Skip to main content
Металлургия — асос ва таҳкурсии саноати ҳозиразамон ба ҳисоб меравад. Аз инкишофи соҳаи металлургӣ пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ — саноат, хоҷагии қишлоқ, нақлиёт ва сохтмон вобаста мебошад. Саноати металлургӣ ба ду соҳа ҷудо мешавад: металлургияи сиёҳ ва металлургияи ранга.

Дар Тоҷикистон корхонаҳои калони металлургияи сиёҳ вуҷуд надорад. Аммо дар дохили корхонаҳои мошинсозӣ сехҳои металлгудозӣ амал мекунанд. Аз метали дар ин сехҳо гудохташуда қисмҳои эҳтиёҷии мошинҳоро тайёр менамоянд. Ин гуна сехҳо дар тамоми корхонаҳои мошинсозии мамлакат дида мешавад.

Дар ҳудуди Тоҷикистон якчанд кони маъдани оҳан муайян карда шудааст, ки барои ташаккули гардиши пурраи металлургӣ (таъсиси корхонаи маъдангудозӣ, печҳои электроплавикӣ ва ғайра) имконият медиҳад. Кони маъдани оҳани Чоқадамбулоқ захираи зиёд (аз рӯи категорияи саноатӣ бештар аз 60 млн. тонна) ва мавқеи мувофиқи иқтисодию географӣ дошта, начандон дуртар аз шаҳри Хуҷанд воқеъ гардидааст. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки ҳангоми сохтмони корхона дар базаи кони мазкур имконият ҳаст, ки усули истеҳсоли метал бе истифода аз кокс ба роҳ монда шавад.

Аввалин корхонаҳои металлургияи ранга дар Тоҷикистон солҳои 30-юми асри гузашта сохта шуданд. Дар ин корхонаҳои маъдани кӯҳӣ истихроҷи сурбу рӯҳ, мису молибден, волфраму флюорит, сурмаю симоб ба роҳ монда шуда, консентрати онҳо ба корхонаҳои металлургии Урал, Қазоқистон, Сибир, Ӯзбекистон ва Қирғизистон фиристода мешуданд. Марказҳои асосии истихроҷи металлҳои ранга дар қисмати Шимолӣ ва Марказии мамлакат — дар Адрасмон, Анзоб, Исфара, Майхура, Консой, Истиқлол, Зарнисор, Ҷилав, Панҷакент мавҷуд мебошанд.

Конҳои металлҳои рангаи Тоҷикистон дар ҷойҳои душворгузари кӯҳ воқеъ гаштаанд ва хусусияти комплексӣ доранд. Дар водии Зарафшон яке аз корхонаҳои калони коркарди сурмаю симоб — комбинати Анзоб вуҷуд дорад ва маҳсулоти он ба шакли консентрат ба заводи металлургии Ҳайдаркон (Ҷумҳурии Қирғизистон) фиристода мешавад. Танҳо дар шаш кони сурмаи водии Зарафшон 80 фоизи захираи сурмаи Осиёи Марказӣ маҳфуз аст.

Корхонаи муштараки истеҳсоли тиллои «Зарафшон» сол аз сол ҳаҷми маҳсулотро зиёд намуда истодааст. Ин корхона дар базаи конҳои Тарор, Ҷилав ва Ғиждарва истеҳсоли тиллои холисро ба роҳ мондааст. Тоҷикистон аз рӯи захираҳои нуқра дар ҷаҳон ҷои сеюмро мегирад. Аз рӯи нақшаи пешбинишуда дар базаи Кони Мансур бо назардошти талаботи бозори ҷаҳонӣ ба нуқра сохтмони корхонаи бузург дар назар дода шудааст.

Корхонаи асосии металлургияи рангаи ҷумҳурӣ Заводи алюминии тоҷик мебошад. Завод дар шаҳри Турсунзода ҷойгир шудааст. Соли 1975 дар завод аввалин металл гудохта шуд. Заводи алюминий яке аз корхонаҳои калонтарини ҷаҳон буда (12 корпус дорад), аз гуфти мутахассисон ба вазъи экологии ноҳияҳои атроф таъсири манфӣ намерасонад. Зиёда аз 90 фоизи маҳсулоти корхона навъи аъло аст. Корхона бо қувваи барқии арзони нерӯгоҳи барқии обии Норак кор мекунад. Алҳол ашёи хомро барои корхона аз дигар кишварҳо бо нархи аз 300 то 350 доллар аз як тонна меоранд. Баъди аз худ шудани кони нефелину сиенити Турпӣ (ноҳияи Рашт) завод бо ашёи хоми маҳаллӣ таъмин мегардад.

САНОАТИ МЕТАЛЛУРГИЯИ СИЁҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.

Саноати металлургӣ ба соҳаҳои металлургияи сиёҳ ва металлургияи ранга ҷудо мешавад. Сехҳои металургияи сиёҳ дар заводҳои «Тоҷиктекстилмаш», «Торгмаш», «Таджикгидроагрегат», (ҶШСК «Ҳумо») заводи арматурии ш. Душанбе, «қисмҳои эҳтиётии автомобил» – и шаҳри Конибодом (ҶСШК Бодом), комбинати «Абрешим» (Хуҷанд) мавҷуданд.

Саноати металлургияи рангаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Корхонаҳои металлургияи ранга (ғайр аз истеҳсоли алюминий) фақат зинаи истихроҷкунии маъдан, майдакунӣ ва пурбаҳрагардонии маъдан вуҷуд дорад. Маҳсулоти асосӣ – консентрати (ордаи) металҳои ранга мебошад. Консентрат то замони Истиқлол ба корхонаҳои металлургияи рангаи Ўзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайра фиристода мешуданд. Дар заводҳои металлургӣ аз ин консентрат ғайр аз металлҳои ранга, металлҳои камёб ва қиматбаҳо низ ҷудо карда мешаванд. Алҳол дар корхонахҳои металлургияи ранга: рўҳ, симоб, қурғошим, сурма, волфрам, селистин ва ба тарзи иловаги висмут, мис, қадмий, нуқра, молибден, қалъагӣ ва дигар металлҳои нодир ва пароканда истеҳсол карда мешаванд.

Ҷайлоев Ҷамшед Ҳусейнович - номзади илмҳои техникӣ, ходими пешбари илмии озмоишгоҳи “Маводҳои ба коррозия устувор”-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ

Худойбердизода Саидмири Убайдулло номзади илмҳои техникӣ, ходими пешбари илмии озмоишгоҳи “Маводҳои ба коррозия устувор”-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ

12313128-уми декабри соли 2024 дар ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бинои Парламенти кишвар баргузор гардид, Паёми Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардид.

Дар Паёми худ Пешвои муаззами миллат тамоми соҳаҳои фаъолияти давлату ҷамъиятро фаро гирифта, аз ҷумла масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, корҳои ободонӣ, сиёсати иқтисодӣ, молиявию андоз, такмили заминаҳои ҳуқуқӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳои давалатӣ, рушди сармояи инсонӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ ва таъмини амнияти киберии махзанҳои маълумот, рушди соҳибкории рақамӣ ва савдои электронӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва рушди саноату истеҳсолот, энергетика ва истиқлолияти энергетикӣ, таҳкими инфрасохтор ва роҳҳо, фазои сармоягузорӣ, саёҳӣ, кишоварзӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, фарҳанг, шуғли аҳолӣ, таълим ва касбомӯзӣ, ҷавонон, занону бонувон, терроризму экстремизм ва масъалаҳои дигарро баррасӣ намуданд.

Яке аз бахшҳои муҳим ва муфассали Паём ба рушди илму маориф бахшида шуда буд, ки Сарвари кишвар аҳамияти ин ду соҳаи стратегиро таъкид намуда, онҳоро ҳамчун омили асосии таъмини пешрафти Тоҷикистон ва тарбияи наслҳои нав баҳогузорӣ намуданд.

Бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва зарурати фароҳам овардани шароит барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон, аз Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ талаб карда шуд, ки дар панҷ соли оянда бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро таъмин намоянд. Ин иқдом барои афзоиши фарогирии кӯдакони синни томактабӣ ва зиёд кардани имконияти дастрасӣ ба таҳсилоти миёна дар маҳалҳои гуногун зарур мебошад.

Ҳамчунин, таваҷҷуҳи хоса ба такмили сифати таълим, сатҳи касбии омӯзгорон ва ворид намудани технологияҳои муосири таълимӣ равона карда шудааст. Таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот ва омодасозии кадрҳои баландихтисос ҳамчун вазифаҳои афзалиятнок таъкид шудаанд. Бо ин мақсад, Президенти кишвар супориш доданд, ки ба ҷорӣ намудани равияҳои нав, аз ҷумла ихтисосҳои ба иқтисоди рақамӣ вобаста ва барномасозӣ дар низоми таълим диққати ҷиддӣ дода шавад.

Дар Паём инчунин ташаккули пайванди илм бо истеҳсолот ва истифодаи инноватсияҳои технологӣ барои рушди иқтисодиёти кишвар ба таври ҷиддӣ зикр гардид. Бо назардошти нақши афзояндаи иқтисоди рақамӣ дар пешрафти ҷаҳонӣ, Пешвои миллат зарурияти омода намудани мутахассисони соҳаи барномасозӣ ва технологияи иттилоотиро таъкид намуданд. Ин иқдом дар заминаи ташкили Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар шаҳри Кӯлоб пешбинӣ шудааст, ки ҳамчун пойгоҳи омода намудани мутахассисони самтҳои зикршуда хидмат мекунад.

Президенти кишвар диққати ҷиддиро ба истифодаи зеҳни сунъӣ, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани маълумот равона карда, қайд намуданд, ки онҳо дар заминаи ҷаҳонишавӣ ва афзоиши таъсири технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот рақобатпазирии иқтисодиёти кишварро таъмин менамоянд.

Бо мақсади беҳтар намудани шароити кории кормандони соҳаи маориф ва илм, Пешвои миллат баланд бардоштани маоши кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, инчунин кормандони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмиро эълон карданд. Тибқи ин пешниҳод, аз моҳи сентябри соли 2025 маоши кормандони соҳаҳои маориф ва илм 20-30 фоиз зиёд карда мешавад. Ин тадбир ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии омӯзгорон ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия мусоидат мекунад.

Дар баробари ин, фароҳам овардани шароити беҳтар барои тарбияи кадрҳои ҷавон, ҳавасмандгардонии мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва омода кардани онҳо дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ зарур дониста шуд. Ҳукумати кишвар супориш гирифт, ки дар муҳлати чор моҳ лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ҷиҳати таъсиси Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва факултаҳои дахлдори донишгоҳҳои дигар пешниҳод намояд.

Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илму донишро асоси пешрафти ҳар як давлат ва ҷомеа шумурда, таъкид намуданд, ки пешрафти миллат бидуни рушди илм ва ҳифзи дастовардҳои илмӣ имконнопазир аст. Қайд гардид, ки тавассути татбиқи барномаҳои илмии таҳиягардида кадрҳои баландихтисоси илмии соҳаҳои гуногунро тайёр намудан лозим аст. Вобаста ба ин Пешвои муаззами миллат супориш доданд, ки дар муддати ду моҳ “Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021–2030” таҷдиди назар гардида, ба талаботҳои замони муосирр мувофиқ гардонида шавад.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар он ба илму маориф ва рушди ин ду соҳаи стратегӣ диққати асосӣ дода шудааст, аз муҳимтарин қадамҳо дар самти рушди устувори кишвар шаҳодат медиҳад. Бо роҳандозии ислоҳоти васеъ дар соҳаи маориф ва дастгирии ҳамаҷонибаи илм, Тоҷикистон метавонад насли нави мутахассисони баландихтисосро тарбия намояд, ки онҳо ба рақобат дар ҷаҳони муосир омода бошанд. Қатъиян ташаббусҳои нав дар самти илму маориф ба рушди зеҳнии ҷомеа ва пешрафти умумии иқтисодӣ мусоидат хоҳанд кард.

Директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.ф.м. Зарифзода Афзалшоҳ Қаҳрамон

Таърихи инсоният исбот менамояд, ки занони бо иродаву дурандеш, хирадманду закӣ, донишманду боистеъдод бо ҳидояту пайкори хеш метавонистанд зиндагии худу атрофиёнашонро мунаввар карда, ҳамзамон онҳо маҳз ақлу заковат, иродаву фазилат ва маърифату фарҳанги оиладорӣ, сутуни давлат ва пойдевори зиндаги ҳар хонадонро побарҷо месозанд. Дар ҷомеае, ки зан мақоми созанда ва зиндагии шоиставу солим дошта бошад, он кишвар дар рушду тараққист.

Дар ҳақиқат зан оинаи оила ва давлат аст. Қалби пурэҳсоси зан саршори меҳру вафост. Вазъи имрӯзаи ҷаҳон тақозои онро дорад, ки аз даричаи набзи қалбҳо ба ҳама гирумони зиндагӣ нигоҳи тозае дошта, дар эмори ҷомеа нақши созандае дорад. Худшиносии миллӣ, маърифати баланд, меҳнатдустӣ, фарҳанги оиладорӣ ва дурандешиву озодфикри калиди бахту саодат ва роҳ ба сӯи комёбиҳо мебошад.

Яке аз вазифаҳои муҳимтарини инсон бунёди оила мебошад. Оила падидаест, ки шахс дар муҳити он худро аз ниёзҳои инсонӣ бениёз мегардонад. Яъне ҳар инсон дар муҳити оила анъанаҳои табии ба вуҷуд овардани наслро идома дода, ба воситаи оила ба ҷомеа мепайвандад ва шахсияту ҳувият касб мекунад.

Оила маҳсули ҷомеа ва тамаддуни башар аст, навъ, шакл ва моҳияти онро сохти сиёсию иҷтимоии ҷомеа, ки оила рукни таркибии онро ташкил медиҳад, муайян месозад. Дар навбати худ оила низ ба ҳаёти ҷомеа ба воситаи тавлиду тарбияи кудакон ташкили маишати оила, таъмини хонавода, нуфуз доштан дар такомули ҷисмонӣ, равонӣ ва ахлоқию маънавии аъзои оила таъсир мерасонад.

Оила макони муқаддасест, ки кӯдак дар он ба воя расида, асоси пойдории давлат маҳсуб меёбад. Одоб, ахлоқ ва муоширати иҷтимоӣ низ аз ин ҷо сарчашма гирифта инкишоф меёбад. Ҳаёти солими миллат аз фазои солими оила сарчашма мегирад. Оила чун зинаи аввали бунёди ҷомеа нақши меҳварӣ дар тарбия ва ба воя расонидани наслҳо маҳсуб меёбад. Вазъи ияҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию ахлоқии оилаҳо дар сатҳи баланд бошад, ба ҳамон андоза он ба рушд ва пешрафти давлату миллат мусоидат менамояд. Худи таҳкиму таъмини саодату хушбахтии оила як шеваи бархӯрди инсонгароёна ва яке аз рукнҳои асосии низоми давлатдорӣ мебошад.

Боиси хушнудист, ки масъалаи соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 дар он мебошад, ки дар бунёди ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо маърифатии занон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Зани маърифатнок метавонад ба заковату ҳушмандӣ, на танҳо мавқеи пешоҳангӣ дошта бошад, балки ҷомеаро тарбия намояд. Занон тақрибан дар ҷомеаи Тоҷикистон беш аз 50 фоизи аҳолиро ташкил намуда, дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат нақши муассир доранд. Зан дар оила ҳамеша нақши муҳимро дошта, иффату зебоӣ, хоксориву маърифатнокӣ хусусияти хоси зан буда, ба зиндагии аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Бо таъсири зани соҳибмаълумоту соҳибмаърифат, фарзандонашон ҳам бомаърифат ва китобхон мешаванд. Хислатҳои неки модарашонро дар худ парвариш медиҳанд ва ба модарашон пайравӣ мекунанд. Маҳз ҳамин таҷрибаҳоро ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳо ва паёмҳои ҳарсолаашон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа диққати ҳамагонро ҷалб месозанд. Аммо дар замони ҳозира талабот ва фаъолияти занон дар корҳои давлатӣ бештар аст. Зиёдтар ҷалб кардани бонувон ба кор дар муассисаҳои тиббӣ, ва хидмати давлатӣ, соҳибкорӣ ба манфиати ҷомеа арзёбӣ мешавад. Вобаста ба ин фармон барномаҳои давлатӣ таҳия гардида, пайи амал қарор гирифтаанд.

Ҳадаф аз татбиқи барномаҳо натанҳо баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, балки дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ назаррас кардани фаъолияти занон мебошад. Баҳри баланд бардоштани рисолати худшиносии занон, нақши онҳо дар таҳкими оила, пешгирии шиддати пошхӯрии оила, тамоюли афзоиши бегонапарастӣ дар байни бонувон, мусоидат ба таҳсил ва ҷойи кор дар ҳамкорӣ бо сохторҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ силсилатадбирҳо амалӣ карда мешавад. Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми баланди занон дар ҷомеа таъкид намуда, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат муҳимарзёбӣ карданд, ки дар риояи қонунҳои миллиамон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак» боз ҳам фаъол бошанд. Инчунин қайд карда шуд, ки «Ободии давлат аз ободии ҳар хонадон ва ҳароила сарчашма мегирад ва иқтисоди муназзами кишвар ба сарфаю сариштакории буҷети ҳар як оила вобаста аст.

Масъалаи маърифатнокии занон дар миёни аксар халқияту миллатҳои ҷаҳон аз масоили ҳалталабу мавриди таваҷҷуҳ ба шумор рафта, боиси нигаронии аҳли илму адаб низ гаштааст.

Воқеан, дар зиндагӣ пешоҳанг будани зан ва маърифатнок буданаш имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кӯдакон, аъзои оила маърифатнок тарбият ёбанд. Ин талабот асоси фарҳанги оиладориро ташкил медиҳад. Маърифати занба фарзандонаш таъсири амиқи мусбӣ мерасонад. Занҳо на танҳо тарбиятгари башар, балки поягузори ҳаёти маданӣ низ ба шумор мераванд. Ҷаҳду талошҳои сарвари давлат ҳам дар роҳи ҳарчи бештар ҷалб намудани занон ба мақомоти роҳбарикунандаи ҳокимияти давлатию иқтисодӣ ба он хотир аст, ки бештар аз 50 фоизи аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил менамоянд. Аз раванди созандагӣ берун мондани ин миқдор аҳолии қобили меҳнат барои ҳар кадом давлат мушкилиҳои зиёдеро ба бор меорад. Ин аст, ки дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа иштироки фаъолонаи занон зиёд ба мушоҳида мерасад. Даврони соҳибистиқлоли дар назди ҷавонон, аз ҷумла занон рисолати пурмасъулияти ватандорию ватансозиро пеш гузошт.

Хулоса, зан ҷавҳари ҳастӣ ва ободию осудагии ҳар як манзил аст. Мебояд занонро дар руҳияи худшиносӣ, маърифати баланди меҳнатдӯстӣ, фарҳанги оиладорӣ, дурандешу қавиирода, бо илму донишҳои замони муосир, бо тафаккури илмӣ тарбият кард, ки созанда ва тарбиятгари наслҳои нав гардида, барои наслҳои оянда самараҳои нек ба бор оранд.

Давлатмуродзода Балхия - ходими хурди илмии Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 декабри соли 2024 муаррифӣ гардид, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва берунии мамлакат мавриди таҳлил ва хулосабарории амиқ қарор гирифт.

Қайд гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи устувори хешро пайдо карда, бо 183 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, 192 давлат истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф намудааст.

Ҷойгоҳи устувори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар он зуҳур меёбад, ки дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои муаззами миллат ҷумҳурии мо ба узвияти аксарияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуда, узви комилҳуқуқи беш аз 57 созмони байналмилалӣ, минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ мебошад ва ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар ҳалли мушкилоти сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва экологии ҷаҳон саҳми босазо мегузорад.

Арзишмандтарин хусусияти Паёми навбатии Пешвои миллат дар самти сиёсати хориҷӣ - ин дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ таъмин, тақвият ва дар оянда низ густариш додани муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории Тоҷикистон пеш аз ҳама, бо ҳамсояҳои наздик – кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад, ки дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон мақоми хосса доранд. Дар Паём омадааст, ки «стратегияи мамлакати мо зимни рушду тавсеаи муносибатҳо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ минбаъд низ дар заминаи ҳусну эътимод ва самимият бо ҳадафи мусоидат дар таҳкими фазои сулҳу субот ва таъмин намудани рушду пешрафти муштарак дар минтақа бунёд мегардад».

Дар Паём густариши ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, кишварҳои Аврупо, Амрико, Ховари Миёна ва давлатҳои дигари қитъаи дунё зикр ёфта, ҳамзамон иброз гардид, ки «мо аз тавсеаи робитаҳо, бахусус дар самтҳои рушди иқтисоди «сабз», ҳифзи муҳити зист, технологияҳои навин, ҷалби сармоя ва тиҷорат истиқбол менамоем». Ҷойгоҳи устувори кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ дар он низ зуҳур мегардад, ки соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсат дар созмони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба уҳдаи гирифтааст.

Дар Паём омадааст, ки Тоҷикистон ҳамкории судмандро бо ҳама созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва ниҳодҳои дигар ба роҳ монда, рушду тавсеа мебахшад.

Дар Паём боз як нуктаи муҳими сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ зикр ёфтааст. Соли 2025 Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид мизбони аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо хоҳад буд. «Мо бояд ҳамкориро дар самти обу ҳифзи пиряхҳо, баррасии пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ дар доираи имконияти мавҷуда идома дода, ҷиҳати тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар қолаби «Раванди оби Душанбе» тадбирҳои зарурӣ андешем» - омадааст дар Паём.

Ин конфаронс дар партави ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масоили мубрами обу экология ва тағйирёбии иқлим ва қабул гардидани Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардидани соли 2025, таҷлили 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо барпо мегардад, ки тамоми кишварҳои ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ бо хушнудӣ пазируфта, ҳамкориро дар ин самт бо Тоҷикистон тақвият дода истодаанд.

Дар ин замина, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси кишвари пешбар дар ҳалли масоили мубрами обу экология ва тағйирёбии иқлим эътироф гардидааст. Бешубҳа, ин аз эътирофи таҷрибаву малакаи кофӣ доштани давлати мо дар баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ ва обрӯю нуфузи баланди сарвари он гувоҳӣ медиҳад ва боиси ифтихори мардуми шарафманди Тоҷикистон аст.

Яке аз вижагиҳои сиёсати хориҷии давлати мо, ки дар Паёми имсола таъкид ёфтааст – ин ҳамкории зич бо созмони махсусгардонидашудаи СММ дар соҳаи маориф, илм ва фарҳанг мебошад. Дар ин робита дар Паём чунин омадааст: «Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад. Моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем». Дар ин робита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазоратҳои дахлдори ҷумҳурӣ супориш доданд, ки маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550 – солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд.

Ин ташаббуси Пешвои миллат метавонад таваҷҷуҳи тамоми ҷомеаи ҷаҳонро ба миллати бунёнсози аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар ва фарзанди барӯманди он - Куруши Кабир, ба таъриху фарҳанги бойи он, ба санадҳои муҳимми таърихии он ҷалб намуда, ба ин васила барои эҳтиром, эътироф ва риояи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмат намояд. Мо ин ташаббуси пурарзиши Пешвои миллатро саривақтӣ ва бисёр муҳим арзёбӣ намуда, онро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.

Ҳифзи сулҳу субот ва таъмини амнияти пойдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар сархати авлавиятҳои калидии сиёсати хориҷии давлати мо қарор дорад. Пӯшида нест, ки Тоҷикистон дар хатти пеши мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир мисли терроризму экстремизм қарор дошта, дар таъмини амнияти минтақа нақши муҳим дорад. Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон минбаъд низ бо кишварҳои минтақа ва ҳамҷавор, ҳамкории зичу судмандро дар соҳаи амният идома хоҳад дод.

Ҳамин тавр, дар асари сиёсати хирадмандона ва созандаи хеш дар арсаи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масоили глобалӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд. Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои устувор гузошта, бо пешбурди сиёсати ҳуқуқбунёд ва пешниҳодҳои созанда мавқеи худро истеҳком мебахшад ва дар оянда низ бо равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як мамлакати фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили муҳимми ҷаҳони муосир ва минтақа саҳми мондагор хоҳад дошт.

Саидумар Раҷабов – мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқ, професор

Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дастовардҳо, муваффақиятҳо ва мушкилоти соли сипаришуда, вазъи ҳозира, дурнамои рушд ва вазифаҳо барои соли минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро инъикос менамояд.

Ҳамаи Паёмҳои Роҳбари давлат барои фаъолияти ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва умуман, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчун дастурамал ва роҳнамо хизмат менамоянд. Ҳамзамон, Паём хазинаи маълумоти ошкоро, расмию дақиқ ва илмӣ буда, аз он олимону донишмандони ватанию хориҷӣ дар таҳқиқотҳои илмӣ, аз ҷумла ҳангоми гузаронидани таҳқиқотҳои сотсиологӣ васеъ истифода мебаранд.

Мо, кормандони кафедраи сотсиология ҳангоми гузаронидани таҳқиқотҳои сотсиологие, ки аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ва дигар мақомоти давлатӣ фармоиш дода мешаванд, аз маълумоти дар Паёми Роҳбари давлат ироашуда ҳамчун заминаи методологӣ истифода мебараем. Таҳлили муқоисавии маълумот, далелу рақамҳои Паёмҳои солонаи Пешвои миллат ба мо имконият медиҳад, ки самт, тамоюл ва қонуниятҳои рушди иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян намоем.

Предмети таҳлили сотсиологӣ дар Паём, пеш аз ҳама, масъалаҳои иҷтимоӣ мебошанд, ки мустақиман ба зиндагии шоистаю сазовори шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамбастагӣ доранд. Ба бахши иҷтимоии Паём асосан, масъалаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, занон ва ҷавононро шомил намудан мумкин аст. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ аст ва аз ин рӯ, дар Паём ба масъалаҳои иҷтимоӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Бесабаб нест, ки соли 2024 ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ ба 19 миллиард сомонӣ (43%-и хароҷоти буҷети давлатӣ) баробар гардид.

Пешвои миллат дар ҳар як суханронии хеш иброз медоранд, ки боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад ва дар Паёми имсола низ қайд гардид, ки “мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд... Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст”.

Як нишондиҳандаи муҳими рушди ҷомеа ва вазъи ҳаёти иҷтимоии давлат коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ аҳолӣ мебошад. Ба шарофати андешидани тадбирњои зарурӣ аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 83%-и соли 1999 ба 21,2%-и соли 2023 коҳиш дода шуд. Бояд ёдовар шавем, ки даромади пулии аҳолӣ дар давоми шаш соли охир се баробар, музди миёнаи меҳнат 1,8 баробар ва маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ дар панҷ соли охир 100% зиёд карда шудааст. Ҳамаи ин тадбирҳо барои мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум ва коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ мусоидат намуданд.

Мувофиқи «Стратегияи миллии рушди Љумњурии Тољикистон барои давраи то соли 2030» соли оянда, яъне соли 2025 дар Тољикистон нишондињандаи сатњи камбизоатї ба 18% ва њиссаи табаќаи миёна ба 40% расонида мешавад. Роҳбари давлатамон дар Паёми соли гузашта (соли 2023) ба Њукумати мамлакат супориш дода буданд, ки љињати дар њафт соли минбаъда, яъне то соли 2030 то ба 10 фоиз паст кардани сатњи камбизоатї дар Тоҷикистон чорањои мушаххасро амалї намояд.

Ҳамзамон, Ҳукумати мамлакат барои таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо, инчунин, зиёд намудани даромади пулии аҳолӣ корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонад.

МАОРИФ

Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус қайд гардид, ки “Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад”. Сарвари давлат рушди босуботу устувори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ эътибори ҷиддӣ дода, қариб дар ҳар як Паёми хеш низоми маорифи ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеа, омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ, таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ғайраҳоро масъалаҳои ҳалталаби Тоҷикистон меҳисобанд. Дар ҳолате, ки ҳоло шумораи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст.

Роҳбари давлат ҳамбастагии пешравию пирӯзии давлат ва ҷомеаро ба мактабу маориф ва илму дониш тасдиқ намуда, сифати давлатро на ба ҳудуд ва шумораи аҳолӣ, балки ба сифати мактабу маориф ва сифати аҳолӣ вобаста донистанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки “сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад. Яъне то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд”.

ШУҒЛИ АҲОЛӢ

Чи хеле қаблан гуфта гузаштем, Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як шаҳрванд шароити зиндагии арзандаю сазовор ва рушди озодонаи шахсию касбиро фароҳам меорад. Дар Паёми имсола низ ташкили ҷойҳои кории нав бо музди меҳнати муносиб ва бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат номида шуд. То 01.01.2024 аҳолии Тоҷикистон 10 млн. 288 ҳазор нафар рафта расид, ки аз ин 2 млн. 672 ҳазор нафар аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол буда, дар маҷмуъ, 5 млн. 805 ҳазор нафар захираҳои меҳнатиро ташкил медиҳанд. Дар алоқамандӣ бо афзоиши шумораи аҳолии қобили меҳнат Ҳукумати мамлакат вазифадор гардид, ки барои дар панҷ соли оянда дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъсис додани беш аз 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи кории нав тамоми имкониятҳоро сафарбар намояд.

Инчунин Вазорату идораҳои марбута барои аз ҳисоби ҷавонон омода намудани кадрҳои баландихтисос ва бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо, соҳибкасб намудани аҳолии кишвар ва рақобатнок гардонидани қувваи корӣ, таъсис додани марказҳои касбомӯзиву хизматрасонӣ ва рушди малакаҳо дастуру супориш гирифтанд. Бояд ёдовар шавем, ки маҳз бо ташаббуси Роҳбари давлат дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар марказҳои таълими калонсолон таъсис дода, то имрӯз дар онҳо беш аз 700 ҳазор шаҳрвандон ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шудаанд, ки барои омода гардидани кадрҳои тахассусманд ва ҳалли масъалаи гуногунсамти муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат намуданд.

ҶАВОНОН

Дигар бахши муҳими Паёми имсола ба масъалаи ҷавонон бахшида шуда буд ва Роҳбари давлат бори дигар ҷавононро қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол номиданд, зеро айни замон 61 фоизи шумораи умумии кормандон ва 49 фоизи хизматчиёни давлатиро дар кишвар ҷавонон ташкил медиҳанд. Президенти кишвар аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки дар бораи тағйиротҳои иҷтимоӣ огоҳ бошанд, илму донишҳои замонавӣ ва касбу ҳунарҳои муосирро омӯзанд, аз таъсири мафкураи экстремистию хурофотпарастӣ худро ҳифз кунанд, дар ҳифзи Ватан ва ваҳдати миллӣ ҳамеша тайёр бошанд.

Дигар масъалаҳои иҷтимоии дар Паёми имсола ироагардида дар маърузаҳои қаблӣ баррасӣ гардиданд ва аз ин хотир як нуктаи дигари муҳимро зикр кардан лозим аст, ки заҳмату ташаббусҳои Роҳбари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон буданд, ки дар кишварамон барои ҳаёту фаъолияти шаҳрвандон фазои мусоиди орому осуда фароҳам оварда шудааст. Давлат рисолати меҳварии хеш, яъне таъмину таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, амнияти миллӣ ва Ваҳдати миллиро ба анҷом расонидааст.

Охири соли 2023 мувофиқи таҳқиқоти сотсиологие, ки аз тарафи Институти амрикоии омӯзиши афкори умуми “Гэллап” гузаронида шуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози амнияту субот ва эътимоду боварии шаҳрвандон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар байни 142 давлати ҷаҳон дар ҷойи якум қарор гирифт. Тоҷикистониён дар пурсиши сотсиологии маркази таҳлилии амрикоӣ “Гэллап” изҳор доштаанд, ки зимни гаштугузори шабона ҳеҷ хатареро эҳсос намекунанд ва ба мақомоти ҳифзи тартиботи маҳали зисташон бовар доранд. Ёдовар мешавем, ки соли 2019 Тоҷикистон дар ин раддабандӣ пас аз давлати Сингапур дар зинаи дуюми ҷадвали амнтарин кишварҳои олам қарор дошт. Ҳамзамон, ш. Душанбе низ ду маротиба – соли 2004 ва соли 2016 ба ҷоизаҳои байналмиллалии «Шаҳри сулҳ» сазовор дониста шуда буд.

Дар анҷоми Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи мо, ҳамватанони азиз даъват ба амал оварданд, ки ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем, барои ободӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамонталош кунем, дар таҳкими сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистон саҳми назарраси хешро гузорем.

Умуман, дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» як қатор пешниҳодҳо, супоришҳо ва вазифаҳо ба миён гузошта шуданд, ки иҷрои онҳо барои рушди устувори ҷомеа, беҳтар гаштани шароитҳои зиндагии арзандаю сазовори мардум, инкишофи илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва бартараф намудани мушкилоту монеаҳое, ки дар ҳаёти ҷомеа ва давлати мо мавҷуданд, шароити заруриро фароҳам оварда метавонанд.

Мирзода Ф.С. - ходими калони шуъбаи сотсиологияи
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинова АМИТ номзади илмҳои фалсафа, дотсент

(Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024)

Давоми зиёда аз бистсоли охир дар ҷумҳурии тозаистиқлоли мо охири соли куҳан ва ё дар оғози соли нави милодӣ Паёми Президенти Ҷумҳурӣ, Пешвои миллат ба мақоми олии намояндагии кишвар бо ширкати намояндагони дигар қишрҳои ҷомеа баргузор мегардад. Ин рукн ба ҳукми яке аз анъанаҳои давлатдории миллӣ дар марҳалаи навтарини он мавриди қабул қарор гирифтааст ва баргузоршавии он ҳамеша боиси таваҷҷуҳи сокинони кишвар, мақомоти давлатию идорӣ, аҳли илму маориф ва фарҳанг мегардад. Паёми Президенти ҷумҳурӣ, Пешвои миллат дар ҷомеаи кишвар ҳамеша ҳамчун ҷамъбасти дастовардҳо, корҳои ба анҷом расида дар соли пешин ва дастуру раҳнамоиҳо барои соли нав ва ё марҳалаи навбатии рушди давлати соҳибистиқлол қабул карда мешавад.

12231Ин сол низ сокинони кишвар Паёми навбатиро, ки дар рӯзҳои охирини соли куҳан ироа гардид, бо интизории зиёд мунтазир буданд ва баргузоршавии онро бо рӯҳбаландию иродатмандии хуб пешвоз гирифтанд. Фараҳбахш боз он аст, ки Паёми имсола дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлисӣ Олӣ (Парлумон), ки бо ҳунари волои меъморӣ дар як муддати кӯтоҳ бунёд ёфтаву ба симои пойтахти давлати тоҷикон шаҳомати навро илова намуд, баргузор гардид.

Тибқи анъана Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ раванди рушди кишвари соҳибистиқлолро дар марҳалаи охир, пеш аз ҳама дар соли 2024 мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, бо далелу рақамҳои мушаххаси оморӣ бурду бохти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ҷумҳуриро бо нишон додани сабабу омилҳои пешравӣ ва ё ҷой доштани мушкилоту норасоиҳо пешкаши намояндагони мардумӣ ва сокинони кишвар гардониданд.

Воқеан дар муддати сиюсесоли соҳибистиқлолӣ ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон, ки дар ибтидои ин марҳала қувваҳои зиёди дохилию берунӣ ба мавҷудияту рушди он ҳар гуна монеаҳо месохтанд, зина ба зина аз парокандагиву харобӣ берун омада, як раванди муназзами рушд ва пешравиро соҳиб гардид. «Ҳоло кишвари мо, - таъкид намуданд Пешвои муаззами миллат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ, - дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст».

Аммо дар вазъи ниҳоят ноороми ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ нигоҳ доштани суръати муназзами рушд, татбиқи стратегияву барномаҳои гуногунмуҳлати иқтисодию иҷтимоӣ ва расидан ба ҳадафҳои асосӣ сиёсати ниҳоят мудаббиронаю дурбинонаро талаб менамояд. Бесабаб нест, ки Сарвари давлат дар оғози Паёми худ ба ин масъала таваҷҷуҳ намуда, омилҳои асосии таъсиргузорро ба рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар як ба як номбар намуданд. Пеш аз ҳама, Пешвои миллат нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулотро омилҳои асосии берунаи таъсиргузор ба иқтисоди кишвар ҳисобиданд. Албатта, барои пешгирӣ кардани таъсири манфии ин ва дигар омилҳои ҷойдошта ҷумҳурии моро зарур аст, ки пайваста тадбирҳои саривақтӣ ва таъминкунандаи назму низоми тараққиётро қабул намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳангоми ироаи Паёми худ сокинони кишвар ва ҷомеаи ҷаҳониро аз он огоҳ намуданд, ки новобаста аз мавҷудияти омилҳои манфии таъсиргузор ва мушкилоти дигари дохилию берунӣ мо раванди расидан ба ҳадафҳои миллии худро боз ҳам қавитар намуда, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодии кишвари худро таъмин менамоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баландтар мебардорем. «Зеро, - бо қатъияти том таъкид намуданд Пешвои миллат, - мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон».

Бале, ҳар як кӯшишу ҷадал ва тадбиру амали давлату ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз барои ба даст овардани ҳамин ҳадафи олӣ, яъне таъмини зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ равона гардидааст. Пас зиндагии шоиста чист? Зиндагии шоиста дар адабиёти илмӣ, пеш аз ҳама соҳаи ҳуқуқшиносӣ, ҳамчун ҳолати ҳамаҷонибаи қонеъ намудани ниёзҳои биологӣ, иҷтимоӣ ва маънавии инсон (шаҳрванд) омадааст, ки ҳам аз ҷониби шахс мустақилона ва ҳам бо кӯмаки давлат таъмин гардида, бо меъёрҳои сатҳ, сифат ва тарзи зиндагӣ муайян карда мешавад.

Мафҳуми зиндагии шоистаро ба тарзҳои дигар низ шарҳ медиҳанд, аммо асли онро мувозинати некуаҳволии ҷисмонӣ ва маънавӣ ташкил медиҳад, яъне он танҳо аз давлат вобаста нест. Инсон бояд ҳамеша дар пайи инкишофу такмили худ бошад, ба дигарон кӯмак намояд. Дар зиндагии шоиста оила, дӯстӣ, меҳру муҳаббат нақши барҷаста доранд, зеро афзалиятҳои синусолӣ тағийрёбандаанд, вале арзиши муносибатҳои инсонӣ тағийр намеёбанд. Зиндагии хуб инчунин қаноатмандии касбӣ ва шахсиро низ дар бар мегирад ва дар хотир бояд дошт, ки он бо шуҳрат ва сарват робитае надорад, баръакс ин вобаста ба он аст, ки мо ҳар рӯзи зиндагии худро чӣ гуна мегузаронем ва ба атрофиёни худ чӣ таъсире мерасонем. Хушбахтӣ ва қаноатмандӣ аз зиндагӣ ҳамон вақт ба даст меояд, ки мо дар пояи кадом арзишҳо зиндагӣ мекунем, ба дигарон чӣ гуна муносибат дорем ва ё чӣ кӯмаке мерасонем.

Ҳамин тавр, зиндагии шоистаро метавон бо ду гурӯҳи меъёрҳо натиҷагирӣ кард: меъёрҳое, ки сатҳи иҷрои ӯҳдадориҳои давлатро дар самти таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон тавсиф мекунанд; дуюм меъёрҳои тавсифкунандаи дараҷаи иҷрои вазифаи зиндагии бошарафона аз тарафи худи инсон (шаҳрванд) мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди ин кишвари соҳибистиқлол имрӯз дар баробари давлату ҳукумат барои расидан ба ин ҳадафи олӣ, яъне таъмини зиндагии шоиста худаш низ бояд пайгирона ҷадал намояд, арзишҳои волои инсонӣ, сатҳи баланди маърифатнокӣ ва ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ ва худшиносиро ҳамчун дастурамали зиндагиаш интихоб кунад.

Бешубҳа, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ зери парчами сиёсати хирадмандонаю созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ин ҳадафи олӣ-таъмини зиндагии шоистаи мардуми кишвар устуворона қадам гузошта, аз ҳамаи захираву имконияти мавҷуда истифода менамояд. Махсусан, таҳлили дастовардҳои назарраси иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ дар даҳсоли охир нишон медиҳанд, ки дар ин самт кишвари азизи мо суръати хуби рушд ва равиши муназзами пешравиро соҳиб гардидааст.

Мо, шаҳрвандони кишвари соҳибистиқлол имрӯз рушди бомароми ҷумҳуриро на танҳо мебинем, балки ҳама, аз хурд то бузург вобаста ба қадри имкону иқтидор бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар тараққиёти он ҳиссагузор мебошем. Агар бо забони рақам ё омор тасвир намоем, дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоиз ва соли 2024 8,4 фоизро ташкил медод. Дар ин муддат, яъне панҷ соли охир барои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ маблағ равона гардида, соли 2024 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ расонида шуд. Танҳо дар давоми се соли охир дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиёда аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзишӣ, 175 муассисаҳои фарҳангиву фароғатӣ ва ҳазорҳо иншооти дигар бунёд гардидаву ба истифода дода шуданд.

Яке аз нишондиҳандаи дигари сатҳи некуаҳволии аҳолии кишвар ин даромади пулии шаҳрвандони ҷумҳурӣ мебошад, ки он аз 48 миллиард сомонии соли 2019 то ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024 боло рафтааст. Яъне даромади пулии аҳолӣ дар ин муддат 3 баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфтаст. Умуман, дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷавӣ чор маротиба ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд. Ҳамаи ин чораҳо бо мақсади паст кардани таъсири сатҳи таваррум, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва хубтар намудани шароити зиндагии шаҳрвандони ҷумҳурӣ амалӣ гардидаанд.

Ба замми он, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат новобаста аз пешравиҳо мақомоти давлатӣ ва иҷроияи кишварро вазифадор намуданд, ки иҷрои саривақтии босифати барномаву нақшаҳои мавҷударо дар оянда низ таъмин намуда, суръати рушди иқтисодии кишварро дар соли 2025 дар сатҳи на кам аз 8 фоиз нигаҳ доранд. Баробари он вазифа гузошта шуд, ки идоракунии самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат мунтазам таъмин карда шавад.

Ҳамзамон, дар Паём масоили дигари тақвиятдиҳандаи таъмини зиндагии шоиста, ба вижа ташаккули маърифати моливии шаҳрвандон ва фарҳанги андозсупорӣ, истифодаи технологияи муосири рақамӣ, муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, такмил додани механизми татбиқи имтиёзи андоз ва дигар, ки барои некуаҳволӣ ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ равона шудаанд, баррасӣ гардиданд. Ба хотири боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур дода шуд, ки дар соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои буҷавӣ, пеш аз ҳама соҳаи маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ, ҳадди ақали музди меҳнат, нафақа аз 10 то 30 фоиз баланд карда шаванд.

Ҳамин тавр, аз муҳтавои Паёми Сарвари давлат, таҳлилу гузориши масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаи имрӯзаи кишвар, муқаррар намудани самтҳои асосии рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ бар меояд, ки давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ барои расидан ба ҳадафи асосӣ – таъмини зиндагии шоиста аз тамоми имконоту шароити мавҷуда истифода менамоянд. Фазои орому осоишта, ваҳдату якдилии ҷомеаи кишвар омилҳои муҳимми таъмини суръати муназзами рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли нав ва марҳалаи навбатӣ мебошанд. Вале баробар ба ин дар ҷомеаи кишвар бо тарбияи насли наврас, соҳибкасбу соҳибмаърифат намудани ҷавонон, ба шакли мукаммал донистани забони модарӣ ва арҷгузорӣ ба он, омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ, азхудкунӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи технологияи муосир, рушди неруи зеҳнӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳамагуна ҳаракату андешаҳои ифротӣ, комилан аз байн бурдани хурофотпарастӣ, вусъати ҷаҳонбинии илмӣ ва ҳамқадами ҷаҳони мутамаддин будани аҳли ҷомеаи кишвар мо метавонем ба ҳадафҳои олии худ, махсусан зиндагии шоиста шарафёб гардем. Ҳанӯз, хеле пештар аз ироаи Паём дар яке аз суханрониҳои хеш Пешвои миллат таъкид намуда буданд: “Мо-тамоми аҳли ҷомеаи мамлакат бояд сарҷамъона ва бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ барои таъмини зиндагии шоистаи ҳар оилаи Тоҷикистони азизамон заҳмат кашем”.

Ҳамин тавр Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 28 декабри соли 2024 ироа гардид, як дастурамали наву мушаххасе барои тай намудани боз як марҳалаи тозаи рушди ҷумҳурии соҳибистиқлол дар арафаи ҷашни миллии 35-солагии истиқлоли комили давлатӣ мебошад.

Профессор Насрулло УБАЙДУЛЛО, - сарходими илмии ИТБМ ба номи А.Дониши АМИТ

(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, 28 декабри 2024,ш.Душанбе)

Дар толори нави Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28 декабри соли 2024 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд.

Чӣ тавре ки дар Паёми гузашта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ ва дурнамои сиёсати хориҷии кишвар чунин қайд намуда буданд: “Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳким ва тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин, дигар шарикони анъанавӣ аз минтақаҳои Осиё, Аврупо ва Амрико ҷойгоҳи хоса дорад. Чунин рӯйкарди ба оянда нигаронидашуда асоси сиёсати «дарҳои кушода»-и Тоҷикистонро ташкил медиҳад.”[1]

Инчунин дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сиёсати хориҷии кишвар чунин қайд намуданд: “Тоҷикистон дар заминаи сиёсати хориҷии “дарҳои кушода” ва таҷрибаи ҳамкории беш аз се даҳсола бо кишварҳои Аврупо Амрико, Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар қитъаҳои дунё омодагии хешро ҷиҳати идомаи таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо онҳо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар қолабҳои бисёрҷониба изҳор мекунад”.

Сиёсати бисёрҷанба боиси тақвияти рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар соли 2024 гардид. Кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар Консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосса доранд. Санаи17-26 ноябри соли 2024 ба минтақаи мазкур дар асоси супориш ва таваҷҷуҳи хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҳайти Тоҷикистон бо Малайзия, Сингапур, Индонезия ва Тайланд сафари корӣ анҷом доданд. Сафари мазкур яке аз дастовардҳои сиёсати хориҷии кишвар ба ҳисоб меравад.

Ҳайати кишварро вазири саноат ва технологияҳои нав, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон, мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, муовинони раиси Кумитаи андоз, сардори Хадамоти гумрук, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, оид сафари Тоҷикистон ба Малайзия ва дигар шахсон барои муаррафии самтҳои сиёсати гуногуни кишвар баромад намуданд. Чунин сафари ҳайати кишвар ба минтақа бори аввал аст.

Аз 17 то 19 - уми ноябри соли 2024 дар доираи сафар ба давлати Малайзия ҳайати кишвар бо як қатор роҳбарони баландпояи ин кишвар, аз ҷумла муовини Сарвазир ҷаноби Юсуф Фадиллаҳ, собиқ Сарвазир доктор Маҳатҳир бин Муҳаммад, вазири молия ҷаноби Датук Сери Амир Ҳамза Азизан, муовини Вазири сармоягузорӣ, савдо ва саноати Малайзия, ҷаноби Лю Чин Тон, валиаҳди Салтанати Негери Сембила, ҷаноби Тунку Али Резауддин ва Гурӯҳи палатаҳои савдои Малайзия дидору мулоқотҳои судманд анҷом доданд.[2]

Зимни баргузории мулоқоту вохӯриҳо ва Форуми сармоягузорӣ ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла, ҷалби сармояи мустақим аз Малайзия барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар самтҳои иқтисоди сабз, энергетика, манбаҳои нерӯи таҷдидпазир, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок ва коркарди ашёи хом иброз намуданд.

Ҳамзамон санаи 20 ноябри соли 2024 ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории кишварҳо дар шаҳри Сингапур ширкат варзиданд. Дар ин ҳамоиш, намояндагони вазорату идораҳои зикргардида доир ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони ширкатҳои бузургтарини Сингапур ва намояндагони ассотсиатсияи шабакаҳои тиҷоратии Enterprise 50 (Е50) мулоқот намуданд.

Зимни чорабинӣ зикр гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳо муяссар гардид, ки ба ҷалби сармоя, ташкили корхонаҳои муштарак, рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, воридоти технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодию сармоягузорӣ мусоидат менамояд. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро котиби доимии вазорати савдо ва саноати Ҷумҳурии Сингапур доктор Беҳ Свон Ҷин ба ҳузур пазируфт. Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба дурнамои ҳамкориҳои мутақобила ва ҷалби доираи соҳибкории Ҷумҳурии Сингапур барои амалисозии лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ мубодилаи афкор намуданд. Дар рафти мулоқот, инчунин вобаста ба масъалаҳои низоми бонкӣ, хусусан ҳамкории Департаменти монетарии Сингапур бо Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкориҳои судманд анҷом дода шуд.

Дар доираи Форум имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон, низоми бонкӣ, фаъолият дар бахшҳои саноат, рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Сингапур, тақвияти ҳамкориҳо дар доираи фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии рушди Сингапур дар Тоҷикистон (MDIS) ва дигар масъалаҳои барои ҷонибҳо манфиатбахш мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.[3]

Инчунин 22 ноябри соли 2024 вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, Шералӣ Кабир бо Муовини вазири савдои Ҷумҳурии Индонезия хонум Дяҳ Роро Эстӣ дар шаҳри Ҷакарта мулоқоти дуҷониба анҷом дод. Дар ин дидор таҳкими равобити дуҷонибаи Индонезия ва Тоҷикистон, баррасии имконоти тиҷорату сармоягузорӣ ва рушди иқтисодии ду кишвар баррасӣ шуданд.[4]

Зимни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла, баимзорасонии созишномаи дахлдор оид ба савдои озод миёни ду кишвар, таҳкими ҳамкориҳои сармоягузорӣ, афзоиши ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба, татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ, нассоҷӣ, энергетика ва гардишгарӣ, табодули сафарҳои мутақобилаи доираҳои соҳибкорӣ ва омӯзиши таҷрибаи якдигар дар самтҳои болозикр мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт. Муовини вазири савдои Индонезия қайд намуд, ки айни замон Индонезия ва Тоҷикистон бахши кишоварзӣ ва амнияти ғизоиро ҳамкорӣ доранд.

Дар доираи сафари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ вохурии ҳайат бо роҳбарияти Эксимбонки Индонезия баргузор гардид. Дар доираи вохурии мазкур масъалаҳои марбут ба иштироки Эксимбонки Индонезия дар лоиҳаҳои самти инфрасохтор соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, рақамикунонӣ, сайёҳӣ ва тиб, маблағгузории амалиётҳои содиротӣ тавассути пешниҳоди хатҳои қарзӣ барои баланд бардоштани рақобатпазирӣ дар бозорҳои байналмилалӣ, ташкили форумҳо барои рушди тиҷорат ва табодули таҷриба оид ба масъалаҳои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи сафари корӣ ба Таиланд санаи 23-26 ноябри 2024 анҷом доданд. Ин сафари корӣ марҳилаи муҳими тоза дар таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Таиланд гардида, имкониятҳои ҷадидро барои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, сармоягузорӣ, тиҷоратӣ, бонкдорӣ ва технологияҳои муосир фароҳам овард.

Дар рӯзи аввали сафар ҳайати Тоҷикистон бо Сарвазири Таиланд вохӯрии ғайрирасмӣ баргузор намуд. Дар ин мулоқоти самимӣ, ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар ҳама соҳаҳо мавриди таваҷҷуҳ изҳор карданд. Ин вохӯрӣ заминаи мусоид барои чорабиниҳои минбаъдаи сафари корӣ фароҳам овард.

Мавриди зикр аст, ки ҳайати кишвар ба мақсади баррасии имконияти густариш ва роҳандозии ҳамкориҳои Тоҷикистон зимни вохӯрӣ ва нишасти корӣ бо намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусии кишварҳои Малайзия, Сингапур, Индонезия ва Таиланд ба минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ буд. Ҳадафи он баррасии имконияти таҳкими робитаҳои иқтисодии кишвар ва муаррифии сармоягузории Тоҷикистон ба намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахшҳои хусусии кишварҳои болозикр мебошад. Ҳамчун замина ба таъсиси сохториву ташкилотӣ барои танзими мулоқотҳои оянда бо доираҳои тиҷоратӣ ва муҳокимаву баррасии имкониятҳои нави ҳамкорӣ дар таҳияи лоиҳаҳои муштарак ва бахшҳои калидӣ бо муайян намудани самтҳои афзалиятноки сармоягузорӣ барои ҳамоишҳои соҳибкориву тиҷоративу сармоягузорӣ мусоидат хоҳад кард. Сафари ҳайати кишвар ба кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ яке аз дастоварди сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат буда, барои рушди самтҳои иқтисодиёт дар ояндаи наздик мусоидат менамояд.

Бо назардошти ба роҳ мондани ҳамоҳангии муассисаҳои илмӣ бо вазорату кумитаҳо пешниҳод карда мешавад, ки барои омӯзиши баррасии самтҳои ҳамкориҳо ба кишварҳое, ки Тоҷикистон робитаҳои дуҷонибаи дӯстона дорад, дархостҳои худро ба муассисаҳои илмӣ ироа дошта, омодагии хешро барои қабул ва амалисозии натиҷаҳои тадқиқоти олимон эълон намоянд. Имрӯз набудани робитаҳои байни ниҳодҳои давлатӣ, мушкилотҳо дар тадқиқотҳои илмӣ ба назар мерасад. Барои беҳтар кардани робитаҳо пешниҳод карда мешавад, ки байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату кумитаҳои дахлдор созишнома, оид ба дастрасии маводҳо дар корҳои илмӣ-тадқиқоти баста шавад.

Ташкили семинарҳо байни вазоратҳо ва кумитаҳо бо Институтҳои таҳлилӣ дар самтҳои сиёсати хориҷии кишвар зарур мешуморем. Муассисаҳои илмӣ бояд мавзуъҳоеро мавриди омӯзиш қарор диҳанд, ки дар асоси пешниҳодҳои Паёми солона, ҳадафҳои стратегӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Ҳамоҳангӣ бо вазорату кумитаҳои дахлдор метавонад, чунин мавзъҳои аҳамиятнокро дуруст муайян кунад. Танҳо саноати илмбунёд дар бозори имрӯзаи ҷаҳонӣ рақобатпазир буда метавонад, ки ин заминаи рушди устувори мамлакат барои даҳсолаҳои ояндаро фароҳам меорад.

Соҳиби Баҳруло - ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Сарчашмаҳо:

1. Баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Сингапур https://investcom.tj/news/473-barguzorii-forumi-sarmojaguzorii-toikiston-va-singapur.html

2. Баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Сингапур https://investcom.tj/news/473-barguzorii-forumi-sarmojaguzorii-toikiston-va-singapur.html

3. Баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Сингапур https://investcom.tj/news/473-barguzorii-forumi-sarmojaguzorii-toikiston-va-singapur.html

4. Pertemuan Wamendag RI dengan Menteri Perindustrian dan Teknologi Baru Tajikistan https://www.kemendag.go.id/.../pertemuan-wamendag-ri... 23.11.2024

Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ. 28.12.2024. шаҳри Душанбе

Имрӯзҳо, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дорад, ки он пеш аз ҳама рушди асосбунёди ҷомеа – тараққӣ додани иқтисодиёти кишвар ва ташаккули камолоти сармояи инсонии он тавассути таъмини амнияти миллӣ мебошад. Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои соли сипаришударо ҷамъбаст намуда, 55% қисмати Паёми хешро ба ҳадафи стратегии давлат - рушди иқтисодии кишвар бахшидаанд.

Дар баробари ин мавзӯъ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки ин ҳадафи стратегӣ дар шароити тараққиёти илму техника ва технологияҳои нав ба нав, бе инкишофи ҳаматарафаи сармояи инсонӣ ва, дар вазъи шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ, таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат ва дигар омилҳои берунӣ, бе таъмини амнияти миллӣ пешрафт нахоҳад кард.

Инак, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ ва аҳли ҷомеа бо як шукӯҳу шаҳомати пурифтихор ва ҳисси масъулиятшиносии ватандӯстона, бо сипосу миннатдории самимӣ ба соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва сокинони мамлакат барои дастгирии ташаббусҳои Ҳукумат ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти мамлакат оиди дастовардҳои тозаю навин ироа карда, бо эътимоди комил ба мардум ҳадафҳои стратегии наздику дурнамои кишварро иброз намуданд.

Бешубҳа, рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, сармояи инсонӣ ва таъмини амнияти кишвар чун ҳадафи стратегии як кишвари рӯ ба тараққӣ ниҳода бо ҳам зич алоқаманд буда, ба рушду таҳкимёбии низоми сиёсии давлатдорӣ мусоидат мекунанд.

Сармояи инсонӣ, ки дониш, малака, тахассус, саломатӣ ва қобилиятҳои одамонро дар бар мегирад, манбаи асосии истеҳсолот, инноватсия ва рушди устувори тамоми соҳаҳои ҷамъият ва давлати миллӣ мебошад. Дар баробари ин, сармояи инсонӣ фароҳамоварандаи қудрати молию моддӣ барои пешрафти дарозмуддати давлати соҳибистиқлоли миллӣ ҳамчун асоси рушди стратегӣ, омили асосии рушди устувори иқтисодӣ ва тамоми соҳаҳои ҷамъият ба ҳисоб меравад.Таҳлил нишон медиҳад, ки рушди инсон дар ҷомеа як раванди бисёрҷанбаест, ки беҳтар намудани солимии ҷисмонӣ, равонӣ, эҳсосотию иҷтимоӣ, инчунин ташаккули маҳорату қобилиятҳои фардиро дар бар мегирад, ки он барои самаранок инкишоф додани иқтидори кишвар ва баррасии якчанд ҷанбаҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ хеле муҳим аст. Рушди сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин равандҳоест, ки барои баланд бардоштани рақобатпазирии кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва беҳбуди сифати зиндагии мардум мусоидат мекунад. Солҳои охир дар низоми маорифи Тоҷикистон ислоҳоти фаъол баҳри беҳбуди сифати таҳсилот амалӣ шуда, мутобиқшавии он ба стандартҳои байналмилалӣ ба вуқӯъ меояд. Яке аз ташаббусҳои муҳим дар ин ҷода ҷорӣ намудани барномаҳои таълимие мебошанд, ки ба касбҳои муосир, аз қабили IT, муҳандисӣ, экология ва соҳибкорӣ нигаронида шудаанд. Дар кишварҳои тараққикардаистода сармоягузорӣ ба соҳаи маориф, тандурустӣ, такмили ихтисос ва амнияти иҷтимоӣ омилҳои асосии ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии рушд мебошанд. Чунки таҳсилот ва омӯзиш қувваи кории баландихтисосро ба вуҷуд меорад, ки он ба ҷалби сармоягузорӣ, рушди технологияҳои инноватсионӣ ва пешбурди иқтисодиёт қодир мегардад. Бинобар ин солҳои охир аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон бо дастгирии хирадмандонаи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомали Раҳмон ва соҳибкорону шахсони саховатпеша барои бунёди сармояи иҷтимоӣ ва инсонӣ ба соҳаҳои гуногун маблағгузорӣ карда шудааст, ки он боиси беҳтар шудани сифати зиндагӣ, маориф, тандурустӣ, рушди институтҳои иҷтимоӣ ва ба вуҷуд омадани инфрасохтор дар кишварамон гардид.

Дар натиҷа, “дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд”.Таъсиси марказҳои таълимӣ, ки касбу кору ихтисосҳои технология ва хизматрасониро меомӯзонанд, ба беҳтар шудани шуғли аҳолӣ ва баланд бардоштани ихтисоси коргарон мусоидат низ намуд.

Барои ба даст овардани омори дақиқ дар бораи баланд шудани сатҳи ихтисосии омӯзгорон дар Тоҷикистон дар асоси маълумоти то соли 2024 метавонем чанд ҷанбаи ин равандро баррасӣ кунем. Масалан, соли 2021 дар Тоҷикистон курсҳои такмили ихтисос беш аз 60 ҳазор нафар омӯзгорро фаро гирифтаанд, ки як қисми зиёди шумораи умумии омӯзгоронро ташкил кард. Ин курсҳо тавассути марказҳои тахассусии таълимӣ, аз қабили Марказҳои такмили ихтисоси назди Вазорати маориф ва илм ташкил шуда буданд.

Унсури муҳими такмили ихтисос низ дастрасӣ ба маводҳои методӣ ва китобҳои дарсии муосир мебошад, ки Вазорати маориф дар ин ҷода зуд-зуд барномаҳо ва васоити таълимии навшударо таҳия ва нашр менамояд, то ба омӯзгорон дар такмили дониш ва равишҳои таълимашон кӯмак расонад.

Дар доираи ислоҳоти соҳаи маориф дар кишвар як қатор лоиҳаҳое мавҷуданд, ки ба баланд бардоштани малакаҳои толибон, омӯзгорону кормандони соҳа нигаронида шудаанд. Аз он ҷумла, барномаҳое, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ дастгирӣ мешаванд, ба нақша гирифта шуда, амалӣ мегарданд.

Масалан, дар доираи барномаи Бонки Ҷаҳонӣ ва ЮНЕСКО ҳудуди 50 ҳазор омӯзгор тавонистанд, ки тавассути курсҳои гуногун маълумоти иловагӣ гиранд.Дар доираи ислоҳоти соњаи маориф усулњои нави таълим низ љорї гардида, наќшањои таълимї таљдид шуда, таваљљуњ ба таълими забонњои хориљї зиёд мегардад, ки ин љанбаи муњими њамгироии Тољикистон ба шуғли мењнатии бозори љањонї мебошад.

Илова бар ин, системаи тањсилоти касбї фаъолона инкишоф меёбад, ки ба љавонон имкон медињад, ки малакањои серталаби ба талаботи бозори мењнат љавобгўро ба даст оранд. Дар масъалаи рушди сармояи инсонӣ ва иқтисодиёт баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамиро бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор, тавассути инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ва дигар чорабиниҳо ҷорӣ шуда истодааст.

Имрӯзҳо, дар Тоҷикистон рушди технологияҳои рақамӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ба яке аз афзалиятҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Дар солҳои охир стартапҳо дар соҳаи IT фаъолона инкишоф ёфта, оид ба барномасозӣ, таҳияи веб ва касбҳои рақамӣ курсҳо гузаронида мешаванд. Тавассути чунин ташаббусҳо ҷавонон ба ҷойҳои нави корӣ ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷи он дастрасӣ пайдо мекунанд.

Солҳои охир шумораи омӯзгороне, ки аз рӯи технологияҳои нави иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) омӯзонида шудаанд, афзоиш ёфтааст. Дар соли 2022 беш аз 30% омӯзгорони кишвар курсҳои истифодаи технологияро дар раванди таълим хатм кардаанд.

Тоҷикистон дар лоиҳаҳои байналмилалии таълимӣ низ фаъолона иштирок мекунад. Бунёди платформаҳои таҳсилоти онлайнӣ қадами муҳимест, ки ба шаҳрвандони кишвар имкон медиҳад, ки касбҳои навро фосилавӣ омӯзанд. Курсҳои онлайн оид ба барномасозӣ, маркетинг ва соҳибкорӣ бо усули азхудкунии фосилавӣ барои бисёр одамон дастрас шуда истодаанд, ки ин иқдомҳо барои баланд бардоштани малакаи онҳо ва рушди сармояи инсонӣ мусоидат мекунанд. Яке аз чунин лоиҳаҳо шарикӣ бо USAID мебошад, ки дар доираи он тақрибан 10 000 омӯзгор аз рӯи барномаҳои баланд бардоштани сифати таълим дар деҳот омӯзонида шудаанд. Пас аз пандемияи COVID-19, афзоиши назарраси шумораи омӯзгороне, ки аз курсҳои онлайн истифода мебаранд, ба мушоҳида мерасад. Аз соли 2023 зиёда аз 15 000 омӯзгор тавассути шабакаҳои Coursera ва EdX дар барномаҳои онлайнии такмили ихтисос фаъолона иштирок карданд.

Ин рақамҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки мамлакат барои баланд бардоштани сифати таълим бо роҳи пай дар пай такмил додани ихтисоси муаллимону мутахасисони соҳаҳои гуногуни ҷамъият, аз он ҷумла, соҳаи иқтисодӣ, саъю кӯшиш дорад. Пешвои миллат дар Паёми мазкур дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ муваффақиятҳои ҷомеаро қайд карда, оид ба таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ дар панҷсолаи минбаъда якчанд чорабиниҳоро дар ин соҳа ба нақша гирифтанд.

Маълум аст, ки саломатии аҳолӣ бевосита ба сифати сармояи инсонӣ таъсир мерасонад ва тандурустӣ маҳсулнокии умумӣ ва устувории аҳолиро беҳтар намуда, хароҷоти тиббиро коҳиш медиҳад ва сифати ҳаётро беҳтар месозад. Бинобар ин таи солҳои охир барои беҳтар кардани дастрасӣ ба хидматрасониҳои тиббӣ лоиҳаҳои баланд бардоштани дараҷаи тайёрии касбии коркунони тиб ва табибон тавассути беҳбуд бахшидани инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ, муҷаҳҳазонидани беморхонаҳо бо таҷҳизоти замонавӣ амалӣ шуда истодаанд, ки дастовардҳои соҳаи тандурустӣ дар ин ҷодадар Паёми Президент возеҳу шаффоф нишон дода шудаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалии Раҳмон дар Паёми мазкур мустаҳкам намудани системаи тандурустиро бо роҳи гузаронидани якчанд ислоҳотҳо дар ин соҳа ҳамчун яке аз ҳадафҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ таъкид намуданд. Ба ин мақсад “дар соли 2025-ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 840 миллион сомонӣ зиёд мебошад”- иброз намуданд Пешвои миллат дар Паём.

Ҳамин тариқ, маблағгузориҳо ба соҳаи тандурустӣ барои беҳтар кардани инфрасохтор, харидани таҷҳизот ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ беш аз пеш роҳандозӣ мешаванд. Дар Тоҷикистон барномаҳои эмгузаронӣ бо фарогирии беш аз 95% кӯдакони то 5-сола фаъолона амалӣ карда мешавад, ки ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Дар Тоҷикистон барои ҳифзи саломатӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ низоми кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ низ мавҷуд аст, ки нафақа, кӯмакпулиҳои маъюбӣ ва кӯмак ба оилаҳои ниёзманду серфарзандро дар бар мегирад. “Соли 2024-ум ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ ба 19 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба буҷети соли 2023-юм беш аз 2 миллиард сомонӣ зиёд буда, 43 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад”, - гуфта шудааст дар Паём.

Суботи сиёсӣ ва таҳкими институтҳои иҷтимоӣ барои рушди устувори сармояи инсонӣ тавассути рушди ҳамаҷонибаи шахсият – худшиносӣ, дарки ҳувияти миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ, сатҳи баланди маърифатнокӣ, ташаккули шуури ҷамъиятии вай ба вуқӯъ меоянд. Дар ин маврид, риояи қонун, адолат ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон шароит фароҳам меоранд, ки рушди сармояи инсонӣ сифатан зина ба зина ва пай дар пай бо назардошти қудрату тавоноии молии давлат ва ҷомеа дар кишвар роҳандозӣ мешаванд.

Ҳукумати мамлакат ва Пешвои миллат мӯҳтарм Эмомалии Раҳмон бо мақсади баланд бардоштанифарҳанги андозсупории шаҳрвандони кишвар соли 2025-ро соли маърифати молиявӣ эълон карда, барои иҷрои ин вазифаиброз намуданд, ки дар ҳалли ин мушкилот як қатор тадбирҳои муҳим андешида шаванд. Таъин карда шуд, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бо дарназардошти амалисозии ҳадафҳои пешбинигардида, то охири соли 2025-ум лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026 – 2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Дар ҳуҷҷати зикршуда ба масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, ташкили истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, пайванди илм бо истеҳсолот ва ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкориву навоварӣ асосёфта таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Ба ақидаи мо, барои расидан ба ин ҳадаф пеш аз ҳама огоҳии шаҳрвандон оиди низоми андоз ва моҳияту аҳамияти он, яъне, баланд бардоштани саводнокии молиявии шаҳрвандон ва ба ин васила ҳам беҳтар кардани низоми андоз хеле муҳим аст. Бинобар ин мо амалисозии чунин чорабиниҳои муҳиму муфидро пешниҳод мекунем,ки онҳо дар раванди иҷрои вазифаи муҳими сол, ки он ташаккули маърифати молиявии шаҳрвандон барои баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ эълон шудааст, фарҳанги кӯмак мерасонанд:

1. Баланд бардоштани сатҳисаводнокии молиявии аҳолӣ,ки тавассути омӯзиши моҳияти андоз ва аҳамияти он барои пешрафти ҷомеа ва давлат бо роҳи гузаронидани курсҳо, тренингҳо ва маъракаҳои иттилоотӣ, ки ба шаҳрвандон фаҳмиши дурусти низоми андоз, намудҳои андоз ва аҳамияти онҳо барои иқтисодиётро меомӯзонанд, муҳим аст. Барномаҳои таълимиро метавон ба таври содда ва оммафаҳм тавассути мактабҳо, донишгоҳҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ ва курсҳои онлайн пешниҳод кард.

Ба воситаи истифодаи шаклҳоигуногуни ВАО (телевизион, радио, интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ)барои паҳн кардани маълумот оиди чӣ гуна, кай пардохт кардани андозҳо, оқибатҳои саривақт напардохтани андозҳо ва бартариҳои интизоми дурусти андозсупорӣ маъракаҳои иттилоотӣ гузаронида шаванд. Ба ин мақсад, дастурҳо, видеоҳо ва намоишномаҳои кӯтоҳу содда, фаҳмо ва дастрас эҷод карда шаванд, то ки аҳолӣ тавонад дар бораи он ки эъломияҳои андозро чӣ тавр пур кардан даркор, кадом ҳуҷҷатҳо барои пардохти андоз лозиманд, маълумот гиранд ё ки оиди тавассути онлайн роҳи пешниҳод шудани ҳуҷҷатҳои лозимаро ёд гиранд.

2. Оптимизатсия ва соддагардонии низоми андоз:

Низоми содда, камхарҷкунанда ва фаҳмо будани андоз омодагии шаҳрвандонро барои пардохти андоз зиёд мекунад. Он метавонад ҷорӣ намудани меъёрҳои андозро, ки барои ҳамаи категорияҳои шаҳрвандон фаҳмо ва дастрас бошад, инчунин соддагардонии расмиёти пешниҳоди андозро дар бар гирад. Таҳия ва татбиқи системаҳои онлайн барои пешниҳоди эъломияҳо, пардохти андозҳо ва пайгирии вазъи пардохтҳо ба тариқи рақамикунонии расмиёти андоз ин равандро барои ҳама осон, қулай ва дастрас мегардонад. Татбиқи системаи ёдраскуниҳои худкор дар бораи мӯҳлатҳои пардохти андоз бо истифода аз огоҳиномаҳои SMS ё почтаи электронӣ, ки эҳтимолияти таъхирро ба таври назаррас коҳиш медиҳад, ба роҳ монда шавад.

3. Рушди эътимод ба низоми андоз тавассути таъмини шаффофият ва ҳисобдиҳӣ дар истифодаи даромадҳои андоз ба даст меояд. Муҳим аст, ки шаҳрвандон натиҷаи саҳмҳои андози худро бубинанд. Эҷоди шабакаҳои иртибот бо мақомоти андоз, ки дар он шаҳрвандон метавонанд саволҳо диҳанд, маслиҳат гиранд ва масъалаҳои марбут ба андозбандиро ҳал кунанд, зарур аст.

4. Ҳавасмандкунӣ ва ҳавасмандгардонии андозсупорандагони бошуур: Ба шахсоне, ки андозро сари вақт месупоранд ё ки мунтазам ба интизоми андоз риоя мекунанд, додани тахфифҳои хурд ё мукофотпулӣ ё имтиёзҳои андоз ба роҳ монда шавад. Таҳияи барномаҳо барои мукофотонидани андозсупорандагони фаъол (масалан, тавассути эътирофи ҷамъиятӣ ё ҳавасмандкунии молиявӣ) ҷорӣ карда шаванд.

5. Ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ тавассути ташкили кори мушовирони андоз ва муҳосибони андоз, ки ба шаҳрвандон дар дуруст пур кардани эъломияҳои андоз ва сари вақт пардохтани андозҳо кумак мерасонанд, роҳандозӣ карда шаванд. Ин, махсусан, барои тиҷорати хурд ва миёна хеле муҳим аст. Шарикӣ бо тиҷорат бо кафолат додани он, ки корхонаҳо инчунин дар паҳн кардани донишҳои молиявӣ ба кормандон ва мизоҷони худ нақш мебозанд, ҷорӣ мегардад.

6. Барномаҳои таълимӣ дар мактабҳо ва донишгоҳҳо:

Ба нақшаҳои таълимии мактабҳо ва донишгоҳҳо асосҳои саводнокии молиявӣ, қонунгузории андоз ва идоракунии молиявии шахсӣ дохил карда шавад. Ҳар қадаре ки ҷавонон зудтар аҳамияти андозбандиро дарк кунанд, таъмини риояи андоз дар оянда ҳамон қадар осонтар мешавад.

7. Истифодаи технологияҳои инноватсионӣ:

Таҳияи системаҳо дар асоси технологияҳои Вlockchain барои таъмини шаффофият ва ҳисоббаробаркуниҳои дақиқи андоз амалӣ шаванд, зеро он сатҳи эътимод ва вазъи роҳати андозсупорандагонро баланд мебардорад. Технологияи Blockchain (ё blockchain) як системаи инноватсионии захиракунандаи маълумотҳо мебошад, ки имкон медиҳад иттилоот тавре нигоҳ дошта шавад, ки он барои ҳама иштирокчиёни шабака тағйирнопазир, бехатар ва дастрас гардад.

Татбиқи соли маърифати молиявии шаҳрвандон тавассути амалҳо ва роҳу усулҳои дар боло зикршуда бархе азпешниҳодҳои муфиданд, ки ба ақидаи мо, барои баланд шудани сатҳи фарҳанги андозсупорӣ ва он, дар навбати худ, ба афзоиши пардохтҳои ихтиёрии андоз ва таҳкими суботи молиявии кишвар мусоидат мекунанд.

Вобаста ба ин, дар Паёми Пешвои миллат чун амри воқеии ҳалталаб як масъалаи муҳими дигаре низ таъкид ёфтааст, ки ҳаллу фасли он, пеш аз ҳама, аз сатҳи донишу худшиносии мардум, аз маърифату масъулиятшиносии ҳар фарди ҷомеа, аз вазифашиносӣ ва ватанпарварии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон вобаста аст. Зоҳиршавии чунин сифатҳои шахсиятӣ дар муносибату рафтори шаҳрвандон аз ташаккули маърифати молиявӣ ва баланд шудани фарҳанги андозсупории онҳо шаҳодат медиҳад. Маҳз, ташаккули маърифати молиявии шаҳрвандон яке аз василаҳои афзоиши қудрати молиявии давлати мо мегардад. Иҷрои ин вазифа беихтиёр ба тараққиёти муътадили иқтисодиёти кишварамон мусоидат карда, рушди стратегии давлатро ба маҷрои пешбарандаи қудратафзо медарорад. “Сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад. Бинобар ин, ташаббус дар ин самт бояд пурра дар дасти давлат бошад.”- таъкид шудааст дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамин тариқ, аз таҳлилу баррасӣ шудани дастовардҳои солҳои охир ва масъалаҳои ҳалталаби иҷтимоию иқтисодие, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ироа ёфтаанд, бармеояд, ки дар рушди устувори стратегии давлат якчанд омилҳои калидии баҳам марбут, ки ҷузъи калидии он рушди сармояи инсонӣ дар шароити таъмини амнияти миллӣ баҳри рушди иқтисодии кишвар мебошад, нақши муҳим мебозанд. Ҳар яке аз ин ҷанбаҳо бо ҳам дар робитаҳои тақвиятбахшанда рушд карда, давлат ва ҷомеаро ба ҳадафҳо ва рушди устувори стратегӣ мерасонанд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, ки 28 декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод шуд, ба таҳким ва рушди сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳ мекунад. Пешвои миллат таъкид намудаанд, ки рушди иқтисодӣ ва таъмини амнияти миллӣ дар шароитҳои сиёсӣ-иҷтимоии ҷаҳони муосир, ки бо таҳримҳо ва таҳаввулоти босуръати технологӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ аст, бе таваҷҷӯҳ ба рушди сармояи инсонӣ имконнопазир аст. Таҳлили дастовардҳо ва масъалаҳои асосии рушди стратегии дар Паём эълонкардашудаи Президенти Тоҷикистон нишон медиҳад, ки сармояи инсонӣ – дониш, малака, тахассус ва саломатии инсонҳо, ҳамчун омили асосии рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар ин замина, амалишавии ислоҳот дар соҳаи маориф ва таълими касбӣ, сармоягузории фаъол дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ ва ташаккули маърифати молиявии аҳолӣ аз аҳамияти калони сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар бархӯрдор аст. Маориф ва технологияи рақамӣ дар Тоҷикистон дар рушди сармояи инсонӣ ва иқтисодиёт нақши калидиро мебозанд. Пешвои миллат, инчунин, дар Паёми худ нақшаи давлатии кишварро барои рушди технологияҳои рақамӣ ҳамчун яке аз афзалиятҳои муҳими сиёсати давлатӣ муаррифӣ намудаанд.

Маърифати молиявӣ низ бо мақсади рушди дониш ва саводнокии молиявии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст. Ба ин назар, амалӣ намудани лоиҳаҳои омӯзишии махсус барои баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ, кӯмакпулиҳо ва таҳкими ҳаёти иҷтимоии мардум дар назар аст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ҳадафҳо, Ҳукумати Тоҷикистон бобати омода кардани "Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030" тадбирҳои амиқ андешидааст, ки ба роҳи дурусти таъмини рушди устувори иқтисод, бозори меҳнат ва сифатнокии аҳли ҷомеа оварда мерасонад.

Ин паёми сиёсӣ, ки бо диди умумии ислоҳот ва рушди сармояи инсонӣ равона шудааст, нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар роҳи ташаккули як давлати устувор ва рақобатпазир дар арсаи ҷаҳонӣ, таҳкими низоми маориф ва иқтисод ва такмили инфрасохтори давлатӣ, ба таври фаъол кӯшиш мекунад.

Назира Орифҷонова, номзади илмҳои фалсафа, дотсент, ходими калони илмии Шӯъбаи фалсафаи иҷтимоии ИФСҲ-и ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (28 декабри соли 2025)

Ҳамасола, Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нуқтаҳои муҳиму пандҳои ибратомӯз ва суханхои ҳидояткунандаи Пешвои миллат сурат мегирад. Дар Паёми навбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ суханрони намуда, барои боз ҳам рушд бахшидани ин соҳаҳо вазифаҳои мушаххас ва муҳим ба миён гузоштанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар таърихи башар илму маориф ҳамеша омили пешбарандаи рушду такомули ҷомеа ба шумор меравад. Соҳаи маорифи кишварамон бо ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон гардидааст. Ҳамаи рукнҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангу адабиёт, пеш аз ҳама, дар асоси мактабу маориф рушд меёбанд. Воқеан хам маориф муҳимтарин воситаи рушди ҷомеаи инсонӣ буда, баҳри баланд бардоштани дараҷаи маърифатнокии ҷомеа ва рушди инсон нақши бузург мебозад ва махсусан, дар шароити кунунӣ ҷаҳонишавӣ, ки Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон чун давлати мустақил, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф гардидааст, аҳамияти калон дорад. Бинобар ин, давлат дар роҳи рушду пешрафти худ, дар навбати аввал ба мактабу маориф ва илм такя мекунад ва тамоми неру ва тавоноии худро баҳри рушди ҳамаҷонибаи илму маориф ҷалб месозад.

Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа зохир намуда, дар Паём бори дигар таъкид намуданд, ки «Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад». Дар вокеъ рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа мебошад.

Яке аз нуқтаҳои муҳимтарине, ки дар Паём ироа шуд, ин пеш аз ҳама, рушди соҳаи иҷтимоӣ буда, бори дигар таъкид гардид, ки дар масъалаи маблағгузорӣ соҳаи иҷтимоӣ, махсусан маориф ва илм дар кишвари мо диккати махсус дода мешавад. Зеро дастгирии соҳаи маориф ва илм, баланд бардоштани мақоми омӯзгор аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки онхо дар рушди нерӯи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор мераванд. Пешвои миллат дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон супориш доданд, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд. Таҳлилҳои оморӣ дар Паёми Сарвари давлат нишон доданд, ки Соли 2024-ум ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ ба 19 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба буҷети соли 2023-юм беш аз 2 миллиард сомонӣ зиёд буда, 43 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Пешвои миллат боз хам таъкид намуданд, ки дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан, русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд. Бинобар ин Вазорати маориф ва илм вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон чораҳои қатъӣ андешад. Барҳақ, дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф ба шумор меравад.

Дар воқеъ, раванди ҷаҳонишавӣ ва суръати баланди рушди илму технология моро водор месозад, ки “имиҷи” миллату давлатро дар заминаи тафаккур ва хиради ҷомеаи шаҳрвандӣ баланд бардошта, низоми маорифи миллиро ба талаботи ҷаҳонӣ мувофиқ созем. Таъкид гардид, ки рушди иқтидори илмии муассисаҳои таълимӣ, дар доираи лоиҳаҳои давлатӣ ва байналмилалӣ анҷом додани таҳқиқоти арзишманди илмӣ ва дар раддабандии ҷаҳониву минтақавӣ мавқеи шоиста ишғол намудани муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таъмин карда шавад. Яке аз нишондиҳандаи оморӣ, ки дар Паём ироа гардид ин аст, ки имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шудаистодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд. Ҳамчунин, бо ин мақсад дар соҳа 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи зиндагии кормандони соҳаи маориф ва дигар соҳаҳои буҷетӣ ба идораҳои дахлдор супориш доданд, ки «аз 1-уми сентябри соли 2025 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз зиёд карда шавад».

Қобили зикр аст, ки дар шароити торафт шиддат ёфтани рақобати қудратҳои ҷаҳонӣ дар руҳияи худшиносиии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия намудани насли ҷавон боло бурдани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон фаъолияти якҷояву дастаҷамъонаи ҳадафмандро тақозо менамояд. Бе мутахассисони баландихтисосу кордон ва ҷавонони ватандӯсту худогоҳ рушди минбаъдаи давлат ва боз ҳам боло бардоштани обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ номумкин аст. Қайд карда шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд. Илова ба ин имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.

Мусаллам аст, ки пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аз сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф вобастагии амик дорад. Зеро таҳкурсӣ ва пояи рушди соҳаи иқтисодиёту сиёсат ва иҷтимоиёт фарҳанг аз омода кардани кадрҳои баландихтисос вобаста мебошад. Дар робита ба ин аз чониби Пешвои миллат вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Комиссияи олии аттестатсионӣ, академияҳои соҳавӣ ва дигар сохторҳои марбута вазифадор карда шуданд, ки «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021 – 20302»-ро дар муддати ду моҳ таҷдиди назар карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Дар доираи барномаи мазкур бояд кадрҳои ҷавони баландихтисос ва забондону кордон тарбия карда шаванд.

Ҳамин тарик, харчанд дар Паёмҳои ҳарсолаи Роҳбари давлат масъалаи соҳаи илму маориф ҳамчун мавзӯи мехвари ба хисоб меравад, аммо Паёми имсола боз хам собит намуд, ки мавзӯи рушди соҳаи маорифи миллӣ аз аз рӯзҳои аввали роҳбарии Пешвои миллат чи хеле иброз доштанд: «ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳам». Такрор ба такрор атрофи мавзӯи рушди маориф, сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои миёна ва олӣ сухан намуда, рохбари давлат барои ҳалли соҳаи мазкур гузаронидани ислоҳотро масъалаи зарурӣ арзёбӣ намуданд.

Хулоса, аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хар як шахси худогоху ватандуст рӯҳу илҳоми тоза гирифта, мекушад, ки бо ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстиву мақсаду мароми неку азми қатъӣ ва саъю талоши созанда Ватани азизамонро ободу зебо гардонида эътибору обрӯи Тоҷикистони азизамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам шуҳратёру сарбаланд созем.

Юсуфӣ Фарзона-ходими илмии шуъбаи Аврупо-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Манбаъ (Иқтибос): Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. https://president.tj/event/missives/49225 таърих 29.12.2024

(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ,28 декабри 2024, ш.Душанбе)

Аз тамоюлҳои рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ бармеояд, ки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба монанди дигар кишварҳои тараққикарда, дар роҳи рушд қарор дорад. Пешравии иқтисоди миллӣ бештар аз вусъатёбии барқароркунии истеҳсолот, ба кор даровардани корхонаҳои хурду калони соҳаҳои гуногун, таҷдиди илм дар истеҳсолот, навкунии таҷҳизот, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва ташкили илмии меҳнат вобастагӣ дорад.

Дар шароити кунунӣ рушди иқтисодиёти кишвар аз саноатикунонии босуръати кишвар сарчашма гирифта, ба ҳадафҳои стратегии мамлакат авлавият дорад. Барои ҷорӣ намудани ин иқдом, аз тарафи Ҳукумати кишар, солҳои 2022 – 2026 «Солҳои рушди саноат» эълон гардид. «Дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръат дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонидида шуд, ки қариб 2 баробар зиёд гардидааст». Барои таъмини рушди иқтисодиёти мамлакат, ҳамасола аз тарафи Асосгузори сулҳу – Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, диққати аввалиндараҷа зоҳир мегардад. Боиси хушнудист, ки танҳо дар соли 2024 зиёда аз 740 корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд карда шуда, қариб 20 ҳазор ҷойҳои кории нав ташкил гардидааст. Инчунин ҳаҷми маҳсулоти дохилии кишвар зиёда аз 150 миллиард сомонӣ расонида шуда, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил медиҳад.

Бо мақсади ноил гаштан ба ҳадафҳои стратегӣ ва рушди иқтисоди миллии кишвар дар Паёми навбатӣ, солҳои 2025 – 2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон намудаанд, ки ин ҳадаф барои вусъат бахшидани равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт замина мегузорад. Бо ин мақсад бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 2022 “Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” тасдиқ гардидааст. Ҳадафи асосии Стратегия ин таъмини соҳаҳо бо технологияҳои рақамии иттилоотию комуникатсионии пешрафта мебошад. Дар Стратегияи мазкур барои рушди иқтисоди рақамӣ чунин қайд гардидааст:

бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани иқтисоди рақамӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ дар ин самт муайян карда шуд.

Истифодаи зеҳни сунъӣ ба раванди самаранок ҷорӣ намудани хизматрасониҳои давлатии рақамӣ, ҷорӣ намудани иқтисоди рақамӣ ва сабз, афзоиши даромади буҷет, содагардонии равандҳои бақайдгирӣ ва қабули қарорҳо, рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, беҳтар намудани зиндагии аҳолӣ ва таъмини шаффофият мусоидат менамояд

рақамикунонӣ дар низоми маориф, омодакунии кадрҳо ва таҳкими неруи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 амалӣ мегардад, дар оянда метавонад барои ҷорӣ намудани унсурҳои асосии зеҳни сунъӣ кумак расонад.

Тоҷикистон бо истифода аз унсурҳои зеҳни сунъӣ ба амалишаваии ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла рушди энергияи сабз, иқтисоди сабз, иқтисоди рақамӣ, ҳукумати электронӣ ва дигар афзалиятҳои миллӣ ноил гардида, дар ин асно ба қатори кишварҳои пешқадам ворид мегардад.

Дар замони муосир, иқтисоди рақамӣ – рушди тиҷорати электронӣ бо истифодаи технологияҳои рақамӣ, такмил додану ташкил намудан ва идора кардани таъминоти иттилоотӣ барои беҳтар гардидани ташкилот ва коргоҳу соҳаҳои гуногун афзалият дорад. Омилҳои истеҳсолию иқтисоди рақамиро дар амал бо методи идораи иқтисодӣ татбиқ ва ба ҳукумати электронӣ пайваст намоем, равнди фаъолияти коргоҳу ташкилот аз душворӣ раҳо меёбад.

Вобаста ба татбиқи ҳукумати электронӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, то имрӯз якчанд Стратегияву консепсияҳои нав ба имзо расидааст. Аз ҷумла, Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 ба мақсади амалисозии Стратегияи давлатии “Технологияҳои иттилоотию комуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ шудааст.

Ҳукумати электронӣ тақозои замон буда, дар ҳамкории мутақобилаи ҳокимият ва ҷомеа аз як тараф ва ҳамкории дохилии сатҳҳои гуногун (марказӣ, минтақавӣ, маҳаллӣ) ва шохаҳои гуногун (тандурстӣ, молия, омор, андоз) ва дигар ниҳодҳо мусоидат намуда, аз тарафи дигар он як воситаи дастрас кардани иттилоот ва расонидани хизматҳои давлатӣ ба шаҳрвандон, тиҷорат, дигар шохаҳои давлатӣ ва идоракунии давлатӣ, ки дар он ҳамкории мутақобилаи байни давлат ва дархосткунандагон хеле осон сурат мегирад ва аз технологияи иттилоотӣ ҳар чи бештар истифода мешавад, баромад мекунад.

Дар замони муосир, техникаву технологияҳои муосир имкони иҷро кардани миллиардҳо амалро дар як сония доранд. Масалан, дастовардҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба дараҷае осон гардидааст, ки он дигар масофаро аз байн бурдааст. Яке аз инҳо дастгоҳҳои мобилӣ, интернет ва захираҳои воқеии он метавонанд тамоми табодули ахборро ба дилхоҳ нуқтаи курраи Замин ҳамагӣ дар якчанд сония дастрас намоянд.

Агар иқтисоди рақамии кишварҳои тараққикардаро тақозо намоем, моҳи январи соли 2022 Ҷумҳурии Мардумии Чин нақшаи рушди иқтисоди рақамиро барои солҳои 2021-2025 тасдиқ карда, иқтисоди рақамиро ҳамчун як ниҳоди фаъолияти иқтисодӣ, муйян намуд, ки онро омили асосии истеҳсолот, захираҳои иттилоотӣ ва қувваи асосии пешбаранди интегратсияи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ҳисобид. Дар асоси ин санад Чин пуштибонии худро аз таҳқиқотҳои мутаххасисони шабакаҳои телекоммуникатсионии 6G тақвият дода, инноватсияро дар бахшҳои стратегӣ, аз қабили микросхемаҳои интегралӣ ва зеҳни сунъӣ рушд дода, шаклҳои нави тиҷоратро афзоиш медиҳад. Бо ин мақсад Ҷумҳурии Мардумии Чин нақша дорад, ки ҳиссаи арзиши иловагии бахшҳои асосии иҷтисоди рақамиро дар ММД аз 7,8% -и соли 2020 то ба 10% дар соли 2025 расонад.

Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлат ва ҳукумат, иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик ба монанди иқтисоди рақамии кишварҳои абарқудрат рушд намуда, ҳамкориҳоро дар ин самт бо кишварҳои тараққикарда ба роҳ хоҳанд монд.

Дар охир бояд қайд намуд, ки дар шароити кунунӣ ин омил ба соҳаи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Иқтисоди рақамӣ ҳамчун илми замони муосир ба ҳисоб рафта, татбиқи он ба соҳаи иқтисоди миллии рушди иқтисодиёти кишвар таъсири мусбат мерасонад. Хушбахтона, имрӯз тамоми шароит барои такмил додан ва ташкил намудани иқтисоди рақамӣ ба ҷавонон ва мутаххасисони соҳаҳои гуногун аз тарафи давлат таъмин карда шудааст.

Нематова П.М., мудири Шуъбаи Осиёи

Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши

масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои иқтисодӣ

Сарчашмаҳо:

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон // Захираи электронӣ https://president.tj/ (санаи муроҷиат 30.12.2024)

Цифровая экономика Китая // Захираи электронӣ https://www.tadviser.ru/index.php (санаи муроҷиат 30.12.2024)

Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 // Захираи электронӣ http://www.portali-huquqi.tj/publicria/ibtido.php (санаи муроҷиат 30.12.2024)

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” 28 декабри соли 2024 ироа гардид.

Чун ҳамеша, Паёми Пешвои муаззами миллат ба таҳлилу баҳодиҳии рушди иқтисодиёти мамлакат ва ҷомеа дар 5 соли охир ва соли гузашта дар алоҳидагӣ, хулосабарорӣ аз амалкардҳо, иҷрои дастуру супоришҳои паёмҳои пешин оид ба таъмини рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, амнияти ватан, сулҳу субот, ягонагию ваҳдат, ҳимояи арзишу манфиатҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон бахшида шудааст. Паём албатта ҳама самтҳои рушди ҷомеа: иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маориф, илм, тиб, фарҳанг, варзиш, саҳми қишрҳои алоҳида дар рушд, хусусан занону ҷавонон дар пешрафти ҷомеа, таъмини сулҳу суббот, ягонагӣ, ваҳдати миллӣ, муносибати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазъи ҷаҳон, кишварҳои дигар ва хусусан мамлакатҳои ҳамсояро дарбар мегирад ва наметавон дар як мақола оид ба ҳамаи онҳо баёни назар кард. Аз ин рӯ, банда ҳамчун мутахассиси соҳаи иқтисодиёт фикру андешаҳои худро оид ба рушди иқтисодиёти мамлакат аз нуқтаи назари Пешвои муаззами миллат ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои аз Паём бароянда баён менамоям.

Табиист, қисми бештари Паём ё 55 фоизи он (аз 272 банди асосӣ 149 тои он) ба соҳаи иқтисодиёт бахшида шудааст, зеро иқтисодиёт асос ва гарави ҳастии ҷомеа мебошад.

Соли 2024 ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 150 млрд.сомонӣ ва афзоиши воқеии он 8,4 фоизро ташкил намуд. Ин нишондиҳандаҳо нисбат ба соли 2023 мутаносибан 29,2 млрд.сомонӣ ва 0,1 банди фоизӣ зиёд мебошанд.

Бояд қайд намуд, ки созмонҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла Бонки умумиҷаҳонӣ афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи 6,5 фоиз барои соли 2024 пешбинӣ намуда буданд.

Таъмини иҷрои ҳадафи олии Ҳукумати кишвар – баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум маҳз аз сатҳи рушди иқтисодиёт вобаста аст. Аз ин рӯ, таъмини афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ вазифаи асосӣ ба ҳисоб меравад ва дар ин ҷода Ҳукумати кишвар ҳамасола ба дастовардҳои нав ба нав ноил гардида истодааст. Дар чор соли охир суръати рушди иқтисодиёт ба ҳисоби миёна 8,5 фоизро ташкил намуд, ки он аз руи сатҳи рушд дар солҳои 2001 – 2024 баъди панҷсолаи аввал ҷойи дуюмро ишғол менамояд.

Нишондиҳандаи иқтисодии муҳиме, ки ба сатҳи некуаҳволии мардум таъсиррасон мебошад даромадҳои пулии аҳолӣ мебошад. Ҳаҷми ин нишондиҳанда дар соли 2024 ба 147 млрд.сомонӣ ва афзоиши он ба 30,4 фоиз баробар шуд, ки онҳо нисбати соли гузашта мутаносибан 34,3 млрд.сомонӣ ва 0,9 банди фоизӣ зиёд мебошанд. Пайваста афзудани даромадҳои пулии аҳолӣ нишони рушди иқтисодиёт, ташкили корхонаю коргоҳҳои нав ва ҷойҳои нави корӣ, афзудани моҳонаю иловапулиҳо, истифодаи техникаю технологияи навин дар раванди истеҳсолот мебошад. Бинобар ин, муҳим аст, ки устувории суръати рушди иқтисодиёт нигоҳ дошта шуда ҳосилнокии меҳнат пайваста афзоиш дода шавад.

Яке аз вазифаҳои Ҳукумати кишвар дар сатҳи барномавӣ нигоҳ доштани сатҳи таваррум мебошад. Мутобиқ ба пешбиниҳои соли гузашта ин нишондиҳанда бояд дар сатҳи 6-8 фоиз нигоҳ дошта мешуд. Ҷамъбасти сол нишон дод, ки он 3,6 фоизро ташкил намуда нисбати нишондиҳандаи пешбинишуда ва соли гузашта мутаносибан 2,4 ва 0,2 банди фоизӣ паст мебошад. Бояд қайд намуд, ки соли 2024 сатҳи таваррум дар кишварҳои шарики иқтисодӣ ва ҳамсоя ба монанди Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон ба ҳисоби миёна 8-10 фоизро ташкил намуд. Ин нишондиҳанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ба маротиб кам мебошад.

Бояд қайд намуд, ки боло бурдани моҳона, нафақа ва иловапулиҳои мардум ҳамон вақт натиҷа медиҳад, ки агар сатҳи афзоиши онҳо аз сатҳи таваррум боло бошад. Дар Паёми Пешвои муаззами миллат таъкид гардид, ки дар 5 соли охир зиёдшавии маош 100 фоиз ва сатҳи таваррум 29,0 фоизро ташкил намуд, ки нишони болоравии сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мебошад.

Дар такя ба дастовардҳои мавҷуда Пешвои муаззами миллат ба Ҳукумати кишвар супориш доданд, ки сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои пешбинишуда нигоҳ дошта шуда афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ соли 2025 дар сатҳи на камтар аз 8 фоиз таъмин карда шавад.

Дар Паёми Пешвои маззами миллат инчунин ба “масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ” таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шудааст, зеро ин раванд хоси кишварҳои пешрафтаи дунёст ва Тоҷикистони мо бояд дар қатори аввалинҳо бошад.

Ташаккули «иқтисоди сабз», суръатбахшии раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятноканд. Албатта, вобаста ба рушди ин самтҳо стратегияю барномаҳои дахлдор татбиқ шуда истодаанд, вале супоришу дастурҳои нави Пешвои муаззами миллат бознигарии онҳоро талаб менамояд.

Бо дарназардошти зарурати таъмини рушди босуръати иқтисодиёти кишвар ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ тавассути бозори коғазҳои қиматнок, бахусус, коғазҳои қиматноки «сабз» гузариш ба “иқтисоди сабз” то соли 2037 ва воқеан ба «кишвари сабз» табдил додани Тоҷикистон ҳадафест, ки дар Паёми пешини Пешвои маззами миллат эълон гардида буд. Рушди бозори коғазҳои қиматнок, аз ҷумла коғазҳои қиматноки “сабз” дар замони муосир яке аз роҳҳои ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва равона кардани онҳо ба рушди иқтисодиёти кишвар мебошад.

Вобаста ба ба охир расидани муҳлати татбиқи барномаи амалкунанда ба сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки “то охири соли 2025-ум лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026 – 2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод” намоянд. Ин барнома бо фарқият аз барномаҳои пешин бояд ҳама тағйиротҳои дар панҷ соли охир бамиёномада дар самти иқтисодиёту сиёсати давлатиро ба инобат гирифта муҳаррики рушди минбаъдаи иқтисодиёт гардад.

Дар Паём “ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ” ҳамчун масъалаи рӯзмарраи замони нав таъкид карда шуд.

Супориши дигари қатъӣ то охири соли 2025 пурра таъмин кардани пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ мебошадТаъкид гардид, ки дар кишварҳои пешрафта нишондиҳандаи пардохтҳои ғайринақдӣ 80-90 фоизро ташкил медиҳад. Сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ин нишондиҳанда тақрибан 22,0 фоизро ташкил медиҳад бояд дар ин самт корҳои заруриро ба анҷом расонанд.

Пурра ҷорӣ намудани пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар истифодаи васеи технологияҳои рақамиро талаб менамояд. Ба ин гурӯҳ асосан технологияҳои мобилӣ, зеҳни сунъӣ, роботоникунонӣ, биометрия, низомҳои тақсимкунандаю роёнишҳои абрӣ (cloud computing) ворид мешавад.

Таъмини иҷрои ин супориш ба рушди мутавозун ва устувори иқтисодӣ мусоидат намуда барои афзун намудани самаранокии истеҳсолот, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ замина мегузорад.

Бояд қайд намуд, ки технологияҳои рақамӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт нақши муҳим доранд ва қобилияти мутобиқшавӣ ва истифодаи ин технологияҳо дар кишвар омили асосии рушди иқтисоди он мегардад. Аз ин рӯ, сохторҳои дахлдори кишвар бояд дар самти ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ қадамҳои устувор гузоранд, зеро он “яке аз роҳҳои асосии таъмини шаффофияти амалиёти хизматрасонӣ, баҳисобгирӣ ва пешгирии коррупсия мебошад”.

Пешвои маззами миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки “Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ барои боз ҳам баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, ҷалби бештари пасандозҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва вусъат бахшидани фаъолияти низоми рақамии хизматрасониҳои бонкиву молиявӣ бояд чораҷӯйӣ намоянд”.

Супоришҳои паёмии Пешвои муаззами миллат низоми бонкиро водор месозад, ки ҳарчи зудтар камбудиҳои мавҷударо бартараф намуда саҳми он дар рушди иқтисодиётро таҳким бахшад. Сиёсати монетарӣ бояд тарзе ба роҳ монда шавад, ки манфиатҳои пасандоздорон ҳимоя ва қобилияти харидории пули миллӣ устувор боқӣ монад.

Инчунин таъкид карда шуд, ки “гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ” аҳамияти хосса дорад. Албатта дар ин раванд зарурати истифода аз технологияҳои рақамӣ пайваста меафзояд, зеро онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёт нақши муҳим доранд ва қобилияти мутобиқшавӣ ва истифодаи ин технологияҳо дар кишвар омили асосии рушди иқтисодии он мегардад. Аз ин рӯ, сохторҳои дахлдор бояд ба пурра ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ҳавасманд бошанд.

Муҳтарам Пешвои муаззами миллат солҳои 2025 – 2030-ро «солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намуданд ва таъкид карданд, ки “дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад: такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ”.

Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки барои истифодаи самарабахши технологияҳои рақамӣ аваллан заминаи ҳуқуқии дахлдор ва ба талаботи замон ҷавобгӯй зарур аст. Барои бомуваффақият татбиқ намудани технологияҳои рақамӣ бояд қонуну қоидаҳои дахлдори танзимкунандаи истифодаи онҳо қабул карда шаванд. Ҳифзи маълумот, махфияти иттилоот, амнияти киберӣ ва моликияти зеҳнӣ бояд мутобиқи талаботи ин қонуну қоидаҳо таъмин карда шавад.

Дуюм, ташаккули инфрасохтори дахлдор дар мамлакат заминаи асосӣ барои рушди технологияҳои рақамӣ мебошад. Барои бомуваффақият татбиқ намудани технологияҳои рақамӣ дастрасии васеъ ба интернет ва шабакаҳои баландсуръат зарур аст. Ин маблағгузорӣ ба рушди инфрасохтор, бунёди шабакаҳои нав ва навсозии шабакаҳои мавҷударо тақозо мекунад, ки барои он маблағгузориҳои дохилию хориҷӣ заруранд. Бинобар ин, ҳавасмандгардонии сармоягузориҳо дар ин самт ба мақсад мувофиқ мебошад.

Сеюм, таълиму омода кардани мутахассисон яке аз вазифаҳои муҳими сохторҳои дахлдори давлат мебошад. Барои истифодаи самаранок аз технологияҳои рақамӣ доштани кормандони соҳибихтисос, ки метавонанд аз онҳо самаранок истифода кунанд шарти асосӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, таҳияи барномаҳои омодасозӣ ва бозомӯзӣ, ки ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй бошанду асосҳои технологияҳои рақамиро дар бар гиранд, муҳим аст. Аз ин рӯ, “дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб таъсис додани Донишгоҳи инноватсия ва технологияхои рақамӣ” қарори саривақтӣ ва муҳим мебошад.

Ҳамчунин зарурати ҳамкорӣ байни донишгоҳҳою донишкадаҳои дигар, субъектҳои хоҷагидорӣ ва ҳукумат барои эҷоди барномаҳо ва лоиҳаҳои муштарак ба рушди малакаҳои рақамӣ мусоидат мекунанд.

Чаҳорум, ҳамкорӣ ва шарикӣ бо субъектҳои хоҷагидорӣ, аҳолӣ, сохторҳои дахлдори кишварҳои дигар низ муҳим аст. Ташкили шароит барои муколама ва табодули таҷриба ба рушди технологияҳои рақамӣ мусоидат мекунанд. Инчунин дастгирии рушди навовариҳо (стартапҳо) ва лоиҳаҳои инноватсионӣ, ки метавонанд муҳаррики рушди иқтисодиёти рақамӣ дар кишвар гарданд, ба мақсад мувофиқ мебошад.

Ба андешаи мо, дар такя ба супоришҳои дахлдори Пешвои муаззами миллат ҳалли масъалаҳои зерин низ заминаи асосӣ барои пешрафти кишвар ва иқтисодиёти он мебошанд:

- Яке аз масъалаҳои муҳим муайян кардани ҳаҷми бахши рақамии иқтисодиёт ва ҳиссаи он дар Маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар мебошад. Дар асоси таҷрибаи кишварҳои дигар онро метавон бо усули истифодаи ниҳоӣ ё хароҷоти ниҳоӣ, ки ҷамъи харҷи хонаводаҳо ва давлат барои технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсиониро дарбар мегирад ва усули истеҳсолӣ, ки зери ин мафҳум ҳаҷми умумии арзиши иловашуда дар субъектҳои хоҷагидории онлайн фаъолияткунанда (дар амали худ аз интернет истифодабаранда) фаҳмида мешавад, ҳисоб кардан мумкин аст. Бо дарназардошти он, ки дар Тоҷикистон ҳангоми муайян кардани ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ усули истеҳсолӣ истифода мешавад, ҳангоми ҳисоб кардани андозаи қисми рақамии иқтисодиёт аз ин усул истифода бурдан бамаврид аст;

- Барои рушди иқтисодиёти рақамӣ муҳим аст, ки ҳамаи субъектҳои соҳибкорӣ баҳисобгирии муҳосибиро дуруст ба роҳ монда монанд. Мутаассифона, аксари субъектҳо (91,0%) низоми дурусти ҳисобдорӣ надоранд ва мутобиқан ба мақомоти андоз ҳисоботи муҳосибӣ ва молиявии ба талабот ҷавобгӯй пешниҳод намекунанд. Дар шароити нави иқтисодӣ зарур аст, ки аксари субъектҳои хоҷагидорӣ (камаш 90%) ба шахсони ҳуқуқӣ табдил дода шуда пешбурди ҳисобдорӣ барояшон ҳатмӣ карда шавад. Танҳо чунин амал метавонад барои гузариш ба истифодаи технологияҳои рақамӣ ва иқтисоди рақамӣ заминаи зарурӣ муҳайё кунад;

- Омили муҳими рушди иқтисодиёти рақамӣ мавҷудияти мутахассисони боистеъдод ва соҳибихтисос мебошад. Ҳоло, аз дар тамоми дунё талабот ба насли ҳазорсолаи нав (millennials, номи маъмулии онҳо – насли Y), гурӯҳи демографии ҷавонони солҳои 80-90 асри XX таваллудшуда зиёд шудааст. Барои ҷалби ин мутахассисон дар тамоми ҷаҳон рақобати шадид рафта истодааст. Дар оянда, бо назардошти афзоиши ҳиссаи иқтисодиёти рақамӣ дар Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, талабот ба чунин мутахассисон ба маротиб меафзояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ба омода кардани чунин мутахассисон ва барои дар ҷумҳурӣ фаъолият кардани онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шавад.

Дар умум, иҷрои дастуру супоришҳо аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат имкон медиҳад, ки суръати баланди рушди иқтисодиёт, афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ, иҷрои нишондиҳандаҳои дигари макроиқтисодии пешбининамуда таъмин гардида барои ҳарчи тезтар расидан ба ҳадафҳои миллии мардуми Тоҷикистон шароити мусоид муҳайё карда шавад.

Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, д.и.и, профессор Ш.Раҳимзода

13124(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз санаи 28 декабри соли 2024)

Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дастовардҳо, муваффақиятҳо ва мушкилоти соли сипаришуда, вазъи ҳозира, дурнамои рушд ва вазифаҳо барои соли минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро инъикос менамояд. Ҳамасола Паёмҳои Роҳбари давлат барои фаъолияти ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва умуман, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчун дастурамал ва роҳнамо хизмат менамоянд. Ҳамзамон, Паём хазинаи маълумоти ошкоро, расмию дақиқ ва илмӣ буда, аз он олимону донишмандони ватанию хориҷӣ дар таҳқиқотҳои илмӣ, аз ҷумла ҳангоми гузаронидани таҳқиқотҳои сотсиологӣ васеъ истифода мебаранд.

Ба масъалаҳои иҷтимоӣ дар Паём таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст. Тавре маълум аст, бахшҳои асосии иҷтимоӣ, ки ба зиндагии шоистаи шаҳрвандон вобастаанд, соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин масъалаҳои занон ва ҷавонон дохил мешаванд. Пешвои миллат таъкид карданд, ки баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ҳадафи асосии сиёсати давлат мебошад. Дар Паём зикр шуд, ки барои соҳаи иҷтимоӣ дар соли 2024 дар буҷети давлатӣ43%-и тамоми хароҷотро ташкил медиҳад. Мавриди қайд аст, ки сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 83% соли 1999 ба 21,2% дар соли 2023 коҳиш ёфтааст, ки натиҷаи тадбирҳои пайваста андешидаи Ҳукумати мамлакат дар ин самт мебошад.

Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ дар баробари масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти миллӣ, рушди устувори иқтисодиёти ватанӣ, рушди сармояи инсонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва созгор кардани шароит барои зиндагии шоистаи онҳо ва ғайра ба масоили стратегии кишвар - маориф, илм ва фарҳанг аҳамияти вижа дода, барҳақ зикр намуданд, ки то “тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд”.

Дар робита бо ин, Пешвои миллат омўзгорро шахсияти калидии низоми таълиму тарбия муаррифӣ намуданд, зеро маҳз ӯ ташаккулдиҳандаи љањонбинии шогирдон, такмилдиҳандаи мањорату малакаи касбӣ, забондонӣ, ватанпарастии хонандагону донишҷӯён буда, мураббии худшиносию худогоҳӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, илмомӯзию рушди тафаккури созандагии насли наврасу ҷавон маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, имрўз омўзгорони мо бояд новобаста аз зинаи таҳсилот ба талаботи љомеаи муосир ва фазои љањонии тањсилот сатҳу сифати дониш, касбияти худро мутобиқ гардонанд. Тарбиятдида, хушахлоқ, босавод, зирак, ҳушёр, тавонманд, забондон, масъулиятнок ва содиқ ба касби худ бошанд. Қобилияти кор кардан бо воситаҳои технологии муосирро дошта бошанд ва дар раванди баргузории машѓулиятњои таълимӣ, семинару конференсияҳои илмӣ-назариявӣ аз онҳо самаранокистифода баранд. Аз ганҷинаи маънавии гузаштаи миллат, оид ба арзишҳои фарҳанги моддию маънавии ниёкони худ дониши зарурӣ дошта, хотираи таърихиашон ғанӣ бошад, то дар раванди тарбияи шогирдон ба хатоӣ роҳ надиҳанд, шогирдони соҳибкасб, боистеъдод, ихтироъкору навоварро тарбия намоянд. Ҳамаи ин ба он ҳадаф бояд бошад, ки дар тафаккури таълимгирандагон холигӣ пайдо нагардад ва ин холигиро онҳо бо андешаҳои хурофотию таассубангез, парастиши фарҳанги бегона пур нагардонанд, зеро “сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад”.

Дар Паём инчунин зикр гардид, ки пешравии ҳар гуна ҷомеа ба илм вобаста аст. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба илму маориф диққати аввалиндараҷа дода, барои рушд ва густариши он заҳматҳои зиёд кашида истодааст, зеро маҳз тавассути илм ва ҷаҳонбинии илмӣ ҷомеа рушд мекунад. Ин нуктаро Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон чунин қайд намуданд: “Ман аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳам”. Ин эътибори Пешвои миллат боис гашта истодааст, ки олимони тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ дастовардҳои худро пешкаш намуда, дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол қарзи касбии худро иҷро карда истодаанд. Аммо бо ин ҳама қонеъ набояд шуд вадар рушди илм ва ҳамкориҳои илмӣ талошҳои зиёдтар лозим аст. Дар ин маврид дар зинаи таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълиму таҳқиқот омили муҳим мебошад.

Дар баробари ин ҳама, Пешвои миллат ба ҷавонон эътимоднокии худро иброз дошта, таъкид сохтанд, ки онҳо бояд барои рушди илму инноватсия саҳми арзишманд гузоранд. Ягона омиле, ки ба љавонон дар ин роҳ кӯмак менамояд, аз нигоҳи Пешвои миллат, ин руй овардани онњо ба илму дониш ва касбу њунар мебошад: «... ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд». Ҷавонони саодатманди кишварро зарур аст, ки ба боварии Пешвои миллат содиқ монда, дар рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд ва ҳам дар олами воқеӣ ва ҳам бо истифода аз фазои маҷозӣ фарҳанги миллии худро ҳифз ва густариш диҳанд.

Масъалаи фазилати инсон, ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар Паёми Пешвои миллатмақоми баланд дошт. Тавре маълум аст, воқеияти замони муосир инсонро ба буҳрони маънавию ахлоқӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯ сохтааст, ки он аз таҷзияи донишҳоииттилоотию технологӣ ва дигаргуниҳои густардаи ҷаҳони имрӯз вобастагӣ дорад. Ҷаҳони имрӯз новобаста ба комёбиҳо ба нузули арзишҳои ахлоқӣ ва инқирози экзистенсиалӣ ва дигаршавии ҷидди фаҳмишҳои инсон рӯ ба рӯ аст, ки сабабгори дигаргуншавии фаҳмишҳои ақлонии инсон гардидааст. Насли нави имрӯз дар руҳияипостмодернистӣ тарбия ёфта, тамоюлҳо ва арзишҳои умумиинсониро канор мегузорад. Вобаста ба гуфтаҳои ироашуда, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, ки 28 декабри соли 2024 ироа гардид, ин масъала дар шакли гуфторҳои пандомези Пешвои муаззами миллат ба ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон садо дод. Пешвои миллат гаштаву баргашта таъкид сохтанд, ки дар фарҳанги тоҷикон аз замонҳои қадим то имрӯз фазилатҳои инсонӣ, чун накӯкорӣ, адлу инсоф, озодӣ, муҳаббат ба ҳамдигар ва ғайра пояи ҷаҳонфаҳмии инсонро ташкил додаанд ва онҳоро мо набояд фаромӯш созем.

Дар анҷоми Паём Пешвои миллат ҳамаи шаҳрвандонро ба ваҳдат, дӯст доштани Ватан ва саҳмгузорӣ дар ояндаи дурахшони Тоҷикистон даъват намуданд. Ин Паём, бе шакку шубҳа, ҳамчун нақшаи стратегии рушди устувори кишвар хизмат карда, баҳри беҳбудии зиндагии мардум ва пешрафти ҷомеа заминаи заруриро фароҳам меорад.

Нозим Маҳмадизода - доктори илмҳои фалсафа, професссор, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Subscribe to Мақолаҳо