Абӯалӣ Сино нобиғаи асрҳо, равшангари ақлҳо, файласуфи закӣ, шоир ва табиби мумтозест, ки то ҳанӯз олами илмро бо бузургии донишу ҷаҳонбинии фалсафӣ ва кушодани розҳои ниҳонии олами инсонӣ дар ҳайрат гузоштааст. Ӯ фарзанди фарзонаи халқи тоҷик буда, дар Бухорои шариф сарзамини аҷдодию ниёгонамон ба дунё омадааст. Абӯалӣ Сино дар бисёр соҳаҳои илмҳои замонаш то ба ҷое расидааст, ки ба унвонҳои гуногуни олии Шайхурраис, Раисулуқало (сардори оқилон) Хуҷҷатулҳак, (исботкунандаи ҳак,) ва устод, муаллим сазовор гардидааст. Баҳсу талошҳо нисбати мансубияти ӯ ба кадом халқияту миллат мутаалиқ будан чанд аср боз дар байни арабу турк ва дигар халқҳои ҷаҳон мушоҳида мегардад, ки ин хеле аҷиб аст. Вале аз тарҷумаи ҳоле, ки худи ӯ навиштааст бармеояд, ки модарашон Ситорабону тоҷики Бухороӣ ва падарашон Абдулло аз тоҷикони Балх будааст. Дигар ба баҳс кашидани ин масъала, азхуд кардан ӯ бояд маънӣ надошта бошад.
Худи ӯ гӯё, ки ин даъвоҳоро ҳанӯз дар замони зиндагонияшон беасос ҳисобида, изҳор менамояд, ки :
Бупаҳрезу ҳазар мекун, мабодо ки расад бар ту,
Дами гуфтори шамшерам ва ё шамшери гуфторам.
Бузургии ӯро истифода намуда, имрӯз қавмҳои хонабардуши саҳроӣ, ки дар замони зиндагонии ӯ ҳамчун халқият вуҷуд надоштанд, даъвои мансубияти миллии ӯро доранд. Аз чӣ бошад ҳама мехоанд, ки ӯро азхуд кунанд ва Сино нафаре аз миллати онҳо бошад?
Мавриди қайд аст, ки Сино шахсияти нотакрорест, ки дар замонаш ба ҳама посухҳо ба ҷуз аз марг ҷавоб гуфта метавонист. Ин аст, ки дар тули зёда аз 1000 сол мо тоҷикон ва дигар эронтаборон ба ному нангу илму дониши ӯ ифтихору эҳтиром мегузорем. То ҳанӯз шеъри ҳазорсолаи Сино самимияту кайфияти худро гум накардааст. Сино устоди забон низ ҳаст, ки аввалин китоби дарсии “фонетикаро” навиштааст.
Академик , Мусо Диноршоев изҳори андеша доштанд, ки: Хизмати Абуалӣ Сино дар соҳаи маърифати инсонӣ , фақат иборат аз он нест, ки ӯ ба як ҷиддияти хос ташхиси илмӣ , назарияи пешгирии касалӣ ва табобати онро ба вуҷуд овардааст, балки саҳми ӯ дар он кашфиёту он идеяҳое мебошад, ки ояндаи илми тибро пешгӯӣ мекарданд.[1]
Воқеан, хизматҳои Абӯалӣ Сино дар ривоҷу равнақи соҳаи маърифати инсонӣ минҷумла дар илми тиб ва фалсафа низ хеле бузург аст.
Ӯ мавзӯи илмҳоро ба ду қисм тақсим намудааст: якум, мавзӯе, ки марбути инсон аст, монанди рафтору кирдор ва ғ. Дуввум, мавзӯе, ки қоим ба ғайри инсон баҳс мекунад, ҳикмати амалист, чун ки дар ҷомеа аз ҷумла сиёсат, ахлоқ, чӣ гуна вазифа доштани инсонро муайян мекунад.
Танҳо асарҳои ба илм тиб бахшидаи ин мутафаккир зиёда аз 40 номгӯйро дар бар мегиранд. Бояд тазаккур дод, ки аксари асарҳои тиббии ӯ ба ғайр аз “Рисолаи набз” бо забони арабӣ таълиф шудаанд. Рисолаи набз”-и ӯ бо забони модариашон иншо гардидааст.ки бисёриҳо намедонанд.
Аз 276 китоби калону хурде, ки Ибни Сино таълиф намудааст, 182-тоаш ба масъалаҳои фалсафа ва илмҳои дақиқ бахшида шудаанд. Машҳуртарин китобҳои фалсафии ӯ “Китоб-уш Шифо”, “Китоби Наҷот”, “Ишорат” ва “Донишнома” мебошанд. “Донишнома”-ро ӯ ба забони модариаш таълиф намудааст, ки он аввалин асари фалсафии бо забони тоҷикӣ-форсӣ таълифёфта ба шумор меравад.[2]
Ақидаҳои тиббии Сино дар ташаккулу инкишофи донишу истеъдоди назари ва амалии бисёр олимону фозилон саҳми арзанда гузоштаанд. Ҳатто дар тули асрҳои зиёд байни олимони тиббу файласуфон баҳсу мунозираҳои зиёди илмиро ба вуҷуд овардааст. Нисбати бузургию донишмандии ин ҳакими хирадманд на танҳо китобу мақолаҳои зиёд, балки бештари бузургону олимони дунё суханони неку воломақом навиштаанд.
Тарафи дигари бузургии таълимоти Сино аз он иборат аст, ки ӯ бештар ба илмҳои табиӣ ва дақиқ такя намуда, ақидаҳои таълиму тарбиявии худро ғанӣ мегардонад. Масалан, дар китоби “Қонуни тиб” ин мутафаккири борикбин баъзе ченакҳои илми варзишро бо қонунҳои асосии илми тиб мувофиқа намуда, тарбияи баданро ҳамчун илме, ки сиҳатӣ ва саломатии инсонро муҳофизат менамояд, муаррифӣ менамояд.
Ӯ вобаста ба ин дар «Уруҷуза фи-т-тиб» менависад: «Тиб асосан ҳомии саломатист. Вай касалро аз руи нишондодҳои дар бадан оризшудааш шифо мебахшад».
Бузургтарин асари ӯ “ Қонуни тиб”, ки аз панҷ китоби донишномаи тиббӣ иборат мебошанд ӯро машҳури дунё гардонидааст, ки соли 1020-ум онро ба итмом расонидааст. «Қонуни тиб» бо забони арабӣ навишта шуда, аввалин маротиба дар аср XII бо забони лотинӣ баргардонида шудааст.Баъди пайдо шудани дастгоҳи китобчопкунӣ соли 1473 ин асари бемисл бо нашрҳои чудогона дастраси оламиён мегардад. Танҳо 30 сол баъд аз ин “Қонуни тиб» зиёда аз 16 маротиба бо забони лотинӣ интишор ёфтааст.
Албатта, доштани чунин нобиға дар рӯзгор ба худ муҳиммияти хосса дорад, ки айни замон, мавриди баҳсҳои мухталиф гардидааст. Худи ба андешаи Сино, “шахсоне, ки ҳақиқату моҳияти дунёро маърифат мекунанд, покдил, шуҷоъ ва боғайратанд. Онҳоро бояд одамон ориф ва донишманд номанд”. Вале нафароне, ки дар илм ба дуруғпардозӣ гирифтор шуда, бузургони дигаронро аз худ менамоянд аз асли воқеа бехабаранд. Чунин гуфтори Сино дар бора онҳо “ дониши ақлӣ ба ҳастии ашёи ҷузъӣ муҳтоҷ нест ва ашёро бе ин ҳам тасвир мекунанд” [3] рост меояд. Аз ин бармеояд, ки даъвои азхуд намудани Шайхурраис Абуалӣ Сино дигар на мантиқ дораду на маъно. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Ибни Синоро ба мансубияти миллӣ аз худ кардани бегонагон амри муҳол аст. Ӯ худаш дар ҳамон замон менависад, ки: “ турку зангӣ ғулом” аст. Пас имрӯз даъвоҳои туркона назар доштан чӣ мантиқ доранд.Аз инҷо , дар мақола чунин хулосабардорӣ када мешавад:
Аввалан, касоне, ки ӯро аз миллати худ барои бузург шуданашон даъво доранд ба онҳо иззату обрӯ ва тавоноии илмӣ орзу менамоем.Албатта офтобро ба домон пӯшида намешавад.
Дуюм, ин амали онҳо баъди соҳибистиқлолӣ барои муаррифии миллату халқияти ҷавони хеш мебошад.Магар имрӯз бо номи қотилони давру замон Чингизу Темур ва дигар бадхоҳон ифтихор доштан мумкин аст? Албатта не. Аз ин рӯ, аз худ кардани шахсиятҳои таърихии дигар миллатҳо, китобу дафтар ва фарҳангӣ онҳо ягона роҳе барои худмуаррифии дуруғини фарҳангии онҳо мебошад.
Сеюм, аз худ намудани бузургони мо аз ҷониби бегонагон ин хавфу хатар ва таҳдидҳои репутатсиониеро ба бор меоранд, ки дар айни замон, ҳамчун нерӯи нарм ба муқобили мо истифода бурда, мешаванд. Аз ин рӯ, мо бояд ҳушёрии сиёсию фарҳангӣ дошта, арзишҳои миллии худро ҳифз карда тавонем. Мавриди қайд аст, ки аз ҷониби бегонагон азхуд намудани шаҳрҳои таърихӣ, арзишҳо ва тақлид ба расму русуми мо мисли бемориест,ки як хуруҷ мекунаду боз хомӯш мешавад. Аммо шунидану дидани ин ҳақиқати талх новобаста аз оне ки таъсири манфӣ дорад , аммо дар арсаи байналмилалӣ ва таърихи башарият паст задани авлоду фарҳанги чунин даъвогарон ва бебунёдони таърихист.
Хамин тавр, Абуалӣ Сино файласуф, донишманд ва равшангари розҳои ниҳонии илми тоҷик буда, ҳамчун фарзанди фарзонаи тоҷик ҳамеша тарғиби ақлу хирадро аз дигар андешаҳо боло гузоштааст. Ӯ ибрози андеша менамояд, ки инсон бояд фикри худро аз олоишу омезиши разилу нопок солим дорад. Ин аст, ки эшон ақлро меъёри рушду нумуи ҷомеа ва инсон донистааст. Аз ин рӯ , имрӯз дар асри ХХ1, ки дигарон ба кайҳон расидаанд, даъвоҳои кӣ аз кучост, дар куҷо ба дунё омадааст, мансубият ба кадом қавму миллат дорад? бунёде надоранд. Офтоб офтоб аст, аз нурҳои гармии он истифода баред, офтоб мллату мазҳаб надорад аз он ғизо гиред ва сад ташаккур ба модари тоҷик Ситорабону намоед, ки ӯ Синоӣ бузургро ба мою шумо ва дунё тақдим кард.
Муҳаммад Абдураҳмон,узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурғи субҳи доноӣ китоб аст.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, маҳзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хосса ойинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бо ҳамин далел шоири бузурги форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ китобро чун «Фуpyғи субҳи доноӣ» ба қалам додааст. Инсон метавонад ба воситаи китоб ба адабиёту фарҳанг, сиёсат иқтисодиёти мамолики зиёд ошно гашта, оламро бо тайёраи андеша сайр намояд.
Таърихи пайдоиши китоб ва пайдоиши хат ва забон, санъат марбут аст. Баъди зуҳури хат одамони қадим имкон пайдо карданд, ки дар рӯи санг, чӯб, сафол, барги дарахтон, устухонҳо, пӯсти ҳайвонот нақш офаранду нависанд. Хулоса, бо мурури замон дар натиҷаи ихтирои коғаз назми нави китобдорӣ ҷорӣгардид. Акнун ба ҷои сангу чӯб аз коғаз васеъ истифода мебаранд. Китоб асосан навиштаҷоти варақаҳои ҷилдшуда, воситаи интишоргардонӣ ва нигаҳдории маълумот, идея, образ ва донишҳо мебошад. Аввалин дастнависҳо, ки дар Мисри Қадим пайдо шудаанд, ба таърихи ҳазораи то мелод марбутанд.
Асрҳои миёна дар Осиё санъати хаттотӣ хеле инкишоф ёфт. Асарҳои мутафаккирон Абурайҳони Берунӣ, Форобӣ, Ибни Сино, Саъдӣ, Ҷомӣ, Навоӣаз ҷониби хушнависон иншо гардида, насл ба насл гузаштанд. Хушбахтона, китобҳои сафолину сангӣ ва нақши рӯи чӯбҳо то замони мо расида, имрӯз зиннати осорхонаҳои мӯътабари ҷаҳонианд.
Осори классикон низ тавассути китоб то замони мо эҳё гардида, олами тафаккури мардумро мисли субҳравшан мекунад. Агар дақиқтар андеша ронем, китоб рафиқи ҷонии инсон аст. Дар лаҳзаи вазнинӣ, бахусус танҳоӣкитоб дар бари мост. Ин андеша дар шеъри Ҷомӣхеле мӯъҷаз ифода ёфтааст:
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест.
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест,
Ҳар лаҳза аз ӯба гӯшаи танҳоӣ,
Сад poҳaтe ҳасту ҳаргиз озоре нест.
Қайд кардан ба маврид аст, ки замони салтанатии Сомониён барои рушду камолоти сухан ва анъанаии китобдори замимаҳои мусоид фароҳам овард. Дар Бухорои давраи Сомониён китобхонаи калони давлатӣбо номи «Ганҷинаи ҳикмат» амал мекард. Хушбахтона, имрӯз дари Китобхонаҳои кишварамон ба рӯи ҳамаи ниёзмандон боз acт.
Воқеан, дар ягон давру замон бе китоб ғизои маьнавии зиндагии paнгинpo наметавон тасаввур намуд. Ба таъбири халқ: «Хонаи бе китоб рӯзи бе офтоб» аст. Хушбахтона, ин анъанаи неки гузаштагон, яьне санъати китобдориву сухансозӣимрӯз низ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мавқеи шоиста дорад. Ҳар рӯз аз тариқи нашриётҳои давлативу хусусӣ садҳо китоб ба нашр расида, ҳамчун неъмати бузург ба хони маънавии мардум гузошта мешавад.
Оре, «ганҷ магир – китоб гир» – мегуянд. Ганч агар масраф гашта, ба итмом расад, китоб як умр чун ёри бовафо ва беозор боқӣхоҳад монд:
Беҳтарин ёри вафодор китоб аст, китоб,
Ёри бе заҳмату озор китоб аст, китоб.
Хулосаи калом ин аст, ки агар ҳар яки мо фарзандонро дар рӯҳияи эҳтиром ба китобу китобдорӣ тарбия намоем, дар ин ҳолат фарзандони мо ба хондани китоб нафрат пайдо намекунанд, варақу саҳифаҳои онро бераҳмона намеканад, болои китоб хат намекашад ва дар оянда ба он арҷ мегузоранд. Андешаҳои беасосу ботиле мисли “хондагиҳо чӣшуданд?...” низ дигар дар ҷомеаи мо роҳнамеёбанд. Яъне, китобро дӯст доштан, онро хондан пеш аз ҳама вазифаи калонсолон мебошад. Насли калонсол бо истифода аз таҷрибаи ғании рӯзгори хеш вазифадоранд ҳар як саҳифаи китобро муқаддас дониста, мавриди на танҳо мутолиа барои хеш, балки насли наврас қарор диҳанд.
Маҳмадулоева Насиба - лаборанти калони шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқи ИФСҲ-и АМИТ
(дар асоси «Ахлоқи ҳасана»-и Файзи Кошонӣ)
Ахлоқи ҳамида ва замима, унсуру омилҳои пайдоиши ин ду категирия аз он масоили мубрамест, ки то имрӯз ба таври зарурӣ ва алоҳида мавриди таҳлилу баррасӣ қарор нагирифтааст ва хонандаи муосир, махсусан ҷавонон дар бораи ин мафҳумҳо тасаввуроти кофие надоранд. Ба ин хотир, тарғибу ташвиқи ахлоқи ҳамида, ки онро ҳасана низ мегӯянд дар байни насли муосир, махсусан наврасону ҷавонон ва худдорӣ намудани онҳо аз ахлоқи зишту разила аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди ҷомеа аст.
Шахси соҳиби ахлоқи ҳамида – дорандаи фазилатҳои нек ва хӯи нек аст: илму ҳикмат, базлу бахшиш, сабру қаноатмандӣ, аъмолу рафтор ва гуфтори нек, шуҷоат, иффат, покӣ, ростгӯӣ, росткорӣ, тавозӯъ, адл, сукут ва монанди инҳо аз категорияҳои писандидаи ахлоқи ҳамидаи инсони бо фазилат аст. Дар муқобили ахлоқи ҳамида ва ё ҳасана ахлоқи разила ва ё замима меистад, ки он иборат аст: аз талх гуфтану дуруғгӯӣ, ғайбат задан, ҳасодат, кинаварзӣ, хабаркашӣ, кибру ғурур, такаббуру риё, худбинӣ, бадгӯӣ, бадбинӣ, иғвогарӣ ва ҳамчунин шаҳвату хашму ғазаби аз ҳадди эътидол баромада ва ғ…
Дар ин мақола дар бораи хашму ғазаб ва оқибатҳои бади он андешаҳои мухтасари хешро баён менамоем, ки ин ду мафҳум ҳам тарафи мусбат ва ҳам манфӣ дорад. Қайд намудан зарур аст, ки агар хашм ва ё ғазаб дар ҳадди эътидол ва дар мавқеи зарурӣ аз рӯи ақли солим истифода шавад ин тарафи мусбати он аст. М.: то хашм набошад инсон наметавонад дар муқобили душмани хеш ва ё ҳайвони даранда худро ҳифз кунад. Ва баръакс агар аз ҳадди эътидол берун барояд ва бе мавқеъ аз он истифода шавад, боиси бадбахтӣ ва тавлиди дигар омилҳои ахлоқи замима мегардад, ки дар ин бора мутафаккирони гузаштаи мо ба монанди Носири Хусрав, Шамсиддин Муҳаммад Лоҳиҷӣ(Асирӣ), Ҷалолуддини Балхӣ, Аҳлии Шерозӣ, Файзи Кошонӣ, Соиби Табрезӣ ва дигарон андешаҳои худро доштанд. Аз назари донишманди илму адаб ва муаллими ахлоқ дар асрҳои 16-17 Файзи Кошонӣ «…хашм – шуълаи оташест, ки дар зери хокистар махфист, ва маркази пойдоиши ин сифати разила гуштест,ки андаруни қалби инсонӣ аст ва агар қалб аз ин сифоти зишт ислоҳ шавад, тамоми аъзои бадан ҳам аз он наҷот ёфта солим мегардад…». Дар айни ҳол қалби инсон махзани нуру имон аст, яъне ба ҷои тирагиҳо, имон қавитар шавад инсон аз ғафлату ҷаҳолат дур шуда, рӯ ба ахлоқи ҳамида меорад. Хашму ҷаҳл боиси бадбахтии худи инсони ба хашм омада ва инсони муқобили он мегардад. Бинобар ин дар ҳангоми хашм инсон бояд худдорӣ намуда, сабру таҳаммулро пеша кунад ва ақли солими хешро ба кор барад, дар акси ҳол метавонад аъмоле анҷом диҳад, ки боиси пушаймонии ӯва бадбахтии шахси ба хашми вай гирифтор шуда гардад.
Файзи Кошонӣ роҳҳои аз хашм ва ё ғазаб наҷот ёфтани инсонро нишон дода, таъкид менамояд, ки ҳар гоҳшахс хашмгин шавад, дидагонаш қирмиз гардида, рагҳояш дам мекунанд. Барои аз ҳолати хашми шадид баромадан чанде аз роҳҳои дур шудани инсонро аз он раҳнамоӣ намудааст: 1. Ҳангоме, ки инсон ба чунин ҳол гирифтор мешавад, ӯпеш аз ҳама ба замин бояд бишинад, то палидӣ ва ғазаби шайтонӣ – нафсонӣ аз ӯ дур гардад; 2. Агар касе нисбат ба яке наздикони худ хашмгин шавад, ҳамон дам ба ӯ наздик гардад ва даст бар китфи ӯ биниҳад, зеро чун ба раҳми одам наздик шавад оташи хашмаш хомуш шавад; 3.То ҳадде метавонад худдорӣва дурӣ аз хашм кунад, ки ин аъмол аз омилҳои беҳбудии ин дард аст; 4.Сабру суббот, ботамкинӣ инсонро аз ҷаҳл дур намуда, ба хушбахтӣ сазовор мегардонад. Бузургон фармудаанд, ки «…ғазаб калиди ҳамаи бадиҳост». Дар ин ҷо бояд ҳамин нуктаро қайд намуд, ки қабзу басти хун ҳангоми ғазаб дар чи мизон аст: а) ҳангоме, ки фард нисбат ба шахси аз худаш пасттар хашмгин шавад ва яқин кунад, ки бар ӯ ғолиб аст, дар ин ҳолат хун дар аъзои ӯ паҳн мешавад; б) агар ин фард нисбат бар шахси неруманде хашмгин шавад ва натавонад интиқом бигирад, хун дар зери пӯсти баданаш баста шуда, ба қалб ҷорӣ мегардаду рагҳояш зард мешавад ва шояд вай ба ранҷи сахте гирифтор гардад; в) ва агар инсон ба фарде мисли худ ғазабнок шавад қабзу басти хуни ҳарду аз мизон берун шуда, дар натиҷа гоҳе рангашон ноил ба зардӣ мешавад ва изтироб дар вуҷуди онҳо рух медиҳад, ки аз паи интиқоми якдигар мешаванд.
Ҳамин тариқ, шахси хашмгин ҳамон вақт эҳсоси оромӣмекунад, ки аз аъмоли хеш лаззат барад, яъне аз ҳарифи худ интиқом гирад. Аз назари Файзи Кошонӣафроди дар хашм омадаи аз паи интиқом дар се дастаанд: 1. Ифрот – аз ҳадди эътидол берун баромадан аст; 2. Тафрит – бепарвоӣ кардан нисбати рафтору кирдори худ, беамалӣ аст; 3.Эътидол – дар ҳолати мувозинат, ё ин ки муътадил будан аст.
Гурӯҳи мардуме, ки дар роҳи тафританд, дорои қувваи интиқом набуда, ё андаке аз он қувва дар ниҳодашон мебошад. Ин тариқаи мардумро, Файзи Кошонӣ ба беғайратӣ таъбир намудааст, ки онҳо дар натиҷа номуси худро дар дасти душман мегузоранд ва тан зери бори пастфитратон медиҳанду худро ночиз мепиндоранд.Чунин фирқаи одамон аз ҳар амали зиште, ки мебинанд чашмпӯшӣменамоянд.
Дараҷаи ифроти қувваи интиқом ин аст, ки ӯ аз фармони ақлу маърифат хориҷ гардида, сар зери бори итоати онҳо дар намеорад. Дар натиҷа чунин инсон қувваи басирату фикру назари худро ба кор бурда натавониста ихтиёраш салб, яъне аз даст меравад. Дар ин ҳолат инсон на танҳо шахсияти хешро аз даст медиҳад, балки аз худшиносии ӯосор дар вуҷудаш намемонад. Шахси интиқомгиранда ин амали хешро дар муқобили интиқомшаванда диловариву мардонагӣ хаёл карда мегӯяд: «Ман касе ҳастам, ки бар корҳои муҳол хориҷ аз қонун собир нестам ва аз ҳеҷ кас таҳаммули душворӣ намекунам». Хулоса, ин гуна ашхоси ҷоҳилу аз худ ноогоҳ ин ҷумлаҳоро бо камоли ифтихор ба забон оварда ба гирдоби ҷаҳл ғутавар мегардад ва тамоми фазилатҳои инсониашро аз даст медиҳад. Чунин ашхос кару лол шуда, ҳеҷ гуна панду насиҳат дар ӯ таъсир намебахшад ва аз нури тобони ақлу маърифат бенасиб монда, онро ба дуди тираву зулмоти хашми хеш хомуш месозад. Аз ин ҷо: а) ин гуна хашм дорои осорест, ки нахуст дар зоҳири андом пайдо мешавад: рангаш тағйир ёфта, ларза дар ҷисму ҷонаш афтида, корҳояш аз таҳти ихтиёри ӯ хориҷ мешаванд; б) назму низоме дар умури ӯ ба назар наменамояд ва гуфтору кирдораш якҷоя дар изтироб буда, ба тавре, ки каф аз даҳонаш меояд; в) дидагонаш барафрухта ва аз ҳолати оддии хеш берун мешаванд; г) ҳар гоҳ одами хашмнок шакли зишташро дар ҳоли ғазаб бубинад, аз хиҷолати зиёд ғазабашро фаромуш мекунад. Аммо ин танҳо боиси тағйири ҳолати зоҳирии ӯст ва ботинаш дар ин ҳолат боз қабеҳтару кинадузтар мегардад.
Асаре, ки хашм ва ё ғазаб дар қалб мегузорад – ин ҳасодат, кибру масрурӣ, кина, бадрафторӣ, бадгуфторӣ ва амсоли инҳо аст. Яъне агар бадие ба ӯбирасад, забон ба бадгӯӣмекушояд ва агар хайре бубинад, масрур гардида, пайваста мехоҳад рози дигаронро фош кунад ва парда аз онҳо бардорад ва ҳамин тавр соири зиштиҳои дигарро содир менамояд.
Файзи Кошонӣ хашму ғазабро мазаммат намуда, роҳҳои халосӣ аз онро низ нишон медиҳад. Ба фикри ӯ инсони хашмнок қодир аст, ки худро идора намуда, ба бемории хашм беҳбудӣдиҳад ва ҳадди васатро, ки роҳи рост дар ҳама ҳолатҳо аст, пеша намояд. Бинобар ин ба назари мутафаккир «…тариқи рост бориктар аз мӯ ва бурандатар аз шамшер аст ва чун аз дарёфти он шахс оҷиз бимонад», худшиносии худро гум карда, ба бадбахтию ғурбат гирифтор мегардад. Ва «…касе, ки аз анҷоми амали нек боз бимонад, лозим нест пайваста ба кори шар(р) бипардозад.»
Кошонӣ андар хашм ва осори он бо рӯҳи инсон баҳс намуда ба суоли дигаре, ки «Оё, хашмро аз вуҷуди инсон пурра решакан кардан мумкин аст ва ё он ба таври ноаён дар он боқӣ мемонад?» - ҷавоб дода, таъкид мекунад, ки хашм дар тамоми инсонҳо вуҷуд дорад ва решакан кардани он зарурате надорад, зеро чунин амал ғайримумкин аст. Вале роҳҳои нисбатан заиф намудани нерӯи хашмро бояд ҷустуҷӯнамуд ба тавре, ки «…аз шиддати ботинӣон бикоҳад, ки асаре аз он намонад ва чунин амре ҳам ба ростӣ душвор аст». Аз ин ҷо, будани хашм дар ҳадди эътидол воҷибу зарурӣ аст.
Чунонки дар боло гуфтем мафҳумҳои ғазаб, ҳасад, ғайбату бадгӯӣ, бухл, кинаварзӣ, бадгумонӣ, хабаркашӣ, кибру риё аз сифатҳои зишти инсонӣ буда, боиси боло гирифтани ахлоқи замима бар ахлоқи ҳамида мегардад, ки ин масоил қариб диққати тамоми файласуфону орифони асримиёнагиро ба худ ҷалб намуда буд. Кулли ин масоил ҳанӯз дар таълимоти Абдуллоҳи Ансорӣ (асри Х1) баёноти худро ёфта буд. Дар фарқият аз Ансорӣ ва дигар ахлоқсароёни суфияву ирфон ва ҳамчунин аз Саъдии бузургвор, Кошонӣ на ба афоризму ривоятҳо, балки ба таърихи ахлоқи инсонӣ ва таҳлили ҷаҳони ботиниву зоҳирӣ ва маънавии худи инсон наздик шуда, тамоми сифату хислатҳои зишти инсониро дар муқоиса ба сифату хислатҳои ҳамидаи ӯ оварда, бартарию болоии якеро аз дигаре хеле равшану возеҳбаён мекунад. Ахлоқеро, ки Мулло Муҳсин Файзи Кошонӣ пешкаши инсонҳо намудааст дар тамоми давру замонҳо моҳият ва мубрамияти худро гум накарда, панд ва раҳнамоии бузурге ба башарият аст.
Муродова Тоҷинисо – н.и.фал., дотсент, ходими пешбари илмии ИФСҲба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мардумони ориётабор ба шумор мерафт. Моҳияти ҷашни Садаро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург таҷлил мекарданд.
Сада ҳамасола дар ҷумҳурии Точикистон рӯзи 10-уми моҳи баҳмани солшумории ҳиҷрии хуршедӣ таҷлил мегардид, ки баробар ба 30-юми январи солшумории мелодӣ мебошад.
Сада ҷашни пиру ҷавон, зану мард ва дар маҷмӯъ ҳамаи шаҳрвандон аст. Он ба ягон дину мазҳаб тааллуқ надошт ва надорад. миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд». Оид ба шарҳи истилоҳи “Сада” дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ андешаҳои гуногун зикр шудаанд. Аммо ба ақидаи олимони устурашинос истилоҳи “Сада” аз калимаи “санд”-и авестоӣ ба маънои падид омадан, равшан шудан ва зоҳир шуданро дорад. Яъне падид омадани равшанӣ ва гармӣ.
(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) . Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд. Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон одатан муждае аз наздик расидани баҳор меовард. Мардум, бахусус деҳқонон дар шаби Сада бори дигар бузургдошти Худои гармию фурӯғи миноӣ Митра (Меҳр) - ро ёдоварӣ намуда, ба поси он гулханҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонд. .
Ин ҷашн ёдгорест аз даврони ориёиҳо, ки дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ пайдоиши онро ба паҳлавони асотирӣ – Ҳушанг нисбат медиҳанд. Аз он ҷумла, Абулқосими Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” оид ба бунёд гузоштани ҷашни Сада чунин ҳикоят мекунад, ки боре шоҳ Ҳушанг бо наздиконаш ба шикор меравад ва дар кӯҳсор мори дарозу тирарангро мебинанд. Ҳушанг санги калонеро бардошта ба сӯйи мор ҳаво медиҳад, мор гурехта меравад, аммо ин санг ба санги дигар бархӯрда, шарора меҷаҳад ва хасу хошоки хушк оташ мегиранд. Мардум то ин вақт тарзи афрӯхтани оташро намедонистанд ва Ҳушангу наздиконаш аз ошкор шудани рози оташафрӯзӣ шод шуда, онро неъмати худовандӣ мехонанд. Шоҳ Ҳушанг ба худо шукр мекунад, ки ба мардум сирри афрӯхтани оташро ошкор намуд ва ӯ ба шаҳраш баргашта, ин рӯйдодро ҷашн мегирад.
Шаб омад биафрӯхт оташ чу кӯҳ,
Ҳамон шоҳ бар гирди ӯ бо гурӯҳ.
Яке ҷашн кард он шабу бода вард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе боз чун ӯ дигар шаҳриёр....
Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти умҳурии Тоикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сада дар кишвари фарҳангпарвари мо расман рӯзи 30-юми январи ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Ҷумҳурии Тоикистон ягона кишварест, ки дар он ҷашҳои Меҳргон ва Сада расман рӯзҳои муайяни таҷлил доранд. «Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадимӣ буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд».
Ходими хурди илмии Маркази инноватсионии биология ва тибби АМИТ Хокироева А.Н.
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.
Унсурӣ
Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки халқи тоҷик аз замонҳои қадим то имрӯз ба оину суннатҳои миллӣ ва арзишҳои аҷдодии худ арҷ гузошта, барои эҳё кардану ғановатманд гардонидани онҳо ва дар миёни аҳли ҷомеа густариш пайдо кардани маросиму ҷашнҳои бостонии хеш саъю талош менамояд. Имрӯзҳо дар гӯшаву канори Ҷумҳурии Тоҷикистон иди Садаро бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд ва 6-уми декабри соли 2023 дар Касане, Ҷумҳурии Ботсвана дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дар номинаи муштарак Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҷашни Сада ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
Яъне Ҷашни Сада, яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёнтабор, аз ҷумла, тоҷикон буда, ҳамчун ҷашни омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз истиқбол мегардад. Ин ҷашн дар баробари ҷанбаҳои табиӣ, кишоварзӣ ва фалсафӣ инчунин аҳамияти бузурги тарбиявӣ, ахлоқӣ ва таърихию ҳуқуқӣ дорад. Ҷашни Сада дар қатори ҷашнҳои Наврӯзу Тиргон ва Меҳргон аз даврони қадим то имрӯзи мо бо як силсила одобу суннат, расму оин ва донишу таҷрибаҳои кишоварзӣ баргузор мегардад. Дар ин рӯз чун анъанаи Ҷашни Сада аз ҷониби кишоварзон дастархони ҷашнӣ ороста шуда, дар дастурхони ҷашнӣ тибқи оини аҷдодӣ, бештар донагиҳо (гандум, лӯбиё, нахӯд, наск, мош, арзан ва ғайра), инчунин, хӯрокҳои хушлаззати миллӣ, аз қабили мошкичирӣ, лӯбию нахӯдшӯрак, кашк, далда, каллапоча, ширбиринҷ, ширкаду, ширрӯған, қурутоб, фатирмаска, дӯғҷӯшӣ, ӯмоч, шӯрбо ва ғайра пешниҳоди меҳмонону сокинони ватани азизамон мегардонанд.
Сарвари давлат вобаста ба ин иброз медоранд, ки ниёгони ориёнтабори тоҷикон ҳанӯз беш аз шаш ҳазор сол қабл аз ин ба ҳунармандиву косибӣ, истеҳсоли ашёи зарурии рӯзгор ва корҳои кишоварзиву боғдорӣ машғул будаанд: “Онҳо барои ҳар фасли сол иду маросим ва одатҳои махсус доштаанд, ки ҳама бо табиат, заминдорӣ ва касбу кори гузаштагонамон пайванди мустаҳкам дошта, аз ҷониби хурду бузург таҷлил мегардиданд. Ҷашни Сада яке аз ҳамин ойинҳои басе деринаи мардуми мо мебошад”. Ҳамин аст, ки ниёгони мо барои чор фасли сол оину ҷашнҳои алоҳидаро бунёд гузоштаанд. Ҷашни Сада ҳам мисли Ҷашни Наврӯз пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, он ҳамасола дар рӯзи 10-уми моҳи баҳмани солшумории ҳиҷрии хуршедӣ таҷлил карда мешавад. Аз рӯи оинҳои Ҷашнии Сада маълум мегардад, ки нишонаи хосае аз Ҷашни Наврӯз ба худ гирифтааст, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи Дай) ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.
Дар Ҷашни Сада маросими афрӯхтани оташ ва паридан аз болои он ривоҷ доштааст. Ин расм дар миёни насрониҳо ҳамчун Ҷашни “масленница” роиҷ аст. Ҳамин тавр чилрӯзагии Хуршедро дар рӯзи даҳуми баҳман (30-юми январ) чун Сада ҷашн мегирифтанд ва пас аз 50 рӯз, яъне 21-уми март замони ба балоғат расидани онро ба таври густурда ҷашн мегиранд, ки он рӯз Наврӯз аст. Ҷашни Садаро дар даҳумин рӯзи моҳи Баҳман (баробари 29-30-юми январ) баргузор мекарданд, ки аз зимистон сад рӯз (обон, озар, дай ва даҳ рӯзи баҳман) мегузашт. Худи мафҳуми Сада аз шумораи сад гирифта шуда, яъне 50 шабу, 50 рӯз то Ҷашни Наврӯз мебошад. Муҳимтарин рамзҳои Ҷашни Сада офтоб, оташ ва об мебошанд, ки ин унсурҳои табиӣ дар ҷомеаи аҳди бостони ниёгони мо ҳамчун рамзҳои ҳуқуқӣ ба ҳисоб мерафтанд.
Ҳамчунон бояд қайд намуд, ки худи мафҳуми Ҷашни Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон одатан муждае аз наздик расидани баҳор мебошад. Мардум, бахусус, деҳқонон дар шаби Сада бори дигар бузургдошти Худои гармию фурӯғи миноӣ Митра (Меҳр)-ро ёдоварӣ намуда, ба поси он гулханҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд. Тавре Пешвои миллат иброз намуданд, рамзу маъниҳои Сада хеле зиёд буда, моҳияти асосии Ҷашни Сада аз пирӯзии гармӣ бар сардӣ, рӯшноӣ бар торикӣ ва некӣ бар бадӣ иборат мебошад. Зеро нур ва гармӣ сабаби идома пайдо кардани рӯзгор, ҳастии мавҷудот ва ҳифзи зиндагӣ аст. Воқеан, оташ дар тасаввуроти асотирии мардумони ориёӣ порае аз фурӯғу гармии Хуршед дар рӯйи замин ба ҳисоб меравад.
Инчунин, арзи ҳастӣ кардани ҷашни Сада воситаи хушҳолии мардум мебошад, ки бо ин роҳ онҳо шодию хурсандӣ мекунанд, ба ҳамдигар хушӣ орзу менамоянд ва кинаву адоватро аз худ дур месозанду баъдан, аз болои оташ ҷаҳида, ҳамаи бадиҳову балоҳоро тариқи оташ, ҳамчун зуҳури аҳриманӣ аз ботинашон дур месозанд. Ин рукнҳо баъдҳо ба анъанаҳои миллӣ табдил ёфта, ташаккул меёбанд ва дар байни халқ ҷойгоҳи хосро пайдо карда, дар хотираи таърихию фарҳангияшон ворид мешаванд ва то ба имрӯз идома доранд. Пас, қайд намудан зарур аст, ки асоси Ҷашни Сада поягузорӣ ба ҷашни Наврӯзи оламафрӯз мебошад. Аз ин рӯ, таҷлили сазовор ва шоистаи ҷашни Сада барои аз байн бурдани хурофоту бегонапарастӣ, ҷаҳолату нодонӣ замина гузошта, барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши назаррас мегузорад.
Шералиев Абдувоҳид Абдуҳамидович - ходими пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти инфрасохторӣ, н.и.и.
Дар низоми давлатдории муосир Паём ба парлумон як ҳуҷҷати намунавӣ, санади расмӣ, барномасоз ва муайянкунанда ё дастурест, ки барои кори ҳамаи сохторҳо роҳнамоест, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣва хориҷии мамлакатро таҳлил намуда ва вазифагузориҳоро барои соли оянда ва солҳои минбаъда муайян мекунад. Аз ҷиҳати мазмун ва моҳияти худ Паёми солонаи Президенти кишвар дар таҷрибаи муосири давлатдории ҷаҳонӣ ифодакунандаи принсипҳои муҳими давлати соҳибистиқлол, демократию ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад.
Дар Паём дастовардҳо дар як марҳилаи муайян мавриди таҳлил қарор дода шуда, ҳамзамон барои таҳкими фаъолият дар ҷодаи ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонун, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ба ҳар як фарди кишвар вазифагузорӣ карда мешавад.
Боиси хурсандист, ки Паёми имсола дар бинои нави хуштарҳу замонавӣ ва барҳавои мақоми олии қонунгузории мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор гардид. Сарвари давлат кормандони ин мақоми олиро табрик намуда, онҳоро ба хизмати софдилонаву поквиҷдонона ба халқу ватан ҳидоят намуданд.
Дар як Паёми Президенти кишвар ба марҳилаи муайяни рушду инкишоф рабтдошта, дар он ҳадафҳои асосӣ ва барномаҳои мушаххасгардидаи ояндаи наздик ба таври таҳлилӣ, возеҳу равшан, дар заминаҳои асосноки илмӣ тарҳрезӣ карда мешаванд. Дар оғози Паёми имсолаи Пешвои миллат зикр шуд: «Ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Дар ин ҷода моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем. Зеро мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон».
Дар замони муосир шарти асосии рушду пешрафти давлату ҷомеа рақамикунонии иқтисодиёт ва роҳандозии барномаҳои рақамиву электронӣ арзёбӣ мегардад. Пешвои миллат дар Паёми худ зикр намуданд: “Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шавад”.
Ҳамзамон дар Паёми навбатӣ ва дар Паёмҳои каблӣ оид ба вазъи ҷаҳони имрӯза, тағйирёбии иқлим, хусусан, камобӣ ва хушксолиҳои пайиҳам дар бисёр кишварҳои дунё, болоравии нархи маводи озуқаворӣ дар ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои зикршуда ба бозори истеъмолӣ тамоми имкониятҳоро барои рушди соҳаи кишоварзӣ сафарбар созем.
Ҳамзамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки то охири соли 2025 ҳамаи намуди пардохтҳо ба таври ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда шаванд. Пардохтҳои ғайринақдӣ яке аз роҳҳои асосии таъмин намудани шаффофияти амалиёти хизматрасонӣ, баҳисобгирӣ ва пешгирии коррупсия буда, табдирҳои мазкур имкон медиҳад, ки дар рушди ҷомеа ва давлат боз ҳам қадамҳои устувор гузошта шавад.
Яке аз монеаҳои ҷиддие, ки дар пешорӯи рушди ҷомеа ва давлат қарор дошт, ин мушкилиҳо дар самти таъминоти аҳолӣ бо барқ маҳсуб меёбад. Яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат ва иқдомҳои наҷибонаи Президенти мамлакат, ки расидан ба истиқлолияти энергетикӣ буд ва марҳила ба марҳила ба ин ҳадафи олии пешгирифтаи Роҳбари давлат хоҳем расид. Пешвои миллат зимни ироаи Паёми худ зикр намуданд: «Аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад». Яъне, ин яке аз дастовардҳои бузургтарин мебошад, ки халқи тоҷик зери роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат ба он ноил мегардад.
Натиҷаи таҳлили Паёми Пешвои миллат нишон медиҳад, ки дар маркази сиёсати Пешвои миллат маҳз беҳбудии вазъияти зиндагии мардум, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат қарор дошта, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ, роҳу нақлиёт мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд, ҳамзамон аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда шуд, ки масъулини соҳаҳои зикргардидаро мебояд, баҳри рушди соҳсҳои номбурда кушиш ба харҷ диҳанд.
Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёмҳои ҳарсола иброз мегарданд, имкон медиҳад, ки ободии Ватан ва пешрафти давлат таъмин карда шуда, халқи тоҷик ба тамоми ҳадафҳои муайяншуда ноил гардад.
Таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо дар Тоҷикистон нигаронкунанда мебошад, зеро бар арсаи гармшавии иқлим дар солҳои охири асри гузашта 30 дарсади пиряхҳо об шудаанд. Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки дар натиҷаи он Хазинаи боварии Созмони Милали Муттаҳид барои ҳимоят аз обшавии пиряхҳо таъсис гардид, низ бо ҳамин мақсад пешбарӣ гардидааст. Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози таъсири пайомадҳои тағйирёбии иқлим яке аз мамлакатҳои осебпазири ҷаҳони Ҷануб ба шумор меравад. Давлати мо ҳамасола бо обхезӣ, сел, фаромадани ярчу тарма ва дигар офатҳои табиӣ рӯ ба рӯ мегардад, ки аз он хисороти зиёди молӣ ва дар бисёр мавридҳо талафоти ҷонӣ мебинад.
Маҳз ба ҳамин хотир Президенти Тоҷикистон ташаббус оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кардани соли 2025-ро пешниҳод намуданд, ки он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии ҳамаҷониба ёфт. Мо бояд ҳамкориҳоро дар самти обу ҳифзи пиряхҳо, баррасии пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда идома дода, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар қолаби «Раванди оби Душанбе» тадбирҳои зарурӣ андешем.
Кишвари мо дар идомаи ташаббусҳои созандаи худ дар арсаи байналмилалӣ доир ба пешбурди мавзӯъҳои обу иқлим соли 2025-ум дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид мизбони аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29 то31 майи соли 2025 дар Душанбе баргузор мегардад мебошад.
Пешниҳодҳои саривақтӣ ва зарурии Пешвои муаззами миллат ба созмони бонуфузи байналмилалии Созмони Милалӣ Муттаҳид ва ҷонибдорӣ ёфтани ин пешниҳодҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, инҳо масъалаҳое, ҳастанд, ки на танҳо ба нафъи Тоҷикистон, балки ба нафъи тамоми сайёра аст. Аз он ҷумла ташаббуси қаблии Пешвои муаззами миллат, ки солҳои 2018 – 2028 – ро даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор” эълон доштанд, ки ин ба манфиати тамоми сайёра аст, чун ки ҳамарӯза аз навиштаҳои матбуотии олимону таҳқиқотчиён ва ё аз тариқи оинаи нилгуну шабакаҳои иҷтимоӣ мехонему мебинем, ки чи қадар аҳолии рӯи замин аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд ва мақсад аз масъалагузории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин бо оби ошомидани таъмин намудани аҳолии ҷаҳон мебошад.
Ташаббуси навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар боло ёдовар шудем, соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аст, инҳам бошад, аз муътадилии обу ҳаво, сарчашмаи таъминоти оби ошомиданӣ ба аҳолии ҷаҳон, ҳифз ва эмин нигоҳ доштани мардум аз офатҳои табиӣ ва осоиштагии аҳолии ҷаҳони муосирр дар бар мегирад.
Расулзода Ҳомидҷон – ходими пешбари илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Мувофиқи ривояти «Шоҳнома» Ҳушанг шоҳи пешдодиён ин ҷашнро асос гузоштааст. Гӯё Ҳушанг ҳамроҳи дарбориёнаш дар саҳро ба море дучор меояд. Ҳушанг сӯйи мор санг меандозад. Санг бар санги дигар бархӯрда аз он оташак меҷаҳад ва ба ҳамин васила оташ кашф мегардад. Минбаъд одамон ба ҳамин муносибат оташ афрӯхта ба он саҷда мекарданд.
Ҷашни Сада ба оини Меҳргароӣ (Митроӣ) дуруст меояд, ки аз оини Зардуштӣ 3000-то 5000 пеш мавҷуд буд. Дар оини Зардуштӣ муқаддасоти ҷашни Сада нигоҳ дошта шуд. Сада то садаи XII ҷашн гирифта мешуд, лекин баъдҳо аз байн рафт, вале нишонаҳои он — гулхан афрӯхтан, дар гирди он базм оростан ҳанӯз ҳам дар байни мардуми тоҷик ба назар мерасад.
Ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мардумони ориётабор ба шумор мерафт. Моҳияти ҷашни Садаро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург таҷлил мекарданд.
Ғояи асосии ҷашни Сада гиромидошти нуру рӯшноӣ ва гармӣ мебошад. Дар устураҳои бостонӣ омадааст, ки мардум бо афрӯхтани оташ фасли баҳор ва гармию равшаниро даъват мекардаанд. Муроду мақсади мардум аз баргузории он оғоз намудани омодагиҳо ба корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ мебошад.
Оид ба шарҳи истилоҳи “Сада” дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ андешаҳои гуногун зикр шудаанд. Аз он ҷумла, машҳуртарин тафсири мардумии он ин аст, ки “сада” аз шумораи сад (100) гирифта шудааст ва он иборат аз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз будани замони расидани Наврӯзро ифода мекунад. Аммо ба ақидаи олимони устурашинос истилоҳи “Сада” аз калимаи “санд”-и авестоӣ ба маънои падид омадан, равшан шудан ва зоҳир шуданро дорад. Яъне падид омадани равшанӣ ва гармӣ.
Сада ҳамасола дар рӯзи 10-уми моҳи баҳмани солшумории ҳиҷрии хуршедӣ таҷлил мегардид, ки баробар ба 30-юми январи солшумории мелодӣ мебошад.
Ҷашни Сада (форсӣ: جشن سَده) — яке аз ҷашнҳои эронитаборон ва мардуми форсизабон аст, ки дар оғози шомгоҳи 10 баҳманмоҳ (30 январи тақвими мелодӣ) баргузор мешавад. Ин рӯзро Обонрӯз мегӯянд.
Дар бораи пайдоиши ҷашни Сада назарҳо гуногун мебошанд. Баъзе муҳаққиқон ва донишмандон онро ҷашни замони ориёӣ мепиндоранд ва иддаи дигар падидории онро пеш аз даврони ориёиҳо медонанд. Вале ба ҳар сурат пайдоиши ҷашни Сада ва устураҳои марбут ба он ба масъалаи таҷҷамӯи рӯшноӣ ва оташ вобаста мебошад ва аз таҳаввули ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд, ки онҳо ин ҷашнро аз пешиниён гирифтанд ва баъдиҳо онро то рӯзгори мо расониданд. Агар аз ин нуқтаи назар ба ҷашни Сада наздик шавем, нахуст аз ҳама моҳияти мақулаҳои хуршед, рӯшноӣ ва оташ пеши назар меоянд, ки ҳар кадомаш ба ҳаёти инсон ва табиат вобастагии хос доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи рӯшноии Хуршед тамоми мавҷудоти олам зинда аст ва ҳаракат мекунад.
Ходими илмии - маркази инноватсионии биология ва тибби АМИТ Ғанизода Н.Х.
Ҷашнҳои миллӣ ва мардумӣ, ки аҳаммияти таърихиву фарҳангӣ доранд, ҳамеша, ҳама ҷо, барои ҳама кас ва дар ҳар куҷои ҷаҳон, ангезаҳое барои шоду шодмон ва хушдил сохтани мардумон будаанд, ҳастанд ва боқӣ мемонанд. Пажуҳишу ковишҳои коршиносона нишон медиҳад, мардуме, ки соатҳову рӯзҳо кору кӯшиш мекунанд, чунончи оромиши равонии шоистае барои соатҳои бекориву осӯдагии худ фароҳам накунанд, дучори афсурдагиву ноҳинҷориҳое хоҳанд шуд, ки афзун бар равон, бар тану ҷони эшон низ таъсирҳои нохушоянд барҷой мегузорад. Бар пояи чунин бунёдҳое донишмандону андешамандони пешин барои осоиши мардум ва дур нигаҳ доштани онҳо аз андуҳу ранҷ, ҷашнҳои гуногунеро барои ташкил додан пешниҳод менамуданд. Дар ин пайванд ва дар миёни мардумони ҷашндӯсти ҷаҳон, мардумони сарзаминҳои мо низ яке аз пурҷашнтарин мардуми саросари гетӣ ба шумор меравад.
Яке аз ин ҷашнвораҳо ҷашни Сада мебошад, ки бар асоси сарчашмаҳои фарҳангиву таърихӣ ва осори ниёкон таърихи чандинсола дорад. Бар асоси фарҳангномаҳо, махсусан фарҳангномаҳои адаб ҷашни Сада аз вожаи “сат”-и паҳлавӣ омадааст ва маънии он сад мебошад. Бинобар бахшбандии фаслии қадимӣ Сада ҳангоме аст, ки сад рӯз аз зимистон мегузашт ва ё ба ривояти имрӯзиён панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз ба ҷашни Наврӯз мондааст. Ҷашни Сада ҷашне буд, ки панҷоҳ рӯз ба ҷашни Наврӯз монда, яъне охири моҳи январ баргузор мешуд. Тибқи ривоятҳои пешина, мардум дар ин рӯз бо равшан кардани оташ Аҳримани бадкирдорро аз худ дур мекарданд. Гуфта мешавад, ки Каюмарс дар ин рӯз соҳиби садумин фарзанди худ мегардад ва ба маҳзи дидани фарзанд, Аҳурамаздоро сипос мегӯяд.
Дар робита ба равиши ҷашн гирифтани Сада дар манотиқи мухталифи форсзабонон андешаҳои гуногун оварда шудааст. Гуфтан зарур аст, ки аз дер боз дар бисёре аз шаҳрҳо ва манотиқи сукунати форсзабонон ин ҷашнро бо ифтихору шодмонӣ пешвоз мегирифтанд. Усулу тартиби ҷашни Сада бад-ин гуна буд, ки пас аз ғуруби офтоб се тан аз мубадон дар ҳоле ки либоси сафед бар тани худ доштанд, ба сӯйи тудае аз ҳезуми хушк, ки пеш омода шуда буд, ҳаракат менамуданд. Гурӯҳе аз ҷавонон, ки онҳо ҳам либоси сафед бар тан доштанд, бо машъалҳои равшан мубадонро ҳамроҳӣ мекарданд. Дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ мубадон бахше аз “Авасто”-ро месуруданд ва мубади бузург бо оташи мавҷуд дар оташдон ва ҷавонони сафедпӯш ёрӣ гирифтан аз шуълаҳои машъал ҳезумро оташ мезаданд. Гурӯҳи навозандагон аз оғоз, то поён оҳанги шодӣ менавохтанд. Зардуштиён бо шодиву пирӯзӣ шуълавар шудани оташи Садаро ҷашн мегирифтанд ва ба умеди он ки то ҷашни соли дигар равшаниву гармӣ дар дилҳояшон бошад, ба хона бозмегаштанд. Бархе бар онанд, ки дар оини зардуштӣ ба ҷашни Сада таваҷҷуҳи зиёде доштанд, зеро ки оташ яке аз унсурҳои асосӣ ва муҳимми ҷашни мазкур ба шумор меравад.
Баъд аз заволу суқути силсилаи Сосониёни бузург ва вуруди дини ислом ба манотиқи форсзабонон ҷашн гирифтани Сада ба таври пинҳонӣ ба амал меомад, то инки хонадони Бармакиён ба боргоҳи Хулафо роҳ ёфтанду гардонанда ва ҳамакора шуданд ва ҷашнҳоро дубора зинда карданд. Бо ёриву дастгирии ин гуна силсилаҳои форсзабон ҷашнҳои милливу фарҳангӣ натанҳо дубора зинда шуд, ки гоҳо бо шукӯҳу шаҳомати бештар аз пеш низ баргузор мегардид. Агарчи барои муддатҳои нисбатан тулонӣ ин ҷашн ба сурати расмӣ дар даврони баъд аз ислом баргузор намешуд, аммо рафта-рафта бо қудрат гирифтани форсзабонони ватандӯст, ин ҷашн низ дубора зинда мешуд.
Яке аз ин шахсиятҳои барҷаставу ватандӯсти муосир, ки ҳамеша талош дорад, то фарҳанги миллии хешро рушду камол бидиҳад, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад, ки дар дубора равнақ бахшидани ин ҷашни ниёгони мо саҳми беназирро дорад. Бо ҳидояту дастгириҳои Пешвои миллат аст, ки дар чанд соли охир ин ҷашни куҳанбунёди мо вижагии умумимиллӣ гирифт ва ҳоло ҳам дар ҳоли рушду камол аст. Мавриди зикр аст, ки муаррихону муҳаққиқон ва шоирону сарчашманигорон баргузориву ҷашнгирии Садаро дар давраҳои мухталиф, ба шаклҳои гуногун ёд кардаанд.
Яке аз шоирони барҷастаи адабиёти классикии тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ, ки дар ашъораш ҳамвора аз фарҳанги милливу дӯст доштани меҳан сухан дар миён аст, роҷеъ ба ҷашни Сада дар китоби арзишманди хеш “Шоҳнома” достони кашфи оташ тавассути Ҳушангро оғоз мекунад, ки рӯзе Ҳушанг, шоҳи ҷаҳон бо гурӯҳе аз ҳамроҳон ва ёрони худ ба кӯҳ рафт. Дар ин ҳангом ҷонваре дароз, сиёҳранг ва тиратан, ки бо суръат дар ҳоли ҳаракат буд аз фосилаи дур падид омад. Фирдавсӣ зоҳири ин ҷонвари тарснок, ки дар ҳақиқат море буд ваҳшатнок ва онро чунин тавсиф мекунад, ки бар рӯйи сараш ду чашм вуҷуд дошт, ҳаммонанди ду чашмаи хун ва дуде аз даҳонаш хориҷ мешуд, ки ҷаҳонро тираву торик сохта буд. Ҳушанг вақте бо мор мувоҷеҳ шуд, диранг кард ва бо фаросату диққат ба он нигарист ва бедигарн сангеро ба даст гирифту ба ёрии зӯри каёние, ки дошт он сангро бо қудрату суръат ба тарафи мор партоб кард, аммо мори ҷаҳонсӯз аз бархӯрди санги Ҳушанг ҷон ба дар бурду гурехт. Дар натиҷаи партоб, санг бар санги дигар бархӯрда, аз ин бархурди ду санг оташе ба вуҷуд омад.
Яке рӯз шоҳи ҷаҳон сӯйи кӯҳ,
Гузар кард бо чанд кас ҳамгурӯҳ.
Падид омад аз дур чизе дароз,
Сияҳрангу тиратану тезтоз.
Ду чашм аз бари сар чу ду чашма хун,
Зи дуди даҳонаш ҷаҳон тирагун...
Нигаҳ кард Ҳушанг бо ҳушу санг,
Гирифташ яке сангу шуд тезчанг.
Ба зури каёнӣ раҳонид даст,
Ҷаҳонсӯз мор аз ҷаҳонҷӯй ҷаст.
Тибқи ривоятҳои таърихӣ ва сарчашмаҳои адабӣ баъд аз он ки Ҳушанг оташро кашф кард, шабҳангом ба поси хушҳолӣ ва шукргузорӣ, оташе бузург ҳамчун кӯҳ барафрӯхту худ ва дигарон ба даври вай гирд омаданд. Ҳушанг ин ҷашни бузургро ҷашни Сада ном гузошт ва он шаби фархундаро ба бодагусорӣ пардохт. Фирдавсӣ дар идомаи шеър ёдовар мешавад, ки ҷашни Сада аз Ҳушанг ёдгор мондааст ва орзу мекунад, бошад, ки шоҳони бисёре ҳамчун ӯ дар оянда биёянду бар ин сарзамин ҳукм биронанд, зеро ки подшоҳе ҳамчун Ҳушанг, ҷаҳонро шоду обод кард ва ба ҳамин далел низ ҳамагӣ аз ӯ ба некӣ ёд кардаанд:
Шаб омад барафрӯхт оташ чу кӯҳ,
Ҳамон шоҳ дар гирди ӯ бо гурӯҳ.
Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада ном он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
К-аз обод кардан ҷаҳон шод кард,
Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯ ёд кард.
Ҷашни Сада ва достони кашфи оташ дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ тавассути Ҳушанг фақат ривоятест куҳану мондагори таърихӣ ва ба мо ёдоварӣ мекунад, ки падидаи оташ то чи андоза барои форсзабонон, махсусан тоҷикони даврони пешин муҳим будааст, ки ҳатто кашфи онро низ ба худ нисбат додаанд. Баъд аз сипарӣ шудани даврони подшоҳии Ҳушанг, ки барои мардуми минтақа, бахусус тоҷикон саршор аз некиву хуррамӣ буд, даврони подшоҳии фарзанди Ҳушанг, яъне Таҳмурас фаро мерасад, ки вай низ тавонист бисёре аз девонро ба банд даровараду онҳоро мутеи худ созад.
Фирдавсӣ дар манзумаи “Андарз кардани Доро ба Искандар” аз ҷашни Сада ёд карда, дар байте мегӯяд:
...Нигаҳ дорад ин фолу ҷашни Сада,
Ҳамон фарри Наврӯзу оташкада...
Ҳамчунин дар достони “Ҷанги Ардашер бо Ардавон ва кушта шудани Ардавон” аз ҷашни Сада чунин мегӯяд:
Баровард бар чашма оташкада,
Бар ӯ тоза шуд Меҳру ҷашни Сада...
Бояд гуфт, ки Фирдавсӣ дар достонҳои дигари “Шоҳнома”-и хеш монанди “Подшоҳии Луҳросп”, “Куштани Ардашер Ҳафтводро”, “Панд кардани Яздигурд ба Баҳром...”, “Падруд кардани Баҳроми Гӯр Мунзар ва Нуъмонро”, “Бозгаштани Баҳроми Гӯр ба эронзамин”, “Ширӯя ва Ширин” ва монанди инҳо ҷашни Садаро бо шодмониву сурур ёд мекунад.
Баъд аз зуҳури ислом дар минтақа таҷлили ҷашнҳои миллӣ каме коста гардид ва ҳатто бархе аз онҳо аз байн бурда шуданд. Дар давраи Сомониён ҷашнҳои миллӣ дубора зинда карда шуда, вобаста ба имконот таҷлил гирифта мешуданд.
Абулфазли Байҳақӣ дар китоби арзишманди хеш “Таърихи Байҳақӣ” аз таҷлилу баргузории ҷашни бошукӯҳи Сада дар рӯзгори Масъуди Ғазнавӣ сухан меронад ва менависад, ки ин ҷашни Сада чунон бошукӯҳ барпо мешуда, ки оташи афрӯхтааш аз чанд фарсанге диданӣ буд. Дигар муаррихону сарчашманигорони ин давра гуфтаи Байҳақиро тарафдорӣ намуда, муҳиммияти баргузории ҷашни Садаро дар давраи мазкур ёдовар шудаанд.
Дар баробари А. Фирдавсиву А. Байҳақӣ, ҳамчунин дар ашъори дигар шоирон низ роҷеъ ба ҷашни Сада сухан дар миён аст.
Унсурӣ низ аз ҷашни Сада ёдовар шудааст ва ӯ дар қасидае дар мадҳи Амир Наср бини Носируддини Сабуктегин чунин гуфтааст:
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст...
Фалакро бо замин анбозӣ омад,
Ки расми ҳар ду тан дар як шумор аст.
Ҳама аҷроми он аркони нур аст,
Ҳама аҷсоми ин аҷзои нор аст…
Манучеҳрии Домғонӣ ҳам дар қасидае аз омадани шаби ҷашни Сада ёд мекунад ва чунин мегӯяд:
Омад эй Саидаҳрор, шаби ҷашни Сада,
Шаби ҷашни Садаро ҳурмат, бисёр бувад.
Барфурӯз оташи Барзин, ки дар ин фасли шито,
Озари Барзин пайғамбари озор бувад…
Поёни сухан ин, ки вожаи садаро аз ҳама бештар Ҳаким Фирдавсӣ дар ашъораш мавриди корбурд қарор додааст. Агар истифодаи вожаи садаро дар ашъори бархе аз шоирони адабиёти форсӣ-тоҷикӣ аз лиҳози омор мушоҳида кунем, мебинем, ки Фирдавсӣ 17 бор, Анварӣ 16 бор, Фаррухӣ 11 бор, Хоқонӣ 9 бор ва Манучеҳрӣ 5 бор мавриди корбурд қарор додаанд.
Қосимзода Солеҳ Салим - сардори Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD- и АМИТ
Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияи ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии тамоми тоҷикистониён маҳсуб меёбад. Зеро дар Паём сараввал натиҷаҳои фаъолияти солонаи соҳаҳои мухталифи ҷомеаи кишвар мавриди ироа шуда, дар заминаи он стратегия ва самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои оянда муайян карда мешавад.
Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мавқеъ ва нақши муосири ҷавонон дар пешбурди сиёсати босуботи Ҳукумати кишвар ва рушди устувории он ишора намуда, масъулини сохтору мақомоти соҳаҳои марбутаи кишварро ҷиҳати аз нав таҳрир намудани барномаҳои давлатӣ, ки барои ҳифзи минбаъдаи манфиати ҷавонон равона карда шудаанд, вазифадор намуданд.
Ҷавонон ва нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеаи кишвар аз оғози даврони соҳибистиқлолии мамлакат ҳамеша дар мадди назари аввали Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст. Таваҷҷуҳи хоси роҳбарияти олии кишвар ба ҷавонон он аст, ки онҳо қишри фаъоли ҷомеа маҳсуб ёфта, дар татбиқи сиёсати созандаю бунёдкоронаи давлат нақши муҳим мебозанд.
Дар Паёми имсолаи Президенти кишвар қайд гардидааст: «Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошад ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба душ хоҳанд гирифт. Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дўст медорад ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд».
Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки ҷавонон нерўи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат мебошад, ки татбиқи самараоварандаи сиёсати давлатии ҷавонон аз рўзҳои соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон меҳвари асосии сиёсати Ҳукумати кишвар қарор гирифтааст.
Дар замони Истиқлолият ташаккули давлати ҳукуқбунёд ба ҳайси ҳадафи муҳимтарини дигаргуниҳои куллии пайгирона дар Тоҷикистон идома ёфта, раванди амалигардонии ин ҳадаф дар ҷомеаи муосири тоҷикон ба густариши низоми сиёсӣ-ҳуқуқии он дар матнҳои бунёдии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба шакли муайян даровардаву таҳким бахшида шуда, ба пешрафти маърифати ҳуқуқии ҷавонон таъсир гузошт.
Дар солҳои охир болоравии салоҳиятнокии ҳуқуқии ҷавонон мушоҳида мешавад, ки дар огоҳии баланди онҳо аз мундариҷаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба монанди Конститутсия, кодексҳо ва қонунҳо зоҳир мегарданд. Маҳз дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар ин соҳа тадбирҳои судманд амалӣ шуданд.
Албатта тарбияи ватандўстии ҷавонон рукни асосии сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Аз ин лиҳоз Ҳукумати Тоҷикистон ҳанўз соли 1995 барномае қабул намуд, ки ҳадафи он тарбияи ҷавонон дар рўҳияи ватанпарастӣ ва эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ буд. Аз ин лиҳоз бо назардошти тақвият бахшидани ин ҷода дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2002 Дар бораи Барномаи давлатии «Тарбияи ватанпарастиии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2002-2005» қабул шуд, ки бо иҷрои он якчанд корҳои судманд дар ҷумҳурӣ амалӣ гардиданд.
Роҳбарияти давлату Ҳукумат дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Аз ҷумла бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ ва грантҳои ҳукуматӣ барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон таъсис дода шуданд.
Самти фаъолият дар ин масъала дар паёму суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён гардидаанд. Тавре, ки сарвари давлат таъкид намуданд: «Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосии кадрҳо ҳастанд. Онҳо дар дигаргунсозиҳои демокративу иқтисодии Тоҷикистон такягоҳи боэътимод ва ҷузъи ҷудонопазири муносибатҳои байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат мебошанд. Ҷавонон бояд аз фарҳанги сиёсӣ ва арзишҳое бархурдор бошанд, ки онҳоро барои ба манфиати ҷомеа ва давлати Тоҷикистон фаъолият намудан ҳидоят созанд».
Аз ин лиҳоз қабули барномаҳо ва амалӣ намудани он бетарафии ҷомеаро нисбат ба тақдири ҷавонон рафъ намуда, масъулияти онҳоро дар пешрафти шукуфоии мамлакат, ҳифзи манфиатҳои умумимилливу умумидавлатӣ бештар гардонид.
Дар шароити дигаргунсозии ҷаҳонӣ, амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон, ки ояндаро месозанд, тақозои замон аст. Вобаста аз оне, ки қувваи асосии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд, муайян намудани асосҳои фаъолият ва дурнамо нисбат ба онҳо мувофиқи мақсад аст.
Яке аз чунин афзалият ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Зарурати ташаккули ин сиёсат дар Тоҷикистон асосан баъд аз соҳибистиқлолӣ тақозои замон маҳсуб мешавад. Дар мадди аввал қарор додани инсон ва захираҳои инсонии давлат хусусияти хоси ин сиёсат маҳсуб мешавад. Қариб 70 дарсади аҳолии Тоҷикистонро насли ҷавон ташкил медиҳад ва татбиқи ин сиёсат дорои аҳаммияти бузург аст.
Мутаасифона вуҷуд доштани омилҳои номатлуб дар байни ҷавонон, аз қабили ҳолатҳои террористӣ, экстремистӣ, ифротгароӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳо ҳаёти ҷамъиятиро халалдор сохта, ба амнияти миллию давлатӣ таҳдид менамоянд.
Вобаста ба ҳамин масъала Пешвои миллат дар Паёми имсола чунин ибрози андеша намуданд. « Мубориза бо терроризм ва экстремизм самти афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин зуҳурот ҳоло ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст».
Бояд зикр кард, ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумат ва роҳбарияти сиёсии мамлакат дар ҷавонони кишвар рушд додани зиракии сиёсӣ мебошад, ки ба он бақову пойдории Тоҷикистони соҳибистиқлол вобаста аст. Ҷаҳонишавӣ имрўзҳо ба масъалаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ки дар баробари тараққиёти босуръати илму техника пайомадҳои манфиеро ба бор овардааст, ки боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст. Яъне истифодаи технологияҳои иттилоотӣ аз як тараф тақозои замон буда, рушди иқтидори технологиву иттилоотии мамлакатро таъмин менамояд, аз тараф дигар, истифодаи воситаҳои технологияи иттилоотӣ ба мақсадҳои ғаразнок, паҳн намудани маводҳои номатлуб, мубодилаи иттилоот дар хусуси фаъолияти ташкилотҳои террористӣ, ҷалби ҷавонон ба ин ташкилот ба мафкура ва ҳаёти минбаъдаи насли наврас таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин лиҳоз татбиқи самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон дар ин шароит аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Барои амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои барномавӣ қабул шуданд. Аз ҷумла, дар ин самт, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» Консепсияи миллии сиёсати ҷавонони Тоҷикистон, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, Барномаи давлатии тарбияи ватандустии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор барномаҳои дигар таҳия ва амалӣ гардиданд. Мақсади асосии қабули ин барномаҳо фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонон, тарбия ва маърифатнокии комили ҷавонон дар рўҳияи худшиносии миллӣ ва ватандўстӣ, беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, таҳмин намудани ҳуқуқҳо ва тащаккули тарзи ҳаёти солими ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Бо такя ба андешаҳои баёншуда ба назари мо, дар ҳоли ҳозир маърифати ҳуқуқии ҷавонон бояд ба татбиқи маҷмуи ҳадафҳое равона карда шавад, ки дар санадҳои болозикр инъикос ёфтаанд. Санадҳои зикршуда, моҳиятан тарзе амалӣ карда мешаванд, ки аксарияти ҷавонон ба рафтори фаъоли иҷтимоӣ мутамоил гардида, рафторе, ки ба дарки амиқи асоснокӣ, адолатнокӣ ва мувофиқи мақсад будани меъёрҳои ҳуқуқ асос ёфтааст ва фаъолияти шахсро баҳри таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва решакан намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар назар дорад, нигаронида шудаанд.
Ҳамин тавр дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар сатҳи қонун таҷассум ёфтани мафҳуми тарбияи ватандўстӣ барои тақвияти маъсулиятшиносии ҳар як шаҳрванд ба хусус ҷавонон дар назди Ватан, тавсеаи мавзуи хештаншиносӣ дар ҷомеа ва ташаккулёбии насли наврасу ҷавони солиму меҳандўст заминаҳои марбутаи ҳуқуқиро фароҳам овардааст.
Вобаста ба ин масъала дар Паёми имсола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ибрози андеша намуд.«Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд,Ватанро сидқан дўст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд.» Аз ин ҷо маълум мегардад, ки Пешвои миллат ба ҷавонони мамлакат боварии калон доранд ва ҷавононро лозим аст, ки ин боварии сарвари давлатро дучанд зиёд намояд.
Алиназарова Кифоят Ғуломназаровна – ходими хурди илмии шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Таҳлили адабиёти илмӣ ва воқеияти имрӯза оид ба ташаккули идеяи миллӣ ва ҳувияти миллӣ дар шароити сохторёбии муносибатҳои нави иҷтимоӣ дар ҷумҳурии мо ба он ишора мекунанд, ки дарки ҳувияти миллӣ аз ҷониби мардуми тоҷику тоҷикистонӣ хеле муҳиму масъалаи ҷиддӣ буда, дар таҳкими давлати соҳибистиқлоли миллӣ муҳим аст. Он танҳо дар асоси шинохти амиқу тарҳрезии идеяи миллӣ муяссар мегардад.
Идеяи миллӣ - баёнгари ҳадафу маънии зиндагӣ ва асолату рисолати ҳастии гурӯҳи қавмии мардуми кишвар дар замони ҳозира ва оянда бо назардошти гузаштаи онҳо, дар пояи таҷрибаи таърихии халқу миллати хеш ва таҷрибаи дигарон ташаккулёфта мебошад, ки ғояи бунёдии он ватандорию ватандӯстӣ - изҳори меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан, инчунин, меҳанпарастӣ - сипосгузорӣ ба фарҳанги аҷдодии худ буда, дар ҳар як фарди бошуури миллат баҳри ҳифзи Ватан ҳисси ватандӯстиро бедор намуда, аз онҳо худогоҳӣ, масъулиятнокӣ ва садоқатмандиро нисбат ба халқу Ватан талаб мекунад. Ҳамин тариқ, мафҳумҳои «идеяи миллӣ» ва «ҳувияти миллӣ», ки дар як пояи бунёдии ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва масъулияти давлатдорӣ дар робита ба ҳам ба вуҷуд омадаанд, дар шароити худмуайянкунии миллатҳо ва таъсиси давлатҳои соҳибистиқлоли миллӣ саҳми арзанда гузоштанд.
Зоҳиршавии ин мафҳумҳо дар шароити кунунии амалишавии фикру андеша ва ормонҳои миллӣ дар симои давлати соҳибистиқлоли миллӣ равшан мушоҳида мешавад, ки ин падидаҳои иҷтимоӣ дар ҳамбастагӣ ба ҳам дар худмуайянкунии миллатҳои дунё - чун ифодагари худшиносии миллии мардум баромад карда, дар барпо шудани истиқлолияти давлати миллӣ нақши калидӣ мебозанд.
Бояд гуфт, ки ҳувияти миллӣ - яке аз ҷузъҳои ҳувияти фард аст, ки он марбут ба эҳсоси мансубият доштани вай на фақат бар миллату фазои муайяни фарҳангию иқтисодӣ, балки бар кишвару давлати муайян низ мебошад. Ҳувият - хусусияти равонии инсон аст, ки он тасаввуроти мутамаркази шахсро оид ба мутааллиқ будани вай ба гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ нишон дода, дар баробари умумияти забонӣ, касбӣ, мазҳабию нажодӣ, сиёсию фарҳангӣ доштан, он, инчунин, ташаккули умумияти этникии худогоҳеро, ки дар фазои ягонаи иқтисодӣ майли ҳамдавлатӣ, ҳамватанӣ, якпорчагӣ ва фаъолияти иҷтимоии дастҷамъона намуданро баҳри ба даст овардани неъматҳои моддӣ ва некуаҳволии мардуми кишвар азму субот доранд, зоҳир месозанд.
Ҷаҳонишавӣ ба худ хусусиятҳои муайянкунандаи асосии системаи ҷаҳонии муосирро касб карда, ба яке аз қувваҳои таъсирбахш табдил ёфтааст, ки роҳи минбаъдаи рушди сайёраи моро тарҳрезӣ мекунанд. Вай ҳузури худро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ нишон дод: дар иқтисодиёт, сиёсат, соҳаи иҷтимоӣ, фарҳанг, экология, амният ва ғайра.
Ба ақидаи муҳаққиқ А.Р.Нематов “падидаҳои муосири сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ, ки дар ҷаҳон ба амал меоянд, ба моҳияти дунявии давлатҳои Шарқ таҳдид мекунанд ва ба нобуд шудани рамзи миллии онҳо мусоидат мекунанд. Аз як тараф, қабули пурраи ғояҳо ва арзишҳои либералии Ғарб, ки аксари онҳо бо фарҳанг ва анъанаҳои халқҳои Шарқ мухолифат доранд, метавонад боиси вайрон шудани пояҳои давлатдории дунявӣ гардад. Аз тарафи дигар, воридот ва ҷорӣ намудани арзишҳо ва ғояҳои барои мардуми тоҷик аз Шарқ бегона, инчунин тамоюли қавӣ ба исломигароии ҷомеа мавҷуд аст. Имрӯз, мардуми тоҷик, ки дорои фарҳанги бой ва таърихи бостонӣ ҳастанд, ба ҷуз бунёди ҳаёти давлатию ҳуқуқӣ дар асоси арзишҳои фарҳангии худ, ки асос ба ҳифзи пояҳои дунявии давлатдорӣ ва ҳувияти миллии худ мегузорад, роҳи дигаре надорад”.
Бояд гуфт, ки тоҷикон дорои анъанаҳои қадима мебошанд, ки таърихи ҳазорсолаҳо доранд. Ҳифзи анъанаҳо дар ин гуна ҷомеа арзиши баландтар аз рушд ба ҳисоб меравад. Барои Тоҷикистон ғояи марказии рушди давлат дар баробари демократия, воҳидият, иҷтимоӣ ва волоияти қонун принсипи давлати дунявӣ ва ҷомеа буд, ки раванди сиёсии кишварро устувор ва пешгӯишаванда сохт.
Таҳлили рушди конститутсионии ҷомеаи Тоҷикистон ва фарҳанги сиёсии он нишон медиҳад, ки ҷомеаи мо дар раванди тағйирёбии амиқ майл ба сӯи эътидолгароӣ ва прагматизмро кардааст. Таҷрибаи мо барои ҳамсоякишварҳо, ки роҳи ҷомеаи дунявӣ ва демократиро интихоб кардаанд, як намунаи хеле муҳими иҷтимоӣ ва сиёсӣ гардид. Аз ин рӯ, мо бояд ба муваффақиятҳое, ки дар шароити истиқлол ба даст оварда шудаанд, баҳои баланд диҳем ва барои таҳкими дастовардҳо, арзишҳо, меъёрҳои ахлоқӣ ва сифатҳои нави шаҳрванди давлати соҳибистиқлол ҳама корҳоро кунем.
Дар тӯли таърих яке аз шаклҳои муқобилати як миллат алайҳи миллати дигар - мубориза барои заиф ва нобуд кардани ҳувияти миллии рақиб аст. Аз ин рӯ, дар давраи ҷаҳонишавӣ масъалаи ҳифзи фарҳанги миллӣ низ ба миён меояд. Қобили зикр аст, ки бо ибтикори Пешвои миллат ташаккули фарҳанги замони истиқлолият дар заминаи фарҳанги ахлоқӣ ва ҳаёти маънавии халқи тоҷик дар руҳияи сулҳпарварӣ ва таҳаммулгароӣ асос ёфта истодааст. Дар муқобили идеяҳои таҳмилшудаи хориҷӣ, ки ҳадафашон аз сар задани низои миллӣ ва мазҳабӣ иборат аст, фарҳанги миллии мо бо ҷалби қувваҳои фарҳангии дунявӣ ба сӯи ризоият ва ваҳдати миллӣ қадам мезанад.
Донистани таърихи миллат, инчунин дарки маънои рамзии идҳои миллӣ, ҳифзи ҳувияти миллӣ барои тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, дарки арзишҳои миллӣ ва ташаккули худшиносии миллии тоҷикон дар муҳити наслҳои оянда зарур аст. Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд озмунҳоро аз қабили “Илм-фурӯғи маърифат”, “Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва дигар озмунҳоро ба роҳ монданд, ки бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхониву тақвияти неруи зеҳнӣ миёни аҳолии кишвар, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, бисёр ҳам саривақти мебошад.
Ин дар замони муосир, вақте ки дар шароити ҷаҳонишавӣ фарҳанги анъанавии моддӣ ва маънавии аз ниёгон меросмонда ба таъсири доимии беруна дучор мешавад, махсусан муҳим ҳисобида мешавад. Мусаллам аст, ки ҷаҳонишавӣ танҳо бо сиёсат ва иқтисод маҳдуд намешавад, балки ба ҳамвор кардани арзишҳои моддӣ ва маънавии миллатҳои алоҳида равона шудааст. Маҳз ҳамин чиз омӯхтан ва ҳифз кардани урфу одатҳои ниёгонро ба миён меорад. Ҳифзи анъана имкон медиҳад, ки онро ба наслҳои оянда интиқол диҳанд.
Ба ақидаи мо, фишанги рушду нумӯи минбаъдаи ҳувияти миллӣ чун дигар падидаҳои хусусии иҷтимоӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ аз рӯи қонунҳои диалектикӣ ба тавассути ангезаҳои ҷадиди пурмӯҳтаво доир мегардад. Ба ҳамин минвол, ҳувияти миллӣ, ки он шабоҳат, айнияту тафовутҳои гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва миллатҳоро оиди мутааллиқ буданашон ба як фарҳанги хос муайян мекунад, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҳангоми наздикшавӣ ва бархӯрди фарҳангҳо маҳз ҳамон фишанги амалиёти мутақобилае, ки дар вуҷуди ҳар падида, мавҷудот ва ҳодисот маҳфуз аст, боиси ҳаракати онҳо ба сӯи мавҷудияту инкишофи ояндаашон мегардад. Махсусан, дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳувияти миллӣ бояд барои таъмини арзишҳо ва амнияти ҷомеа мусоидат намояд.
Албатта, ҳувияти миллӣ дар устувории пайванди наслҳо ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши калидӣ дорад. Дар ташаккули давлати дунявии тоҷик нақши ҳувияти миллӣ, ки аз асоси фаҳмишҳои аслии миллат иборат аст, таъсиргузор мебошад. Моҳияти масъала барои устувории ин ҷомеа ва таъмини амнияти миллӣ дар он ифода меёбад, ки худи он ҳамчун муҳаррики ин арзишҳо баромад менамояд.
Руйхати адабиёти истифодашуда.
1. Нематов А.Р. Духовно-культурные аспекты развития государствен но-правовой системы Таджикистана: постановка вопроса//Известия высших учебных заведений. Правоведение. 2017. № 1 (330).
2. Орифҷонова Н.Идеяи миллӣ ва ҳувияти миллӣ дар шароити Истиқлолияти давлатӣ//"Илм ва Ҷомеа"-№4 (17), 2019.Манбаи электронӣ:https://ravshanfikr.tj/shinokhti-masoili-i-timo-va-sijos/ideyai -mill-va-uviyati-mill-dar-sharoiti-isti-loliyati-davlat.html
3. Петров П.А. Концепции глобализации в социальной философии// Электронный ресурс:URL:https://cyberleninka.ru/article/n/kontseptsii-globalizatsii-v-sotsialnoy-filosofii [дата обращения: 15.11.2020].
4. Хайдаров Р.Дж. Влияние процесса глобализации на трансформацию таджикского общества: дис....док.филос.наук 09.00.11/Р.Дж. Хайдаров .-Душанбе,2007.- с.244
5. Ҳайдаров Р.Ҷ. Тоҷикистон дар масири таҳкими истиқлоли давлатӣ: ҷанбаи иҷтимоӣ-сиёсӣ. Монография. -Душанбе: “Шоҳин С ”, 2020. -76 с.
6. Ятимов С.С.Равоншиносӣ ва амнияти ҷамъиятӣ (Дар доираи шуури муқаррарӣ) Ҷавонони Тоҷикистон, 05 Май 2016.
Қодирова З.Б. – ходими илмии шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси олии кишвар боз як пешниҳоди таърихии моҳияти умумиинсонӣ дошта ва барои шиносонидани фарҳанги миллат ба ҷаҳониён муҳиму саривақтӣ баромада, пешниҳоди ҷолибе ба созмони ҷаҳонии «ЮНЕСКО» дар бораи ҷашни 2500 –солагии «Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир», дар соли 2025-ро матраҳ намуданд. Мисли тамоми пешниҳодҳои Пешвои миллат ин пешниҳод низ на танҳо моҳияти таърихӣ, балки аҳамияти рӯзмарра барои фазои сиёсию маънавии кишварро доро буда зарурати рӯзмарра мебошад ва аз умқи дидгоҳи сиёсиву мафкуравии эшон хабар медиҳад.
Дар баробари пешниҳоди аввал оид ба эъломи даҳсолаи сулҳ дар ин асри ҷаҳонишавии пур аз ҷангу зиддияту ихтилофоти байни кишварҳо ва миллатҳо бо иштироки кишварҳои абарқудрати ҷаҳон ва бо мақсади мудохила ва зери тасаллути худ нигаҳ доштани миллатҳои дигар, ки дар натиҷа ҳар рӯз садҳо инсонҳо куштаву ба асорат гирифта мешаванд, ин пешниҳод низ аз манфиати зиёде бархурдор мебошад.
Аҳамияти ин пешниҳод дар ошкоро эълон кардан ва ба миён гузоштани ин воқеияти раднопазир аст, ки ниёгони мо аввалин поягузори маншури ҳуқуқи озодии башар аз ғуломӣ будан, ҳуқуқи ва қонуни озодии эътиқод ва виҷдонро низ поягузорӣ кардаанд. Ин пешниҳод ба инкори вуҷуди тасаввуроти нодурусти таърихӣ дар бораи сарчашмаи ҳуқуқи озодии инсон аз ғуломӣ ва озодии дину этиқод ҳаргуна дин будани аврупоиёнро инкор намуда, бо далелу бурҳони таърихии раднопазир тасаввуроти бепояи онҳоеро, ки низоми дунявият ва озодии виҷдонро таърихан барои мо бегона медонанд ошкор менамояд. Ин пешниҳод заминаи низоми дунявиро дар кишвар тақвият намуд, ҳақиқатан заминаи ҳуқуқи миллӣ доштани модели нави дунявиятро, ки дар кишвари мо тавассути кушишҳои Пешвои Миллат пиёда шудааст собит мекунад.[1] Зимни ин таҳқиқот мо бояд нишон диҳем ва исбот кунем, ки мабною заминаи чунин низом на танҳо дар таърихи пеш аз исломии мо ва ҳатто дар худи илова ба ҷузвияи дар поварақ ишора шуда, асли ниҳоии матолиби ин мақоларо муаллиф баъдтар соли 2021 ба сифати мавзӯи кори нақшавии таҳқиқоти илмӣ ба нақша гирифта, навишта буд ва ҳоло дар ин ҳошия чанд нуктаи марбут ба он ироа-пешниҳод хоҳад шуд.
1.1. Вуҷуди заминаҳои озодӣ ва таҳаммулгароии динӣ-мазҳабӣ дар фарҳанги сиёсии тоҷикон
Дар таърихи тамаддуни башар ҳамеша қонуни меросият амал мекунад ва дар тамоми соҳоти тамаддуни мо падидаи мутаассиршавӣ ва доду гирифти тамаддунҳо ва таҳаввули доимии анвоъи гуногуни фарҳангии башарро аз унсурҳои соддаю ибтидоӣ ба сӯи такомулу рушди болотар дорем. Дар ин робита пайдоиши заминаҳои давлати дунявӣ (секулор) ва таҳаввули баъдии он низ истисно нест.
Масъала он аст, ки дар кишварҳои исломӣ, аксаран вақто ки сухан аз моҳияти низоми давлати дунявӣ меравад, ҳамоно ин қазияро матраҳ мекунанд, ки низоми секулор падидаи соф аврупоӣ буда, бо олами ислом рабте надорад ва бегона мебошад. Ҳол он ки аввалан, ин исломиёни наздикбин барои гардишу тақвияти осиёби ғарбиёни мутассиби аврупосентрист об мерезанд, сониян, инҳо бехабар аз қонунияти таҳаввули падидаҳои иҷтимоӣ буда, намедонанд, ки ҳеҷ чунин падидае дар ҷои хушку холӣ ба вуҷуд намеояд, балки асосе, заминаю мабное дар тамаддунҳои пешинаи башар дорад ва солисан, инҳо таърихи пайдоишу такомул ва таҳаввули мӯҳтаво ва мавводи«Маншури эъломияи ҳуқуқи башар»-ро наомӯхтаанд, набошад далоили ба аксарияти ҳуқуқдонониё маъруф, чун: «Маншури қонуни Ҳамурапи» ва «Маншури ҳуқуқи Куруши Кабир» -ро намебоист нодида мегирифтанд.
Ҳоло мо зимни ин таҳқиқ саъй дорем нишон диҳем, ки ба олами Шарқ аз ҷумла тоҷикону эрониён таърихан низоми дунявӣ (секулор) бегона набуда, балки яке аз дастовардҳо ва таҷрибаҳои маъмули давлатдорӣ ва низоми сиёсии таърихӣ худи ин миллат будааст. Ба қавли маъруфтарин рӯшанфикри эронӣ Алӣ Шариатӣ дунявият мисли мафҳуму калимаи «алмаз» ҳамон «мост»-и форсӣ буда, арабҳо онро иқтибос карда ба он артикли «ал»-ро илова кардаанд ва шудааст «ал-мос» ва аз паси арабҳо аврупоиҳо иқтибос карда онро «алмаз» хондаанд ва пас аз ин муллою охунди аз таърихи этимология бехабари мо онро калимаи аврупоии ба забони форсӣ бегона хонда, фатвои «бегона аст!»-ро содир кардаанд ё мекунанд.....
Ҳамин тавр агар ба рушди аҳкоми ҳуқуқӣ ва аз ҷумла ташаккулёбии ва такомули мавводи «Эломияи ҳуқуқи башар» нигарем хоҳем дид, ки он низ мисли тамоми анвои фарҳанги башар натиҷаи таҳаввул ва рушди он усулу қонунҳое мебошанд, ки ба тадриҷ дар қадимтарин марказҳои тамаддуни таърихии башар Мисру Бобулу Эрону Чину Ҳиндустон, Юнон зуҳур карда баъдан шаклан суфтатару моҳиятан густардатар гардидаанд. Алалхусус дар сафҳаҳои таърих бе восита дар мавриди пайдоиш ва рушди ҳуқуқи башар метавон бидуни иғроқ ва шакку шубҳа гуфт, ки нақши тамаддуни бобулӣ ва эронӣ бараъло равшан ва шинохташудаву эътироф гардида мебошад.
Дар ин робита аз нигоҳи ду сарчашмаи маъруф бо номи «Маншури ҳуқуқии Ҳаммурапи» ва «Маншури Ҳуқуқи башари Куруши Кабир» бидуни баҳс метавон гуфт заминаи ин чунин санадро дар таърихи башар тарроҳи ва интишор карданд.
Ин аст, дар робита бо мавзӯи ин таҳқиқот ва қазияи дар боло зикршуда оид ба он, ки заминаҳои қонунгузорӣ решаи амиқтари худро дар фарҳанги шарқӣ доранд, далелу бурҳони нахустин ҳамин ду қонуни таърихан қадимаи шарқӣ шуда метавонад. Агар қонуни Ҳаммурапи танҳо як намунаи ҳуҷҷати қонунгузорӣ қадимтарин буда, ба ҳар сурат ҳанӯз 1750 сол пеш аз солшумории мелодӣ дар сарзамини Бобил ба вуҷуд омадани низоми қонунмеҳвари сиёсиро собит кунад. «Маншури ҳуқуқи Куруши Кабир» аз аввали ҳам наздиктар ба моҳияти арзишҳои ҳуқуқии башар дар ин асри 21 мебошад. Чунки он арзишҳои он низомҳое, ки ҳатто баъд аз Куруш Кабир низ пой барҷо буд, яъне ғуломдорӣ ва табъизу нобаробарии инсонҳо аз лиҳози динӣ,- озодии ақидати ва динию мазҳабиро инкор мекунад.
Метавон гуфт, ки ин ду асли ҳуқуқии инсони озодро ҳатто ду дини пас аз «Маншури ҳуқуқи башари Куруши Кабир» зуҳур карда: дини насронӣ ва ислом низ ба куллӣ натавонистанд аз байн баранд ва он низоми ғуломдорӣ ва нобаробарии инсонҳо аз нигоҳи динию мазҳабӣ мебошад, ки ҳатто имрӯзҳо низ пайравони ин ду дин аз ин чунин муносибат пурра раҳоӣ наёфтаанд.
Метавон гуфт, ки зери тасири «Маншури ҳуқуқи башари Куруши Кабир» боз дар ҳамон даврони то исломии мо боз ба як сарчашмаи дигаре дорем, ки дар ҳеҷ гӯшае аз кишварҳои аврупоӣ дар он замон аз чунин сарчашмае ҳаракате дар масири таҳкими пояи баробарӣ ва бунёди ҷомеаи одилу инсонмеҳвар хабаре нест ва набуда ва ин назария ва ҳаракати динӣ –иҷтимоии Маздаки Бомдод шуда метавонад. Ҳаракате ки Маздак дар асри 5-6-и мелодӣ дар Эрон сарвари мекард, яке аз аввалин ҳаракатҳои баробарихоҳии иҷтимоии инсонҳо буд, ки баъдан, ҳатто бо номи ҳаракат ва инқилобҳои коммунисти шӯҳрат ёфт.
Ниҳоят чаҳорумин далели марбут ба таҳаммулпазирии мазҳабию динӣ дар таърихи ниёгони мо он аст, ки ҳатто дар давраи ҳокимияти шоҳони сосонӣ, сарзамини Осиёи Марказӣ дар муқоиса бо Эрони Ғарбӣ кишваре буд, ки пайравони дину мазҳабҳои гуногун, аз ҷумла маздакиёну монавиён озодона зиндагӣ ва кор мекарданд.
Ҳоло ба тартиб ҳар яке аз ин далоилро мухтасар баррасӣ мекунем ва зимнан то чӣ андоза нақши амиқ гузоштани ниёгони хешро ба тамаддуни ҷаҳонӣ дар боби пайдоиш ва рушди пояҳои ҳуқуқӣ ва ташаккули шуури қонунгузории инсоният ва ворастани он аз муносибатҳои барбарию зӯроварӣ то фарҳанги қонунмеҳварӣ шинос мешавем.
Аҷоиб он аст, ки дар таърихи инсоният, дар олами Шарқ эрониён ҳанӯз садсолаҳо пештар аз пайдоиши китобҳои динии маърӯф: «Панҷкитоби Мӯсо» ва дигар китобҳои «Аҳди қадим» ва «Аҳди ҷадид» даст ба эъҷози қонунгузории маданӣ намуда будаанд. Исботи ин қазия он аст, ки дар қисмате аз китобҳоии анбиёи қисмати «Аҳди қадим» дар Китоби Ишаъёи набӣ Курушро худои яҳудиён ҳамчун масеҳи худ ёд карда аз кӯмакҳояш ба ӯ сухан мегӯяд.[2]
Дар олами Шарқ аввалин қонун «Қонунҳои Ҳаммурапи / Зако́ны Хаммура́пи (аккад. Inu Anum sîrum,/ дар замони ҳокимияти Ҳаммурапи, ҳануз пеш аз «Панҷкитоби Мӯсо», ки ҳадди ақал пайравони ин дин пайдоиши онро асри Х-то мелод медонан ҳанӯз дар асри XVII-XVIII солҳои 1755-1752 т. м. ба забони аккодӣ тадвин гардида буд. Ин бозёфти бостоншиносӣ (археологӣ) аз тарафи экспедисияи археологии франсавӣ соли 1897 бо раҳбарии Ж. де Морган дар сарзамини Эрон дар замони ҳокимияти Музаффаридин-шоҳи Коҷор дар ноҳияи Элам ба даст омад, ки ҳоло дар муюзейи Луври Париж маҳфӯз аст.
Аксар аз ин бояд гуфт, ки ин ягона маҷмуи қонун нест, илми ҳуқуқшиносӣ дар таърихи то қонуни Ҳаммурап дар сарзамини Бобил ва Ассуриё ва Аккод боз чандин маҷмӯаи қонунгузориро медонад, ки онҳо бо номҳои: ислоҳоти қонуни Урукагин, Қонуни Ур-Намму, Қонуни Липит-Иштар, Қонуни Эшнунни маъруфанд. Қонуни Хаммурап ин марҳиллаи ниҳоии таҳаввули конунгузорӣ дар ин минтақа буда, дар он дастовардҳои конунгузориҳои пешина ҷамбаст шудааст. Қонунгузории Ҳаммурап ин аввалин ҳуҷҷати ҳуқуқӣ мебошад, ки ҳанӯз пеш аз «Панҷкитоби Мӯсо» масоили бештари ҳуқуқро дар худ инъикос ва ҳал када, мубоҳисоти зиёдеро дар доираи васеъ ба вуҷуд овард .
Аммо дар Устувонаи «Маншури ҳукуки башари Куруши Кабир»масоили ҳуқуқие гузошта шудааст, ки на дар матнҳои ҳуқуқии бобулӣ, на Ҳаммурап ва на дар китобҳои паёмбарони сомӣ-динҳои Иброҳимӣ вуҷуд надоранд. Он ҳам бошад пеш аз ҳама масъалаи бекор кардани ғулому ғуломдорӣ ва озодии динӣ-мазҳабӣ мебошад.масоили ҳуқуқие гузошта шудааст, ки на дар матнҳои ҳуқуқии бобулӣ, на Ҳаммурап ва на дар китобҳои паёмбарони сомӣ-динҳои Иброҳимӣ вуҷуд надоранд. Он ҳам бошад пеш аз ҳама масъалаи бекор кардани ғулому ғуломдорӣ ва озодии динӣ-мазҳабӣ мебошад.
Дар ин маврид муҳаққиқи эронӣ Ҳабиб Замонии Маҳҷуб бо иснод ба таҳқиқоти тамаддуншиносу муаррихи машҳур Вилий Дронт чунин менависад: «Аз ҷилваҳои арзишманди имперотурии Ҳахоманишиҳо ва Ашкониён, озодманишиӣ ва иғмоз нисбат ба бовариҳо ва ақоиди мазҳаби пайравони сойири адён ва мазоҳиб аст.» Асли сиёсати Подшоҳони ин ду силсиларо ӯ чунин арёбӣ менамояд: «Подшоҳон ба ҳамин қонеъ буданд ки раоёи/раиятҳо/-и миллали мағлуб мутеъи шоҳаншоҳ ва вафодор ба ӯ бошанд ва молиёти худро ба коргузорон биспоранд. Дар воқеъ подшоҳон дар муқобили атои озодии мазҳабӣ ба мағлубин имони устувор ба импературиро аз онҳо хостор буданд.» . ر.ک: ویل دورانت، تاریخ تمدن (مشرق زمین گاهواره تمدن)، ج 1، ص 408)
Сипас дар идомаи ин баррасӣ сухан аз нақшу корномаи Куруши Кабир аввалин императури Ҳахоманишии эронӣ меравад, ки дуввумин санади қонунгузорӣ ва аввалин «Маншури Ҳуқиқи башар»-ро дар таърихи тамаддуни башар интишор кардааст. Дар мақола омадааст: «Нахустин иқдоми Куруш (539-559м) пас аз фатҳи минтақае эломи тааҳудотӣ дар бораи озодии мазҳабӣ буд, ки дар миёни мардум таблиғ ва тарвиҷ мешуд. Ӯ бо эҳтироми фаровоне, ки ба мабади Мадрук қоил шуд муҳаббат ва алоқаи фаровоне бо Бобулиёнро ба даст овард. Дориюш низ дар Миср бо таъзими худоёни онҳо маншаи мазҳабии Курушро истимрор бахшид.»
Ин нукта ҳам ҷолиб аст, ки Ҳабиб Замонӣ ин иқдоми Курушро бо муқаррароти дини зардуштия пайванд медиҳад ва бо ин таъсир зуҳури ҳуқуқи башар муассир медонад.
Хулоса, дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ мо танҳо дар Эрони бостон дар устувонаи маншури ҳуқуқи башари Куруши Кабир ин се муҳимтарин ва ҳассостарин қонун-қонуни бекоркардани ҳаргуна навъи ғуломӣ, озодии виҷдон дар интихоби дин ва баробарии нажодиву миллиро дорем.
Ин мавзӯъро ҳамчунин Бобоҷон Ғафуров дар китоби «Тоҷикон» баррасӣ намуда, ҳарчанд дар бораи ҷангҳои сахту хунини Ҳахоманишиҳо барои мутеъ намудани мардуму кишварҳои Осиёи Миёна низ менависад, бо вуҷуди ин дар ниҳоят мунсифона кайд менамояд,ки: «Ҳахоманишиҳо бар хилофи дигар подшоҳони пешини Шарқи бостон нисбат ба ойину мазоҳиби сойири халқҳои сокини қаламрави худ бо таҳаммул муносибат карда, ҳатто ба бозсозии маъбадҳо ва калисоҳои кишварҳои мухталифро (ба мисли ибодатхонаҳои Бобил ва Яҳудистон) дубора барқарор намудаанд. Махсусан, асосгузори давлати Ҳахоманишиҳо Куруш шӯҳрати зиёде пайдо карда буд. Форсҳо ӯро, расули худои Мадрук, юнониҳо раҷули бузурги давлатӣ, ва яҳудиён наҷотбахши Худо Яҳво номидаанд.»[3]
Бобочон Ғафуров дар идомаи ин баҳс мефармояд: «Лозим ба ёдоварист, ки оғози омезиши фарҳангӣ ва ҳамгароӣи тамаддунҳои мардумони гуногун ҳануз 200 сол қабл аз кишваркушоиҳои искандари Макдунӣ ба вуқуъ пайваста буд…. Дар аҳди салтанати ҳахоманишиҳо дар сарзаминҳои матбуъи импературии эшон намояндагони миллат ва аквоми мухталиф ба иттифоқи ҳам умр ба сар мебурданд. Масалан ҷазираи Алфонтин дар ҷанби сарҳади Нубия ва дар шахри Менфиси кишвари Миср мисриён, форсҳо, юнониён, хаворазмиҳо, бобулиҳо, оромиҳо ,яҳудиён финикиҳо ва ғайра тиҷорат мекарданд. Аквоми мазкур аксаран сунан ва ибодоти мазҳабии якдигарро пазируфта на фақат ба худоёни худ, балки ба худоёни дигар ҳам саҷда мекарданд, ҳатто асомии худро бо номҳои дигарон иваз менамуданд.»[4]
Ҳамчунин, бояд гуфт ки Б.Ғафуров дар идомаи ин матлаб боз ду-се саҳифа аз зиндагии якҷоя ва ташаккули фарҳангу тамаддуни омехтаи даврони ҳахоманишиҳо сухан гуфтаанд, ки фикр мекунам хондану донистани ин суннати деринаи ниёгони мо барои муқобила бо сиёсати динию фарҳангии исломгароёни ифротӣ ки дар асри 21 бо таассуби динию кавмӣ мехоҳанд атрофии олами ислом девори хитоӣ кашанд, лозим ва зарур аст.
Ногуфта намонад, ки хушбахтона ин мавзӯъ- нақши Куруши Кабир дар таърихи ҳуқуқшиносӣ аз тарафи ҳуқуқшиносони миллат, аз ҷумла бо сарварии профессор Холиқзода А.Ғ. асари арзандае бо номи «Ҳуқуқ дар таърихи халқи тоҷик», як сол пас аз ин таҳқиқоти мо, ба нашр расид, ки метавон гуфт як дастоварди бузурге барои соли сипарӣ шуда- соли сиёсатшиносӣ буда, дар он аз таҳқиқоти ҳуқуқшиносони тоҷик дар атрофи ин мавзӯъ маълумоти кофӣ дода шудааст.[5]
Хол мепурсем ба саволе, ки ин ҳама аз чӣ шаҳодат медиҳад? Аз он ки бар хилофи иддаои исломиёни кӯтоҳназару торикбин, ки ҳатто аз таърихи гузаштаи худ огаҳӣ надоранду вазъияти имрӯзаи дунёро низ намедонанд, аносиру заминаи иҷтимоию сиёсии низоми дунявият на сифр дар Аврупо, балки асрҳо пеш ҳатто аз динҳои маъруфи аврупоӣ дар Шарқ дар ҳамон гаҳворае, ки баъдтар ҳамаи динҳои ба ном иброҳими зуҳур кардаанд, зуҳур намуда сипас дар Аврупои асри 18-20 интишор ёфта, такмилу суфта шудаанд.
Боз як бори дигар арз мешавад, ки мисли тамоми пешниҳодҳои Пешвои миллат ин пешниҳод низ на танҳо моҳияти таърихӣ, балки аҳамияти рӯзмарра дошта, барои муаррафӣ ва ҳимояти мафкуравӣ ва сиёсии низоми дунявият дар кишвар ва такмили додани он зарурист.
Шерзот Абдуллоев (Абдуллозода) - ходими пешбари илмии Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
Дар замони Истиқлоли давлатӣ бо иқдоми хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни ниёгонамон ҳамчун ҷашни миллӣ аз нав эҳё гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арзиш ва қимати ҷашнҳои миллии аҷдодӣ баҳои баланд додаанд: «Сада ба монанди Наврӯз ва Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шавад.
Аз ин хотир, анъанаву расму оинҳо ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сару кор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрӯз зинда боқӣ мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд». Сада дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад. Сада ҷашни кишоварзон ба шумор меравад. Яке аз оинҳои ҷашни мазкур ҷамъбаст ва натиҷагирии соли гузашта мебошад.
Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми форсизабон ба ҳисоб рафта, аз қадимулайём халқи эронинажод онро ботантана ҷашн мегирифтанд. Дар асоси маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ ва навиштаҳои олимону адибони маъруф, Сада ин ҷашни ихтироъ, ҳосилу кашфи оташи сеҳрангез аст, ки ба шарофати он аҳли башар ба ҷои олоти чӯбину сангин асбоби олоти оҳанин ба даст овард. Сада омодагӣ ба киштукор баъди сардиҳои зимистон барои баҳор мебошад. Гирифтани ҳосили баланду дилхоҳ, яке аз ҳадафҳои асосии деҳқон мебошад, ки барои он ҳатман дар анборҳо маводи сӯзишворӣ, нуриҳои минералӣ ва органикӣ захира бояд бошад. Дар ин давра яхобмонии заминҳо ба роҳ монда мешавад, ки манфиати хеле калон дорад. Дар сарчашмаҳои таърихӣ роҷеъ ба ҷашни Сада зиёд гуфта шудааст. Ҷашнгирии Сада пас аз 29-уми январ оғоз мешавад. Аз рӯи ҳаракати бурҷҳо ва тақвими Яздигурдӣ (хуршедӣ ва имрӯза) ин сана ба 30-уми январ рост меояд. Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» -и худ Ҳушангро асосгузори ин ҷашн меҳисобад. Баъзеҳо муътақиданд, ки Сада дар замони Каюмарсу Исфандиёру Фаридуну Ҷамшед ба вуҷуд омадааст.
Ҷашни Сада, амиро, расми кибор бошад,
Ин оини Каюмарс, Исфандиёр бошад.
Манучеҳрии Домғонӣ
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.
Унсурии Балхӣ
Дар омӯзиши таърихи пайдоиши Ҷашни Сада ва қоидаву суннатҳои он «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ сарчашмаи бебаҳост. Ӯ таърихи пайдоишу ҷашн гирифтани Садаро ба давраи ҳукмронии подшоҳи Эронзамин Ҳушанги афсонавӣ нисбат дода, чунин менависад: «Рӯзе Ҳушанг бо чанде аз ёронаш пайи шикор ба кӯҳсор меравад. Дар шикоргоҳ ногаҳон аз дур хазандаи сиёҳе пеш меояд, ки чашмонаш чун чашмаи хун ба назар мерасиду аз даҳонаш дуд фаввора мезад. Он хазанда мори калони ҳавлангезе буд. Ҳушанг санге бардошта ба сари мор заданӣ мешавад, вале мор сӯи дигаре меҷаҳад ва ба санги дигаре бархӯрда оташ падид меояд».
Даҳуми моҳи баҳман будааст (баробар ба 29 январ) фасли зимистон бошад ҳам, рӯзи офтобӣ на танҳо равшанӣ, балки гармии фораме бар замину одамон мебахшад. Гиёҳу алафҳои нарми хушкгашта зери пойро навозиш мекарданд.
Азбаски ҳаёти одамони он давра бо шикор мегузашту хӯрокашон меваи дарахтону либосашон пӯсти даррандаҳо буд, мардум барои дарёфти ризқ ба ҷойҳои дур, то дараю кӯҳҳо ва маконҳое, ки ҳанӯз пайи пой норасида буд, мерафтанд. Дар ин ривоят муҳимтар аз ҳама он аст, ки аҷдодони гузаштаи мо рӯзи пайдоиши оташро, ки як инқилоби азиме дар ҳаёти инсонӣ буд, ба иди бузурге табдил додаанд.
Имрӯз бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти маҳбуби халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои аҷдодии миллати тоҷик ба монанди Меҳргону Сада, Тиргону Наврӯз дубора эҳё шуданд ва ҳамасола таҷлили бошукӯҳи ин идҳо дар сартосари кишвар бо иштироки олимону зиёиён, шоирону нависандагон баргузор мешавад.
Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ Ҷашни Сада ба 31 январи солшумории мелодӣ рост меояд, ки исботи чунин фикр навиштаҳои Манучеҳрии Домғонӣ мебошад: «Ҷашни Сада ба даҳаи Баҳманмоҳ, яъне 50 шабу 50 рӯз то оғози Ҷашни Наврӯз баргузор мегардад».
Солҳои охир таҷлили ҷашни Сада дубора эҳё гаштааст, бояд онро чун иди таърихӣ ва миллӣ истиқбол гирем. Садаро ба ягон дин, махсусан ба дини зардуштӣ алоқаманд донистан мутлақо хатост. Сада идест, ки аҷдодони дуру наздикамон бо шукрона оташ меоростанд ва бояд барои гиромидошти оташ - ин муъҷизаи худодод, яке аз чор унсури офарида дар қатори обу хоку бод ин иди бузург қайд карда шавад.
Таҷлили ботантанаи ҷашнҳои аҷдодӣ кор ва амали хайрест барои имрӯзу оянда. Ҷашни Сада ба монанди идҳои Наврӯзу Тиргону Меҳргон яке аз куҳнатарин ҷашнҳои мардуми форсзабонон буда, дар замони қадим бо шодию сурур, оташафрӯзӣ, рақсу бозӣ ва оростани хони пурнозу неъмат истиқбол мешудааст.
Ширин Қурбонова - муовини раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ доктори илмҳои таърих