Skip to main content

«Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва осоиши Ватан бешубҳа бузургтарин дастоварди мо дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки онро ҳамчун гавҳараки чашм бояд ҳифз намоем».

Эмомалӣ Раҳмон

Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

27-уми июни соли 1997, ки дар таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ сабт шудааст, на танҳо санаи анҷоми ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, балки нуқтаи гардиши сарнавиштсоз дар роҳи бунёди давлати мустақилу соҳибистиқлол ва таъмини якпорчагии Ватани азизамон - Тоҷикистон буд. Ин рӯз рамзи пирӯзии хиради миллӣ бар хушунат, ҳамдигарфаҳмӣ бар низоъ ва созандагӣ бар харобкорӣ мебошад. Роҳи Тоҷикистон аз буҳрон то сулҳ пурпечутоб ва сангин буд, аммо иродаи қавии мардум ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат имкон дод, ки мардуми шарифи тоҷик ин марҳилаи душвори таърихиро бошарафона паси сар намояд. Ваҳдати миллӣ, ки бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад, заминаи асосии рушди босуботи кишвар дар се даҳаи охир гардид.

Даҳсолаи навадуми асри гузашта барои Тоҷикистон яке аз давраҳои мудҳиштарин дар таърихи навини он буд. Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистон ба буҳрони шадиди сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуд, ки дар соли 1992 ба ҷанги хунини шаҳрвандӣ табдил ёфт. Ин ҷанг, ки бо дахолати нерӯҳои беруна ва ҳадафҳои гурӯҳҳои мухталиф таҳрик мешуд, кишварро ба вартаи нобудӣ кашид. Дар натиҷа ҳазорҳо нафар куштаву миллионҳо нафар гӯрезаву овора гардида иқтисодиёти кишвар қариб ба пуррагӣ аз кор монда буд. Рукнҳои давлат фалаҷ гардида, ҷомеа ба минтақаҳо ва гурӯҳҳои мусаллаҳи зидди якдигар тақсим шуда буд. Дар чунин шароит, барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ як амри ҳаётӣ ва сарнавиштсоз маҳсуб меёфт.

Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-уми июни соли 1997 дар Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик ба имзо расид. Ин сана ҳамчун гардиши куллӣ дар таърихи навини кишвар сабт шуд ва ба давраи нави рушду созандагӣ замина гузошт.

Истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ на танҳо ба поёни хунрезӣ оварда расонд, балки барои бунёди давлати муосири соҳибистиқлол ва таҳкими ниҳодҳои давлатдорӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Дар тӯли 28 соли сипаршуда, Тоҷикистон дар самти рушди иқтисодиёт, таҳкими пояҳои демократия, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва муаррифии худ дар арсаи байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Ба имзо расидани Созишномаи сулҳ барои Тоҷикистон аҳамияти бузурги таърихӣ дошт. Он на танҳо ба хунрезӣ хотима бахшид, балки ба:

Таҳкими амният ва субот: Ваҳдати миллӣ пояи асосии амният ва суботи кишвар гардид. Сулҳ имкон дод, ки ниҳодҳои давлатӣ барқарор ва таҳким ёбанд. Ин имкон дод, ки Тоҷикистон бо таҳдидҳои нав, аз қабили терроризм ва ифротгароӣ, мубориза барад ва амнияти марзу буми худро таъмин намояд. Ваҳдати миллӣ ба якпорчагии ҷомеа мусоидат кард ва заминаи ҳамбастагии тамоми қишрҳои аҳолиро фароҳам овард. Миллионҳо нафар гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ дубора ба Ватан баргаштанд ва ба зиндагии осоишта шурӯъ карданд.

Оғози рушди иқтисодӣ: Бо вуҷуди мушкилоти зиёд, бо истиқрори сулҳ, шароит барои барқарорсозии иқтисодиёт ва рушди босуботи кишвар фароҳам омад. Тоҷикистон тавонист иқтисодиёти миллиро аз харобазор барқарор намуда, ба рушди босубот ноил гардад. Татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ, бунёди роҳҳо ва нақбҳо, рушди соҳаи саноат ва кишоварзӣ аз ҷумлаи дастовардҳои муҳим дар ин самт мебошанд.

Рушди иҷтимоӣ ва фарҳангӣ: Давлат ба масъалаҳои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд. Сохтмони муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо ва марказҳои фарҳангӣ шаҳодати ин ғамхорӣ мебошанд. Эҳёи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ аз дастовардҳои муҳими ин давра аст.

Таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ: Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ки ба принсипҳои сулҳу ҳамзистӣ ва ҳамкории байналмилалӣ пойбанд аст, дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи худро пайдо кард. Фаъолияти дурандешонаву пайгиронаи кишвар дар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ гувоҳи ин дастовард аст.

Имрӯз, дар арафаи таҷлили 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, мо бояд қадри ин неъмати бузургро донем ва кӯшиш кунем, ки онро ба наслҳои оянда бегазанд ва пойдор ба мерос гузорем. Рӯзи Ваҳдати миллӣ на танҳо як санаи ҷашнӣ, балки ёдоварии доимии он аст, ки чӣ гуна аз буҳрони амиқ метавон бо иттиҳод, сабр ва хирад ба сӯи сулҳу шукуфоӣ қадам ниҳод. Танҳо дар сурати таҳкими ваҳдат ва якдилӣ, Тоҷикистон метавонад ба ҳадафҳои стратегии худ – таъмини зиндагии шоистаи мардум, рушди устувор ва бунёди ҷомеаи пешрафта ноил гардад.

Ин роҳи пурпечутоб, ки бо талошҳои бузург ва қурбониҳо ба даст омадааст, ибратбахш аст ва бояд барои наслҳои оянда ҳамчун дарс ва мероси гаронбаҳо боқӣ монад. Ваҳдати миллӣ на танҳо як рӯйдоди таърихӣ, балки раванди доимӣ ва пойдорест, ки таҳкими он барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон амри зарурӣ мебошад. Ҳифз ва таҳкими ин дастоварди бузург вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Судуров С.А., - ходими калони илмии шӯъбаи ИДМ– и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Аз замони ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон роҳи ғайриоддии худтасдиқнамоии давлатӣ, таҳкими истиқлолият ва ҷустуҷӯйи самти дурусти рушди ояндаро аз сар гузаронид. Ба шарофати таҳаммулпазир будани халқ ва сиёсати одилонаи роҳбарият Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ вазъи ногувори ҷамъиятию сиёсӣ ва тағйироти харобовари иқтисодии солҳои 90-умро бартараф намуда, дар аввали асри XXI ба муваффақиятҳои бузурге ноил гардид. Маҳз ваҳдати миллӣ халқи моро аз хатари парокандашавӣ ва нобудшавӣ раҳоӣ намуд, роҳро барои муттаҳидӣ ва рушди босубот боз намуд. Дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдат ва дар ҷомеа ризоият ҳукумфармо шуд, дар гузаронидани ислоҳоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва демократӣ дастовардҳои назаррасе ба даст омаданд.

Ҳангоми дар мавриди муваффақиятҳои кишварамон сухан гуфтан, бояд дар хотир дошта бошем, ки замина ва такягоҳи асосии рушди босуботи Тоҷикистон, зиндагии накӯаҳволона, шароити мусоиди худмуайянкунӣ ва худтадбиқнамоӣ ризоият ва ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меравад. Ризоият ва ваҳдати миллӣ базаи устувору қавиест, ки барои пешрафти давлат мусоидат менамояд ва маҳз он ҳокимиятро ба захираи стратегии рушд табдил медиҳад.

Асос ва заминаи ҳифзи ваҳдат ва ризоият дар кишварамон сиёсати хирадмандонаи озмудашудаи муносибатҳои миллӣ баромад менамояд. Дар он солҳои барои кишварамон мушкили барқароршавии истиқлолият, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қабули қарорҳои сиёсӣ дурандешӣ нишон доданд. Сарвари давлат ҳамеша ғояи сулҳ ва ваҳдати миллиро дастгирӣ ва тарғиб менамояд. Муҳим он аст, ки Сарвари давлат бо ҳар як гуфтор ва рафтору амали худ ба ҷомеа ҳушдор медиҳад, ки ҳамаи тоҷикистониён новобаста ба миллат ва мазҳабу эътиқод барояш азизу арзишманданд. Маҳз ин ақидаи арзишманди Роҳбари давлатамон рамзи сиёсати давлатии кишвари бисёрмиллатамон ба ҳисоб меравад.

Бо назардошти таърих аз замони ба даст овардани истиқлолияти Тоҷикистон вақти зиёд нагузаштааст, аммо маҳз дар ин давраи таърихӣ тағйиротҳои куллии иҷтимоӣ, ивазшавии сохтори сиёсии ҷомеаи тоҷикистонӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Дар ин вақти кӯтоҳи таърихӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ табақаҳои нави иҷтимоии ҷомеа, тарзи нави зиндагӣ, арзишу дастурҳо, самтҳо ва тамоюлҳои нав шакл гирифтанд. Чунин тағйиротҳои куллӣ, бешак, дар худшиносӣ ва ҳуввияти одамон, инчунин дар сиёсати миллии давлат инъикоси худро ёфтанд.

Фазои хубу мусоид дар муносибатҳои байниэтникӣ асоси устувории на танҳо ҷомеаи мо, балки ҳамаи давлатҳо мебошад. Илова ба ин илҳомбахш ва таблиғгари чунин сиёсат дар соҳаи байниэтникӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мо - Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Чи хеле ки Сарвари давлат қайд менамояд, - «Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некӯаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад. Аз ин лиҳоз, вазифаи ҳар шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намояд ва онро дар радифи дигар муқаддасоти миллиамон пос ва гиромӣ дорад. Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик нерӯву тавони нав бахшид, дар қалби ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба фардои ободу осуда фурӯзон намуд ва қалбҳои хурду бузурги мамлакатро пур аз шодиву фараҳ гардонид»

Бештари масъалаҳои муҳими рушди иҷтимоию иқтисодии кишварамон на танҳо ба ҳолати саноат, нақлиёт, инфраструктураи иттилоотӣ, балки ба омилҳои гуманитарӣ вобастагӣ доранд, ки дар байни онҳо муҳимтаринашон фарҳанги маънавии ҷомеа ва ваҳдати миллии кишвар ба ҳисоб мераванд. Маҳз ин омилҳо дар шароитҳои муосир барои рушди бомуваффақи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, инчунин барои мубориза ба муқобили хатарҳои дохилию берунии амнияти миллӣ муайянкунанда мебошанд.

Фарҳанги маънавӣ ба фаҳмишу дарки ҳастӣ дар ягонагию алоқамандӣ ба ҳолати амнияти миллӣ таъсири назаррас мерасонад. Маҳз фарҳангҳои умумӣ ё универсалӣ муайянкунандаи устувори шуури ҷамъиятӣ мебошанд. Низоми арзишҳо ва меъёрҳои ахлоқӣ рафтори фардҳои алоҳида ва гурӯҳҳои аҳолиро дар ҷомеаи муосир муайян мекунанд.

Таърихи ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад, ки дастгирии ваҳдати миллӣ ба сифати омили таъмини ҳаёту фаъолияти миллат, истиқлолият ва ягонагии ҳудудии ин ё он кишвар баромад мекунад. Ваҳдати миллии кишвар – ин пеш аз ҳама ваҳдати тасаввуроти халқи он оиди арзишҳои нисбатан аҳамиятноки маънавӣ мебошад. Арзишҳои ба ҳуввияти коллективӣ, миллӣ ва фарҳангӣ алоқаманди ҳамаи сокинони кишвар меҳвари ваҳдати миллиро ташкил медиҳанд. Маҳз ин арзишҳо, ки ба ягон намояндагони ин ё он этнос тааллуқ надошта мутаҳидии халқи кишварро таъмин намуда, миллатро ягона мегардонад.

Ҳамин тариқ, шароити зарурии таъмини ваҳдати миллии халқи тоҷик умумияти фарҳангӣ, пеш аз ҳама, умумияти арзишҳои маънавӣ мебошад. Маҳз ин омилҳо хусусиятҳои махсуси ҳуввият, заминаҳои равонии шаҳрвандонро ташкил намуда, дар халқ сифати муҳими стратегиро бо номи ваҳдати миллӣ ташаккул медиҳанд. Ваҳдати миллӣ ҳангоме аз худ дарак медиҳад, ки агар миллат якхела ба хатари беруна ё бӯҳрони дохилӣ вокуниш нишон медиҳанд. Ба ибораи дигар, агар аксарияти аҳолии кишвари бисёрмиллата якхела ба хатари беруна ё бӯҳрони дохилӣ вокуниш нишон диҳанд ва дар он аз тарафи гурӯҳҳои гуногуни этникӣ, динӣ ва ё иҷтимоӣ ихтилоф мушоҳида нашавад, пас маълум мегардад, ки дар ин кишвар ваҳдати миллӣ ба вуҷуд омадааст. Маҳз ин ҳамон меъёрест, ки тавассути он дар бораи сатҳи ваҳдати миллӣ баҳо додан мумкин аст.

Айни замон нақши фаранги маънавӣ дар ҳаёти ҷомеаи тоҷикистонӣ ба таври назаррас баланд меравад. Кӯшишҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистн Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки ба азнавсозии ҷомеа равона гардидаанд, барои дар амал тадбиқгардӣ муттаҳидии халқҳои Тоҷикистон, таъминоти ваҳдати миллии кишвар ва сафарбар намудани тамоми захираҳои зеҳнию маънавиро талаб менамояд. Чунин ягонагию ваҳдатро танҳо дар асоси арзишҳои баланди маънавии барои фарҳанги анъанавии тоҷик хос таъмин карда мешавад. Имрӯз ин вазифаи ниҳоят муҳиму аҳамиятнок аст ва он дар сиёсати давлатии Тоҷикистон дар самти фарҳанги маънавӣ мақоми афзалиятнокро ишғол менамояд. “Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк намудаанд, ки устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ, пеш аз ҳама, ба густариши эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ вобастагии мустақим дорад” (Паёми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон [Электронный ресурс] // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Режим доступа: http://www.president.tj/node/10585 )

Шоисматуллоев Ш. доктори илмҳои сотсиологӣ, профессор,
мудири шуъбаи сотсиология Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

13 августи соли 2024 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025-2034”, ки аз ҷониби ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Фаронса пешбарӣ гардида буд, якдилона қабул карда шуд.

Бо қабул гардидани ин Қатънома, бо мақсади пешбурди ҳамкориҳои илмӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, аз он ҷумла ба роҳ мондани тадқиқот ва мониторинги илмии алоқаманд ба талошҳои рушди устувор, солҳои 2025-2034 ҳамчун Даҳсолаи амал ҷиҳати ҳалли мушкилоти марбут ба обшавии пиряхҳо ва тағйирот дар криосфера эълон гардиданд.

Дар ин қатънома аз тамоми кишварҳои узви СММ, инчунин дигар ҷонибҳои манфиатдор, даъват ба амал оварда шуд, ки тавассути пешбурди фаъолиятҳо дар самти баланд бардоштани сатҳи огаҳӣ дар бораи даҳсола ва аҳамияти пиряхҳо, барф ва ях дар низоми иқлим, инчунин таъсири иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии он ва бар асари ин тағйирот, дар криосфера дар ҳама сатҳҳо мусоидат намуда, табодули таҷриба ва донишҳои беҳтаринро ба роҳ монанд.

Омодагӣ ва аз 29 то 31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор намудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки дар кори он беш аз 2,6 ҳазор мутахассисон аз 90 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ширкат доштанд, яке аз иқдомҳои бесобиқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонн дар ин самт гардид.

Ба анҷом расидани кори конфронси мазкур муддати на он қадар тулонӣ нагузашта, 8 июни соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланди оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034, дар шаҳри Нитсаи Фаронса, иштирок ва суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки Тоҷикистон дар ин чорабинӣ ҳамчун яке кишварҳои ташаббускор иштирок дорад.

Ҳамоиши мазкур дар ҳошияи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус баргузор гардида, дар кори он роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо аз 65 кишвари ҷаҳон, инчунин Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ва роҳбарони як қатор созмонҳои дигари бонуфузи байналмилалию минтақавӣ иштирок намуданд.

Пешвои муаззами миллат аз вазъи ташвишовари тағйирёбии иқлим, инчунин таъсири он ба муҳити зист, обшавии босуръати пиряхҳо, нарасидани оби ошомиданӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар ҳалли ин мушкилот хотиррасон карда, як қатор пешниҳодҳо ба миён гузоштанд.

Сарвари давлати тоҷикон аз тадбирҳои зарурии андешидаи Тоҷикистон дар самти ҳалли масъалаҳои обу иқлим ва таъмини устувории муҳити зист ёдовар шуда, иброз доштанд, ки кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ, таи 20 соли охир, дар сафи пеши ҳалли масъалаҳои обу иқлим мебошад ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳодҳои он дар ин радиф ҷонибдорӣ ва мавриди татбиқ қарор гирифтаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд надмуд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтани пешниҳоди Тоҷикистону Фаронса оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ” аҳаммияти ҳифзи пиряхҳо ва тақвияти илму таҳқиқотҳоро дар соҳаи криосфера возеҳу равшан тасдиқ кард.

Роҳбари давлат инчуни таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоиши сатҳи баландро ба ташаббуси нави Тоҷикистон, дар охири моҳи майи соли равон, дар асоси қатъномаи марбутаи Маҷмаи Умумии Созмони Милал, дар шаҳри Душанбе баргузор намудани нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ҷалб намуд ва изҳор дошт, ки конфронси мазкур барои дарёфти роҳҳои ҳалли устувори ҳифзи сарчашмаи оби тоза, яъне пиряхҳо, заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар рафти суханронӣ зикр карда шуд, ки раванди коҳишёбии криосфера метавонад то соли 2050 ба як миллиард нафар аҳолии минтақаҳои наздисоҳилӣ таъсири назаррас расонда, ба зиндагии босуботи мардуми сайёра таҳдиди ҷиддӣ намояд.

Дар ин радиф Пешвои муаззами кишвар таъкид доштанд, ки ба инобати аҳаммияти пиряхҳо, ба роҳ мондани омӯзиши ҳамаҷонибаи таъсири тағйирёбии иқлим ба онҳо, Тоҷикистон тасмим гирифтааст дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ таъсис дода шавад.

Дар охири баромади худ Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷомеаи ҷаҳон даъват намуданд, ки ҷиҳати ҳифзи криосфера ва тақвияти илмҳои криосферӣ дар ҳама сатҳҳо ҳамкориҳо густариш дода шаванд.

Аз ин рӯ мо, ҷониби Тоҷикистон, ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи талошу заҳматҳои доимии Пешвои муаззами миллатамон, баргузории чунин ҷамъомадҳои ниҳоят муҳимро қадами муҳим барои ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои табиӣ арзёбӣ намуда, омодагии худро барои татбиқи саривақтии натиҷаҳои онҳо изҳор медорем.

Шомаҳмадов А.М. , Сафаров М.Т. – ходимони илмии Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ”

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса санаи 8 июни соли 2025, дар доираи иштирок дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус ва маросими оғози Даҳсолаи байналмилалии илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнусҳо ва маросими оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ солҳои 2025–2034 сурат гирифт. Ин сафар дар заминаи ташаккул ва густариши дипломатияи иқлимии Тоҷикистон як рӯйдоди муҳими сиёсиву илмӣ арзёбӣ мегардад. Он дар ҳассостарин марҳилаи ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои муҳити зист, об ва иқлим сурат гирифт.

Ташаббусҳои Тоҷикистон дар робита бо масъалаҳои муҳими глобалӣ, ба монанди пешгирии аз обшавии босуръати пиряхҳо, обу иқлим ба ҷаҳониён маълум аст ва саҳми Президенти кишвар дар ин раванд хеле бузург мебошад. Ин аст ки, дар фурудгоҳи байналмилалии Кот-д’Азури шаҳри Нитса, сарвари давлатро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Фаронса бо самимият истиқбол гирифтанд. Ҳайати расмии Тоҷикистонро дар ин сафар шахсонӣ калидӣ дар робита бо масъалаи обу иқтим, аз ҷумла вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири энергетика ва захираҳои об, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, директори Агентии обуҳавошиносӣ ва дигар ҳамроҳӣ мекарданд. Иштироки Пешвои миллат дар ду чорабинии сатҳи баланд Конфронси уқёнусҳо ва ифтитоҳи Даҳсолаи криосферӣ далели ҷиддии нақши фаъоли Тоҷикистон дар ташаккули сиёсатҳои ҷаҳонии обу иқлим мебошад. Тоҷикистон на танҳо ҳамчун кишвари дар ҳудуди худ дорои манобеи фаровони об, балки ҳамчун ташаббускори муҳимтарин тасмими СММ дар соҳаи об ва иқлим шинохта шудааст. Тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо имрӯзҳо ба як масъалаи доғ ва сарнавиштсоз табдил ёфтааст. Кишвари мо бо беш аз 13 ҳазор пирях, аз ҷумла пиряхи бузурги Ванҷях (Федченко), дар Осиёи Марказӣ ҳамчун сарчашмаи муҳими оби ширин шинохта шудааст. Даъвати Президенти Тоҷикистон ба маросими ифтитоҳи расмии даҳсола аз ҷониби Фаронса ва ЮНЕСКО нишонаи эътирофи байналмилалӣ ба ташаббусҳои созандаи кишвар мебошад. Даҳсолаи илмҳои криосферӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи фаҳмиши илмии ҷомеаи байналмилалӣ оид ба аҳамияти криосфера барои об, иқлим ва амнияти экологӣ роҳандозӣ шудааст. Барномаҳои ин даҳсола ҷалби муассисаҳои илмӣ, донишгоҳҳо, марказҳои обуҳавошиносӣ ва созмонҳои байналмилалиро дар бар мегиранд. Гузашта аз ин, Тоҷикистон метавонад дар доираи ин даҳсола бо пешниҳоди таъсиси марказҳои илмии омӯзишӣ, баргузории конфронсҳо ва ташкили шабакаи минтақавии ҳамкорӣ саҳми муассир гузорад.

Даҳсолаи байналмилалии илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), ки аз соли 2025 то 2034 идома хоҳад кард, бо пешниҳоди муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид. Ин иқдом дар пайи ташаббусҳои дигари Тоҷикистон, аз қабили Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018–2028", форуми байналмилалии об дар Душанбе ва Конфронси СММ оид ба об (Ню-Йорк, 2023), як марҳилаи нав дар сатҳи ташаккули дипломати ва илмии кишвар дар масоили глобалӣ мебошад. Пешниҳоди муштараки Тоҷикистон ва Фаронса дар бораи эълони даҳсолаи криосфера нишон медиҳад, ки ин ду кишвар нақши фаъоли илмӣ ва сиёсӣ дар мубориза бо оқибатҳои тағйирёбии иқлим мебозанд. Маҳз Тоҷикистон буд, ки бо роҳбарии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон масъалаи обро ҳамчун ҷузъи муҳими таъмини амният ва рушди устувор дар сатҳи байналмилалӣ матраҳ намуд. Иқдоми нав, яъне Даҳсолаи криосферӣ бештар ба омӯзиши пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба захираҳои об равона гардидааст. Дар заминаи таҳаввулоти иқлимӣ, махсусан дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки дар он ҳазорон пиряхҳо вуҷуд доранд, омӯзиши дақиқ ва ҳамоҳангшудаи криосфера аҳамияти ҳаётан муҳим дорад. Таъкиди Пешвои миллат ба пиряхҳо аз ҷумла ба он сабаб аст, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 13 ҳазор пирях мавҷуданд, ки ҳамчун манобеи оби ошомиданӣ ва кишоварзӣ барои тамоми минтақа аҳамияти стратегӣ доранд. Танҳо обшавии пиряхи Ванҷях калонтарин пиряхи минтақа метавонад дар оянда ба ноустувории гидрологии водиҳои поёноб боис гардад. Бо таваҷҷуҳ ба ин хатарҳо, ташаббуси Тоҷикистон дар сатҳи СММ оид ба криосфера саривақтӣ ва огоҳона мебошад. Тибқи маълумоти ЮНЕСКО ва Созмони ҷаҳонии обу ҳаво (WMO), то охири асри XXI зиёда аз 50 фоизи пиряхҳои минтақаҳои баландкӯҳи ҷаҳон эҳтимолан аз байн хоҳанд рафт. Ин тағйирот метавонад боиси пастравии миқдори об, афзоиши хушксолӣ ва фишор ба амнияти озуқаворӣ гардад.

Аз ин рӯ, агар аз нигоҳи таҳлилӣ назар афканем, иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси сеюми уқёнусҳо хеле муҳим буда, масъалаҳои ҷиддии марбут ба зарурати на танҳо, ҳифзи муҳити зист ва тағийрёбии иқлимро фаро мегирад, балки нақши Тоҷикистонро дар мубориза бо пешгирӣ аз обшавии пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ ва минтақаи фарогир бараъло нишон медиҳад. Зеро, уқёнусҳо, ки беш аз 70% сатҳи Заминро фаро мегиранд, дар гардиши об ва танзими иқлим нақши калидӣ доранд. Ташаббуси ҳамгироии мавзӯъҳои уқёнус ва криосфера дар як рӯзномаи амали байналмилалӣ нишонаи пайванди амиқи илмӣ ва сиёсати экологӣ мебошад. Дар ин раванд, нақши Тоҷикистон, ки бо 93%-аш кӯҳсор буда, дорои пиряхҳо ва манобеи оби минтақа аст, ҳамчун кишвари пайвандгари масъалаҳо, қобили эътироф аст. Тоҷикистон дар ду даҳсолаи охир ҳамчун давлати пешсаф ва ташаббускор дар сиёсати ҷаҳонии об шинохта шудааст. Аз соли 2003 то кунун чандин ташаббуси байналмилалӣ аз ҷониби Тоҷикистон ба СММ пешниҳод ва қабул гардидааст. Иштироки Тоҷикистон дар Конфронси сеюми СММ оид ба уқёнусҳо ва оғози расмии даҳсолаи криосфера идомаи мантиқии он иқдомҳост. Мамлакати мо дар самти ҳифзи сарчашмаҳои об, мониторинги пиряхҳо ва омодагӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим ҳамчун як маркази муҳими тадқиқотии табиии минтақа эътироф мешавад. Масалан чорабинии муҳими байналмилалӣ Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29 то 31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони беш аз 50 кишвар, муассисаҳои илмии ҷаҳонӣ ва созмонҳои СММ баргузор шуд, ҳамчун заминаи муҳими сиёсӣ ва илмӣ барои иштироки Тоҷикистон дар маросими оғози Даҳсолаи илмҳои криосфера дар Фаронса арзёбӣ мешавад. Дар ҳошияи ин Конфронс, пешниҳоди таъсис додани Форуми доимии ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи криосфера, эъломияи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки дар он зарурати ҳамкории фаромиллӣ ва дастгирии молиявӣ барои тадқиқотҳои криосферӣ таъкид шудааст, ва барномаи таҳияи харитаи роҳ барои мудирияти устувори пиряхҳо қабул гардиданд. Ҳамин пайвастагӣ ва тадриҷияти иқдомҳо нишон медиҳад, ки Тоҷикистон сиёсати иқлимии худро на дар шакли маъракаҳои алоҳида, балки дар доираи як равиши муттаасил ва стратегӣ амалӣ мекунад. Ин раванд метавонад ба тавсеаи нақши Тоҷикистон ҳамчун маркази минтақавӣ ва ҳамчунин саҳнаи муколамаи илмии ҷаҳонӣ дар соҳаи яхшиносӣ мусоидат намояд.

Ҳамин тавр, сафари кории Пешвои миллат ба Фаронса ҳамзамон ҷанбаҳои дипломатии муҳимеро бо худ дорад. Даъвати Президенти Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти Фаронса ва ЮНЕСКО ҳамчун меҳмони фахрӣ ва суханронӣ дар ифтитоҳи расмии чорабиниҳо, баёнгари эътибори рӯзафзуни Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Дар пасманзари таҳаввулоти геополитикӣ ва афзоиши нигарониҳо оид ба муҳити зист, эътирофи ташаббусҳои Тоҷикистон боиси болоравии нуфузи дипломатияи обу иқлими кишвар гардидааст. Бояд тазаккур дод, ки дар доираи ифтитоҳи Даҳсолаи криосферӣ ташкили минбарҳои илмӣ ва таҳқиқотии муштарак байни кишварҳо, аз ҷумла таъсиси марказҳои минтақавии омӯзиши пиряхҳо, аз ҳадафҳои асосии ин чорабинӣ мебошад. Тоҷикистон, ки аллакай иқдом ба таъсиси Маркази ҳамоҳангсози минтақавии омӯзиши пиряхҳо дар шаҳри Душанбе намудааст, метавонад дар татбиқи ин даҳсола нақши марказиро иҷро кунад. Дар умум, сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса дар таърихи дипломатияи экологӣ ва обии кишвар ҳамчун як қадами дигар дар самти таҳкими мақоми байналмилалии Тоҷикистон сабт мегардад. Он нишон дод, ки Тоҷикистон на танҳо дар сатҳи сухан, балки дар сатҳи амал низ дар масоили обу иқлим ташаббускор ва масъулиятшинос аст. Ин сафари муҳим инчунин заминаи мусоидро барои ҳамкориҳои минбаъда бо кишварҳои пешрафта, созмонҳои байналмилалӣ ва марказҳои илмии ҷаҳон фароҳам овард. Он метавонад ба ҷалби сармоягузорӣ, омӯзиши кадрҳо ва густариши дипломатияи илмӣ боис гардад. Дар охир метавон гуфт, ки сафари мазкур як гоми устувор дар амалӣ намудани дипломатияи сабзи Тоҷикистон буда, ба ташаккули низоми нави ҳамкориҳои глобалӣ дар соҳаи обу иқлим мусоидат мекунад. Дар замоне, ки ҷаҳони муосир бо хатарҳои глобалии муҳити зист рӯ ба рӯст, садои Тоҷикистон ҳамчун садои омӯзишу илм, эҳтиром ба табиат ва масъулияти байналмилалӣ акс медиҳад, зеро Тоҷикистон имрӯз ба як субъекти фаъоли сиёсати иқлимии ҷаҳон табдил ёфтааст.

Мадимарова Гулҳаё, ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

213123Ҷараёни таҳаққуқи ваҳдати миллӣ ва густариши худшиносӣ ва ифтихори миллӣ дар даврони навин бо номи фарзанди барӯманди халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон робитаи ногусастанӣ дорад. Маҳз Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон худшиносии миллиро ба унвони масъалаи бунёдии ҳаёти иҷтимоӣ ташхис додаанд ва роҳу равиши густариш ва такомули онро муайян намудаанд.Ҷаноби Олӣ нақши давлатро ҳамчун омили асосии инкишофи худшиносӣ ва муттаҳидсозандаи халқ таъин намуда, масъалаи ваҳдати миллиро бар садри иқдомоти густурдаи сиёсию иҷтимоӣ бардоштаанд.

Президенти кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бар онанд, ки худшиносии миллӣ тарбиятпазир буда, бо роҳи таълиму парвариши нек ва бо бедор намудани эҳсоси ифтихори таърихӣ ва ғурури миллӣ ба он суръат бахшидан мумкин аст.

Сарвари давлат худшиносиро дар таълимоти худ ҳамчун омили дарк намудани мақому манзалати инсонӣ, ҷустуҷӯйи ҳақиқату адолат ва озодиву истиқлол маънидод мекунанд ва нишон медиҳанд, ки маҳз эҳсоси худшиносии миллӣ халқи тоҷикро дар марҳалаҳои гуногуни таърихи дуру дароз ва пурфоҷеааш ба талошу муборизаҳо баҳри истиқлолу озодӣ раҳнамун сохтааст. Таъкид менамояд, ки бедории сиёсӣ ва худшиносии мардум буд, ки ҷумҳурии мо дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор гузошт.

Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи лозим бардоштани тафаккури худшиносӣ ва ташаккули инсони фаъоли шоистаи давлатдории навинро нахуст ба дӯши давлат ва, сипас, ба зиммаи равшанфикрони миллат, онҳое, ки бештар баёнгари ормонҳои милливу фарҳангӣ ҳастанд, мегузоранд. Сарвари давлат итминони қавӣ доранд, ки зиёиён метавонанд ғояи ваҳдати миллиро дар зеҳну шуури мардум ҷой карда, халқро барои якдигарфаҳмӣ омода созанд.

Тазаккури ин нукта лозим аст, ки дар таълимоти Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон категорияҳои «ваҳдати миллӣ» ва «худшиносии миллӣ» маънои тавъам доранд, зеро иттиҳоди одамон фақат дар заминаи огоҳӣ аз мавқеву мақоми шахсият ва дарки умумияти нажодиву фарҳангӣ ва таърихиву иҷтимоӣ сурат мепазирад. Инсон омили ҷараёни таърих аст ва таърих вақти муҷассами рушди ҷомеаи инсонӣ аст. Давронҳои гузаштаро вақте таърих меноманд, ки аз он давронҳо осори моддию маънавӣ ба ёдгор мондааст, ки барои тамаддуни баъдина ба унвони замина арзёбӣ мешавад. Аз ин лиҳоз инсон фақат андаруни ҷомеа, ки барои рафъи ниёзҳои ҷисмонӣ ва рӯҳонии худ неъматҳои моддӣ ва маънавӣ ба вуҷуд меоварад, метавонад шахсият бошад.

Ба шакли нав даровардани худшиносӣ тақозои шароити нави таърихист, ки аз моҳияту мундариҷаи истиқлол бармеояд. То ин даврон, ки худшиносӣ бештар дарки ҳамбастагии ирқиву нажодӣ буд, акнун бояд, ки моҳият ва маънои сиёсиро низ касб кунад. Яъне шахсият худро на танҳо омили ҷамъияти этникӣ, балки низ ҳамчун ҷузъи фаъоли омили сиёсӣ ва сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ шиносад.

Дар парвариш додани тафаккури сифатан нави худшиносӣ, ки маънои мутобиқат кунонидан ба арзишҳои тамаддуни имрӯзро дорад, омили таърихиву фарҳангӣ нақши муайянкунанда дорад. Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин нукта гуфтаанд:

«Эҳёи худшиносӣ бе тафаккури таърихӣ номумкин аст. Мо роҳи худшиносӣ ва эҳёи халқамонро пазируфта, ба мероси гузашта ҳамчун манбаи зиёбахши бунёди ҷомеаи нав, ваҳдати ҷумлаи тоҷикон ва тамоми халқи Тоҷикистон эҳтиром мегузорем».

Дар пайвастагӣ бо ин андешаи баланд афзудани ин нукта лозим аст, ки «мероси гузашта» ва «тафаккури таърихӣ» бо халқе иртибот дорад, ки бархурдор аз пешинаи боифтихор ва собиқаи бошукӯҳи илмиву фарҳангӣ ва маънавию ахлоқӣ аст. Маҳз ҳамин заминаҳои боэътимоди таърихиву фарҳангӣ ва маънавию ахлоқиро Президенти кишвар ҳамчун меъёрҳо ва омилҳои густариш ва таҷаддуди худшиносии миллӣ муайян намудааст.

Забон ва адабиёт

Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон забонро «омили асосии рушду камоли миллат ва давлат» тавсиф намуда, таъкид мекунанд, ки омӯзишу фарогирии бештари онро ба роҳ монем. Сарвари давлат бар он аст, ки «забони ҳар миллат ёдгории азизест, ки решаи он аз сарчашмаи чандин наслҳои нажоди ӯ об хӯрда, мояи ифтихору худшиносии наслҳои баъдина мегардад».

Мояи ифтихору худшиносӣ будани забони тоҷикӣ қадимии ӯ ва масолеҳи бинои бегазанди сухани асили аҷдоди бузурги тоҷик будани ӯст.

Умри дарози забони тоҷикӣ нишонаи барҷастаи пойдории миллати тоҷик ва бартарии тамаддуни ӯ бар фарҳанги бегонагон - ғосибони давлати тоҷикон - аст.

Ин забони шевову равону салис ва латифу хушоҳанг дар марҳалаҳои гуногуни муборизаи соҳибзабонон баҳри дифои фарҳангу тамаддуни хеш бар мисоли шамшер қавӣ ва душманшикан будааст. Ин лафзи пурлатофати ошиқона гоҳо чун наъраи шери жаён ба дилҳои ҳасудон ва душманони миллати тоҷик биму ҳарос меандохтааст.

Мавҷудияти забони мукаммали тоҷик ва шоҳкорҳои адабиву илмӣ ба ин забон мӯҷиб шуд, ки халқи тоҷик дар тӯли ҳазор соли бенасибӣ аз давлату давлатдорӣ аз байн наравад. Зеро онҳое, ки бар ӯ ҳукумат мекарданд ва ӯро дар панҷаи зулму асорат нигоҳ медоштанд, ҳамвора ниёз ба забони ӯ ва неруи эҷодкориву созандагии ӯ доштанд. Забони тоҷикӣ - офаридаи миллати тоҷик - нигаҳбони ҳастии ӯ дар тӯли садсолаҳо гардид.

Шукри неъмати истиқлол, ки забони тоҷикӣ дар гаҳвораи худ боз аз сари нав, чун ҳазор сол пеш, забони расмӣ шуд ва мақоми пешина ва деринаи худро касб кард.

Зикри ин нукта муҳим аст, ки забони тоҷикӣ бар иллати носозгориҳои ҳаводиси беамони таърих, бо он ки дар осори адибон, олимон ва маорифпарварон роҳи тараққӣ ва такомулро мепаймуд, дар нутқи соҳибони забон ғановати пешинаашро аз даст дод. Ҳарчанд ки пас аз Инқилоби Октябр халқи тоҷик ба маҷрои густариши забону адабиёт ворид гардид, ба сабаби расмӣ набудани забони тоҷикӣ ва русӣ будани забони осори илмҳои дақиқ, таъриху фалсафа, сиёсатнигорӣ ва иҷтимоънигорӣ доираи равнақу густариши он маҳдуд гашт. Забони тоҷикӣ мунҳасиран забони маишӣ ва забони адабиёти миллӣ гардид, дар осори бадеӣ, ки ба ҳазорон ришта бо тамоми илмҳо пайваст аст, низ латофату зебоии замони Рӯдакиву Фирдавсӣ ва Ибни Синову Хайёмро гум кард.

Хусусияти хосси забони тоҷикӣ ин аст, ки забони адабӣ аз забони гуфтугӯйӣ фарқи назаррас дорад. Бар ҳасби шароити таърихӣ ва мавқеи ҷуғрофии ватани тоҷикон соҳибзабонон дар маҳаллу нуқоти гуногун ба лаҳҷаҳо ва шеваҳои мутафовут ҳарф мезананд. Бо назардошти чунин вазъи истифода аз забони тоҷикӣ ҳанӯз дар ибтидои асри гузашта устод Садриддин Айнӣ бар садад баромада буд, ки дар тамоми марзу нуқоти Тоҷикистон забони ягонаи адабии тоҷикӣ - забони меъёрро интишор диҳад. Устоди бузурги адабиёти тоҷик бо мақсади ҳарчи зудтар ва осонтар ба зеҳну тафаккури аҳли миллат расонидани калимаҳои забон таркиби луғавии онро аз калимаҳои душворҳазми арабиасос ва луғатҳои пурдабдабаву пуртакаллуф покиза намуда, аз ҳисоби калимаҳои барои бештари маҳалҳо шинос ва маъмул забони адабии ҳозираро тадвин намуд. Вай таълим медод, ки забонро фақат ба тарзи амалӣ мешавад фаро гирифт. Аммо раванди минбаъдаи омӯзиши забон, ки ба дасти дигарон, онҳое, ки аз фарҳанги пешрафтаи миллати рус дар мавриди лозиму нолозим пайравӣ мекарданд, афтод, бар хилофи нишондодҳои устод ҷараёни дигареро пеш гирифт.

Барои ҳар миллати мутамаддин пеш бурдани тамоми илмҳои муосир зарур аст. Бидуни шубҳа, илми забоншиносии тоҷик аз илмҳоест, ки пешрафти хосcаеро касб кардааст. Вале дар мавриди омӯзиши рукни асосии фарҳанги миллат, ки он ҳамоно забон аст, бояд хеле боназокат ва эҳтиёткорона рафтор кунем. Дар ин маврид вазифаҳои мактаби миёна ва мактаби олиро аз ҳам ҷудо намоем. Мактаби ибтидоӣ ва миёна ҷойи савод омӯхтан ва дониш андӯхтан; ва мактаби олӣ ҷойи фаро гирифтани илм ва конуни омӯзиши роҳу усули тадқиқот ва таҳқиқоти илмӣ аст.

Эҳтиром гузоштан ба забони миллӣ омӯхтану аз бар кардани он аст. Инсон, вақте ба чизе дил мебандад, шефта мегардад, ки онро донад ва бо мафҳуму моҳияти он ошно бошад.

Имрӯзҳо дар кӯчаву хиёбонҳо, дар даромадгоҳи баъзе идораву корхонаҳо ва ҳатто дар рӯзномаҳо навиштаҳоеро мушоҳида мекунем, ки бо бемантиқӣ ва хатову ғалатҳои имлоӣ табъи касро хира мекунанд. Онҳое, ки ин лавҳаҳову шиорҳову байтҳои шоирони бузургро дар ҳадди бесаводӣ навиштаанд, оё мактаб нахондаанд? Мактаб хондаанд, вале онҳоро ба тарзи дуруст навиштану гуфтан наомӯзонидаанд.

Вазифаи асосии мактабу маориф имрӯз ба насли наврас омӯзонидани забони умумитоҷикӣ - забони меъёр, забоне, ки бояд батадриҷ забони тамоми тоҷикон, новобаста аз маҳаллу минтақаи зисташон, гардад, мебошад.

Омӯхтан ва ба малакаи гуфтори ҳамешагӣ табдил додани забони адабии тоҷикӣ на фақат аҳамияти фарҳангӣ, балки аҳамияти сиёсӣ дорад. Имрӯзҳо мушоҳида кардан мумкин аст, ки шеваи гуфтори як маҳал ё минтақа барои намояндаи маҳал ё минтақаи дигар мӯҷиби тамасхур ва писханд мегардад. Ҳатто баъзеҳо аз гуфтори маҳалли дигар, ки ба назарашон аҷиб намудааст, латифаҳо бофта, дар чойхонаҳо ва дар тӯю маъракаҳо ба ҳамсуҳбатон бо обу ранги махсус нақл менамоянд. Албатта, ин зуҳуроти номатлуб дар мамлакат ҷанбаи саросарӣ надорад, вале мавҷудияти онро касе наметавонад инкор кунад.

Аз ин лиҳоз интишор ва густариши забони умумитоҷикӣ метавонад ин гуна зуҳуротро аз байн бурда, омили ваҳдату ягонагӣ ва ба партоби таърих сарнагун шудани ҳисси маҳалгароӣ ва худхоҳӣ гардад.

Адабиёт, чун дигар ҳунарҳои бадеӣ, тимсоли ҷанбаи офаридгорӣ доштани рӯҳи инсон аст. Эҷодкор бо тасвир кардани манзараҳои ҳаёти инсон ва ба он дамондани рӯҳи зиндагӣ ташнагиҳои неруи созандагӣ ва офаридгории худро таскин медиҳад. Вай тавассути образҳо муносибатҳои мураккабу печидаи инсонӣ, тазодҳои зиндагӣ ва нокомилии расми ҳаётро ба намоиш мегузорад ва ба ин васила одамонро ба адлу дод, ба эҳтироми якдигар ва ғанимат шуморидани лаҳзаҳои зиндагӣ даъват мекунад.

Инсон дар зоти худ мушоҳидагари рафтори дигарон аст. Неку бадро дар дигарон нисбат дар худ бештар ва зудтар дарёб мекунад. Аз ин лиҳоз осори бадеӣ дар парваридани ҳисси дарёфти неку бад, ҳаққу ботил ва зишту зебо аҳамияти бузурги тарбиявӣ дорад.

Аз сабаби адабиётро аз сарчашмаҳои муҳими худшиносӣ муайян намудани Президенти кишвар ва дастуру пешниҳодҳои дахлдори ӯ ҳамаҷониба омӯхтани осори ниёгони бузург ва баҳра бардоштан аз афкори файласуфона ва ҳакимонаи аҷдод ва адибони муосир вазифаи ҳар шахсест, ки худро вориси осори шуҳратманди адабиёти оламшумули тоҷик медонад. Дар зимн Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат таъкид мекунанд, ки ифтихор аз фарҳанги миллӣ, ки забону адабиёт аз унсурҳои асосии он мебошанд, набояд заминаи худхоҳӣ ва миллатгароӣ гардад. Тоҷикон бояд, дар баробари ба хубӣ фаро гирифтани забони модарӣ, ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ таваҷҷуҳ дошта бошанд. Зеро ҳамкории байналхалқӣ, ки аз шарти пешрафти ҳар ҷомеаи мутамаддин аст, бе донистани забонҳои асосии ҷаҳони муосир имконнопазир аст.

Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бо зикри он ки забони тоҷикӣ «барои он зинда ва поянда монд, ки ҳиссиёти бародарӣ, якдигарфаҳмӣ ва равшан намудани роҳи ваҳдату бунёдкориро софдилона ва тоҷикона сутудааст», итминон доранд, ки «ба ин суннати олии забонамон содиқ будан шарафи бузург аст».

Робитаҳои ҳамаҷонибаи минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар

Омили дигаре, ки ба густариши худшиносии миллӣ ва таҳкими ваҳдату ягонагии миллати тоҷик ва халқҳои Тоҷикистон мусоидат мекунад, суръат бахшидан ба равобити густурдаи истеҳсолӣ, фарҳангӣ ва иттилоотии байни минтақаҳои мухталиф ва вилоёту шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мебошад.

Аҳамияти бузурги суръату сифат бахшидан ба робитаҳои густурдаи байни аҳолии минтақаҳои ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама, алоқаманд бо иҷрои мақсадест, ки он аз беху бум решакан кардани ҳисси худхоҳӣ ва маҳалгароиву минтақагароӣ аст.

Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар марҳалаи таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва боз ҳам бо алоқаи зич пайванд додани минтақаҳо, ки он яке аз омилҳои муҳими ваҳдати миллӣ ва ягонагии тамоми халқҳои Тоҷикистон аст, ба унвони таъйиди вазъияти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли он изҳори ақида намудааст, ки «дар Тоҷикистон барои ташаккули ваҳдати миллӣ монеаҳои зиёде дар шакли омилҳои маънавӣ, иқтисодӣ ва ҷуғрофӣ мавҷуданд.

Барои бартараф кардани онҳо аз байн бурдани таассуби мазҳабию мафкуравӣ, маҳалгароӣ, таъмини омӯзиш ва эҳтироми арзишҳои маънавию фарҳангии Тоҷикистон, аз сатҳи ифодаи маромҳои маҳал ба савияи баёнгари манфиатҳои миллӣ баровардани фарҳангу санъати касбӣ зарур аст.

Аз ҷиҳати дигар, барои ягонагии миллӣ шароити табиӣ ва тарзи зисти сокинони Тоҷикистонро бояд ба эътибор гирем. Зеро мардум аз сабаби доимо мавҷуд набудани роҳҳои оҳан, ҳавоӣ ва мошингард имкон надорад, ки тамоми фасли сол бо якдигар робитаю алоқа ва мубодилаи озодона дошта бошад.

Аз ин рӯ барои бо ҳам наздик кардани сокинони минтақаю маҳалҳои гуногун ва таъмини иттиҳоди миллӣ кушодани роҳҳои доимии ҳавоӣ, роҳҳои оҳан ва мошингард, ташкили бозорҳо, намоишгоҳҳо, корхонаҳои муштарак, саҳомӣ ва монанди инҳо лозим аст».

Президенти мамлакат нақши зиёиёни эҷодкор ва аҳли фарҳангу ҳунарро дар ин замина басо муассир ҳисобида, дастур медиҳад, ки онҳо дар парвариши ҳисси ваҳдату ягонагӣ бояд бештар аз ҳар вақт фаъол бошанд:

«Зиёиёни мо метавонанд мафкураи ваҳдати миллиро дар зеҳну шуури мардум ҷой карда, халқро барои якдигарфаҳмӣ омода созанд. Хуб мешуд, агар равшанфикрони хуҷандии мо ба водии Ғарм рафта, аз аҳволи мардуми он ҷо хабар гиранд, халқро дилпур созанд. Бигузор, зиёиёни Ҳисору Хатлон ба Помир рафта, бо мардум вохӯранд ва аҳли ҳунари Бадахшон ба Хатлону Ҳисор ва Хуҷанду Исфара сафар намоянд».

Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат бо хотиррасон кардани ин, ки «ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ, кӯшиши пойдору устувор нигоҳ доштани Ватани аҷдодӣ мавзӯъҳое ҳастанд, ки ҳамеша диққати аҳли илму адабро ба худ ҷалб менамуданд», бо овардани мисолҳое аз таърихи дуру наздики миллат ин нуктаро таъйид мебахшад ва таъкид мекунад, ки насли эҷодкори имрӯз на фақат вориси осори бузурги аҷдоди худ, балки пайрави фаъолиятҳои ватанпарварона ва миллатдӯстонаи онҳо бошанд: «Фирдавсии бузургро бе Ватани азизаш тасаввур кардан имкон надорад. «Шоҳнома» дар замоне эҷод гардид, ки ҳокимияти миллии мо - Давлати Сомониён - рӯ ба шикаст ниҳод, аз сӯйи дигар, арзишҳои бостонии Аҷамро арзишҳои сифатан нави исломӣ фаро мегирифт. Ва Фирдавсӣ тавонист, ба ранҷу азоби тоқатфарсо нигоҳ накарда, бо сухани ҷаззоби шоирона Аҷамро аз нав зинда карда, мероси бузурги фарҳангӣ ва анъанаҳои ватандӯстии халқашро барои наслҳои оянда ёдгор бимонад. Ё дур нарафта адибони асри худамонро гирем.

Маҳз ғурури миллӣ, кӯшиш барои бақои Ватан ва нигоҳ доштани фарҳанг ба Садриддин Айнӣ имкон дод, ки очерки пурмуҳтавои «Темурмалик»-ро нависад. Ба азобу шиканҷа ва калтаккӯбиҳо нигоҳ накарда, устод Айнӣ таърихи адабиёти моро эҷод кард. Вай собит намуд, ки халқи тоҷик на танҳо вуҷуд дорад, балки дорои тамаддуни бостонӣ ҳам мебошад.

Мирзо Турсунзодаи ҷавон на фақат бо шеърҳои хубаш, балки ҳамроҳи ҳазорҳо ватандӯст кӯҳҳои касногузарро шикофта, ба маркази Помир роҳ баровард. Мирсаид Миршакару Боқӣ Раҳимзода, Раҳим Ҷалилу Сотим Улуғзода дар водии Вахш, каналҳои калони Фарғонаю Ҳисор ҳамроҳи халқи худ кор карда, ба заҳмати бунёдкоронаи мардум рӯҳу илҳом мебахшиданд. Чунки ба онҳо маҳалгароӣ бегона буд. Онҳо фарзандони Ватани ягона - Тоҷикистони азиз - буданд.

Фидокории Бобоҷон Ғафуров, ки барои Ватани азизаш ҳам бо қалам ва ҳам бо кори амалӣ хизмати арзанда кардааст, чӣ тавр фаромӯш мешавад? Китоби ҷовидонаи ӯ «Тоҷикон» муосирони моро бо таърихи Ватан пайваст. Дар давраи маҳви бесаводӣ садҳо фарзанди бомаърифат аз Хуҷанду Исфара, Конибодом, Истаравшан, Панҷакент, аз шаҳрҳои тоҷикнишини Узбекистон дар Ғарму Кӯлоб кор карда, ба ҳамватанони худ савод меомӯхтанд. Дар ҳамон вақт ҳам ҷанг буд, дар ҳамон вақт ҳам гуруснагӣ, домана ва дигар бемориҳо гиребонгири халқамон буданд. Вале ба хотири Ватан ҳеҷ кас аз мушкилӣ намеҳаросид».

Иллати вазъи ҷуғрофӣ ва дар миёни минтақаҳои тоҷикнишин бо сукути сангин қарор гирифтани силсилаи кӯҳҳои бузург аз замонҳои хеле қадим робитаҳои густурдаи миёни тоҷиконро дар ҳадди ниҳоят душвор мегардонид. Ва ҳатто имрӯз бо мавҷуд будани роҳҳои мошингард, ки минтақаҳоро, бо роҳи дуру дароз бошад ҳам, мепайвандад, дидорбиниҳои тоҷикон мавсимӣ аст. Ин роҳҳои кӯҳӣ, ки аз фарози ағбаҳои баланду бимнок мегузаранд, ҳанӯз аз охири фасли тирамоҳ бо барфу яхи фаровон пӯшида шуда, то ба оғози фасли тобистон имконияти рафтуомади автомобилҳоро ба рӯйи мусофирон мебанданд.

Албатта, фақат ҳамин далел омили асосии зуҳур намудани падидаи номатлубе, ба мисли маҳалгароӣ ва минтақагароӣ, набошад ҳам, яке аз сабабҳои аслии он ба шумор меравад.

Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди зикр намудани феҳристи монеаҳое, ки дар сари роҳи густариши ваҳдати миллӣ қарор доранд, ба омили ҷуғрофӣ, яъне роҳҳо, аҳамияти хосса медиҳанд. Президенти кишвар роҳро ба шоҳраги пайкари инсон шабоҳат дода, таъкид мекунанд, ки барои ҷумҳурии мо, ки наваду се фоизаш кӯҳсор аст, роҳҳо аҳамияти стратегӣ доранд.

Бо ибтикори шахсӣ ва бо роҳбарии бевоситаи Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат бунёд гардидани шоҳроҳи байналхалқии мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Қулма-Қароқурум, роҳи оҳани Бохтар-Кӯлоб, туннелҳои Истиқлол, Шаҳристон, Хатлон ва Озодӣ далели ғамхории Президенти кишвар барои даст ёфтан ба қуллаҳои баланди ваҳдату ягонагӣ ва дӯстиву бародарии тамоми тоҷикон ва халқҳои Тоҷикистон аст.

Хотиррасон кардан ва таъкид намудани Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сайре дар таърихи гузашта ва даҳсолаҳои начандон дур, ки бо вуҷуди монеаҳои зиёди маънавӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ ниёгони мо баҳри баланд бардоштани савияи маънавии халқ, ташаккул додани ҳисси ифтихор аз Ватани маҳбуб ва бо алоқаи мустаҳкам ба ҳам пайвастани афроди миллат аз худ намунаҳои барҷастаи фидокорӣ ва қаҳрамонӣ нишон медоданд, бар он равона карда шудааст, ки зиёиёну равшанфикрон, ҳунармандон, роҳбарони иттиҳодияҳои эҷодӣ, шоирону нависандагон ва, умуман, ҳар касе, ки ободии Ватан ва ваҳдату ягонагии халқи кишвар барояш азиз аст, аз мушкилоти мавҷуда наҳаросида, фаъолияти хешро аз доираи маҳдуди маҳаллу минтақа ба фазои умумимиллӣ ироя диҳанд. Дастовардҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва ахлоқии як минтақа ё маҳал ба таври мустақим мавриди табодул бо аҳолии дигар маҳаллу минтақаҳои ҷумҳурӣ қарор гирад. Хурсандиовар аст, ки дар заминаи дастурҳо ва нишондодҳои Президенти мамлакат корҳои зиёде ба марҳалаи иҷро расидаанд. Рӯзҳои фарҳангу маданияти Бадахшон дар Душанбе, ҳафтаи фарҳангу ҳунари вилояти Суғд дар вилояти Хатлон ва, баръакс, сафари кишоварзони ноҳияҳои вилояти Хатлон ба вилояти Суғд, сафарҳои ҳунарии театрҳои касбии вилояти Хатлон ба Душанбе ва ба дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва даҳҳо чунин маъракаи муҳим ба сифати беҳтарин намунаҳои рушду густариши робитаҳои доимии байни минтақаҳо ва маҳалҳои Тоҷикистон хидмат мекунанд.

Вазифаи дигаре, ки Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳалли онро муҳим мешуморанд, ин ҷараён додани роҳу усули баҳрабардории тамоми мардуми Тоҷикистон аз ҷойҳои таърихӣ ва музейҳои шаҳру навоҳии мухталифи мамлакат аст.

Ҳудуди Тоҷикистони имрӯза, ки мазҳари таърихи қадимтарин ва гаҳвораи тамаддуни нажоди ориёӣ аст, дар ҳадди аксари минтақаҳо ҷойҳое ҳастанд, ки нишонаҳои ҳунари воло, катибаҳо, олоту афзори ниёгон дар асари ҳафриёти бостоншиносон аз қаъри хок берун шуда, бо забони безабонӣ аз шукӯҳу таҷаммули рӯзгорони дури пешиниён ҳикоятҳои аҷибе мекунанд.

Натиҷаҳои ҳафриёти бостоншиносӣ ва шарҳу тафсири мукаммали онҳо дар китобҳои зиёд ва дар авроқи бешумори ҳисоботи илмӣ сабт шудаву маҳфузанд. Онҳо, бидуни шубҳа, чун сарчашмаҳои дороии илмӣ барои миллат хидмат мекунанд. Вале бозёфтҳои бостоншиносӣ ва натиҷаҳои тадқиқоти таърихиро дар хидмати умум ва мавриди мушоҳидаи бевосита қарор додан ба мақсаду ҳадафҳои рӯз мувофиқ аст.

Созмон додани рӯзҳои музейи як минтақа ё як шаҳр дар шаҳру ноҳияи дигар дар кори осон намудани шиносоӣ бо бозёфтҳои таърихӣ ва кишваршиносӣ хеле судманд хоҳад буд. Бигузор, масалан, кормандони музейи вилоятии шаҳри Хуҷанд экспонатҳои марбут ба таърихро барои чанд муддат ба маркази вилояти Хатлон биоваранд. Ё ин ки музейҳои шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб ҳамин гуна экспонатҳоро барои чанд ҳафта дар маърази тамошои хуҷандиён ва бошандагони шаҳру ноҳияҳои ҳамсоя қарор диҳанд.

Роҳи дигари ҳалли масъалаи шиносоии тоҷикистониён бо осори бостоншиносии минтақаҳои мухталифи мамлакат тартиб додани албомҳои бостоншиносӣ бо шарҳу тафсири мукаммал ва бо забони содаву равон ва роҳнамоҳои шаҳрҳои бостонӣ ва ҷойҳои таърихӣ аст.

Воситаи дигари муассир ва мувофиқ тартиб додани барномаҳои махсуси телевизионӣ бо ҷалб намудани бостоншиносон ва олимони риштаи таъриху фалсафа аст. Бардоштани филмҳои мустанад ва ё ба забони тоҷикӣ баргардонидани чунин филмҳое, ки дар хазинаи кинои тоҷик мавҷуданд, дар ҳалли масъалаи мазкур то дараҷае саҳм мегузоранд.

Барои ҳар як шахси аз таърихи миллат андаке огоҳ маълум аст, ки халқҳои тоҷику эрониву афғонистонӣ пешинаи муштарак доранд ва зиндагиашон аз як сарчашмаи пурфайзе, ки аҷдоди умумиамон ба вуҷуд овардаанд, шодоб аст. Дар замони дури таърихӣ - мазҳари асотиру ривоятҳои муъҷизанамо, - ки ҳатто таърихшиносон дар абҳоми он раҳгум мезананд ва умри сарчашмаҳои ахлоқиву маънавии аҷдоди моро гоҳо ба ҳафт ҳазор сол ва баъзан ба шаш ҳазор сол муайян мекунанд, ниёгони мо дар паҳнои бузурге, ки имрӯз якчанд давлатҳои мустақил ҷой гирифтаанд, дар давраҳои мухталиф ба авҷи тараққиёте, ки ҳатто аз нигоҳи имрӯз касро ба ҳайрат меоварад, расида будаанд.

Нишонаҳои ин тамаддуни баланд, ки дар шакли харобаҳо пас аз ҳуҷуми лашкари юнонӣ ва сипас дар асари харобкориҳои шадиди арабҳо боқӣ мондаанд, қисман дар ҳудуди Тоҷикистон ва Эрон воқеъ ҳастанд. Баҳрабардорӣ аз осори зерихокӣ, ки дар Тоҷикистон мавҷуд аст, ба ҳар навъе, барои миллати тоҷик дастрас ҳаст. Аммо осори зерихокӣ, сангнабиштаҳо ва боқимондаҳои хароби Чиҳилсутун, Тахти Ҷамшед, Бесутун, Нақши Рустам, Истахр (Персиполис), Наҳованд, ки намунаи барҷастаи ҳунари воло ва маданияти баланди ниёгон мебошанд, ба далели равшани дар фазои мустақили сиёсиву ҷуғрофӣ воқеъ буданашон аз дидаҳои тоҷикон пинҳон мондаанд. Ва низ ба ҳамин сабаб аст, ки тоҷикон наметавонанд оромгоҳи бузургони илму адаби хешро зиёрат кунанд ва бӯйи турбати пурғурбати онҳоро эҳсос намоянд.

Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои техникӣ ва полиграфӣ ин монеаҳоро бартараф намуда, бо воситаи табъу нашри албомҳо ва ба навор бардоштани ҷойҳои алоқаманд бо зиндагӣ ва оромгоҳҳои Абулқосим Фирдавсӣ, Ибни Сино, Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз, Камол пайванди бештари гузаштаву имрӯзро ба даст биоварем.

Зикри ин нукта муҳим аст, ки чун дар Эрон, ки аз оромгоҳи бузургон соле зиёда аз панҷ-шаш миллиён алоқамандони таъриху тамаддун ва шефтагони шеъру ҳикмати олии ниёгон дидан мекунанд, мақбараи устод Рӯдакиро ба зиёратгоҳи ҳар шахси ватандӯст ва қадршиноси рисолати бузурги устоди шоирони Аҷам табдил диҳем. Муҷассамаҳои Исмоил Сомонӣ, устод Рӯдакӣ, ҳаким Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Камоли Хуҷандӣ, устод Айниро дар ҳолати олии меъморӣ ва таҷаллои дархури шаъну эътибор ва мақому мартабаи таърихиашон нигоҳ дорем. Вале самимитарин арзи сипос аз ин симоҳои бузурги таъриху Ватану миллат гиромидошти ғояҳои ватандӯстӣ, озодиву истиқлол ва ваҳдату ягонагии мардуми Тоҷикистон аст.

Ҳалли масъалаҳои мазбур, ки аз нишондодҳои Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, заминаи боэътимоде барои парвариш ёфтани ҳисси худшиносӣ, ифтихори таърихӣ ва ваҳдату ягонагӣ хоҳад шуд.

Зафар Сайидзода, мудири шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих

123123То фарорасии 28-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ вақти зиёде намондааст. Ҷойи ифтихор аст, ки тайи ин солҳо халқи соҳибхиради тоҷик бо иттифоқу иттиҳод , дасти ҳам бигрифта, ба сӯи мақсади наҷиб – таъмини рушди устувор ва шукуфоии бештари Тоҷикистон роҳ пеш гирифтааст. Воқеан ҳам дар луғатҳо низ омадааст, ки иштироки ҳама афроди миллат дар амал ва мақсад ваҳдат ном дорад. Аммо набояд, фаромӯш кард, ки роҳи расидан ба сулҳ барои Тоҷикистон тахту ҳамвор набуд…

— Бале, тай кардани ин роҳ барои мардуми мо осон набуд. То оғози музокирот як таҷрибаи санҷидашудае вуҷуд надошт. Сарвари ҷавони давлат Эмомалӣ Раҳмон он вақт танҳо ду ситораи қутбнамо дошт, яке Конститутсияи Тоҷикистон ва дигаре иродаи халқи тоҷик. 27 июни соли 1997 бо шарофати хиради азалии тоҷикон ва кӯшиши талошҳои беназир ва хастанопазири Сарвари давлат дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид.

Раиси Шӯрои Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар фарзандони ватанпарасту миллатдӯст баъд аз мухолифатҳо ва ҷангҳои таҳмиллӣ, баъди давраҳои зиёди музокирот ба ихтилофот хотима гузошта, ба қавли устод Лоиқ Шералӣ, ба сулҳи деринтизор расиданд.

Дар назди Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ иҷрои вазифаҳои бисёр душвор, аз қабили таъмини сулҳ, баргардонидани муҳоҷирин ба Ватан, сарҷамъ намудани миллат ва сохтмони давлатдории тоҷикон меистоданд. Ҷаноби Олӣ ба душвориҳои зиёд нигоҳ накарда, дар роҳи таъмини сулҳ дар Тоҷикистон корҳои зиёдро анҷом доданд сулҳу суботро барқарор намуданд.

Музокирот бо мухолифин аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни 1997 дар Афғонистон, Покистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Россия идома кард. Барои ба сулҳу субот расидан 9 давраи музокирот, 6 мулоқоти сарон ва 21 маротиба музокироти ҳайатҳо сурат гирифт, 40 санаде ба имзо расиданд, ки тақдири ояндаи давлати тоҷикон ва таъмини сулҳу салоҳро дар Тоҷикистон ҳал намуданд.

Қувваҳои посдори сулҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, миёнаравиҳои самарабахши Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо, Созмони Конфронси Исломӣ, Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх барои барҳам додани муноқишаи тоҷикон нақши назаррас бозиданд.

Миллати тоҷик таҳдиди аз байн рафтани давлатро эҳсос намуда, дар атрофи фарзанди фарзонаи худ Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, давлати миллии худро, ки натиҷаи орзӯю ормонҳои ҳазорсола буд, аз хатари парокандашави эмин нигаҳ дошт.

Дар солҳои пурхатари ҷанги шаҳрвандӣ маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавре мегӯянд, ҷон ба каф гирифта, барои гуфтушуниди сулҳ бо мухолифин ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рафтанд ва ба раванди гуфтушуниди сулҳи тоҷикон оғоз бахшиданд. Дар ин ҷараён борҳо бо Президенти вақти Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ вохӯрдаю дар бораи расидан ба сулҳи сартосарӣ табодули андеша намудаанд. Бурҳониддин Раббонӣ паёми ҷиддие изҳор намуда буд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: «Ман мехостам бигӯям, ки бародари ман Эмомалӣ Раҳмон ҷавонмарди баномуси точик аст. Эмомалӣ Рахмон як шонси тоҷикон ва Тоҷикистон аст…»

Сарзамини Тоҷикистон пур аз ганҷ аст, аммо барои давлату миллати тоҷик аз ваҳдати миллӣ дида гаронбаҳотар ганҷе нест!

Барои миллати тоҷик Рӯзи Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин санаи таърихист. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ дар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба панҷумин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ва намунаи ибрати он барои Афғонистон 17 июни соли 2002 чунин гуфта буданд: «27 июн бешубҳа, дар таърихи мамлакати мо ҳамчун санае сабт хоҳад ёфт, ки фоҷиаи аз сар гузаронидаи мо, зарурати ҳамеша ҳифз намудани сулҳу осоиш ва таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти мамлакатро хотиррасон месозад».

Бархӯрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат, кӯшиши аз нав тақсим намудани ҷаҳон бо мақсади соҳибӣ ба сарватҳои табиӣ ва захираҳои ашёи хому бозори ҷаҳон рӯз ба рӯз шиддат меёбанд. Ба замми ин, терроризм ва экстремизм барои давлатҳо ба манбаи нави хатару таҳдид мубадал гаштааст. Дар чунин шароит, ки вазъияти дунё ҳар лаҳза дар ҳоли таъғйирёбист, дар дохили давлат таъмин будани Ваҳдати миллӣ, суботу амнияти ҷомеа, таҳамулпазирию ҳамдигарфаҳмӣ барои тинҷу осоишта меҳнату зиндагӣ кардани мардум аҳамияти муҳим дорад.

Ҳама гуна мухолифат ва низоъ бо роҳи музокирот бояд ҳаллу фасл шавад. Таҳаммул карда тавонистани ақидаҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ, гузашт ва муросо муруввату мадоро, худдорӣ аз ҷаҳлу ҷидол аз хислатҳои неки миллати бофарҳанг ба ҳисоб мераванд.

Имрӯз вазъ ва авзои ҷаҳон ноором аст. Дар Сурия Ироқ, Либия, Яман, Миср, Афғонистон ҷанг идома дорад. Ҷангу ҷидол дар ин давлатҳо боиси пайдо шудани ҳазорон гурезаҳо гардидааст.

Мо тоҷикону тоҷикистониён ҳамеша бояд дар хотир дошта бошем, ки чунин рӯзҳои сахту сангинро мо низ аз сар гузаронидаем. Худо кунад, ки аз ин дарси талхи таърих сабақҳои дуруст бардошта бошем.

Дар ҷаҳони имрӯз ифротгароӣ ё экстремизми динӣ, терроризм ба рӯйдодҳои ҷаҳонӣ табдил ёфта истодаанд. Гурӯҳҳои террористии Ал-Қоида, ДИИШ, Ҳизби Таҳрири Исломӣ, Ҷунбиши Толибон, Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон, Равияи Салафия, ТЭТ Ҳизби Наҳзати Ислом, Ҷамоати даъват ва таблиғ, Ихвон-ул-муслимин, Ҳизби Исломии Туркистони Шарқӣ, Акрамия, Ҷамоати Муҷоҳидини Осиёи Марказӣ, Аш-Шабоб, Боко Ҳаром, Ансоруллоҳ ба амният ва ваҳдати миллии Тоҷикистон таҳдиди бевосита доранд ва кӯшиш менамоянд, ки амнияту суботи Тоҷикистонро осебпазир намоянд. Нуфузи ин ташкилотҳои террористӣ рӯ ба афзоиш аст. Ниҳоди террористии ба ном «Давлати Исломӣ» кӯшиши зери тасаруф гирифтани минтақаҳои нав ба нав дар кишварҳои гуногун, паҳншавии ғояҳои тундгароӣ дар Афғонистони ҳамсоя моро ҳушдор медиҳад, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем, гирифтори дасисаву фиреби бегонагон нашавем, ваҳдату суботро боз ҳам устувортар гардонем.

Ҳодисаҳои нангини 4–16 сентябри соли 2015–суиқасди табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ, ки бо маблағгузориву сарпарастии бевоситаи ТЭТ Ҳизби Наҳзати Исломӣ сурат гирифт, собит намуд, ки баъзе аз доираҳои сиёсии хориҷӣ то ҳанӯз аз ниятҳои бадхоҳона нисбат ба миллати тоҷик даст накашидаанд ва мехоҳанд нақшаҳои хешро бо дасти зархаридону гумоштагон амалӣ гардонида, ба сари мардуми тоҷик низоми бегонаро таҳмил намоянд.

Пӯшида нест, ки имрӯзҳо истифодаи шабакаҳои иҷтимоии интернет ва табодули иттилоот ба воситаи расонаҳои электронӣ васеъ паҳн шудааст. Ин тарзи истифодаи иттилоот ҳам ҷиҳати мусбат ва ҳам манфӣ дорад. Маҳз ана ҳамин шабакаҳои интернетӣ омили пайвастани як тоифа ҷавонон ба созмонҳои ифротию террористӣ мегардад. Ҷавонон бояд донанд, ки технологияҳои иттилоотӣ воситаи паҳншавии низоъҳо шуда, боиси ба амал омадани бархӯрдҳои фоҷиабор дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон мегарданд.

Падару модарони моро лозим аст, ки ба таҳсили ғайрирасмии динии фарзандон роҳ надиҳанд, барои ин гуна таҳсил онҳоро ба хориҷи ҷумҳурӣ нафиристанд. Дар хориҷ вақти таҳсилро тамом кардан онҳо ба Ватан алакай бо мафкураи бегонаи экстремистӣ бармегарданд. Дар мафкураи ин гуна ҷавонон ақидаҳое ҷой дода шудаанд, ки ба воқеияти давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ рост намеоянд ва дар натиҷа қисме аз онҳо дар зиндагӣ раҳгум мезананд ва ба доми гурӯҳҳои ифротию террористӣ меафтанд.

Таассуфовар аст, ки дар ҷомеаи Тоҷикистони мо ҳанӯз ҳам унсурҳои манфӣ вуҷуд доранд ва онҳо ба Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва суботи мамлакат халал ворид карда метавонанд. Коррупсия, маҳалгароӣ, рушди номутаносиби минтақаҳои ҷумҳурӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва камбизоатӣ аз ҷумлаи мишкилоти ҷомеаи мо мебошанд. Имрӯз миллати тоҷик вақти зиёд ё фурсати таърихӣ надорад, ки солҳои дароз ин зуҳуроти номатлубро таҳамул намояд. Мо бояд ба дарки он расем, ки душманон метавонанд аз маҳалгароии мо сӯистифода намуда, миллатро ба муқобили ҳам барангезанд.

Мардуми Тоҷикистон ғояҳои ифротгароёнаи ташкилотҳои экстремистию террористро қабул надоранд ва барои таъмини амну суботи мамлакат саъю талош меварзанд. Ташкилотҳои экстремистӣ миёни мардум замина надоранд ва ваҳдати миллии мамлакатро халалдор карда наметавонанд.

Таҷрибаи талхе, ки миллати тоҷик аз ҷанги шаҳрвандӣ ба даст овард ба такрори воқеаҳои гузашта роҳ намедиҳад ва ин таҷриба, ин дарси таърих кафолати ваҳдати миллӣ, якпорчагии Ватан ва пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии мамлакат хоҳад буд. Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик танҳо ба сифати як ҷашни тақвимӣ нест, балки фаротар аз он саҳифаи таърихест, ки ба ивази зиёни бузурги модию маънавӣ, қурбониҳои зиёди ҷонӣ, заҳмату машаққат ва сабру таҳамули зиёд насиби тоҷикон гардидааст.

Муроди мо аз ин гуфтаҳо мусоидат ба баланд гардидани ғурури миллӣ, бедор намудани ҳисси ифтихор аз Ватани озоду соҳибистиқлол, худшиносӣ, боло гирифтани эҳсоси солими ватандӯстӣ ва таъкиди он аст, ки сулҳ, суботу амнияти ҷомеа, ваҳдати миллӣ, меҳнати ҳалолу самаранок роҳи ягонаи наҷоти давлату миллат дар шароити бисёр муракаби ҷаҳонишавист.

Зубайдулло Давлатов, - ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

123Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо мафҳуми сиёсӣ, балки омили муҳими таъмини субот, амният ва рушди иқтисодӣ мебошад. Баъд аз ба даст овардани истиқлолият дар соли 1991 Тоҷикистон бо мушкилоти зиёди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла ҷанги шаҳрвандӣ (1992–1997) рӯ ба рӯ шуд. Ин низоъ боиси талафоти ҷонӣ, муҳоҷирати оммавӣ ва харобии иқтисодӣ гардид, ки ягонагии миллиро зери хатар гузошт. Дар чунин шароити мураккаб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради сиёсии худ тавонист сулҳро барқарор намуда, заминаи ваҳдати миллиро мустаҳкам кунад. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун “модели тоҷикии сулҳ” эътироф гардид на танҳо ризоияти дохилиро таъмин кард, балки роҳро барои сиёсати хориҷии “дарҳои кушод” кушод. Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон натиҷаи амалишавии муштараки ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ аст, ки бо роҳбарии Пешвои миллат амалӣ шуданд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳ ва ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузоштааст. Тавре дар монографияи Қурбонова Ш.И. қайд шудааст, ӯ дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ (1992–1997) бо сафарҳои ҷасоратмандона ба минтақаҳои низоъзада ва муколамаи мустақим бо мардум ва мухолифин тавонист эътимодро барқарор намояд. Масалан, сафари ӯ ба ноҳияи Файзобод дар соли 1993 дар шароити бесубот, ба коҳиши таниш мусоидат кард.

Музокироти сулҳ, ки бо роҳбарии Пешвои миллат аз соли 1994 дар Теҳрон оғоз шуд, заминаи Созишномаи сулҳи соли 1997-ро гузошт. Ин созишнома на танҳо низоъро хотима бахшид, балки барои баргардонидани гурезагон ва барқарорсозии ягонагии минтақаҳо мусоидат кард. Пешвои миллат дар эҳёи фарҳанги тоҷик, забон ва таърихи миллӣ нақши муҳим бозид. Бо ташаббуси Пешвои миллат анъанаҳои миллӣ таблиғ гардида, арзишҳои фарҳангӣ таҳким ёфтанд. Масалан, нашри китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ба монанди ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён ифтихори миллиро боло бурд.

Пешвои миллат бо роҳандозии лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ ва энергетикӣ заминаи ояндаи устувори Тоҷикистонро гузошт. Сохтмони НБО-и Роғун на танҳо истиқлоли энергетикӣ, балки ягонагии иқтисодии минтақаҳоро таъмин намуд. Ин лоиҳа ба таъсиси ҷойҳои кор ва афзоиши даромади аҳолӣ мусоидат кард.

Рушди иқтисод яке аз омилҳои асосии таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад. Барномаҳои давлатии коҳиши сатҳи камбизоатӣ, ба монанди “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030” ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва коҳиши нобаробарии иҷтимоӣ нигаронида шуда аст. Ин барномаҳо ба таъмини баробарии иқтисодӣ байни минтақаҳои мухталифи кишвар мусоидат мекунанд.

Масалан, бо ташаббуси Пешвои миллат, лоиҳаҳои инфрасохторӣ, аз қабили сохтмони роҳи Душанбе–Чанок ва нақби Истиқлол, дастрасии минтақаҳои дурдастро ба маркази кишвар осон карда, ягонагии иқтисодиро таъмин намуданд. Ин лоиҳаҳо на танҳо иқтисоди минтақаҳоро боло бурданд, балки эҳсоси мансубият ба як давлати воҳидро дар байни сокинон афзоиш доданд.

Соҳибкорӣ яке аз муҳаррикҳои асосии иқтисоди Тоҷикистон аст. Иқдомоти Пешвои миллат дар самти дастгирии давлатии соҳибкорӣ ба рушди устувори бахши хусусӣ ва ҷалби сармоя мусоидат кардааст. Масалан, барномаи миллии рушди соҳибкории хурд дар соли 1999 ба эҷоди ҷойҳои кор ва коҳиши камбизоатӣ кӯмак кард. Инчунин, риояи стандартҳои касбӣ дар муносибатҳои иқтисодӣ ба таҳкими эътимоди ҷомеа ба низоми бозор мусоидат мекунад. Қонунгузории зиддиинҳисорӣ дар пешгирии сӯиистифода аз мавқеи ҳукмфармоӣ ва таъмини рақобати солим нақши муҳим дорад.

Соли 1997 барои Тоҷикистон соли гардиши муҳим буд, зеро имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ (1992–1997) хотима бахшид. Ин соли оғози барқарорсозии иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ буд. Дар муқоиса, соли 2024 Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил бо иқтисоди рушдёбанда, низоми сиёсии устувор ва мавқеи муътабар дар арсаи ҷаҳон нишон медиҳад.

Соли 1997 Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрвандӣ берун омада, бо буҳрони шадиди иқтисодӣ рӯ ба рӯ буд. Тибқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, ММД дар соли 1995 танҳо 41% аз сатҳи соли 1991-ро ташкил медод, ки дар соли 1997 баъди коҳиши 17%-и соли 1996 ба афзоиш оғоз кард. Иқтисод аз кӯмакҳои байналмилалӣ вобаста буд, ва содироти асосии кишвар (пахта ва алюминий) ба бозорҳои хориҷӣ хеле осебпазир буд. Баланси тиҷоратӣ манфӣ буд, ва қарзи хориҷии кишвар дар соли 1997 наздик ба 1 миллиард доллари ИМА буд. Шуғлмандӣ дар кишоварзӣ 45% ва дар саноат 13%-ро ташкил медод, ки нишонаи кишоварзгароии иқтисод буд. То соли 2024 иқтисоди Тоҷикистон ба таври назаррас рушд кард. Тибқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, ММД дар соли 2023 ба 10,8 миллиард доллар расид, ки афзоиши 8,3%-ро нишон медиҳад, ва дар соли 2024 афзоиши 6,5% пешбинӣ шудааст. Сохтори иқтисод тағйир ёфт: хидматрасониҳо 48%, кишоварзӣ 23,4% ва саноат 28,6%-и ММД-ро ташкил медиҳанд. Содирот гуногунранг шуд, ва тилло яке аз маҳсулоти асосии содиротӣ гардид. Баланси тиҷоратӣ дар соли 2020 - 4557,8 миллион долларро ташкил дод, ки аз он 1406,9 миллион доллар содирот буд. Шуғли аҳолӣ дар кишоварзӣ то 66% афзоиш ёфт, дар ҳоле ки саноат ва сохтмон мутаносибан 4% ва 3%-ро ташкил доданд. Соли 1997 иқтисод дар ҳолати барқароршавӣ аз буҳрон буд, дар ҳоле ки соли 2024 Тоҷикистон иқтисоди рушдёбанда бо афзоиши устувори ММД нишон медиҳад. Вобастагии иқтисод ба кӯмакҳои хориҷӣ коҳиш ёфта, сармоягузориҳои хориҷӣ, ба монанди лоиҳаҳои “НБО Сангтуда 1” афзоиш ёфтаанд.

Дар соли 1997 кишоварзӣ 30,8%-и ММД-ро ташкил медод, ва пахта маҳсулоти асосии содиротӣ буд, ки то 90% нах ба хориҷа содир мешуд. Саноат, ки 29,1%-и ММД-ро ташкил медод, аз ҷанги шаҳрвандӣ зарари ҷиддӣ дида буд. Корхонаҳои саноатӣ қариб пурра аз кор монда, инфрасохтори онҳо хароб шуда буд. Дар соли 2024 кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисод боқӣ монд. Тибқи маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, дар соли 2014 истеҳсоли 1317,8 ҳазор тонна ғалладона, 372,7 ҳазор тонна пахта ва 1549,5 ҳазор тонна сабзавот ба қайд гирифта шуд, ки нишонаи афзоиши ҳаҷми истеҳсолот аст. Саноат низ рушд кард, хусусан дар соҳаи истихроҷи маъдан ва коркарди алюминий. Лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ, ба монанди НБО-и Роғун, ба рушди саноати энергетикӣ мусоидат карданд. Соли 1997 кишоварзӣ ва саноат дар ҳолати барқароршавӣ буданд, дар ҳоле ки соли 2024 онҳо ба таври назаррас рушд карда, бо технологияҳои муосир ва сармоягузориҳои хориҷӣ таъмин шуданд. Гуногунрангии маҳсулоти кишоварзӣ ва афзоиши истеҳсоли саноатӣ нишонаи пешрафти иқтисод аст.

Дар соли 1997 соҳаи энергетика дар ҳолати рукуд қарор дошт. Инфрасохтори энергетикӣ аз ҷанг зарар дида, истеҳсоли нерӯи барқ маҳдуд буд. Тибқи маълумоти Оҷонсии омор, истеҳсоли нерӯи барқ дар соли 1997 ба талаботи дохилӣ ҷавобгӯ набуд. Инфрасохтори нақлиёт низ хароб шуда, Тоҷикистон аз изолятсияи нақлиётӣ ранҷ мекашид. То соли 2024 Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пешрафта дар соҳаи энергетика табдил ёфт. Сохтмони НБО-и Роғун истиқлоли энергетикӣ ва содироти нерӯи барқро таъмин кард. Лоиҳаҳои инфрасохторӣ, ба монанди роҳи Душанбе–Чанок ва нақби Истиқлол, изолятсияи нақлиётиро коҳиш доданд. Тибқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, сармоягузориҳо дар энергетика ва нақлиёт дар солҳои 2021–2023 845 миллион долларро ташкил доданд. Соли 1997 энергетика ва инфрасохтор дар ҳолати барқароршавӣ буданд, дар ҳоле ки соли 2024 Тоҷикистон ба истиқлоли энергетикӣ ва рушди инфрасохтори муосир ноил шуд.

Дар соли 1997 низоми маориф ва тандурустӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ зарари ҷиддӣ дида буд. Мактабҳо ва беморхонаҳо қисман хароб шуда, дастрасӣ ба хизматрасониҳои асосӣ маҳдуд буд. Буҳрони иқтисодӣ боиси муҳоҷирати омӯзгорон ва табибон гардид, ки ба сифати хизматрасониҳо таъсири манфӣ расонд. Дар соли 2024 низоми маориф ва тандурустӣ ба таври назаррас беҳтар шуд. Тибқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, сармоягузориҳо дар маориф ва тандурустӣ дар солҳои 2021–2023 афзоиш ёфта, ба сохтмони мактабҳо ва беморхонаҳои нав мусоидат карданд. Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ (2017) ва афзоиши шумораи муҳаққиқон (6707 нафар дар соли 2011) нишонаи рушди маориф аст. Дар тандурустӣ, барномаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва афзоиши буҷети давлатӣ ба коҳиши фавти кӯдакон ва беҳтаршавии хизматрасониҳо мусоидат карданд. Соли 1997 маориф ва тандурустӣ дар ҳолати буҳрон буданд, дар ҳоле ки соли 2024 онҳо бо сармоягузориҳои давлатӣ ва байналмилалӣ рушд карданд.

Дар соли 1997 фарҳанг дар ҳолати барқароршавӣ буд. Пешвои миллат бо таблиғи анъанаҳои миллӣ ва эҳёи забони тоҷикӣ ба таҳкими ифтихори миллӣ оғоз кард. Сиёсат дар ҳолати ноустувор буд, аммо имзои Созишномаи сулҳ заминаи суботро гузошт. Дар соли 2024 фарҳанг ба таври назаррас рушд кард. Нашри китобҳои Пешвои миллат, ба монанди “Тоҷикон дар оинаи таърих” ва баргузории ҷашнҳои фарҳангӣ, ба монанди Наврӯз, ифтихори миллиро боло бурданд. Сиёсат устувор шуд ва Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун ташаббускори масоили об ва иқлим эътироф гардид. Соли 1997 фарҳанг ва сиёсат дар марҳилаи барқароршавӣ буданд, дар ҳоле ки соли 2024 онҳо ба таври назаррас рушд карда, вале бо мушкилоти марбут ба озодиҳои сиёсӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.

Дар соли 1997 Тоҷикистон бо муҳоҷирати оммавӣ (1,2 миллион нафар) ва сатҳи баланди камбизоатӣ рӯ ба рӯ буд. Тибқи маълумоти СММ, 10–20% аҳолӣ дар дохили кишвар муҳоҷири дохилӣ буданд. Аҳолӣ аз 5,3 миллион дар соли 1991 то 6 миллион дар соли 1997 афзоиш ёфт. Дар соли 2024 сатҳи камбизоатӣ коҳиш ёфт. Тибқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, сатҳи камбизоатӣ (бо меъёри 3,65 доллар дар рӯз) аз 10,7% дар соли 2023 то 9,2% дар соли 2024 поин рафт. Аҳолӣ ба 10,7 миллион нафар расид. Муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия яке аз манбаъҳои асосии даромади аҳолӣ боқӣ монд, ки 30–50%-и ММД-ро ташкил медиҳад. Соли 1997 Тоҷикистон бо муҳоҷирати оммавӣ ва камбизоатии шадид рӯ ба рӯ буд, дар ҳоле ки соли 2024 сатҳи камбизоатӣ коҳиш ёфта, вобастагии иқтисод ба муҳоҷирати меҳнатӣ камтар гардидааст.

Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон натиҷаи фаъолияти муштараки ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ аст, ки бо роҳбарии Пешвои миллат амалӣ шуданд. Низоми ҳуқуқӣ, ки бар Конститутсия ва қонунҳои муосир асос ёфтааст, баробарии шаҳрвандонро таъмин намуда, ба пешгирии низоъҳо мусоидат мекунад. Омилҳои иқтисодӣ, аз қабили лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва рушди соҳибкорӣ, ягонагии иқтисодиро таҳким бахшиданд. Талошҳои Пешвои миллат дар барқарорсозии сулҳ, эҳёи фарҳанг ва роҳандозии лоиҳаҳои энергетикӣ Тоҷикистонро ба давлати муътабар дар арсаи ҷаҳон табдил дод.

Дониёр САНГИНЗОДА, - муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва АМИТ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.

Фарида ҚУРБОНЗОДА - ходими илмии шуъбаи ИДМ Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Ҷумҳурии Фаронса барои Тоҷикистон яке аз шарикони калидӣ ва боэътимод дар Аврупо ба маҳсуб мешавад. Ба таваҷҷуҳ ба Фаронса дар Тоҷикистон фазои дӯстӣ ва эътимоднок мушоҳида мешавад. Ин омил ба робитаҳои таърихии ду кишвар дар даврони шӯравӣ ва пеш аз он, вобастагӣ дорад. Аз ҳамон давраҳо сар карда таваҷҷуҳи ҷомеаи тоҷик ба Фаронса, таъриху фарҳанги он эҳтироми мутақобилаи манфиатҳои миллӣ ба назар мерасид. Нақши Фаронса низ роҷеъ ба муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ ва иқтисодию тиҷоратӣ назаррас мебошад.

Ба истинод аз манбаи расмии АМИТ «Ховар» “8 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнусҳо ва муаррифии оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 ба Ҷумҳурии Фаронса сафар намуданд”.

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин конфронси байналмилалӣ ба ҳайси роҳбари давлати ташаббускор ва пешоҳанг дар умури ҷаҳонии обу иқлим аз ҷониби роҳбарияти давлати Фаронса ва созмони ЮНЕСКО ширкат варзиданд.

Бояд гуфт, ки конфронси мазкур қаблан дар доираи пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса, ки Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 аз ҷониби СММ қабул гардида буд, ба роҳ монда шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои мубрами сайёра яке аз ташаббускорони асосӣ ба ҳисоб рафта, ҷиҳати ҳалли мушкилоти умумибашарӣ саҳми беназир доранд ва дар чорабиниҳои байналмилалӣ ба ҳайси роҳбари давлати ташаббускор ва пешоҳанг дар умури ҷаҳонии обу иқлим аз ҷониби роҳбарияти давлати Фаронса ва созмони ЮНЕСКО хуш пазируфта шудаанд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки чанде қабл дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо конфронси сатҳи баланд баргузор гардид, ки ин бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда буд ва мутахассисони зиёда аз 44 давлати ҷаҳон дар кори ин конфронс ширкат варзиданд ва конфронсе, ки дар Ҷумҳурии Фаронса баргузор шуд, идомаи мантиқии ташаббусҳои наҷиби Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар ба роҳ мондани конфронси “Даҳсолаи байналмилалии амал барои илмҳои криосферӣ” саҳми арзишманд дорад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин конфронси сатҳи баланд суханронӣ намуда, ироа намуданд, ки вазъи ташвишовари тағйирёбии иқлим, таъсири он ба муҳити зист, обшавии бесобиқаи пиряхҳо, норасоии оби ошомиданӣ мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли ин мушкилот бо як қатор пешниҳодҳо аз ҷониби Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмамалӣ Раҳмон садо дода шуд, ки аз ҷониби иштирокчиёни конфронс хуш пазируфта шуд.

Пешвои миллат зикр намуданд, ки “то 60 фоизи пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар кӯҳсори Тоҷикистон воқеъ буда, дар рушди ҳамаи соҳаҳо ва ояндаи устувори минтақа нақши асосӣ мебозанд”.

Президенти кишвари мо аз раванди ташвишовари обшавии босуръати пиряхҳо ва паёмадҳои харобиовари он ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки оқибатҳои ин раванд ба иқтисодиёт ва экосистемаҳои кишварҳо зарари калон расонида, ба ҳаёти одамон таҳдид менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва нигоҳ доштани устувории муҳити зист корҳои зиёде ба анҷом расонида, тайи 20 соли охир дар арсаи ҷаҳонӣ масъалаи обу иқлимро бо муваффақият пеш мебарад. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки ташаббусҳои кишвари моро дар самти обу иқлим аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ ёфта, мавриди татбиқ қарор гирифтаанд. Бояд гуфт, ки пешниҳоди Тоҷикистону Фаронса оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ” аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтааст.

Ба андешаи Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ин хусус аҳаммияти ҳифзи пиряхҳо ва тақвияти илму таҳқиқотҳоро дар соҳаи криосфера ба таври возеҳ тасдиқ кард.

Пайваста ба ин мавзуъ бояд қайд намуд, ки дар назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон имрӯз Маркази омӯзиши пиряхҳо фаъолият мебарад, ки зиёда аз 17 номзадони илм оид ба вазъи обу иқлим, география ва креосфера дар шакли мақолаҳои таҳлилӣ ва мақолаҳои илмӣ барои пешгирии обшавии пиряхҳо ва инчунин ҳифзи пиряхҳо чораҳои зарурӣ андешида истодаанд.

Роҳбари давлати мо бо қаноатмандӣ таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоиши сатҳи баландро ба ташаббуси нави Тоҷикистон оид ба эълон кардани “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ҷалб намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки: “Раванди коҳишёбии криосфера ба зиндагии босуботи мардуми сайёра таҳдиди ҷиддӣ эҷод карда, метавонад то соли 2050 ба як миллиард нафар аҳолии минтақаҳои назди соҳилӣ ва ҷазира кишварҳо таъсири назаррас расонад”. Гуфтан ба маврид аст, ки дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус, ки чорабинии сатҳи баланди оғози Даҳсолаи байналмилалии барои илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 дар доираи он баргузор гардид, роҳбарони давлатҳо
ва ҳукуматҳо аз 65 кишвари ҷаҳон, Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ва роҳбарони як қатор созмонҳои дигари байналмилалию минтақавӣ иштирок намуданд, ки иштирок ва суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, яке аз баромадҳои вижаи конфронси мазкур маҳсуб мешавад.

Бояд гуфт, ки конфронси сатҳи олӣ барои муаррифии Даҳсолаи байналмилалии барои илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ)-ро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари пешво дар умури обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ифтитоҳ бахшиданд. Маросими ифтитоҳ сипас бо суханронии Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле идома ёфта, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эманнуэл Макрон ҳусни анҷом ёфт.

Боиси хурсандӣ ва нишоти халқи тоҷик аст, ки боз як ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Фаронса оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ» аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт.

Зиёев Субҳиддин Насриевич - номзади илмҳои филология

ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

123123Ваҳдат беҳтарин неъмат, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушду нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар давру замон ба шумор меравад. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Танҳо дар фазои ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ ва кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гашт, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшида, такягоҳ буд ва ҳаст.Халқи фарҳанговару сулҳдӯсти тоҷик дар тӯли таърих шахсиятҳои зиёдеро парварда ба камол расонд, ки кору фаъолияти ибратомӯзи эшон ҳамеша ба хушбахтӣ, сулҳу осоиштагӣ, ҳамзистиву ҳамдигарфаҳмӣ ва некӯаҳволии инсоният равона шудааст. Дар ин миён шахсияте, ки дар ҷаҳони муосир ҳамчун мубашшири сулҳу суботи кишвари тоҷикон ва минтақа шинохта шудааст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мардуми сарбаланди тоҷик, шукргузорӣ аз кишвару сарзамини биҳиштосо, истиқлолияти давлатӣ, пойдории Ваҳдати миллӣ ва шукрона аз фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, қаҳрамону сулҳофарин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон менамоянд, ки барои ҳар фарзанди диёраш неъматҳои бузурги илоҳиро ҳадя сохтааст.

Хизматҳои ин шахсияти воқеан барҷаста ба ҳамагон чу оина равшан аст ва бозгӯ кардани онҳо дар ин мухтасар нағунҷад. Аммо ба хотир овардану зикри чанде аз онҳоро амри лозим медонем, зеро ин аъмол барои насли имрӯзу ояндаи мо лоиқи ибрату омӯзиш мебошанд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба маънои том ватандӯст ва фидоии миллати хеш аст. Ҳамагон дар ёд доранд, ки солҳои навадуми асри гузашта миллати мо ба чи вазъу ҳоле гирифтор буд.

Ҷанги шаҳрвандӣ ба сари миллати мо таҳмил гардид ва ҳамзамон талафоти бузурги моливу ҷонӣ, хисороти маънавии ҷуброннопазиреро ба вуҷуд овард, ки ба қавли соҳибназарон, рушду тамокули миллату кишвари моро садсолаҳо ба ақиб ронд.

Вахдат калимаест, ки бо маънию оҳангаш шахсро ба ягонагӣ ва муттаҳидӣ даъват мекунад. Аз қадимулайём мардум барои осудаву ором зиндагӣ кардан ва беҳбудии ҳаёт умр ба cap мебурданд. Онхо баробар кор мекарданду ризқу рӯзияшонро ҳам баробар бо ҳам медиданд. Инсоният бидуни ягонагиву баробарӣ ба мартабаи имрӯзаи худ расиданаш номумкин аст. Маҳз ваҳдат инсониятро ба қуллаҳои баланди тараққиёт расонидааст.

Дар фазои сулҳу ваҳдат, пеш гирифтани иқдомҳои шоиста ва меҳрубониҳои роҳбари давлат ба миллати тоҷик ва махсусан, ба ҷавонон имконият медиҳад, ки илм омӯзанд, аз таъриху фарҳанги ниёгони хеш ифтихор намоянд, таҷрибаҳои пешқадам ва техникаю технологияҳои пешрафтаи ҷаҳони муосирро азхуд намуда ва барои Ватани худ содиқона хизмат намоянд.

Ин ҳама пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат аз пойдории Ваҳдати миллӣ сарчашма мегирад.

Убайдулло М.О и/в мудири озмоишгоҳи биологияи тиббӣ ва биотехнологияи маводҳои дорувории Маркази инноватсионии биология ва тибби АМИТ

123123Ҳар сол, рӯзи 27 июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин сана на танҳо як рӯзест дар тақвим, балки рамзи пирӯзии ақлу заковат бар ҷаҳолат, сулҳ бар ҷанг, ва дӯстиву бародарӣ бар кинаю нафрат аст.

Дар таърихи навини Тоҷикистон, 27 июн ҷои хоси худро пайдо кардааст. Зеро маҳз дар ин рӯз, соли 1997, пас аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, бо роҳбарии хирадмандонаву оқилонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин санад роҳи зиндагии орому осуда, бунёди давлатдорӣ ва таҳкими пояҳои истиқлолро кушод.

ВАҲДАТ ЧИСТ?

Ваҳдат — ин иттифоқ, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва якпорчагӣ миёни аъзои ҷомеа аст. Дар замони пуртазод ва ҷаҳони пур аз таҳдидҳои идеологӣ ва сиёсӣ, доштани ваҳдат арзиши бебаҳо аст. Он мисли сутунест, ки бо вуҷуд доштани он метавон бинои мустаҳками давлатро барпо кард.

НАҚШИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ:

Нақши Сарвари давлат дар расидан ба ваҳдати миллӣ бениҳоят бузург аст. Бо хирадмандӣ, ҷасорат ва иродаи қавии сиёсӣ, Президенти кишвар тавонист ҷонибҳои даргирро ба мизи музокир бинишонад ва роҳи сулҳро интихоб кунад. Ӯ на танҳо сулҳ овард, балки барои рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар заминаи мусоид фароҳам сохт.

Имрӯз, Тоҷикистон ҳамчун як кишвари амну осуда ва пешрафта дар арсаи байналмилалӣ шинохта мешавад. Ҳамаи ин дастовардҳо маҳз бо шарофати ваҳдати миллӣ ва ҳифзи суботи сиёсӣ имконпазир гаштанд.

Мо — насли хушбахту саодатманди кишвар бояд донем, ки сулҳ ва ваҳдат неъмати осмонӣ нест, балки заҳмати ҳазорон нафар, хусусан Роҳбарияти Олии кишвар ва мардуми ватандӯстамон мебошад. Пас, ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аст.

Рӯзи 27 июн — Рӯзи ваҳдати миллӣ, танҳо як сана нест, балки рӯзи бедории миллат, рӯзи рӯшан шудани чароғи умеди мардум ва рӯзи сарҷамъии тоҷикон аст. Ин рӯзро бояд бо ифтихор ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ таҷлил намоем. Чунки танҳо бо ваҳдат метавон ба фардои дурахшони Тоҷикистонамон бо умед нигарист.

Султонов Ҷасурбек Давлатбоевич - магистранти курси 1-уми ихтисоси идораи давлатӣ-и Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Аз 29 то 31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид, ки дар кори он беш аз 2,6 ҳазор мутахассисон аз 90 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ширкат доштанд.

Конфронс як қатор форум ва чорабиниҳои иловагиро, ки ба ҷанбаҳои гуногуни ҳифзи пиряхҳо бахшида шудаанд, дар бар гирифта, иштирокчиёни он оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии марбут ба обшавии пиряхҳо, ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи ҳифзи гуногунии биологӣ, мероси фарҳангӣ ва табиӣ, тадқиқотҳои илмӣ ва мониторинги пиряхҳо, инчунин роҳҳои ноил шудан ба рушди устувор тавассути мутобиқшавӣ ва коҳиши обшавии онҳоро баррасӣ карданд.

Дар рафти кушодашавии Конфронс, ки 30 майи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, таъкид карданд, ки конфронси номбурда қадами муҳим дар самти татбиқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» мебошад. Ҳангоми баромад Пешвои миллат қайд карда гузаштанд ки пиряхҳо яке аз сарчашмаҳои асосии оби ошомиданӣ ба ҳисоб рафта, ҳифзи онҳо заминаро барои расидан ба аксари ҳадафҳои рушди устувор муҳайё сохта, якҷоягӣ бо қабатҳои яхбандӣ дар гардиши уқёнусҳо нақши асосӣ доранд ва танзимгари иқлими муътадили табиӣ дар сайёраи мо мебошанд.

Чӣ хеле ки Пешвои муаззами миллат иброз доштанд обшавии босуръати айни замон ба як буҳрони глобалӣ табдил ёфта, дар тӯли даҳсолаҳои охир бо суръати баланд коҳиш меёбанд, ки дар таърихи инсоният раванди ниҳоят ташвишовар ва бесобиқа аст. Бо дарназардошти ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намуд, ки барои ҳифзи пиряхҳо тадбирҳои таъхирнопазири қатъӣ андешанд.

Дар ин радиф, Тоҷикистон ҷиҳати коҳиш додани раванди обшавии пиряхҳо амалҳои фаврии зеринро пешниҳод намуд:

1. Баланд бардоштани сатҳи огаҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба нақши ҳаётан муҳимми пиряхҳо дар таъмини захираҳои оби ошомиданӣ ва ҳалли маҷмӯи масъалаҳои рушди устувор;

2. Таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бо ҷалби фаъоли олимону пажӯҳишгарон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор барои ҳалли мушкилоти обшавии босуръати пиряхҳо ва оқибатҳои фарогири он;

3. Ба роҳ мондани мониторинги фарогир ва таҳқиқоти илмӣ ба мақсади беҳтар дарк намудани ҷараёни тағирёбии пиряхҳо ва таъсири онҳо ба низомҳои экологӣ (экосистемаҳо), захираҳои об, масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва тағйирёбии глобалии иқлим.

4. Татбиқи иқдомҳои дастҷамъӣ ба мақсади бартараф намудани оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии обшавии босуръати пиряхҳо, аз ҷумла таъсири он ба дастрасӣ ба об, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, истеҳсоли неруи барқ ва ҳифзи мероси фарҳангию табиӣ. Бахусус, барои ҳифзи наботот ва ҳайвоноте, ки дар натиҷаи обшавии босуръати пиряхҳо аз шароити маъмулии зисти худ маҳрум мегарданд, бояд чораҳои таъхирнопазир андешида шаванд.

5. Аксарияти чораҳои ба ҳифзи пиряхҳо равонашуда бо тадбирҳои марбут ба ҳалли мушкилиҳои тағйирёбии иқлим ҳамоҳанг ва наздик мебошанд.

6. Истифодаи самаранок ва ҷалби захираҳои молӣ ва фаннӣ барои татбиқи амалии ташаббусҳо ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо ва саҳмгузорӣ ба Бунёди эътимоди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо.

7. Таҳия ва татбиқи стратегия ва барномаҳои амал дар сатҳҳои миллӣ ва минтақавӣ ба хотири наслҳои оянда.

Инчунин, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат пешниҳод карда шуд, ки Стратегияи глобалии ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ таҳия карда шавад.

Чӣ тавре, ки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар нутқи ҷамъбастиаш қайд намуд: - Конфронси мазкур, ки дар давоми се рӯз - аз 29 то 31 майи соли 2025 - дар шаҳри Душанбе давом дошт, шоҳиди муколамаи созанда, мубодилаи таҷрибаи пешрафта ва донишҳои илмӣ гардида, ҳадафи он ҳалли яке аз масъалаҳои муҳими экологӣ, яъне обшавии босуръати пиряхҳо буда, дар нигоҳ доштани тавозуни экологӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳалли мушкилоти марбут ба захираҳои об нақши калидӣ доранд.

Иброз гардид, ки ҳифзи пиряхҳо барои таъмини воситаҳои зиндагӣ, дастрасӣ ба об, коҳиши хатарҳои марбут ба он ва инчунин барои ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди дарозмуддати минтақаҳои осебпазир зарур мебошад.

Гуфта шуд, ки натиҷаҳои ин ҳамоиши муҳим ба баргузории муваффақонаи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025 саҳми шоиста гузошта, барои қабули тадбирҳои фаврӣ ҷиҳати ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта нақши муҳим мебозанд.

Қайд гардид, ки дар рафти Конфронс ду ҷаласаи умумӣ, 12 нишасти мавзӯӣ, 2 мизи мудаввари сатҳи баланд, инчунин чорабиниҳои пешазконфронсӣ, аз ҷумла 8 форуми сатҳи баланд ва 17 чорабинии канорӣ баргузор карда шуд.

Ҳамзамон Сарвазири ҷумҳурӣ қайд намуд, ки шумораи иштирокчиёни Конфронс беш аз 2600 нафар аз 90 кишвари ҷаҳон бори дигар аҳаммияти онро дар муҳокимаи масъалаҳои вобаста ба обшавии пиряхҳо ва таъсири он ба захираҳои об, таҳкими ҳамкорӣ байни ҷонибҳои манфиатдор, баланд бардоштани нақши пиряхҳо дар рушди устувор, баланд бардоштани сатҳи огоҳонӣ ва сафарбарии иродаи сиёсӣ ҷиҳати суръатбахшӣ дар самти расидан ба ҳадафҳои дахлдори Рӯзномаи 2030 исбот намуд.

Такъид гардид, ки қабул гардидани Эъломияи Душанбе давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ҷонибҳои манфиатдорро ба андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкории байналмилалӣ ва ҳамоҳангсозии рӯзномаи ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи криосфера ва пиряхҳо даъват менамояд.

Ҳамзамон дар нишасти матбуотӣ Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология Селеста Сауло доир ба натиҷаҳои муваффақонаи Конфронси сатҳи баланд ибрози назар намуда, онро дар самти тақвияти ҳамкорӣ дар масъалаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ва татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор, инчунин дар баргузории Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2026 муассир унвон намуд.

Сафаров М.Т. ва Шомаҳмадов А.М. Кормандони Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ

13123123Пиряхҳо ҳамчун манбаи оби тоза ҷузъи муҳими системаҳои гидрологии Замин мебошанд, ки таъмини аҳолӣ ба маводи озуқаворӣ аз мавҷудияти онҳо вобастагии зич дорад. Ин дар ҳолест, ки рӯз ба рӯз суръати обшавии пиряхҳо боло рафта, ба амнияти об ва иқтисодиёти минтақа таҳдид мекунанд. Вақте мо “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”- ро таҷлил менамоем, эътирофи аҳамияти иқтисодии пиряхҳо ва зарурати ҳамкорӣ барои ҳифзи онҳо муҳим аст.

ВАЗЪИ ГЛОБАЛИИ ТАЛАФОТИ ПИРЯХҲО

Пиряхҳо дар саросари ҷаҳон бо суръати бесобиқа об мешаванд ва талафоти ях дар ду даҳсолаи охир нисбат ба даҳсолаҳои қаблӣ зиёд ба назар мерасад. Тибқи гузориши сомонаи СММ, дар тули 25 соли охир (аз соли 2000 инҷониб), дар Замин зиёда аз 215 000 пирях, дар як сол ба ҳисоби миёна 273 гигатон ях талаф шудааст, ки нисбат ба солҳои гузашта аз 23 то 20% зиёдтар мебошад. Ин раванд метавонад, эҳтимолан, ба нобудшавии 49 то 80 фоизи пиряхҳо оварда расонад.

Илова ба болоравии сатҳи баҳр, обшавии пиряхҳо низ боиси афзоиши босуръати кӯлҳои пирях мешаванд. Дар тули ҳамагӣ 35 соли охир, ҳаҷми кӯлҳо дар саросари ҷаҳон 48 дарсад афзоиш ёфта, шумора ва масоҳати онҳо беш аз 50 фоиз зиёд шудааст. Чунин васеъшавии босуръати кӯлҳои пирях хатари обхезиро ба таври назаррас афзоиш медиҳад. Бояд гуфт, ки дар ҳеҷ куҷо зарари обшавии пирях ба он андозае нест, ки дар Осиёи Марказӣ ба назар мерасад, зеро дар ин минтақа тахминан 1 миллион нафар дар масофаи ҳамагӣ 10 километр аз кӯли пирях зиндагӣ мекунанд.

АҲАМИЯТИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО БА ИҚТИСОДИ ТОҶИКИСТОН

Бо вуҷуди рушди бесобиқаи ҳама соҳаҳо, аз ҷумла иқтисоди мамлакат дар зарфи ҳамагӣ 33 соли истиқлолият, тағирёбии иқлим як мушкилоти нав барои иқтисоди кишвар эҷод мекунад. Аз ин рӯ, маълумот дар бораи иқлим, мутобиқшавӣ ва пешгӯии дақиқ барои кишоварзон ва бахши кишоварзии Тоҷикистон хеле муҳим аст. Соҳаҳои аввалияе, ки дар баробари кишоварзӣ дар Тоҷикистон зарар мебинанд, беҳдошт, энергетика ва сайёҳӣ мебошанд, ки дар маҷмуъ ба иқтисоди миллӣ таъсири манфӣ мерасонанд.

Вобаста ба ин масъала, ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо на танҳо иқдоми муҳити зист, балки як асоси стратегии рушди устувори иқтисодӣ мебошад. Дар заминаи афзоиши таҳдидҳои иқлимӣ ва обшавии суръатноки пиряхҳо, иқдомҳои Тоҷикистон дар чандин самт таъсири амиқи иқтисодӣ доранд:

Якум. Ташаббуси ҳифзи пиряхҳо Тоҷикистонро ба маркази дипломатияи иқлим ва об табдил медиҳад. Ин мавқеи баланд метавонад ҷалби бештари сармоягузориҳои байналмилалӣ аз созмонҳои молиявӣ чун Бонки ҷаҳонӣ, БРСММ, Фонди иқлими сабз ва Бонки Осиёии Рушдро таъмин кунад. Кӯмакҳои техникӣ ва фаннӣ барои таҳкими мониторинг ва таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи пиряхшиносӣ, инчунин ташкили лоиҳаҳои грантӣ барои инфрасохтори сабз, энергетикаи барқароршаванда ва кишоварзии устуворро муҳайё созад. Масалан, Барномаи UNDP дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Global Environment Facility (GEF) барои мониторинги пиряхҳо ва захираҳои об беш аз 5 миллион доллар маблағгузорӣ кардааст. (UNDP Tajikistan, 2023). Ин барои асоснок будани гуфтаҳои мазкур далели возеҳу равшан мебошад.

Дуюм. Тоҷикистон яке аз кишварҳои вобаста ба энергетикаи обӣ мебошад, ки беш аз 98%-и нерӯи барқ дар кишвар тавассути НБО (нерӯгоҳҳои барқи обӣ) истеҳсол мешавад. Пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии дарёҳо барои ташкили режими устувори истеҳсоли барқ дар шабакаҳои миллӣ, пешгирии камбуди нерӯи барқ дар мавсими тобистон, ҷалби сармоя ба сохтмони НБО-ҳои хурд ва миёна дар минтақаҳои кӯҳӣ нақши калидӣ доранд. Танзими оқилонаи об тавассути ҳифзи пиряхҳо пешгирии таназзули иқлимиро барои иқтисод таъмин мекунад.

Сеюм. Пиряхҳо манбаи обёрии беш аз 70%-и заминҳои кишоварзии Тоҷикистон мебошанд. Бо обшавии онҳо маҳсулнокии зироатҳо коҳиш меёбад, шароити иҷтимоиву иқтисодии деҳқонон душвор мешавад ва муҳоҷирати иқтисодӣ афзоиш меёбад. Ташаббуси Тоҷикистон метавонад боиси ҷорӣ кардани технологияҳои сарфакории об, кишоварзии устувор ва мутобиқшуда ба иқлим гардад, ки дар навбати худ рушди деҳотро таъмин менамояд.

Чорум. Бо баланд бардоштани шинохти ҷаҳонӣ дар бораи пиряхҳои Тоҷикистон (ба монанди пиряхи Федченко – калонтарин дар Осиёи Марказӣ), имкониятҳо барои рушди туризми экологӣ ва кӯҳнавардӣ, марказҳои илмии байналмилалӣ барои омӯзиши тағйирёбии иқлим, брендинг ва иқдомҳои иҷтимоӣ барои минтақаҳои кӯҳӣ афзоиш меёбад. Ин раванд метавонад ба афзоиши даромади маҳаллӣ ва шуғли аҳолӣ мусоидат намояд.

Панҷум. Ташаббус дар сатҳи СММ ва эълони “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) Тоҷикистон”- ро ба яке аз роҳбарони мубоҳисаҳои иқлимӣ табдил додааст. Ин мавқеи баланд метавонад шарикони нави стратегиро ҷалб намояд, кишварро дар сархатти дарёфткунандагони маблағгузории иқлимӣ қарор диҳад ва таъсир ба сиёсати минтақа ва истифодаи об дар Осиёи Марказӣ гузорад.

ХУЛОСА

Аҳамияти иқтисодии ташаббуси Тоҷикистон дар бораи ҳифзи пиряхҳо фаротар аз ҳифзи муҳити зист аст – он дар рушди захираҳои миллӣ, таъмини устувории иҷтимоӣ ва баланд бардоштани мавқеи байналмилалии кишвар нақши сарнавиштсоз мебозад. Бо идомаи ин сиёсати фаъол ва ҷалби шарикони хориҷӣ, Тоҷикистон метавонад кишвари намунавии иқтисоди сабз дар минтақа гардад.

Фарҳод Қодирзода – мушовири президенти АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ

123123

 

Subscribe to Мақолаҳо