути санадҳои давлати иттифоқии шӯравии сотсиалистӣ дар моҳи октябри соли 1929 асоси ташкилёбии (табдилёбии ҷумҳурии мухторӣ ба ҷумҳурии иттифоқӣ) Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон гардид. Ин ҳодиса тавассути санадҳои таасисдиҳандаи иттифоқии шӯравӣ ва ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шуд.

Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистон соли 1929. Конститутсияи мазкур давраи нахустини соҳибдавлат гардидани халқи тоҷикро ҷамъбаст ва тавассути санадҳои сиёсӣ-ҳуқуқии дар Анҷуманҳои якум ва дуюми Шӯроҳои ҷумҳурӣ қабулшуда, расмӣ гардиданд. Мувофиқи супориши Анҷумани якуми таъсискунандаи Ҷумҳурии Мухтории Шуравии Сотсиалистӣ (декабри соли 1926) ҳукумати ҷумҳурӣ ба Анҷумани дуюми умумитоҷикистонии Шӯроҳо лоиҳаи Конститутсияи аввалинро тайёр ва пешниҳод намуд. Моҳи апрели соли 1929 Конститутсияи мазкур қабул карда шуд ва дар он дар ҳайати ҶШС Узбекистон бо ҳуқуқи мухторӣ қарор доштани Тоҷикистон ва тавассути он ба ҳайати ИҶШС дохил будани он инъикос карда шуд. Дар рӯзи хотимавии кори Анҷумани дуюм баробари қабули Конститутсия инчунин қарор дар бораи қонеъ гардонидани муроҷиати ба ҳайати ҶМШС Тоҷикистон қабул кардани округи маъмурии Хуҷанд тасдиқ ёфт. Қарори мазкур вазъи иҷтимоӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии ҷумҳуриро кулан тағйир дод. Дар ҳамин замина бо анҷомёбии кори Анҷумани дуюм дар ҳудуди ҷумҳурӣ маъракаи сиёсии тарафдори ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил ёфтани Тоҷикистон идома ёфт ва мардум онро бо рӯҳбаландӣ маъқул шумориданд. Моҳи октябри соли 1929 Анҷумани сеюми фавқуллодаи Шӯроҳои ҷумҳурӣ тавассути Эъломия, Изҳорот ва Қарори табдилёбии ҶМШС Тоҷикистонро ба Ҷумҳурии иттифоқии шуравии сотсиалистӣ ва бевосита дар ҳайати ИҶШС қарор доштани он расмӣ гардонид. Ин қарорҳо аз тарафи мақомоти ваколатдори ҶШС Узбекистон ва ИҶШС дастгирӣ ёфтанд. Бо сабабҳои мазкур расман ба амал даромадани аввалин Конститутсияи Тоҷикистон аз байн бардошта шуд.

Конститутсияҳои ҶШС Тоҷикистон солҳои 1931, 1937 ва 1978.

Мувофиқи супориши Анҷумани сеюми Шӯроҳо Раёсати КИМ-и ҶШС Тоҷикистон лоиҳаи Конститутсияи ҶШСТ-ро пешниҳод намуд ва он моҳи феврали соли 1931 аз тарафи Анҷумани чоруми умумитоҷикистонии Шуроҳо баррасӣ ва қабул гардид. Аммо таҳрири хотимавии он хеле кашол ёфт. Ва барои таҳрир ва такмили меъёрҳои он комиссияи махсус ташкил ёфт ва фақат моҳи декабри соли 1932 бо қарори Раёсати КИМ матни Конститутсия ба чоп расид. Аммо кори мукаммал гардонидани Конститутсияи мазкур идома ёфта, 16 –уми ноябри соли 1934 Раёсати КИМ-и ҷумҳурӣ комиссия навро барои омода кардани таѓйиру иловаҳо ба Конститутсияи мазкур ташкил кард. Таклифҳои комиссия дар ин бора аз тарафи Раёсати КИМ омӯхта шуда, ба Анҷумани 5–уми умумитоҷикистонии Шуроҳо пешниҳод карда шуд. 16 январи соли 1935 таҳрири нави Конститутсияи соли 1931 тасдиқ гардид, ки дар он бисёр меъёр ва ҳолатҳо, таркиби он ба тарзи нав муқаррар гардида буданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҳамин давра Конститутсияи ИҶШС соли 1924 ва конститутсияҳои дар асоси он қабул гардидаи ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва мухтории шуравӣ низ дар таҳрири нав тасдиқ карда шуданд. Аммо дар ҳамин асос баъзе олимони шӯравӣ Конститутсияи ҶШС Точикистон соли 1931-ро дар таҳрири соли 1935 Конститутсияи нави ҷумҳурӣ шуморида, идао мекарданд, ки гуё дар ҶШС Тоҷикистон чор Конститутсия қабул шуда бошад. Аммо ин ѓалати маҳз буда, он дар асоси Конститутсияи ИҶШС соли 1924 қабул шуда, то дар амал будани он бекор нашуда буд. Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон соли 1931 дар таҳрири соли 1935 ҷойи Тоҷикистонро дар қатори дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ муайян карда, ҳуқуқҳои соҳибихтиё-ронаи онро дар ҳайати ИҶШС танзим намуд.

Конститутсияи дуюми ҶШС Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи ИҶШС соли 1936 дар Анҷумани шашуми Шуроҳои ҶШС Тоҷикистон 1-уми марти соли 1937 қабул карда шуд. Дар он раванди ба анҷомрасии давраи гузариш аз сохтори кӯҳнаи ҷамъияти сотсиалистӣ ба давраи нави рушди давлатдории миллӣ расмӣ гардид. Мазмун ва таъиноти асосии Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон соли 1937 ба ҳамин омилҳо робита дошта, раванди рушди давлатдории миллӣ ва заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давраи сотсиализмро инъикос гардонид.

Конститутсияи охирини давраи ҳокимияти шуравии ҶШС Тоҷикистон 14 апрели соли 1978 аз тарафи Шӯрои Олии ҷумҳурӣ мувофиқи Конститутсияи ИҶШС аз 7 октябри соли 1977 қабул карда шуд. Конститутсияҳои мазкур мувофиқи барнома ва хулосаҳои ҳизби камунист дар бораи давраҳои рушди ҷомеа ва давлати шуравӣ қабул гардиданд. Дар онҳо чунин ҳолатҳо дар бораи аз давраи сотсиализм ба давраи нави рушди он сотсиализми муттарақӣ, давлати меҳнаткашон ба давлати умумихалқӣ, тағйирёбии асосҳоии сиёсӣ, иқтисодӣ, таркиби иҷтимоии давлат ва ҳоказо инъикос гардонида шуданд.

Конститутсияҳои иттифоқии давраи ҳокимияти шӯравӣ. Бо таъсисёбии Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сосиалистӣ (ИҶШС) дар соли 1922 зарурияти қабули аввалин Конститутсияи умумиитифоқӣ ба вуҷуд омад. То он вақт ҳар як давлатҳои нави шӯравӣ конститутсияҳои худро қабул карда, дар асоси он фаъолияти худро ба роҳ мемонданд. Дар байни онҳо конститутстияи аввалини шӯравии сотсиалистӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Шӯравии Федеративии Сотсиалистии Русия соли 1918 ҳамчун конститутсияи типи нави намунавӣ аҳамияти хоса дошт. Конститутсияи якуми ИҶШС 6 июли соли 1923 аз тарафи КИМи ИҶШС қабул ва ба амал дароварда шуд. Ва 31 январи соли 1924 онро Анҷумани 2-ми Шӯроҳои ИҶШС тасдиқ кард ва бо ин сабаб он «Конститутсияи (Қонуни Асосии) Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сосиалистӣ» соли 1924 ном гирифт. Таркиби Конститутсияи мазкур аз ду ҳуҷҷати таъсиснамоии ИҶШС: Эъломия ва Шартнома дар бораи ташкилёбии ИҶШС иборат гардид. Дар онҳо ҳамаи асосҳо ва усулҳои ташкилёбии давлати нави умумииттифоқӣ муқаррар ва танзим ёфта буданд. Аз ҷумла, дар асоси баробарҳуқуқии ҷумҳуриҳои иттифоқӣ таъсис ёфтани давлати умумииттифоқӣ, аз намояндагии баробари ҷумҳуриҳо иборат будани ҳайати мақомоти олии намояндагии иттифоқӣ, ҳуқуқи озодона аз ҳайати ИҶШС баромадани ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва ғайра. Конститутсияи мазкур меъёрҳои ба давраи гузариш аз сохтори куҳнаи капиталистӣ ба сохти нави сотсиалистиро танзим кард.

Дар мобайни солҳои 1930 аз тарафи ҳизби болшевикон ва ҳукумати шуравӣ хулоса бароварда шуд, ки дар ИҶШС давраи гузариш анҷом ёфт ва акнун муносибатҳои ҷамъияти сотсиалистӣ асосан пойдор гардида, дар заминаи худ ривоҷ меёбад. Бинобар ин, қабули Конститутсияи нави ИҶШС зарур дониста шуд. Анҷумани 8-уми Шӯроҳои ИҶШС 5 декабри соли 1936 Конститутсияи дуюми ИҶШС-ро қабул кард. Дар он муносибатҳои нави ба ҷамъияти сотсиалистӣ хос танзим гардиданд. Муқаррар карда шуд, ки асоси иқтисодии давлатро моликияти сотсиалистӣ ба олот ва воситаҳои истеҳсолот дар шакли моликияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, асоси сиёсии ҳокимияти давлатиро Шӯроҳои вакилони меҳнаткашон ва асоси иҷтимоии давлатро иттифоқи байни коргарон ва деҳқонон ташкил менамоянд. Дар асоси Конститутсия мазкур ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва мухтории шӯравии сотсиалистӣ соли 1937 конститутсияи худро қабул карданд. Конститутсияҳои мазкур зиёда аз 41 сол амал карданд.

Конститутсияи сеюми охирини ИҶШС соли 1977 ба як навъ Барномаи ҳизбию давлатӣ шабоҳат пайдо карда, дар он бисёр ҳолатҳои назариявию мафкуравии давраи нави рушди ҷомеаи сотсиалистӣ ва давлатӣ шӯравӣ танзим карда шуданд. Дар қисми даромади он ки дебоча (преамбула) ном гирифт, музаффариятҳои ИҶШС дар сохтмони ҷамъияти сотсиалистӣ қайд ёфта, чандин хулосаҳо дар бораи дурнамои рушди ҷомеа ва давлат қайд ёфтанд. Аз он ҷумла, ягонагии иҷтимоӣ сиёсӣ ва мафкуравии ҷамъияти сотсиалистӣ, табдилёбии давлати меҳнаткашон ба давлати умумихалқӣ, барпоёбии ҷамъияти мутараққии сотсиалистӣ, баланд гардидани нақши ҳизби камунисти ҳамчун нерӯи тавонои халқ қайд карда шуд. Дар дебоча тавсифи муфассали сифатҳои ҷомеаи мутараққии сотсиалистӣ дода шуд, ҳадафи олии давлати шуравӣ барпо кардани ҷамъияти бесинфи камунистӣ, ки дар он худидоракунии чамъиятии камунистӣ ривоҷ меёбад, дода шуд. Ва вазифаҳои дар назди халқи шуравӣ дар ин марҳила истода номбар карда шуданд. Дар матни Конститутсияи ИҶШС соли 1977 кушиш карда шуда буд, ки ба ҳолатҳои қайдёфта, меъёр ва ҳолатҳои он мувофиқат дошта бошанд. Мувофиқи нақшаи ҳизбию давлатии шуравии сотсиалистӣ конститутсияи мазкур бояд конститутсияи охирин мегардид, зеро ки дар давраи гузариш аз ҷомеаи сотсиалистӣ ба ҷомеаи камунистӣ, бояд давлат ва мақомоти давлатӣ, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бекор шуда, ҷойи онҳоро ҷамъияти худидоракунии камунистӣ ва кодекси бинокори камунистӣ ишғол мекарданд. Аммо бо гузашти ҳамагӣ чордаҳ сол давлати шуравӣ барҳам ёфт ва конститутсияву қонунҳои он бекор шуданд. Ҳамаи понздаҳ адад ҷумҳуриҳои иттифоқии дар ҳайати ИҶШС қарор дошта, соҳибистиқлол гардиданд ва Конститутсияву низоми қонунгузории худро таъсис доданд.

Конститутсиягароӣ (конституционализм) – тартиботи давлатдорӣ, ки бо Конститутсия асос ёфтааст. Тарзи идоракунии давлатие, ки тибқи конститутсия маҳдуд гардонида шудааст. Низоми сиёсие, ки ба Конститутсия асос ёфта ва бо усулҳои конститутсионӣ идора карда мешавад. Ҳамчун назарияи сиёсӣ ҳуқуқие мебошад, ки зарурияти барпо кардани сохтори конститутсиониро асоснок менамояд.

Конститутсиявигардонӣ (конституционализация) - дар матни конститутсия муқаррар кардани ягон ҳолатҳо ва ба онҳо хос донистани нерӯи конститутсионӣ. Ин амал дар таҷриба худ аз худ эътироф гардида, пайдоиши меъёри нави конститутсионӣ боиси мунозира намегардад. Масалан, қисми хулосавӣ, гузаришӣ, хотимавӣ ва интиқолии Конститутсия ҳамон вақт бечуну чаро қисми таркибии он дониста мешавад, ки агар ҷойи он дар низоми таркиби Конститутсия асоснок муайян карда шавад. Дар ҳолати дар қисми асосии матни конститутсия ҷойи он муайян нагардидан, нерӯи конститутсионии он баҳснок шуда метавонад. Дар асоси қисми дуюми моддаи 92 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудият ва фаъолияти адвокатура ҳамчун ниҳоди ҳимояи инсон ва шаҳрванд, шахсони ҳуқуқӣ расмӣ гардонида шудааст.

Давом дорад.

Зоир Ҷурахон Маҷидзода, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Мудири Шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ашӯрбой Имомов, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ профессор, Сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Расидан ба марҳилаи Истиқлоли сиёсию давлатӣ, ки мардуми шарифи Тоҷикистон онро ба унвони ҳадяи сарнавишти миллӣ ва давлатӣ пазируфтааст, зиндагии ҷомеаи навини тоҷикро тағйир дода, роҳи пешрафту тараққиро аз ҳар ҷиҳат ҳамвор сохтааст. Мусаллам аст, ки тайи таърихи башарӣ ҷомеа, мардум ва кишварҳои зиёди ҷаҳонӣ сари исми Истиқлолияти давлатӣ савганди садоқат ба ҷо оварда, дар ин масири саодатбахш ва рӯҳафзо умрфарсоӣ ва фидокорӣ кардаанд.

Истиқлоли давлатӣ ба унвони ормони таърихӣ, сиёсӣ ва миллӣ сарнавишти миллатро дар замон ва макони мушаххаси таърихӣ рақам зада, ҷомеаро ба сӯйи рушду инкишоф ҳидоят менамояд. Маҳз марҳилаи истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам меоварад, ки миллат афту хез, шикасту рехт, бурду бохт, муваффақияту нокомӣ ва билохира қисмати худро дар тарозуи ақлу виҷдон баркашад ва барои сохтмони давлати навин гомҳои устувор бардорад.

Маълум аст, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ тоҷик соҳиби рамзҳои давлатӣ -- Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия гардида, Ватани азизи мо аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил эътироф шуд. Зимнан, Истиқлоли давлатӣ раванди ҳувиятсозии миллиро таҳкиму тақвият бахшида, барои густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овард. Насли миёнсол ва солманди Тоҷикистони азиз хуб дар ёд доранд, ки Истиқлоли давлатии мо ҳанӯз дар бомдоди тавлид ба зарбаи ҷонкоҳу ҳалокатбор -- ҷанги шаҳрвандӣ мувоҷеҳ гардид, ки кишварҳои дигари тоза истиқлол бадастовардаи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар он айём ба чунин вазъи душвору фоҷиабор гирифтор нашуда буданд.

Бояд таъкид кард, ки ҳанӯз дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олӣ роҳи таърихии тоҷик муайян гардид, ки он бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад. Ғояи давлати демократӣ баъдан дар Конститутсия инъикос гардида, давлати мо роҳи татбиқи арзишҳои демократиро пеш гирифт. Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳукумати нави дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ интихобшуда хомӯш кардани оташи ҷанг, таъмин намудани сулҳу оромӣ дар кишвар, оғози татбиқи барномаи барқарорсозии баъдиҷангӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва бо манзили зист таъмин намудани онҳо буд ва раҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон тавонист, ки ин сарҳадафи стратегиро бомуваффақият амалӣ созад.

Мусаллам аст, ки Конститутсия ҳамчун санади ҳуқуқӣ аососҳои рушди муҳити давлатдории навинро фаро мегирад (см.: Достиев А. Конституция Республики Таджикистан 1994 года: история разработки, принятия внесение изменений и основные положения. –Душанбе: АО Матбуот, 2001.-С.3). Аз тарафи дигар, қабули Конститутсия рамзи соҳибистиқлолӣ ва мустақилияти давлат буда, давлатро ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад. Раванди қонунофарӣ ва тасвиби Конститутсия ба унвони сарчашмаи ҳуқуқ давра ва марҳилаҳои гуногуни рушдро паси сар кардааст. Муҳаққиқони ҳуқуқшинос бар ин назаранд, ки давраи муосири рушди раванди қонунофарӣ ва конститутсионӣ аз охири солҳои 80-уми садаи ХХ шуруъ шуда, то имрӯз идома ёфта истодааст. Оғози ин давра, асосан ба аз байн рафтани давлати Шуравӣ ва пошхурии ҷумҳуриҳои хориҷии сотсиалистӣ бастагӣ дорад. Баъди барҳам хурдани давлати Шуравӣ ҳамаи 15 ҷумҳурии иттифоқӣ истиқлолияти худро эълом дошта, ҳамчун давлатҳои мустақил аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардиданд. Дар баробари ин, ҷумҳуриҳои хориҷии сотсиалистӣ (ба истиснои Чин, Куба, Кореяи Шимолӣ ва Ветнам) барҳам хурда, аз ин низом даст кашиданд. Баъди интихоб намудани роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ онҳо конститутсияҳои нави худро дар асоси модули конститутсионии Ғарб қабул намуданд. Ба ин тартиб, аз 15 ҷумҳурии собиқи шуравӣ моҳи декабри соли 1991 танҳо 12 ҷумҳурӣ шакли нави ҳамкориро дар қолаби иттиҳоди ҷадиди сиёсӣ — Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пазируфтанд (ба ҷуз ҷумҳуриҳои назди Балтика, феълан аъзои ИДМ — нуҳ ҷумҳурии собиқ шуравӣ мебошанд). Баъди эълом доштани истиқлоли давлатӣ дар ин ҷумҳуриҳои собиқи шуравӣ масъалаи таҳия ва тасвиби конститутсия ба миён омад. Ҷумҳуриҳои назди Балтика — Латвия, Литва ва Эстония ҳанӯз соли 1992 консти­тутсияҳои худро қабул намуданд. Дигар ҷумҳуриҳои собиқи шуравӣ, аз ҷумла Туркманистон 18 майи соли 1992, Узбекистон — 8 декабри соли 1992, Федератсияи Россия — 12 декабри соли 1993, Молдова — 29 июли соли 1994, Қирғизистон — 5 майи соли 1995, Арманистон — 5 июли соли 1995, Гурҷистон — 24 августи соли 1995, Қазоқистон — 30 августи соли 1995, Озарбойҷон — 12 ноябри соли 1995, Украина — 28 июни соли 1996 ва Ҷумҳурии Беларус — 24 ноябри соли 1996 конститутсияҳои худро қабул карданд (ниг.: Равшан Раҷабов. Таърихи пайдоиш ва инкишофи конститутсия. //Садои мардум №146-147 (3447-3448) 30.10.2015).

Ба ин тартиб, Ҷумҳурии Тоқикистон баъди як дараҷа хомӯш шудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ масъалаи аз нав омода кардани лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйир додани ҳайати комиссияи конститутсионӣ дар Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 июни соли 1993 матраҳ гардида, бо Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати комиссияи конститутсионӣ дар ин иҷлосия тағйир дода шуд ва раиси комиссияи конститутсионӣ Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов интихоб гардид. Аввалин маҷлиси комиссияи конститутсионӣ 4 сентябри соли 1993 баргузор гардид, ки дар он ду гурӯҳи кории нав ташкил дода шуд. Моҳи апрели соли 1994 гурӯҳи корӣ ду шакли лоиҳаи Конститутсияро, ки яке, бар лоиҳаи конститутсия бо шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣвадигаре, бар шакли идоракунии ҷумҳурии парлумонӣ такя мекарданд, ба комиссияи конститутсионӣ пешниҳод шуданд. Дар натиҷа, лоиҳаи Конститутсия бо шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ маъқул дониста шуд. Бо қарори Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Конститутсия барои интишор ва баррасии умумихалқӣ пешниҳод карда шуд. Ҳамин тариқа, лоиҳаи Конститутсия 21-22 апрели соли 1994 дар рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои расмӣ интишор ва муҳокимаи он то моҳи июли соли 1994 идома ёфт. Дар Иҷлосияи нуздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21-22 июли соли 1994 доир шуд, лоиҳаи Конститутсия бо пешниҳоду таклифҳо муҳокима гардида, барои қабули он тариқи раъйпурсӣ дар таърихи 25 сентябр қарори дахлдор ба тасвиб расид. Баъдан бо қарори Иҷлосияи бистуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 1994 муҳлати гузаронидани раъйпурсӣ то 6 ноябри соли 1994 тамдид карда шуд (ниг.: Равшан Раҷабов. Таърихи пайдоиш ва инкишофи конститутсия. //Садои мардум №146-147 (3447-3448) 30.10.2015).

Бояд тазаккур дод, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, ки барои хомӯш шудани оташи ҷанги хонамонсӯзи ҳамватанӣ дар паҳлуи раҳбарияти олии давлати миллӣ қарор доштанд, дар таъйни сарнавишти минбаъдаи давлати тоҷикӣ тавассути қабули Конститутсияи миллӣ саҳми сазовор гузоштанд. Ин буд, ки рӯзи 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ бахшида ба қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 94,4 дар сади шаҳрвандони ҷумҳурӣ ширкат варзиданд, ки 87,59 дар сади онҳо ба тарафдории қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз доданд. Аз он ба баъд Рӯзи 6 ноябри соли 1994 ҳамчун Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуда, дар феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ворид гардида, ҳамасола ботантана таҷлил мешавад.

Чи хеле ки болотар ишора рафт, халқи тоҷик иродаи худро ба таври расмӣ тавассути Конститутсия соли 1994 баён дошт. Гузашта аз ин, дар таҳияи Конститутсияи соли 1994 таҷрибаи қонунсозӣ ва санадофарии давлатҳои тараққикарда ва мутамаддини ҷаҳонӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд (см.: Достиев А. Конституция Республики Таджикистан 1994 года: история разработки, принятия внесение изменений и основные положения. –Душанбе: АО Матбуот, 2001. –С.161). Ин аст, ки Конститутсияи давлати нави Тоҷикистон баёнгаритафоҳуми миллӣ ва ҳамбастагии мардумӣ буда, ҳамин шеваи демократӣ дар раванди тағйиру иловаҳо ба қонуни асосии кишвар то имрӯз пайгирӣ шудааст. Ин ки ҶумҳурииТоҷикистон дар роҳи сохтмони давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳоиустувор бардошта истодааст (см.: Хрестоматия по истории государства и права Таджикистана (1917-1994 гг.). /Сост. Ф.Т. Тахиров. –Душанбе: ТНУ, 2019. -С.3) ба мазмуну муҳтавои Конститутсияи кишвар вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, бо қабули Конститутсияи соли 1994 халқу давлати Тоҷикистон дар самти сохтмони давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёдва дунявӣ иқдоми ҷиддӣ бардошт ва иқдомоти минбаъдаи созандаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фикрӣ, маданӣ ва ҳунарӣ давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ соҳибобрӯ сохт. Бо қабули ин санади калидӣ, ки бозгӯкунандаи сатҳи тамаддун ва фарҳанги давлатмадории миллӣ мебошад, Тоҷикистон ба доираи давлатҳои мутамаддини ҷаҳонӣ шомил гардид ва имрӯз ҳарфи раҳбарияти олии моро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои қудратманди минтақавию ҷаҳонӣ эҳтиром мекунанд.

Ҳанӯз сӣ сол қабл (20 июли соли 1994) Раиси вақти Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба ислоҳоти конститутсионӣ, тартиби қабул ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи Х1Х Шурои Олии Тоҷикистон таъкид карда буданд: “Лоиҳаи Конститутсияи навро мардум қонуни сарнавишту такдирсоз номидааст, ки ин асоси воқеӣ дорад. Конс­титутсияи нави Тоҷикистон бояд ҳамчун ҳуҷҷати ифодакунандаи орзую ормон ва масъулияти шаҳрвандон, конститутсияе, ки минбаъд ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷамъият дар чорчӯбаи он сурат бигирад, барои насли имрӯзу ояндаи мо муқаддасу шариф аст” (ниг.: //Садои мардум №128 (3765) 31.10.2017). Муҳимтар аз ҳама, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон конститутсияи сифатан нав ва қабули он дар ҳаёти ҷумҳурӣ, ҳақиқатан, воқеаи таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ маҳсуб меёфт. Ин санади сарнавиштсоз бо роҳи демократӣ ва аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона (унитарӣ) мустаҳкам менамояд. Дар он шакли идоракунӣ, сохтори давлатӣ ва режими сиёсӣ муайян карда шуда, давлати иҷтимоӣ будани Тоҷикистон эълом шудааст (см.: Достиев А. Конституция Республики Таджикистан 1994 года: история разработки, принятия внесение изменений и основные положения. –Душанбе: АО Матбуот, 2001. –С.13).

Яке аз вежагиҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (манзур Конститутсияи соли 1994 аст) дар он аст, ки он аввалин маротиба усули таҷзияи ҳокимиятро пешбинӣ карда, волоияти меъёрҳои қонуни асосӣ ва бартарияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро муқаррар намудааст. Дар он аввалин маротиба сухан дар бораи вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд меравад, ки барои конститутсияҳои қаблӣ ин мафҳум бегона буд.

Дар бахши муқаддимотӣ ё ба истилоҳ, преамбулаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи халқи ҷумҳурӣ чунин нукоти ҷолибе дарҷ гардидааст: “Мо халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллатқу халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем” (ниг.: Конститутсияи Ҷумҳурии Тоқикистон. Конституция Республики Таджикистан. The Constitution of the Republic of Tajikistan. –С.3).

Ногуфта намонад, ки тавассути моддаҳои марбутаи Конститутсияи соли 1994 ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд таъйин гардид ва озодии андеша тавассути воситаҳои ахбори омма сурат гирифта, сензура ва таъқиб барои танқид манъ шуд. Ба унвони мисол, аз моддаи 30-и Конститутсия ёдовар мешавем: “Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Сензураи давлатӣ барои танқид манъ аст” (ниг.: Маҷмӯаи Конститутсияҳои Тоҷикистон. /Муҳаррири масъул Гадоев Б.С. –Душанбе, 2015. -С.470). Таъйни меъёрҳои озодии виҷдон ва андеша (моддаи 26), ки аз муҳтавои Конститутсияи соли 1994 бармеояд, роҳи сохтмони давлати дунявиро ҳамвор намуд. Маҳз давлате, ки бар мабнои низоми давлатдории дунявӣ устувор аст, метавонад озодии виҷдон ва андешаро таъйиду тазмин кунад. Ин нуқтаи меҳварии озодиҳои инсонро Конститутсияи соли 1994 муқаррар кард ва аз ин тариқ барои ба вуҷуд омадани ҷомеаи шаҳрвандӣ ва маданӣ дар мамлакат шароити мусоид фароҳам овард.

Ба таври куллӣ, бар асоси Конститутсияи соли 1994 шароити мусоиди такмили қонунияти конститутсионӣ ва истеҳкоми пояҳои демократикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам оварда шуд. Ин санади олии ҳуқуқӣ – Конститутсияи миллии соли 1994 раванди низоми давлатдории дунявӣ ва тафаккури секуляриро дар қаламрави ҷумҳурӣ таҳкиму тақвият бахшид. Ба сухани дигар, Конститутсияи соли 1994 гардиши куллиро дар ҳаёти сиёсӣ, идеологӣ, иқтисодӣ, фикрӣ ва фарҳангӣ ба вуҷуд оварда, роҳҳои рушду тараққии минбаъдаи давлатдории муосири тоҷикиро ҳамвор сохт.

Нозим Нурзода - Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Дар ибтидо, сари мафҳум ва истилоҳи “синергия” мухтасаран таваққуф мекунем, то ин ки баҳс рӯшан шавад. Истилоҳи “синергия” (“synergeia”) аз вожаи юнонӣ баргирифта шуда, маънои ҳамафзоӣ, ҳамнерузоиро дорад. Дар маҷмуъ, таҳти мафҳуми “синергия” кумаку ёрию мададгории ҳамдигар ва ҳамкорӣ ба хотири боло бурдани сатҳи натиҷагириҳо дар ҳамаи соҳаҳо фаҳмида мешавад.

Мусалламан, ҳамафзоӣ ва ба истилоҳ, синергия дар доираи илмҳои гуногун мавриди мутолеа қарор гирифтааст. Аз ҷумла, дар соҳаи фарҳанг ва омӯзиши мероси фарҳангӣ синергия ҳамчун унсури ҳамафзоию нерубахшии ҳамагонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, маънои истифодаи нерую энержии гурӯҳҳо ба хотири афзудани натиҷаи кору умур дар самти натиҷагирии заруриро далолат мекунад. Ба сухани дигар, ҷамъи ду ва ё чанд инсон, ки барои расидан ба ҳадафе муштарак якдигарро ёриву кумак мекунанд, ҳамафзоӣ ва ба истилоҳ , синергия номида мешавад.

Акнун бармегардем ба вуҷуду ҳузури синергия-неруафзоӣ дар заминаи мероси фарҳангӣ. Нахуст таърифи мухтасари мероси фарҳангиро меоварем. Бахше аз фарҳанги моддию маънавӣ, ки тавассути наслҳои гузашта офарида шуда, аз таҷрибаву озмуни замон гузашта, ҳамчун унсури арзишманд ва қобили эҳтиром ба наслҳои баъдӣ интиқол ёфтааст, мероси фарҳангӣ номида мешавад. Ҳамкорӣ, ҳамафзоӣ ва ҳамнерузоии ҳамагонӣ ба хотири ҳифзу гиромидошти мероси фарҳангӣ синергияи фарҳангиро ифода мекунад. Яъне, афроду аъзои ҷомеа, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва муҳитҳои фарҳангӣ, доираҳои илмию адабӣ ва умуман, ҷомеаи маданӣ ба хотири нигаҳдошти мероси фарҳангӣ ва боло бурдани сатҳи масуният-иммунитети маданӣ дар заминаи ҳифз, гиромидошт, муаррифӣ ва таблиғи шоистаю боистаи мероси фарҳангӣ талоши якҷоя мекунанд. Ин талошу ибтикороти ҳамагониро синергияи фарҳангӣ меноманд.

Мероси фарҳангии моддӣ ва ғайримоддӣ ҳамагӣ маҳсули эҷоду офаридаи насли башаранд. Дар ҳар ду маврид, ҳам дар мавриди эҷоди мероси фарҳангии ғайримоддӣ ва ҳам дар мавриди офаридани мероси фарҳанги моддӣ офарандаву эҷодгар (инсон ва ҷомеаи инсонӣ) заҳмат мекашад ва барои кам кардан ва аз миён бурдани мушкилоти рӯзафзуни башарӣ талош меварзад. Ин аст, ки иртиботи калидӣ миёни мероси фарҳангии ғайримоддӣ ва моддӣ дар ҷуръату ҷасорату талошгарию сахткӯшии инсонҳо барои расидан ба як зиндагии шоиставу боиста ва муҳайё кардани шароити ҳамбастагию ҳамкории мутақобилан судманд зоҳир мегардад, ки метавон аз он ба унвони таҷрибаи муваффақи фарҳангӣ истифода кард. Аз тарафи дигар, миёни офарандагони неъматҳои моддӣ ва эҷодгарони осори маънавӣ (ғайримоддӣ) тафовут ва фарқи усулӣ (принсипиалӣ) нест, чаро ки ҳар ду эҷодгару офарандаи неъматҳоянд ва ҳар ду ба хотири кам кардани мушкилот ва омода кардани шароити муосиди зистию маданӣ талош меварзанд. Албатта, тайи таърих ва махсусан, дар шароити имрӯзаи мо ҳам иттифоқоте дар заминаи пешрафти фарҳанги маънавӣ ва ё баръакс, тараққиёти фарҳанги моддӣ ба вуқуъ мепайванданд ва яке аз бахшҳо бартарӣ ва афзалият пайдо менамоянд. Дар ин сурат, ниме аз бахши баданаи инсонӣ аз ҳаракат бозмемонад, зеро ки бар асари ақиб мондани як бахш бахши дигари пайкараи фарҳангӣ заиф ва корношоям мешавад ва ҳамин тур, вазъи куллии моддию маънавӣ хароб мегардад. Ба ин маъно, ҳар ду офарандаву эҷодгар маҳсуб мешаванд ва ҳар ду неъматҳои моддию маънавӣ меофаранд. Табъан, фарҳанг ҳам маънои офаринандагию эҷодгарии инсонро ифода мекунад.

Таҷрибаи инсонӣ ва аз ҷумла таърихи миллӣ собит кардааст, ки фарҳанги ғайримоддӣ ҳамеша бо фарҳанги моддӣ дар иртиботи мазмунию мундариҷавӣ буда, яке дигареро афзоиш додааст. Масалан, ҷашнҳои бостонии миллӣ Наврӯзу Меҳргону Ялдову Сада бо иҷрои маросимоти худ на танҳо ҷилваҳои тозаи иртиботи танготанги фарҳанги ғайримоддию моддиро ба намоиш мегузоранд, балки аҳаммияти мероси фарҳанги моддиро афзоиш медиҳанд. Масалан, анвои гуногуни кӯзаҳои сафолину сангию оҳанӣ, дасткориҳои одамони асрҳои сангӣ ва соири лавозими қадимӣ, ки ҳамчун ёдгории асил дар осорхонаю музейҳо нигоҳдорӣ мешаванд, таваҷҷуҳи тамошобинонро ба қудрати фикрию эҷодии одамони қадим ҷалб месозанд ва бад-ин васила ҷаҳоншиносии ононро дар заминаи шинохти фарҳанги ғайримоддӣ такмилу афзоиш медиҳанд.

Чун мероси фарҳангӣ бо хамираи ҳувияти миллӣ пайванд аст, ногузир сари мафҳуми “ҳувияти миллӣ” таваққуф мекунем ва мунтаҳо онро як навъ таъриф медиҳем. Ба ин маъно, ҷузъи таркибии ҳувияти шахс, ки бо эҳсоси мансубият ба миллат, давлат ва фазои фарҳангии муайян алоқаманд мебошад, ҳувияти миллӣ номида мешавад. Ҳувияти миллӣ хосияти табиӣ набуда, дар натиҷаи дарки умумияти фарҳанг, таърих ва забон бо гурӯҳи муайяни одамон ба вуҷуд меояд. Яъне ҳувияти миллӣ дар натиҷаи дарки умумияту муштаракоти забонию таърихию фарҳангии гурӯҳи муайяни одамон, ки зери як миллат ҷамъ шудаанд, ба вуҷуд меояд. Бинобар ин, фарҳанги моддӣ ва маънавӣ (ғайримоддӣ), ки маҳсули эҷоду офариниши наслҳои миллат аст, дар ҳифзи ҳувияти миллӣ таъсири калидӣ дошта метавонад, агар афроди миллат ба дараҷаи фаросати ҳувиятӣ ва дарку фаҳми манофеи миллӣ расида бошанд.

Синергия, тавре ки болотар ишора рафт, ёриву мададгорию ҳамкорию ҳамбастагию муташаккилию ҳамафзоию ҳамнерузоии гурӯҳҳо ба хотири ба даст овардани натиҷаи болотар аст. Ин аст, ки неруафзоӣ (синергия) дар ин замина боиси боло рафтани сатҳи ҳувияти миллӣ ва тақвияти хотираи таърихии миллат гардида метавонад. Пайвастану ба ҳам тавъам сохтани фаҳмишҳо дар заминаи мероси фарҳанги моддию маънавӣ на танҳо сатҳи худогоҳию худшиносии миллиро боло мебарад, балки сарчашмаи бедории фикрию миллӣ ва иқтидори ҳувиятию мадании афроди миллат мешавад.

Намунаҳои таҷрибаи муосири фарҳангиро дар заминаи таъсири мутақобилаи мероси фарҳанги маънавию моддӣ метавон дар кишварҳои мутамаддини Осиёӣ ва Шарқию Ғарбӣ, аз ҷумла Ҷопон, Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур, Ҳиндустон, Эрон, Миср, Англия, Олмон, Фаронса, Руссия, Белорусия ба хубӣ мушоҳида кард. Дар кишварҳои номбурда ҷомеаи маданӣ вуҷуд дошта, сатҳи маърифату маданияти мардум зарурист ва ғолибан, барои харидории чиптаҳои намоишномаҳои театрию синамоӣ, консерту тамошои осорхонаҳо навбат мепоянд. Ин аст, ки биниши фарҳангӣ дар ин гуна кишварҳо хусусияти оммавӣ касб кардааст. Барои намуна, дар шаҳрҳои Токиёи Ҷопон, Пекини Чин, Сеюли Корея, Москваи Руссия, Лондони Англия, Берлини Олмон, Парижи Фаронса, Қоҳираи Миср ва амсоли инҳо аз ҷониби масъулони блоки мадании давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барномарезиҳои муваффақе роҳандозӣ гардидаанд, ки сатҳи таваҷҷуҳи ҷомеаро ба мероси фарҳанги моддӣ ва маънавӣ боло мебаранд. Таваҷҷуҳи зарурӣ ба забон, урфу одат, ҷашну маросим (мероси фарҳанги ғайримоддӣ), аз як тараф ва ихлосу самимият ба ёдгориҳои фарҳангӣ ва маконҳои таърихӣ (мероси фарҳанги моддӣ), аз тарафи дигар, кишварҳои мазкурро ба сатҳи баланди тамаддунӣ расонидааст. Муҳимтар аз ҳама, пофишорӣ дар заминаи ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддию моддӣ, мунтазам дидан кардан аз осорхонаҳои таърихию кишваршиносӣ, иштироки дастаҷфамъона дар ҷашну маросимоти миллӣ дар кишварҳои дар боло зикршуда ба кори рӯзмарраи ҷомеа табдил ёфтааст.

Новобаста аз он ки сиёсати бархурдҳои тамаддунӣ ва таҳдиду чолишҳои сиёсию мафкуравӣ дар ҷаҳон зиёд шудааст, дастандаркорону масъулони пружаҳои фарҳангӣ ва блоки сиёсӣ-мафкуравии давлату кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ дар пайи таҳкими хотираи таърихӣ ва ҳифзи манофеи миллии худ буда, намегузоранд, ки пояҳои фарҳангию ҳувиятии мардумашонро сусту заиф шаванд. Аз ин ҷост, ки таҷрибаи фарҳангии кишварҳои номбурдаро дар заминаи таъсири мутақобилаи мероси фарҳанги моддӣ ва маънавӣ метавон истифода бурд. Дар мо, мутаассифона, вазъи шаклгирии ҳувияти миллӣ ва худогоҳию хештаншиносӣ, ки ба сатҳи фарҳангию мадании ҷомеа бастагӣ дорад, чандон қонеъкунанда нест.

Ҳарчанд ки дар заминаи арҷгузорӣ ва гиромидошти фарҳанги миллӣ ва ҷашну маросимоти бостонии аҷдодӣ роҳбарияти олии давлат корҳои зиёдеро ба сомон расонида, барнома, стратегия ва қавонини заруриро таҳия ва роҳандозӣ намудааст, таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои бозсозии ҳувияти миллӣ ва гиромидошти мероси фарҳангӣ ҳанӯз ҳам ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест. Махсусан, сатҳи таваҷҷуҳи ҷомеа ба театру синамои миллӣ дар сатҳи хеле паст қарор дорад. Танҳо дар замони баргузории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – Парасту толорҳои театрҳои марказӣ пуродам мешаванд ва ҳамин ки чорабинӣ ҷамъбаст шуд, дигар ҷомеа пушти кори худ мегардад ва толорҳои театрҳои ҷумҳурӣ ҳамчунон холӣ мемонанд. Дигар ин ки солҳост барои пур кардани толорҳои театрҳо ва таъмини буҷаи муассисаҳои театрӣ аз хонандагони мактабҳои миёнаи умумӣ ва олии касбӣ истифода мебаранд. Аксари кулли хонандагон ва донишҷӯёне, ки маҷбуран ба театр ба хотири таъмини буҷаву пуркардани толор ҷалб мешаванд, завқи бадеӣ-эстетикӣ надоранд ва на танҳо намоишномаҳоро бозавқ тамошо намекунанд, балки тавассути кирдори номатлуб (ҳангоми ҷараён доштани намоиш баланд хандидан, бо дигарон гап задан, луқмапартоиҳои нобаҷо ва амсоли инҳо) ба рафти намоишномаҳо халал расонида, руҳияи ҳунармандонро хароб месозанд. Дур шудани ҷомеа аз театр ва намоишномаҳои театрӣ маънии пойин рафтани сатҳи маънавиёту маданияти миллиро дорад. Дар ёд бояд дошт, ки такмили тарбияи инсони фарҳангӣ ва бомаърифат, пеш аз ҳама, дар театр иттифоқ меафтад.

Зимнан, баъзе дастандаркорон ва масъулони раванд дар кишвар роҳҳо ва механизмҳои пайванди мероси фарҳанги моддию маънавиро ҷустуҷӯ намекунанд ва ҳамин тур, вазъ бидуни тағйир боқӣ мемонад. Бинобар ин, ба масъала бетаваҷҷуҳию саҳлангорӣ кардан оқибатҳои ногувореро дар пай хоҳад дошт. Дақиқтар гӯем, мо дар дуроҳаи худсозию худшиканӣ қарор дорем: ё таҷрибаи фарҳангии кишварҳои мутамаддини ҷаҳониро дар масъалаи таъсири мутақобилаи мероси фарҳангӣ ба таври бояду шояд истифода мебарему дар ҳифзи мероси фарҳанги моддию маънавӣ муваффақ мешавем, ё ин ки фарҳангҳои муҳоҷим моро ба коми худ фурӯ мебаранд ва умрбод дар хидмати бегонагон қарор мегирем. Интихоб аз худи мо ва ба худи мо бастагӣ дорад.

Нозим Нурзода - Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Дар силсилаи ойину ҷашнҳои миллию мардумӣ ҷашни Меҳргон ҷойгоҳи вежа дорад. Дар зимн, номи ҷашни Меҳргон дар сарчашмаҳои бостонӣ ба гунаи “Митракона” зикр шудааст (ниг.: Раҳимов Дилшод. Фолклори тоҷик. –Душанбе: «Эҷод», 2009. -С.196). Бар илова, Меҳргон рӯзи таваллуди дубораи Меҳр аст ва тибқи назари Абурайҳони Берунӣ, ин рӯз дар айёми куҳан рӯзи аввали зимистон будааст (ниг.: Берунӣ, Абӯрайҳон. Осор-ул-боқия. Тарҷумаи Акбари Доносиришт. –Теҳрон: Амири Кабир, 1362. –С.339). Бинобар ин, бо Ялдо мутобиқ мешавад, ки ҷашни мелодии Меҳр аст (ниг.: Шамисо Сирус. Крисмас ва шаби Чилла. //Кайҳони фарҳангӣ, шуморати 9, Озари 1368. –С.32). Чун дар ин матлаби маҳдуди ҷашнӣ маҷоли тавзеҳи мушаххасоти Эзади Меҳр ва нуфузи он дар паҳнои фарҳанги бумию минтақавӣ ва башариро надорем, ногузир ба масъалаи ҷашни Меҳргон мепародозем.

Муҳаққиқони муосир дар робита бо ҷашни Меҳргон таъкид кардаанд, ки дар рӯзшумории куҳани Ирон ҳар як аз сӣ рӯзи моҳ ном дорад, ки исми дувоздаҳ моҳи сол низ дар миёни онҳо ҳаст. Дар гузашта миёни мардум расм будааст, ки ҳар моҳ, ки номи моҳу номи рӯз баробар меомадааст, он рӯзро ҷашн мегирифтанд. Аз он ҷашнҳои дувоздаҳгона (фарвардингон, урдубиҳиштгон ва амсоли онҳо) пас аз ислом танҳо Меҳргон ба таври расмӣ ва шукӯҳманд таҷлил мегардидааст (ниг.: Рӯҳуламинӣ, Маҳмуд. Ойинҳо ва ҷашнҳои куҳан дар Ирони имрӯз (нигариш ва пажӯҳише мардумшинохтӣ). –Теҳрон, 1376. –С.79). Дар сарчашмаҳои асримиёнагӣ маҳал, макон, мушаххасот ва густураи ҷашни Меҳргон инъикос ёфтааст.

Ҷашни Меҳргон монанди ҷашнҳои дигари аҷдодӣ (мисли Наврӯзу Тиргон ва Сада) ҷанбаҳои амиқи фалсафӣ, иҷтимоӣ, тақвимӣ-нуҷумӣ(фалакӣ), кишоварзӣ ва фарҳангӣ дорад. Аз сӯйи дигар, таҷлили ҷашни Меҳргон бо ҳаводиси устуравии пирӯзии Фаридун бар Беваросп (Заҳҳок) иртиботи сириштӣ ва фикрӣ пайдо намудааст. Дар ин замина, фарҳангшиноси бузурги асримиёнагии тоҷик Абурайҳони Берунӣ, ки доир ба зиндагии ойинӣ ва маросимии миллию мардумӣ таълифоти ҷиддӣ ба мерос гузоштааст, дар “ат-Тафҳим” нигоштааст: “Меҳргон шонздаҳум рӯз аст аз меҳрмоҳ ва номаш Меҳр, андар ин рӯз Афридун зафар ёфт бар Беварасби ҷоду, он ки маъруф аст ба Заҳҳок ва ба кӯҳи Дамованд боздошт ва рӯзҳо, ки сипаси Меҳргон аст, ҳама ҷашнанд ба кирдори он-ч пас аз Наврӯз бувад” (ниг.: Берунӣ, Абурайҳон.

Ат-Тафҳим-ал-авоил саноат-ут-танҷим. Тасҳеҳи устод Ҷалолуддини Ҳумоӣ. –Теҳрон. 1357. –С.254). Бар илова, ба қиёми Коваи оҳангар, пирӯзии ӯ бар Заҳҳоки морон ва ба шоҳӣ расидани Фаридун нисбат гирифтани ҷашни Меҳргон аз мушаххасоти муҳимми ин ҷашни аҷдодӣ ба шумор меравад. Бар ин асос, ин ҷашн бештар достон ва устураи қиёми Коваи оҳангар дар баробари бедодгариҳои Заҳҳокро таҷассум мекунад, ки ёдмони ин ҷашни намодин мебошад. Асотир ва боварҳои қадимаи миллӣ Заҳҳок (шакли қадимиаш “Ажидаҳҳок”)-ро алайҳи рӯшанӣ ва барподорандаи торикӣ эълом доштаанд. Заҳҳок балъандаи Хуршед аст ва дар миёни омма то имрӯз расме роиҷ аст, ки ҳангоми кусуф ё гирифтани Офтоб мардум таблу ташт мезананд, то Заҳҳок Хуршедро раҳо кунад (ниг.: Шамисо Сирус. Тарҳи аслии достони Рустам ва Исфандиёр. Дар перомуни Рустам ва Исфандиёр. –Теҳрон, 1369. –С.23). Пас, шигифт нест, ки рӯзи пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок «Меҳргон» номида шудааст (ниг.: Берунӣ, Абурайҳон. Осор-ул-боқия. Тарҷумаи Акбари Доносиришт. –Теҳрон: Амири Кабир, 1362. –С.340). Гузашта аз ин, бовар ва эътиқод ба Эзади Меҳр ва ойинҳои меҳрӣ (митройӣ), ки пеш аз Зардушт дар Ҳинду Ирон вуҷуд дошта, ба моҳи Меҳр ва ҷашни Меҳргон симои динии бештаре афзудааст (ниг.: Руҳуламинӣ, Маҳмуд. Ойинҳо ва ҷашнҳои куҳан дар Ирони имрӯз (нигариш ва пажӯҳише мардумшинохтӣ). –Теҳрон, 1376. –С.86).

Меҳргон ба унвони ҷашни фарогиру муассири миллӣ дар осори бузургони адабу фарҳанги миллӣ, аз ҷумла Дақиқӣ, Фирдавсӣ ва Асадии Тӯсӣ хеле хуб бозтоб ёфтааст. Масалан, Дақиқӣ гуфтааст:

Меҳргон омад, ҷашни малик Афридуно,

Он куҷо Гов беҳ парвардаш Бармоюно.

Ба дунболи ин, Ҳаким Фирдавсӣ дар достони “Фаридун” ҳудуди даҳ байтро ба таъсиси ҷашни Меҳргон, иллати зуҳур ва маросими он ихтисос додааст. Ба ин абёт таваҷҷуҳ мекунем:

Фаридун чу шуд бар ҷаҳон комгор,

Надонист ҷуз хештан шаҳриёр.

Ба расми каён тоҷу тахти меҳӣ,

Биёрост бо кохи шоҳаншаҳӣ.

Ба рӯзи хуҷаста сари Меҳрмоҳ,

Ба сар барниҳод он каёникулоҳ.

Дил аз довариҳо бипардохтанд,

Ба ойин яке ҷашни нав сохтанд.

Нишастанд фарзонагон шодком,

Гирифтанд ҳар як зи ёқут ҷом.

Майи рӯшану чеҳраи шоҳи нав,

Ҷаҳон нав зи доду сари моҳи нав.

Бифармуд, то оташ афрӯхтанд,

Ҳама анбару заъфарон сӯхтанд.

Парастидани Меҳргон дини ӯст,

Таносоию хӯрдан ойини ӯст.

Агар ёдгор аст аз ӯ моҳмеҳр,

Бикӯшу ба ранҷ эч манмой чеҳр.

(ниг.: Фирдавсӣ, Абулқосим. Шоҳнома. –Ҷилди аввал. –Теҳрон: Корвон, 1387. -С.87-88)

Ҳамчунин дар бахши “Банд кардани Фаридун Заҳҳокро”, ки ба достони Заҳҳок марбут аст, Фирдавсӣ аз мушаххасоти кори Фаридун сухан дар миён оварда, тарҳи масъалаи азнавсозмондиҳӣ, низоммандии давлатӣ ва ташаккули табақоти иҷтимоӣ, танзими касбу кор ва ҳирфаю пешаро, ки дар ҳазораи Ҷамшед иттифоқ афтода буду дар ҳазораи Заҳҳок ба ҳукми фаромӯшӣ супурда шуд, бозгӯ мекунад. Ҳакими Тӯс ба таври мушаххас дар ҳаҷми 12 байт (абёти 436 - 447) пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок ва танзими зиндагии наву ҷадидро ба риштаи тасвир мекашад, аз ҷумла:

Бифармуд кардан ба дар бар хурӯш,

Ки ҳар кас, ки доред бедор ҳуш.

Набояд, ки бошед бо сози ҷанг,

На з-ин гуна ҷӯяд, касе ному нанг.

Сипоҳӣ набояд, ки бо пешавар,

Ба як рӯй ҷӯянд ҳар ду ҳунар.

Яке корварзу яке гурздор,

Сазовори ҳар кас падид аст кор.

Чу ин кори он ҷӯяд, он кори ин,

Пурошӯб гардад саросар замин.

Ба банд андар аст он ки нопок буд,

Ҷаҳонро зи кирдори ӯ бок буд.

Шумо дер монеду хуррам бувед,

Ба ромиш сӯйи варзиши худ шавед.

Шуниданд яксар суханҳои шоҳ,

Аз он марди парҳези бодастгоҳ.

В-аз он пас ҳама номдорони шаҳр,

Касе, к-аш буд аз тоҷ в-аз ганҷ баҳр.

Бирафтанд бо ромишу хоста,

Ҳама дил ба фармонаш ороста.

Фаридуни фарзона бинвохташон,

Бар андоза бар пойгаҳ сохташон.

Ҳаме пандашон доду кард офарин,

Ҳаме ёд кард аз Ҷаҳонофарин.

(ниг.: Фирдавсӣ, Абулқосим. Шоҳнома. Ҷилди аввал. Матни интиқодӣ аз рӯйи чопи Маскав. Таҳти назари Е.Э.Бертелс. Ба кӯшиш ва зери назари Саиди Ҳамидиён. –Теҳрон: Қатра, 1373. -С.76

Ба ин маъно, Меҳргон рӯзи Фаридун аст, чунонки Наврӯз рӯзи Ҷамшед талаққӣ шудааст. Пас, Фаридун зиндакунандаи ойини куҳани Ҷамшедӣ аст ва табиист, ки Хуршедкирдор мебошад (ниг.:Муҳаммад Маҳдӣ Муаззини Ҷомӣ. Адаби паҳлавонӣ (Мутолиае дар таърихи адаби деринаи иронӣ аз Зардушт то Ашкониён). -Теҳрон: Нашри Қатра, 1379. -С.24).

Асадии Тӯсӣ, ки суннати шоҳноманависиро пас аз Фирдавсӣ идома бахшидааст, дар интисоби ин ҷашн ба Фаридун мегӯяд.

Фаридуни фаррух ба гурди набард,

Зи Заҳҳоки тозӣ баровард гард.

Чу дар бурҷи шоҳин шуд аз хуша меҳр,

Нишаст ӯ ба шоҳӣ сари моҳи меҳр.

Бар ороиши Меҳргон ҷашн сохт,

Ба шоҳӣ сар аз чархи маҳ барфарохт.

(ниг.: Асадӣ, Тӯсӣ. Гаршосбнома. Ба эҳтимоми Ҳабиби Яғмоӣ. –Теҳрон: Китобхонаи Туҳурӣ, 1352. –С.366)

Дар фарҳанги иронитаборон пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок, ки балъандаи Хуршед ва бавуҷудоварандаи зулмату торикӣ шинохта мешавад, пирӯзии хираду дод бар ҷаҳолату бедодист. Ин аст, ки бар он пофишорию таъкид мегардад.

Балъандаи Хуршед, ки худ расми Заҳҳок аст,

Бо дасти Фаридун ҳама торикӣ ҳалок аст,

То қудрати ақлу хиради Коваи пок аст,

Аз зулмату бедодии Заҳҳок чӣ бок аст?!

Дар бораи таҷлили ҷашни Меҳргон ва иҷрои маросимоти меҳргонӣ қабл аз ислом донишмандон, муаррихон ва шоиру нависандагон изҳори назар кардаанд. Ҷиддитарин нукотро дар заминаи ҷашни Меҳргон ва мушаххасоти таҷлили маросимоти меҳргонӣ фарҳангшиноси шаҳири асримиёнагии тоҷик Абурайҳони Берунӣ баён доштааст: Ба таъкидоти Берунӣ диққат медиҳем: “Ин ид монанди дигар аъёд барои умуми мардум аст. Аз ойини Сосониён дар ин рӯз ин буд, ки тоҷеро, ки ба сурати офтоб буд, ба сар мегузоштанд ва дар ин рӯз барои ирониён бозоре барпо мешуд…” (ниг.: Берунӣ, Абурайҳон. Осор-ул-боқия. Тарҷумаи Акбари Доносиришт. –Теҳрон: Амири Кабир, 1362. –С.247). Пойинтар дар мавриди суннат ва шеваи тақдимоти ҳадоёи меҳргонӣ дар дарбори мулуки Хуросон менависад: “Ва дар мулуки Хуросон расм аст, ки дар рӯзи Меҳргон ба сипоҳиён ва артишиён рахти пойизӣ ва зимистонӣ медиҳанд…” (ниг.: Берунӣ, Абурайҳон. Осор-ул-боқия. Тарҷумаи Акбари Доносиришт. –Теҳрон: Амири Кабир, 1362. –С.249).

Доир ба ҷашни Меҳргон дар замони Ғазнавиён иттилооти бештаре дар даст аст. Ашъори шоирони даврони Ғазнавӣ Унсурӣ, Манучеҳрӣ, Фаррухӣ ва дигарон гувоҳи онанд, ки ҷашни Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати махсус таҷлил мегардидааст. Муаррихи машҳури замони Ғазнавӣ Абулфазли Байҳақӣ тартиби ҷашни Меҳргон ва ороишоту тадорукоти меҳргониро, ки бо ҳузури Султон Масъуди Ғазнавӣ солҳои 428, 429 ва 430 ҳиҷрии қамарӣ иттифоқ афтода буд, ба қалам дода, аз ҷумла дар ин бобат нигоштааст: “…Ва рӯзи чаҳоршанбеи нуҳуми зулҳиҷҷа ба ҷашни Меҳргон бинишаст ва ҳадяҳои бисёр оварданд” (ниг.: Байҳақӣ, Абулфазл. Таърихи Байҳақӣ. –Теҳрон, 1344. –С.697).

Аз он ҷо, ки Меҳргон ба ҳусни зиндагии рӯзмарраи мардумӣ ҳусни дигар афзудааст, тӯли таърих мардум ва табақоти гуногуни иҷтимоиро маҷзуб намудааст. Рози ҷазбаи ҷашнӣ ва маросимии Меҳргон дар хамираи ҳувиятии он, ки бо мушаххасоти маҳосини ахлокию отифии меҳр, муҳаббат, илтифот, самимият, хирад, фазилат, садоқат, шарофат, мурувват, саховат ва мунтаҳо, инсоният омезиш ёфтааст, ниҳон аст, Агарчи Наврӯз бо муҳтавои ботинию зоҳириаш ҷуғрофиёи бузургтареро мусаххар карда буд, Меҳргон аз он монданӣ надошт ва дар фазою муҳитҳои гуногун таҷлил гардида, роҳро барои тавсеа додани ҷуғрофиё ҳамвор мекард. Кор то ба ҳадде расида будааст, ки замоне ҳар ду моҳ -- меҳрмоҳ ва фарвардинмоҳро, ки ба тартиб оғози эътидоли пойизӣ ва баҳорӣ маҳсуб ёфта, дар он баробарии рӯзу шаб иттифоқ меафтад, ба унвони соли нав ҷашн мегирифтанд. Афзун бар ин, бархе ҷашни Меҳргонро бар ҷашни Наврӯз бартарӣ додаанд ва ин нуктаро ба нашри ҳашарот дар фасли баҳор, ки боиси коҳиши зироат мегардидааст, марбут донистаанд (ниг.: Берунӣ, Абурайҳон. Осор-ул-боқия. Тарҷумаи Акбари Доносиришт. –Теҳрон: Амири Кабир, 1362. –С.329).

Ба гумони ғолиб, Меҳргон, на ба хотири он ки номи моҳ ба рӯзи моҳ баробар мешудааст, мавриди таҷлил қарор мегирифтааст, балки ба ифтихори шарофату волоияти зиндагӣ ва арзиши умри инсонӣ таҷлил мегардидааст. Ба ин маъно, Меҳргон эҳсоси зиндагипарастии инсон ва дар маҷмӯъ, мардумро ифода мекунад. Чун Меҳргон бо аҳду паймон ва меҳру муҳаббат иртиботи зотӣ ва маъноӣ дорад, сатҳу сифати зиндагидӯстӣ ва зебоиписандии одамонро боло мебарад.

Ин навъи биниши арзишманди миллӣ ва мардумиро дар густурдани хони меҳргонӣ, ки аз анвои меваҷоту сабзавот – анор, себ, ангур, гандум, лӯбиё, наск ва амсоли инҳо таркиб ёфтааст, мушоҳида кардан мумкин аст. Дар силсилаи дастурхони ҷашнӣ, чи дар гузашта ва чи имрӯз символикаи ойина муҳим аст. Ойина намоди покию рӯшанӣ, фурӯғу биноӣ ва шукӯҳу тавоноии инсонист. Бо густурдани хони меҳргонӣ инсон ҳосили меҳнату заҳмати солонаашро, ки айёми пойиз ва ё тирамоҳ ҷамъбаст мешавад, ба намоиш мегузорад. Аз ин лиҳоз, Меҳргон бо меҳнат ва саъю талоши фикрию ҷисмонии инсон тавъам аст.

Пешина ва собиқаи устурӣ ва таърихии ҷашни Меҳргон ифодагари он аст, ки мардуми форсу тоҷик дар ҳама давру замон, новобаста ба шароити сиёсию иҷтимоӣ, тааллуқоти нажодию миллӣ ва динию имонӣ ба зиндагӣ ва инсон арзиши баланд қоил будаанд ва тавассути таҷлили ҷашну маросим, қабл аз ҳама, иттиҳоду ҳамбастагии инсонҳоро мехостаанд. Вежагии фарогирии ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон раванди баҳамойӣ ва ҳамшарикии мардумиро дар умури иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангӣ таҳкиму тақвият мебахшад. Маҳз ҳамин вежагӣ аз бомдоди таърихи зуҳури ҷашнҳои миллӣ то имрӯз дар бистари ойину маросимоти бумӣ ҳамчунон боқист.

Нозим Нурзода, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Subscribe to Мақолаҳо