Ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ имрӯз дар рақобати шадид дар фазои геополитикӣ ва геоиқтисодӣ қарор дорад. Бо афзиши аҳолии ҷаҳон суръати истеъмоли молҳои гуногун ва сарватҳои табиӣ низ зиед шуда истодааст. “Равандҳои ҷаҳонишавӣ, ки бо тағйироти инқилобии технологияҳо алоқаманд мебошанд, бо афзоиши босуръати истеъмоли энергия, баробаршавии сатҳи истеъмоли захираҳои энергетикӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва пешрафта иртиботи қавӣ доранд. Мувофиқи он масоили қонеъ гардондани талаботи рӯзафзуни инсоният ба неруи энергетикӣ тезутунд мегардад.
Соҳаи энергетика имрӯз сарчашмаи бунёди тамаддуни муосири инсоният ё худ “тамаддуни энергетикӣ” буда, ба масир ва суръати тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ, амнияти халқу давлатҳо, инчунин м ба муносибатҳои байналхалқӣ таъсир мерасонад. Таъминот бо озуқаворӣ, бо сару либос, сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ва дар онҳо муҳайё намудани шароити мусоиди зиндагӣ, интиқоли молу маҳсулот ва сафарҳои одамон, алоқа ва мубодилаи ахбор-ҳамаи ин соҳаҳои фаъолияти инсон ниёз ба энергия ё худ неруи барқиро дорад”[1].
Аз ин рӯ, рақобати абарқудратҳо ва қудратҳои минтақавӣ низ дар манотиқи гуногуни олам баҳри дастрасӣ пайдо кардан ба манбаҳои ашёи хом ва дигар сарватҳои табии давлатҳои хурду миёна афзоиш меёбад. Ин амали кишварҳои абарқудрат таҳдид ба истиқлоли давлатҳои дар ҳолати рушд қарор дошта мебошад.Аз ин рӯ, ҳар як кишвари соҳибистиқлол кӯшиш мекунад ,бо ҳар восита Истиқлоли худро ҳифз намояд. Дар ин қарина яке оз омили асосии ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва рақобатпазир боқӣ мондани дилхоҳ кишвар ин расидан ба истиқлоли технологӣ маҳсуб меебад.
Тибқи хулосаи коршиносон- истиқлоли технологӣ ин қобилияти кишвар барои мустақилона таҳия, истеҳсол ва назорат кардани технологияҳо ва инфрасохтори асосӣ баҳри таъмини истиқлоли иқтисодӣ ва амнияти миллӣ мебошад.Тоҷикистон ҳам дар самти расидан ба истиқлоли технологӣ пай дар пай ба пеш ҳаракат дорад,ки мо инро дар мисоли бунёди НБО и Роғун мушоҳида менамоем.
НБО-и Роғун асосан бо такя ба неруи зеҳнии муҳандисони тоҷик ва дар раванди рушди тафаккури техникӣ дар ҷомеаи тоҷик бунёд ёфта истодааст. Дар давоми даҳсолаи сипаригашта бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон қишри зиёиёни тафаккури техникӣ дошт тарбия ёфтанд, ки ин омил дар оянда ба миллати мо имконияти бузургро дар самти рушди иқтисодӣ ва иҷтимоиро медиҳад. Дар солҳои минбаъда танҳо он кишварҳое рушд хоҳанд ёфт, ки инкишофи ташаккули тафаккури техникӣ ва татбиқи технологияҳои нав дар ҷомеа таваҷҷӯҳи махсус медиҳанд.
Дар кишварҳои пешрафтаи дунё дар соли охир таҳия ва татбиқи технологияҳои нав ба омили асосии рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум табдил ёфтааст. Истифодаи технологияҳои нав баҳри баланд бардоштани самаранокии равандҳои мавҷуда дар иқтисоди миллӣ шароити хуб фароҳам меоварад. Дар ояндаи наздик омили асосии муайянкунандаи раќобатпазирии иќтисодиёти миллии дилхоҳ кишвари олам пеш аз ҳама истеҳсоли мањсулоти технологї дар заминаи технологияи ватанї мебошад.
Афзалиятҳои технологӣ барои кишвари рушдёбандаи дунё дар марҳилаи ҳозира ба таъмини назорати миллӣ аз болои такрористеҳсоли технологияҳои муҳим иборат буда, дар ду намуди лоиҳаҳои технологӣ ифода шудаанд.
Навъи якуми лоиҳаҳо ин бузурглоиҳаҳо мебошанд, ки ҳалли масъалаҳои муҳимтарини истеҳсоли саноатии имрӯзаро вобаста ба эҷоди маҳсулоти баландтехнологӣ таъмин мекунанд. Ба инҳо технологияҳои саноатӣ дар соҳаи микроэлектроника, авиатсияи бесарнишин, намудҳои алоҳидаи химия, дорусозӣ, биоинженерия, биотехнология ва ғайра дохил мешаванд.
Навъи дуюми лоиҳаҳо- лоиҳаҳои технологӣ мебошанд, ки на танҳо дар айни замон пешрафт мебошанд, балки минбаъд низ самти низомҳои истеҳсолиро дар солҳои наздик муайян мекунанд. Мисоли классикии он рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки мушкилиҳои зиёди иқтисодии кишвар баъди соҳибихтиёр эълон гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз роҳи ҳалли худро ёфтааст. Яке аз масъалаҳои таъмини рушди устувори иқтисодӣ ин гузариш ба «иқтисоди сабз» мебошад ва он бо воситаи афзоиши истеҳсоли неруи сабз имконпазир хоҳад гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истеҳсоли нерӯи сабз имконоти бузург дошта, пайваста кӯшиш менамояд, ки барои рушди соҳаи истеҳсоли энергияи сабз ҳарчи бештар тахнологияи муосирро ворид созад. Тоҷикистон бо рушди иқтисоди сабз ба рақамикунонии босуръати иқтисод хоҳад расид, ва минбаъд бо татбиқи технологияи зеҳнӣ сунъӣ рақобатпазирии кишвари моро таъмин хоҳад кард.
Ҳадафи асосии рушди иқтисоди сабз ин тағйир додани низоми саноатикунонӣ, дуруст истифода намудани сармояи табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ, роҳандозии технологияи муосир ва инноватсионӣ, мустаҳкам намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти иқтисоди сабз мебошад. Бо мақсади ноил гардидан ба ин ҳадафҳои стратегӣ, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар иншоотҳо «Неругоҳи барқии обии Роғун» таъсис дода шуда, 15 апрели соли 2008 оинномаи он тасдиқ гардид. Бо бунёди ин иншооти бузурги аср, Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти энергетикро таҳким бахшид. Неругоҳи барқи обии Роғун бузургтарин иншооти энергетикӣ буда, аз шаш агрегати пуриқтидор иборат мебошад, ки ҳар кадом агрегат 600 МВт иқтидор дорад.Иқтидори лоиҳавии шаш агрегат бошад 3600 МВт, яъне зиёда аз 17 миллиард киловатт соатро ташкил медиҳад.
16-уми ноябри соли 2018 бо иштироки Пешвои муаззами миллат, аввалин агрегати «Неругоҳи барқии обии Роғун» ба истифода дода шуд. Ин агрегат интиқоли нерӯи барқро ба системаи ягонаи энергетикии мамлакат тавассути шаш хати барқи ҳавоии 500 кВ-ро таъмин менамояд. Дар арафаи Истиқлолияти давлатӣ, яъне 9 сентябри соли 2019 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати дуюми «Неругоҳи барқии обии Роғун»-ро ба истифода доданд, ки ин ба таҳкими Истиқлоли энергетикӣ замина гузошт. Бунёди ин иншооти бузурги аср бо руйдоди таърихӣ баробар мебошад, зеро ки аз ҷиҳати бузургӣ ин иншооти сарзамини мо дар ҷаҳон ҷои дуюмро ишғол мекунад. То имрӯз барои бунёди «Неругоҳи барқии обии Роғун» аз буҷаи давлат зиёда аз 4 миллиард доллар ҷудо гашта, барои сохтмон харҷ гардидааст. Дар «НБО - Роғун» зиёда аз 17 ҳазормутахассисони баландихтисос кору фаъолият доранд, ки зиёда аз 90% мутахассисон аз дохили кишвар мебошанд. Барои сохтмони неругоҳ зиёда аз 3 ҳазор техникаҳои пуриқтидор шабонарузӣ хизмат мекунад.Дар ин сохмони бузурги аср 800 нафар бонувони гурдофариди тоҷик низ саҳми худро гузошта истодаанд.
Қобили қайд аст, ки маҳз талошу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вамутахассисону муҳандисони қаҳрамону ватандӯст буд, ки дар кутоҳтарин муддат давлати соҳибистиқлоли мо сазовори чунин иншооти бузурги аср гаридид.Иқтидори истеҳсоли барқ аз 928 МВт то давраи соҳибистиқлолӣ то ба соли 2023 зиёда аз 6 ҳазор МВт расонида шуд, ки ин нишондиҳанда қариб ҳафт баробар зиёд мебошад.
Ҳамин тариқ,бояд тазаккур дод, ки дар идомаи сохтмони НБО-и “Роғун” саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят калон аст. Зеро ба кор андохтани агрегати якум ва дуюми ин иншооти стратегӣ маҳз ба иродаи қавии сиёсии ин абармард иртибот дошта, андешаҳои пурарзиши Сарвари тоҷикон оид ба аҳамияти НБО-и “Роғун” дар рушди устувори Тоҷикистон дар ҷомеаи тоҷик афзалияти пурарзишро ба худ касб карданд.
Ҳайдарзода Р.Ҷ., Нематова П - Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА:
1. Ҳайдарзода Р.Ҷ. НБО «Роғун» — унсури калидии таъмини суботи геополитикӣ ва амният дар Осиёи Марказӣ \\https: amit.tj/tj/nbo-rogun-unsuri-kalidii-tamini-suboti-geopolitiki-va-amniyat-dar-osiyoi-markazi
Бо ифтихори 30 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар мамлакат Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид, ки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он мебошад. Зеро мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо аз соли 1929 то имрӯз, 5 маротиба, солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсия қабул кардааст. Баъдтар, вобаста ба тағйир ёфтани вазъи сиёсиву ҷамъиятии мамлакат дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ-26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағийроту иловаҳо ворид карда шудааст. Конститутсияи амалкунанда аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқдошта, меъёрҳои он мустақиман амал намуда, ба стандартҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
10-уми декабри соли 1948 аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Миллали Муттаҳид Эъломияи ҳуқуқи башар қабул гардидааст, ки иҷрои он барои ҳама давлатҳои аъзои СММ ҳатмӣмебошад. Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-ноябри соли 1994 ба стандартҳои байналмилалии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, аз меъёрҳои Эъломияи ҳуқуқи башар сарчашма гирифтааст. Зеро дар моддаи якуми боби аввали Конститутсияи кишвари мо ҳамчун давлати иҷтимоӣмуаррифӣ карда шудааст. Давлат ба тамоми табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарастор, оилаҳои камбизоат, пирони дастнигару бемор, маъюбон ва ғайраро зери парасторӣ ва ғамхории махсус гирифтааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамоянд, ки ҳарчи зудтар сатҳу сифати зиндагии халқ баланд гардида, Тоҷикистони азизи мо боз ҳам ободтару зеботар гардад. Аз ҷумла, Сарвари давлат соли 2014 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки «тавре борҳо таъкид карда будам, мо азму талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олӣ қабул ва амалӣ карда мешаванд»
Инчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд карданд, ки «Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад». Ин санад дар таърих ба унвони Конститутсия эҷод гардид ва то имрӯз ҳамчун санади асосӣ шинохта мешавад. Чи хеле дар боло қайд карда шуд, ҳарчанд қаблан мо дорои чунин санад будем, аммо он ҷавобгӯи ҳадафҳои давлату миллат набуд ва соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон зарурати ба низом даровардани самтҳои асоси сиёсати дохилӣва хориҷии давлати тоҷиконро ба миён овард. Масалан, забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ расман эълон гардид ва рамзҳои давлатӣ ҳамчун муқаддасот шинохта шуданд. Мутобиқи ин талаботи Конститутсия коргузорӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, сабти асноди шаҳрвандӣ ва дигар муносибатҳои меҳнатӣбо забони давлатӣсурат мегиранд.
Афзалияти дигари ин санад таҳияи боби алоҳида оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон аст ва бори аввал мафҳуми инсон дар чаҳорчӯбаи қонуни асосии давлат баррасӣ ва эътироф гардид. Мутобиқи конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳаматарафа ҳимоя карда мешаванд ва давлат ба ин кафолат медиҳад. Аз ҷониби дигар, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро вазифадор менамояд, ки риояи ҳама талаботи ин санад ҳатмӣаст, яъне шаҳрвандон дар ҳама ҳолат бояд талаботи конститутсияро риоя кунанд. Дар вақти риоя накардани талаботи конститутсия мутобиқи қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ҷавобгарӣ муайян мешавад.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофу эҳтироми арзишҳои миллӣ, расму оинҳо дар раванди пуртаззоди ҷаҳонишавӣ омили воқеии пойдорӣ ва таҳкими истиқлолият арзёбӣ шуд. Бо мақсади назорати риояи дақиқва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти прокуратура таъсис дода шуд. Ҳолати ҳуқуқии ин мақомот дар боби нуҳи Конститутсия (моддаҳои 93-97) муқаррар шудааст. Низоми ягонаи марказонидашудаи прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Прокурори генералӣ сарварӣ мекунад. Прокурори генералӣ танҳо дар назди Маҷлиси миллӣ ва Президент масъул аст. Прокурори генералӣва прокурорҳои тобеи он бе дахолати дигар мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мустақилона дар асоси қонун фаъолият мекунанд. Дар як вақт бо истифода аз ин ваколат Прокурори генералӣбо назардошти дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор фармонҳо, амрҳо ва дастурамалҳои соҳавии худро баҳри риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона кардааст.
Мавриди зикр аст, ки мувофиқи моддаи 5-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти прокуратура назорат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардидаанд, аз тарафи ҳамаи сохторҳо ва шахсони мансабдорро амалӣ менамояд. Мақомоти прокуратура дар таъмини риоя ва иҷрои меъёрҳои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нақши калон дошта, бо ин васила дар таъмини соҳибихтиёрии кишвар ва сулҳу суботи он саҳмгузор аст.
Воқеан, дар ҷомеаи суннатӣ, ки асрҳо бо анъаноти вижа шакл гирифтааст, таъмини низоми одилона ва устувор дар пояи меъёрҳои ҳуқуқӣтатбиқ мешаванд. Чунини низомро маҳз Конистутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми як санади асосӣ бо шинохт ва риояи меъёрҳои байналмилалӣ рисолати воқеии худ қарор додааст. Он ба ҳукми Қонуни асосӣ тамоми самтҳои фаъолияти давлату давлатдориро танзим намуда, ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои шаҳрвандонро зери ҳимоя гирифтааст. Муҳимтар аз ҳама, роҳнамоест барои имрӯзу фардои давлату миллат. Чун бахтномаи сарнавиштсоз моро ҳифз мекунад ва мебарад сӯйи ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол. Бо эътимод метавон изҳор намуд, ки 30 - солагии Конистутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи тоза мебахшад.
Ходими калони илмии МД Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии АМИТ Акрамзода Рустами Ҷурахон
Роғун- сарчашмаи ифтихори миллии ҳар як фарзанди тоҷику Тоҷикистон ва рамзи сарбаландии имрӯзу фардои мост!
Эмомалӣ Раҳмон
Бо овардани чунин сухани пурҷилою таъсиркунанда ба руҳияи ҳар як фарди тоҷик, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи Роғун гуфта шудааст, бе муҳҳобо рисолати шаҳрвандии моро боз ҳам зиёда мегардонад. Ҳамин аст, ки мо як ҳайати кормандони АМИТ тасмим гирифтем то аз ин иншооти азими аср, кохи нур ва болотар аз ҳама як муҷизаи дили кӯҳ дидан намоем.
Дар ин сафар моро хотиротҳои хеле аҷиб ва ба ваҷдоварданда зиёд буд. Ҳайати моро яке аз кормандони кордону бо таҷрибаи ин иншоот ҳамроҳи намуда, аз мавзеъҳои асосӣ ва қисмати зиёди сохтмон дидан намудем. Аз роҳбарияти НОБ-и Роғунминнатпазир ҳастем, ки моро хуб қабул намуда, аз бисёр воқеиятҳо ва қиссаҳои Роғун моро огаҳ намуданд. Айни замон ба иттилои масъулони НБО-и Роғун зиёда аз 17 ҳазор нафар дар иншооти аср кору фаъолият доранд, ки 96 фисади кормандони асосии онро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил мекунанд.
Новобаста аз мушкилотҳои садироҳии сохтани НОБ-и Роғун дар минтақа ва ҷаҳон бо талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини аҳолӣ бо қувваи барқ, ҳамзамон тавлиди энергияи сабзи аз ҷихати экологӣ тоза дар минтақа, сохтмони НБО-и Роғун оғоз гардида, ду агрегати он дар як мудати кам ба кор дароварда шуд, ки қаддамҳои устуворро дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат замина мегузорад. Таъкид намудан ба маврид аст, ки маҳз бунёди НБО-и «Роғун» метавонад дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат нақши калидиро ишғол намуда, сохтмони корхонаҳои азими саноатиро суръат бахшад, ҷойҳои нави кориро таъсис дода, ба беҳтаргардии сатҳи некуаҳволии аҳолӣ таъсири мусбӣ расонад, ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил ёфтани Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тақвияти мавқеи он дар сатҳи байналмиллалӣ мусоидат намояд.
Имрӯз ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аз нигоҳи ба хеш хос Роғунро тавсиф, баҳогузорӣ ва ҳадафмандона медонад. Роғун васфнашаванда аст, зеро ҳамсоли ин иншоот дар дили кӯҳ будани қисматҳои асосии иншоот гувоҳи аз он медиҳад. Агар муҷизаҳоро дар рӯи замин ба ҳисоб гиранд, пас Роғун муҷизаи дили кӯҳ нотакрор аст.
Бузургиву шаҳомати НБО-и Роғун дар он аст, ки дилҳоро ба ваҷд меорад ва ору нанги милливу худшиносии моро тақвият мебахшад. Чунон, чи устод Аламхон Кӯчарзода мегуяд:
Дар синаи кӯҳ санг чу гавҳар гардад,
Хок аз ҳунари марди ҳунар зар гардад.
Аз хандаи барқи НОБ-и Роғун Ватанам
Рахшон шаваду ҷаҳон мунаввар гардад.
**********
Роғун, ба масал тоҷи сари мардонӣ,
Ҳам рамзи вафову ваҳдату паймонӣ.
Дар боби ватанхоҳию давлатдорӣ,
Ту дарди ҳазорсоларо дармонӣ.
Хулоса, бунёди НБО-и Роғун меваи даврони истиқлолият буда, ҳазорон фидоёни роҳи дурахшони мамлакат шабу рӯз дар майдони кории неругоҳ заҳмат кашида, бо ғурури Рустамона барои кишвари соҳибистиқлоли мо, инчунин ба рушди босуръати иқтисодӣ расидани Тоҷикистони азиз заҳмат кашида истодаанд. Онҳо хуб медонанд, ки бунёди Роғун ба ояндаи дурахшони миллат заминаи мусоид фароҳам меоварад ва ҳамаи моро мебояд дар зери сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери шиори “Тоҷикистон ба пеш!” мутаҳид бошем.
Асомуддини Рамазони Каримзода корманди Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD-и АМИТ
(Бардошт аз Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ноябр 6, 2024 )
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30 - солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси тантанавӣ доир ба ин санади ҳаётан муҳим барои миллати тоҷик суханронӣ намуда, аҳамияти онро дар бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, давлатдории тоҷикон ва роҳи расидан ба ҳадафҳои созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъкидҳои барои пешрафти ҷомеа аҳамияти муҳим дошта иброз намуданд. Воқеан қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарнавишт ва роҳи ояндаи мамлакати моро муайян намуд. Ин нуқта дар сароғози суханронии Пешвои муаззами миллат бисёр возеҳу равшан баён гардид: "Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки сарнавишт ва роҳи минбаъдаи онҳоро муайян мекунанд.
Чунин рӯйдоди муҳим дар таърихи давлатдории навини тоҷикон қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки мо имрӯз 30-юмин солгарди онро таҷлил менамоем".
Ин санади муҳими таърихи тавониста дар пойдории истиқлолу озодӣ, ваҳдату ягонагӣ, тараққиёт, пешрафти ҷомеа, шинохта гардидани Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳон, ба роҳ мондани робитаҳои дӯстӣ, рушди фарҳангу маориф, илму технология ва тамоми дастовардҳои беназири Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гузорад.
Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки: "Ин санади таърихӣ ва сарнавиштсоз барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории навини тоҷикон, ноил гардидан ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, дастовардҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаккули озодонаи шахс заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам овард". Албатта хуш ба ҳоли миллати тоҷик, ки Конститутсияи он заминаҳои ҳуқуқии истиқлол ва асосҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоияшро таҳким бахшидааст. Аз ин нуқтаи назар ки Пешвои муаззами миллат ба он ишора намуданд, дар тӯли 30 сол собит гардидааст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имтиҳони таърих гузашта як санади боэътимоде баҳри пешрафту шукуфоии мамлакат мебошад.
Пешвои муаззами миллат дар суханронии худ аз зарурияти қабули Конститутсия ва нақши Истиқлолияти давлатӣ дар қабули он ёдовар гардида, иброз намуданд, ки "Соҳибихтиёр гардидани Тоҷикистон зарурати дар сатҳи Конститутсия ба расмият даровардани давлатдории миллӣ, муайян намудани шаклу сохтори он, арзишҳои бунёдии ҷомеа, аз ҷумла мақоми шахс ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, инчунин асосҳои конститутсионии сиёсати хориҷии давлат ва арзишу принсипҳои ҷомеаи демократиро ба миён гузошт.
Маҳз истиқлоли давлатӣ ҳамчун арзишмандтарину муқаддастарин неъмати зиндагии халқи Тоҷикистон ба қабули Конститутсияи соли 1994 замина гузошт".
Ҳамагон медонем, ки дар мамлакат ҷанги шаҳрвандӣ бисёр вазъияти мураккабро ба миён оварда буд ва қабули Конститутсия дар чунин шароит кори саҳлу осон набуд. Аммо бо азму талошҳои шикастнопазири Пешвои миллат Комиссияи Конститутсионӣ ташкил гардида, тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати қабули ин санади сарнавиштсози миллат андешида шуд. Дар робита ба ин масъала Пешвои муаззами миллат иброз намуданд, ки "Дар он давраи мудҳиш таҳия кардани лоиҳаи Конститутсия кори осон набуд, вале масъалаи таҳияи қонуни асосии давлат ва ташаккули асосҳои конститутсионии давлатдории навин аз ҷумлаи заруратҳои муҳимтарини рӯз ба ҳисоб мерафт.
Яъне дар баробари барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва ҳалли вазифаҳои тақдирсоз, аз қабили қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмини сулҳу субот, қонунияту тартибот ва сарҷамъ намудани мардуми кишвар ҳарчи зудтар таҳия ва қабул кардани Конститутсия яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа буд".
Он вақтҳо Пешвои муаззами миллат, ғамхори миллат дар масалаи қабули Конститутсия таъмин намудани осоишу оромии мардуми мамлакатро дар ҷои аввал ва яке аз масъалаҳои муҳим гузоштанд, ки имрӯз самараи нек ба бор овард. Мо насли хушбахти замони соҳибистиқлоли дар фазои озоду осоишта кору фаъолият менамоем.
Дар ин суханронии бебаҳои худ Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки "Ошкоро ва ҳаматарафа баррасӣ гардидани лоиҳаи Конститутсия, ба муҳокимаи мардум пешниҳод шудани он ва ниҳоят, аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсия далели қатъии дар асоси меъёрҳои демократии аз ҷониби умум эътирофшуда қабул гардидани ин санади тақдирсоз мебошад". Воқеан мо мардуми хуштолеъ мебошем, ки дар қабули чунин як санади ҳаётан барои кору зиндагиямон муҳим саҳмгузорем. Маврид ба зикр аст, ки бо қабули ин санади тақдирсоз мардуми тоҷик ба орзую оромони худ расида, бори дигар собит намуданд, ки як миллати дорои фарҳанги бою пурғановат ва тавоно ҳастанд. Пешвои муаззами миллат аз хусусиятҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар гардида иброз намуданд, ки "ғояҳои башардӯстонаи Конститутсия инъикоскунандаи суннатҳои пурғановати халқи тоҷик буда, аз фарҳанги ниёгони ориёии мо, анъанаҳои давлатдории халқамон ва мероси бузургони таъриху фарҳанги миллатамон сарчашма мегиранд".
Бояд иброз намуд, ки Конститутсия дар баробари ҳуқуқу озодиҳо вазифа ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандонро низ бисёр одилона баён намудааст, ки барои ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим мебошад. Ин санади муҳим ҳамаҷониба ба некӯаҳволии мардуми тоҷик равона гардида, ояндаи дурахшони фарзандони моро кафолат додааст. Пешвои муаззами миллат ин нуқтаи муҳимро дар суханронии худ чунин ёдовар гардиданд: "Дар баробари кафолати ҳуқуқу озодиҳо дар Конститутсия вазифа ва уҳдадориҳои шаҳрвандони Тоҷикистон низ муқаррар карда шудаанд.
Аз ҷумла мутобиқи моддаи 10-уми Конститутсия давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои кишварро риоя ва иҷро намоянд.
Ҳамчунин, мутобиқи муқаррароти моддаи 42-юми Конститутсия ҳар шахс вазифадор аст ҳуқуқ, озодӣ ва шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.
Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст".
Конститутсия, ки дар ҳаёти ҳар як шахс ва давлату миллат нақши муҳим дорад омӯзиш ва риояи талаботи он вазифаи ҷонии ҳар яки мо мебошад. Вобаста ба ин масъала Пешвои муаззами миллат як чанд дастурҳои ояндасоз дар суханронии худ баён намуданд: "Бинобар ин, омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар давлати ҳуқуқбунёд масъалаи меҳварии ҷомеа мебошад ва аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа бояд амалӣ карда шавад.
Бо ин мақсад, зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳиву маърифатӣ, шарҳу тафсири илмиву оммавии меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо бо иштироки олимон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дигар мутахассисон ва дар ин замина ташкилу баргузор намудани барномаҳои махсус тавассути воситаҳои ахбори омма васеъ ба роҳ монда шаванд.
Аз ин лиҳоз, ба омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир гардад".
Бояд ёдовар гардид, ки ба эҳтироми ин санади муҳими сарнавиштсоз соли 2024 аз ҷониби Пешвои муаззами миллат «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидааст, ки барои ҳар яки мо масъулияти бузург аст. Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ аз муҳимияти "Соли маърифати ҳуқуқӣ" низ ёдовар гардиданд.
Таъкидҳои Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар яки мо дар тарғиби Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунанда, риояи қатъии онҳо масъулияти баланд талаб намуда, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва Ваҳдату ягонаги иҷрои вазифаи муқаддаси шаҳрвандиямонро саҳмгузор буданро водор менамояд.
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як хонадони тоҷик ва тамоми тоҷикони дунё муборак бошад!
Ситора АБДУМУМИНЗОДА, Номзади илмҳои педагогӣ, корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Ҳама миллату халқиятҳо аз қадим то имрӯз дар талоши бунёди ҷомеаи мутамаддин мебошанд. Вале бунёди чунин ҷомеа ба ҳама муяссар нагардидааст. Он ҷомеае метавонад ба сатҳи тамаддун расад, ки пеш аз ҳама дар заминаи маърифат ва меъёрҳои арҷгузор ба ҳаёти инсоният ташаккул ёфта бошад. Аз таҷрибаи таърихи башарӣ маълум мегардад, ки тоҷикон дар ҳама давру замон ба унсурҳои меҳварии тамаддун арҷ гузошта, ҳамчун миллати мутамаддин эътироф гардидаанд.
Имрӯз ибтикору ташаббусҳои Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамаддунофар будани миллати тоҷик хабар медиҳад. Яке аз нишонаҳои ҷонибдорӣ аз ҷомеаи мутамаддин ва бунёди чунин ҷомеа Конститутсияи мамлакат маҳсуб меёбад. Тули 30 сол мешавад, ки дар заминаи ин санади сарнавиштсоз миллату давлати тоҷикон дар масири эъмори ҷомеаи мутамаддин гомҳои устувор гузоштаистодаанд. Конститутсия дар мазмуну муҳтавои хеш ҳадафу мақсад ва дурнамои миллату давлатро баён менамояд. Он то кадом андоза ташаккул ва рушд ёфтани мафкураи ҳуқуқии ҷомеаро нишон медиҳад. Дар ҳаёт татбиқ гардидани ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бо манфиат истифода бурдани он аз маърифати ҳуқуқии ҷомеа бештар вобаста мебошад.
Маҳз бо мақсади дарку фаҳмиши Қонуни асосии кишвар ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ аз ҷониби ҷомеа, соли 2024 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи таҳкими унсурҳои ҷомеаи мутамаддин дар мамлакат ба ҳисоб меравад. Дар меҳвари Конститутсияи Тоҷикистон пеш аз ҳама бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор дорад, ки дар масири расидан ба ҷомеаи мутамаддин шарти зарурӣ мебошад.
Таҷрибаи таърихи умумиҷаҳонӣ собитгари он аст, ки ҳар як халқ дорои расму ойин ва урфу одати хоси худ мебошад, ки дар ҳар давру замон ӯро ҳамчун миллат муаррифии ҷаҳон мегардонад, аз ҳамин лиҳоз, ниёгони тамаддунофари мо тоҷикон ҳамеша талош менамуданд, ки ин арзишҳои муқаддасро тавассути эҷоди меъёрҳои ба манфиати ҷомеа равона гардида, эмин нигоҳ доранд ва имрӯз ҳам гуфтан мумкин аст, ки дар замони муосир ин анъанаи нек идома дода шуда, меъёрҳое эҷоду қабул мешаванд, ки хоси мақсаду мароми миллати мо маҳсуб меёбанд.
Конститутсия ҳамчун санади муҳимму сарнавиштсоз барои миллати худогоҳу худшиноси тоҷик, ки дорои таъриху фарҳанги ғановатманди қадима мебошад, таҳия шуда, бо назардошти шароити муосир инъикосгари ғояву арзишҳои миллии ҷомеа ва давлати соҳибистиқлоли мо мебошад.
Қонуни асосии кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи бисёр мураккабу сарнавиштсоз ва моҷароомези рӯзҳои нахусти ташаккули давлатдории миллиамон қабул гардида, бузургтарин дасторварди даврони истиқоли кишвар ба ҳисоб меравад. Ин санади муҳимми сиёсӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои амалӣ гардидани ҳадафҳои бузурги миллати тоҷик, яъне бунёди давлати мутамаддин, ки дар меҳвари он арҷ гузоштан ба инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ қарор дорад, заминаи муҳимми ҳуқуқӣ гузошт.
Муҳимтарин арзиши Конститутсия дар он ифода меёбад, ки аркони ҷомеаи мутамаддини кишварро мушаххас намуда, ҳамчун инъикосгари азму ирода ва нияту орзуҳои неки инсонӣ равашангари роҳи пешгирифтаи ҳаёти ҷомеа мебошад. Қонуни асосӣ ҷиҳати муайян кардани асосҳои сохтори конститутсионӣ, таҳкими бунёди давлатдории мутамаддин заминаи воқеӣ гузошта, рушди бемайлони давлат, вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқиро таъмин намуд.
Дар заминаи қабули Конститутсия дар кишвар ислоҳоти ҳуқуқӣ бо маром идома дода шуд. Аввалин санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои нав дар робита ба ташаккулёбии аркони давлатдорӣ, фаъол намудан ва таҳкими сохтори ҳокимияти давлатӣ ба тавсиб расида, мақоми нави ҳокимияти давлатӣ ҷавобгӯ ба талаботи замон ва ҷомеа таъсис дода шуд.
Дар асоси талаботи муқаррароти Конститутсия санадҳои меъёрии ҳуқуқии муҳимме, қабул карда шуданд, ки ҳамаи онҳо дар умум ифодаи раванди бо мароми ислоҳоти ҳуқуқӣ дар мамлакат буда, заминаи боэътимоди рушди ҷомеаро таъмин менамоянд.
Конститутсия манфиатҳои миллии мардуми Тоҷикистонро дар худ инъикос карда, аз конститутсияҳои қаблӣ, ки дар таърихи низоми идоракунии давраҳои мухталифи кишварамон солҳои 1929, 1931, 1937 ва 1978 қабул гардидаанд, фарқияти куллӣ дорад.
Бояд гуфт, Конститутсия нахустин ҳуҷҷати сатҳи олии кишвар мебошад, ки на аз номи халқ, балки аз ҷониби худи халқ бо дарки масъулияти баланду нигоҳи тоза эълон ва қабул гардидааст ва ин ифодаи орзую ормонҳои мардумӣ дар муқаддимаи он таҳким бахшида шудааст.
Дар ин ҳуҷҷати муҳимми сиёсиву ҳуқуқӣ давлати демокративу дунявӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам гардида, дар заминаи он принсипҳои демократӣ таҷассуми худро пайдо кардаанд.
Дигар принсипи давлати мутамаддину муосир, яъне арзиши олӣ эътироф шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ дар Конститутсия мустаҳкам карда шудааст. Дар Конститутсия меъёрҳое инъикоси худро пайдо намудаанд, ки ҳанӯз зиёда аз дуввуним ҳазор сол пеш дар Эъломияи Куруши Кабир (539 то мелод) дарҷ ёфта буданд.
Дар Қонуни асосӣ арзиҳое монанди ҳаёт, қадр номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир эътироф шуда, муқаррар гардидааст, ки ҳар шахс ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, ки меъёри мазкур ифодакунандаи моҳияти демократии давлат буда, шароити мусоидро барои инкишофи озодонаи инсон фароҳам меорад.
Дар ин радиф, Конститутсия таҷзияи ҳокимияти давлатиро ба шохаҳои қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар кардааст. Дар сатҳи Қонуни асосӣ амалӣ гардидани ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар карда шуда, ин меъёр имкон дод, ки шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар асоси принсипи боздорӣ ва мувозинат, мустақилона бидуни дахолат ба фаъолияти ҳамдигар ташаккул ёфта, ба нафъи ҷомеаи Тоҷикистон хидмат намоянд.
Дар Қонуни асосии кишвар ҳамчунин, махсусияти низоми иқтисодӣ инъикос гардидааст, ки дар асоси ташкили шаклҳои гуногуни моликият роҳандозӣ шудааст. Давлат дар асоси ин фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад. Дар шароити муосир бинобар дар сатҳи Конститутсия мустаҳкам гардидани эътирофи шаклҳои гуногуни моликият, хусусан моликияти хусусӣ ва кафолати фаъолияти озоди соҳибкорӣ барои ташаккули муносибатҳои иқтисоди бозоргонӣ дар асоси рақобати озод, ҷалби шаҳрвандон ба фаъолияти соҳибкории инфиродӣ ва тавассути таъсиси шахсони ҳуқуқӣ, озодона бастани шартнома ва ворид шудан ба муомилоти гражданӣ бо такя ба принсипҳои мустақилият ва баробарӣ икмкон дод, ки иқтисодиёти кишвар ба маротиб афзуда, сатҳи некӯаҳволии мардум бо маром боло равад.
Аз таҷрибаи аксар давлатҳои мутамаддин бармеояд, ки яке аз мехнизмҳои рушди ин низоми демократӣ ва дунявӣ мавҷудияти мақомоти олии қонунгузорӣ ва ё парламенти касбӣ ба шумор меравад. Мувофиқи Конститутсия аввалин маротиба дар таърихи давлатдорӣ парламенти дупалатаи доимамалкунандаи касбӣ таъсис ёфта, барои рушду инкишофи ҳам андешаи парламентаризми миллӣ ва ҳам амалияи демократии давлату давлатдориамон мусоидат кард. Таъсиси парламенти дупалата Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон барои эҷод ва қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеа заминаи боэътмод гузошт. Имрӯз раванди қонунэҷодкунӣ аз ҷониби мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории кишвар бо маром амалӣ гардидаистодааст. Дар заминаи Конститутсия дар кишвар 396 қонун, зиёда аз 25 кодекс ва 18,5 ҳазор санадҳои зериқонунӣ ҷавобгӯ ба замони муосир қабул шудаанд, ки муносибатҳои мухталифи ҷомеаро ба танзим дароварда, тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳоро танзим менамоянд.
Дар заминаи Конститутсия низоми маъмурии кишвар муқаррар шудааст, ки мутобиқи он воҳидҳои маъмуриву марзӣ ба мисли шаҳраку деҳот кафолати мавҷуд будани мақомоти худидоракунии маҳаллӣ мебошад. Низоми мазкур, яке аз нишондиҳандаи муҳим маҳсуб меёбад, ки аз ҷониби худи аҳолии маҳал бо назардошти манфиатҳои умумиҷамъиятӣ, анъанаҳои миллӣ ва хусусиятҳои маҳаллӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии аҳамияти маҳаллидошта таъсис ёфта, робитаи наздики давлатро бо аҳолӣ таъмин менамоянд.
Ҳамин тавр, Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишҳои муҳимми мардуми кишвар ва ҷомеаи ҷаҳониро дар худ инъикос намуда, дар муддати 30 сол заминаи устувори бунёди ҷомеаи мутамддинро гузошт. Имкон фароҳам овард, ки ҳаёти ҳуқуқӣ дар кишвар шакл гирифта, санадҳои муҳимми ба талаботи муосир қабул карда шавад. Имрӯз ҷомеаи моро лозим аст, ки новобаста аз касбу кор ба Конститутсяи ва санадаҳои меърию ҳуқуқӣ такя намуда, баҳри босубот рушд намудани давлат фаъолият намоянд. Дар масири баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, бояд принсипи волоияти қонун ва манфиати он барои ҷомеа бештар шарҳу тавзеҳ дода шавад.
Хушвахтзода Қ.Х. – Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор, узви вобастаи АМИТ
Ҳар як давлати мутамаддин дар шароити ҳозира, бояд дорои конститутсия бошад. Имрӯз конститутсия қонуни асосии қариб ҳар давлати муосири мутамаддин мебошад. Моҳияти дигаргуниҳое, ки дар ҳаёти сохтори иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар мегузаранд, дар ташаккули қонунгузории конститутсионӣ дарҷ мегарданд. Чунки дар конститутсия принсипҳои асосии давлатдорӣ, усулҳо ва шаклҳои фаъолият инъикос ёфтааст. Конститутсия қоидаҳо, меъёр ва принсипҳои хосаи ташаккул ва инкишофро соҳиб аст.
Албатта, конститутсия ҳуҷҷати расмии дорои аҳамияти барҷастаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ буда, дар он масъалаҳои асосии ҳокимияти давлатӣ, асосҳои сохтори иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, сохтори давлатӣ ва масъалаҳои дигари ҳаётан муҳими ҷомеа таҷассуми ҳукуқӣ меёбанд.
Бояд гуфт, ки конститутсия танзимгари бевоситаи муносибатҳои ҷамъиятӣ буда, сарчашмаи асосии қабули санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқӣ мегардад. Баланд бардоштани эътибори конститутсия дар он зоҳир мегардад, ки он ба сифати санади асосии таҳкимгар ва такмилдиҳандаи ҳаёти ҷомеа баромад менамояд. Он ба ғояи олии сиёсӣ асос ёфтааст. Конститутсия ҳамчун муқаддасот эътирофи умум пайдо менамояд.
Тавре маълум аст, конститутсия ҳуҷҷати расмии дорои аҳамияти барҷастаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ буда, дар он масъалаҳои асосии инкишофи ҷомеа, асосҳои сохтори сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии он, вазъи воқеии инсон инъикос меёбанд. Қонуни асосӣ бештар принсипҳо, арзишҳои олӣ ва меъёрҳои муносибатҳои байниҳамдигарии инсон ва ҷомеаро муайян менамояд. Конститутсия асосҳо ва захираҳои рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии инкишофи ҷомеаро ҳамчун қисматҳои муҳимтарин ва асосии системаи ҷамъиятӣ муайян бояд намояд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсӣ қабул гардид ва эътибор пайдо намуд. Воқеан ҳам конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати юридикӣ дар ҷомеаи мутамаддини муосир барои муайян кардани муносибати байни шаҳрванд ва давлат, инчунин танзимкунандаи сохтори қудратии давлатдорӣ - асоси сохти конститутсионӣ мебошад. Аз ин рӯ, боби аввали конститутсияи Тоҷикистон «Асосҳои сохтори конститутсионӣ» ном гирифта, моҳияти давлати Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ тавсиф мегардад. Забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ пазируфта мешавад. Мақоми забони русӣ ва забонҳои маҳаллӣ муқаррар карда мешаванд. Рамзҳои давлатӣ ва мақоми пойтахт мушаххас гардонида шудаанд. Арзиши олӣ пайдо намудани худи инсон, ҳуқуқу озодиҳои вай ва дахлнопазир будани ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон ҷойгоҳи хосаро пайдо намудаанд. Халқ манбаи ягона ва ҳар гуна ҳокимият (моддаи 6) эътироф гардида, масъалаҳои бевоситаи марбути он мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифтаанд.
Дар конститутсия дахлнопазирии сарҳадот ва тақсимнашаванда будани ҳудуди кишвар (моддаи 7) таъкид гардида, дар заминаи плюрализми сиёсӣ амал намудан, фаъолият намудани тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ муқаррар гардидаанд.
Муносибати Тоҷикистон бо акторҳои дигари сиёсати ҷаҳонӣ муқаррар карда шудаанд. Санадҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамчун ҷузъи таркибии низоми ҳукуқии кишвар пазируфта мешаванд ва аввалияти онҳо эътибори хосаро касб намудаанд. Сиёсати сулҳҷӯёнаи давлати Тоҷикистон дар маркази диққат қарор дода шудааст. Ҳамкории самарабахш бо давлатҳои дигар яке аз ҳадафҳои асосии мамлакатро ташкил медиҳанд.
Ҳамин тариқ, конститутсия дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии ҳар як кишвар аҳамияти муҳим дорад. Ҳар як шахс дар Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз миллат, ҷинс, эътиқод дар асоси Конститутсия ҳимоя мегардад ва ҳаёти босаодати вай таъмин мегардад. Шаҳрвандонро зарур аст, ки ҳуқуқ ва озодиҳои ҳамдигарро эътироф намоянд, барои пойдорӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ ва бунёди ҷомеаи адолатпарвар саҳмгузор бошанд. Воқеан ҳам конститутсия санади меъёрии ҳуқуқиест, ки қувваи олии ҳуқуқӣ дошта, шоҳроҳи муайянкунандаи самтҳои асосии фаъолияти ҳар давлат ва ҷомеаи пешрафта мебошад. Тамоми санадҳои дигари ҳуқуқӣ бевосита аз конститутсия сарчашма гирифта, бояд ба он мутобиқат намоянд.
Зулайхо Қодирова – ходими илмии шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
Конститутсия, ки тамоми қонунҳо аз он сарчашма мегирад, барои пешрат ва рушди давлат хизмат намуда, «бахтнома»- и ҳар як миллат ба шумор меравад. Конститутсия ҳамчун шиноснома миллату давлатро дар арсаи дохилӣва байналмилалӣ муаррифӣ мекунад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз мо 30 – солагии онро ҷашн гирифта истодаем санадест, ки нисбати ҳамаи санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқӣбартарӣ дошта, дар он тамоми самтҳои дохилию хориҷии ватани азизамон дарҷ гардидааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5- маротиба Конститутсия қабул карда шудааст.
Конститутсияе, ки ҳоло амал карда истодааст, 6-ноябри соли 1994 тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст ва аз 10 бобу 100 модда иборат аст. Бинобар ин вақте, ким мо саҳифаи аввали Конститутсияро мекушоем ва мехонем дар дебочаи он чунин оварда шудааст.
«Мо халқи Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқуии ва дустии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем».
Мо сокинони ҷумҳурӣбояд сарқонунро эҳтиром намуда, дар доираи арзишҳои он кору фаъолият намоем. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади тақдирсози таърихӣ буда, истиқлолияти давлатии моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва Тоҷикистониёнро ба ҷаҳониён ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбнёд, демокративу дунявӣ ва пешбарандаи сиёсати сулҳҷӯёна муаррифӣ намуд.
Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи қонунгузории мамлакат ва заминаи асосии рушди муносибатҳои ҳуқуқӣ дар таҳкими рукнҳои давлатдории навини тоҷикон, яъне бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона нақши устувор дорад.
Сиддиқова Т.Р. – доктаранти шуъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Дар зери мафҳуми Конститутсия дар илми ҳуқуқшиносӣ одатан қонуни асосии давлат фаҳмида мешавад, ки дар он мувофиқи иродаю манфиати қувваҳои сиёсии дар ҷамъият ҳукмрон асосҳои сохтори давлатӣ муқаррар карда шудааст. Конститутсия аз калимаи лотинии «constitutio» гирифта шуда, маънояш сохт ва муқарраркунӣ, барпо намудан, бунёд гузоштан, таъсис додан мебошад. Конститутсия ҳуҷҷати таърихӣ мебошад. Гарчанде, ки давлат чандин ҳазорсолаҳо вуҷуд дошта бошад ҳам, вале, Конститутсия дар шакл ва мазмуни ҳозираи худ ҳамагӣ зиёда аз 200-сол боз амал мекунад. Дуруст аст, ки истилоҳи конститутсия ҳанӯз дар Рими қадим маълум буд. Аммо, он вақт баъзе санадҳои муҳимтарини шоҳон, ки муносибатҳои ба сохтори давлатӣ алоқамандро ба танзим медароварданд, чунин номида мешуданд. Дар шакл ва мазмуни ҳозираи худ конститутсия дар натиҷаи ғалабаи инқилоби буржуазии - демократӣ ва ба сари ҳокимият омадани синфи нави буржуазия пайдо гардидааст. Аввалин маротиба конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат соли 1787 дар ИМА қабул шудааст. Баътар соли 1791 дар Фаронса ва Полша қабул карда шудааст. Дар дигар давлатҳо бошад, қабули конститутсия ба асри 19 рост меояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба конститутсия соли 1929 қабул карда шуд.
Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ мазмуни ба худ хос дорад. Одатан, дар он шакли ҳуқуқии масъалаҳои муҳимтарини ба соҳибихтиёрии давлат, шакли он, ба ҳокимияти давлатӣ, сохтори давлатӣ, ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, шаклҳои моликият алоқаманд, муқаррар карда мешаванд. Меъёрҳои конститусионӣ барои фаъолияти мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор, шаҳрвандон, хориҷиён ва шахсони шаҳрвандӣ надошта, ки дар Тоҷикистон истиқомат доранд, асос мебошанд. Меъёрҳои конститутсионӣ бисёр вақт усулҳо ва самтҳои асосии сиёсии давлат, аз ҷумла, сиёсати хориҷиро низ муқаррар менамоянд.
Агар дар хусуси давраҳои асосии инкишофи конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф занем, пас бояд ёдовар шавем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаги 5 маротиба конститутсия қабул карда шудааст.
1. Конститутсияи Ҷумҳурии Худмухтори Шӯравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон соли 1929.
2. Конститутсияи Ҷумҳурии Шӯравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон соли 1931.
3. Конститутсияи Ҷумҳурии Шӯравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон соли 1937.
4. Конститутсияи Ҷумҳурии Шӯравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон соли 1978.
5. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994
Масъалаи тайёр ва қабули Конститутсияи охирони Тоҷикистон соли 1990 ҳануз ба вуҷуд омада буд, ки асоси ҳуқуқии он эъломия дар бораи истиқлолияти Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 мебошад. 23 августи соли 1990 бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи конститутсионӣ ташкил карда шуд, ки раиси он Маҳкамов Қ.М. интихоб гардид. Тобистони соли 1991 комиссияи конститутсионӣ лоиҳаи конститутсияро тартиб дод, аммо пош хурдани Иттифоқи Шӯравӣ ба он имконияти қабул шуданро надод.
9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти ҶТ эълон гардид ва лоиҳаи тайёргардидаи Конститутсия ба талаботи замон ҷавобгӯ набуд. Бинобар он давраи дуюми омодасозии лоиҳаи Конститутсия сар шуд. 10 феврали соли 1992 комиссияи нави конститутсионӣ бо сарварии Раҳмон Набиев таъсис дода шуд. Ин навбат вазъи нооромии ҷумҳурӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ қабули конститутсияро ба қафо гузошт.
Саршавии давраи сеюми кори тайёр кардани лоиҳаи конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қарори иҷлосияи ҳабдаҳуми Шӯрои Олӣ аз 26-июли соли 1993 дар бораи таъғир додани ҳайати комисияи конститутсионӣ алоқаманд аст. Мувофиқи қарор, раиси комисияи конститутсионӣ Эмомалӣ Раҳмонов - Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. 4 сентябри 1993 якумин ҷаласаи ин комиссия баргузор шуд ва дар он масъалаи аз нав тартиб додани лоиҳаи Конститутсия қайд гардид. Комиссияи номбурда моҳи апрели 1994 лоиҳаи Конститутсияро дар ду вариант пешниҳод намуд: лоиҳаи конститутсияи ҷумҳурии президентӣ; лоиҳаи конститутсияи ҷумҳурии парлумонӣ. Комиссияиконститутсионӣ баъди омӯхтану муҳокимаи онҳо барои ба муҳокимаи мардум пешниҳод кардани варианти конститутсияи ҷумҳурии президентиро тавсия намуд. Раёсати Шӯрои Олӣ бо қарори худ аз 13 апрели соли 1994 лоиҳаро интишор кард ва ба комиссия супориш дод, ки таклифу эродҳои мардумро оиди такмил додани лоиҳа ба ҳисоб гирад ва то якуми июли соли 1994 онро ба Раёсати Шӯрои Олӣ пешниҳод намояд. Лоиҳаи конститутсияи нави ҶТ, 21-22 апрели соли 1994 дар рӯзномаҳои ҷумҳурӣ интишор гардид ва муҳокимаи он оғоз гардид. Баъд аз интишор конститутсия дар иҷлосияи нуздаҳуми Шӯрои Олӣ муҳокима гардида, ба райпурсӣ тавсия карда шуд. Ниҳоят 6 ноябри соли 1994 дар райпурсии умумихалқӣ конститутсияи ҶТ бо натиҷаҳои зерин маъқул дониста шуда, ба амал даромад: дар 64 ҳавза 2685724 шаҳрванд ба рӯйхат гирифта шуд, дар райпурсӣ 2535437 нафар ё 94,4% иштирок намуданд;
Тарафдор – 2352554 ё 87,59%
Муқобил – 105300 ё 3,92% овоз доданд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонуни асосии давлат асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохти давлатӣ ва марзию маъмурии ҶТ, ҳуқуқи интихоботӣ ва низоми интихоботии ҶТ, ВМКБ, инчунин тартиби ташкилёбӣ ва фаъолияти мақомоти давлатиро (Маҷлиси Олӣ, Президент, Ҳукумат, мақомоти Судӣ, Прокуратура, Ҳокимияти маҳаллӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам менамояд.
Конститутсияи ҶТ дорои чунин хусусиятҳои хос мебошад:
1. Асосҳои сохтори конститутсиониро мустаҳкам менамояд. (боби якум)
2. Хусусиятҳои конститутсионии ҶТ-ро (соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона) мустаҳкам мекунад (моддаи 1).
3. Усулҳои таҷзияи ҳокимиятро (қонунгузор, иҷроия, судӣ) дар ҶТ муайян мекунад (моддаи 9).
4. Волоияти конститутсияро ҳамчун қонуни асосии давлат мустаҳкам менамояд (моддаи 10).
5. Мавчудияти шакли гуногунии моликиятро иҷозат медиҳад (моддаи 12).
6. Аввалин маротиба дар баробари ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҳуқуқу озодиҳои инсонро низ эълон намуда онҳоро кафолат медиҳад (моддаи 5).
7. Тартиби ташкилёбӣ ва фаолияти мақомоти давлатиро муқаррар менамояд (моддаи 9).
Конститутсияи ҶТ ҳамчун қонуни асосии давлат дорои чунин хусусиятҳои ҳуқуқӣ мебошад: Қувваи олии (юридикӣ) ҳуқуқӣ дорад, меёрҳои он мустақиман амал мекунанд, Ҳамчун сарчашмаи асосии тамоми қонунгузорӣ баромад мекунад, тартиби махсуси тайёр ва қабулшавӣ дорад, тамоми қонун ва санадҳои ҳуқуқӣ бояд дар асоси он ва дар мувофиқа ба он қабул карда шаванд, барои қабул ва ворид намудани тағйироту илова ба он тартиби махсуси овоздиҳӣ пешбинӣ карда шудааст. (аз 3-2 ҳисса).
Тартиби қабули конститутсия.
Конститутсия – ҳамчун қонуни ассосии давлат тартиби қабулшавии махсусро дорад. Дар илми ҳуқуқи конститутсионӣ 3-тарзи қабули конститутсия фарқ карда шудааст:
1. Қабули конститсия аз тарафи муассисон (маҷлиси муасисон, парламент, конвент ва ғайра).
2. Қабули конститутсия аз тарафи корпуси интихоботӣ (райпурсӣ).
3. Қабули конститутсия аз тарафи ҳокимияти иҷроия (монарх-тӯҳфашуда).
Дар таҷрибаи давлатдории ҶТ ду тарзи аввал истифода бурда шудааст; яъне қабули конститутсия аз тарафи парламент (4-конститутсияи пешина) ва дар райпурсӣ (конститутсияи 5-ум 1994).
Хусусиятҳои давлатии Тоҷикистон дар моддаи якуми Конститутсия нишон дода шудаанд. Баъзеи ин хусусиятҳо даставвал дар эъломияи соҳибихтиёрии Тоҷикистон муқаррар гардида, баътар дар Конститутсия соли1994 инъикос карда шудаанд.
а) Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр.
Соҳибихтиёрии Тоҷикистонро аввалин маротиба эъломия дар бораи ташкилёбии Ҷумҳурии Шӯравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон ҳамчун давлати иттифоқӣ муқаррар намуд (соли 1929). Баъдан 24-мӣ августи соли 1990 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон, Эломия дар бораи истиқлолияти ҶТ-ро қабул намуд, ки ин соҳибихтиёрӣ низ соҳибихтиёрии пурра набуд танҳо ба соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ равона карда шуда буд. Баъди барҳам хурдани иттифоқи Шӯравӣ, ҳар як ҷумҳурии иттифоқӣ истиқлолияти худро эълон намуданд. Аз ҷумла мувофиқи қарори шурои олии ҶТ 9-сентябри соли 1991 Тоҷикистон худро хамчун давлати соҳибистиқлол эълон намуд.
Дар қисми аввали моддаи якуми Конститутсия баъд аз ибораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «давлати соҳибихтиёр» омадааст, ки ин гувоҳи аҳамияти аввалиндараҷа доштани соҳибихтиёрӣдар фаъолияти давлат мебошад. Соҳибихтиёрӣ (аз калимаи франсавии souveranete – ҳокимияти олӣ) маънои волоият ва истиқлоли ҳокимиятро дорад.
Соҳибихтиёрии Тоҷикистон пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки давлат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ, яъне роҳу усулҳои тараққиёти худро дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра дар сиёсати хориҷӣ – тарзу усулҳои муносибат бо давлатҳои хориҷӣ ва умуман ҷомеаи ҷаҳониро мустақилона муайян менамояд.
Хушбахтона имрӯзҳо Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ аз ҷониби беш аз 130 давлати ҷаҳон ба расмият шинохта шудааст. Аз соли 1992 ҶТ узви Созмони Миллали Муттаҳид мебошад.
Мафҳуми соҳибихтиёрии миллӣ ифодакунандаи ҳокимияти комили миллат, озодии сиёсии он ва имконияти фароҳам овардани шароит барои ҳаёти миллӣ худ мебошад.
б) Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ.
Дар моддаи якуми Конститутсия баъд аз калимаи «соҳибихтиёр» тавсифи дигари ҳуқуқию давлатӣ ё худ яке аз шаклҳои реҷаи сиёсӣ – мавҷуд будани реҷаи демократӣ омадааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои демократияи нав дохил шуда, омилҳои асосии давлати демократии Тоҷикистон инҳоянд:
1. Дар қонуни асосии давлат ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мустаҳкам ва таъмин карда мешаванд.
2. Низоми намояндагӣ ва принсипҳои интихобӣ будани онҳо эътироф карда мешаванд.
3. Дар қатори ҳизбҳои ҳукуматӣ ба дигар ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷумла апазитсионӣ имконият дода мешавад, ки фаъолияти худро озодона ба амал бароранд.
в) Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд.
Давлати ҳуқуқбунёд нафақат давлатест, ки ҳуқуқро ҳамчун падида дар шуури ҷамъиятӣ таърихан инкишофёбанда эътироф намуда, онро ба сифати омили вусъатдиҳандаи демакратия ва озодиву адолат эътироф мекунад. Баръакс маънои давлати ҳуқуқбунёд хеле васеъ аст. Давлати ҳуқуқбунёд чунин давлатест, ки дар он фаъолияти ҳама – ҳам давлат ва мақомоти он ва ҳам кулли шаҳрвандон тобеи ҳуқуқ мебошанд. Ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд эътироф шудани Тоҷикистон маънои ба ҳуқуқ ва пеш аз ҳама ба конститутсия тобеъ будани ҳама гуна фаъолияти мақомоти давлатиро дорад. Волоияти қонун, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҷзияи ҳокимият, масъулияти байниҳамдигарии давлат ва шахсият нишонаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд мебошанд. Мустақиман амал кардани меъёрҳои Конститутсия, ҷузъи таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ эътироф шудани санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ташкили Суди конститутсионӣ як қатор шарту омилҳои дигари муҳими давлати ҳуқукбунёд аз ҷумлаи ҳамин кафолатҳо мебошанд.
г) Тоҷикистон ҳамчун давлати дунявӣ.
Давлати дунявӣ чунин давлатест, ки дар он ҳеҷ як дину мазҳаб ҳатмӣ ё худ афзалиятнок ҳисобида намешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон дин ба ҳайси дини давлатӣ ва расмӣ шинохта нашудааст ва ҳамаи дину мазҳабҳо ҳуқуқи мавҷудияти баробар доранд. Ҳамин тавр нишонаҳои асосии давлати дунявиро ба тариқи зайл тасниф кардан мумкин аст: манъи дахолати иттиҳодияҳои динӣ ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷониби давлат эътироф нашудани мундариҷаи ҳуқуқии санадҳо ва қоидаҳои динӣ ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқ ва баробарҳуқуқии мавҷудияти динҳо. Давлат ба масъалаи озодии виҷдони шаҳрвандон мудохила намекунад ва иттиҳодияҳои динӣ низ дар навбати худ ба корҳои давлат дахолат намекунанд. Ин маънои онро надорад, ки давлат бо ташкилотҳои динӣ ҳамкорӣ намекунанд.
д) Тоҷикистон ҳамчун давлати ягона.
Давлати ягона (унитарӣ) будани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки он мақомоти олии намояндагӣ, иҷроия ва судии барои тамоми кишвар умумӣ дорад, як конститутсия, як низоми қонунгузорӣ ва шаҳрвандии ягона мавҷуд аст. Дар Тоҷикистон низоми ягонаи пул, сиёсати ягонаи қарз ва андоз ҷорист. Қисмҳои таркибии давлати ягона (вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо) дорои соҳибихтиёрӣ буда наметавонанд. Вобаста ба тобеият аз мақомоти марказӣ давлатҳои ягона - мутамарказ ва ғайри мутамарказ мешаванд. Тоҷикистон аз ин ҷиҳат давлати мутамаркази ягона аст, зеро сарварони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз марказ таъин карда мешаванд. Дигар хусусияти давлати ягона ҳамин аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи ягона дорад ва онҳо аз ҷониби мақомоти марказӣ идора карда мешаванд.
е) Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ
Қисми дуюми моддаи яки Конститутсия моҳияти иҷтимоии давлатро муқаррар кардааст. Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ чунин уҳдадориҳои конститутсионӣ дорад: Ҳифзи меҳнат ва саломатии одамон, муқаррар кардани андозаи ҳадди ақалли музди меҳнат, дастгирии давлатии оила, маъюбон ва шахсони пиронсол, мунтазам инкишоф додани низоми хадамоти иҷтимоӣ, муқаррар намудани нафақаи давлатӣ, кумакпулиҳо ва дигар кафолатҳои ҳифзи иҷтимоӣ. Хусусияти иҷтимоӣ доштани давлати Тоҷикистон дар он зоҳир мешавад, ки сиёсати дохилии он барои фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи шахсият нигаронида шудааст. Бо гузашти солҳо дар асоси талаботи иҷтимоӣ ва сиёсӣ, ба Конститутсияи кишварамон 4-маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, ки солҳои 1999, 2003, 2016 ва 2022 сурат гирифтаанд. Ин тағйиротҳо барои мутобиқ кардани низоми давлатдорӣ ба шароити навӣ сиёсӣ ва иҷтимоӣ мусоидат карданд.
Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Конститутсия хело сухани хуб баён кардаанд:
“Бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳилаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он моро ба дигаргуниҳои азими сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ кард”.
Ин китоби муқаддасро бояд аз худ карда, аз рӯйи он ҳаёти ҳаррӯзаи худро бояд ба роҳ монд. Зеро қонун ба мо роҳнишондеҳ буда ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шаҳрвандро кафолат медиҳад.
Сад нома аз ин пеш агар буд маро,
Аз номаи бахт кай хабар буд маро?
Сад ояту даҳ сура аз ин Сарқонун,
Раднома ба чашми каҷназар буд маро.
Бедор ба субҳи меҳр аз хоб шудем,
Дар шоми висол нури маҳтоб шудем.
Дар ҳар варақи кушодаи “Сарқонун”,
Сад ранҷ ба сар кашида, даҳ боб шудем.
Давлат Сафар.
Номзади илмҳои техникӣ, ходими пешбари илмии озмоишгоҳи “Маводҳои ба коррози устувор”-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ Худойбердизода Саидмири Убайдулло
Конститутсия – санади тақдирсози миллат, кафили суботи миллат, шоҳсутуни давлати соҳибиихтиёр, шиносномаи ҳастии давлат ва бахтномаи миллат аст.
Конститутсия қонуни асосии давлат буда, танзимгари муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ мебошад. Конститутсия сарчашмаи асосии дигар қонунҳо ба ҳисоб рафта, дорои қувваи олии ҳуқуқӣ мебошад.
Конститутсия санади бунёдиву созандаи ҳукуқӣ ва муайянкунандаи шоҳроҳи ҳаёти давлату кишвар ва ҷомеаи мутамаддину мамолики мутараққӣ ба ҳисоб меравад. Тамоми санадҳои дигари давлат дар асос ва доираи раводиди он таҳия ва қабул карда мешаванд. Зеро санади меъёрию ҳуқуқие, ки ба Конститутсия мувофиқ нест ё ба он хилофат мекунад, қувва ва ё эътибори ҳуқуқӣ надорад.
Ин санади муқаддас ифодагари иродаи халқи Тоҷикистон мебошад, зеро халқ дар муҳокимаи он фаъолона ширкат варзида, таклифу дархостҳои муфид пешниҳод намуданд. Барои исботи гуфтаҳо рӯ меорем ба марҳилаҳои қабули Конститутсияи кишвар. Раёсати Шӯрои Олӣ бо қарори худ аз 13 апрели соли 1994 лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз муқаддима 10 боб ва 100 модда буд интишор намудани он ба воситаи рӯзномаҳои даврӣ ба муҳокимаи умумихалқӣ тавсия намуд ва дар муддати зиёда аз ду моҳи муҳокимаи лоиҳа бештар аз ҳаштуним ҳазор пешниҳоду таклифҳои мардум ворид гардида ба инобат гирифта шуд.
Лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо аз ҷониби мутахассисони ватанӣ, балки як зумра мутахассисони кишварҳои ҷаҳон аз қабили ИМА, Британияи Кабир, Россия ва ҳоказо баҳои сазовор гирифт. Дар нимаи аввали моҳи июли соли 1994 комиссияи конститутсионӣ варианти ислоҳшудаи лоиҳаро барои муҳокима ва баррасӣ ба Шӯрои Олӣ пешниҳод намуд. 21-22 июли 1994 Конститутсия дар Иҷлосияи 19-уми Шӯрои Олӣ муҳокима гардид ва ба райъпурсӣ тавсия карда шуд.
Ин санади сарнавиштсозу ҳаётан муҳим бори аввал дар ҳаёти мардуми тоҷик 6 ноябри соли 1994 бо тариқи демократӣ, яъне бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ аз тарафи мардум якдилона қабул гардид. Эътиборан аз ҳамин рӯз ба тариқи анъана ҳар сол ҳамчун рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Се даҳсола аст, ки Конститутсияи мо дар ҷумҳурӣ ҳамчун пойдевори давлати соҳибистиқлол ва маҳаки пешрбарандаи тараққиёт дар сохторҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ арзи вуҷуд дорад. Боиси тазаккур аст, ки моҳият ва муҳтавои ин санади тақдирсоз дар боби аввали он сабт шудааст.
Аз ҷумла, тибқи моддаи 1-и он Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид ва мувофиқи моддаи 6-и он халқ баёнгари ҳокимияти ягона дар ҷумҳурӣэътироф шуд. Яке аз нуқтаҳои асосии Конститутсия – ин эътирофи гуногунандешии(плюрализми) сиёсӣ ва бо ин роҳ таъмини иштироки васеи қишрҳои гуногуни ҷомеа дар идора намудани корҳои давлатӣ мебошад, ки дар моддаи 8-и Конститутсия дарҷ гардидааст.
Бояд зикр намуд, ки дар замони Шӯравӣ қувва ва ядрои пешбарандаи ҷомеа ин ҳизби коммунистӣ мансуб меёфт. Ин ҳизб ҳамчун ҳизби ягона амал мекард, арзи вуҷуд намудани ҳизбҳои дигарро Конститутсияи Иттиҳоди Шӯравӣ манъ менамуд. Ҳоло дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон7 ҳизби сиёсӣ ва теъдоди зиёди иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ амал мекунанд ва дар пешрафти ҷабҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа саҳми босазо мегузоранд.
Қобил ба ёдоварист, ки моддаи 12-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду нумӯи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар нақши муҳим мебозад. Пеш аз ҳама, бо мақсади дар ҳаёти кишвар таъмин намудани раванди муносибатҳои иқтисоди бозоргонӣ дар моддаи мазкур ривоҷи соҳибкорӣ, гуногуншаклии моликият, аз ҷумла, моликияти хусусӣ дарҷ карда шуд. Дар асоси талаботи ин модда қонуну қарорҳои дахлдор дар ин самт қабул гардиданд, ки барои рушди минбаъдаи ҳаёти кишвар нақши муҳим касб намудаанд.
Ҳамчунин рақобати озоди иқтисоди бозоргониро низ меъёри зикршуда таъмин менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шудааст. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.
Дар Конститутсия мавқеи забони давлатӣмақоми хосаро ташкил медиҳад, ки моддаи 2-и он пурра ба ин масъала бахшида шудааст. Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд.
Махсусан, тағйиру иловаҳое, ки 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003, ки тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардиданд, онро такмил дода, пурратар сохт. Хосса, моддаи 5-и он ҷиддан тағйир ёфт ва мувофиқи ин тағйирот Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ эътироф карда шуданд. Муҳтавои ин модда аз он иборат аст, ки ҳеҷ гуна неъмат, манфиати шахси мансабдор ё мақомоти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд баланд буда наметавонад. Дар воқеъ, меъёрҳои мутаззакира ифодагари мазмуну моҳияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва меҳвари асосии Конститутсияи кишвар ба шумор мераванд.
Дар солҳое, ки Тоҷикистон дар ҳолати буҳрони сахти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қарор дошт, қабули чунин як санади асосӣ бо тарзу усул ва мазмуну моҳияти ҷавобгӯи талаботи ҷаҳони муосир барои аз вартаи нобасомониҳо берун кашидани кишвар дар баробари дигар омилҳо нақши ҳалкунанда бозид.
Қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ тариқи райъпурсии умумихалқӣ, дар он ҷой додани принсипу арзишҳои демократию умумибашарӣ, аз ҷумла арзиши олӣ эътироф намудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардидани халқ, гуногунандешӣ, таҳаммулпазирӣ, таҷзияи ҳокимият ба шохаҳо, эътирофи гуногуншаклии моликият, гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ ва дигар меъёрҳои ҷавобгӯи талаботи замони муосир боиси эътироф гардидани Тоҷикистон аз тарафи мамолики мутараққию ҷомеаи мутамаддин, ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва барқарор намудани равобити сиёсию иқтисодӣ бо онҳо нақши муҳим бозид.
Инчунин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аксар кишварҳои мутараққӣ ва демократии дунё баҳои баланд гирифта, дар қатори панҷ Конститутсияи беҳтарин ва демократитарини давлатҳои узви Созмони амнияту ҳамкории Аврупо эътироф шудааст. Бояд қайд намуд, ки бо эҳтирому эътиқод ба иқдоми мутазаккира ҷомеаи мутамаддин барои аз вазъияти носозгори ба амал омада берун кашидани Тоҷикистон ҷиддан саъй карданд.
Сабаби ба зудӣ аз байн бурдани бӯҳрони сиёсӣ ва истиқрори сулҳ дар кишвар дар баробари азму талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, қабули Конститутсия ва дастгирии давлатҳои пешрафта ва ташкилотҳои байналмилалӣ боис гардид. Ҳамчунин меъёрҳои он ба дили мардуми андӯҳгин як шӯълаи умеду боварӣ ба фардои рушди устувори кишвар афрӯхт. Зеро, мардуми аз ҷангу ҷидол хасташуда, дигар ба риояи қонунҳо ва ҳатто ба Конститутсия боварӣ надоштанд.
Акнун тағйиру иловаҳо ба Конститутсия тибқи боби 10 (моддаҳои 98,99,100) танҳо бо роҳи гирифтани раъйи халқи Тоҷикистон сурат мегирад ва ягон аҳзоби сиёсӣ, гурӯҳи одамон бо роҳи зурӣ ва ё фишор наметавонанд ба он тағйиру иловаҳо ворид намоянд ва ё аҳдофи бадхоҳонаи худро амалӣ созанд. Аз ин рӯ, ин санад барои мардуми тоҷик санади тақдирсоз ва кафили суботи миллат мебошад. Ҳар як тоҷик ва тоҷикистонӣонро азизу муқаддас меҳисобад ва аминем, ки он барои пояндагии Тоҷикистону тоҷикистониён асрҳо хидмат мекунад.
Абилзода Гуландом Сардор-номзади илмҳои фалсафа, мудири шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Давлат ҳамчун ташкилоти махсуси ҳокимияти сиёсӣ ва субъекти муносибатҳои байналхалқӣ бо санади эъломиявии истиқлолияти давлатӣ ва Конститутсияи худ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда мешавад. Конститутсия қонуни асосии давлат буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, принсипҳои умумии ҳуқуқро муқаррар мекунад. Дар таърихи башарият маҳз конститутсияҳо сарчашмаи дигаргунии куллӣ ва пешрафти ҷамъият гаштаанд.
Конститутсия ин пеш аз ҳама, ҳуҷҷати ҳуқуқие мебошад, ки он асосҳои сохтори давлатӣ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқиро муайян мекунад. Дар як маврид Конститутсия ин ҳуҷҷати сиёсӣ ба ҳисоб меравад, ки он таъсири муносибатҳои сиёсиро ба ҷамъият танзим менамояд.[1.]
Табиист, ки баробари мушарраф гардидан ба Истиқлолият, ҳар як давлатро зарурати татбиқ намудани ислоҳоти дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти кишвар, ба хотири ҷавобгӯ сохтани вазъи ҳуқуқӣ ва сиёсию иҷтимоӣ ба талаботи ҷомеаи навин пеш меояд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, вобаста ба дигаргун шудани авзои ҷомеа ва раванди инкишофи таърихии он, яъне бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, ҳамвора марҳилаи эъмори давлатдории сифатан нави миллӣ ва заминагузории ҷомеаи шаҳрвандӣ оғоз гардида, тадбирҳои муҳиму мақсаднок дар доираи ислоҳоти бузурги тамоми ҷанбаҳои зарурии ҳаёти ҷомеа ба роҳ андохта мешавад.
Бинобар ин яке аз аввалин тадбирҳои муҳиме, ки дар ин раванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуд, ин аз нав қабул намудани Конститутсия гардид, зеро Конститутсия ҳамчун санади олии сиёсию ҳуқуқӣ метавонад, ба сифати яке аз нишонаҳои аввалин ва муҳимтарини мустақилияти давлат дар ҳаёти миллат нақши муассир дошта бошад. Ғайр аз ин зарурату муҳимияти Конститутсия боз дар он ифода меёбад, ки он ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷати сиёсию иҷтимоии хусусияти барномавидошта, ҳолати ҳуқуқӣ ва дурнамои инкишофи ҳозираю ояндаи ҷумҳурӣ ва давлатро дар сатҳи эътибори олии ҳуқуқидошта муайян менамояд. Конститутсияи нав дар Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқии сохтори давлатдории миллиро ба вуҷуд оварда, моҳияту мазмун ва мақсади онро муайян намуд.[2]
Албатта ин Конститутсия бунёди давраи давлатдории нави миллии тоҷикон мебошад. Дар он таҳкурсии ҳуқуқии давлати нави миллӣ гузошта шуда шакл, моҳият, мазмун, ҳадаф ва вазифаҳои он муайян карда шудаанд. Дар баробари ин Конститутсияи мазкур аз нигоҳи ҳуқуқӣ расмигардонии давлатдории навини миллат, хотимаи давраи ибтидоии давлатдории миллии тоҷик, анҷоми давраи шуравии сотсиалистии ташкилу инкишофи давлати Тоҷикистон аст. Ин принсипҳо дар мазмуну таъиноти Конститусия равшан ифода ёфтаанд. Дар дебочаи он эълон шудааст, ки халқи Тоҷикистон таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушди камоли онро дарк намуда, ҳамин Конститутсияро қабул менамояд.[3]
Дар сатҳи олии ҳуқуқи халқ ӯҳдадор шудааст, ки тақдири давлатро ба дасти худ мегирад ва барои ҳифзи мустақилият ва устувории он масъул аст.[4]. Яъне Конститутсияи амалкунанда аҳамияти бузурги таърихӣ дорад Аҳамияти таърихию сиёсии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар бунёди давлати миллӣ аз инҳо иборат мебошад:
- Бо қабул гардидани Конститутсияи соли 1994, даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дар маҷлисҳои Парлумон аз ҷониби вакилон, ки дар фаъолияти давлатдории замони собиқ мавҷуд буд, хотима гузошта шуд. Яъне ба нақш ва мавқеи шаҳрванд - ҳамчун унсури марказии сиёсиву иҷтимоӣ дар идоракунии давлат ва сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ будани онҳо эътибори констиутсионӣ дода шуда, сатҳ ва дараҷаи маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷомеа баданд бардошта шуд. Раъйпурсии умумихалқӣ унсури марказии иштироки васеи омма дар идоракунии давлатӣ гардид. Ин дигаргунии азими конститусионӣ- ҳуқуқии ҷомеаи мо гардид, ки бо ҳамин тақдиру сарнавишти халқи Тоҷикистон аз иродаи худи халқ вобастагӣ пайдо намуд;
- Конститутсия ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул щуда, ба масъалаи принсипиалӣ ва фундаменталии давлат, яъне хусусияти давлати Тоҷикистон нуқта гузошт. Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона, ва иҷтимоӣ эълон шуда, бо ҳамин бо иродаи халқи Тоҷикистон -ҳама гуна дигар хусусияти давлат, аз ҷумла давлати исломӣ, ки яке аз сабабҳои асосии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон гардида буд, инкор карда шуд.
- Қабули Конститутсия Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун бузургтарин зуҳуроти сиёсиву иҷтимоӣ фарҳангию ҳуқуқӣ ҳукми конститутсионӣ бахшид;
- Дар асоси ин ҳуҷҷат ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хусусияти давлати мо ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ таъриху фарҳанг ва забони миллӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, муносибат ба инсон ва шаҳрванд ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои он, мавқеи халқ дар низоми ҳокимияти давлатӣ, муносибати давлат ба моликият, тартиби таъсиси мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла ҳокимияти судӣ, мақомоти маҳаллӣ ва худидоракунӣ шиносоӣ пайдо намуд, яъне Конститутсия шиносномаи давлат ва халқи Тоҷикистон гардид;
- Қабули Конститутсия нахустин чорабинии мухими сиёсии кишвар буда, барои ҳокимияти сиёсии таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон фаъолиятдошта санҷиши бузург ба шумор мерафт. Қабули он, ки дар шароити басе мураккаби авзои сиёсии иҷтимоӣ доир гардид аз қобилияти баланди ташкилию роҳбарӣ ва давлатдории Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати ӯ шаҳодат медиҳад. Яъне дар дили одамон шуълаи умед ва боварӣ ба ояндаи дурахшони халқу миллат ва давлат пайдо шуда, халқ дар атрофи Роҳбари давлат муттаҳид гардида, сиёсати созанда ва бунёдкоронаи ӯро ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд.
- Қабули Конститутсия башорати ба майдони сиёсӣ ва сиёсати ҷаҳонӣ воридшавии шахсият ва чеҳраи нави таърихӣ бо фаҳмишу дарки баланди арзишҳои миллӣ ва арзишҳои байналмиллалӣ мебошад. Ин бори дигар собит намудани нақш ва мавқеи шахсият дар таърих, пешниҳоди барномаи мукаммали созанда ва бунёдкорона, ташаккули элитаи сиёсӣ ва миллӣ аз қафои худ бурдани омма ва дигаргуниҳои сифати ҷомеаи алоҳида мебошад;
- Конститутсия ба нақш ва мавқеи таърихии халқ ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ва ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ будани раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот баҳои сазовор дод. Яъне, интихоботи мақомоти олии давлатӣ, аз ҷумла, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раъйпурсии минбаъда дар доираи муқаррароти Конститутсия баргузор гаштанд. Шаҳрвандони кишвар дар фазои осоиштаю ором Президенти мамлакат ва вакилони мақомоти қонунгузорӣ ва намояндагиро интихоб намуда, мувофиқи ҳуқуқҳои сиёсиашон ҳокимияти давлатиро ташкил ва ҳукуқҳои конститутсионии худро ба интихобот амалӣ намуданд;
- Конститутсия ҳамчун матни иборат аз дебоча, даҳ бобу сад модда ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ҳамчун организми зинда буда, рушду таҳкими фаъолияти минбаъдааш дар таҷрибаи ғании конститутсионализми Тоҷикистон дарҷ ёфтааст;
- Конститутсияи кишвар бори нахуст ҳокимияти судиро ҳамчун шохаи баробарҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ эълон намуд. Мувофиқи моддаи 19-и Конститутсия «Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд».
Аз ин лиҳоз, Конститутсия ҳамчун баёнгари таносуби воқеии ҳамаи неруҳои иҷтимоии ҷомеа ва ҷавобгуи манфиатҳои ҳамаи онҳо буда, чунин давлатеро бунёд гузошт, ки ба ҷуз аз хизмат ба мардум ва амалӣ намудани ормонҳои онҳо дигар мақсад надорад. Эъмори давлати мустақил ва пайваст ба ҷаҳони муосир низ самараи тафаккур ва хизмати мардуми шарифи кишвар мебошад, ки имрӯз онро бо номи Тоҷикистон мешиносанд ва мавқеи онро дар мавриди ҳаллу фасли масоили умдаи байналмиллалӣ эҳтиром мекунанд.
Бо ҳамин тартиб, имрӯзҳо, ки мо дар арафаи 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, бояд мавҷудияти ин санади олии тақдирсози миллатро дар ҳаёти ҷомеа беҳтар намоем. Дар доира ва меҳвари ин санад зистанро омӯзем, меъёрҳова муқаррароти онро қоидаи рафтори худ қарор диҳем ва арзишҳои онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Онро ҳамчун бузургтарин дастовард, раҳнамо ва пайвандгари наслҳо дар қатори чунин ифтихору сарбаландии инсонӣ ва миллиамон–Ватану миллат, худшиносӣ,худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ ҷойгузин намоем. Бо такя ба арзишҳои умумибашарию миллӣ, дарки моҳият ва мазмуни созандаю бунёдкоронааш онро як ҷузъи таркибии ғояи миллӣ эътироф намоем.
Алиназарова Кифоят Ғуломназаровна - ходими хурди илмии шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Адабиёт
1. Конститусияҳои Тоҷикистон ва падидаҳои ҳуқуқии давлатӣ дар инкишофи давлатдории миллӣ. –Душанбе: «Дониш, 2019. – 620 с.
2. Маҷмуаи Конститусияҳои Тоҷикистон / Мураттиб Гадоев Б.С.- Душанбе, 2015. – 633 с.
3. Имомов А. Нақши Конститусия дар бунёди давлатдории миллии Тоҷикон. - Душанбе, 2011. –358с.
4. Соибов З.М., Изаттулозода П,Н. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (воситаи таълимӣ). – Душанбе, 2021. – 244с.
“Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад”.
Эмомалӣ РАҲМОН
Мусаллам аст, ки баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола санаи 6-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад. Чунки ин санади муқаддасу тақдирсози миллат кафили амният ва ҳамзамон сулҳу осоиштагии ҳар як сокини мамлакат маҳсуб ёфта, он инсонҳоро ба сӯйи ояндаи дурахшон раҳсипар менамояд.
Лозим ба тазаккур аст, ки бо истифода аз ин санади муқаддас ва тақдирсоз, ки ҳамчун шаҳодатномаи иқболи миллат шинохта шудааст, тамоми сохторҳои ҳокимияти давлатӣ фаъолияти худро пеш мебаранд. Маҳз ҳамин қонун аст, ки озодии шаҳрвандон, ҳуқуқи таҳсил дар мактаб ва донишкадаҳои олиро ҳимоя менамояд.
Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлолу соҳибиқболи Тоҷикистон яке аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон шинохта шуда, он ҳамчун бахтномаи миллат ва шоҳсутуни давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад. Пояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ормонҳои миллӣ ва мардумии халқи мо бино ёфтааст.
Ин санади муҳимми тақдирсоз, давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ба сӯйи комёбиҳои бузург раҳнамоӣ мекунад. Ҳамин тариқ, баъд аз қабули Конститутсияи худ Ҷумҳурии соҳибистиқлоламон таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ва кулли паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ як қатор пешравиҳои бузург ба даст овард.
Барои фароҳам омадани фазои осоиштаву босубот, таъмини сартосарии сулҳу ваҳдати миллӣ, барқарор намудани муносибатҳои манфиатбахши байналмилалӣ ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рисолати таърихии ин санади бебаҳои сарнавиштсоз ва олии ҳуқуқӣ маншаъ мегирад. Чунки Конститутсияи амалкунандаи кишварамон кафили сулҳ, якпорчагӣ, Ваҳдати миллӣ ва пойдориву таҷассумгари давлату давлатдории мо, барномаи амал ва зиндагии шоиставу раҳнамои ояндаи дурахшони мардуми тоҷик маҳсуб меёбад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади меъёриву ҳуқуқӣ буда, эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва арзиши олии миллату давлат ҳисобида мешавад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода шуда, аз ҷумла дар моддаи 5-уми он омадааст, ки: “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд”.
Лозим ба тазаккур аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тимсоли шиносномаи давлату миллат маҳсуб ёфта, дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: ”Бузургӣ ва аҳаммияти ин санади муҳимми таърихӣ, пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шудааст”.
Ҳамин тариқ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти ҳуқуқ, таҷзияи ҳокимият, фаъолияти озоди иқтисодӣ, гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, ки дар Конститутсияи кишвари соҳибистиқлол дарҷ гардидаанд, аз ҷумлаи арзишҳои умумибашарӣ маҳсуб меёбанд. Тавре, ки шоир ба ин мазмун чунин гуфтааст:
Сатри қонун бод роҳи мову ман,
Рӯзи қонун бод ҳар рӯзи Ватан!
Раҳимзода Алишер номзади илмҳои математика, директори Инистути математикаи ба номи А. Ҷӯраеви АМИТ.
Давлат ҳамчун ташкилоти махсуси ҳокимияти сиёсӣ ва субъекти муносибатҳои байналхалқӣ бо санади эъломиявии истиқлолияти давлатӣ ва Конститутсияи худ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда мешавад. Конститутсия қонуни асосии давлат буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, принсипҳои умумии ҳуқуқро муқаррар мекунад. Дар таърихи башарият маҳз конститутсияҳо сарчашмаи дигаргунии куллӣ ва пешрафти ҷамъият гаштаанд.
Конститутсия ин пеш аз ҳама, ҳуҷҷати ҳуқуқие мебошад, ки он асосҳои сохтори давлатӣ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқиро муайян мекунад. Дар як маврид Конститутсия ин ҳуҷҷати сиёсӣ ба ҳисоб меравад, ки он таъсири муносибатҳои сиёсиро ба ҷамъият танзим менамояд.[1.]
Табиист, ки баробари мушарраф гардидан ба Истиқлолият, ҳар як давлатро зарурати татбиқ намудани ислоҳоти дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти кишвар, ба хотири ҷавобгӯ сохтани вазъи ҳуқуқӣ ва сиёсию иҷтимоӣ ба талаботи ҷомеаи навин пеш меояд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, вобаста ба дигаргун шудани авзои ҷомеа ва раванди инкишофи таърихии он, яъне бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, ҳамвора марҳилаи эъмори давлатдории сифатан нави миллӣ ва заминагузории ҷомеаи шаҳрвандӣ оғоз гардида, тадбирҳои муҳиму мақсаднок дар доираи ислоҳоти бузурги тамоми ҷанбаҳои зарурии ҳаёти ҷомеа ба роҳ андохта мешавад.
Бинобар ин яке аз аввалин тадбирҳои муҳиме, ки дар ин раванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуд, ин аз нав қабул намудани Конститутсия гардид, зеро Конститутсия ҳамчун санади олии сиёсию ҳуқуқӣ метавонад, ба сифати яке аз нишонаҳои аввалин ва муҳимтарини мустақилияти давлат дар ҳаёти миллат нақши муассир дошта бошад. Ғайр аз ин зарурату муҳимияти Конститутсия боз дар он ифода меёбад, ки он ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷати сиёсию иҷтимоии хусусияти барномавидошта, ҳолати ҳуқуқӣ ва дурнамои инкишофи ҳозираю ояндаи ҷумҳурӣ ва давлатро дар сатҳи эътибори олии ҳуқуқидошта муайян менамояд. Конститутсияи нав дар Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқии сохтори давлатдории миллиро ба вуҷуд оварда, моҳияту мазмун ва мақсади онро муайян намуд.[2]
Албатта ин Конститутсия бунёди давраи давлатдории нави миллии тоҷикон мебошад. Дар он таҳкурсии ҳуқуқии давлати нави миллӣ гузошта шуда шакл, моҳият, мазмун, ҳадаф ва вазифаҳои он муайян карда шудаанд. Дар баробари ин Конститутсияи мазкур аз нигоҳи ҳуқуқӣ расмигардонии давлатдории навини миллат, хотимаи давраи ибтидоии давлатдории миллии тоҷик, анҷоми давраи шуравии сотсиалистии ташкилу инкишофи давлати Тоҷикистон аст. Ин принсипҳо дар мазмуну таъиноти Конститусия равшан ифода ёфтаанд. Дар дебочаи он эълон шудааст, ки халқи Тоҷикистон таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушди камоли онро дарк намуда, ҳамин Конститутсияро қабул менамояд.[3]
Дар сатҳи олии ҳуқуқи халқ ӯҳдадор шудааст, ки тақдири давлатро ба дасти худ мегирад ва барои ҳифзи мустақилият ва устувории он масъул аст.[4]. Яъне Конститутсияи амалкунанда аҳамияти бузурги таърихӣ дорад Аҳамияти таърихию сиёсии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар бунёди давлати миллӣ аз инҳо иборат мебошад:
- Бо қабул гардидани Конститутсияи соли 1994, даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дар маҷлисҳои Парлумон аз ҷониби вакилон, ки дар фаъолияти давлатдории замони собиқ мавҷуд буд, хотима гузошта шуд. Яъне ба нақш ва мавқеи шаҳрванд - ҳамчун унсури марказии сиёсиву иҷтимоӣ дар идоракунии давлат ва сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ будани онҳо эътибори констиутсионӣ дода шуда, сатҳ ва дараҷаи маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷомеа баданд бардошта шуд. Раъйпурсии умумихалқӣ унсури марказии иштироки васеи омма дар идоракунии давлатӣ гардид. Ин дигаргунии азими конститусионӣ- ҳуқуқии ҷомеаи мо гардид, ки бо ҳамин тақдиру сарнавишти халқи Тоҷикистон аз иродаи худи халқ вобастагӣ пайдо намуд;
- Конститутсия ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул щуда, ба масъалаи принсипиалӣ ва фундаменталии давлат, яъне хусусияти давлати Тоҷикистон нуқта гузошт. Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона, ва иҷтимоӣ эълон шуда, бо ҳамин бо иродаи халқи Тоҷикистон -ҳама гуна дигар хусусияти давлат, аз ҷумла давлати исломӣ, ки яке аз сабабҳои асосии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон гардида буд, инкор карда шуд.
- Қабули Конститутсия Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун бузургтарин зуҳуроти сиёсиву иҷтимоӣ фарҳангию ҳуқуқӣ ҳукми конститутсионӣ бахшид;
- Дар асоси ин ҳуҷҷат ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хусусияти давлати мо ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ таъриху фарҳанг ва забони миллӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, муносибат ба инсон ва шаҳрванд ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои он, мавқеи халқ дар низоми ҳокимияти давлатӣ, муносибати давлат ба моликият, тартиби таъсиси мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла ҳокимияти судӣ, мақомоти маҳаллӣ ва худидоракунӣ шиносоӣ пайдо намуд, яъне Конститутсия шиносномаи давлат ва халқи Тоҷикистон гардид;
- Қабули Конститутсия нахустин чорабинии мухими сиёсии кишвар буда, барои ҳокимияти сиёсии таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон фаъолиятдошта санҷиши бузург ба шумор мерафт. Қабули он, ки дар шароити басе мураккаби авзои сиёсии иҷтимоӣ доир гардид аз қобилияти баланди ташкилию роҳбарӣ ва давлатдории Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати ӯ шаҳодат медиҳад. Яъне дар дили одамон шуълаи умед ва боварӣ ба ояндаи дурахшони халқу миллат ва давлат пайдо шуда, халқ дар атрофи Роҳбари давлат муттаҳид гардида, сиёсати созанда ва бунёдкоронаи ӯро ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд.
- Қабули Конститутсия башорати ба майдони сиёсӣ ва сиёсати ҷаҳонӣ воридшавии шахсият ва чеҳраи нави таърихӣ бо фаҳмишу дарки баланди арзишҳои миллӣ ва арзишҳои байналмиллалӣ мебошад. Ин бори дигар собит намудани нақш ва мавқеи шахсият дар таърих, пешниҳоди барномаи мукаммали созанда ва бунёдкорона, ташаккули элитаи сиёсӣ ва миллӣ аз қафои худ бурдани омма ва дигаргуниҳои сифати ҷомеаи алоҳида мебошад;
- Конститутсия ба нақш ва мавқеи таърихии халқ ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ва ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ будани раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот баҳои сазовор дод. Яъне, интихоботи мақомоти олии давлатӣ, аз ҷумла, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раъйпурсии минбаъда дар доираи муқаррароти Конститутсия баргузор гаштанд. Шаҳрвандони кишвар дар фазои осоиштаю ором Президенти мамлакат ва вакилони мақомоти қонунгузорӣ ва намояндагиро интихоб намуда, мувофиқи ҳуқуқҳои сиёсиашон ҳокимияти давлатиро ташкил ва ҳукуқҳои конститутсионии худро ба интихобот амалӣ намуданд;
- Конститутсия ҳамчун матни иборат аз дебоча, даҳ бобу сад модда ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ҳамчун организми зинда буда, рушду таҳкими фаъолияти минбаъдааш дар таҷрибаи ғании конститутсионализми Тоҷикистон дарҷ ёфтааст;
- Конститутсияи кишвар бори нахуст ҳокимияти судиро ҳамчун шохаи баробарҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ эълон намуд. Мувофиқи моддаи 19-и Конститутсия «Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд».
Аз ин лиҳоз, Конститутсия ҳамчун баёнгари таносуби воқеии ҳамаи неруҳои иҷтимоии ҷомеа ва ҷавобгуи манфиатҳои ҳамаи онҳо буда, чунин давлатеро бунёд гузошт, ки ба ҷуз аз хизмат ба мардум ва амалӣ намудани ормонҳои онҳо дигар мақсад надорад. Эъмори давлати мустақил ва пайваст ба ҷаҳони муосир низ самараи тафаккур ва хизмати мардуми шарифи кишвар мебошад, ки имрӯз онро бо номи Тоҷикистон мешиносанд ва мавқеи онро дар мавриди ҳаллу фасли масоили умдаи байналмиллалӣ эҳтиром мекунанд.
Бо ҳамин тартиб, имрӯзҳо, ки мо дар арафаи 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, бояд мавҷудияти ин санади олии тақдирсози миллатро дар ҳаёти ҷомеа беҳтар намоем. Дар доира ва меҳвари ин санад зистанро омӯзем, меъёрҳова муқаррароти онро қоидаи рафтори худ қарор диҳем ва арзишҳои онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Онро ҳамчун бузургтарин дастовард, раҳнамо ва пайвандгари наслҳо дар қатори чунин ифтихору сарбаландии инсонӣ ва миллиамон–Ватану миллат, худшиносӣ,худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ ҷойгузин намоем. Бо такя ба арзишҳои умумибашарию миллӣ, дарки моҳият ва мазмуни созандаю бунёдкоронааш онро як ҷузъи таркибии ғояи миллӣ эътироф намоем.
Алиназарова Кифоят Ғуломназаровна - ходими хурди илмии шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Адабиёт
1. Конститусияҳои Тоҷикистон ва падидаҳои ҳуқуқии давлатӣ дар инкишофи давлатдории миллӣ. –Душанбе: «Дониш, 2019. – 620 с.
2. Маҷмуаи Конститусияҳои Тоҷикистон / Мураттиб Гадоев Б.С.- Душанбе, 2015. – 633 с.
3. Имомов А. Нақши Конститусия дар бунёди давлатдории миллии Тоҷикон. - Душанбе, 2011. –358с.
4. Соибов З.М., Изаттулозода П,Н. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (воситаи таълимӣ). – Душанбе, 2021. – 244с.