Skip to main content

Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар бинои тамоми идораҳои давлативу маъмурӣ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, иншооти варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон насб гардида, мардуми моро дар ҷодаи сарсабзиву ободӣ ва зиндагии босаодат рӯҳу илҳом мебахшад.
Эмомалӣ Раҳмон

Агар назар ба таърих намоем ҳодисаҳое пеши назарамон меояд, ки ба пояи давлатдории мо низ таъсири амиқ расонидаанд. Чун дар замони даргириҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишвари мо зарари ҷидии иқтисодӣ дида бошад, ҳам аммо бо таъйин шудани роҳбари ватандӯсту сулҳофар тавонист кишвар аз хатару оқибатҳои ҷанг ва аз буҳрони шадидӣ сиёсӣ наҷот ëбад. Ягона умеди наҷотбахши миллат ва халқ Иҷлосияи 16 - уми Шурои олӣ гардид, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба сари қудрат овард.

Вақте, ки 16- уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16- уми Шурои олӣ баргузор мегашт дар минтақаҳои дигари кишвар ҷангу хунрезиҳои шадид идома меëфт. Ҳангоме, ки дар ин Иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шурои Олӣ интихоб гардид ба назди Парчам рафта матоъи онро ба руяш гирифту гуфт: "Ман ҳозир ҳастам дар баробари ҷони худ ба шумо сулҳ оварда якдиливу соҳибихтиëриро дар кишвар пойдор месозам ва барои бар гардонидани гурезаҳо ба ватан тамоми корҳоро ба сомон мерасонам"

Ҳамин тавр Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин рамзи комилҳуқуқӣ ва соҳибистиқлолии тоҷикон 24- уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи тақдирсози Шӯрои Олии кишвар, ки дар ҷараëни он сарнавишти давлатдории навини тоҷикон таҳрезӣ гардида буд қабул гардид.

Маҳзи бо қабул гардидани муқаддасоти миллии кишвар, ки дар роҳи таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин, ба сӯйи ҳадафҳои умумимиллӣ қадамҳои нахустини худро гузошт. Дар замони соҳибистиқлолӣ зери парафшонии Парчамӣ давлатӣ дар кишвар биноҳои хуштавру замонавӣ бунëд гардида барои мустаҳкам намудани пояи давлатдорӣ ва таъмини сулҳу суботи кишвар замина мегузоранд.

Ҳамчунин зери сиëсати бунëдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бо баланди 165 мтр Парчами давлати парафшон гардид, ки ин ҳама самараи истиқлол ва комилҳуқуқиву сулҳу суботи осоишта аст.

Имрӯз метавон гуфт, ки Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва соҳибихтиерӣ дар пешрафти сиëсати хориҷии кишвари Тоҷикистон бо кишварҳои аъзои Созмони миллали Муттаҳид низ ниқши бағоят муҳимро касб мекунад. Ҳамчунин боиси ифтихор аст, ки дар назди бинои Созмони миллали Муттаҳид Парчамӣ давлатии мо парафшон буда ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва комилҳуқуқии миллати тоҷикро инъикос менамояд.

Ҳамасола дар саросари кишвар 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як ифтихороти баланд таҷлил мешавад. Ҳамин аст, ки пас аз ба даст омадани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон халқи тоҷик бо талошу заҳматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳу суботи комил, ваҳдату ягонагӣ шарафёб гардиданд. Дар заминаи ин сиёсати бомуваффақона дар кишвар Парчами давлатӣ, Суруди миллӣ ва Рамзҳои давлатӣ қабул гардиданд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи озодиву соҳибихтиёрии кишвари мо буда, дар сатҳи ҷаҳон ҳамчун миллати тоҷик будани моро муаррифӣ намудааст. Поянда бод Парчами давлатӣ, сулҳу суботи комил, ваҳдату ягонаии Тоҷикистон соҳибистиқлол.

Муҳаммад АМИНЗОД - Котиби матбуотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

123Боиси хушнудист, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатӣ қабул шудааст. Ҳадаф аз роҳандозии боз як ҷашнвораи давлатӣ эҳтиромгузорӣ ва қадршиносии Парчами миллӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлат унвон шудааст.

Парчами давлатӣ, ки рамзи бахту саодат ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон аст, симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, таҷассумгари дирӯзу имрӯз ва фардои ормонҳои миллии мо мебошад.

Таърих гувоҳ аст, ки 30 сол муқаддам дар Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи навини Тоҷикистон ҳамчун иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсоз сабт шудааст, дар баробари дигар масъалаҳои муҳимтарини он айёми ноором, масъалаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи сиёсӣ ба баррасии вакилони иҷлосия пешниҳод гардид.
Воқеан моҳи ноябр барои миллати мо моҳест пур аз санаҳои саршор аз рӯйдодҳои таърихӣ, яъне аз таҷлили Рӯзи конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ) сар карда то ба Иҷлосияи тақдирсози миллат XVI -уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистону Рӯзи Президенти ҶТ, инак боз як санаи муҳим, 24-уми ноябр Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи таҷлил аст, ки дар моҳи ноярб ба вуқӯъ пайвастааст. Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон - яке аз идҳои расмии Тоҷикистон, 24 ноябри соли 2009 бо фармони Президенти Тоҷикистон қабул гардида, ҳар сол 24 ноябр ҷашн гирифта мешавад ва рӯзи корӣ ба шумор меравад. Парчам рамзи ягонагиву соҳибистиқлолии ҳар як миллату давлат буда ба шаҳрвандони онҳо муқаддас аст.

Вакилони мардумӣ бо дарки аҳмият ва нақши Парчам дар пешбурди давлатдорӣ, инчунин, бо дарназардошти анъанаи парчамдории гузаштагони худ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд.

Қабули Парчами давлатӣ ба раванди давлатдорӣ ва зиндагиву тафаккури халқи мо мазмуну мундариҷаи нав бахшид. Мардуми мо ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ, ки дар масири таърих бо номи «Дирафши Ковиён» ёд карда мешавад, ҳамчун як зуҳуроти бисёр муҳиму арзишманди миллӣ, эътиқод ва эътимод пайдо карданд.

Тасдиқи Парчами давлатӣ дар давраи басо ҳассосу тақдирсоз ва мураккабу печидаи таърихи халқамон, ки истиқлолият ҳанӯз қадамҳои нахустини худро мегузошт, вале мавҷудияти давлату миллат таҳти хатари воқеӣ қарор дошт, рост омад.

Дар чунин айёми сарнавиштсоз қабул гардидани Парчами давлатӣ иқдоми олии ватандӯстона ва кӯшиши нахустин барои рафъи хатари ба сари давлат ва миллати куҳанбунёд омада буд.
Мардуми Тоҷикистон ва ҷавонмардони ғаюру далери он зери Парчам ҳамчун рамзи давлатдории навини тоҷикон таҳти роҳнамоиҳои Эҳёгари миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳам омаданд ва ҳамин Парчами давлатиро буса намуда, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшиданд, ба кишвар сулҳу оромӣ ва ба сокинони мамлакат осоишро фароҳам оварданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки бо қабули рамзҳои сиёсӣ, махсусан Пачами давлатӣ, бо талошу заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҷонисориҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи тоҷикон ба даст омад ва давлат ба шоҳроҳи дигаргуниҳои азими сиёсиву иҷтимоӣ ва бунёдкориву созандагӣ қадамҳои нахустини устувор гузошт.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ ва санади дорои эътибори олии ҳуқуқии давлат дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ Парчами давлатиро рамзи давлатӣ эълон карда, онро ба ҳайси яке аз унсурҳои бунёдии сохтори конститутсионӣ ва давлатдории миллӣ эътироф намудаст.

Минбаъд тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рамзҳои давлатии мо, аз ҷумла тартиби афрохтану истифодаи Парчами давлатӣ танзим гардида, эҳтиром ва садоқат ба онҳо ҳамчун рамзҳои давлатдорӣ дар сатҳи олии қонунӣ қарор дода шуд.

24 ноябри соли 2009 бори нахуст мардуми кишвар Рӯзи Парчами давлатиро бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва ба шукронаи даврони соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил намуданд.

Имрӯзҳо хурду бузурги мамлакат эътимоди комил доранд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон чун рамзи озодӣ, ояндаи ободу осуда ва мояи ифтихори халқи соҳибдавлати тоҷик то ҷовидон парафшон хоҳад буд.
Бо итминон ба фардои дурахшони кишвар, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфта, ба онҳо дар таҳкими давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дастовардҳои рӯзафзун орзӯ менамоям.

Аз ин лиҳоз ҳар як Тоҷику Тоҷикистониро ба ин рӯзи таърихӣ - Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқану самимона шодбош гуфта, фазои софу беғубор бо партавафшонии Парчами Миллӣ таманно дорам. Худо кунад, ки Парчами Миллиамон ҳамеша бо воқеаҳои хушҳолкунандаву таърихӣ дастболо бошад. Бигзор Парчами давлатии Тоҷикистони азизамон ҳамчун рамзи озодӣ ва саодати абадӣ халқи моро ба қуллаҳои мурод расонида, дар фазои сулҳу субботи кишвар ҳамеша парафшон бошад.

Раҳмонов Раҳмон Охонович – д.и.х., муовини директор оид ба илм ва таълими Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ

Сарзамин ва мардуми Тоҷикистон баъди барҳамхурии Иттиҳоди шуравӣ бисёр парешониву сахтиҳоро аз сар гузарониданд, чунки дар ибтидои роҳ кишварро хатарҳои гуногун таҳдид мекард. Шаҳрвандон дар баробари қурбониҳову гирифториҳои сахт ва тарси аз нав қарор гирифтан зери зулму ситам, ҳаросҳо ва ғуссаҳои гуногунеро дар дил мепарвариданд, ки оқибати ин бесару сомониҳо ба чӣ меанҷомида бошад ва чӣ қисмате насибашон мешуда бошад ва оё дубора ба як зиндагии осоишта ва нек дар як ҷомеаи пешрафта хоҳанд расид ё не?

Шукронаи тақдири нек, ки дурахшиши барқе шуду ба майдон шахси шуҷоатманд ва қавиирода бо қадамҳои устувор ҳамчун меъмори давлатдории миллӣ бо номи Эмомалӣ Раҳмон омад, ки як равшанӣ ва умеде буд бар дили мардуми сарсону нигарони тоҷик.

Дар ҳақиқат дар он айёми сарнавиштсоз ба сари давлат омадани ин шахсияти боиродаву устувор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаммонанди Хуршеде буд, ки оҳиста тулўъ карда ба сарзамин ва ҷисму дилҳои шаҳрвандони кишвари Тоҷикистон гармӣ бахшид ва қоматҳои хамидаву чеҳраҳои гирифтаи мардум, дубора дигаргун гардида, қадам ба қадам шурўъ ба рушду камол карданд ва ин оғози ҳамбастагии мардум ва зиндагии орому боосоиш дар сулҳу субот гашт. Баъд аз гузашти солҳо, ҷои манзилу биноҳо ва хиёбону кўчаҳои баҳам рехтаву тороҷшударо биноҳои нави замонавӣ ва гулгашту чаманзорҳо гирифт.

Шаҳри Душанбе ба як шаҳри ҳозиразамону тамаддунӣ табдил ёфт, ки солҳои пеш ҳатто кас фикрашро ҳам намекард. Дар як муддати нисбатан кутоҳе фазои кишварамон Тоҷикистонро амну амонӣ ва осудагии тасаввур нашавандае фаро гирифт, ки ин бузугтарин неъмате буд, ки тавассути заҳматҳои зиёди Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби мардуми мо гардид. Зеро ки амнияту оромиши зиндагӣ барои ҳар як шаҳрванд аз тамоми пулу молу сарвати дунё болотару арзишноктар аст.

Баъзе вақтҳо таърих дар як шакле такрор мешавад. Ин дар мисоли «ҷанги шаҳрвандӣ»-ё, ки дар сарзамини кишварамон сар зад ва тамоми мардуми ҷомеаро дар ҳолати ҳасос (беназму низомӣ), дар вазъияти сахту гирифторӣ қарор дод. Махсусан аҳли илму фарҳанг дар вазъияти фақру нодорӣ китобу қаламро як тараф гузошта, ба корҳои гуногуни дур аз ихтисоси худ рў оварданд.

Аз дастовардҳои бузурги Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он буд, ки бо ташаббуси хирадмандонаи хеш байни шаҳрвандон сулҳ ва ваҳдати миллиро барқарор намуд, ки аз хайртарин ва бузургтарин корҳои Раҳбарамон буд. Тавассути ин фаъолияти хеш назму низом ва сулҳро байни шаҳрвандон барқарор намуданд ва ба кинаву адоват, бадбиниву бадфикрӣ ва ҷудоӣ хотима бахшиданд. Ҳамаи ин заҳмату фаъолиятҳои Президенти Тоҷикистон боис гардид, ки мардум ва кишвари азизамон Тоҷикистон соҳиби Пешвои ягонаи миллӣ гаштанд. Маҳз ба иродаи қавию, нияти неку ҷасорат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён Тоҷикистонро ҳамчун як давлати соҳибихтиёру мустақил ва бо фарҳангу тамаддун шиносониданд ва муаррифӣ намуданд.

Дар баробари ин баъд аз солҳо, шаҳру деҳотҳои аз назар дурмонда ва роҳҳои рехтаву фарсудаи нообод аз нав бозсозӣ шуда, рў ба беҳбудӣ оварданд ва мактабу мадрасаҳо, боғчаву парваришгоҳи наву замонавӣ ба роҳ монда шуданд. Махсусан нерўгоҳи барқии обии Роғун, ки бузургтарин нерўгоҳ дар дарёи Вахш мебошад ва сохти он ноанҷом ва нообод монда буд, бо ташаббус ва талошҳои зиёду қатъии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав ба кор андохта шуда, ба танзим дароварда шуд, ки боиси ифтихору сарфарозии давлату мардуми он гашт ва хоҳад гашт.

Нақши Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Рањмон дар эҳёи фарҳангу суннати даврони бостонии тоҷикон, махсусан Наврўз, Тиргон, Меҳргон, Сада ва дигар суннатҳои қадима дорои арзишҳои волои тарбиявӣ-маънавӣ, таърихию фарњангӣ ва иҷтимоӣ-сиёсӣ мебошад. Ин хизмати пурарзиши Президенти Тоҷикистон барои насли имрўзаю оянда як неъмати гаронбаҳое аст, ки онҳоро дар роҳи ба худшиносию ваҳдат, ягонагию ҳувият, истиқлолияти миллӣ ва ҳамчунин шинохти арзишҳои сарзимини хеш ва хоки он ҳидоят менамояд.

Раҳбари қудратманди мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз тарафи дигар соҳибқудратии тамаддуни давлату мардуми тоҷикро ба башарият муаррифӣ намуданд, ки мо шаҳрвандон ва аҳли илму адаб ин заҳмату талошҳои Пешвои азизамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бояд қадрдонӣ кунем ва ифтихор намоем, ки ин шахсияти бузургу тавоною донишманд Раҳбари мо ҳастанд. Дар бораи хизматҳо ва корҳои бузургу арзишманде, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар атрофи сиёсату иқтисод, робитаҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсояву хориҷӣ, дар соҳаи илму фарҳангу ҳунар, тарбияи ҷавонону кўдакон, чопу дастрас намудани мероси ниёгон, баланд бардоштани маърифати мардум дар гузаронидани маросимҳои мухталиф ва амсоли инҳо сухан бисёр гуфтан мумкин аст, ҳарчанд инҷо хеле мухтасар зикр гардид.

Ин буд бозтоби кўтоҳ аз талош ва шоҳкорҳои давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мардумро аз нерўҳои бад ва торикоту зулмот наҷот бахшида, Тоҷикистонро ба як давлати соҳибихтиёр ва соҳибҳуқуқу тамаддунӣ табдил дода, ба тамоми башарияти дунё исбот намуд, ки мардуми сарзамини мо бо фарҳангу тамаддундор аст.

Қалбан мегўям, ки мефахрам бо чунин Раҳбару шахсияти хоксору бохирад ва давлатдори бо сиёсату ба ҷаҳони муосир созгор ва дар айни замон мардумпарвару ғамхору меҳрубон ва нисбати мардуму миллати хеш дорои худшиносӣ ва ҳувияти миллии воло. Бо дастгирӣ ва ташабусҳои Сарвари миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худшиносии миллӣ, фарҳанг ва суннатҳои миллӣ аз нав эҳё шуд.

Аз ин ҷо, мо дар дурахшиши симои ў на танҳо як Президент ва Пешвои миллатро мебинем, балки як ворис ва Асосгузори давлати тоҷиконро дар замони муосир ҳамчун як инсони комил мебинем.

Бояд зикр кард, ки корҳое, ки дар муддати на чандон зиёд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нисбати давлату давлатдорӣ, нисбати фарҳангу суннат, нисбати иқтисоду сиёсат ва сохтору ба роҳмонии корҳои дохиливу берунии кишвар ба анҷом расонидаанд, ҳарчанд номбар кунем, боз ҳам кам аст. Аз тарафи дигар худи мардум шоҳиди хизматҳои шоёни Президенти муҳтарамон мебошанд ва танҳо дастгирӣ ва қадрдонӣ намудан аз Пешвои хирадманди миллат вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як аз мост.

Муродова Тоҷинисо - номзади илмҳои фалсафа, дотсент, ходими пешбари илмии ИФСҲ-и ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

qweq(Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол пур аз таҳаввуллот ва саҳифаҳои рангине аст, ки инъикосгари як марҳалаи ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ мебошад. Бахти миллати тоҷик баъди ҳазор соли ормони даст ёфтан ба давлати мустақилу соҳибихтиёр омад карду ба мақсади олии хеш расид. Бо имзои созишномаи «Беловежск» давлати Шуравӣ барҳам хӯрда, кишварҳои иттифоқӣ ба истиқлоли давлатӣ соҳиб шуданд. Дар ин раванди пур аз таҳаввулоти сиёсӣ Тоҷикистон чун иттифоқчиёни дигар ба истиқлол расид. Вале ҳифзи истиқлоли давлатӣ ба миллати тоҷик ба осонӣ муяссар нагардид. Ин мушкилотро дар роҳи ҳифзи суботи сиёсӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон омилҳои субъективӣ ва объектвии мавҷуда, ки натиҷаи сиёсати “бозсози”-и ҳукумати собиқ шуравӣ буд, ба вуҷуд овард. Низоми сиёсии ҷомеа ва тамоми сохтори идорӣ фалаҷ гардида, ҳукумати бетаҷриба дар роҳи истиқлол аз уҳдаи вазифаҳои хеш дар назди ҷомеа баромада натавонист. Аз нотавонии ҳукумат ва дигар падидаҳои номатлуби ҷомеа гурӯҳҳои сиёсии тундрав таҳти сарпарастии кишварҳои мушаххаси хориҷӣ истифода карда, роҳи ба даст овардани ҳокимияти давлатиро пеш гирифтанд.

Давлат пурра фалаҷ гардида буд, ҳатто баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ва ба даст овардани истиқлол ҳукумат артиши муҳофизатии худро натавонист ҳифз намояд ва дар ин роҳ масъулин талоше ҳам накарданд. Аз заифии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва артиши давлатӣ нерӯҳои сиёсии мухталифи ҳукуматхоҳ истифода намуда, аксар ходимони давлатиро ба асорат бурданд. Ҳар як гурӯҳи ҳукуматхоҳ худро ҳомии ватану миллат номида, дар зери ин шиор ба зарари ин миллату давлат кор мекард. Бетаҷрибагии аҳзоби сиёсӣ ва ташкилоту созмонҳои нав ташкилшуда дар роҳи ба ҳукумат соҳиб шудан вазъро боз ҳам бадтар менамуд. Аксар аз ташкилоту созмонҳои ба вуҷудомада, ки натиҷаи сиёсати демократикунонии ҳукумати собиқ буд, хусусияти маҳалгароӣ ва ё хуруфотӣ доштанд. Дар чунин марҳилаи бениҳоят ҳасос ва сарнавиштсоз барои миллати тоҷик қуввае лозим буд, ки дар фикри истиқлол ва тамомияти арзии ин ватан бошаду хатари мавҷударо дарк намуда, мардумро дар роҳи ваҳдату ягонагӣ ва субот даъват намояд.

Новобаста аз чунин шароити мураккаб, шаҳрвандони тамоми манотиқи кишвар, ҳамчун нишони баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба воситаи вакилони халқ дар мақоми олии намояндагии мамлакат масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ба воситаи Шурои Олӣ ифода сохта, ба он муваффақ шуданд, ки баҳри барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ, 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) баргузор гардад. Дар он вақт Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, халқу Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дӯш гирифт.

Аввалин қадамҳо дар самти таҳкими сулҳу субот миёни қувваҳои мухолиф дар ҳамин иҷлосияи тақдирсоз гузошта шуданд. Ақли солим ғолиб омаду онҳо дар иҷлосия ба мувофиқа расиданд. Заминаи ҳифзу устувории давлатдории навини тоҷикон гузошта шуд. Дар раванди кори иҷлосия як қатор қарорҳое қабул карда шуд, ки заминаи таҳкими сулҳу субот ва волияти қонунро дар кишвар гузошт.

Яке аз тадбирҳои бисёр саривақтӣ ва сарнавиштсоз интихоби раиси Шурои Олии кишвар ба ҳисоб мерафт. Дар рӯзи чоруми иҷлосия, яъне 19-уми ноябри соли 1992 дар такя ба моддаи 109-и Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид.

Мувофиқи қарори мазкур Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин марҳилаи наву тақдирсоз симои роҳбари худро дар шахсияте медид, ки он бевосита аз байни халқ баромада ва барои халқ дар шароити гузариш фаъолияти пурмасъулиятро ба дӯш гирифта метавонад. Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд намуда, гуфт: «…кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард... Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…» Ин садоқату самимиятро дар раванди 32 соли мактаби давдатдориаш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу Ватан ба таври барҷаста собит намуда истодааст.

Сарвари ҷавону боматонати навинтихобро зарур буд, ки як қатор қарорҳои муҳиме қабул намояд, ки вазъиятро муътадил гардонида, қонуният дар кишвар ғолиб шавад ва хатарҳои номатлуби таъсиррасон ба давлату миллат бартарфгардад. 19 ноябр Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарори Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи изҳороти аъзои Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо намуд.

Мувофиқи қарори мазкур истеъфои аъзои Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Онҳо то вақти ташкил додани ҳайати нави Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати худро давом медоданд.

19-уми ноябр Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазъи сиёсии ба амаломадаро дар кишвар ба инобат гирифта, ба Сарони давлатҳои Федератсияи Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон муроҷиатнома ирсол кард, ки дар он гуфта мешуд:

«Вазъи ҷамъиятию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тадбирҳои андешидашуда нигоҳ накарда, торафт муташанниҷ мегардад. Задухӯрдҳои мусаллаҳонаи тарафҳои муқобил давом доранд. Хуни одамони бегуноҳ мерезад. Шумораи гурезагон рӯз то рӯз меафзояд. Хавфи ҳамчун давлати мустақил барҳам хӯрдани Тоҷикистон ва ҳамчун миллат нобуд шудани тоҷикон ба миён омадааст.

Дар ин рӯзҳои душвор қисмҳои дивизияи 201-уми пиёданизоми Федератсияи Русия бо хоҳиши ҳукумати ҷумҳурӣ баъзе корхонаву муассисаҳоро ҳимоя карда, ба таъмини низоми фавқулодда дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ карданд.

Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳарчӣ зудтар ба эътидол овардани вазъият ба раисони мамлакатҳои ИДМ, иштироккунандагони мулоқоти шаҳри Алмаато муроҷиат карда, хоҳиш намуд, ки дивизияи 201-уми пиёданизом асоси қувваҳои дастаҷамъии ҳомии сулҳ гардад ва ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон ва Узбекистон дар ин масъала ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки худро дареғ надоранд».

Ҳамчунин, 20-уми ноябр Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон бо аҳли раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вобаста ба Иҷлосияи XVI -уми Шурои Олӣ ба Хуҷанд омаданд, машварат орост.

Дар ин машварат сухан дар бораи корҳои ташкилию техникии иҷлосия ва масъулияти кормандони дафтари Раёсати Шурои Олӣ рафт.

Эмомалӣ Раҳмон мулоҳизаҳояшро дар бораи интихоботи раисони нави Кумитаҳои Шурои Олӣ ва аъзои Раёсати он баён карда, аз нақши воситаҳои ахбори умум, махсусан телевизион ва радио дар масъалаи беҳбудии вазъи ҷумҳурӣ изҳори ақида кард.

21-уми ноябр Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи интихоби раисони кумитаҳо ва комиссияҳои доимии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузошт.

Дар таърихи 24-уми ноябр иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи гурезагон», «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо намуд.

Ҳамчунин, 26-уми ноябр Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муроҷиатномаи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳзоби сиёсӣ, ҳаракату созмонҳо ва тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ имзо гузошт, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хавфи фалокати умумимиллиро, ки қодир аст орзӯи чандинасраи тоҷиконро баҳри истиқлол ва эҳёи давлатдории худ аз байн барад, эҳсос намуда, ҷанги бародаркуширо, ки боиси ҳалокат ва харобӣ, кушта шудани ҳазорон одамони бегуноҳ мегардад, маҳкум карда, мақоми аввалиндараҷа доштани ҳуқуқи шахсиятро бидуни мансубияти миллӣ ва динию мазҳабӣ, ҷаҳонбинӣ ва майли идеологӣ ва амсоли он эътироф намуда, масъулияти таърихии худро нисбат ба тақдири ҷумҳурии навташкили Тоҷикистон, ки ба роҳи тараққиёти мустақилияти миллӣ қадам ниҳоданист, дарк карда, баҳри ҷумҳурии якпорча ва тақсимнопазир, Тоҷикистони демокративу дунявӣ талош менамояд.

Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори умед мекунад, ки ҳамин муроҷиатномаро аҳзоби сиёсӣ, ҳаракату иттиҳодияҳо, ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ баҳри тантанаи ақли солим ва адлу инсоф ба хотири дар қаламрави Тоҷикистон пойдор шудани сулҳу муросо дастгирӣ хоҳад кард».

26-уми ноябр Изҳороти Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми матбуоти даврӣ чоп гардид, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лаҳзаи барои сарнавишти миллионҳо одамон пурхатар ва дар лаҳзае, ки ҳаёт ва осоиштагии шаҳрвандони ҷумҳурӣ зери хатар аст, доир гардид. Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона мақомоти конститутсионии ҳокимияти намояндадор ва ифодагари иродаю ормони тамоми халқи ҷумҳурӣ мебошад. Муҳимтарин дастоварди кори иҷлосия тантанаи қонун аз болои қонуншиканӣ, бозгаштан ба роҳи конститутсионии ҳалли масъалаҳои тезу тунди иҷтимоиву сиёсӣ мебошад».

26-уми ноябр иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992»-ро ба имзо расонид. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд» дар Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум қабул гардидааст.

Бояд гуфт, ки қонуни мазкур бо мақсади хотима додан ба ҷанги бародаркушӣ, пешгирӣ аз фоҷиаи миллӣ дар ҷумҳурӣ ва харобшавии асосҳои иқтисодию ҷамъиятӣ ва сиёсии давлат, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории гурӯҳҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, таъмини фаъолияти мӯътадили институтҳои давлатӣ, инсондӯстӣ қабул гардида буд.

27-уми ноябр Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи Раиси Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо намуд. Мувофиқи қарори мазкур Абдумалик Абдуллоҷонов Раиси Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

2-юми декабр Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти таклифи 116 нафар депутати халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қарор «Дар бораи таъсиси вилояти Хатлон» имзо гузошт. Тибқи он дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби якҷоя кардани вилоятҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа вилояти Хатлон ташкил шуда, маркази маъмуриаш шаҳри Қӯрғонтеппа муқаррар гардид.

2-юми декабр Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни Асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро имзо кард.

Маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат барномаи мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузошт. Бо ташаббуси ин фарзанди фарзонаи миллат як қатор сандаҳои меъёрӣ ҳуқуқие дар раванди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ қабул гардид, ки заминаи таҳқими қонуниятро дар мамлакат гузошт.

Вақт ва таҷрибаи таърихии 32 соли мактаби давлатдории ин абармарди саҳнаи сиёсат собит намуд, ки роҳи муайянкарда ва пешгирифтаи ӯ алтернативаи дигар надошт. Таърихи давлатдории навини Тоҷикистон исбот кард, ки мардуми кишвар дорои қувваи солим ва тавоноест, ки пеши роҳи ҳамагуна моҷароҷӯиро гирифта метавонад ва обрӯву нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ собит ва ҳифз менамояд. Танҳо барои миллати баргузида ва куҳанбунёди тоҷик чунин Сарвари дурандешу боматонат ба мисли Эмомалӣ Раҳмон лозим буд, ки дар зери як марому мақсад, ки асоси онро устувории ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ ташкил мекунад муттаҳид шаванд.

Аз нигоҳи имрӯза ва оянда бо ифтихор бояд таъкид намуд, ки суханрониҳо ва фаъолияти амалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин Иҷлосия ба қалби мардуми кишвар роҳ ёфта, яке аз асосҳои боварии халқ ба Сарвари давлат ва роҳбарияти нави мамлакат гардиданд. Эмомалӣ Раҳмон ба мактаби бузурги давлатдорие асос гузошт, ки чун муҳри бақои миллату давлати тоҷикон хидмат кард. Ин муҳр миллати тоҷик ва давлати тоҷиконро, ки ба сангари вазнине рӯ ба рӯ гардида буд аз вартаи ҳалокат наҷот доду кафолати ҳастии он гардид. Миллати тоҷик бо сарварии ин чеҳраи мондагор дар тули 32 сол роҳи 300 соли таърихи баъзе халқияту миллатҳоро сипарӣ карда, дар роҳи эъмори давлатдории миллӣ ва мутамаддин ба дастовардҳои беназир ноил гардид. Зарур аст, ки ба ин мактаби беназири давлатдории ташаккулдодаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ гузошту аҳаммияти онро ба насли навраси меҳан шарҳ дод.

Хушвахтзода Қ.Х. – Президенти АМИТ, профессор, узви вобастаи АМИТ

Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ миллати тоҷик баҳри пойдории давлатдории навини хеш шакли идоракунии Президентиро ҳамчун намуди беҳтари идоракунии давлатӣ мақбул дониста, бо амали сохтани он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ниҳод замина гузошта шуд.

Дар таърихи давлатдории тоҷикон шакли идоракунии Президенти ин ниҳоди ҷадиди сиёсиву ҳуқуқие мебошад, ки дар он Президент ҳам сарвари давлат ва ҳокимяти иҷроия эътироф мешавад. Истилоҳи президент, ки дар Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад ба шакли классикии ин ниҳоди мувофиқ аст. Таъсиси ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон бо назардошти маҳсули сабақҳои таърихӣ ва натиҷагириҳо аз самараи фаъолияти давлатдории муосир ба ҳисоб меравад.

Дар таърихи давлатдории тоҷикон идоракунии Президенти ин зуҳуротҳои ҳуқуқие мебошад, ки аз қабули Эъломияи соҳибихтиёрии ҶШС Тоҷикистон, аз 24 августи соли 1990, ки дар худ арзишҳои сиёсиву ҳуқуқии давлатдории навинро таҷассум менамуд оғоз мегардад.

Таъсиси ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ ва далели шинохти ниҳодҳои давлатию сиёсии кишварҳои демократӣ мебошад.

Пас аз истиқлолияти давлатӣ миллати тоҷик бунёди давлатдории навини худро поя гузошт. Раванди ин давлатсозӣ тавассути санади олии ҳуқуқӣ - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки танзимкунандаи муҳми муносибатҳои ҷамъиятӣ ва муайянкунандаи асосҳои сохтори далатӣ ба ҳисоб меравад амалӣ карда мешавад. Мутобиқ ба қисми дуюми моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад».[2.]

Дар моддаи 64-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст. [2.]

Дар давлатдории тоҷикон ниҳоди Президент падидаи нав ба ҳисоб рафта, дар баробари Сарвари давлат, инчунин ҳокимияти иҷроияро роҳбарӣ менамояд.

Чуноне ки маълум аст дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ дар сарзамини Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ хуруҷ намуд, ки он аз ҷониби қувваҳои хориҷӣ бар сари миллати тоҷик таҳмил гардид. Ин фоҷиаи фалоктбор ба тамоми сатҳи ҳоҷагии халқи Ҷумҳури таъсири худро расонида ҳатто мавҷудияти минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро зери суол қарор дод.

Ба тақдири миллати тоҷик дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардида, баъдан ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандон интихоб шуд. [4.263] Аз ибтидои фаъолияти хеш ин шахсияти таърихӣ баҳри ба ҳам овардани миллати тоҷик кўшиш намуданд. Сайъу талошҳои Сарвари давлат имконият фароҳам овард, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистони тозаистиқлол хомўш гардад. Ва тамоми самтҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва низоми идоракунии кишвар ба маҷрои муназами фаъолият ворид гардиданд.

Ин хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисторо ба инобат гирифта халқи тоҷик Сарвари давлати худро ба унвони Пешвои миллат мушараф гардониданд. Ниҳоди Пешвои миллат дар асоси санади ҳуқуқӣ Қонуни кониститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат», мустаҳкам карда шудааст. Дар моддаи 2-и қонуни мазкур омадааст: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст.[3.]

Мутобиқ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президент ҳамчун Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия дорои як қатор салоҳиятҳое мебошад, ки раванди идоракунии давлатӣ ва самти фаъолияти дохилию хориҷии кишварро роҳбарӣ менамояд. Фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба меъёрҳои Конститутсия ба ташкил ва фаъолияти ҳокимияти қонунгузор низ алоқаманд мебошад. Аз ҷумла, Президент интихоботҳои навбатӣ ва ғайринавбатиро дар парлумони ҷумҳуриявӣ таъин менамояд; комиссияи марказии интихоботиро ташкил медиҳад. [1.15.]

Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳиятҳои васеъро дар соҳаи фаъолияти қонунгузорӣ бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва нашри қонунҳо доро мебошад.

Салоҳиятҳои конститутсионии Президент самти роҳбарии фаъолияти ҳокимияти судиро низ дар бар мегирад. Мутобиқ ба қисмҳои 8 ва 12-и Моддаи 69-и Конститутсия Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон “Номзадии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодиро барои интихоб ва бозхонд ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод менамояд”. Судяҳои суди ҳарбӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ва судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанберо таъин ва озод мекунад. [2]

Тавре аз муқаррароти конститутсионӣ бар меояд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент ҳамчунин сиёсати ҳориҷии давлатро низ бар уҳда дорад; давлатро дар муносибатҳои байналхалқӣ намояндагӣ мекунад; бо кишварҳои ҳориҷӣ гуфтушунид мегузаронад; шартномаҳо ва созишномаҳои байналхалқӣ баста, барои ба тасвиб расонидан ба парлумони кишвар пешниҳод мекунад; ифтихорномаҳои тасвибиро имзо менамояд. [4.174.] Президент бо розигии кумитаҳои парлумон оид ба корҳои байналмилалӣ, намояндагони дипломатии Ҷумҳуриро дар кишварҳои хориҷӣ, дар назди созмонҳои хориҷи ва байниҳукумати тайин ва бозхонд менамояд.

Президент ифтихорномаҳои эътимодиро, ки дар назди ў аз тарафи намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ номнавис шудаанд, қабул менамояд.

Дар соҳаи амнияти миллӣ ва мудофиаи давлатӣ бошад, Президент Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

Маҳз ҳамин салоҳиятҳои конститутсионии президентӣ аст, ки нақш ва мақоми ин ниҳодро дар идораи давлатӣ муассир гардонида, баҳри эҳтиром гузоштан ба президенти кишвар заминаи ҳуқуқи пайдо мекунад.

Дар ин росто дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз заминаҳои ҳуқуқӣ ба ниҳоди президентӣ эҳтирому манзалат қоил буда, рӯзи 16 ноябрро ҳамчун рўзи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шудааст.

Воқеан таҷлили саннаҳои таърихӣ бахшида ба Сарвари давлат дар таърихи давлатдории тоҷикон натанҳо заминаи ҳуқуқӣ дорад, балки ҳамчун нишон эҳтиром ба роҳбари олии давлат, инчунин заминаи таърихию фарҳангиро доро мебошад. Дар таърихи давлатдории тоҷикон, чунин таҷриба таърихан собит шудааст. Аз ҷумла тибқи баъзе сарчашмаҳои таърихӣ таҷлили ҷашни наврўзро маҳз ба рӯзи ба тахт нишастани шоҳ Ҷамшед нисбат медиҳанд. Мутафаккири барҷастаи тоҷик Абурайҳони Берунӣ оид ба ҷашни Наврўз қайд менамояд, ки «ва боз ид будани наврўзро чунин гуфтаанд, ки чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рўз бар он нишаст шуд ва ҷину шайётин онро бардоштанд ва ба як рўз аз кўҳи Дамованд ба Бобул омад ва мардум барои дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рўзро ид гирифтанд». Аз ин мадорики таърихӣ бар меояд, ки таҷлили иди Наврӯз ба рӯзи бар тахт нишастани Шоҳ Ҷамшед бастагӣ дорад. [5.82.]

Аз ин рӯ, бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки таҷлил намудани рўзи президентӣ чун мақоми олии роҳбари давлат меросияти таърихӣ буда, эҳёи анъаноти аҷдодӣ мебошад.

Ҳамин тариқ, бо таҳлили масъалаи мазкур ба хулосае омадан мумкин аст, ки эълон доштани 16 ноябр ҳамчун рўзи Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи фархунда ва талаботи саривақти буда, баҳри таҳкими давлатдории миллӣ шароити мусод фароҳам хоҳад овард. Дар ҳамин асно пешниҳод мегардад, ки ба хотири арҷ гузоштан ба ниҳоди Президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйрот ворид карда шуда “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба рӯзҳои ғайри корӣ гузаронида шавад ва дар кишари азизамон ин рӯз бо чорабиниҳои тантанавӣ ҷашн гардад.

Абдулхонов Ф.М. н.и.ҳ., Ходими калони илмии ИФСҲ-и АМИТ

Адабиёт:

1. Абдулхонов Ф.М. Ислоҳоти шакли идораи давлатӣ: аз президентӣ ба парламентӣ ва баргашт ба шакли идораи президентӣ. //Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд. Ҷилди II. - Душанбе: “Матбааи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон”, 2019. – 430 с.

2. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми ноябри соли 1994 бо таѓйиру иловаҳо аз 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016

3. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с., 2016, №11, мод. 872)

4. Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд. Ҷилди IV, -Душанбе: “Матбааи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 2022. – 544 с.

5. Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи анъанот ва ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯз - Душанбе: 2022. – 250 с.

Ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлол ва тозабунёд буда, аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар ҳамаи соҳаҳо пайваста рушд ва тараққӣ карда истодааст. То ин замон ҳамаи он дастовардҳо ва ташаббусҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст овардааст, бо шарофати сиёсати созанда, озмудашуда ва муваффақи пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Мавриди зикр аст, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро “сиёсати дарҳои кушода” ташкил дода, муносибатҳои худро бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон бо дар назардошти манфиатҳои миллӣ ба роҳ мондааст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози асри XXI бо эълони “сиёсати дарҳои кушода” равобити байналмилалиро баҳри муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои бозсозии кишвар оғоз намуданд, ки пас аз гузашти солҳо ин сиёсат ҳамчун сиёсати озмудашуда ва муваффақ дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардидааст. Интихоби сиёсати “дарҳои кушод” аз як тараф роҳи ягонаи дурусти пешбурди сиёсати хориҷӣ ва аз ҷониби дигар инъикоси арзишҳои фарҳангию таърихӣ ва суннатии халқи тоҷик яъне дустӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ мебошад, ки самараи бевоситаи Пешвои миллат мебошад. [1]

Дар даврони истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 186 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, дар соҳаҳои гуногуни тақозои замон равобит намуда истодааст.[2] Ин муносибатҳо соҳаҳои сиёсӣ-дипломатӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, энергетикӣ, саноатӣ, иҷтимоӣ, ҳарбӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангиро дар бар мегирад. Дар ҷаҳон ҳастанд, кишварҳое ки ҳудуди муайян доранд, вале истиқлолият ва арзишҳои миллии худро надоранд. Барои ин гуна кишварҳо сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан “сиёсати дарҳои кушода” намуна ва дастурамали хос шуда метавонад. Тавассути “сиёсати дарҳои кушода” Ҷумҳурии Тоҷикистон ба созмону ниҳодҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ворид гардида, бо талошу заҳматҳои беназири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолият на танҳо бо кишварҳои ҳамҷавор, инчунин бо кишварҳои тараққикарда низ робитаҳои густардаро ба роҳ мондааст. Кореяи Ҷанубӣ, яке аз кишварҳои тараққикарда ва абарқудрат ба шумор меравад, ки иқтисоди бо суръат рушдкунанда дорад. Ҳамзамон метавон қайд кард, ки Кореяи Ҷанубӣ ба кишварҳои “Бабрҳои Осиёӣ” шомил мебошад. Модели инноватсионии рушди иқтисодии Кореяи Ҷанубӣ як намунаи хос дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида метавонад. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад, дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрсамта тавассути “сиёсати дарҳои кушода” ҳадафҳои геополитикӣ ва манфиатҳои миллии худро ба даст орад.

Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 27 апрели соли 1992 барқарор гардидааст. Аз оғози робитаҳои дипломатӣ ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, энергетиқӣ, илмӣ – техникӣ ва маънавӣ – фарҳангӣ ҷараён дорад. Соли 2008 Ҷумҳурии Корея намояндагии худро дар шаҳри Душанбе боз намуд. Консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея аз 15-уми апрели соли 2013 расман ба фаъолият оғоз намуд. Мавриди зикр аст, ки сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея соли 2015 дар заминаи сафари Президенти кишвар ифтитоҳ гардид. Асоси тамоми ин ҳамкориҳо дар мулоқоти нахустини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Корея Ким Ён Сам (соли 1995 дар шаҳри Ню-Йорк) баргузор гардида буд.[3]

Бояд қайд кард, ки дар таърихи ҳамкориҳои дуҷониба, аввалин маротиба санаи 15-17-уми июли соли 2019 дар сатҳи боломақом Сарвазири Кореяи Ҷанубӣ Ли Нак Ён бо ҳайати вакилони худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом доданд. Дар рафти вохӯрӣ вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистону Корея дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ саноатӣ, илмӣ-фарҳангӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ гардид. Дар мулоқоти мазкур доир ба самтҳои манфиатбори муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ, ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, саноатӣ, гидроэнергетика, молияву бонкдорӣ ва бахшҳои хусусӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, дорусозӣ, илму маориф, фарҳанг, муҳоҷират, сайёҳӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар заминаи минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, ҷонибҳо табодули назар намуданд. Метавон гуфт, ки вохӯрии мазкур қадамҳои аввал дар рушди ҳамкорибҳои тарафайн ба ҳисоб рафта, барои дар оянда таҳким бахшидани муносибатҳои дуҷониба ва бисёрсамта нақши муҳим мебозад. Зеро дар ин мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои судманд баррасӣ гардида, бо дар назардошти манфиатҳои миллӣ рӯз то рӯз ҳамкориҳо миёни ду кишвар рушд гардида истодааст.[4]

Мавриди зикр аст, ки санаи 1-уми апрели соли 2021 Раиси Парлумони Кореяи Ҷанубӣ Пак Бён Сок ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод. Дар ин нишасти самимӣ ба масъалаҳои муҳимтарини ҳамкориҳо ба хусус дар таҳкими муносибатҳои байнипарлумонӣ Тоҷикистону Корея таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Зикр гардид, ки фаъолияти минбаъдаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши ҳамкорӣ бо Фонди рушди ҳамкории иқтисодӣ метавонад, яке аз омили таҳкими ҳамкориҳо дар ин самт ва афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ байни ҷонибҳо гардад. Инчунин қайд гардид, ки истифодаи иқтидори бойи захираҳои табии Тоҷикистон, таъсиси марказҳои логистикию тиҷоратӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи бонкдорӣ, ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз самтҳои ояндадори таҳкими муносибатҳои ҳамкории ду кишвар маънидод гардид. Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳои байни ҳукуматҳо, аз ҷумла фаъолияти пурсамари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOIKA) изҳори қаноатмандӣ намуданд.[5]

Бояд қайд намуд, ки дар давраи истиқлолият, Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи “сиёсати дарҳои кушода” ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрсамтаи худро миёни Кореяи Ҷанубӣ густариш дода истодааст. Дар доираи ҳамкориҳои сиёсию дипломатӣ санаи 29-уми ноябри соли 2021 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ Чон Ий Ёнро бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштироки Форуми “Осиёи Марказӣ + Ҷумҳурии Корея” дар Тоҷикистон қарор дошт, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот вазъи феълии ҳамкориҳои ду кишвар ва масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалию минтақавӣ баррасӣ гардиданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намуданд, ки мо Кореяро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шарики боэътимоди худ медонем ва ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо он мутобиқ ба манфиатҳои муштарак аҳамияти хос медиҳем. Инчунин дар ин мулоқот таҳкими робитаҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, байнипарлумонӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангиро муҳокима намуданд. Таъкид карда шуд, ки фаъолияти минбаъдаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши робитаҳо дар доираи Форуми муштараки соҳибкорӣ метавонад омили таҳкими ҳамкориҳо дар афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ миёни ду кишвар гардад. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки истифодаи иқтидори бойи захираҳои табиии Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар соҳаи бонкдорӣ, энергетика, гидроэнергетика, саноат, саноати коркарди кӯҳӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, технологияҳои иттилоотӣ, туризм, маориф ва тандурустӣ самтҳои афзалиятноки рушди ҳамкориҳои минбаъдаи ҳар ду кишвар маънидод гардид.[6]

Таҳкими “сиёсати дарҳои кушод” барои Ҷумҳурии Тоҷикистон як василаи хос ва аввалиндараҷа дар рушди ҳамкориҳои судманд бо ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Нақши “сиёсати дарҳои кушода” дар таҳкими робитаҳои сиёсиву дипломатӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, энергетикӣ, илмӣ-фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ назаррас мебошад. Ҷонибҳо баҳри ба даст овардани манфиатҳои миллӣ ва робитаҳои зич ва судманд пайваста талошҳои худро равона менамоянд. Ҷумҳурии Тоқикистон бо Кореяи Ҷанубӣ дар баробари ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрсамта, инчунин дар доираи фармати нави муносибатҳои байналмилалӣ “5+1” яъне Кореяи Ҷанубӣ-Осиёи Марказӣ низ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Ҳадафҳои асосии Форуми Корея-Осиёи Марказӣ рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои логистика, энергетика, модернизатсия ва диверсификатсияи саноат, тағйирёбии иқлим-экология, тандурустӣ–тиб, маориф-фарҳанг мебошад. Ҷонибҳо баҳри ба даст овардани ҳадафҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ дар доираи консепсияи “5+1” фаъолият намуда, ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрсамтаро дар соҳаҳои мазкур густариш дода истодаанд.

Санаи 6-уми сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Президенти Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (КОЙКА) Ҷанг Вон Самро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқоти мазкур ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Кореяро шарики боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Шарқӣ ва КОЙКА-ро ниҳоди муҳими тақвияти ин шарикӣ номиданд. Бояд қайд намуд, ки дар 7 моҳи соли равон гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар 29% афзоиш ёфтааст. Дар рафти суҳбат ҳамкорӣ дар татбиқи тарҳҳои мухталиф аз ҷумла дар самтҳои энергетика, нақлиёт, саноат, соҳибкории хурду миёна, рақамикунонӣ, идоракунии давлатӣ ва рушди захираҳои инсонӣ баррасӣ гардиданд. Инчунин ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва идораи об, ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулода ва таъмини рушди устувор низ самтҳои афзалиятноки рушди ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ гардид. Ҳамзамон дар масоили мубрами ҳамкориҳои дуҷониба аз қабили тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, афзоиши бунёди “энергияи сабз”, рушди “иқтисоди сабз”, таъсиси “технопаркҳо”, ҷорӣ намудани “технологияҳои рақамӣ” ва тавсеаи “тиҷорати электронӣ” ибрози андеша намуданд.[7]

Ҳамин тавр ҷойгиршавии минтақаи Осиёи Марказӣ боис гардидааст, ки кишварҳои абарқудрат ба ин минтақа таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд, зеро кишварҳои абарқудрат Чин, Япония ва Кореяи Ҷанубӣ тавассути рушди ҳамкориҳо дар доираи консепсияи “5+1” метавонанд роҳҳои нави тиҷоратии Авруосиёро кушоянд. Кореяи Ҷанубӣ дорои нисбатан ками захираҳои табиӣ мебошад, ки ба ашёи хоми захираҳои табиӣ бештар таваҷҷуҳ дорад. Минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад, шароитҳои нави рушди иқтисодиро миёни ду кишвар фароҳам орад. Заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ду кишварро 18 санади ҳамкории байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ташкил медиҳад, ки дар таҳкими робитаҳои дуҷонибаву бисёрсамта нақши калидӣ мебозад. Инчунин метавон гуфт, ки ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум оид ба фиристодан ва қабули кормандон тавассути низоми иҷозати корӣ дар самти муҳоҷират дар робитаҳои ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид, ки натиҷаҳои онро дар ояндаи наздик хоҳем дид.

Пешниҳод

- истифода аз усулу равишҳои иқтисоди сабз, иқтисоди рақамӣ ва логистикаи Кореяи Ҷанубӣ дар шароити кунунии кишварҳои Осиёи Марказӣ;

- истифода аз таҷрибаҳои ҳукумати электронӣ, рақамикунонӣ, тиҷорати электронӣ, тибби рақамии Кореяи Ҷанубӣ ва ҷорӣ намудани ин сохторҳо дар шароити кунунии кишварҳои Осиёи Марказӣ махсусан барои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҷалби сармоягузорони ширкатҳои бузурги Кореяи Ҷанубӣ бунёди марказҳои логистикии Кореяи Ҷанубӣ, таъсиси ширкатҳои муштарак бо ҷалби сармояи Кореяи Ҷанубӣ дар рушди иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ махсусан бо дар назардошти манфиатҳои милии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба роҳ мондани робитаҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Кореяи Ҷанубӣ махсусан барои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Файзуллаева Н игора, ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Адабиёт:

1. Мирзоев Ҳабибҷон “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолият ва эҷоди давлати миллӣ” 15.11.2019. Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо (osiyoavrupo.tj)

2. Дастовардҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон | Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон https://www.mfa.tj/tg/main/sijosati-khoriji/dastovardhoi-sijosati-khorijii-tojikiston

3. Аслов, С. М. (зери наз.), 25 Қадам дар паҳнои олам. Душанбе: Ирфон, 2016, 2020 саҳ 100

4. Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён /Президенти Тоҷикистон- President of Tajikistan- Президент Таджикистана /- (prezident.tj) http://www.prezident.tj/node/20682

5. Пак Бён Сок: «Мы высоко оцениваем усилия Президента Таджикистана Эмомали Рахмона по обеспечению мира и стабильности в регионе Центральной Азии» | НИАТ "Ховар" (khovar.tj)

6. Мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея https:// www. mfa.tj /tg/ main/view/9262/muloqoti-peshvoi-millat-prezidenti-jumhurii-tojikiston-bo-vaziri-korhoi-khorijii-jumhurii-koreya

7. Мулоқот бо Президенти Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (КОИКА) Ҷанг Вон Сам https:// president. Tj / event/news/47172

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21 декабри соли 2021 ироа намудаанд: «Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд»[1].

Дар муддати бисту шаш сол, ки Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти милли мегузарад, сулҳу Ваҳдат дар кишвари мо решаи мустаҳкам давонда ва ниҳолаш боровар гардидаистодаст. Барои ҳифзи ҳамешагии он омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва ахлоқи таҳкимбахши онро пайваста дар назар гирифтан, кадрҳои соҳаҳои гуногун, махсусан ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ дарки манфиатҳои умумимиллӣ тарбия намудан аз зарарҳои ифротгароӣ, маҳалгароӣ, бохабар будан аз вазифаҳои муқаддасотӣ ватандории тамоми ҷомеа, махсусан роҳбаронӣ сатҳои гуногун махсуб мешавад.

Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори сулҳ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ба шумор рафта, қудрату тавоноӣ, сарҷамъию ҳамбастагӣ ободию осудагӣ ва эҳёгари фарҳангу хотираҳои таърихӣ ва шахсиятҳои мондагор буда, ки як мактаби бузургӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бунёд менамояд. Ваҳдат ва Истиқлолият бузургтарин арзишҳои милли ва дастовардҳои ҳар як миллат ба ҳисоб рафта, дар шароити Истиқлолият, Ваҳдат ва ягонагӣ инсон озоду осуда зиндагӣ намуда худро ҳамчун ҷузъи миллат мешиносанд, худшиносу худогоҳ мегардад. Ваҳдати миллӣ раванди ташаккулёбии миллатро метезонад, омили асосии унсурҳои ваҳдати миллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ваҳдати миллиро ташкил медиҳад.

Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк намудаанд, ки сулҳ дар кишвар танҳо дар асосӣ таҳамулпазирии қувваҳои гуногун, баъзан қувваҳои мухолифи якдигар, баргаштани ҷомеа ба давлати навбунёд мебошад, ки имконият фароҳам омад, ки дар Тоҷикистон дар натиҷаи эътироф намудани гуногунрангии шароити зиндагӣ дар кишвар, яъне дар натиҷаи рад кардани ҳокимяти навбунёд чизе имконпазир буд[2].

Таърих исбот менамояд, ки зиндагии шоиставу сазовори мардум ва рушди босуботи ҷомеа танҳо ҳангоми ҳукмронии Ваҳдати миллӣ имконпазир мегардад.

Хушбахтона, бо шарофати сиёсати хирадмандона, азму талошҳои пайгирона ва иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи сарвари давлат дар сарзамини азияткашидаи мо сулҳи пойдор ва ваҳдаити милли ба вуҷуд омад. Ин бузургтарин дастоварди даврони истиқлолият буда, ҳеҷ неъмате баробари сулҳ ва ваҳдати милли нест. Ҳатто истиқлоли кишваре, ки дар он сулҳу субот ва ваҳдати комили ҷомеа пойдор набошад, наметавонад аркони давлатдорӣ ва низоми сиёсиро дуруст амали кунад.

Имрӯз мо насли ҷавон бояд он эътимодеро, ки Ҳукумати кишвар нисбат ба мо доранд, ҷавобгӯ бошем ва ин аз мо масъулияти баландро дар назди Ватан - модар ва ҷомеаи азизамон талаб менамояд ва моро вазифадор месозад, ки бо нерӯи созандагиву бунёдкор пайи омӯзиш бошем ва дар пешрафту тараққиёти тамоми саҳаҳои ҳаёти ҷомеа нақши худро гузорем. Танҳо бо ин васила мо метавонем бо пуштибонӣ аз Ватану миллати хеш мақоми мамлакати худро дар байни дигар кишварҳои олам зинна ба зинна боло бардорем.

Хушбахтона, имрӯзҳо дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устодони ботаҷриба дарсҳои сиёсию ҳуқуқи дар байни аҳли илм ва донишҷӯёну магистрон мегузаронанд, ки он омили баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва бедор намудани ҳуввияти миллӣ дар байни ҷавонон мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони ҳукмронии худ як қатор тадбирҳо андешид, ки ба таҳкими ваҳдату субот дар Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Муваффақ шудан ба ризоияти миллӣ ва сулҳу ваҳдат идомаи мантиқии сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин роҳ мебошад. Роҳбарии хирадмандона, самимияти беназири инсонӣ, рӯҳи қавии ватанпарастӣ, ҳамкории пурсамар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ташкил намудани фаъолияти судманди рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ғайриҳукумативуҳизбҳои сиёсӣ, эътиқоди мардуми диёр, аз ҷумла гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ нисбат ба Президенти кишвар аз омилҳое буданд, ки ба амалӣ гардонидани нақшаҳои неку созанда мусоидат карданд. Кӯшишҳои пайвастаи Сарвари давлат, ҳамчунин хираду заковати мардуми бонангу бофарҳанги мо дар ин роҳ натиҷаҳои матлуб ба бор оварданд ва ниҳоят 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Имрӯз таҷриба ва амалияи сулҳи тоҷикон на танҳо аҳамияти миллӣ, балки арзиши ҷаҳонӣ низ дорад. Зеро он роҳ ва намунаи хуби ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ дар давлатҳои минтақаҳои гуногун шуда метавонад. Беҳуда нест, ки таҷрибаи мо дар ҷодаи таъмини сулҳ, ба Ватан ва ба макони зист баргардониданиқариб як миллион гуреза ва ташкилиҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъбинона арзёбӣ шуд ва ҳамчун намуна ё модели нодири сулҳофарӣ эътироф гардид. Омӯзиши ҳамаҷонибаи ин таҷриба имконият медиҳад, ки пеши роҳи сар задани чунин низоъҳо ва моҷароҳо гирифта шавад ва дар сурати ба вуқӯъ омаданиҳар гуна муноқишаҳо роҳи ҳалли онҳо ҳарчи зудтар пайдо карда шавад.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон нишон дод, ки дар ҳалли чунин низоъҳо омилҳои дигар низ метавонанд таъсири худро расонанд. Аз ҷумла нақши Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, дигар сохторҳои сиёсивуҷамъиятӣ, ки дар ин Шӯро ба ҳам омаданд, дар роҳи муттаҳид намудани нерӯҳои солими ҷомеа назаррас мебошад. Таъсири Аҳдномаи ризоиятиҷомеаи Тоҷикистон, ки 9 марти соли 1996 аз ҷониби 30 ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо ширкати бевоситаи ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид ва дар заминаи он Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон таъсис ёфт, дар пешрафти музокирот ва сулҳи тоҷикон бузург мебошад.

Ҳадафи асосии Аҳднома ва таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ муваффақ шудан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ буд, ки хушбахтона, халқи тоҷик ба ин мақсади олии хеш ноил шуд. Шӯрои ҷамъиятииҶумҳурии Тоҷикистон имрӯз низ нерӯи бузурги сиёсие мебошад, ки ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, эҷодӣ, касбӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятии бонуфузи кишварро муттаҳид намудааст. Ин қудрати бузург ва умедбахшест барои ноил гаштан ба ҳадафҳои олӣ, яъне таҳкими сулҳу ваҳдат, устувории давлатдорӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон. Бо дарназардошти ин аз ҷониби аъзои Шӯрои ҷамъиятииҶумҳурии Тоҷикистон санад доир ба тамдиди бемӯҳлати Аҳдномаи ризоиятиҷомеаи Тоҷикистон ба имзо расид.

Маҳз ҳаллу фасли масъалаҳои дар Созишнома баёншуда таъмини сулҳи бебозгаштро дар кишвар таҳким бахшид. Мо имрӯз аз он ифтихор дорем, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон барои дигарон намуна буда, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф гардидааст. Таърих кам ёд дорад, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар чунин як мӯҳлати кӯтоҳ хотима ёбад ва ҷонибҳои даргир ба ҳам дасти дӯстиву бародарӣ дода, ба хотири Ватан, сарзамин, амнияти халқу миллат ва арзишҳои миллӣ муттаҳид гарданд[3].

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ сиёсати ризоияти байни миллатҳо ва таҳаммулпазириро фаъолона дастгирӣ мекунад. Дар Тоҷикистон миллатҳои зиёде зиндагӣ мекунанд ва ҳукумат барои ҳамзистӣ ва ҳамкории фарҳангу мазҳабҳои мухталиф шароит фароҳам меорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳтиром ва таҳаммулпазирӣ байни қавмҳо даъват намуда, аз сиёсатиҳамгироии иҷтимоӣ ва рушди тамоми бахшҳои ҷомеа ҷонибдорӣ мекунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди иқтисод барои коҳиши мизони камбизоатӣ ва беҳбуди шароити зиндагии шаҳрвандон тадбирҳоро амалӣ мекунад. Вай ба инкишофи инфраструктура, маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ фаъолона ёрӣ мерасонад.

Ҳамин тариқ, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди Ваҳдати миллӣ дар ҳалли низоъҳо, барқарорсозииҳокимияти конститутсионӣ ва фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, инчунин беҳбуди вазъи иҷтимоию иқтисодии тамоми шаҳрвандони Тоҷикистонбеназир мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари тадбирҳои зикршуда ба рушди маориф ва фарҳанги миллӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Он таъсис ва рушди муассисаҳои таълимӣ, инчунин таъмини дастрасииҳама шаҳрвандони Тоҷикистон ба таҳсилоти босифатро дастгирӣ мекунад. Ба ин сохтмони мактабҳо, донишкадаҳои олӣ ва марказҳои илмӣ, инчунин нав кардани программаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани ихтисоси кадрҳои омӯзгори дохил мешавад.

Илова бар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими давлатдорӣ ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон фаъолона талош мекунад. Барои таъмини суботу амнияти дохилӣ, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва гардишиғайриқонунии маводи мухаддир тадбирҳо меандешад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин барои таъмини сулҳу субот ва рушди тамоми минтақа бо шарикону созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ мекунад.

Ин танҳо чанде аз ҷанбаҳои нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Вай кори мустаҳкам намудани давлат ва чамъиятро бо максади фароҳам овардани шароити мусоид ва созгор барои тамоми шаҳрвандони мамлакат давом дода истодааст.

Набиев Фатҳиддин Суҳробович - ходими хурди илмии Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 734000. Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, e-mail: fatkhiddin.1985@mail.ru

Адабиёт

1. Эмомалӣ Раҳмон «Наҷотбахши миллат» 371 – с., С. - 4.

2. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 21 декабри соли 2021.

3. Муҳаммад Абдураҳмон. «Истиқлол ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ». 194 –с., С. - 75-76.

4. http://prezident.tj

Ҳамасола 16 ноябр “Рӯзи Президент” ҷашн гирифта мешавад, ки он ҳамчун рамзи истиқлолият арҷгузорӣ карда мешавад. Маҳз сиёсати дурандешонаи Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Асосгузори сулҳи ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар сарнавишти халқи мо нақши тақдирсоз бозидааст. 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Дар таърихи 16 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқи тоҷик савганд ёд кард.

15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” баррасӣ ва қабул карданд, ки дар асоси он ҳар сол 16 ноябр дар кишвар ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бидуни истироҳат арҷгузорӣ карда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва худи ватан Президенти мардумию сулҳовар эътироф гардидааст. Зеро маҳз тавассути хизматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат буд, ки кишвари азизамон ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардид, аз ҷумла, хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ, истиқрори сулҳу ваҳдат, оромӣ ва субот дар ҷомеаи имрӯз; тақвияти пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, барқарорсозии ниҳодҳои ҳукумат, шохаҳои ҳокимияти сиёсӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қонуният, адолат ва тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат; ислоҳоти конститутсионӣ, низоми ҳуқуқӣ, таҳия ва қабули Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол, ва иқдом ва ташаббус дар самти эҷод ва қабули қонунҳои нави миллӣ; таъмини рушди устувори ҷомеа, пешрафти иқтисодиёт, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ; таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар, аз байн рафтани маҳдудиятҳо дар таъминоти барқ; аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо додан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон; таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва молҳои ниёзи мардум; саноатикунонии босуръати кишвар барои таъмини устувории иқисодиёт; таҳкими ғоя ва андешаи миллӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, ҳуввияти миллӣ, ватандӯстии мардум ва эҳёи мерос ва суннатҳои таърихиву фарҳангӣ.

Самтҳои дар боло зикргардида, яке аз хизматҳои асосии Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати дохилии кишвар ба шумор меравад ва инчунин дар сиёсати хориҷӣ низ нақши назарраси худро гузоштааст. Чунончи, иқдом ва ташаббусҳо дар самти ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ оид ба об, дипломатияи об ва ҷонибдории он аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, ташаббус дар ҳалли қазияи Афғонистон ва Фаластин; поягузории сиёсати муваффақонаи хориҷӣ, муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ, сиёсати дарҳои кушод, ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои ҷаҳон бар пояи баробарӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар.

Бояд қайд кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун сиёсатмадори барҷаста ва ташаббускор дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардиданд. Тайи 33 соли даврони истиқлолият Президенти кишвар бо чандин ташаббусҳои созанда ва манфиатбахш баромад намуданд, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

1. Ҳанӯз дар солҳои 90 дар давраи авҷи ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ҷанги бародаркӯш дар ин кишвар хотима дода шуда, тарафҳои даргир ба музокира даъват карда шаванд.

2. Соли 1998 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Созмони Миллали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки ба хотири пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир дар атрофи Афғонистон камарбанди амният ташкил карда шавад.

3. Шуруъ аз соли 2000 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо силсила ташаббусҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ аз рӯи масъалаи об баромад намуданд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтанд. Ба ин ташаббусҳо дохил мешаванд:

-Эълон кардани соли 2003 соли оби тоза;

-Эълон кардани Даҳсолаи “Об барои ҳаёт” солҳои 2005-2015;

-Эълон кардани соли 2013 соли дипломатия об;

-Эълон кардани Даҳсолаи “Об барои рушди устувор” солҳои2018-2028;

-Эълон карадани соли 2025 соли ҳифзи пиряхҳо.

4. Соли 2000-ум дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии гурӯҳи панҷгонаи Шанхай бо иштироки Россия, Хитой, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузоргардид. Дар ин ҳамоиш Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки панҷгонаи Шанхай ба созмони байналмилалӣ табдил дода шавад. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби кишварҳои аъзо дастгирӣ ёфт ва ин ташкилот номи худро ба Созмони ҳаикории Шанхай табдил дод, ки то имрӯз бо чунин ном фаъолият менамояд. Ташаббуси дигари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон он аст, ки оби кули Сарези Помир ба кишварҳои дигар интиқол дода шавад. Ин ташаббус аз ҷониби ҷамеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт.

5. Президенти кишвар соли 2024 дар ҷаласаи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба қабули қатъномаи махсус дар бораи эълон кардани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”, ки дорои ҳадафи сулҳофарӣ ва ҳалли мусолиматомези низоъҳо дар ҷаҳон мебошад, пешниҳод намуданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарвари давлат аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омадан таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба вазъи Афғонистон ва Фаластин ҷалб менамуд. Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватан фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд. Имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар бобати ҳалли мусолиматомези низоъ ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам аз нигоҳи амалӣ ба сарвати илми сиёсатшиносии ҷаҳонӣ мубаддал шудааст.

Маҳз сиёсати дарҳои боз ва бисёрсамтаи Сардори давлат аст, ки имрӯз Тоҷикистон соли 2023 бо 184 давлати ҷаҳон муносибаҳои дипломатӣ барқарор намуда, бо 110 кишвари ҷаҳон робитаҳои иқтисодӣ дорад. Ба шарофати ин сиёсат Тоҷикистон мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ мустаҳкам намуда, манфиатҳои миллии худро дар муносибатҳои мутақобилан судманд таъмин кард. Сиёсати “дарҳои боз” меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Маҳз сиёсати дохилию хориҷии Пешвои миллат, Президенти Ҷмуҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки Тоҷикистон ва миллати тоҷик дар ҷаҳон ҷойгоҳи худро пайдо намуд.

Аз ин рӯ, мардуми кишварро зарур аст, ки барои ободии кишвар, сулҳу ваҳдат, таҳкими арзишҳои динию маънавӣ ва фарҳангӣ дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид гардида, баҳри татбиқи нақшаҳои нек – ҳифзи истиқлолият, дину оин, номуси ватандорӣ ва таъмини шароити хуб барои ояндаи миллат саҳмгузор бошем.

Соҳиби Баҳруло, ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Онҳо, ки зи бахт подшоянд,

Ақли кулли сояи Худоянд.

Яке аз дастовардҳои замони истиқлолияти давлатию сиёсии Тоҷикистон, ба арсаи сиёсӣ омадани инсони ватандӯсти асил, фарҳанггарою таҳаммулгаро, созандаю бунёдкор, некандешу хайрандеш, инсони басо, дурбину дилогоҳи миллат, Президенти кишвари азизамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд.

Ба бахти тоҷикон Худованди меҳрубон ӯро ҳамчун ватандӯст, башардӯст, инсонгаро ва арбоби сиёсӣ ба арсаи сиёсат овард ва нақши ин шахсияти беназири тавоною бузург дар хушбахту хушҳол гардидани мардуми дар ҷанги шаҳрвандӣ азияткашидаи тоҷик ва дар рушди ҳамаҷонибаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ниҳоят бузургу беҳамтост.

Мавлоно Абураҳмони Ҷомӣ сипосандешагиро ҷавҳари асосии инсони асилу комил пиндошта дар замири инсонҳо вуҷуд доштани онро таманно намудааст:

Замирамро сипосандеша гардон,

Забонамро ситоишпеша гардон.

Сипосандешагии Сарвари давлатамон дар ҳақи Ватан, ватандӯстони асил фидоёни Ватан, фарзандони барӯманду содиқи Ватани азизамон ва бо унвони қаҳрамонӣ сарфароз гардонидани устод Садриддин Айнӣ, академик Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум барои тамоми мардум ва ҷавонони кишвари мо намунаи ибрат ва шоистаи таҳсин аст.

Фаъолияти хирадмандонаю шуҷоатмандона ва фидокоронаю содиқонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷот додани давлати тоҷикон аз парокандашавӣ, барқарору пойдор намудани сулҳу ваҳдат, созандагию бунёдкорӣ, аз нав ободу зебо кардани кишвари харобгаштаи азизамон ва гузоришу суханрониҳо, дастуру тавсияҳои вобаста ба тарбияи насли наврас дар руҳи ватандӯстӣ - худшиносию худогоҳии миллӣ корнамоиҳои ибратбахш буда, сазовори ҳазорон таҳсину сипосгузории мардуми ҷумҳурии мо мебошад.

Рисолаи таърихии Президенти кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих” ва асарҳои зиёди дигари эшон аз ҷумла, “Чеҳраҳои мондагор” баёнгари самимияту садоқати бепоёни эшон ба ватани азизамон буда, фурӯзонгари худшиносию худогоҳии миллии мост.

Президенти азизу гиромиқадр ва қадршиноси кишварамон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷанги шаҳрвандӣ бо дастёбӣ ба сулҳ, субот ва ваҳдати миллии комил дар ҷомеаи тоҷик, дар барқарорсозии тартиботи ҷамъиятӣ ва амният, таъмини бозгашти гурезагон аз хориҷа ба Ватан, қабули Конститутсияи нав ва татбиқи истилоҳоти сиёсию иқтисодӣ саҳми тақдирсоз ва таърихӣ гузоштааст.

Корномаи ҷасурона ва қаҳрамононаи Пешвои миллат дар он давраи душвор, бешубҳа, сазовори сипосгузорию ситоиш буда, шоистаи боварии эътимодноки тамоми ҷомеаи ҷаҳон аст. Сарвари хирадманди миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон калиди роҳнамои ваҳдати миллиро дар фарҳанги миллӣ ёфт, аз ҷумла сухан-забонро яке аз рукнҳои ваҳдати миллӣ пиндошта, ба рушду такомули он ғамхориҳои ҳамешагии Сарвари давлат ба назар мерасад. Далели он дастуру супоришҳои доимии Пешвои миллат дар бобати рушди забони тоҷикӣ ва асари илмии бунёдии эшон “Забони миллат - ҳастии миллат” мебошад.

Пешвои миллат, Сарвари азизу ғамхори мардуми кишвари мо маҳз ба туфайли хизматҳои бузургу хайрхоҳонааш ва амалҳои хирадмандонаю бунёдкоронааш маҳбуби ҳамагон гаштааст.

Бинобар ин, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бароямон рӯзи ифтихормандӣ, фараҳмандӣ, шарафмандӣ ва рӯзи ёдкарди хизматҳои басо бузургу шоистаи Пешвои миллати мо мебошад.

Зиҳӣ, эй шоҳу эй Пешвои миллат,

Наҷотбахши Ватан аз чоҳи зиллат,

Бувад умрат чу умри Хизр ҷовид,

Ба умри худ набинӣ дарду иллат.

Сурурӣ

Солеҳҷон Собирҷонов, номзади илми филология, ходими пешбари илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

Баъди аз байн рафтани давлати Шуравӣ, 9 сентябри соли 1991 Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон шудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дар таърихи миллати тоҷик оғози дигаргунсозиҳои нав дар самти бунёди давлати мустақили миллӣ заминаи сиёсиро фароҳам овард.

Давраи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон аз муқовиматҳои сиёсие, ки баъдтар ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расониданд, рост омад. Баъзе аз қувваҳо ва гурӯҳҳо аз ин вазъият истифода намуда, барои амалӣ намудани нақшаҳои ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ дар мамлакат шурӯъ намуданд. Вазъияти сиёсӣ ҳамчунон тезутунд гашта буд, ки ҳатто ба ном "ҳукумати мусолиҳаи миллӣ" имконияти таъмин намудани роҳбарии давлат ва ҷомеаро надошт. Давлате, ки нав истиқлолияти худро ба даст оварда буд, ба ҷанги шаҳрвандӣ ҷалб карда шуда, дар натиҷа дар ҷомеа бетартибиҳо, беқонуниятӣ ва сиёсати бесарусомонӣ ҳукумфармо буд.

Дар тӯли таърих басо марҳилаҳое шудаанд, ки барои наҷоти халқе, қавме ва ё миллате зарурати пешво ва сарвари дурандешу соҳибтадбир пеш омадааст. Чунин зарурат ва озмоишро таърих аввали солҳои 90-уми асри гузашта барои миллати куҳанбунёди мо ҳам раво дид. Марҳилае буд, ки миллати мо дар вартаи нобудӣ, пошхӯрӣ ва Тоҷикистони азизи мо дар ҳолати тақсимшавӣ, давлати навбунёди мо дар вазъияти барҳамхӯрӣ қарор дошт. Дар чунин марҳилаи тақдирсоз таърих барои миллати мо шахси тавонову ҷасур ва дурбину дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро эҳдо намуд, ки тақозои сарнавишти наҷотхоҳи миллати мо буд.

Иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар вазъияти таҳдиди хатари парокандашавии давлат ва миллат баргузор гардид, дар сарнавишти давлатдории миллии тоҷикон нақши воқеан таърихӣ бозид. Зеро он Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикстон-сарвари нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, шахсияти бузурги давлатсоз, адолатпарвар, сулҳовару сулҳофар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро интихоб намуд. Ҳокимияти давлатӣ дар симои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардид ва ба барқарор намудани институтҳои давлатдорӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амалӣ кардани ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсон замина гузошт.

Сардори давлати навтаъсиси тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон савганди садоқат ба миллату давлат ёд карда, қотеона ба ҷомеаи ҷаҳонӣ башорат доданд, ки Ватани аҷдодиамонро обод, давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ барпо намуда, ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва давлату ҷомеаро зери ҳимояи қонун қарор медиҳанд.

Барои ба таври воқеӣ ҳимоя намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои қонунии давлат ва ҷомеаи навини Тоҷикистони соҳибихтиёр шакли нави давлатдорие, заруриятро талаб мекард, ки бархурди чунин манфиатҳо бошад. Барои эҷоди он заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ лозим буд, ки шакли давлатдории моро муайян намояд ва он ҳам бошад, қабл аз ҳама, қабули Конститутсияи нави давлати соҳибистиқлоли демократӣ ва дунявӣ буда метавонист.

Аз ҳамон рӯзи аввали ба вазифаи олии давлатӣ-Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шудан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи стратегии худро эълон дошт. Пеш аз ҳама ба халқ сулҳ овардан, яъне ҷанги шаҳрвандиро хомӯш карда, ҳаёти осоиштаи халқро таъмин намудан буд. Дигар ин ки тарафдории худро ба низоми давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эълон намуданд.

Ии чунин маънӣ дошт, ки барои Тоҷикистон танҳо роҳи демократию дунявӣ, ки бештар хоси ҷомеаҳои пешрафта ва мутамаддин мебошад, мувофиқ аст.

Бинобар ин ҳайати комиссияи конститутсионӣ таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуда буд. Дар натиҷаи баҳсу мунозираҳо дар гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Конститутсия ду лоиҳа яке бо номи «Конститутсияи ҷумҳурии президентӣ» ва дигаре «Конститутсияи ҷумҳурии парламентӣ» таҳия гардид. Дар натиҷаи муҳокимаҳо бо пешниҳоди бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи «Конститутсияи ҷумҳурии президентӣ» ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид.

Бо назардошти тағйироту илова, фикру ақида ва дархосту пешниҳодҳои мардум 6 ноябри соли 1994 тавассути овоздиҳии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Дар Конститутсияи аз ҷониби халқи Тоҷикистон бо пешниҳоди Ҷаноби олӣ ба таври райпурсӣ қабулшуда мансаби Президенти таъсис дода шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идоракунии президентиро муқаррар намуд ва муҳтарам Эмомали Раҳмон дар ҳамин рӯзи қабули Конститутсия аз тарафи халқи Тоҷикистон якдилона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.

Дар давлатҳои ҷаҳон шаклҳои гуногуни идораи давлатӣ мавҷуданд, аз қабили намуди парлумонӣ, парлумонӣ-президентӣ ё нимпрезидентӣ-омехта, ҳокимияти монархӣ, ниҳоди президентӣ ва ғайр. Бояд қайд намуд, ки идораи давлатӣ дар намуди ниҳоди президентӣ, ба рушди давлати ҳуқуқбунёду демократи ва дунявӣ равона карда шуда, ба фаъолияти мунтазами рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва робитаи он ба ҷомеаи муосири мутамаддин мусоидат менамояд.

Таъсиси институти президентӣ дар Тоҷикистон марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ ва далели шинохти институтҳои давлатию-сиёсии кишварҳои демократӣ мебошад. Ин пурзӯр намудани ҳокимияти иҷроия, баланд бардоштани самаранокии он, қабули фаврии қарорҳои идоракунӣ, такмили ва таҳкими механизми иҷрои қонунҳо, таҳкими низоми давлатӣ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ мебошанд. Маҳз ҷорӣ кардани институти президентӣ дар Тоҷикистон боис ба рушди устувор ва пешрафти бемайлон ва бесобиқаи идораи давлатӣ-идораи сиёсат, иқтисод ва дигар соҳаҳо гардид.

Идораи президентӣ имконият медиҳад, ки сарвари давлат ба ҳама сохторҳои давлатӣ таъсири якхела расонад ва дар пайдо намудани мавқеи худ дар низоми ҳокимияти давлатӣ нақши асосӣ гузорад.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ гувоҳ аст, ки дар низоми давлатдории аксари давлатҳо Президент нақши ҳалкунанда дошта, таърихи беш аз дусадсола дорад ва имрӯз дар зиёда аз 130 давлати ҷаҳон савари давлат ҳамчун Президент номгузорӣ мешавад.

Дар арсаи давлатдории ҷаҳонӣ бори аввал мансаби президентӣ чун мансаби давлатӣ дар Штатҳои Мутаҳидаи Амрико соли 1787 ҳангоми қабули Конститутсияи ин кишвар таъсис дода шуд ва аввалин Президент ходими давлатии амрикоӣ падар-асосгузори Штатҳои Мутаҳидаи Амрико Ҷорҷ Вашингтон мебошад ва асосгузори ниҳоди амрикоии президентӣ дар солҳои 1789-1797 ба ҳисоб меравад.

Дар таҷрибаи давлатдории Франсия ва Федератсияи Россия низ ниҳоди президентӣ комёбӣ ба ҳисоб рафта, дар самти идоракунии ҳокимияти давлатӣ нақши муҳимро иҷро менамояд.

Ҳамин тариқ, дар ҷаҳони муосир идораи давлатӣ дар намуди ниҳоди президентӣ унсури ҷудонашавандаи таҷрибаи сиёсии ҷаҳонӣ оид ба давлатдорӣ ба шумор меравад.

Чуноне дар боло қайд гардид, Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шакли президентии идоракунии ҳокимияти давлатиро интихоб намуд, ки дар конститутсия асосҳои сохтори давлатӣ муайян карда шуда, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид.

Мутобиқи талаботи моддаи 64 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, муратабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Ба салоҳияти Президенти кишвар муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, дар дохили кишвар ва муносибатҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ кардан, таъсис ва барҳам додани вазорату кумитаҳо, муайян намудани низоми пулӣ, таъсис намудани Шӯрои амният таъин ва аз вазифа озод намудани судяҳои суди ҳарбӣ, суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судяҳои иқтисодии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ваколатҳои дигареро, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд, дохил мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши мақомоти судӣ ҷиҳати мустаҳкам кардани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, муҳофизати ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, давлат ва ташкилоту муассиса таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд.

Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали сарвари давлати тоҷикон инхоб шуданашон, ки давраи барои халқи Тоҷикистон аз ҳама ҷиҳат ниҳоят мушкил буд, ҷанги шаҳрвандӣ нооромиҳо дар ҷомеа қарор дошт ва мардум гурезаю саргардон буда, муҳтоҷи як пора нон буданд, хиради пайғамбарона намуда, гуфта буданд, ки «Ман ба Шумо сулҳ меоварам». Тамоми хираду қуввваи худро барои ба даст омадани сулҳи бебозгашт Пешвои муаззами миллат сарф карданд ва оқибат 27 июни соли 1997 Созишномаи сулҳ байни Ҳукумат ва Мухолифин ба имзо расид, ки ба ҷанги дохилӣ хотима бахшид, ки ин сулҳест, ки дар ҷаҳон ҳамто надорад. Пешвои миллат барои нигаҳ доштани сулҳу оромии на танҳо кишвари хеш, балки минтақа ва ҷаҳон пешсаф мебошанд.

Халқи Тоҷикистон бо роҳбарии оқилонаи роҳбари хирадманди худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби саноат, роҳҳои нақлиётӣ, Неругоҳҳо, Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз ва даҳҳо боғчаю варзишгоҳҳо, осишгоҳу санаторияҳ шуда, ҳазорҳо гектар боғҳо бунёд, миллионҳо метри мурабаа манзил соха шудаанд ва дигар корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Артиши миллӣ, мақомотҳои қудратӣ ва дигар бахшҳои ҳифзи ҳуқуқ таъсис дода шуданд. Пешравиҳои зикршуда дар соҳаҳои, хоҷагии халқ ва саноат ва дигар соҳаҳо барои зиндагии хубу ором ва амнияти мардуми азизи Тоҷикистон равона карда шудааст, ки ин ҳама инқилоб ба ҳисоб меравад.

Ин ҳама амалҳои созандаю эҳёгари миллат ва давлатсоз будани Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлати Тоҷикистонро то ба имрӯз сарбаландона ва бомувафаққият ба иҷро расонида, барои ободию амнияти мардуми азизи Тоҷикистон пайваста хизмат менамоянд ва барои хизматҳои шоён ва пурмасъул ба мукофоти олии давлатӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардида, аз 25 декабри соли 2015 ба унвони олии «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат» мушарраф шуданд.

Оқилият, бузургӣ, дурандешӣ, хислатҳои пағамбаронаи Пешвои муаззами миллат, дар давоми давлатдории мо собит сохтанд, ки шакли интихобнамудаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иидоракунии давлатӣ дар шакли ниҳоди президентӣ беҳтарин шакли идораи давлатӣ ба ҳисоб рафта, бо сарварии Асосгузори Ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи давлати ҳуқуқбунёд асос гузошта, фаъолияти мунтазами рукнҳои ҳокимияти давлатиро таъмин намуда, ба марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ, таҳкими низоми давлатӣ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, аз ҷониби давлатҳои ҷаҳони эътироф гардидани Тоҷикистон, дар ташкилотҳои байнамилалӣ соҳиби обрую эътибор гирифтани давлати мо, дар хориҷи кишвар ҳимоя кардани манфиатҳои давлат ва шаҳрвандони мамлакат мусоидат намуд ва ҷорӣ гардидани ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон ба рушди устувор ва пешрафти бемайлон ва бесобиқаи идораи давлатӣ ва дигар соҳаҳо гардид.

Аз ин рӯ, рӯзи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад. Зеро аз ҳамин рӯз, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарвари давлати Тоҷикистон интихоб гардиданд ва бо пешниҳоди Асосгузори Ваҳдати миллӣ ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуд, сулҳу салоҳ, амният дар саросари Тоҷикистон таъмин гардида, ободкорию созандагӣ, давлатсозӣ ва пешравӣ дар ҳамаи ҷабҳаҳои давлатдории тоҷикон таъмин гардид.

Мо хизматҳои бепоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр менамоем ва ҳамеша бо Пешвои муаззам, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид ҳастем.

Рӯзи Иди Президентро барои ҳамаи халқи Тоҷикистон муборакбод менамоем.

Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн - Мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.

Қодирзода Тоҳир Қамар ходими пешбарӣ илмии шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, судяи дараҷаи олии тахассусӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Давлат дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун субъекти мустақил баромад намуда, тавассути василаҳои гуногун шинохту муаррифии он роҳандозӣ карда мешавад. Шахсиятҳои шинохтаи таърихӣ, дастовардҳои бузурги фарҳангию дорои моҳияти умумибашарӣ, зарфиятҳои табиию иқлимӣ, захираҳои бойи табиӣ ва ғ. метавонанд дар шинохту муаррифии давлат нақши босазо дошта бошанд. Дар ин радиф нақш ва мақоми шахсиятҳои сиёсӣ махсусан муҳим аст. Тавассути нуфузу обрў ва мавқеи устувори сиёсию ташаббускории онҳо миллатҳо ва давлатҳо муаррифӣ мешаванд. Ин масъала дар замони муосир аҳаммияти хос пайдо намудааст. Ҳамин аст, ки муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон дар баробари дигар масъалаҳо ба масъалаи ташаккули обру ва эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати аввалиндараҷа медиҳанд. Дар симои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз ҷаҳониён Тоҷикистонро мешиносанд.

Обруву эътибори байналмилалии давлат яке аз омилҳои калидӣ ва таъсиргузор дар ташаккули хисси худшиносию худогоҳӣ, махсусан ҳувияти миллӣ мебошад. Имрўзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ зери роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар масоили мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили ифротгароӣ, терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои трансмиллӣ, масъалаҳои марбут ба оби ошомиданӣ, таҳкими сулҳ ва ғ. саҳми назаррас доранд.

Ташабусҳои Пешвои миллат аз ҷониби СММ дар саросари ҷаҳон пазируфта шудаанд. Тибқи ин ташабусҳо соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», солҳои 2018-2028 «Даҳсолаи об барои рушди устувор» ва соли 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва санаи 21 - март Рӯзи байналмилалии пиряхҳо эълон гардида, дар заминаи он хазинаи боэътимоди махсус барои ҳифзи пиряхҳо таъсис дода мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзоиши бошиддати низоъҳои мусалаҳонаро дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ба назар гирифта, санаи 23 сентябри соли 2024 дар шаҳри Ню-Йорк, зимни суханронии хеш дар Ҳамоиши байналмилалии «Саммити Оянда» пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси СММ “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад.

Ин пешниҳоди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит месозад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори ҳарчи зудтар хотима додани низоъҳои гуногун дар тамоми минтақаҳои ҷаҳон буда, хоҳони аз байн бурдани пайомадҳои нангини онҳо мебошад. Пешниҳоди навбатии роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани обруву эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири мусбат расонида, бори дигар собит месозад, ки Тоҷикистон кишвари сулҳдўст ва миллати тоҷик миллати сулҳпарвар аст. Боварии комил дорем, ки пешниҳоди навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби давлатҳои аъзои СММ бо як иттифиқи орро пазируфта мешавад.

Хулоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули обруву эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷуҳи махсуси хешро равона намудаанд. Ташаккули обруву эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хирадмандонаи пешвои миллат дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад.

Муродов С.А. – номзади илмҳои сиёсӣ, мудири Шуъбаи сиёсатшиносии ИФСҲ АМИТ

Бунёди давлати соҳибистиқлол барои халқи бузурги тоҷик аз ҷумлаи дастовардҳои беназир дар тӯли таърих мебошад, ки натиҷаи талош, ҷонисориҳо, иттиҳод ва фидокориҳои ин халқ аст. Расидан ба истиқлолияти комили сиёсӣ, имкониятҳои фарохро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёдкориҳо, рушд ва созандагӣ ба миён овард. Истиқлолияти давлатӣ барои ба вуқӯъ омадани дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми Тоҷикистон заминаҳои устувор фароҳам овард. Соҳибихтиёрии давлатӣ ба мардуми тоҷик дар масири таърих бори дигар имкон дод, ки баъд аз қарнҳо ба эҳёи дубораи давлатдории миллӣ шурӯъ намояд. Вале мутаасифона солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ мо натавонистем, ки ин неъмати бебаҳоро ба таври дахлдор ҳифз намоем.

Ҳодиса ва воқеаҳое, ки бо назардошти омилҳои гуногун ибтидои солҳои 90-уми қарни гузашта дар рӯзгори ҷомеаи Тоҷикистон ба миён омадаанд, кишварро ба гирдоби ҷанги тахмилии шаҳрвандӣ кашиданд. Вазъияти мазкур боиси ба бӯҳронҳои шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гирифтор шудани тамоми самтҳои фаъолияти ҳаёти ҷамъиятӣ гардид. Авзои онрӯзаи Тоҷикистон то ба ҳадде пешгӯинашаванда ва мурраккаб буд, ки хатари парокандашавии миллат, заволи давлат ва ба қисматҳо ҷудо гардидани ҳудуди Тоҷикистон пеш омада буд. Дар чунин лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ зарурати андешидани тадбирҳои қатъӣ бобати хомӯш намудани ҷанги шаҳрвандӣ, ба ҳам овардани миллати тоҷик, баргардонидани гурезагони иҷборӣ ва рӯ ба сӯйи корҳои созандагӣ ҳидоят намудани шаҳрвандони мамлакат ба миён омадаанд.

Дар ҳамин росто баргузории Иҷлосияи тақдирсоз XVI-уми Шӯрои Олӣ заминаҳои мусоиди интихоби роҳбарияти олии сиёсии кишвар ва қабулу қонуну санадҳои меърии тақдирсозро асос гузошт. Муҳимтарин дастоварди бузурги ин иҷлосияи таърихӣ интихоби Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди бонангу номус ва вафодори миллат, далеру шуҷоъ, покзамиру нексиришт ва ҳуввияти баланди миллидошта ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ӯ дар ҳоле ҳокимиятро ба даст гирифт, ки халқи тоҷик дар ҳолати яъсу ноумеди қарор дошта, умед ба сӯи фардои ҳаёт норавшан буд. Вазифа ва ҳадафҳое, ки пешорӯ меистоданд, пойдории давлати соҳибистистиқлоли Тоҷикистон, таҳмини ҳар чи зудтари сулҳу субот, нигоҳ доштани якпорчагӣ ва давлати мустақили тоҷикон маҳсуб мешуданд. Эмомалӣ Раҳмон дарк менамуд, ки аз иҷроиши қарорҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, таъмини воқеии волоияти қонун, пойдории қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, фаъолити босамари мақомоти давлат, анҷом додани ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва рушди минбаъдаи ҷомеа гардид.

Аз рӯзҳои аввали кори Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарки маъсулияти баланди шаҳрвандӣ барои тақдири минбаъдаи давлати Тоҷикистон эҳсос мешуд. Дар Иҷлосия санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳо дар бораи авфи умуми гурезагон, имтиёзҳо барои маъюбони ҷанги шаҳрвандӣ ва оилаҳое, ки саробони худро аз даст додаанд, инчунин беш аз 70 қонуну қарорҳои дахлдор қабул шудаанд, ки минбаъд барои мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститутсионии ҷумҳурӣ, волоияти қонун,фаъолияти мунтазами мақомоти давлат, аз он ҷумла, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, заминаи боэътимод гузоштаанд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулкардаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдомоти пайдарпайи роҳбарияти сиёсии дар Иҷлосияи интихобгардида, барои хотима гузоштан ба ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини сулҳу суботи ҷомеа, таҳкими ҳокимияти давлатӣ,тақвияти Истиқлолияти давлатӣ ва бунёдкориву созандагӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузоштанд.

Ҳанӯз дар рафти Иҷлосия, алалхусус дар боромадҳои Сарвари нави давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои асосӣ ва стратегии давлати Тоҷикистон, аз ҷумла арзишҳои пазируфташудаи фарҳанги ҳукуқӣ муайян шуданд. Эъмори давлати ҳуқуқбунёди демократӣ ва дунявӣ ташкили ҳокимияти нави давлатӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, амнияти ҷомеа ва давлат,зиндагии арзандаи ҳар як сокини ҷумҳурӣ, ривоҷи соҳибкорӣ ва шаклҳои дигари фаъолияти озоди иқтисодӣ, гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, гузаштан ба низоми нави сиёсӣ, фаъолияти озоди иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, волоияти қонун, риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ, сиёсати хориҷӣ дар асоси эҳтироми принсипҳои аввалиндараҷаи ҳуқуқи байналмиллалӣ, пеш аз ҳама,дахолат накардан ба кори ҳамдигар ва эҳтироми манфиатҳои тарафайн дар маҷмӯъ аз ҷумлаи он арзишҳои ҳуқуқӣ буданд, ки ҳанӯз дар рафти фаъолияти Иҷлосияи XVI Шурои Олии мамлакат эълон шуда будаанд.

Ҳамин тариқ қабл аз қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ бо ташаббуси бевоситаи Раиси он Эмомалӣ Раҳмон бунёди давлати ҳуқуқбунёди демократӣ чун самти стратегии инкишофи минбаъдаи кишвар муайян мешавад.Ин ғоя дар матни КонститутсияиҶумҳурии Тоҷикистон соли 1994 сабт гардид.

Аввалин маротиба дар масири таърих шаҳрвандони Чумҳурии Тоҷикистон имкон пайдо намудаанд, ки аз тариқи раъйпурсии умумиҳалқӣ Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро қабул намоянд. Кабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 уми ноябри соли 1994 яке аз арзишмадтарин ва нодиртарин дастоварди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибихтиёрии давлатӣ ба шумор мервад. Конститутсияи Тоҷикистон вазъи ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян кардааст. Мувофиқи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷрои (Ҳукумат) аст. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлоияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мурраттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байнамиллалии Тоҷикистон мебошад.

Бори нахуст рӯзи 16 -уми ноябри соли 1994 дар вазъияти идона дар хусуси шурӯъ ба иҷрои вазифа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд намуд, ки тамоми ҳастиву фаъолияти хешро барои рушду пешрафти давлати Тоҷикистон, таъмини шароити зиндагонии арзандаи ҳар фард, ҳифзи сарзамин, истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар мебахшад.Гузашти солҳо собит намуд, ки дарвоқеъ Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи амалӣ сохтани сиёсати бобарор, хирадмандонаву дурандешонаи хеш бо дарназардошти манфиатхои миллӣ барои рушду пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ хизматҳои беназирро анҷом дод. Ин ҳама сулҳ, ваҳдат, ободӣ, рушд, амният, ҷовидонагии давлати миллии мо натиҷаи заҳмату талошҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва марҳилаи муҳими тақдирсози таърихи навини халқи тоҷик мебошад.

Ба хотири арҷгузорӣ ва эҳтиром ба мансаби олии давлатӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи садоқат ба Ватан, Президент ва миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаи байналмиллалии ва воқеияти ҳаёти ҳуқуқии Тоҷикистон лоиҳаи Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Дар лоиҳаи пешниҳодшуда, масъалаи ба рӯзҳои ид илова намудани таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 ноябр пешбини шуд. Ҳамин тариқ лоиҳаи мазкур 14 марти соли 2016 аз ҷониби маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро 15 апрели соли 2016 ҷонибдорӣ намуд. Ба ин хотир ҳар сол мардуми шарафманди тоҷик 16 уми ноябрро ҳамчун ҷашни фархунда, чун рамзи садоқат ба Президент – садоқат ба Ватан таҷлил менамоянд.

Воқеан хизматҳои шахсияти беназири Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати миллии тоҷикон, барқарории ҳокимияти сиёсии давлатӣ ва истиқлолият, пешгирии хатари нобудшавии миллат, хомӯш намудани оташи ҷанги дохилӣ ва барқарроркунандаи сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият хеле бузург аст.

Мо бояд дар роҳи таҳкими ниҳоди президентӣ гомҳои фаротар гузошта, аз гузаштаи худ ифтихор ва дар роҳи эҳёи он, рушду инкишофи Ватани азизамон кӯшишу талошҳо намоем. Бо назардошти иқдому ташаббусҳои созандаи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳмини сулҳу ваҳдати сартосарӣ, оромиву субот, сарҷамии миллат, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, қабули қонунҳои миллӣ, бо азму иродаи қавӣ ва устуворона иброз менамоем, ки ӯ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва поягузори низоми навини давлатдорӣ ва ҳуқуқии миллии Тоҷикистон мебошад.

Алиназаров Кифоят Ғуломназаровна ходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиноси ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Subscribe to Мақолаҳо